Асосӣ

Сайдулло Хайруллоев умре дар хидмати миллат 28.10.2014 10:16
Рӯзи 10 - уми августи соли ҷорӣ Ходими намоёни давлатӣ, дипломати варзида ва соҳибтаҷрибаи ҷумҳурӣ, Раиси Комиссияи назорати дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев  70- сола мешавад. Ӯ ба ҳайси нахустраиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон поягузор ....
Боздошти як ҳамраҳи Мулло Абдуллоҳ 18.06.2009 14:24
Дар Тоҷикистон як нафар аз сокинони кишвар ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Мулло Абдулло боздошт шудааст. Тибқи иттилои манобеъи милиса, рӯзи 16 июн дар ноҳияи Ваҳдат Туробшоҳ Солеҳов, як сокини 33 солаи ин ноҳияро боздошт кардаанд.
Қочоқи осори фарҳангӣ пешгирӣ шуд 18.06.2009 14:23
Кормандони Идораи гумруки вилояти Хатлон, як шаҳрванди Афғонистонро барои даст доштан дар қочоқи осори фарҳангӣ ба хориҷи кишвар боздошт карданд.
Президент аз Ёқубзода норизо 11.06.2009 15:41
Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти Саид Ёқубзода, вазири мелиоратсия ва хоҷагии обро "саҳлангорона" тавсиф карда ва аз он ибрози норизоятӣ кардааст.
Талаби муҷозоти сахттар ба маҳбуси фавтида 11.06.2009 15:40
Додгоҳи олии кишвар дар асоси эътирози додситонии Бадахшон ҳукми додгоҳи Хоруғро бинобар сабук будани ҷазо дар мавриди як маҳбус дар ҳоле бекор кардааст, ки маҳбус аз бемории сил аллакай ҷон ба ҷаббор супурдааст.
350 донишҷӯ аз донишгоҳи Кӯлоб ихроҷ шуд 11.06.2009 15:39
Каримҷон Қодирӣ, раиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, дар як нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфтааст, ки 350 донишҷӯро аз донишгоҳи зери назараш ихроҷ кардааст. Ба гуфтаи раиси донишгоҳ, собит шудааст, ки бархе аз ин донишҷӯён на танҳо дар дарсҳо ҳузур надоштаанд, балки берун аз кишвар ба сар мебаранд.
Дарёи Ому тақсим шуд 11.06.2009 15:38
Рӯзи 4 июн, дар ҷаласаи масъулони вазоратҳои об ва обёрии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе танҳо дар мавриди тақсими манобеъи оби дарёи Ому барои соли ҷорӣ миёни кишварҳои минтақа тавофуқ ҳосил шудааст. Бино ба иттилои вазорати обёрӣ ва захоири оби кишвар ба иллати поин будани сатҳи оби дарёи Сир ....
Коҳиши нархи билети қатор 11.06.2009 15:38
Роҳи оҳани Тоҷикистон қиммати билет барои сафар ба Русияро коҳиш медиҳад. Ба гуфтаи Содиқҷон Ҷалов, муовини раиси истгоҳи роҳи қатори шаҳри Душанбе, бо дархости Ҳукумати Тоҷикистон, ширкати Роҳи оҳан тасмим гирифтааст, аз 15 июн қимати ҳамлу нақли мусофиронро дар хатсайри шаҳрҳои Русия дар маҷмӯъ то 15 дарсад кам кунад.
Чин як миллиард доллар сармоягузорӣ мекунад 11.06.2009 15:37
Тоҷикистон ва Чин шаш санади ҳамкориро дар бахшҳои энержӣ, ҳамлу нақл, тиҷорат ва илму фарҳанг ба имзо расондаанд.
Зарифӣ дар Арабистони Саудӣ 28.05.2009 15:11
Ҳамроҳхон Зарифӣ - вазири корҳои хориҷаи кишвар, ки дар идомаи як дидори расмӣ дар Арабистони Саудӣ , аз мақомҳои он кишвар хостааст, ки дар бахши энержӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд. Бар асоси иттилои Вазорати корҳои хориҷа, Ҳамрохон Зарифӣ бо Наиф ибни Абдулазиз - муовини дувуми раиси Шӯрои вазирон, Саъуд ал-Файсал ....
Кашф ва мусодираи аслиҳа дар Душанбе 28.05.2009 15:10
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ахиран дар шаҳри Душанбе миқдори зиёди аслиҳа кашф ва мусодира шудааст. Дар мавриди ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Шералӣ Сабзов - сардори бахши мубориза бо ҷиноёти муташаккилонаи вазорати дохила, ин хабарро таъйид кардааст, аммо ба далели ворид накардани халал дар ҷараёни таҳқиқи парванда аз ....
КМИР ба Маҳмадалии Ҳайит эътиборнома надод 28.05.2009 15:09
Коммисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 25 май дар ҷаласаи худ аз додани эътиборномаи намояндагӣ ба номзади ҳизби наҳзати исломӣ, худдорӣ кард. Аъзои ин коммисия гуфтанд, ки ин тасмим бар асоси моддаи 57-и қонуни дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон иттихоз шудааст ва дар ин модда интихоби намоянда ....
Нахустин ҳамоиши соҳибкорони тоҷику саудӣ 28.05.2009 15:09
Дар нахустин ҳамоиши соҳибкорон ё тоҷирони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 22 май сармоягузорони араб гуфтаанд, ки омодаанд дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Фароҳам будани шароити мусоиди сармоягузорӣ, пойин будани мизони молиёту аворизи гумрукӣ ва замонати давлати Тоҷикистон барои таъмини амнияти сармояи ворида аз ҷумлаи тақозоҳои ....
Кони нафту газ дар Сариқамиш 28.05.2009 15:08
Корҳои иктишофӣ барои кашфи кони нафту газ дар маҳалли Сариқамиш, дар ноҳияи Шаҳринав, оғоз шудааст. "Газпром Зарубежнефтегаз", як ширкати вобаста ба "Газпром"-и Русия, ки масъули иҷрои ин тарҳ аст, эълом кардааст, ки то охири соли ҷорӣ пармаи нахусти чоҳи газ дар ин минтақаро оғоз мекунад. Тахмин зада мешавад, ки захири ....
Дастури барчидани акси роҳбарон аз идораҳо 21.05.2009 15:18
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон роҳбарони вазорату кумитаҳо, созмонҳо ва идораҳои давлатӣ, мақомоти маҳаллӣ дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишварро дастур додааст аксҳои худ бо раиси ҷумҳуриро аз утоқҳои корӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ барчинанд.
Амалиёти "Кӯкнор 2009" ва овозаҳои нооромӣ дар водии Рашт 21.05.2009 15:17
Вазорати корҳои дохилии мегӯяд, ки дар шарқи Тоҷикистон як амалиёти бузург алайҳи маводди мухаддир зери унвони "Кӯкнор 2009" сурат мегирад. Mаҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки ин амалиёт аз сӯйи ниҳодҳои интизомӣ дар куллия навоҳии минтақаи Рашт ҷараён дорад.
Кодекси журналист таҳия ва имзо шуд 21.05.2009 15:17
Ҷамъе аз созмонҳои журналистӣ, устодони донишгоҳҳо ва хабарнигорони мустақил Кодекси ахлоқи журналисти Тоҷикистонро ба имзо расониданд. Кодекси ахлоқ ё одобномаи журналисти Тоҷикистон иборат аз 17 банд ниҳоӣ шуда ва аксари созмонҳои журналистии Тоҷикистон, минҷумла, Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва бархе аз журналистони мустақил ва устодони журнализм дар ....
Боздошти 26 хориҷӣ дар Тоҷикистон 21.05.2009 15:16
Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дар як амалиёти вижа 26 шаҳрванди хориҷиро барои вайрон кардани муқаррароти иқомат боздошт кардаанд. Сухангӯйи Вазорати корҳои дохили Маҳмадулло Асадуллоев гуфтааст, ки ин амалиёт ба манзури иҷрои муқаррароти нав дар бораи ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба кор дар Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Боришот ба кишоварзон беш аз 20 млн доллар зарар овард 21.05.2009 15:16
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаҳои табиӣ ҳудуди як моҳи ахир, аз ҷумла боронҳои шадид ва селоб, маблағи беш аз 20 млн. долар ба соҳаи кишоварзӣ зиён овардааст. Тибқи гузоришҳои расида аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон, бориши борону жола ва селобҳои пайдарпай бисёре аз боғу киштзорҳоро хароб кардааст.
Худкушии як аскарбача 14.05.2009 14:53
Масъулони додситонии низомии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сабаби даст ба худкушӣ задани яке аз сарбозони воҳиди низомии ин минтақаро ангезаи равонӣ донистаанд.
Матлубхон Давлатов аз имдодгарон кумак мехоҳад 14.05.2009 14:53
Давлати Тоҷикистон ба манзури рафъи асароти бӯҳрони ҷаҳонии молӣ аз кишварҳои кумаккунанда ва созмонҳои байналмилалии молӣ ҳудуди 200 милюн дулор дархости кумак кардааст.
Қатли як шаҳрванди тоҷик дар марз 14.05.2009 14:52
Як сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон кушта шудааст. Дар ҳоле ки манобеъи Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ин ҳодиса изҳори беитилоӣ карданд, масъулини Ҳукумати ноҳияи Зафаробод ин хабарро таъйид карданд.
Ба Данғара об омад... 14.05.2009 14:52
Муассисаи давлатии "Хоҷагии манзилию комуналӣ"-и Тоҷикистон бо Бонки Урупоии Таҷдиду Тавсеъа (БАТТ) дар мавриди ҷудо кардани 6, 2 млн долар барои бозсозии системи обрасонӣ дар шаҳрҳои ҷануби Тоҷикистон мувофиқатномае имзо кардааст. Раҳмат Бобокалонов, раиси муассисаи "Хоҷагии манзилию комуналӣ" ва Матие Ле Блан, намояндаи доимии Бонки Урупоии Таҷдиду Тавсеъа дар Тоҷикистон, ....
Боз се кӯдакро селоб кушт 14.05.2009 14:51
Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз фавти се кӯдаки дигар бар асари ҷорӣ шудани селоб аз боришоти ахир хабар додаанд. Дӯстмурод Забиров, сухангӯйи ин кумита рӯзи 12 апрел гуфтааст, шомгоҳи душанбе дар асари боришоти зиёд дар деҳаи Машъали ноҳияи Рӯдакӣ, селоб ҷорӣ шуд.
Таҷлил аз рӯзи озодии баён ва тақдими ҷойизаи сухан 07.05.2009 14:47
Бо баргузории як мизи гирд, дар рӯзи озодии баён дар шаҳри Душанбе, созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон бо ҳузури хабарнигорон ва намояндагони ниҳодҳои хориҷӣ ва дипломатӣ ва бо дастгирии САҲУ вазъи озодии баёнро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд. Ба ақидаи ширкаткунандагони ин мизи гирд, як соли ахир барои матбуоти Тоҷикистон дар таърихи муосир ....
Иди Ғалаба бе паради низомӣ мегузарад 07.05.2009 14:46
Вазорати дифоъ эълом кардааст, ки дар маросими таҷлил аз 64-умин солгарди Ҷашни Ғалаба паради низомӣ баргузор нахоҳад шуд. Сухангӯйи Вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадалиев, гуфттааст, ки ин тасмим бар асоси фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, гирифта шуда ва ҳамакнун паради низомӣ танҳо дар рӯзи ҷашни истиқлол анҷом мешавад.
Сабти номи корхона осон шуд 07.05.2009 14:46
Тибқи қонуни "Сабти номи давлатии ашхоси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ", ки рӯзи панҷшанбе, 30 апрел, дар Маҷлиси Намояндагон тасвиб шуд, муддати сабти номи корхонаҳои хусусӣ ва бахши соҳибкорӣ аз 49 то ба 5 рӯз коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин, бар асоси ин санад, миқдори аснод барои сабти ном аз 30 то ба ....
Боришот қурбонӣ гирифт 07.05.2009 14:46
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, борандагиҳои рӯзҳои гузашта ба боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва ҷорӣ шудани селобу лағзиши кӯҳ (ярч) дар бархе минтақаҳо, фавтидани як нафар аз селоб, хисорот ба аҳолӣ ва роҳҳои автомобилгард ворид кардааст.
Будҷаи давлатӣ коҳиш ёфт 07.05.2009 14:45
Мизони будҷаи давлатӣ барои соли 2009 ба миқдори 699 млн сомонӣ ё андозаи 11 дарсад коҳиш ёфтааст. Зимни ислоҳи қонуни "Буҷети давлатӣ барои соли 2009" дар порлумоне, 30 апрел, таъкид шуд, ки ин вазъ ба далели бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, коҳиши баҳои молҳои содиротии Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ ва то андозае ....
Гуруснанишинӣ дар Зарнисор 07.05.2009 14:44
Рузи чоршанбе 6-уми май соҳибкорону масъулони бозори басташудаи Зарнисор ба нишони эътироз дар наздики бозори мазкур даст ба гуруснанишинӣ заданд.
Эътирози Эмомалӣ Раҳмон дар Алмаато 30.04.2009 14:36
Рӯзи 28 апрел, дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ҷаласаи сарони кишварҳои муассиси Сандуқи байналмилалии наҷоти Арал баргузор шуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамон ширкат дошт.
Дар порлумон барои Маҳмадалии Ҳайит ҷо нест 30.04.2009 14:36
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни як номаи расмӣ ба Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар номзадии Маҳмадалии Ҳайит, муовини раҳбари ин ҳизбро ба порлумон пешниҳод кардааст.
"Тоҷиктелеком" ба давлат зарар расонд 30.04.2009 14:35
Агенти мубориза бо назорати молӣ ва корупсия дар нишасти матбуотиаш эълом дошт, ки тахаллуфоти густардаеро дар фаъолияти ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" ифшо кардааст ва аснодро барои расидагӣ ба додситонӣ пешниҳод кардааст.
Хешовандони Алимардонро Салимзода муайян мекунад 30.04.2009 14:35
Шерхон Салимзода, раиси Агентии мубориза бо назорати молӣ ва корупсия дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки машғули омӯхтани натиҷаи гузориши бозрасони байналмилалӣ дар бораи фаъолияти Бонки Миллӣ ҳастанд.
Бозмондаҳои ҷанги дохилӣ қурбонӣ мегиранд 30.04.2009 14:34
Бар асоси иттилои Маркази минрӯбии Тоҷикистон рӯзи 27 апрел, ду мактаббача дар ноҳияи Рашт, ҳангоми чаронидани ҳайвони хонагӣ бо мин бархурда, шадидан захм бардоштаанд.
"Форс" бо "Юсуф паёмбар" дар Душанбе 30.04.2009 14:34
Хабаргузории хусусии "Форс"-и Ҷумҳурии Исломии Ирон, ки нахустин хабаргузории ғайридавлатӣ дар Ирон мебошад, намояндагии худро дар шаҳри Душанбе субҳи имрӯз 30.04.09 расман ифтитоҳ намуд.
БУЗУРГДОШТИ ТОҲИРИ АБДУҶАББОР ДАР ДУШАНБЕ 26.04.2009 22:15
Маросими бузургдошти Тоҳири Абдуҷаббор, пешвои ҳаракати истиқлолхоҳии Тоҷикистон ва Раиси ҷумбиши мардумии Растохез субҳи рӯзи 25 апрел дар шаҳри Душанбе бо ширкати ёру дӯстон, маҳфилҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва рӯҳонии кишвар ва инчунин рақибони собиқи ӯ баргузор гардид. Аммо зимни баргузории ин маросим, ҳамаи ҳозирин аз Тоҳири Абдуҷаббор ҳамчун шахсияти ....
ДАҲСОЛАҲО ИН МИЛЛАТ ТОҲИР НАХОҲАД ЗОД 26.04.2009 14:58
Даргузашти Тоҳири Абдуҷаббор талафоти сангине барои мардуми кишвар, бавижа рӯшанфикрон ва миллатдӯстон аст. Миллати тоҷик дар даҳсолаҳои баъдӣ шахсияти пешрафтае назири Тоҳири Абдуҷаббор нахоҳад дошт. Мутаассифона, сиёсатмадорон ва рӯшанфикрони феълӣ ҳанӯз дар пояи андешаҳои даҳаи 1980 Тоҳири Абдуҷаббор қарор доранд ва бо гузашти солҳо мо метавонем танҳо бар пояи ....
ИҚТИСОДИ ИСЛОМӢ: ҶАҲОН БА ОН РӮ ОВАРД, ТОҶИКИСТОН ЧИ? 26.04.2009 14:52
БӮҲРОНИ МОЛӢ, ЯЪНЕ ЧӢ? Бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ин уфти ногаҳонии арзиш ва нархҳои як ё якчанд навъи дороиҳо мебошад. Дороӣ ва сармоя монанди; техника, замин, бинои бузурги бисёрошёна ва ё ҳаққи моликият дар сармоя монанди саҳмияҳо ва пасандозҳо ва ё ҳаққи моликият дар дороиҳои молӣ мисли шартномаҳои молӣ барои ....
Сангандозӣ сӯйи зан ойини ҷавонмардӣ нест! 23.04.2009 23:22
Садои эътироз аллайҳи хушунатҳо дар Афғонистон Ойниҳол Бобоназарова, раиси Бунёди «Дурнамо+» («Перспектива+») бо судури баёнияе, кушта шудани вакилбонуи афғонро дар Қандаҳор ва таҳоҷуми гурӯҳе аз мардонро ба занони гиридҳамомада дар Афғонистонро маҳкум мекунад.
«Юсуф паёмбар» ба Душанбе меояд 23.04.2009 23:20
Ҳафтаи оянда ҷиҳати ширкат дар маросими ифтитоҳи дафтари намояндагии хабаргузории "Форс"-и Ҷумҳурии Исломии Ирон дар шаҳри Душанбе мудири омили ин хабаргузорӣ Ҳамидризо Муқаддамфар ба ҳамроҳи коргардон Фараҷҷуллоҳи Силаҳшӯр ва теъдоде аз ҳунармандони маҷмӯаи (сериали) "Юсуф паҳмбар" ба Тоҷикистон меояндӯ
Тарма чор нафарро нопадид кардааст 23.04.2009 14:04
Мақомҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишвар хабар додаанд, ки ҳудуди чаҳор нафар дар гарданаи Шаҳристон зери тарма мондаанд. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Ҳайбулло Латифов, рӯзи 20 апрел дар нишасти хабариаш гуфт, ин ҳодиса шаби якшанбе дар 192-километрии роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд иттифоқ афтода ва сокинони маҳал ба ин ниҳод хабар додаанд.
Гитлерзодагон ба тоҷикон ҳамлавар шуданд 23.04.2009 14:03
Дар остонаи рӯзи таваллуди Гитлер мавридҳои ҳамлаи гурӯҳҳои нажодпарасти рус ба тоҷикон афзоиш ёфтааст. Тибқи итилоъи хабаргузориҳои Русия, аз ҷумла Интерфакс ва РИА Новости, рӯзи 18 апрел, як шаҳрванди 38-солаи тоҷик дар назди сохтмони додситонии минтақаи Бутирскаяи шаҳри Маскав аз сӯйи гурӯҳе аз саркалҳои рус ба қатл расидааст.
Истеъфои Ҳимматзода пазируфта шуд 23.04.2009 14:03
Дархости Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар мавриди қатъ кардани ваколаташ Дар Маҷлиси намояндагон пазируфта шуд. Истеъфои ӯ дар иҷлоси порлумон бе ҳеч баҳсу баррасӣ ва бо аксари раъйи вакилон тасвиб шуд.
Қурби сомонӣ кам шуд, қурби газ боло 23.04.2009 14:02
Арзиши гази табиӣ, ки аз Узбакистон ба Тоҷикистон ворид мешавад, аз моҳи ҷорӣ ҳудуди 10 дарсад боло рафтааст. Муовини аввали раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимов, сабаби ин амрро ба коҳиши арзиши сомонӣ, дар баробари долари амрикоӣ медонад.
Бародари Маҳмадназар Солеҳов боздошт шуд 23.04.2009 14:02
Раиси пешини терминали гумрукии шаҳри Душанбе Тағойназар Солеҳов барои даст доштан дар қатли як корманди корҳои дохилаи шаҳр боздошт шудааст. Сайфиддин Сироҷзода, муовини аввали додситони шаҳри Душанбе, гуфтааст, ки иҷозаи боздошт барои Солеҳов 17 апрел содир шуда ва ӯ ба ҳабс гирифта шуд.
Талко: стратегияи ҷадид 23.04.2009 14:01
Дар як мизи гирд масъулини Талко эълом доштанд, ки аз тавлиди ҳар тон алюминиюм ин ширкат ҳудуди ҳафтсад доллар зарар мебинад. Шералӣ Кабиров, муовини раиси ширкати Талко, дар ин мизи гирд, ки мавзӯъи истифода аз фанновариҳои ҷадид зимни тавлиди алюминиюм баррасӣ мешуд, изҳор дошт, ки дар пайи пойин рафтани арзиши ....
Парвандаи алайҳи Ҷамоъати Таблиғ 23.04.2009 14:01
Алайҳи чаҳор тан аз пайравони Ҷамоъати Таблиғ, як ҷараёни тозаи мазҳабӣ дар ин кишвар, ба иттиҳоми фаъолияти ғайримуҷоз аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вазири корҳои дохилииТоҷикистон, Абдураҳим Қаҳоров рӯзи сешанбеи 21 апрел дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ниҳодҳои интизомию амниятии ин кишвар дар се моҳи ....
Дар Хатлон 40 мактаб месозанд 23.04.2009 14:00
Бунёди миллии сармоягузории иҷтимоии кишвар муддати се соли оянда ҳудуди 40 мактаби нав дар вилояти Хатлон, бунёд хоҳад кард. Саидаҳмад Мирзоев, мудири иҷроии Бунёди миллии иҷтимоии сармоягузории Тоҷикистон, рӯзи ҷумъа, 17 апрел ба хабарнигорон гуфт, ин иқдом дар чорчӯби иҷрои марҳалаи дувуми Барномаи мусоидат ба тавсеъаи бахши маориф сурат хоҳад ....
Додситонӣ парвандаи қатли Захарченкоро таҳқиқ мекунад 16.04.2009 14:45
Додситонии кулл ба таҳқиқи парвандаи қатли Олег Захарченко, фармондеҳи ОМОН-и Вазорати корҳои дохила дар соли гузашта оғоз кардааст. Абдусамеъ Додобоев, муовини аввали додситони кулли кишвар рӯзи 13 апрел, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки дар зудтарин фурсат афроди гумонбар дар ин ҷурм боздошт хоҳанд шуд.
Мурофиаи додгоҳии фарзанди Амирқул Азимов 16.04.2009 14:44
Дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳокимаи парвандаи ҷиноии Бобур Азимов, фарзанди Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Додситонии кулли Тоҷикистон Бобур Азимовро дар асоси қисми сеюми моддаи 212-и Кодекси ҷиноятии ин кишвар, яъне, куштори ду ва бештари афрод дар садамаи нақлиётӣ муттаҳам шуморидааст.
Вазорати молия нав дар ғами бӯҳрон афтодааст 16.04.2009 14:44
Вазорати молияи Тоҷикистон, барномаи роҳи хоҷагиро нашр кардааст, ки тибқи он буҷаи соли 2009 дар кишвар ба буҷаи танзими оқибатҳои бӯҳрони молӣ табдил дода хоҳад шуд. Ҳарчанд Барномаи тадобири марбут ба сиёсатҳои солонаи молӣ дар вокуниш ба бӯҳрони ҷаҳонӣ, рӯзи 13 апрел дар сомонаи интернетии вазорати молия мунташир шуд, вале ....
Бӯҳрон то Геологияи тоҷик низ расид 16.04.2009 14:43
Масъулони Идораи Гелогияи тоҷик мегӯянд, ки оқибати бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар иҷрои тарҳҳои мухталифи кашофию заминшиносии ин ниҳод мушкил эҷод кардааст. Ба гуфтаи Азими Иброҳим, раиси ин идора, бархе аз ширкатҳои хориҷӣ мизони сармоягузорӣ дар тарҳҳои муштараки заминшиносиро бамаротиб коҳиш додаанд.
Кувайт 60 мактабу беморхона месозад 16.04.2009 14:43
Кувайт барои бозсозӣ ва муҷаҳҳаз кардани шаст мактаб ва беморхона дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст. Дар ҷараёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар бо шайх Аҳмад ас-Сабоҳ ал-Фаҳад, раиси Шӯрои Олимпии Осиё ва вазири амнияти Кувайт дар ин маврид тасмим гирифта шудааст. Ба гуфтаи Аҳмад ас-Сабоҳ, ин амр дар чаҳорчӯби ....
Ғойибназар Қаландаров даргузашт 16.04.2009 14:42
Ғойибназар Қаландаров, раиси собиқи Кумитаи давлатии радио ва телевизион ва раиси пешини Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон дар синни 84-солагӣ дар шаҳри Сан-Питербурги Русия даргузашт. Ғоибназар Қаландаров дар чанд соли ахир ба иллати пиронсолӣ аз беморӣ ранҷ мекашид. Қаландаров як чеҳраи саршиноси матбуот ва родиову телевизиони Тоҷикистон дар даврони Шӯравӣ буд. Ғойибназар ....
Як тоҷик дар Маскав кушта шуд 09.04.2009 16:59
Расонаҳои Русия хабар додаанд, ки соати 3-и субҳи рӯзи 6 апрел, дар назди пули иртиботӣ дар маркази шаҳри Маскав, пойтахти Русия, ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистон кашф шудааст. Тибқи таҳқиқ ин шаҳрванди Тоҷикистон бар асари зарбае сахт бар сараш ҷон бохтааст.
Писарони Лангариев ва Сангак Сафаров маҳкум ба ҳабси абад 09.04.2009 16:59
Додгоҳи олии Тоҷикистон Сӯҳроб Лангариев, бародари Лангарӣ Лангариев, яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ ва ҳафт ҳамроҳи ӯро, аз ҷумла Нурмуҳаммад Сафаров, писари Сангак Сафаров, дигар аз фармондеҳони Фронти халқиро ба ҳабси абад маҳкум кардааст.
Сафири Қазоқистон гунаҳкори садама 09.04.2009 16:58
Тибқи иттилоъи раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, мошини хидматии Абдуталиф Ахметов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон, шоми рӯзи шанбе, 4 апрел, бо ду автомашинаи дигар дар яке аз хиёбонҳои шаҳр бархӯрдаст.
Ба фасод роҳ надиҳед, Аврупо ёрӣ мекунад 09.04.2009 16:57
Иттиҳодияи Аврупо эълом доштааст, ки омода аст ба Тоҷикистон кӯмакҳои бештаре кунад, вале давлати мо бояд шаффофияти истифода аз ин кӯмакҳоро таъмин намояд. Инро рӯзи 7 апрел, дар иҷлоси чаҳоруми намояндагони порлумони Аврупо ва Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфтанд.
Тоҷики гумонбар дар қатли чечен 09.04.2009 16:56
Бино ба иттилои расонаҳои хабарии ҷаҳон пулиси Дубай аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар додааст, ки дар қатли Сулим Ямадаев, аз мухолифони раиси ҷумҳурии Чеченистон, гумонбар дониста мешавад. Сулим Ямадаев, фармондеҳи собиқи гурдони (баталиёни) «Восток» дар Чеченистон, 28 март дар истгоҳи мошинҳои назди биное дар шаҳри Дубай, ки дар он ....
НАНСМИТ 10 сола шуд 09.04.2009 16:55
Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) бо натиҷагирӣ аз даҳумин солгарди фаъолияташон дар як мизи гирд гуфт, фаъолияти хешро дар заминаи назорати мавридҳои нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ва рушди озодии баён идома хоҳад дод.
Ҳоли табоҳи "Барқи тоҷик" НБО-и Норакро таҳдид намекунад 02.04.2009 14:24
Шарифхон Самиев, собиқ раиси ширкати "Барқи тоҷик", рӯзи 31-уми март раҳбари нирӯгоҳи барқи обии Норак таъин шуд. Ӯ акнун вазифаи Рустам Зоғаков, раҳбари қаблии НБО Норакро ишғол кард. Зимнан, Шарифхон Самиев дар нимаи моҳи январ аз сабаби ноӯҳдабароӣ аз вазифаи раисии "Барқи тоҷик" ба таври намоишӣ аз вазифа барканор шуда ....
Террор дар марзи Узбакистон 02.04.2009 14:23
Боз як тоҷикистонӣ аз ҷаври мини Узбакистон кушта шуд. Бино ба иттилои Раёсати корҳои дохилӣ марбут ба вилояти Суғд, 30 марти соли ҷорӣ Ҷамшед Давронови 34-сола, як сокини деҳаи Лаккони ноҳияи Исфара, ҳангоми ҷустуҷӯи ҳайвони чорпои худ аз мавзеъи минкорӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон гузашта бо мин бархӯрдааст. Бар ....
Ба экстремизми забонӣ роҳ надиҳем! 02.04.2009 14:22
Муроҷиати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба рӯзноманигорон Аз неъмати Истиқлол забони тоҷикӣ қолабҳои маҳдудкунандаи низоми идеологии ҳукмронро баршикаста, ба фазои озоди эҳё ва рушди навин роҳ ёфт. Соҳибзабонони рӯшанфикр ин руҷӯи тозаи забони модариро ба ҳайси муҳимтарин унсури ҳувият ва худогоҳии миллӣ арзёбӣ намуда, баҳри мақоми давлатӣ пайдо намудану аз вартаи махлутӣ ....
Қонуни забон нав мешавад 26.03.2009 16:18
Раиси ҷумҳури кишварамон хостори таҳияи тарҳи қонуни нав "Дар бораи забон" шуд. Эмомалӣ Раҳмон ин мавзӯъро дар даҳумин мулоқоти худ бо зиёиёни кишвар дар ҳоле матраҳ кард, ки соли ҷорӣ аз тасвиби Қонуни Забон дар Тоҷикистон бист сол сипарӣ мешавад.
"Барқи тоҷик" барқи "Сангтӯда-1"-ро ба кӣ фурӯхт? 26.03.2009 16:17
Ширкати "Барқи тоҷик" барои истифода аз нируи барқи ниругоҳи Сангтӯда-1, беш аз 10 млн долар қарздор шудааст. Бино ба иттилои сомонаи БиБиСи, манобеъи ширкати саҳҳомии "Ниругоҳи Сангтӯда-1" хабар додааст, ки аз замони оғози кори нахустин турбини ин ниругоҳ Тоҷикистон маблағи 41 млн сомонӣ баробар ба беш аз 10 млн доллар ....
Ҳамкории Бадахшони ду сӯйи марз 26.03.2009 16:17
Ду вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон рӯзи 19 март, дар нишасте дар шаҳри Хоруғ роҳҳои густариши ҳамкориҳо дар бахши иқтисод, иҷтимоъ ва фарҳангро баррасӣ кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ дар Бадахшон, истифодаи муштарак аз обҳои ҳарду сӯйи марз барои обёрии заминҳои лалмӣ ва бекорхобида, соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёи Панҷ барои ҷилавгирӣ ....
Ҷустуҷӯи роҳи раҳоӣ аз бунбаст 26.03.2009 16:16
Муовини раиси Бонки Осиёии Тавсеа гуфтааст, ки бо дарназардошти мушкилоти мавҷуд дар Тоҷикистон дар бахшҳои энержӣ ва роҳу боркашонӣ кӯмакҳои худро афзоиш хоҳад дод. Ҳамчунин ин бонк тасмим гирифтааст, ки ҳамкории худ бо Тоҷикистонро дар заминаҳои дигари иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тақвият диҳад.
Армуғон: Ҳавопаймои Садриддин Айнӣ 26.03.2009 16:16
Нахустин ҳавопаймои нави "Боинг734-800", ки ширкати "СомонЭйр" харидорӣ кардааст, номи Садриддин Айниро гирифтааст. Ин ҳавопаймои нави "Боинг", ки аз Амрико харидорӣ шудааст, нахустин бор парвози озмоишии худро рӯзи 22 март, аз яке аз шаҳрҳои Туркия ба Душанбе анҷом додааст. Ин ҳавопаймо барои 172 мусофир ҷойи нишаст дорад ва аз ин ....
Хадамоти амниятӣ ҳушдор медиҳанд: Бӯҳрони иқтисодӣ боиси бӯҳрони иҷтимоӣ мешавад 26.03.2009 16:15
Андрей Новиков, генерал-полковники милиса ва сардори Маркази зидди террористии кишварҳои муштаракулманофеъ, изҳор доштааст, ки хадамотҳои амниятии кишварҳои узви ИДМ имкони ба бӯҳрони иҷтимоӣ табдил шудани бӯҳрони молиявиро сарфи назар намекунанд.
Осиёи Миёна минтақаи бидуни силоҳи атомӣ 26.03.2009 16:15
Дабири кулли СММ Бан Ки-Мун, таcдиқ кардааст, ки Осиёи Миёна аз рӯзи 21 март нахустин минтақаи озод аз аслиҳаи ҳастаӣ дар нимкурраи шимолӣ эълом шудааст.
“Форбз”: Тиҷорат дар Тоҷикистон осон нест 26.03.2009 16:14
Тибқи пажӯҳиши ахири маҷаллаи «Форбз» (Forbes), Тоҷикистон дар заминаи озодии тиҷорат дар миёни 127 кишвари ҷаҳон ҷойгоҳи 123-ро ба худ ихтисос додааст.
Нигаронии Амрико аз тарҳи ин қонун 26.03.2009 16:13
Комиссиюни амрикоии озодии эътиқод аз қабули лоиҳаи Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Имзои эъломияи муштараки кишварҳои форсизабон 19.03.2009 14:23
Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон, Ирон ва Афғонистон дар шаҳри Теҳрон эъломияи муштаракеро ба имзо расонданд, ки аз омодагии ҳар се кишвар барои густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф дарак медиҳад.
Дороии мансабдорон ифшо мешавад? 19.03.2009 14:23
Баъзе аз вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон хостори ифшо намудани дороии афроди мансабдор шудаанд. Дар ин бора вакилони Маҷлиси Намояндагон ба мақомоти Агентии мубориза бо фасоди молии назди раисҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.
Боз як Шӯроободиро асир гирифтан 19.03.2009 14:22
Мақомоти умури дохилаи ноҳияи Шӯрообод, хабар додаанд, ки як сокини ин минтақаро як гурӯҳи мусаллаҳи афғон гаравгон гирифтааст. уфтодааст. Наим Неъматов, сардори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шӯрообод, рӯзи чоршанбе 11 март ба хабарнигорон гуфтааст, ин ҳодиса дар мавзеъи Бардараи ҷамоати Саричашмаи ин ноҳия рух додааст.
Билети қатор арзон шуд 19.03.2009 14:22
Камбуди теъдоди мусофирон дар қатори Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия бо вуҷуди поён рафтани қимати билет ҳамоно боқӣ мондааст. Намояндагони ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар пайи музокирот бо ҳамтоёни узбаки худ ба коҳиши баҳои транзити қаторҳои тоҷикистонӣ аз қаламрави Узбакистон муваффақ шудаанд.
Хабарнигори кафшандоз се сол маҳкум ба зиндон шуд 19.03.2009 14:21
Рӯзи 12 март додгоҳе дар Бағдод пас аз баррасии парвандаи Мунтазир Аззайдӣ, хабарнигори ироқӣ, ӯро бо гуноҳи талош барои лату кӯби раҳбари як кишвари хориҷӣ гунаҳкор дониста ва ба се соли зиндон маҳкум кардааст. Мунтазир Аззайдӣ дар ҷараёни муҳокима гуноҳи бар дӯшаш боршударо напазируфта худро бегуноҳ медонад.
Ҳаётой Мӯъминова аз саҳна қаҳр кардааст 19.03.2009 14:20
Ҳаётой Мӯъминова, як сарояндаи шинохта ба Би-Би-Си гуфтааст, ки дар эътироз ба "фишору беадолатиҳо" нисбат ба ӯ, саҳнаро тарк хоҳад кард. Додгоҳи ноҳияи Сино Ҳаётой Муъминоваро барои "нақзи қонуни танзими маросими мардумӣ" ҷарима бастааст ва ӯ мегӯяд, ки дар пайи фишори мақомот, қасд дорад, сарояндагиро тарк кунад.
Бӯҳрон "Парасту" ва "Наврӯз"-ро асар кард 19.03.2009 14:20
Вазорати фарҳанги кишварамон ахиран эълом кард, ки ба далели мушкилоти молӣ ҷашнвораҳои театрии "Парасту" ва "Наврӯз" дар соли ҷорӣ баргузор нахоҳанд шуд.
Рубоии Хайём дар кӯзае дар Исроил 12.03.2009 17:16
Бино ба иттилои хабаргузории «Ховар», бостоншиносон зимни кофтукови ҳафриёт дар шаҳри кӯҳнаи Байтулмуқаддас кӯзаеро пайдо карданд, ки дар он як рубоии шоир ва мутафаккири бузурги форсу тоҷик Умари Хайём сабт карда шудааст. Кӯзаи ёфтшуда ба асрҳои ХП -ХШ мансуб мебошад.
Президенти чеченҳо ба мавлуди Паёмбар (с) эҳтиром гузошт 12.03.2009 15:09
Рамазон Қодиров, президенти Ҷумҳурии Чеченистон аз волидайни навзодоне, ки дар моҳи валодати Муҳаммад(с), паёмбари Ислом таваллуд мешаванд, хоста, ки фарзанди худро Муҳаммад номгузорӣ кунанд.
Хатсайри Душанбе-Тошканд боз шуд 12.03.2009 15:08
Барои оғози парвозҳои ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе - Тошканд, Узбакистон ва Тоҷикистон ба тавофуқ расидаанд. Бар асоси иттилоъи дафтари матбуотии ширкати давлатии "Тоҷикэйр", қарор аст дар яке аз рӯзҳои моҳи март парвози ҳавопаймоҳо дар ин хатсайр оғоз шавад.
Машварат дар Минск 12.03.2009 15:08
Тибқи иттилои кумитаи иҷроияи кишварҳои муштарак ул-манофеъ, ахиран масъулони зидахли мамолики узви ин иттиҳод дар шаҳри Минск оид ба иҷрои тарҳи мубризаи муштарак бо фасод ба мувофиқа омаданд.
Оё манъи телефонҳои мобилӣ – омили пешрафти таълим аст? 12.03.2009 15:07
10 март вакилони Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» илова ворид карда, қабул намуданд.
Бозорсӯзӣ ба Кӯлоб кӯчид 12.03.2009 15:06
Ба асари оташсӯзие, ки шаби 6-7 март, дар бозори "Саховат"-и шаҳри Кӯлоб рух дод, як фурӯшгоҳи бузург комилан сӯхт.
Заминларза дар Ванҷ 12.03.2009 15:06
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода тайъид кардааст, ки бар асари заминларзае, ки шоми рӯзи сешанбе дар қаламрави Тоҷикистон рух дод, қисмате аз хати интиқоли барқ ва хонаҳои истиқоматӣ дар вилояти Бадахшон хароб шудааст.
Интихоботҳо демократӣ мешаванд? 12.03.2009 15:04
Созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон хостори ислоҳи қонуни интихоботи порлумонӣ ва афзоиши теъдоди намояндагони парлумон, баргузории интихоботи озоду мунсифона ва мудохила накардани мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ дар раванди интихобот шудаанд.
Кӯдакфурӯш дастгир шуд 12.03.2009 15:02
Бар асоси гузоришҳои расида аз Хуҷанд, ахиран кормандони умури дохила ду нафарро ба иттиҳоми даст доштан дар кӯдакфурушӣ боздошт кардаанд. Як сокини 63-солаи ноҳияи Истаравшан қасд доштааст писараки 9-соларо ба як сокини 33-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров ба қимати 3000 долари амрикоӣ бифурӯшад.
Муҳокимаи хориҷиҳо дар Душанбе 12.03.2009 15:02
Додгоҳе дар Тоҷикистон муҳокимаи гурӯҳе аз шаҳрвандони хориҷиро ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир оғоз кардааст.
Парлумон узвиятро ба Бонки Авруосиё тасдиқ кард 12.03.2009 15:01
Маҷлиси намояндагон рӯзи сешанбеи 10 март узвияти Тоҷикистонро дар қарордоди марбут ба таъсиси Бонки Тавсеъаи Авруосиё тасдиқ кард.
Роҳандозии системаи нави назоратӣ 12.03.2009 15:01
Дар ояндаи наздик дар пойтахти кишвар системаи нав - насби дастгоҳҳои назоратии дорои камера ва экранҳо ба роҳ монда мешавад. Тибқи иттилои муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдуҳомид Шералиев, алҳол мутахассисони ширкати "Хуавей"-и Ҷумҳурии Мардумии Чин корро дар ин самт шурӯъ кардаанд.
Боз 36 автобус ба пойтахт омад 12.03.2009 14:54
Ба пойтахт боз 36 автобуси нави тамғаи "ПАЗ" ворид карда шуд. Директори Муассисаи воҳиди давлатии коммуналии "Автобус - 1" Фирдавс Саидов ба хабаргузории "Ховар" хабар додааст, ки акнун ҳамаи 150 автобуси нави ба пойтахт овардашуда ба сокинон ва меҳмонони он хизмат мерасонанд.
ШИРАИ КАМОЛ: ПРЕЗИДЕНТ «ТАРАФДОР» ТАШХИСГАРИ МУҲИТИ ЗИСТ «ЗИД» 10.03.2009 14:52
Мухолифат аҷаб печ дар печ сурат гирифт. Президент, ҳукумати кишвар, қонун дар он сӯйи сангар ва ташхисгари муҳити зист дар ин бари сангар, яъне Кумитаи ҳифзи муҳити зист. Аҷиб аст, ки тадқиқоти ягона ду сол боз, наметавонад ҳақиқатро рӯйи об оварад. Гап дар сари он аст, ки яке аз ....
САНКТ-ПЕТЕРБУРГ МИЗБОНИ ТОҶИКОНИ САРСАХТ 07.03.2009 16:06
ЧӢ ТАВР МАН ОВОРА ШУДАМ? Яке аз омилҳои асосии рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ овардани ҷавонмардони тоҷик маҳз асароти ҷанги дохилӣ мебошад. Тақрибан аз солҳои 90-и асри гузашта, муҳоҷирати меҳнатӣ оғоз гардида, то имрӯз ба таври густарда он идома дорад. Банда, ки худ муҳоҷиратро, ки ба як дард имрӯз табдил шудааст, ....
ПЕШНИҲОДИ ХОНАНДАГОН: МЕХОҲЕМ «МИЛЛАТ»-РО БО ХАТТИ БОБОӢ БИХОНЕМ 07.03.2009 16:03
Банда яке аз хонандагони доимии ҳафтаномаи "Миллат" мебошам ва ҳар як шумораи онро бесаброна интизорӣ мекашам. Шукри истиқлол ва фазои озоди кишварро менамоем, ки барои мо имконият фароҳам овард то, каме ҳам бошад, тавонем андешаҳои худро изҳор намоем. Дар садаи 21 ҳафтаномаи "Миллат" аз нахустинҳо шуда, равзанаи изҳори андешаҳоро ....
8-УМИ МАРТ - РӮЗИ ОЗОДИИ ЗАНОН БОШАД, Ё НАБОШАД?! 06.03.2009 21:00
Гулҷаҳон БОБОСИДИҚОВА, собиқ муншии ҳизби коммунисти Тоҷикистон: - Савол саволи аҷоиб. Албатта бояд ҷашн гирем чаро не? Таърих таърих аст ва мо анъанаҳои дилфиреби 8-уми мартро давом доданамон даркор аст.
"ТАЛОҚ" Ё ҶУДОӢ АЗ ТАЛКО на шонси авлавият, балки шонси бартар барои Тоҷикистон аст 06.03.2009 14:39
Қазияи ТАЛКО гиреҳи мураккаби омилҳои айнӣ (объективӣ) ва беш аз ин гиреҳи омилҳои зеҳнӣ (субъективӣ) мебошад, ки нисбат ба он характер (чигунагӣ)-и бисёрҷониба доранд. Воқеияти вазъияти имрӯзаи пешомада дар Тоҷикистон, баёнгари он аст, ки "ҷудоӣ" аз ТАЛКО на шонси авлавият, балки шонси бартар барои Тоҷикистон мебошад.
МАША АЛАЛЫКИНА АЗ «ФАБРИКА ЗВЕЗД» ТО ИСЛОМ 06.03.2009 14:32
Маша Алалыкина бонуи сарояндаи русист, ки ӯро на танҳо дар кишвараш Русия, балки дар хориҷи марзҳои он низ мешиносанд. Маша ҳунарманди муваффақест, ки дар аввалин "Фабрика звезд" барранда шуд. Вале номбурда баъди ин муваффақияти бузург на танҳо гурӯҳи "Фабрика", балки саҳнаи ҳунарро ҳам тарк гуфт ва дигар ҳунарнамоӣ накард. ....
ШИОРИ МО: «РОҒУН»-РО МЕСОЗЕМ, «ТАЛКО»-РО НАМЕФУРӮШЕМ! 05.03.2009 19:31
Дар мавриди сохтмони НБО-и "Роғун" тавассути расонаҳои кишвар назари коршиносон ва иддае бо ном сиёсатмадорони ватанӣ ибрози андеша мекунанд. Мо ба он рӯзноманигороне, ки ба ин масъалаи муҳими ҳаётии мардуму кишвар таваҷҷуҳ мекунанд аҳсан мегӯем, вале аз аксар мусоҳибони онҳо гиламандем, ки ё тарсуанд ва ё ин Ватану ин ....
Ҳамкориҳои низомӣ бо Покистон 05.03.2009 14:46
Холид Усмон Қайсар, сафири Покистон дар Тоҷикистон рӯзи сешанбе бо Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон мулоқот доштааст. Дар ин дидор мавзӯъи густариши ҳамкориҳои низомӣ ва фаннӣ миёни Тоҷикистону Покистон баррасӣ шудааст.
РТР-Планета мутаваққиф шуд 05.03.2009 14:46
Ширкати давлатии радио ва телевизиони Русия дар вокуниш ба мутаваққиф шудани пахши барномаҳои шабакаи "РТР-Планета" дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ин иқдом ангезаҳои молӣ дорад ва ба ҳамин далел музокирот бо ҷониби Тоҷикистон ба кундӣ пеш меравад. Раиси бахши байналмилалии ин ширкат Сергей Кошлаков ба хабаргузории "РИА Новости"-и Русия гуфтааст, ки ....
Қуллаи нав дар Помир 05.03.2009 14:45
Бино ба иттилоъи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 феврал, дар ҷаласаи ҳайъати давлати, қуллаи беноме дар кӯҳистони Помир, "Озодӣ" номгузорӣ шудааст.
Ду худкушӣ дар як рӯз 05.03.2009 14:45
Тибқи иттилоъи масъулони Вазорати умури дохила ду ҳодисаи худкушӣ дар миёни сокинони кишварро сабт кардаанд. Сухангӯйи вазорати дохила, Маҳмадулло Асадуллоев гуфтааст, ин ду мавриди худкушӣ дар вилоёти Хатлон ва Бадахшон ба мушоҳида расидааст.
Тарма ҷони шаш нафарро рабуд 05.03.2009 14:44
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз кушта шудани шаш сокини ин кишвар дар минтақаи кӯҳистонии Майхура, дар 71-килуметрии шимоли шаҳри Душанбе, хабар дод. Масъулони ин кумита гуфтанд, ин ҳодиса рӯзи панҷшанбеи 26 феврал дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд, ки марказро бо манотиқи шимоли Тоҷикистон мепайвандад, иттифоқ уфтодааст.
Партовҳои радиоактивӣ безарар карда мешаванд 05.03.2009 14:43
Бино ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон ахиран Агентии Байналмилалии Энержии Атомӣ барои иҷрои панҷ тарҳи марбут ба таъмини амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон беш аз якуним миллион доллар ихтисос додааст.
Хатсайри ҳавоии Қӯрғонтеппа – Хуҷанд кушода шуд 05.03.2009 14:42
Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикэйр" эълом кардааст, ки аз рӯзи сешанбеи 3 март, пас аз тавақуфи тӯлонӣ, парвози ҳавопаймо дар хатсайри Қурғонтеппа-Душанбе-Хуҷанд аз сар гирифта хоҳад шуд. Он гуна, ки Дилшод Сафаров, раиси бахши таърифаҳо ва бозорёбии ширкати "Тоҷикэйр"гуфтааст, ҳадаф аз ин иқдом беҳбуд ба хадамоти ҳавопаймоӣ барои сокинони манотиқи ҷанубу марказ ....
«РАО ЕЭС» ниругоҳ месозад 05.03.2009 13:43
Вазорати энергетика ва саноат эълом кардааст, ки гурӯҳе аз мутахассисони ширкати русии "Интер РАО ЕЭС" ба манзури таъйини маҳалли сохтмони се нерӯгоҳи обӣ ба Тоҷикистон хоҳад омад. Санади ҳамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкати "РАО ЕЭС" дар заминаи иҷрои тарҳҳои ҷадиди энержӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар ҷараёни ....
АФСОНАҲОИ АЛЮМИНӢ 04.03.2009 18:08
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Мӯҳтарам роҳбарияти корхонаи алюминийи тоҷик "Талко". Банда ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи саҳмгузорӣ дар ҳалли мушкилоти ҷиддии мардуми кишвар ва бо хоҳиши зиёди хабарнигорон назари худро дар бораи роҳи ҳалли мушкили бебарқӣ, ки шояд бузургтарин фоҷеаи миллӣ дар солҳои охир аст, баён кардам.
ДУСАД МАРДИ ҶАНГӢ, БЕҲ АЗ САД ҲАЗОР… 04.03.2009 14:02
Артиши миллии Тоҷикистон ин дастоварди истиқлол мебошад. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷузъу томҳо бо лавозимоти ҳарбие, ки дар қаламрави ҷумҳуриҳо ҷойгир буданд, ҳамчун мерос ба онҳо аз давлати абарқудрат боқӣ монданд. Лекин Тоҷикистон дар миёни 15 ҷумҳурии шӯравӣ истисно буд. Роҳбарияти вақти ҷумҳурӣ бо сабаби даргириҳои дохилӣ ба ....
ДАР ХУҶАНД НУР МЕҶӮЯНД 04.03.2009 13:59
ДАР ҶӮСТУҶӮИ НУР Чанд соли охир бахусус баъди зимистони шадиди соли 2008 дар Тоҷикистон ниҳодҳои башардӯстона ва байналмилалӣ таваҷчӯҳи худро барои истифодабарии манбаъи барқароршавандаи энержӣ равона кардаанд ва алъон дар деҳаҳои дурдасти Бадахшон ва дар рустоҳои вилоятҳои дигар ниҳодҳои байналмилалӣ дар самти истифодабарии манбаъи барқароршавандаи истеҳсоли энержӣ фаъолият доранд. Манбаи ....
АЗИЗОНРО КӢ БОЯД ГИРОМӢ БИДОРАД? 03.03.2009 14:10
Ахиран чанд тан аз абармардони миллат ҷон ба ҷонофарин супурданд. Муҳаммадзамони Солеҳ, нависандаи хушқалам, Наримон Бақозода, шоири бачаҳо, Боймуҳамад Ниёзов, устоди «Шашмақом» ва ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов. Агарчӣ ниқрози аҷал пиру ҷавон абармарду ноқобил намешиносад, аммо дар ин муддати кутоҳ марг гулҳои сари сабади маҳфилҳои моро гулчин кард. Нигаронӣ аз ....
ТАФСИР ЧИСТ? 03.03.2009 14:04
Дар байни номаҳое, ки ба саҳифаи "Миллат ва Ислом" расидаанд, хонандагони ҳафтанома бо ибрози ташаккур аз кормандони "Миллат" хостаанд, ки дар бораи мафҳуми "тафсир" матлабе ба нашр бирасонем. Ба хонандагони ҳамешагии "Миллат" Аъзамшоҳи Фақир, Тоҳири Муҳаммаднуриён, Шаъбони Ҳусайни Ширговадӣ ва дигарон, ки пайваста навиштаҳои моро мехонанд ва барои ҷолибтар ....
ЧАРО ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОН, ҚАҲРАМОНИ МИЛЛАТ НЕСТ?! 02.03.2009 22:12
Чи шуд қадри маро гар чархи дунпарвар намедонад, Садаф аз содалавҳӣ қиммати гавҳар намедонад. Ҷаҳонпаҳлавони мо Саидмӯъмин Раҳимов аз дунё даргузашт. Марги бемаҳали ӯ барои миллати тоҷик гарон аст. Аҷал ҷавонмардеро аз мо рабуд, ки ифтихори миллат буд. Бо номи Саидмӯъмин насли имрӯзу фардои миллат ҳамеша ва ҷовидона ифтихор хоҳад кард. ....
ТАҚРИЗИ ШУБҲААНГЕЗ ДАР КИТОБИ «ЧЕҲРАИ ВОҚЕЪИИ ВАҲҲОБИЯТ (САЛАФИЙЯ) 02.03.2009 13:49
Оё касе гуфта метавонад, ки асри гузашта гурӯҳе бо номи ваҳҳобият ёд мешуд? Оё метавон гуфт, ки асри гузашта гурӯҳе дар масҷидҳо мардумро ба ваҳҳобият даъват мекард? Оё касе вуҷуд дошт, ки мухолифати худро нисбати мазоҳиби чоргона иброз намояд? Оё эътироф нанамудани имом Абу Ҳанифа (р) аз ҷониби касе ....
БОСМАЧӢ КӢ БУД, МАРДИ ВАТАНХОҲ Ё ХОИН?! Ё баҳсе, ки бояд поён меёфт 28.02.2009 14:37
ШӮРИШҲОИ ХАЛҚӢ АЛАЙҲИ МУСТАМЛИКАДОРОН Шӯрише, ки 4-июли соли 1916 дар Хуҷанд ба вуқӯъ пайваст, дар як муддати кӯтоҳ қариб тамоми Осиёи Миёнаро фаро гирифт. Мардум дар баробари ибрози норизоият кардан аз сиёсати аскаргирии ҳукумати подшоҳӣ барои фиристодан ба ақибгоҳи фронт дар ҷанги якуми ҷаҳонӣ инчунин аз зулму истибдоди ҳокимони маҳаллӣ ....
МАНЗАРАИ МАРГИ АБУҲАНИФА 28.02.2009 14:34
Пас аз он, ки Имоми Аъзам ҳамчун фақеҳ ва донандаи хуби илми илоҳиёт шӯҳратёр шуд, таваҷҷуҳи ҳукуматдорони давр ба ӯ бештар гардид. Бояд зикр кард, ки барои дарбор дар он замон шахсияте мисли Абӯҳанифа Нӯъмон хеле зиёд даркор буд. Яъне шахсияте, ки дар ҷомеа вазну эътибор дошт. Чун Абӯҳанифа ....
КӢ МЕХОҲАД ТАНҲО ДАСТОВАРДИ КИШВАРРО ҚУРБОН КУНАД? 27.02.2009 13:59
Ё муовини вазиру сардори нозироти алоқа манфиати киро ҳимоя мекунанд? ЗЕРИ КОСА НИМКОСА НИҲОН АСТ Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия бори дуввум аст, ки лоиҳаи қарорро оид ба таъсиси Маркази ягонаи коммуникатсионӣ ба ҳукумат пешниҳод карданист. Ҳарчанд тайи солҳои 2005-2006 ин баҳс идома дошт ва бо мудохилаи Раиси Ҷумҳур ба ин мавзӯъ ....
МУСАЛМОНОН ДАР АМРИКО 27.02.2009 13:56
Дар солҳои охир Ислом дар низоми байналмилалӣ ба як нуқтаи қудрати бузург мубаддал шудааст. Тақрибан аз нимаи дувуми садаи 20 нуфузи мусулмонон аз ҷанбаи сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва минтақавӣ афзудан гирифт. Дар се даҳсолаи ахир дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷойгоҳи Ислом ва мусулмонҳо дар ....
ГОВҲОИ ПЕТРОВРО КӢ ХӮРД? Сели муҳоҷирин ба шаҳр сарозер намешуд, агар… 26.02.2009 14:34
"ПРИВАТИЗАТСИЯ" Ё "ПРИХВАТИЗАТСИЯ" Пас аз пошхӯрии Давлати Шуравӣ давраҳои мушкили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар собиқ ҷамоҳири иттифоқӣ оғоз ёфт. Зеро, маркази идории мутамарказ фалаҷ гардида, системаи воҳиди идорӣ аз байн рафт ва зарбаҳои сангине дар иқтисодиёт, соҳаи саноату кишоварзӣ ворид мегардид. Махсусан ҷамоҳире, ки соҳаи асосии онҳоро кишоварзӣ ташкил ....
ЗАБОН ДАР АСОРАТИ ВОҚЕЪИЯТИ КОЗИБ… 26.02.2009 14:31
Соли забон гузашт, наздик аст, ки ин овораи ноошно, ки худиҳои ноқадршинос аз ӯ ҳарос доранд, по ба марзи падруд бигзорад. Дар васфи забон суханҳои фаровон гуфтанд, вале воқеъияти аслии забони ноби Тоҷикиро (форсӣ, дарӣ), ки дар ниҳодаш қудрати эҷод нуҳуфта аст ва замоне забони тамадунсози давлатҳои пурқудрат буд, ....
Натиҷаҳои мулоқоти Раҳмон бо Медведев 26.02.2009 14:00
Дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев, ки баъд аз зуҳри сешанбе 24- феврал дар Маскав баргузор шуд, мавзӯъи густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар сектори энергетика ва ҳалли масъалаҳои минтақаи барраси шуд.
Баррасии транзити молҳои НАТО тариқи Тоҷикистон 26.02.2009 14:00
Мақомоти Тоҷикистону Амрико имконот ва шароити фаннии транзити молҳои ғайринизомӣ ба нируҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон аз тариқи қаламрави Тоҷикистонро мушаххас кардаанд.
Парлумон ба музояда поён дод 26.02.2009 13:58
Порлумони Тоҷикистон қарори хусусисозии ниругоҳҳои обии "Норак" ва "Роғун" ва корхонаи алюминиюми Тоҷикистон ё Талкоро рад намуд. Бар асоси ислоҳи қонуни "Хусусисозии амволи давлатии Тоҷикистон", ки рӯзи чаҳоршанбе, 25 феврал, дар ҷаласаи парлумони ин кишвар сурат гирифт, ин муассисаҳо хусусӣ нахоҳанд шуд.
Роҳи Хуҷанд Душанбе баста шуд 26.02.2009 13:58
Тибқи иттилоъи масъулони Кумитаи авзоъи фавқулъода ё умури изтирории Тоҷикистон 70 адад худрав ва комюн дар ҷоддаи утумубилрави Душанбе- Хуҷанд, ки маркази ин кишварро бо манотиқи шимоли он мепайвандад, дар муҳосираи баҳман қарор гирифтаанд.
Парвоз ба Латвия 26.02.2009 13:57
Тибқи иттилои масъулони "ЭйрБалтик", ширкати ҳавопаймоии латвиёӣ, тобистони соли ҷорӣ нахустин бор миёни Тоҷикистону Латвиё хатсайри ҳавойии мусофирбарӣ боз хоҳад шуд. Бинобар хабари ин ширкат, аз аввали июни соли ҷорӣ ҳавопаймоҳои навъи Бойинг-737-и ширкати "ЭйрБалтик" дар ин хатсайр ҳаракат хоҳанд кард. "Эйр-Балтик" нахустин ширкати як кишвари узви Иттиҳодияи Урупо ҳаст, ....
"Газпром" барои мо кони газ меҷӯяд 26.02.2009 13:57
Як ширкати вобаста ба "Газпром"-и Русия, "Газпром Зарубежнефтегаз", корҳои кашфиёти барои мушаххас кардани маъдани газ дар Тоҷикистонро дар нимаи соли ҷорӣ оғоз мекунад. Ин тасмим дар ҳамоиши коршиносони ин ду ширкат ва мақомоти тоҷик дар шаҳри Оренбурги Русия гирифта шудааст.
Бонки Осиёии Рушд 100 миллион доллар медиҳад 26.02.2009 13:56
Бонки Осиёии Рушд эълом кардааст, ки дар ду соли оянда ба Тоҷикистон маблағи беш аз 100 млн долар кумаки билоиваз медиҳад. Дар баёнияе, ки дафтари Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе рӯзи 23 феврал интишор дод, аз қавли Макото Оҷиро, намояндаи ин бонк дар Тоҷикистон, гуфта мешавад, ки бахши аъзаме аз ....
Додгоҳ даъвои ҲНИТ-ро рад кард 26.02.2009 13:56
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, даъвои ҲНИТ- ро оид ба лағви натоиҷи интихоботи миёндавраӣ ба порлумон дар ҳавзаи Синоро рад кардааст. Ба гуфти Хуршед Шарифов, қозии додгоҳи ноҳияи Сино, "дар ҷараёни мурофеъаи додгоҳӣ далелҳое, ки ҳизби назҳати исломӣ ироа дода буд, таъйид нашудааст".
Ғорати Эсхата дар Қурғонтеппа 26.02.2009 13:55
Идораи пулиси вилояти Хатлон, аз ҳамлаи ду фарди ношинос ба яке аз марказҳои интиқоли маблағ дар шаҳри Қурғонтеппа, маркази ин вилоят, хабар дод. Он гуна, ки Бахтиёр Шодиев, як корманди Идораи пулиси вилояти Хатлон гуфтааст, ин ҳодиса наздикии соъати 12 рӯзи чаҳоршанбе, 25 феврал, дар маркази интиқоли маблағҳои бонки "Эсхата", ....
Чин дар Душанбе ниругоҳ месозад 26.02.2009 13:54
Ширкати чинии ТВЕА эълом кардааст, ки як ниругоҳи ҳароратӣ бо зарфияти 200 мегават дар шаҳри Душанбе, месозад. Раиси шӯрои мудирони ширкати ТВЕА Чжан Син, ин матлабро рӯзи 18 феврал пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигорон баён кард.
"Фирдавсӣ" дастхати нодир харид 26.02.2009 13:54
Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, аз як сокини шаҳри Душанбе дастхатти "Фиқҳ-ул-Акбар" ва шарҳи мухтасари он, аз таълифоти нодиреро, ки ба Имом Абӯҳанифа нисбат дода мешавад, харидорӣ кардааст.
БА РУСТОИИ ТОРИКИ СУҒД НУРИ ИМОМИ АЪЗАМ РАСИД Ё вақте зулма ҳукмфармост суғдиҳо нур меҷӯянд 25.02.2009 12:57
Дар назди масҷиди ҷомеъи деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ниругоҳи хурди обӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки он ба ифтихори пешвои мазҳаб ва ситораи тобони илми илоҳӣ Имоми Аъзам номгузорӣ гашт. Манбаъи гардиши ин ниругоҳи обӣ чашмаи Кeкталӣ-бобо аст. Одатан оби ин чашма дар фасли зимистон барои ....
ИЛОЛОВ, ШУМО СОҲИБИ НОМИ БУЗУРГЕД, ВАЛЕ… 25.02.2009 12:54
Дар шумораи гузаштаи "Миллат" барои хонанда ваъда карда будем, ки ҳатман посухи хешро ба навиштаҳои раиси Академияи улуми Тоҷикистон Мамадшо Илолов, ки зери унвони "Такаллум ба забони тоҷикӣ беэҳтиромӣ нисбати забони давлатӣ нест!" дар нашрияи "Миллат"(№4(178)) ба чоп расида буд, хоҳем гуфт.
БОСМАЧӢ КӢ БУД, МАРДИ ВАТАНХОҲ Ё ХОИН?! Ё баҳсе, ки бояд поён меёфт 24.02.2009 13:33
РУСИЯ: МАСЪАЛАИ №1 РИВОҶИ ПАХТАКОРӢ Русияи подшоҳӣ дар баробари бо роҳи ҷанг васеъ кардани заминҳои ишғолӣ инчунин ба масъалаи инкишоф додани соҳаи пахтакорӣ дар заминҳои забтшуда диққати ҷиддӣ медод. Тавре пештар қайд кардем он замон дар Русия корхонаҳои бофандагии зиёде ба кор шурӯъ карданд, ки мӯҳтоҷи ашёи хом буданд. Дар ....
ИМОН ВА АМАЛИ НЕК 24.02.2009 13:30
Паёмбарони Худо, ки дуруду паёмаш нисорашон бод, бо фарохонди инсонҳо ба БОВАРӢ (ИМОН) ва КОРИ НЕК навиди растагорӣ ва комёбии ду ҷаҳонро ба мардум изҳор медоштанд. Паёмбарони ростини Худо аз иртиботи инсон бо офаридгори хеш ва шинохти ӯ сухан гуфта, ба мардумоне, ки носипос гаштаву низоми зиндагишон барҳам зада ....
ҲОҶӢ ДОМУЛЛО ШУМО БО МОЕД? Кӣ ҳақ аст, Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода ё Роҳбарияти "Талко"? 23.02.2009 22:34
Роҳбарияти КВД "Талко" андеша ва нуқтаи назари узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон - Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзодаро, ки дар мусоҳибаи ӯ таҳти унвони "Равобити нек бо Русия ба манфиати миллии мост", бо ҳафтаномаи "Фараж" №5, (112) аз 05.02.09 баён шудааст, бо диққат мавриди омӯзиш қарор дод. Бидуни шак, талоши ӯ барои ....
ИШҚУ ОШИҚИ ДАР ФИЛМИ ЮСУФ ПАЁМБАР (АЛАЙҲИССАЛОМ) 23.02.2009 22:31
Муддатест як сериали телевизионӣ бо унвони "Юсуф Паёмбар" истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Ирон дар ҷомеаи мо шӯру валвала барпо намуда ба нуқли маҷолису маҳофил табдил ёфтааст. Ин филмро коргардони чирадасти иронӣ Фараҷуллоҳ Салаҳшур коргардонӣ ва таҳия намудааст.
«ВАВИЛОН-МОБАЙЛ» МИЛЛИОНЕР ШУД! 21.02.2009 22:01
Имрӯз, 21 феврал, дар ширкати «Вавилон-Мобайл» маросими муаррифии муштарии миллионуми ин ширкат баргузор шуд. Муштарие, ки бози давлат бар сараш нишаставу ба шарофати ӯ «Вавилон-Мобайл» «миллионер» шуд, сокини деҳаи Дектури ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Шарифов Ҳасан Саидович будааст. Бо баргузории маросими тантанавӣ Ҳасан Шарипов соҳиби ҷоизаи миллионум муштарии «Вавилон-Мобайл» ....
ШАКЛИ ЗОҲИРИИ ИМОМИ АЪЗАМ 21.02.2009 14:23
Абӯ Юсуф шогирди машҳури имом мегӯяд: Абӯ Ҳанифа миёнақад ва зеботарини мардумон буд. Дар нутқ ва баён расотарин ва балиғтарин ва дар оҳанги садо хушовозтарин буд. Ҳаммод писари имом мегӯяд: Падарам болобаланд, гандумгун, зеборухсор, хушманзар, хушсимо ва соҳиби ҳайбат буд. Танҳо дар ҷавоби суол сухан мегуфт. Суханони беҳуда намегуфт. ....
ОЛИМ БИСЁР ДОРЕМ, ИХТИРОЪ ЧӢ ё гирди номи падар то кай мегардем? 21.02.2009 14:16
ИФТИХОР КАРДАН БО ГУЗАШТА ХУБ АСТ, ВАЛЕ… Дар мавзӯъи илму олим ва аз гузашта чӣ мерос бурдаему имрӯз кирову чиро дорем дер боз мехостем чизе гуфта бошем ва инак фурсат даст дод, ки андешаҳои хешро рӯйи коғаз биёварем. Мо ҳамеша гирди номи падар гаштаем ва боре наандешидем ва ....
КАРОМАТ ШАРИПОВ ЧӢ ЧИЗИ ДИГАРЕ БАРОИ ФУРӮХТАН ДОРАД? 20.02.2009 15:53
«Они предали свой народ и готовы предать родную мать» - бидуни ҳеч андешае инро Каромат Шарипов, ҳамоне, ки худро ҳомии тоҷикон дар Маскав медонад ва раисии ТТМ-ро он ҷо ба ӯҳда дорад, аз минбар эълом доштааст. Ин қазовати ӯ дар баробари эътирози нашрияҳои тоҷик, аз ҷумла «Миллат» барои бо ....
ПУРСИШУ ПОСУХИ ШАРЪӢ (Посухҳо тибқи мазҳаби ҳанафӣ) 20.02.2009 15:04
Пурсиш: Агар шахси қарздор барои фирор аз дасти соҳиби қарз шумораи телефони соҳиби қарзро дар телефони худ ба гунае танзим кунад, ки ҳар гоҳ ӯ тамос бигирад, оператори хадамоти мобилӣ "телефони мобилии муштарӣ хомӯш аст" ё "дар дастрас нест" ҷавоб диҳад, оё аз рӯйи шариат чунин коре дуруст аст? ....
ДАРАХТОНИ МЕВАДИҲАНДА ДАР ҚАБРИСТОН 20.02.2009 14:57
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар аксари қабристонҳо дарахтони мевадиҳанда вуҷуд доранд. Шахсан худи ман чандин маротиба шоҳиди он шудам, ки дар қабристони назди деҳа ҷавонон ва кӯдакони зиёде аз меваҳои дарахтони чормағзи дохили он истеъмол мекарданд. Кӯдакон бо мақсади чидани меваи чормағз дохили қабристон шуда аз болои қабрҳо ....
«ХОКИ ВАТАН» ЗИЁН ДОРАД 20.02.2009 14:53
Нос. Барои шиносоии ин калима ҳеч гуна луғате лозим нест, зеро аминам, ки ҳар нафаре ин сатрҳоро мехонад, бо чӣ будани ин мавод ошноӣ доранд. Дар назар надорем, ки ҳамаи хонандаи мо нос мекашаду чӣ таъму мазза доштани онро медонад, балки гуфтанием, ки ин хокаи махмуркунандаро ҳар нафари мо ....
МУЗОЯДА: «ТАЛКО»-РО ФУРӮШЕМ Ё НАФУРӮШЕМ?! 19.02.2009 20:00
Муҳаммадсалом Махшулов, ҷомеашинос: Аз даст додани корхонаи бузурги Арзизи Точикистон барои иқтисоди кишвар ва мутаносибан равнақи худшиносии миллии тоҷикон фоҷиъаи воқеӣ хоҳад буд. Чаро? Зеро таърихи кишварҳои гуногун гувоҳ аст, ки аз даст додани истиқлоли иқтисодӣ воқеиятҳоеро аз қабили аз даст додани истиқлолияти миллӣ ба бор дорад.
Эмомалӣ Раҳмон боз президент шуд 19.02.2009 15:14
Рӯзи 16 феврал дар ҷаласаи Маҷмаъи умумии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, раиси ин кумита интихоб шуд. Нахуст Анвар Бобоҷонов, Нурулло Лоиқов ва Баҳрулло Раҷабалиев, аъзои Кумитаи олимпӣ, номзадиии худро ба симати раиси ин кумита пешниҳод карда, вале ба ҳангоми райъдиҳӣ бозпас гирифтанд.
Бонки Ҷаҳонӣ боз 20 млн доллар ёрӣ мекунад 19.02.2009 15:13
Бонки Ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, 20 млн долар барои ҳимоят аз буҷаи давлати Тоҷикистон дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молӣ кумак кунад. Манобеъи дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе, рӯзи 17 феврал, бо пахши ин хабар эълом доштанд, ки ин сеюмин тарҳи ҳимоят аз ислоҳоти давлати Тоҷикистон дар чорчӯби стротегияи коҳиши фақр ....
Шаш нафар қочоқбар кушта шуд 19.02.2009 15:13
Дар пайи амалиёти вижаи марзбонони тоҷик дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон шаш қоқочбари мусаллаҳи афғон кушта шудаанд. Ин ҳодиса дар амалиёти вижаи неруҳои марзбонӣ дар минтақаи Шӯрообод, воқеъ дар ҷанубу шарқи Тоҷикистон рух додааст.
Ҷопон ба бемористони милисаҳо ҳадя дод 19.02.2009 15:08
Сафорати Ҷопон дар Душанбе 17 феврал ба бемористони Вазорати дохилаи Тоҷикистон таҷҳизоти фаннӣ барои ташхиси бемориҳо ва табобати кормандонро ба таври ройгон ҳадя кард. Ёшиҳиро Накаяма, кафили сафорати Ҷопон дар Душанбе, дар маросими ҳадяи ин таҷҳизот ба хабарнигорон эълом дошт, ин иқдом дар чорчӯби тарҳҳои амнияти башарии давлати он кишвар ....
Ниругоҳҳо барои истифодаи об пул медиҳанд 19.02.2009 15:08
Порлумони Тоҷикистон муқарраротеро тасвиб кардааст, ки бар асоси он барои истифода аз об дар ниругоҳҳо молиёт муқаррар шудааст. Дар пайи ислоҳи қонуни молиёти Тоҷикистон, ки рӯзи 11 феврал, дар иҷлоси порлумони кишвар тасвиб шуд, ниругоҳҳои обӣ бо зарфияти беш аз 1000 киловат соъат барои истифода аз об молиёт хоҳанд пардохт.
Нусхаи 100-солаи «Шоҳнома» дар Кӯлоб 19.02.2009 15:07
Осорхонаи мероси хаттӣ ва осори адабии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, воқеъ дар шаҳри Кулоби вилояти Хатлон, аз як сокини ин шаҳр нусхаи чопи сангии китоби "Шоҳнома"-и Абулқосими Фирдавсиро харидорӣ кардааст, ки таърихи беш аз 100-сола дорад.
Осори хаттӣ тармим меёбад 19.02.2009 15:06
Бунёди фарҳангии «Ҷумъа-ал-маҷид», як созмони хусусӣ дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, ба Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва мероси хаттии Академияи улуми Тоҷикистон барои тармими осори хаттӣ дар ин муасиса кумаки фаннӣ кардааст.
Торҳои "тортанаки ҷаҳонӣ" ба мактабҳои тоҷикӣ мерасад 19.02.2009 15:05
"Релиф Интернешнл"- як созмони байналмилалии амрикоӣ эълом кардааст, ки беш аз бист мактаби Тоҷикистонро ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст хоҳад кард. Ин иқдом дар чорчӯби қарордоди ҳамкорӣ миёни Вазорати маорифи Тоҷикистон ва ин созмони байналмилалӣ, ки рӯзи 16 феврал дар шаҳри Душанбе ба имзо расид, сурат хоҳад гирифт.
МАН ШОҲИДИ ШИКАСТИ ШӮРАВӢ ДАР АФҒОНИСТОН БУДАМ 18.02.2009 13:11
Ибодуллои Оқилпур аз нокомиҳои артиши шармандаи Шӯравӣ мегӯяд ШӮРАВӢ ДУРӮҒ МЕГУФТ Аз истихроҷи Қувваҳои Маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон 20 сол сипарӣ мешавад. Урдуи 120 ҳазорнафараи Артиши Шӯравӣ, ки муҷаҳҳаз бо ҷадидтарин абзору техникаҳои ҷангӣ буд, таи беш аз 10 соли мавҷудияти худ дар Афғонистон ба ҷуз харобкорӣ чизе аз худ ....
АДАБИЁТ ВА МАСОИЛИ МИЛЛӢ 18.02.2009 13:05
(Идома) Гуфтем, нахустин ҷараққаи пуртоби ин конуни ба тозагӣ барафрӯхта шеъри Мӯъмин Қаноат "Ба ҳаводори забони тоҷикӣ" (соли 1958) буд. Ин шеър як посухи сода вале қотеъ ба касоне буд, ки забони мардуми Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистонро бо унвонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ се забони мутафовит медонистанд ва дар ин ....
БОСМАЧӢ КӢ БУД, МАРДИ ВАТАНХОҲ Ё ХОИН?! ё баҳсе, ки бояд поён меёфт 17.02.2009 13:30
(Идома) РУСИЯ АМИР МУЗАФФАРРО БА ТАСАРРУФИ БУХОРОИ ШАРҚӢ ҲИДОЯТ МЕКУНАД Чи тавре аз ин пештар гуфтем то ба зери тасарруфи русҳо даромадани шаҳрҳои Тошканду Самарқанд, Хуҷанду Ӯротеппа, Конибодому Нов ва ғайра дар Осиёи Миёна буданд минтақаҳое, ки аз ҷиҳати маъмурӣ худро мулкҳои мустақил ва ниммустақил меҳисобиданд.
ЮСУФРО ГУРГ НАХӮРДА БУД 17.02.2009 13:05
Юсуф писари Яъқуб паёмбари Худо зеботарин ва дӯстдоштатарин фарзанди ӯст. Дувоздаҳумин сураи Қуръони карим "Юсуф" ном дорад ва иборат аз 111 оят мебошад. Дар ин сура Худованд қиссаи Юсуф (а)-ро ба паёмбараш Муҳаммад (с) ваҳй фиристода, онро "Аҳсанулқасас", яъне "қиссаи беҳтарин" гуфтааст. "Ай паёмбар! Мо бо фиристодани ин ваҳй ....
КАНОРАГИРИИ РУСИЯ ВА ПАЙМОНИ ДИФОИИ ФОРСИЗАБОНОН 16.02.2009 14:07
"БОМБ"-Е, КИ ТАРКИД… Чанд ҳафтаи охир бозори баҳсҳо перомуни чуну чарои мавзеъгирии ба зоҳир ғайримунтазира, вале дар асл маъмулӣ ва албатта дар ин мавриди хос ғайридӯстонаи Русия дар баробари Тоҷикистон гарм аст. Ҳимояти Дмитрий Медведов, раиси ҷумҳурии Русия аз сиёсати Ислом Каримов, ҳамтои узбакаш дар масъалаи ниругоҳҳои Тоҷикистон ва бахусус ....
ДИПЛОМАТИЯИ КОМИЛАН ЗЕҲНӢ 16.02.2009 14:04
Нақши "нухбагони самарқандӣ" дар равобити миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар даврони муосир Расонаҳои гурӯҳии Тоҷикиситон зимни таҳлили мушкилот дар равобити миёни ду кишвари ҳамҷавор - Тоҷикстону Узбакистон - ба унвони иллати асосӣ аз омили зеҳнӣ (субъективӣ) ва махсусан аз адами ҳусни таваҷҷуҳи мутақобил миёни сарварони ин ду кишвар ёд мекунанд. ....
«ИДИ ВАЛЕНТИН» ҶОИЗ НЕСТ!!! 14.02.2009 22:19
Паёмбар (с) дар баъзе ҳадисҳои муборакаш ба мо хабар додааст, ки нафароне аз умматаш одату тақолиди дигаронро пайравӣ хоҳанд кард. Дар ривояти Абӯсаид ал-Худрӣ (р) аз Паёмбар (с) омадааст: "Шумо одату тақолиди касонеро, ки пеш аз шумо буданд, ваҷаб ба ваҷаб, зироъ ба зироъ (аз ангушт то оринҷ) пайравӣ ....
АВВАЛИН МУҲАҚҚИҚИ ШАХСИЯТИ ИМОМИ АЪЗАМ КИСТ? 14.02.2009 21:29
Боиси хушнудӣ ва ифтихор аст, ки давлат соли 2009-ро соли бузургдошти фарзанди барӯманди миллати тоҷик, фақеҳи забардаст, пешвои мазҳаби мо Имоми Аъзам эълон кард. Ҳадаф аз иншои ин навишта ошно сохтани хонандагон ба нахустмуҳаққиқи аҳвол ва осори Имоми Аъзам дар Тоҷикистони пасошӯравӣ ё баъди истиқлолӣ аст.
ҒИЗОҲОИ ДӮСТДОШТАИ МУҲАММАД (С) 14.02.2009 18:25
Чун хонандаҳои азиз лутф намуда бо мо дар тамос шуданду роҷеъ ба матлаби "эҳтироми нон" изҳори назар намуданд ва чун дар ин шумора посух ба хонандаҳои муҳтарамро ваъда дода будем, дар бастагӣ ба мавзӯъ ковише дар интернет анҷом додам ва онро ба хонандаҳои азиз пешниҳод менамоям. Гарчанде ҳазрати Расули ....
АДАБИЁТ ВА МАСОИЛИ МИЛЛӢ 14.02.2009 14:48
(идома) АЗ ДОНИШ ТО АЙНӢ Осори мансури адабии Дониш, ки ба иқтизои ҳикмати "ибрат аз мисл аст" иборат аз достонҳое воқеънигорона баргирифта аз зиндагонии афроди одӣ ва воқеъии муҳити худ, барои мардуми одӣ ва бо забону баёне нисбатан мардумӣ мебошад, низ таҳти таъсири рушани чунин достонҳое аз Бедил дар китоби "Чорунсур"-и ....
ТАКАЛЛУМ БА ЗАБОНИ РУСӢ БЕЭҲТИРОМИ НИСБАТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ НЕСТ! 14.02.2009 14:44
(Посух ба мақолаи Т. Сайидзода "Мамадшо Илолов: Ещё есть вопросы", Миллат, № 03 (177) 22 январи соли 2009) Мӯҳтарам Толибшоҳи Сайидзода! Ташаккур ба "эҳтиром"-е, ки нисбати камина доштед ва маводро нашр кардед. Ман ҳам мехоҳам то ин матлабро ба эҳтироми хонандаи гиромӣ чоп кунед.
Ҷаҳонпаҳлавон даргузашт 14.02.2009 14:04
Маросими видоъ ва ҷанозаи ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов рӯзи14-уми феврал, дар масҷиди ҷомеи маҳаллаи Калинини пойтахт б ҳузури садҳо нафар ҳаводораш баргузор шуд.
БАҲМАНМОҲИ ХУНИН АМАЛИ ТАРҲРЕЗИШУДАИ КӢ БУД: 13.02.2009 22:55
КГБ-и СССР, нируҳои демократӣ-миллӣ ё як амали худҷӯш? -Ҳануз дар ибтидои бозсозии Горбачев ҷомеаи онвақтаи шӯравӣ ба он бовар буд, ки ворид кардани тағйирот дар системи мафиёзии ҳукумат имкон дорад. Агар Пленумҳои аввалини Кумитаи марказӣ дар соли 1985-ро ёд доред, яке аз раҳбарони ҳизбиро "генератори бозсозӣ", дигаронро қариб ки "мутаҳаррик"-и ....
КӢ МЕХОҲАД СОҲИБИ ДАРВОЗА ШАВАД?! Иддаои болотар аз тавон 13.02.2009 17:25
ҲИКОЯТ Овардаанд, ки подшоҳ Қубод рӯзе дар шикор аз лашкар ҷудо афтод ва ҳаво гарм шуду аз ташнагӣ бетоқат гашта ҳар тараф менигарист ва сояву сарчашмае металабид. Аз дур сиёҳие ба назараш даромад. Маркаб ба он тараф ронд. Хаймаи кӯҳна дид дар миёни бодия зада ва пиразане бо духтари худ ....
ДАВЛАТ БОЯД ПУШТИБОНИ МАНОФЕЪИ МИЛЛӢ БОШАД ё иллати мутахассиси маҳаллӣ чист? 13.02.2009 13:43
МУТАХАССИСОНИ МАҲАЛЛИИ "КОРНОШОЯМ" Масъалаи ба кор қабул кардани мутахассисони тоҷик дар иншоотҳои навбунёди Тоҷикистон - аз қабили сохтмонҳои роҳҳо, меҳмонхонаҳои андситорадор, созмонҳои хориҷие, ки ба унвони тоҷик аз сармоягузорони хориҷӣ маблағ гирифта, вале мутахассиси маҳаллиро ба кор намегиранд, (қаблан ҳам нашрияи "Миллат" дар мавриди ҷалб нашудани мутахассисони ватанӣ дар ин ....
БАҲМАНМОҲИ ХУНИН АМАЛИ ТАРҲРЕЗИШУДАИ КӢ БУД: 13.02.2009 13:38
КГБ-и СССР, нируҳои демократӣ-миллӣ ё як амали худҷӯш? БАҲМАНМОҲ - ФИТНАИ ИМПЕРИЯ БАРОИ НАҶОТ БУД Баҳманмоҳи хунини соли 1990 дар Душанбе ёде аз охирин талошҳо - дақиқтараш аз охирин тохтутозҳои ошуббарангези империяи Шӯравӣ дар минтақаҳои зердасташ буд.
БАҲМАНМОҲИ ХУНИН АМАЛИ ТАРҲРЕЗИШУДАИ КӢ БУД: 12.02.2009 21:23
КГБ-и СССР, нируҳои демократӣ-миллӣ ё як амали худҷӯш? КГБ БО ДАСТИ ОЛАМИ ҶИНОӢ БАҲМАНМОҲРО ХУНИН КАРД -Ба назари ман Баҳманмоҳи хунин вокуниши Ҳизби коммунисти Шӯравӣ ва КГБ-и собиқ дар баробари афзоиши фаъолияти нируҳои озодихоҳ дар қаламравии шӯравии собиқ буд.
ЧАРО РАИСИ ҶУМҲУР ЖУРНАЛИСТОНРО ПУШТИБОНӢ МЕКУНАД?! 12.02.2009 14:22
Баъди ба имзо расидани Фармони раиси ҷумҳур Эмомалии Раҳмон "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба матолиби интиқодӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма", аксар бар он ақидаанд, ки фармони мазкур барои баланд бардоштани мақом ва эътибори расонаҳо мусоидат мекунад. Бархе дигар аз журналистоне, ки аз иҷро нашудани қонунҳо ва қарорҳои ....
«ТАНГЕМ»-саворону «ТАНГЕМ»-дорони САРСОН 12.02.2009 14:20
Билохира дағдағаи мамнӯъ кардани ҳаракати нақлиёти маъруф бо "тангем" дар чанде аз хиёбонҳои протоколии шаҳри Душанбе ба ҳукми иҷро даромад. Дар ин рӯзҳо баробари бекор мондани теъдоде аз ронандагони "тангем" милисаҳои чорроҳҳои бузурги пойтахт хеле серкору пурташвиш буданд. Зеро акнун ин милисаҳои роҳро зарур аст, то аз миёни анбӯҳи ....
«Миллат» ба Русия рафт, Худо ҳофиз! 12.02.2009 14:17
Шоми 11 феврал як ҳайати босалоҳияти Тоҷикистон иборат аз намояндагони Додситонии кул, Вазорати умури дохила, додситонии нақлиёти ҷумҳурӣ, корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон тариқи қатор бо сафари корӣ ба кишвари Русия равон шуданд.
Сафорати Тоҷикистон акнун нигарон шудааст 12.02.2009 14:16
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи 9 феврал, бо нашри баёнияе аз афзоиши нажодпарастӣ дар Русия ибрози нигаронӣ кардааст.
Вазорати адлия бо “Ора интернешнл” оштӣ кард 12.02.2009 14:15
Вазорати адлияи Тоҷикистон бо созмони байналмилалии хайрияи «Ора интернешнл» созишномаи оштӣ имзо карда ва ин созмон акнун аз ҳуқуқи идомаи фаъолият дар кишвар бархӯрдор шудааст.
Шарбатҳои тоҷикӣ дар намоишгоҳи Маскав 12.02.2009 14:14
Бино ба иттилоъи Утоқи бозаргонии Тоҷикистон, панҷ корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзии кишвар дар намоишгоҳи байналмилалии саноати ғизоӣ ва нӯшиданиҳои мавсум ба "ПродЭкспо-2009" дар шаҳри Маскав ширкат кардаанд.
“ТоҷикЭйр” ҳавопаймои чинӣ мехарад 12.02.2009 14:13
Ширкати "ТоҷикЭйр" эълом карда, ки дар зудтарин фурсат чанд ҳавопаймои МА 60 аз Чин барои парвозҳои озмоишӣ дар Тоҷикистон ворид хоҳад кард.
Вазорати меҳнат ғами нафақахӯронро мехӯрад 12.02.2009 14:11
Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ тарҳи қонуни ҷадиде дар бораи нафақа ё ҳуқуқи бознишастагӣ ва бимаро таҳия ва барои баррасӣ ба давлат пешниҳод кардааст.
МОЕМ ОҶИЗУ НОТАВОН… 11.02.2009 14:07
Ками дар кам иттифоқ меафтад, ки вокуниш ва нуқтаю назари ҳукумат оиди ин ё он масъалаи дохилию хориҷии мамлакат ба фикру андешаи тамоми мардуми кишвар мувофиқ афтад. Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро оиди фоҷиаи мудҳиши Фаластин ифодагари иродаи кулли мардуми мусалмони Тоҷикистон метавон арзёбӣ кард. Ин изҳороти дафтари Ҳамрохон ....
«ЭҲТИРОМИ НОН» Ҷавоб бар вокуниши хонанда 11.02.2009 14:04
Баъди нашри мақолаи "Эҳтироми нон ва биҳишти косалесон" Миллат № 03 (176) 15 январи 2009 вокунишҳое дарёфт намудам, ки ҳам ба ҷонибдорӣ ва тақвияти натиҷае буд, ки дар мақола ба он расида будам ва ҳам мухолифату иродгирӣ аз баъзе ҷузъиёте, ки дар мақолаи мазкур ҷой дошт. Аз ҳамаи онҳое, ....
Муҳиддин КАБИРӢ: РОҲИ МО БА СӮЙИ КРЕМЛ АСТ, ЗЕРО ТАНҲО МО ИН РОҲРО МЕДОНЕМ 10.02.2009 13:34
Мусоҳибаи ихтисосии "Миллат" бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагон ЭРКАГӢ ЗАРАР ҲАМ ДОРАД -Ҷаноби Кабирӣ, мехостем назари Шуморо ҳамчун як сиёсатмадори варзида ва огоҳ дар мавриди вазъи бӯҳроние, ки тайи чанд рӯзи ахир дар муносиботи Тоҷикистону Русия ба амал омадааст бифаҳмем?
ЭҲТИЁТ: АЗ ҒИЗОҲОИ БАНКАГӢ ВА КОНСЕРВАГӢ 10.02.2009 13:30
Ҳар зимистон мардуми мо аз хуришу сабзавот ва хӯрокаҳои дар банкаҳо гузашта истеъмол мекунанд. Ин намуди ғизоҳо гарчанде хуштаъму болаззат ҳастанд, вале на ҳамеша ба шакли дуруст тайёр мешаванд. Аз сабаби надонистани қонуну қоидаи санитарӣ ва тарзи дуруст тайёр намудани чунин намуди хӯрок ҳар зимистон ҳодисаҳои ба беморӣ гирифтор ....
Афзоиши таваҷҷӯҳи давлат ба матбуот 09.02.2009 23:04
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма. Бо мақсади мустаҳкам намудани интизоми иҷроия, баланд бардоштани нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷомеа фармон медиҳам:
ОТКРЫТОЕ ОБРАЩЕНИЕ 09.02.2009 22:45
ПРЕЗИДЕНТУ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ЕГО ПРЕВОСХОДИТЕЛЬСТВУ ГОСПОДИНУ ЭМОМАЛИ РАХМОНУ от негосударственных операторов электрической связи Республики Таджикистан по проекту создания «единого коммутационного центра электрической связи». Особые обстоятельства вынудили нас апеллировать к Вашему Высокому вниманию.
ЧАРО МАРДУМ БАРОИ ТЕЛЕФОН ПУЛ ДОРАДУ БАРОИ БАРҚ НЕ? 09.02.2009 20:24
Чаро ки … Чаро мардум ба шиддат алоқа дошт, ки тағйироти куллие дар сиёсати кадрии ҳукумат дар ин сол ба вуҷуд биояд? Зеро кадҳое, ки феълан сари кор ҳастанд, умдатан ва аксари онҳо умедвориҳои мардумро бароварда накарданд ва ба ниёзҳои ҷомеъа посух нагуфтанд. Дар ин миён ҷои пинҳон кардан ....
БОСМАЧӢ КӢ БУД, МАРДИ ВАТАНХОҲ Ё ХОИН?! ё баҳсе, ки бояд поён меёфт 09.02.2009 14:43
ИШҒОЛИ САМАРҚАНД Ба доман паҳн кардани вабои ихтилоф намояндагони ҳукумати Русияи подшоҳӣ сахт мусоидат мекарданд. Онҳо дар ин ихтилофандозиҳо аз қартаи қавм, маҳал, миллат ва мазҳабу дин хеле васеъ истифода мебурданд. Фармондеҳони низомии рус дар фаъолияти хеш ин нозукиҳои муносибати байни инсонҳоро бо додани молу пул ва дигар роҳу имкониятҳо ....
ТАНҲО ҚАЛЪАИ ХУМБ БО БАРҚ ТАЪМИН АСТ 09.02.2009 14:41
Пас аз шунидани суханони раиси ҷумҳур дар ҷаласаи васеъи Ҳукумат дар мавриди ин ки бунёди ниругоҳи хурди обӣ дар Дарвоз тавонистааст 70 дар сади мардуми ин ноҳияро бо барқ таъмин кунад, аз дастовардҳои як гӯшаи ватан хушҳол шудаму чанд дарвозии меҳмони пойтахтро, ки дидам, табрик гуфтам: «Шумо воқеан мардумони ....
КӢ ЧӢ ГУФТ ВА КӢ МАНФИАТ БУРД?! Сафорати Русия хостори робитаҳои дуҷониба аст? 07.02.2009 14:49
Чанде қабл бо ташаббуси Зафар Абдуллоев, раиси Анҷумани Медиа- Алянси Тоҷикистон дар мавзӯъи "Миллатбадбинӣ: Вокуниши сафорати Русия ва расонаҳои хабарии тоҷикзабон" бо ширкати муҳаррирони ду рӯзномаи тоҷикӣ -"Фараж" Хуршед Ниёзов ва "Миллат" Толибшоҳи Сайидзода, хабарнигори махсуси РИА- Новости Лидия Исамова, ҳамчунин намояндагони Сафорати Русия дар Тоҷикистон, котиби аввали ин ....
САДАМАИ ҚАЙРОҚУМ ТАКРОР НАМЕШАВАД?! 07.02.2009 14:39
САДАМА ТАКРОР НАМЕЁБАД? Бар асари садамае, ки шаби 13-ум бар 14-уми январ дар ниругоҳи барқии обии "Дӯстии халқҳо"-и шаҳри Қайроққум рух дод, сӣ фисади аҳолии Суғд бебарқ монданд. Шабу рӯзи садама намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эълон карданд, ки то бартараф гаштани садамаи техникӣ ба аҳолии шаҳри Хуҷанд ....
БАҲСИ ДАРВОЗАИ КОММУНИКАТСИОНӢ ДУБОРА ШУРӮЪ ШУД 06.02.2009 22:46
Ахиран, вазорати нақлиёт ва коммуникатсия гуфтааст, қасд дорад тамоми провайдери ширкатҳои мобилии Тоҷикистонро дар ширкати давлатии «Тоҷиктелеком» муттаҳид кунад. Бег Сабуров, масъули бахши коммуникатсия дар вазорати мазкур, зимни шарҳи ин мавзӯъ ба хабарнигори мо гуфт, ки ин тарҳ ба рақобати ширкатҳои мобилӣ халал намерасонад ва ҳеч монеъае ҳам дар ....
ҲАРИМИ ҲАВОИИ ТОҶИКИСТОН БА НАТО ПЕШНИҲОД ШУД 06.02.2009 22:42
Барои интиқоли таҷҳизоти ғайринизомии НАТО ба Афғонистон аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон истифода хоҳад шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамон, зимни мулоқоташ бо Трейси Ҷейкобсон, сафири ИМА дар Тоҷикистон субҳи имрӯз ризоияти Тоҷикистонро барои истифода аз ҳарими ҳавоии кишар эълом кард.
ОЁ АЗ УЗВИЯТ ДАР СОЗМОНҲОИ МИНТАҚАВӢ БУРДЕ ҲАСТ? 06.02.2009 14:20
Ё агар суде буд, пас чаро Узбакистон аз он канор рафт? Оё зарурате ҳаст, ки давлати Тоҷикистон узвияти созмонҳои минтақавие чун Созмони Уруосиё (ЕврАзес) ва Созмони амнияти дастҷамъӣ, яъне ОДКБ-ро дошта бошад. Тоҷикистонро аз узвият дар ин созмонҳо чӣ суде ҳаст?
АДАБИЁТ ВА МАСОИЛИ МИЛЛӢ 06.02.2009 14:09
Муҳимтарин бахши адабиёти ҳар миллат осоре ба шумор меояд, ки дар он дар баробари риъоят ва таъмини меъёрҳои пазируфтаи ҳунарии адабӣ ҳамчунин муҳимтарин масоили ҳаётӣ ва таърихиву фарҳангии миллат баррасӣ шуда, соҳибони ин осор барои ҳаллу фасли ин масоил ба воситаи қареҳа ва даҳои адабии худ кӯшиш ба харҷ ....
ОЁ ТОҶИКИСТОН БА АМРИКО ПОЙГОҲИ НИЗОМӢ МЕДИҲАД? 05.02.2009 14:49
Ҳадафи аслӣ аз таъсиси пойгоҳҳои низомии амрикоӣ дар кишварҳои ҳошияи Афғонистон масъулияти таъмину икмоли нируҳои амрикоӣ ва эътилофи байналмилалии зиди террор дар Афғонистон ҷиҳати мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва Толибон аст. Аммо пойгоҳи низомии нируҳои амрикоӣ дар Манаси Қирғизистон дар ҳоле баста хоҳад шуд, ки ба гуфтаи шоҳидони ҳол, ....
ТАЪИНИ ГЕНЕРАЛ ҚАҲҲОРОВ ЗАРБАЕСТ БА КАМАРИ КОРРУПСИЯ 05.02.2009 14:44
Қабл аз баргузории ҷаласаи васеъи Ҳукумати ҷумҳурӣ миёни мардум гуфтугузорҳое оид ба роҳандозӣ шудани тағйиротҳо дар блоки вазоратхонаҳои қудратии кишвар паҳн гардида буд. Афзоиши ҷинояткорӣ ва амалҳои коррупсионӣ, фаъолияти сусти ҳомиёни ҳуқуқу тартибот то ҷое мардумро ба ташвиш оварда буд.
Бонки Ҷаҳонӣ ҳушдор додааст! 05.02.2009 14:39
Бонки Ҷаҳонӣ ҳушдор додааст, ки мизони интиқоли маблағи муҳоҷирони корӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли ҷорӣ то 50 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.
Қурби сомонӣ дар баробари доллар пойин рафт 05.02.2009 14:39
Қурби сомонӣ, дар баробари доллар дар як рӯзи ахир ба таври чашмрас коҳиш ёфт. Дар марказҳои табодули арз қимати як долар то ба чаҳор сомониву даҳ дирам боло рафтааст.
"Данғара" ва "Ишкошим" минтақаи озоди иқтисодӣ 05.02.2009 14:38
Давлат ду минтақаи ҷадиди озоди иқтисодиро дар қаламрави кишвар таъсис додааст. Минтақаҳои ҷадиди озоди иқтисодӣ мавсум ба "Ишкошим" ва "Данғара" дар қаламрави вилоятҳои Бадахшон ва Хатлон созмон хоҳанд ёфт.
Шерхон Салимзода ба додситони кул посух гуфт 05.02.2009 14:38
Раиси Агентии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон Шерхон Салимзода мегӯяд, ки ин ниҳод мустақиман ба раиси ҷумҳурӣ итоъат мекунад ва арзёбии фаъолияти он низ ҷузви салоҳиятҳои президент аст.
Ҷопон ба фақирон кӯмак мекунад 05.02.2009 14:37
Ҷопон эълом кардааст, ки ба хотири кӯмак ҷиҳати рафъи камбуди маводди ғизоӣ дар Тоҷикистон ба кишварамон 4,7 миллион долар ихтисос хоҳад дод.
Сармоягузорӣ ду маротиб афзоиш меёбад? 05.02.2009 14:37
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ки бо вуҷуди паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ мизони сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисоди кишварамон дар соли ҷории милодӣ дастикам ду баробар афзоиш хоҳад ёфт.
Зиреҳпӯш ғарқ шуд 05.02.2009 14:36
Як зиреҳпӯш дар ноҳияи Дарвоз ба оби рӯди Кӯф, наздикии деҳи Зиғар афтод ва дар ин ҳодиса як афсари нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кушта шудааст.
РАИСИ «СУҒДГАЗ» ЧАРО НАОМАД?! 04.02.2009 13:53
Дар интизории Газ ва раиси "Суғдгаз" Дар рӯзҳои сармо масъулони идораҳои таъмини газу барқ қаҳрамонони мавсимии гузоришҳои родию телевизионӣ ва матбуоти даврию дигар расонаҳои хабарӣ мегарданд. Маркази иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ Раиси Корхонаи воҳиди давлатии "Суғдгаз" Ятимов Раҳматулло Амоновичро даъват кард, то аз вазъи ....
НОМАИ СИПОС БА ХОНАНДАГОН 04.02.2009 13:48
Дар шумораи гузашта ду фатво дар бобати истифодаи телефони ҳамроҳро тибқи сарчашмаҳои муътабари мазҳаби ҳанафӣ ба нашр расондем, ки аз ҷониби хонандагони саҳифаи "Миллат ва Ислом" истиқболи хуб ёфт ва ба нишонии идораи ҳафтанома бо изҳори ташаккур навиштаанд, ки хуб мебуд агар ба таври силсила мо барои хонандагон фатвоҳои ....
"Талко" тавлидоташро барои бӯҳрони барқ коҳиш дод 03.02.2009 23:09
Дафтари матбуотии “Талко” рӯзи 3 феврал эълом кард, ки корхонаи алюминии тоҷик тавлидоти худро ахиран ба таври қобили мулоҳизае коҳиш додааст.
ВАҚТЕ ОШНО БЕГОНА МЕГАРДАД Ё Дмитрий Медведев аз «Географияи СССР» баҳои чанд мегирифт? 03.02.2009 15:33
ТО БА КАЙ ОБ АЗ ТАГИ ЯХ МЕРАВАД?! Намедонем сархати матолиби нашрияҳои ғайритоҷикии Тоҷикистон ин ҳафта чи мазмун хоханд дошт, аммо мутмаинем, ки ҳар фарди ватанхоҳ дар ин ҳафта чизе дигар ҷуз масъалаи бунёди ниругоҳҳо ва баҳраёбии мо аз сарватҳои табиӣ хаёли дигаре дар сар нахоҳанд дошт ва чизе дигар ....
СУЪОЛИ ҲАФТА 03.02.2009 15:29
"Миллат" ба чанд тан афроди шинохтаи кишвар дар мавриди танишҳои ба вуҷуд омада дар муносиботи миёни Тоҷикистон, Русия ва Узбакистон бо ин суол муроҷиат намуд: Сардиҳои муносибати байни кишвари мо ва давлати ҳамсоя, ҳамчунин шарики стратегии мо Русия то куҷо хоҳад расид?
БӮҲРОН, ЯЪНЕ ЧӢ? 02.02.2009 14:15
СУХАН АЗ ДАҲОНИ ЛУҚМОН ХУШ АСТ -Телефони мобилиамро мефурӯшам, бародарам гуфт, ки "инашро бифурӯш арзонтарашро бихар, ин дафъа, ки Русия рафтам, боз зӯртарашро меорам." Ҳамин телефон дар магазин 500 доллар аст, ман дар 300 доллар мефурӯшам. -Падарам ҳам ба ман ваъда дода буд, ки ин бор Русия рафт, агар баҳои ....
НИЁГОНИ МУСУЛМОНИ МО ПЕШҚАДАМ БУДАНД! 02.02.2009 14:12
Ниёгонамонро нашинохтаем «Охир аз ҳамон классикони мо чӣ фоида? Ҳамон шеъри Рӯдакӣ дигар чӣ даркор? Магар намешуд ба ҷойи шеъру насиҳат навиштан классикҳои форсу тоҷик ягон мошин ихтироъ мекарданд? Магар намешуд ҳамин мусулмонҳо ба ҷойи мусулмонгарӣ ягон чиз ихтироъ кунанд монанди русҳову дигарҳо?» Магар ва магарҳои дигар, ки бархе бехабарон ....
МАМАДШО ИЛОЛОВ: "ЕЩЁ ЕСТЬ ВОПРОСЫ" ё қиссаи "гиромидошт"- и забони тоҷикӣ дар Академияи илмҳои Тоҷикистон 31.01.2009 14:53
ИН МАВОД БА ЭҲТИРОМИ ИЛОЛОВ ЧОП МЕШАВАД, ВАГАРНА… Дар соли 2008 "ба мақсади бузургдошти 1150 солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 950 солагии Абӯҳомид Ғаззолӣ, 850 солагии Ҳаким Саноӣ, 100- солагии академҳо Султон Умаров, Бобоҷон Ғафуров ва Абдулғанӣ Мирзоев ва бахшида ба бузургдошти Соли забони тоҷикӣ конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ташкил ва гузаронида ....
ИЛОҶИ ТУНДГАРОӢ Аз дидгоҳи Фетҳуллоҳ Гулен 31.01.2009 14:50
Баҳори соли гузашта маҷаллаи амрикоии "Foreign Policy" як назарсанҷиеро ба хотири муайян намудани 100 шахсияти бонуфузу пуртаъсири ҷаҳон аниқтараш 100 рӯшанфикри мардумии гетӣ анҷом дод, ки тақрибан 10 нафарашон мусулмон ва аз кишварҳои исломӣ буданд. Дар шумораи 7 майи соли 2008 рӯзномаи "Миллат" зери унвони "Машҳуртарин шахсиятҳои исломӣ дар ....
БАРҚ РЕҶАБАНДӢ ШУД, ГУНАҲКОР УЗБАКИСТОН 30.01.2009 14:01
ё вақте "Афрӯз" аз бӯҳрони энержӣ гуфт, "Барқи тоҷик" куҷо буд? Аз вазорати энергетика ва саноат, ширкати "Барқи тоҷик" хабар доданд, ки шурӯъ аз 27 январи соли 2009 интиқоли нируи барқ барои вилоятҳои Суғду Хатлон дар як шабонарӯз 3,5 миллион киловатт- соат, барои шаҳру навоҳии тобеъи марказ 2 миллион кв. ....
ЧӢ МЕХОНӢ, ПОРСОЛА…Оё Алимардонов метавонад Узбакистонро розӣ кунад? 30.01.2009 13:55
Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, ки ба иллати камбуди шадиди мизони об дар обанбори Норак таъмини нируи барқ ба ҷуз аз шаҳрҳои бузург, дар соири манотиқи кишвар беш аз се маротиба коҳиш дода шудааст. Пӯлод Муҳиддинов, муовини аввали вазири энергетика ва саноат рӯзи 26 январ дар як нишасти ....
РАФТУ ОМАДИ МАНСАБДОРОНЗИНДАГИИ МОРО ОСОН НАМЕКУНАД 29.01.2009 14:48
ҲАҚ БАР ҶОНИБИ АЗИЗИ ДАРБОН БУДААСТ Дар шумораи қаблии нашрия аз 15 январи соли 2009 мо матлаберо зери унвони "Аз ҷаласаи Ҳукумат чӣ интизор доред?" ба нашр расонида будем, ки дар он афкор ва назари афроди шинохтаи кишварро дар мавриди Маҷлиси васеъи Ҳукумат ва ҳамчунин андешаи чанд тан аз ашхоси ....
«ПУЛИ «ФОНД», ПУЛИ ФАРРОШ, ПУЛИБОЛТ, ПУЛИ…»-РО КАЙ МЕОРӢ?»ё: "сарсухан"-и дарсҳо аз чӣ шурӯъ мешавад?!... 29.01.2009 14:38
"ҶАВРИ" УСТОД БЕҲ АЗ МЕҲРИ ПАДАР АСТ?! Мақоли "Ҷаври устод, беҳ аз меҳри падар" дар ҷойи холӣ ба вуҷуд наомадааст, балки онро мардуми бофазлу мактабдидаи тоҷик гуфтаанд. Аммо чаро имрӯз қадри муаллим на чун пештара аст?... Дар ҳоле ки агар ба ҳамин рӯзгори начандон дури худ, ки ба замони шӯравӣ ....
Қотилони Салоҳиддин пайдо нашуданд 29.01.2009 14:33
Вазорати хориҷаи Русия дар посух ба ёддошти эътирозии ҷониби Тоҷикистон дар мавриди сар буридани як шаҳрванди ин кишвар дар Маскав навиштааст, ки маъмурони рус натавонистаанд омилони ин қатлро пайдо кунанд.
Фаронса хоҳони истиқлоли энержии Тоҷикистон 29.01.2009 14:32
Давлати Фаронса аз талошҳои Тоҷикистон барои дастёбӣ ба истиқлоли энержӣ ва раҳои ёфтани кишвари мо аз бунбасти иртибототӣ ё коммуникатсионӣ ҳимоят мекунад.
Афғонистон ба оби Тоҷикистон ниёз дорад 29.01.2009 14:32
Кей Эйде, намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон, ки аз Тоҷикистон дидори дурӯза дошт, субҳи шанбеи 24 январ бо Президент Раҳмон мулоқот карда ва мавзӯъи тавсеъаи ҳамкориҳои ин кишвар бо Афғонистон дар арсаи обу энержиро баррасӣ кардааст.
Пайвандсозии гурда дар Тоҷикистон 29.01.2009 14:31
Мақомҳои беҳдоштии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар соли ҷорӣ як маркази пайвандсозии гурда дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.
Шикояти ҲНИТ ба додгоҳ 29.01.2009 14:31
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон алайҳи ҳавзаи интихоботии Синои шаҳри Душанбе барои шомил накардани намояндагони ин ҳизб ба ҳайъати маркази райъ дар ин ҳавза ба додгоҳ шикоят бурдааст.
Парчами Тоҷикистон дар Қутби Ҷанубӣ 29.01.2009 14:30
ДокторАбдулҳамид Қаюмов, узви Академияи муҳандисии Тоҷикистон, аз барафрохтани парчами ин кишвар дар Қутби Ҷанубӣ, қораи сард ва яхистони ҷаҳон, хабар додааст.
ШУМО БА ТЕЛЕФОНИ ҲАМРОҲ ЗАРУРАТ ДОРЕД? 28.01.2009 14:21
"Навқаламони Миллат" инро аз донишҷӯёни факултаи журналистикаи ДМТ пурсиданд. Пайрав, донишҷӯйи курси 2-юми факултаи журналистика: -Доштани телефони мобилӣ аз як ҷиҳат хуб аст, аз тарафи дигар барои мо душвор аст, чунки барои он маблағи зиёд сарф мешавад. Дар гурӯҳи мо 70 нафар донишҷӯ телефон доранд, ғайр аз 2 нафар.Нуриддин, донишҷуйи курси ....
ФАТВОҲО ДАР БОБИ ТЕЛЕФОНИ ҲАМРОҲ ВА НАМОЗ 28.01.2009 14:18
Бо зиёд шудани муштариёни телефонии ҳам мобилӣ ва имкони истифода аз он барои аксари мардум мушкилоти ҷадиде падид омадааст ва баъзан дар ҷомеа мафосиде ривоҷ ёфта, ки телефонии ҳамроҳ дар эҷоди онҳо нақши муассире ифо мекунад. Бо тавҷҷӯҳ ба ин ки суолоти мухталифе дар ин замина матраҳ аст масоиле ....
ХУДОЁ МО КАМБАҒАЛОНРО БА ТАБИБОН НИЁЗМАНД МАГАРДОН! 27.01.2009 16:23
Созмони байналмилалии "Транспаренси интернэшнл" бар он аст, ки фасод ё худ коррупсия ҳамаи соҳаҳои хидматрасонии тиббии Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Сарфи назар аз он ки мавҷудияти порахӯрӣ таърихи тӯлонӣ дорад, насли аз 35-40 сола болои тоҷик хеле хуб дар хотир доранд замонеро, ки ҳама гуна ёрии тиббӣ ройгону бо кайфияти ....
БАРОИ ТАҲҚИРИ ХУДОВУ ПАЁМБАР ҶАВОБ БОЯД ГУФТ 27.01.2009 16:20
Ин навиштаҳои хешро ҳанӯз 20 рӯз қабл ба хотири он ки шеър- таҳқирномаи шоир Бозор Собир дар "СССР" чоп шуда буд, ба даргоҳи он рӯзнома бурдем, вале посухамон доданд, ки навиштаи моро ба чоп намедиҳанд. Аз ин рӯ тасмим гирифтем, ки ҷавоби хешро барои нашр ба даргоҳи рӯзномаи "Миллат" ....
Наримон Бақозода даргузашт 26.01.2009 19:12
Шоири маъруфи кӯдакон, узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Наримон Бақозода даргузашт. Ӯ дар 74-умин зодрӯзи худ аз олам чашм пӯшид. Бо ашъори Наримон Бақозода чандин насли тифлони тоҷик ба воя расидаанд. Марҳум аз беҳтарин шуъарое буд, ки барои кӯдакон эҷод мекунанд.
БОСМАЧӢ КӢ БУД, МАРДИ ВАТАНХОҲ Ё ХОИН?!ё баҳсе, ки бояд поён меёфт 26.01.2009 14:28
(Идома) Ҳамин тариқ, тақрибан 150 сол пеш дар Осиёи Миёна се давлати мустақил, азҷумла аморати Бухоро, хонигарии Қӯқанд, хонигарии Хева ва якчанд мулки ниммустақил, аз қабили Шаҳрисабз, Китоб, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Кӯлоб, Балҷувон ва ғайра вуҷуд доштанд. Давлате бо номи Тоҷикистон дар ин сарзамин вуҷуд надошт.
ПЕШВОИ СӮФИЁН ҶУНАЙДИ БАҒДОДӢ 26.01.2009 14:23
Абулқосим Ҷунайд ибни Муҳаммад ибни Ҷунайди Заҷҷоҷу Хаззоз аз орифони баном ва олимони Ислом буд. Асли ӯ аз Наҳованди Ҳамадон буда, дар даҳаи дуввуми қарни саввуми ҳиҷрӣ дар Бағдод таваллуд шудааст. Падараш, ки шишагар буд ӯро Заҷҷоҷ (шишагар) мегуфтанд ва аз он рӯй ки дар кори хазз (абрешим) маҳорат ....
ДУРӮҒ ДАР ТИҶОРАТ САВДОИ ДИН АСТё тоҷир бояд айби молашро ба харидор бигӯяд 24.01.2009 14:30
Рӯзе ман дар маркази савдои "Шоҳмансур" шоҳиди воқеаи аҷибе шудам. Як муштарие пойафзор мехарид. Аз фурӯшанда нархи пойфзорро пурсид. Фурӯшанда онро 25 сомонӣ гуфт. Харидор боз пурсид, ки борро аз куҷо мегиред. Фурӯшанда гуфт, ки аз роҳи дур. Харидор гуфт, ки онро дар яклухтфурӯшии бозори "Корвон" дар 15 сомонӣ ....
ОЁ БЕКОРИИ ҶАВОНОН АЙБИ ЛИТСЕЙҲОСТё ҳангомаҷӯӣ аз як хабар ба хотири чист? 24.01.2009 14:28
Дар шумораи №50 (171)-и ҳафтаномаи "Миллат" андешаҳои рӯзноманигор Неъматуллоҳи Нуруллоҳ зери сарлавҳаи "Литсейҳои туркӣ, дийдори (дидори?) Алӣ Бобоҷон ва тоҷикони камсавод" ба табъ расид. Муаллиф баъди мутолиаи мақола - хабаре, ки дар ҳафтаномаи "Боргоҳи сухан" (№24) чоп шудааст, хулосаи худро рӯи коғаз овардааст. Ман нафаҳмидам, ки бародари гиромии мо ....
СОҲИБИ СИЁҲИ КОХИ САФЕД 23.01.2009 16:30
КОХИ САФЕД ПУСТАШРО ИВАЗ КАРД Маросими савгандёдкунии 44-умин президенти ИМА баъд аз зуҳр ба вақти Амрико доир шуд, ки ба соати 10-и шаби вақти Душанбе рост омад. Шабакаҳои телевизионии CNN ва BBC ҳанӯз қабл аз фаро расидани лаҳзаи торихӣ аз гирду пеши Кохи Сафед ба таври мустақим гузориш пахш мекарданд. ....
ҶАРИМА БАСТАН, РОҲИ РУШДИ ЗАБОН АСТва ё: ҳифзи забонро аз латишҳо ёд гирем... 23.01.2009 16:26
АГАР БА КОМИССИЯИ ТАТБИҚИ ЗАБОН УМЕД БАНДЕМ Дар мавриди забони тоҷикӣ навиштаанду боз менависанд. Мақсад аз навиштани муаллифон ин аст, ки забони ин миллату ин Ватан-тоҷикӣ мақому нуфузашро бештару беҳтар пайдо кунад. Вагарна, қаламбадастони мо дигар мавзӯе намеёбанд?... Ва ба ростӣ, ҳамин навиштанҳост, ки хиёбони Рӯдакӣ ба қадре тоҷикӣ шуд… ....
БАРФ МЕГУЗАРАД, ВАЛЕ СИЁҲИИ ЗАМИН МЕМОНАДё чаро давлати ҳамҷавор пешрафти моро намехоҳад? 22.01.2009 14:34
ЧУ ҲАМСОЯ БО МОСТ ДАР ХУРӮШ… Дар манотиқи Осиёи Марказӣ протсеси аз ҳам дуршавӣ ва адами тавофуқот миёни ин кишварҳо ҳамоно идома дорад. Далоили мавҷуда шаҳодат медиҳанд, ки сол аз сол дар ҳалли масоили сарҳадӣ миёни кишварҳои ин минтақа тафоҳуме ба даст намеояд ва маҳдудиятҳои тозае дар муносиботи тиҷоратӣ, ҳаракати ....
ЭҲТИРОМИ НОН ВА БИҲИШТИ КОСАЛЕСОН 22.01.2009 14:31
"Агар соати 4-и шав тоҷика ай хов бхезунӣ бгуиш чӣ дорӣ? Мега; "иштиҳо". Кӯдакдор, ки ҳаст доим иштиҳош қатишай….." Ин порае аз шӯхиҳои ҳаҷвнигори машҳур марҳум Амиршоҳ ҳаст, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ба қатл расид, вале садо ва шӯхиҳояш ҳанӯз боқист. Дар ин шӯхӣ ҷиддияте ниҳон аст ва ....
Тоҷикистон аз бунбаст раҳо меёбад 22.01.2009 14:12
Кишварҳои Ирон, Афғонистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба иҷрои тарҳи муштарак барои роҳи оҳане, ки Остона, пойтахти Қазоқистонро бо Бандари Аббоси Эрон мепайвандад, оғоз кардаанд.
Таҳририён дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон 22.01.2009 14:12
Додгоҳи Олии кишвар дар як нишасти матбуотӣ эълом кард, ки додгоҳҳои Тоҷикистон дар соли гузашта 13 парвандаи ҷиноии аъзои Ҳизбуттаҳрирро баррасӣ карда ва 28 узви ин гурӯҳи ифротгароро зиндонӣ кардаанд.
Ду скинхеди тоҷикситез маҳкум ба зиндон шудаанд 22.01.2009 14:11
Додгоҳе дар Маскав ду узви як гурӯҳи миллигароро маҳкум ба зиндон кардааст. Хабаргузории РИА Новостии Русия, ки дар бораи ин ҳукми додгоҳ гузориш дода мегуяд, ин ду нафар дар барангехтани ихтилофоти қавмӣ муттаҳам шинохта шудаанд. Гуфта мешавад ду узви гуруҳи миллигарои мавсум ба "Формат 18" дар таҳияи навори видиюеи, ки ....
Қиммати хона дар Душанбе пойин рафтааст 22.01.2009 14:11
Агентии сохтмон ва меъморӣ мегӯяд, бар асари бӯҳрони молиявӣ нархи хона дар Тоҷикистон 30 дарсад поин рафтааст.
Раиси нави "Барқи тоҷик" 22.01.2009 14:10
Баъд аз чаҳор рӯзи барканории Шарифхон Самиев, раиси пешини ширкати "Барқи тоҷик", Санъат Раҳимов, ки масъули маркази иҷрои тарҳҳо дар бахши энержиро ба ӯҳда дошт, раиси ширкати "Барқи тоҷик" таъйин шудааст.
Зиндониёни Суғд сироят мешаванд?! 22.01.2009 14:10
Додситонии Суғд аз Вазорати адлияи Тоҷикистон хостааст, ки барои таҳқиқи мавориди маргу мири зиндониён дар ин вилоят дар асари бемориҳои сироятӣ комиссияи вижае таъсис бидиҳад.
Мактабҳо таътил шуданд 22.01.2009 14:09
Сармои шадид дар ноҳияи кӯҳистонии Мурғоб сабаб шудааст то макотиби он таътил шавад. Ба гуфтаи Акжар Журкумбаев, як масъули Идораи маорифи ноҳияи Мурғоб, сардии шадиди рӯзҳои ахир идомаи таҳсили шогирдон дар макотибро ғайримумкин сохтааст.
Барномаҳои РТР дар Тоҷикистон поён меёбанд! 22.01.2009 14:09
Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки агар шабакаи РТР Планета ҳаққи истифода аз хадамоти ширкати "Тоҷиктелерадиоком"-ро напардозад, пахши барномаҳои ин шабакаро дар қаламрави кишвар қатъ хоҳад кард.
Ҳизби Наҳзати Ислом ба кӯмаки фаластиниён рафт 22.01.2009 14:08
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон намояндаи вижаеро барои мутолеъаи роҳҳои интиқоли маблағҳои хайрияи ин ҳизб ба осебдидагони фаластинӣ ба Навори Ғазза фиристодааст.
Ҳомиласозии сунъӣ тасвиб шуд бо назардошти фарҳанги миллӣ 22.01.2009 14:07
Порлумони Тоҷикистон бо тасвиби ислоҳоте дар қонуни сабти аҳволи шаҳрвандӣ амалиёти ҳомиласозии маснуъӣ дар кишварро иҷоза додааст.
РУСИЯ БАРОИ МО БЕГОНА МЕШАВАД: КӢ МУҚАССИР АСТ?! 21.01.2009 13:44
МУСОФИРОНИ САРСОНУ ҲАЙРОН Барои чӣ тоҷикони мусофирони транзитии ҳавопаймои хатти сайри шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистонро дар ягон маҳалли барои мусофирони транзитӣ пешакӣ омодашуда нигоҳ надошта, онҳоро ба кӯча сар медиҳанд? Магар дар байни ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷик ва рус дар мавриди мусофирони транзитӣ ягон қарордод ё созишнома мавҷуд нест?
ҚИЁМАТЕ, КИ ҚОЙИМ НАГАШТЁ қиссаи як шаби бедории Хуҷанд 21.01.2009 13:41
Борҳо номи асарҳоеро ки мансуб ба вақтанд шунидаам, ки онҳо ба монанди "Даҳ рӯзе ки ҷаҳонро ба ларза овард", "Чанги шашрӯза" ва амсоли инҳоянд, аммо ман дар ин ҷо дар бораи як шаби Хуҷанд ҳарф мезанам, ки он шаби оддӣ набуд, он шабе буд, ки мардум қиёматро интизорӣ кашиданд. ....
БОСМАЧӢ КӢ БУД, МАРДИ ВАТАНХОҲ Ё ХОИН?! Ё баҳсе, ки бояд поён меёфт 20.01.2009 13:55
Аз таърих сабақ гирифтан нишонаи хирадмандист ва ё таърих танҳо барои ифтихор кардан ё наҳ задан нест ДАР САБАБИ ТАЪЛИФИ ИН МАҚОЛА Вақтҳои охир дар матбуоти даврӣ сари мавзӯъҳои таърихӣ, махсусан даврони Ҳокимияти шӯроҳо дар кишвари мо, мақолаҳое ба нашр мерасанд, ки аз ҷиҳати маъниву мундариҷаи хеш сахт хилофи ҳамдигаранд. Бархе ....
ҲАР ҶАНОЗА ДАРСИ ИБРАТ АСТ ё пеш аз он ки хок шуд, бояд аз гунаҳ пок шуд 20.01.2009 13:50
Аз рӯзе, Шайтон душмани Одам гашт, тухми кинаву адоватро дар байни насли одамӣ паҳн намуд. Бинобар ин касоне, ки иродаи сусту имони заиф дошта бошанд, фирефтаи макри шайтон мегарданд.Таърих гувоҳ аст, ки ҳазорон нафар ба хотири ба даст овардани пулу сарват душмани ҳам гашта, даст ба куштори рақибони худ ....
Ҳукумат ба «Барқи тоҷик» раис таъин кард 19.01.2009 20:39
Ҳукумати Тоҷикистон Санъат Раҳимовро, ки вазифаи директори иҷроияи муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика»- ро бар дӯш дошт, ба мақоми раиси ширкати «Барқи тоҷик» таъин намуд.
Рӯзноманигори кафшандоз паноҳгоҳи сиёсӣ меҷӯяд 19.01.2009 19:00
Бино ба навиштаи рӯзномаи La Tribune de Geneve, рӯзноманигори ироқӣ, ки зимни сафари охирини Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури вақти Амрико ба Ироқ ба сӯйи ӯ кафшашро бо нишони эътироз партоб карда буд, аз кишвари Шветсариё паноҳгоҳи сиёсӣ хостааст.
ЗИЛЗИЛА-ОМИЛҲОИ САР ЗАДАНИ ОВОЗАДАР ШАБИ «ЗИЛЗИЛАХЕЗ» КАДОМ БУД? 19.01.2009 14:08
СОҲИБНАЗАРОН МЕГӮЯНД: Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили парлумон: -Ин овозаро метавон «миллатларза» номид, зеро тамоми миллатро ба ларза даровард ва чанд нуктаҳои заъфи моро ба намоиш гузошт. Якум, амнияти иттилоотии мо то ҳаде поён будааст, ки як шаби дароз овоза ба ҷои иттилооти расмӣ ҳукмрон буд ва мардумро дар панҷаи ....
ДУРӮҒ ВА ДУРУҒӮӢ 19.01.2009 14:06
Равоншиносон таъкид менамоянд, ки вақте инсон дурӯғе мегӯяд дар майнаи сари ӯ инфиолоте ба вуҷуд меоянд, ки сабаби харобшавии майнаи сар мегарданд. Тибқи оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ фитрати инсон бо ростию дурустӣ сиришта шудааст. Гоҳҳо муҳити хонавода ва ҷомеа, одамиро аз он фитрати аслиаш берун мекунад ва ба ....
ОРОМГОҲ ИН ЧАРОГОҲ НЕСТ!ё манъи чаронидани чорпо дар қабристон чӣ ҳикмате дорад? 17.01.2009 15:15
Рӯзе аз назди қабристони деҳа мегузаштам. Чашмам ба он афтод. Шахсе дар дохили гӯристон аз пайи бузғолае медавид. Он шахс ниҳоят бузғоларо дастгир карда аз болои шиғи оромгоҳ онро башаст ба беруни қабристон ҳаво дод. Аз зарбаи сахт пои бузғола шикаст. Ба бузғола раҳмам омаду гуфтам: -Эй бародар, чаро ....
ХИЁНАТИ ИЛМӢ ДАР КИТОБИ«ЧЕҲРАИ ВОҚЕИИ ВАҲҲОБИЯТ (САЛАФИЯ)» 17.01.2009 15:12
Соли бузургдошти Имоми Аъзам (р.ҳ) эълон гардидани соли 2009 аз ҷониби сарвари давлат боиси хурсандии мардуми тоҷик гардид. Онҳо барномаҳои густардаи фарҳангӣ, ислоҳоти иҷтимоъӣ ва тарҳҳои азими рушди маънавӣ ва иқтисодии кишварро аз ҷониби сарвари давлат бо шӯру шавқ истиқбол намуда, эълони соли бузургдошти Имоми Аъзам (р.ҳ) ба онҳо ....
КӢ РАФТ, КӢ ОМАД?!РӮЙХАТИ КАДРҲОЕ, КИ АЗ ВАЗИФА ОЗОД ШУДАНД 16.01.2009 23:00
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1. ТағоймуродовАлимурод аз вазифаи раиси ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш 2. Улфатов Абдулмумин Маҳмудович аз вазифаи раиси ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш 3. Исмоилов Маҳмадраҳим Абдураҳмонович аз вазифаи раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бо ....
БАРКАНОРИИ РАИСОНИ ШАҲРУ НАВОҲИ ДАР ҶАЛАСАИ ҲУКУМАТ 16.01.2009 22:26
Гузориш аз идомаи ҷаласаи ҳукумати ҶТ Идомаи Маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз, 16 январ бо ҳисоботи Сардори Раёсати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Абдураҳим Холиқов шурӯъ шуд. Гузориш шуд, дар давраи татбиқи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ....
МАТНИ СУХАНРОНИИ РАИСИ ҶУМҲУРИТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 16.01.2009 22:22
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2008-ум ва вазифаҳо барои соли 2009 Мӯҳтарам аъзои Ҳукумат! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо хуб медонед, ки дар соли 2008-ум мардуми Тоҷикистон бо чӣ гуна душвориву мушкилот дучор гардида буд.
Вазири хориҷа ба истеъфо рафт 16.01.2009 21:22
Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури Қирғизистон, Эднан Қарабоев, вазири хориҷаи кишварашро ба истеъфо фиристод. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури ин кишвар дар мавриди истеъфои Эднан Қарабоев гуфтааст, ки вай тибқи моддаи 46 Қонуни асосии Қирғизистон аз мақомаш барканор шуд.
ТОҶИК ҲОҶИМИРЗО НОМ МЕНИҲАД, НА ГАҶИМИРЗА!ё нигаронии генерал Рустам Назаров аз пахши ахбори бардурӯғ 16.01.2009 15:30
Хабарнигори "Миллат" дар нишасти матбуотии Агентии назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки рӯзи 12 январ бо ширкати хабарнигорони дохиливу хориҷӣ баргузор шуд, суъоле кард: «Баъзе аз доираҳои мақомоти расмии Русия ва шабакаҳои хабарии ин кишвар баъзан дониста ва муғризона ахбореро дар мавриди боздошти афроди ба қочоқи маводи мухаддир даст ....
"МИЛЛАТ" БА РУСИЯ МЕРАВАД, БО ҚАТОР! 16.01.2009 15:27
Амонуллоҳи Ҳукуматулло, раиси КВД- и "Роҳи оҳани Тоҷикистон" гуфт, ки хоҳиши муҳаррири "Миллат" дар мавриди фаҳмидани вазъи мусофироне, ки тариқи поезд ба кишварҳои ҳамсоя мераванд ва ошноӣ бо мушкилоти роҳу манзараҳои сафар ба инобат гирифта шавад ва дар вақтҳои наздик аз ҳисоби корхонаи мазкур журналистро ҳамроҳ бо мусофирони қатори ....
ҶОЙҲОИ ХОЛИИ КОР ДАР ҲУКУМАТ: «БАРҚИ ТОҶИК», «ТОҶИКГАЗ», «КУМИТАИ АНДОЗ» 15.01.2009 20:32
Имрӯз, 15 январ таҳти раёсати Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеъи Ҳукумати Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ намуд. Дар рафти он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2008 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаву нақшаҳо барои соли равон муайяну мушаххас мегарданд. Эмомалӣ Раҳмон аз пастравии ҳаҷми истеҳсолоти ....
ҲУКУМАТ: КӢ МЕРАВАД, КӢ МЕОЯД. КӢ КИРО ИВАЗ МЕКУНАД? 15.01.2009 14:42
АЗ ҶАЛАСАИ ҲУКУМАТ ЧӢ ИНТИЗОР ДОРЕД? Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ ва намояндаи Маҷлиси намояндагони МО ҶТ: -Ростӣ гап, хеч гуна иттилоъ дар мавриди ин ҷаласа надорам. Ва ман мисли бархе аз дӯстон ҳам дар остони ин ҷаласа пурташвиш нестам, ташвиши ман танҳо аз бӯҳрони бисёр ҳам сангини иқтисодист, ки онро мо ....
"МИЛЛАТ" ЁДДОШТҲОИ ДОДСИТОНИ КУЛРО НАШР МЕКУНАД 15.01.2009 14:39
МАБЛАҒҲОРО КӢ МЕДУЗДАД? Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли кишвар, рӯзи 13 январ дар як нишастӣ хабарӣ эълом дошт, дар соли 2008 11 ҳазору 657 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумор 2 ҳазору 320 ҷиноёти вазнин мебошад. Назар ба ҳамин давраи соли гузашта содиршавии ҷиноят 3,2 фойиз кам шудааст. ....
БА ДАРЁ ОБ МЕБАРЕМ? 14.01.2009 14:01
Ба таваҷҷӯҳи мушовири давлатии Президенти ҶТ мӯҳтарам Саидмурод Фаттоев ва раиси Кумитаи илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ мӯҳтарам Додихудо Саймуддинов Дар ду соли охир се шабакаи нави телевизион, ки аз ҷониби ҳукумат маблағгузорӣ мешавад, таъсис ёфта, тадриҷан шакл мегиранд. Албатта, хубтар мебуд, агар шумора неву сифати ....
ВАҚТЕ МАРДҲО ХУДРО МЕКУШАНД… ё чаро ҷисми беҷони нафари худро кушта ором намегирад 14.01.2009 13:53
Моҳи январ одатан дар мақомоти давлатӣ ва низомӣ натиҷаҳои соли сипаришударо ҷамъбаст мекунанд. Додситонии вилояти Суғд низ натиҷагирӣ карда изҳор дошт, ки соли 2008 ҳодисаи худкушӣ дар ҳудуди вилоят бисёр буд. Гоҳо бо теъдоди зиёди ин ҳодиса Суғд дар кишвар ҷои якумро соҳиб гашта буд. Соли гузашта дар вилоят ....
ҶУМЪАБОЙ НИЁЗОВ АЗ ОЛАМ ДАРГУЗАШТ 12.01.2009 22:14
Шахсияти шинохта, олим ва сиёсатмадори тоҷик Ҷумъабой Ниёзов рӯзи 11 январи соли 2009 оламро падруд гуфт. Дар манзили эшон маросими видоъ бо марҳум баргузор гардид, ки дар он наздикону пайвандон, ҳамкорону ҳамсафони ӯ гирди ҳам омаданд. Дӯстону ҳамкорон дар суханрониҳои хеш аз хислатҳои ҳамида ва одамияти баланди Ҷумъабой Ниёзов ....
КӢ БОЯД ВАЗИФА БИГИРАД?! БАР ҲУКУМАТИ МО ОФАРИН! пас кай мешавад мулки мо нозанин 12.01.2009 14:05
САРВАЗИРӢ ВАЗИФАИ ИФТИХОРӢ НЕСТ Ибтидои ҳар соли ҷадиди милодӣ барои давлатмардони мо давраи санҷиши бузург ва ҳисобот додан аз кори анҷомдодаи хеш тайи як соли фаъолияташон маҳсуб меёбад. Раиси ҷумҳури кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ба хотири пешрафти кишвари азизамон афродеро ба мансабҳои муҳимми давлативу ҳукуматӣ таъин менамояд. Вале боз ....
ҲАШАР!ё ҳукумат дар муқобили як артиши бузург бо номи Муҳоҷир чӣ бояд кунад? 12.01.2009 14:02
МАСЪАЛАИ АРТИШИ САРОЗЕРИ МУҲОҶИРОН Пас аз он ки нахуствазири Русия В. Путин дар мавриди 50 дар сад коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишвараш хабар дод, сару садо дар атрофи бозгашти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки ба таври ғайрирасмӣ 1 миллион нафар дониста мешаванд, баланд шуд. Ба хусус гурӯҳҳои кӯчаки мухолифи давлати ....
ОЁ АБХОЗИСТОН ВА ОСЕТИЯИ ҶАНУБӢ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ШУДАНД?!ё чаро дигар истиқлолиятхоҳон хамӯш гаштанд? 10.01.2009 14:24
КӢ БА КУҶО ҲАМЛА БУРД? Чун дар соли 2008 ҷанги Гурҷистону Русия ва эътирофи расмии давлати Рус аз истиқлолияти Абхозистону Осетияи ҷанубӣ ва дар маҷмӯъ қазияи ҷануби Қафқоз аз воқеъоти муҳими сиёсӣ маҳсуб меёфт ва он то кунун муҳимияти хешро дар расонаҳои хабарии дунё ва гуфтугузорҳои давлатмардони ҷаҳон гум накардааст, ....
ЗИЁРАТИ ҲОҶӢ ё надонистам аэропорт буд он, ё дашти Арафот 10.01.2009 14:16
Яке бахти мо ҳам хандиду хеши падарам, акаи Назар дар ду сол бо нӯги сӯзан маблағи зиёрати Хонаи Худоро ҷамъ карду имсол ба сафар баромад. Эҳ… то дами дари ҳавопаймо акаи Назар бовар надошт, ки воқеан ҳуҷҷатҳояш дурустанду ӯ ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф мегардад. Охир то ҳамин лаҳза, ....
"ТЕЛЕВИЗИЮНИ ФОРСИИ БИ-БИ-СӢ ПАНҶАРАЕ ТОЗА БА ДУНЁ" 09.01.2009 21:24
Беҳрузи Офоқ дар апрели соли 2006 ба раёсати минтақаи Осиёи сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ расид. У масъулияти шабакаҳои родиюӣ ва телевизиюнии сервисҳои чандрасонаии Би-би-сӣ ба забонҳои озарӣ, урду, узбакӣ, бирмаӣ, банқолӣ, пашту, томил, чинӣ, срилонкоӣ, форсӣ, қирқизӣ ва ҳиндиро бар уҳда дорад. Беҳрузи Офоқ дар апрели соли 2006 ба раёсати ....
РАИСИ ҶAМОАТ ХУДРО ШОҲ ДИД 09.01.2009 14:02
Раъийят хушбахт аст агар дар сояи салтанати Шоҳ осуда хуфта ва умаро пайи ҳоҷоти ӯ бошад. "Таърихи Ҷаҳонгӯшой" Сафарҳои ба шаҳру навоҳии мухталифи ҷумҳурӣ анҷомдодаи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд моҳи ахир ба пешрафти иқтисод ва рӯзгори мардум такони ҷиддӣ бахшиданд. Эмомалӣ Раҳмон қариб ба тамоми навоҳии Тоҷикистон сафарҳои ....
ҚӮРҒОНТЕППА ё ЛЕВАКАНДё кӣ мехоҳад рӯҳи бузургонамон шод шавад? 09.01.2009 13:59
Аз дер боз бисёре аз таҳаввулоти таърихӣ бо дигаргун шудани номҳои ҷуғрофиёӣ ҳамроҳ буда ва таърихи кишвари мо низ аз ин қойида дар канор набудааст. Охирин мавриди номгардонӣ дар Тоҷикистон тобистони гузашта сурат гирифт ва ҳамзамон 6 ҷамоати деҳот, 88 деҳа ва 2 шаҳрак дар ноҳияи Рӯдакӣ номгардон шуд. ....
Салафия мамнӯъ эълом шуд 08.01.2009 21:49
Додгоҳи олии Тоҷикистон равияи мазҳабии «Салафия»-ро дар кишвар мамнӯъ эълон кард.
САРДАБИРРО ЛАТУ КӮБ КАРДАНД ё кист он ҳамлагар, ки худро корманди милиса гуфт? 08.01.2009 20:06
Абдулмӯъмин Шерхонов, сардабири нашрияи мустақили "Пажвок" дар шаҳри Кӯлоб, ки бо нашрияи "Миллат" низ ҳамкорӣ дорад, аз сӯи афроди ношинос лату кӯб шудааст. Абдулмӯъмин Шерхонов гуфт, ин ҳодиса соати 17-и рӯзи сешанбе каме дуртар аз дафтари кории ҳафтаномаи "Пажвок" дар маркази шаҳри Кӯлоб иттифоқ афтод. Ба гуфтаи ӯ, ду ....
ДАРЁИ ХУН ДАР ПАҲЛӮИ РӮДИ УРДУН 08.01.2009 15:33
Ҳамагӣ дар давоми ду ҳафта, беш аз 600 (шашсад!) фаластинӣ, ки ағлаби онҳо занону кӯдакони бегуноҳ буданд, дар ҳамлаи артиши Исроил ба навори Ғазза кушта шуданд. Наздик ба 3000 (се ҳазор!) ИНСОН бо гуноҳи он, ки фаластинӣ ва мусулмон буданд, дар пайи ҳамлаҳои ваҳшиёнаи Исроил, ки аз роҳи ҳавову ....
ИЗА ЗУЛЗИЛАТИЛ АРЗУ ЗИЛЗОЛАҲОё вақте замин меҷунбад, бо сахтарин ҷунбидан 08.01.2009 15:29
Тибқи иттилоъи Маркази зилзиласанҷии шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2008 то 5 январи соли 2009 дар шаҳри Душанбе 3 маротиба: субҳи 29 декабр, соати 08:37; нимашабии 4 январ, соати 01:23 ва 5 январ, соати 04:12 субҳгоҳӣ заминларзаи эҳсосшаванда ба вуҷуд омад. Маротибаи аввал, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, заминҷунбӣ ....
681 тоҷик дар Русия кушта шудааст 08.01.2009 15:28
Додситонии кулли Тоҷикистон аз афзоиши қобили мулоҳизаи маргу мири шаҳрвандони ин кишвар дар хориҷ аз кишвар, бавижа дар Русия, дар як соли ахир хабар додааст.
Газ қиммат мешавад 08.01.2009 15:27
Ширкати "Тоҷикгаз" тасмим гирифтааст, ки қиммати газро барои муштариён дар соли ҷорӣ то ҳудуди 60 дарсад афзоиш бидиҳад.
Қиммати барқ низ афзуд 08.01.2009 15:27
Мақомоти Тоҷикистон қимати истифода аз неруи барқ дар кишварро 25 дарсад афзоиш додаанд. Ин тасмим аз аввали соли нав ба мавриди иҷро гузошта хоҳад шуд.
Сардабирро лату кӯб карданд 08.01.2009 15:26
ё кист он ҳамлагар, ки худро корманди милиса гуфт? Абдулмӯъмин Шерхонов, сардабири нашрияи мустақили "Пажвок" дар шаҳри Кӯлоб, ки бо нашрияи "Миллат" низ ҳамкорӣ дорад, аз сӯи афроди ношинос лату кӯб шудааст.
ЁДЕ АЗ «ДУХТАРИ МАШРИҚ» БЕНАЗИР БУТУ(ба муносибати ёдбуди марги Беназир Буту) 07.01.2009 14:47
БҲУТТО Ё БУТУ? Ҳич инсон дӯст намедорад, ки ном ё насабаш ғалат гирифта шавад ё ҳатто як ҳарфаш нодуруст навишта ё талаффуз гардад. Боре бо меҳмонони чинӣ ҳамсӯҳбат шудам, ки аз дасти ғалат гирифтани номашон ба худ номи русӣ интихоб намуда буданд. Гузашта аз ин дуруст талаффуз кардани ном амрест, ....
СОЛИ 2008 СОЛИ БУҚҚА Ё БУЗУРГДОШТИ ИМОМИ АЪЗАМ 07.01.2009 14:45
ва он соли зуҳури нахустин кайҳоннаварди кишвари Тоҷикистон хоҳад шуд Пас аз чанде соли нави 2009-уми мелодӣ медарояд. Ин соли навест, ки мардуми тоҷик омадани онро интизор мешаванду мардум барои оростани дастурхони идона ҳар гуна нуқлу шириниҳо мехаранд. Соли нав мутобиқи мӯчал соли бақар, яъне гов аст. Гарчанд ки мураттибони ....
ЖУРНАЛИСТОН ДАР МУҚОБИЛИ ДУ ҒУЛИ ҶАҲОНӢ: АМРИКО ВА РУСИЯё сухан дар соли 2008 чӣ нируе дошт? 06.01.2009 14:34
Перомуни вокуниши хабарнигори телевизиони ироқӣ Мунтазири Зайдӣ пас аз солҳо тадқиқотҳои мухталифи илмию ҳуқуқию рӯзноманигорӣ анҷом дода мешаванд. Аммо амали ҷасуронаи ӯ алайҳи истибдод мавзӯи қиссаҳои қаҳрамонӣ гашта, тавассути онҳо акси садои кафши Зайдӣ баъди қарнҳо ба гӯши одамон хоҳад расид. Шумораи куштагони ҷанги таҳмилии Ироқ имрӯз аз куштагони ....
МУҲИМТАРИН ТАҲАВВУЛОТИ ФАЗОИ ДИНДОРӢ ДАР СОЛИ 2008 06.01.2009 14:31
Чун саҳифаи "Миллат ва Ислом" ба масоили мазҳабӣ ва боло бардоштани сатҳи огоҳии динӣ бахшида шудааст, ба унвони ҷамъбасти сол масъулини саҳифаи мазкур тасмим гирифтанд, бо суоли "муҳимтарин таҳаввулоти фазои диндории Тоҷикистон дар соли 2008 кадом буд?" бо бархе аз чеҳраҳои мазҳабӣ ва коршиносони масоили динӣ дар тамос шавад. ....
Боз зилзила 05.01.2009 18:08
Субҳи имрӯз, 5 январ, дар шаҳри Душанбе ба шиддати се дараҷаи Рихтер зилзила рух дод. Маркази ин зилзила Афғонистон дониста шудааст, ки шиддаташ шаш дараҷаи Рихтер гуфта мешавад.
СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ…ё чӣ тавр имсол ҳамсояи наздик аз пешрафти мо зиқ ва ҳамсояҳои дур дар пайи пешрафти мо буданд 05.01.2009 14:23
ИМСОЛ СОЛИ НУР БУД Соле, ки сипарӣ мешавад,барои мардуми мо соли фаромушношуданӣ буд. Соле буд, ки барои мо хушбахтиву комёбиҳо овард ва гоми устуворе дар рушду таҳкими ватани тозаистиқлоламон гузошт. Беш аз ҳарсола дида, комёбиҳои назаррасе дар соли 2008 моро ҳамроҳӣ дошт ва кишвари азизамон мавқеи ҷаҳониашро дар ақсои олам ....
ГАРАТ АЙБҶӮӢ БУВАД ДАР СИРИШТ…ё тундгароии дунявӣ аз тундгароии динӣ хатарноктар аст 05.01.2009 14:15
ҲУҶУМ БА ДОЪИЁНИ ИСЛОМ Чандест афкори мардуми кишвари моро мақолаҳои аҷибу ғариби мухталиф ба худ ҷалб кардааст. Чи гунае ки ҳамагон медонанд, вақте дар фазои иттилоотии кишвар холигие эҳсос шавад, гурӯҳҳо ва афроди фурсатталаб бо ҳар роҳу восита он холигиро пур мекунанд. Гоҳе ҳадафҳои ин гурӯҳҳо ва афрод холисона, огоҳона ....
43 БАР 43 ё назаре ба таърихи кафш ва партоби он 04.01.2009 21:34
САФАРИ "АЛ- ВАДОЪӢ"-И БУШ ВА КОРНОМАИ ЗАЙДӢ Соле, ки гузашт бо ҳама неку бадаш барои ҳамеша ҷойи хешро дар сафҳаи таърих гирифт. Ин сол накӯ буд ё бад 365 рӯз моро дар оғӯши худ дошт ва инак мо чун ёри бевафо домони ӯро раҳо кардем ва худро ба оғӯши ёре ....
ИСОИ МАСЕҲ ВА СОЛИ НАВ 04.01.2009 21:26
Дар Ислом Исо писари Марям - паёмбари Худои ягона ҳаст, ки Инҷил ба ӯ нозил шудааст. Соли нав ҷашне ҳаст, ки бо поён ёфтани як сол ва оғоз шудани соли нав онро таҷлил мекунанд. Маъмулан ин ибора ба ҷашни соли нави масеҳӣ итлоқ мешавад. ТАЪРИХЧАИ СОЛИ НАВ Дар умум, ҷашнгирии соли ....
БИЁ, СОЛИ НАВ! 02.01.2009 14:34
Марҳабо, соли нав! Биё, ки туро пазмон шудам. Бо ҳамҳамаю валвала фаро бирас, то замоне биосоям. Падруд, соли кӯҳан! Соле, ки ростӣ,мушкилоти зиёд ҳам дошт. Нарху навои маводи ғизоӣ хеле боло рафт. Соли такопӯ, соли ҳаёҳӯ, соле, ки муҳтавои ҳаёти мардум дарёфти ғизои арзон, рӯшноӣ ва ҳезум шуд.
РӮЗНОМА-ҲЕЗУМ 02.01.2009 14:29
ДИРӮЗ Маъракаи обуна ба матбуоти даврӣ яке аз масъалаҳои умдаи сиёсии давлати шӯра¬вӣ ба ҳисоб мерафт. Зеро дар он замон, дар мавриде ки телевизион имкониятҳои имрӯзаашро надошт, матбуот вазифаи асосии пропагандист, агитатор ва ташкилотчии ҳизбро ба таври воқеӣ иҷро менамуд.
ҲАМ ҶИДДИЮ ҲАМ ШӮХӢ 31.12.2008 21:30
ЖУРНАЛИСТИ СОЛ Толибшоҳи Сайидзода, муҳаррири нашрияи мову шумост, ки тӯли як сол заҳмат кашида, матолиби нашрияро хонданбоб кардааст. Аз ҷумла силсилаи мусоҳибаҳои Толибшоҳи Сайидзода зери унвони "Аз истиқлол то иҷлосияи 16" аз ҷониби хонандаи "Миллат" истиқбол гардид. Ҳайъати эҷодии "Миллат" бо назардошти зангҳои телефонии хонандагони азиз ба ин натиҷа расиданд, ....
БЕҲТАРИНҲОИ ФУТБОЛИ ТОҶИК 31.12.2008 18:43
Пас аз як моҳи раъйдиҳӣ беҳтаринҳои футболи тоҷик дар соли 2008 аз нигоҳи хонандагони торнигори «Футболи Тоҷикистон» (www.footballtj.wordpress.com) муайян шуданд. Унвони беҳтарин бозигари соли 2008-и Тоҷикистон насиби Юсуф Рабиев шуд. Юсуф Рабиев бо чаҳор голаш дар панҷ бозии Ҷоми чолиш дар Ҳайдаробод дар феҳраси беҳтарин голеадорҳои IFFHS ворид буд ва ....
ҲНИТ аз мардуми Фаластин пуштибонӣ кард 31.12.2008 18:14
Субҳи 31 декабр дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ҷамъи беш аз се сад нафар ба нишони ҳамрайъӣ ва якдилӣ бо мардуми мусалмони Фаластин ҳамоиш баргузор шуд. Ин ҷамъомад бо қироати оёте чанд аз Қуръони Шариф аз ҷониби, фарзанди асосгузор ва раҳбари фақиди ин ҳизб Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ....
ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР 31.12.2008 16:33
ВАЗИРИ СОЛ Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии кишвар, пуркортарин вазири ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2008 маҳсуб меёбад. Бо сари кор омаданаш Ҳамроҳхон Зарифӣ, барои Тоҷикистон уфуқҳои навро барои ҳамкориҳои сиёсати хориҷӣ боз кард.
1 УШТУР, 1 ХАР, 1 МАЙМУН…ДАР СИРKИ ТОҶИК 31.12.2008 16:30
СИРК ҚАДИМИТАРИН ҲУНАРИ МАРДУМИСТ Мегӯянд, ки сирк- ин макони дилхӯшӣ барои кӯдакон аст, вале ин ақида билкул ғалат аст. Ба сирк метавон бо аҳли хонавода рафт ва ҳар нафар он чизеро тамошо мекунад, ки маҳз барои ӯ офарида шудааст. Ҳанӯз дар давраҳои қадим санъати сирк ташаккул ёфта буд, жанрҳои сиркӣ ....
Мирзошо ВАТАНШО: ТОШМУҲАММАДОВ,ЧАРО ҚАҲРАМОН НАШУД? 31.12.2008 14:46
Имрӯз, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Доғ¬ҳои сиёҳ"-и таърих равшан мешаванд, ба хидматҳои фарзандони арзандаи миллат арҷ гузошта мешавад ва адолати таърихӣ барқарор мегардад. Умед аст, ки садсолагии Мастибек Тошмуҳаммадов имкону асосе хоҳад шуд, ки ба хизмати ин шахсият махсусан дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ....
МАНУ ТУ МО ШАВЕМ, КОРРУПСИЯ НЕСТ МЕШАВАД 31.12.2008 14:44
Яке аз самтҳои асосии мубориза бо коррупсия ва ё ба истилоҳ ришваситонӣ ин пешгирии ин зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ мебошад. Ҷалби аҳолӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ, таъмини иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия, фаъолияти пешгирии ин равандҳоро муайян ва дар амал ҷорӣ менамояд. Ягон кишвари дунё сарфи назар аз ....
АЗ ҶАНГ ТО СУЛҲУ СОЗАНДАГӢё роҳи ноҳамвори тоҷик чӣ гуна ҳамвор шуд? 30.12.2008 14:11
МАРДУМ АНДЕШАҲОИ МУХТАЛИФ ДОРАНД Дар ҳар кишвар ва ҳар давру замон хоҳу ноҳоҳ кору амали ҳукумат ва худи сарвари давлат дар ҷамъомадҳои хоссаи мардум мавриди муҳокима қарор мегирад. Раъият дар ин сӯҳбатҳои хосса, назар ба матбуоти давлатӣ бештар, аз ҳақиқат ҳарф ва ҳадс мезанад. Назари худро нисбат ба ҳокимони давр ....
БЕЗОРИИ ИМОМИ АЪЗАМ АЗ КОРРУПСИЯё чаро Абуҳанифа раиси Додгоҳи олӣ шудан нахост? 30.12.2008 14:07
Тавре ки маълум аст, сахттарин мушкилот дар ҷомеаи имрӯза фасод ва ришвахорӣ мебошад. Ва ё ба истилоҳи дигар коррупсия. Тибқи гузориши Transparency International (Созмони шафоффияти байналмилалӣ), ки дар амри мубориза бо коррупсия фаъолият дорад, имрӯз ширкатҳои тиҷоратии Русия дар хориҷи кишвар барои ба ҳадаф расидан аз ҳама бештар ришват ....
Муҳаммадрозиқ НЕЪМАТОВ: МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ ТАНЗИМ ШАВАД, МУШКИЛ ОСОНТАР МЕШАВАД 29.12.2008 14:05
Узбакистон гастарбайтерҳои худро аз Русия ба Дубай мефиристад ва мо набояд интизор бинишинем Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Муҳаммадрозиқ Неъматов, раиси кулли ширкати "Orian International Real Estate LLC"
СИРКАИ САРИ МОЛ ё «ЖАНДАРМИ МИНТАҚА» УЗБАКИСТАН, 29.12.2008 14:02
НИГОҲ АЗ ПУШТИ АЙНАКҲОИ ҒАЛИЗ Тавре, ки расонаҳои хабарии кишвар қаблан иттилоъ доданд, Узбакистон сар аз 1 декабри соли равон бидуни огоҳии қаблӣ сарҳадоти худро ба рӯи Тоҷикистон бубаст. Қазияро сафорати Узбакистон амри муваққат хонда, аз шарҳи он худдорӣ намудааст. Аз ин ки Узбакистон сарҳадоти худро ба рӯи Тоҷикистон мебандад, ....
ГУНОҲИ БОЗОР ДУРӮҒ НАГУФТАНАШ АСТё дигар аз устод Тоҷикистонро напурсед! 28.12.2008 15:06
Бале, ин навишта низ барои устод Бозор аст, вале якҷоя бо ҳама навиштаҳо ва гуфтаҳо хеле кам аст, дар қиёс ба бузургии устод. Шояд ҳатто яклаҳзаина хаёл кардани ӯ дар бораи хоку диёр фаротару болотар аст, аз ҳама навиштаҳо ва гуфтаҳои мову шумо. Ин яқин аст, бе шояду бе ....
ҚОДИЁНӢ – ДАЪВОГАРИ ДУРӮҒИНИ ПАЁМБАРӢ 28.12.2008 15:02
Қодиён номи деҳе дар иёлати Панҷоби Ҳиндустон аст. Аз он ҷо яке аз муддаиёни дурӯғини нубувват дар охири аср бо номи Мирзо Ғулом Аҳмади Қодиёнӣ ба дунё омада ва имрӯз ҳам маркази фаъолияти пайравони ӯ ба ҳисоб меравад. Пайравони Мирзо Ғулом Аҳмад ба "қодиёнӣ" машҳуранд ва ойине, ки ӯ ....
ЗАЯВЛЕНИЕ Союза журналистов Таджикистана и Национальной ассоциации независимых СМИ Таджикистана 27.12.2008 18:26
Союз журналистов Таджикистана (СЖТ) и Национальная ассоциация независимых СМИ Таджикистана (НАНСМИТ) выражают свою озабоченность в связи с эскалацией конфликта между Посольством РФ в Душанбе и ряд независимых газет страны, и призывают сторон к толерантному отношению к позициям оппонентов.
ЭЪТИРОЗИ “ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН” АЗ ЭЪТИРОЗНОМАИ САФОРАТИ РУСИЯ 27.12.2008 15:03
Торнигори “Футболи Тоҷикистон” аз ҳодисаҳои ҳамла ба муҳоҷирони кории ғайрирус дар Русия ва қатлу куштори онҳо, аз муносибати бепарвоёнаи мақомдорони Русия ба ин ҳодисаҳо ва бемуҷозот мондани қотилон - неофашистони рус шадидан нигарон аст.
ЧИН ДАР ДУРОҲАИ ИХТИЁР: ИРОН БЕҲТАР Ё АМРИКО 27.12.2008 14:01
Дар бозорҳои кишвар асосан колои воридшуда аз ду кишвар Чин ва Ирон аз ҳама бештар ба чашм мехӯрад. Ба илова мебинем, ки ирониву чиниҳо дар обод кардани роҳу нақбу пойгоҳҳои барқии мо ҳам саҳим ҳастанд. Ин вазъияту аҳвол далели равобити хуби Тоҷикистону кишварҳои мазкур мебошад.
Салими ХАТЛОНӢ: ГУЛРУХСОР БОНУИ ҲАҚГӮ ВА МУБОРИЗ 27.12.2008 13:56
Ё шоире, ки шеъраш дар сароҳати камол ва ба маънавиёти ҷомеъа созгор аст Сӯҳбати пажуҳишгари кафедраи журналистикаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон Бимукаррама Насруллоева бо шоир Салими Хатлонӣ
Умаралӣ НАЗАРОВ: ҶОНИБДОРИ ПӮШИШИ МИЛЛӢ – ИСЛОМӢ ҲАСТАМ 26.12.2008 14:02
Ба таҳсили илми дин пардохтани духтарон аз дидгоҳи шаръӣ, шумораи духтарони толибилм дар Донишкадаи исломии ба номи Имом Тирмизӣ, ояндаи духтарони фориғуттаҳсил. Ин ва дигар масъалаҳо дар мусоҳибаи Райҳона Мирзоева бо ноиби ректори Донишкадаи исломии ба номи Имом Тирмизӣ Умаралӣ Назаров:
ПАЁМАДИ БӮҲРОНИ МОЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: БЕКОРӢ, БЕПУЛӢ ВА ГУРУСНАГӢ 26.12.2008 13:09
Андешаҳо атрофи сар задани бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва таъсири он ба иқтисоди Тоҷикистон гуногунанд. Қисме аз коршиносони мустақил бар онанд, ки бӯҳрони молиявӣ ба иқтисоди Тоҷикистон наметавонад таъсири назаррасе дошта бошад ва аксари дигар бошанд, андешаи мухолиф ба хулосаи авваларо доранд.
МО ҒУЛОМ НАЕМ, ҒУЛОМОН ЛОЛАНД!!! (Мы не рабы, рабы немы) 25.12.2008 15:25
Дар кадом давлати дунё як гурӯҳи саркалони бесоҳибаш сарҳои шаҳрвандони кишвари шарики стротежии хешро мекананд? Дар Русия! 24 декабр Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ба унвони Вазорати хориҷаи кишвари мо Нота ирсол намудааст, ки дар он аз ҷумла омадааст:
БА ҶОЙИ «ИЗҲОРИ ТАСЛИЯТ» оё ҳуқуқи Инсон дар Русияи ҳуқуқбунёд риоя мешавад?!.. 25.12.2008 15:22
Фоҷиаи дар қаламрави Русия, рустои Жабинои наздикии Маскав ба сари шаҳрванди 22 солаи тоҷик Салоҳиддин Азизов омада, дили ҳар инсонеро хуншор накарда наметавонад. Агар ин ҳодисаи даҳшатнок дар Афғонистон ва ё Ироқи аз дасти истилогарон ба дод омада, рух медод, ба фаҳми он расидан мумкин буд.
Шаш чархбол ба Тоҷикистон омад 25.12.2008 14:59
Парлумони Тоҷикистон воридоти шаш чархболи ҷангӣ аз Русияро аз пардохти гумрукӣ озод кардааст. Дар иҷлосияи парлумон дар рӯзи сешанбеи 23 декабр зимни ислоҳи қонуни буҷаи соли 2008 таъкид шуд, ки ин чархболҳо дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои низомию фанни ду кишвар "дар корхонаҳои Русия тармим карда ва бозпас оварда шудаанд."
Муҳоҷирати корӣ муҳокима шуд 25.12.2008 14:59
Русия аз тарҳи консепсиюни сиёсати муҳоҷират дар қаламрави кишварҳои ҳамсуд интиқод кардааст.Ин матлаб чанде қабл дар шаҳри Душанбе зимни баррасии ин санад аз сӯйи коршиносони кишварҳои узви Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ эълом шуд.
Нашрияҳо худкифо ҳастанд? 25.12.2008 14:58
23 декабр дар ҳамоише дар шаҳри Душанбе эълом шуд, ки 95 дарсади нашрияҳои чопи ин кишвар худкифо нестанд. Мизи гирди "Истиқлоли иқтисодӣ - омили аслии озодии матбуот" ба ибтикори нашрияи "Ҷомеъа" ва Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ва бо ҳадафи тавсеъаи арсаи матбуот ва табъу нашр дар ин кишвар баргузор шудааст.
Талко кормандонашро ихтисор намекунад 25.12.2008 14:57
Ширкати Талко, бузургтарин корхонаи санъатии Тоҷикистон, мегӯянд тасмим гирифтааст мизони тавлидоти худро ба таври қобили мулоҳизае коҳиш бидиҳад. Манобеъи корхонаи алюминиюм ё ширкати Талко, интизор меравад то поёни соли ҷорӣ тавлидоти алюминиюм дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ то даҳ дарсад коҳиш ёбад.
ЗАНОНРО БО РОҲИ СУНЪӢ ҲОМИЛА КУНЕД: ИМОМОВ ТАРАФДОР ПАРЛУМОН ЗИДПарлумон аз расму номуси тоҷикӣ ҳимоят кард 25.12.2008 14:54
БАҲСИ ҲОМИЛАСОЗӢ ДАР ПАРЛУМОН Азизмат Имомов, муовини вазири адлияи Тоҷикистон дар иҷлосияи рӯзи 23 декабри парлумон тарҳи ислоҳот ба қонуни сабти ҳолати шаҳрвандиро, ки аз ҷумла ҳомиласозии занонро ба роҳи сунъӣ пешбинӣ мекунад, пешниҳод кард, ки пас аз баҳсу гуфтугӯҳои шадид пешниҳоди муовини вазири адлия аз сӯйи вакилони мардумӣ пазируфта ....
УЗБАКИСТОН НАМЕХОҲАД БАР «ФОТИҲА»-и РУСҲО «ОМИН» ГӮЯД 24.12.2008 14:21
САНГАНДОЗӢ БА ПОЛЕЗИ ҲАМСОЯ Масъалаи бунёд кардани ниругоҳи барқи обии Роғун, ки ба он аксари мардуми Тоҷикистон ҳамчун ба сарчашмаи муҳими ҳаёташон умед бастанд, мудом мавриди баҳси мақомоти давлатии кишвари ҳамсояи мо - Узбакистон қарор дорад. Чунин ба назар мерасад, ки масъулини давлатии узбак ба ҷуз Роғун андешаи дигар дар ....
ШУКР, КИ ХОБГОҲ ДОРЕМ, ВАЛЕ… 24.12.2008 13:29
Хобгоҳи наве, ки соли ҷорӣ дар Шаҳраки донишҷӯён ба истифода дода шуд, бе муҳобо мушкили чанд донишҷӯи бе хонаро ҳал кард. Баъд аз он ки ба ин хобгоҳ донишҷӯёнро ҷой карданд, маълум шуд, ки донишҷӯёни мӯҳтоҷ ба ҷойи хоб ва аз навоҳии дурдасти кишвар омада зиёд будаанд.
ТААМУЛЕ ДАР ИДҲОИ ИСЛОМӢ 24.12.2008 13:24
Маъулуму маъруф аст, ки дар дини мубини Ислом ҳамагӣ ду ид вуҷуд дорад: Рамазону Қурбон ва ё бо номҳои дигар иди саиди Фитр ва иди Азҳо. Инро ҳама медонанд ҳатто ғайри мусулмонҳо ҳам. Родию ва телевизёнҳои гуногуну мухталифи ҷаҳон аз рафту ҷараёни ин ду ид дар кишварҳои мухталифи мусалмоннишин ....
ИМОМ БУХОРӢ ҶАМЪОВАРАНДАИ ҲАДИСҲОИ САҲЕҲ 23.12.2008 13:42
Чанд нафар аз хонандагони ҳафтанома нома фиристода, бо изхори ташаккур аз он ки дар сафҳаи "Миллат ва Ислом" навиштаҳои ҷолибу хонданӣ дар бораи мавзуоти муҳими мазҳабӣ-фарҳангӣ ба нашр мерасонем, дархост кардаанд, ки дар бораи Имом Бухорӣ - мусаннифи китоби "Саҳеҳ" матлабе чоп намоем. Бо камоли майл ва қабули пешниҳоди ....
АТО, БАР САРИ УСТОД САНГ МАЗАН! 23.12.2008 13:35
Мӯҳтарам Ато Мирхоҷа, ман гумон мекунам,ки шеъри шумо тӯҳфаи шумо буд ба ҷашни 70 солагии устод Бозор Собир. Шумо хостед сенсатсия кунед,аз худ қаҳрамон тарошед. Замони хубу осоишта, озодии сухан ҳар касе чизе хоҳад озод мегӯяд, дар дилаш армон намемонад. Ва аз ин неъмат истифода карда дарди дилатро гуфтаӣ. ....
Беҳтарин варзишгарони соли 2008 22.12.2008 16:02
Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон 10 варзишгари беҳтарини соли 2008-ро эълон кард.
ШАРАФ ГАР НАКУНАД ФАҲМИ СУХАН… 22.12.2008 13:57
Нигоштаҳои Шарафи Абубакр, сокини шаҳри Кӯлоб бо номи "Муҳаққиқ дар таҳқиқ беғараз бош" - ро бо эҳтиром мутолиа намудам, ки номбурда баъди дебочаи худ ба фасонагӯӣ, таҳқир ва умумигӯйӣ пардохтааст.
АЗ ҚОҒАЗИ ТАШНОБ НАҲАРОСЕД! 22.12.2008 13:48
Сару садоҳо дар мавриди суду зиёни коғази ташноб зиёд аст; яке мегӯяд, коғази ташноб дар таркибаш сурб дорад, агар онро бисёр истифода бубарӣ ба бемории пасдардӣ (геморрой) гирифтор мешавӣ, дигаре бар ин назар аст, ки ин коғазҳо дар таркибашон "бактерия" доранд, дар натиҷаи муддати тӯлонӣ аз он истифода кардан ....
ЛИТСЕЙҲОИ ТУРКӢ, ДИЙДОРИ АЛӢ БОБОҶОН ВА ТОҶИКОНИ КАМСАВОД 20.12.2008 15:59
КОМПЮТЕР ДАР МАКТАБ МӮЪҶИЗА НЕСТ! Баъзе аз ҳампешаҳои мо дар мавриди литсейҳои туркии дар баъзе аз манотиқи Тоҷикистон таъсисёфта, навиштаҳое ба табъ мерасонанд, ки гӯё "агар ҳамин литсейҳои туркӣ набошанд, насли навраси мо бесаводу аз замона қафо мемонад…".
БОЗОР СОБИР ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ 20.12.2008 15:55
Дер боз мехостам дар бораи устоди бузурги шеъри форсӣ, яке аз саромадони бузурги худшиносии миллӣ, шахсияте, ки шеър ва кору пайкораш аз овони наврасӣ ба камина таъсири сахти равонӣ дорад, Бозор Собир мақолае нависам ва хушам меояд, ки ин навиштаи ночизи банда ба ҷашни мубораки 70 солагии устод рост ....
ПУТИН МЕГӮЯД, СКИНХЕД АМАЛ МЕКУНАД, ТОҶИК МЕМИРАДҲукумати Тоҷикистон бояд тадбир биҷӯяд! 19.12.2008 15:15
ҲУКУМАТИ РУСИЯ БО СКИНХЕДҲО ҲАМКОР АСТ?! Аз cӯйи нажодпарастони рус сар буридани муҳоҷири тоҷик дар наздикии шаҳри Маскави Русия нафрату кинаи мардуми тоҷикро бедор намуд. Ин ҳодиса бори аввал нест, ки аз ҷониби скинхед ва ё сартарошидаҳои рус рух медиҳад.
ГУРЕЗИ БУШ АЗ ПОПӮШ 19.12.2008 14:59
Пойафзолпартоии журналисти ироқиро ба сӯйи Ҷорҷ Буш дар нишасти матбуотиаш дар Бағдод ба ҳеҷ ваҷҳ амали қаҳрамонӣ арзёбӣ намекунам. Ва ин нуқтаи назар на танҳо ба он хотир аст, ки ин амал хилофи одоби журналистӣ ва қавонини байналмилалӣ мебошад. Бале, ҳамлаи ИМА болои Ироқ ба ҷуз таҷовуз чизи дигаре ....
ВОЙИ ШОИР, ВОВАЙЛОИ АВОМ! Ё ҷавобе ба ҳақоратномаи ду шоири тоҷик 19.12.2008 14:57
Дар шумораи №49, 04 декабри соли равони ҳафтаномаи бонуфузи "Миллат" дар саҳифаи охиринаш зери рубрикаи "Шоири миллат" "номаи дод" ва шеъри ба устод Бозор Собир бахшидаи шоир Ато Мирхоҷаро хондам. Ато Мирхоҷа, ки дар шеъргӯӣ ва шеърбофӣ "устухон надорад", мегӯяд:
НОТА-и Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Русия 18.12.2008 14:00
Вазорати умури хориҷаи кишварамон дар робита ба қатли Салоҳиддин Азизов, як шаҳрванди Тоҷикистон ба дасти гурӯҳе ношинохта дар Маскав ба Вазорати хориҷаи Русия нота ирсол кардааст.
Боз тоҷике кушта шуд ва боз дар Русия 18.12.2008 13:59
Як шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав аз ҷароҳати зиёде бар асари зарби корд даргузаштааст. Дар ин бора рӯзи сешанбе, 16 декабр хабаргузории Интерфакси Русия аз қавли манобеъи ниҳодҳои интизомии Русия гузориш додааст.
Маслиҳатҳо напухтанд 18.12.2008 13:59
Тоҷикистон ва Узбакистон натавонистаанд дар мавриди қиммати гази табиӣ барои соли оянда ба тавофуқ бирасанд. Гуфта мешавад, ки ширкати "Узтрансгаз" - и Узбакистон, ки барои интиқоли газ ба Тоҷикистон муваззаф аст, то ҳол қимати гази содиротии худро эълом накардааст.
Нодории тоҷик муҳокима шуд 18.12.2008 13:58
Мақомоти Тоҷикистон ва масъулони созмонҳои байналмилалӣ аз иҷрои кунди Барномаи коҳиши мизони фақр дар ин кишвар изҳори нигаронӣ карданд.
ЖУРНАЛИСТЕ, КИ ҶОРҶ БУШРО БО КАФШАШ ЗAД, КӢ БУД: АВБОШ Ё ҚАҲРАМОН 18.12.2008 13:50
Зимни як нишасти хабарӣ дар таърихи 14 декабри соли равон, ки бо ҳузури президенти кунунии Амрико- Ҷорҷ Буш баргузор мегардид, хабарнигори телевизиони "Ал-Бағдодия" Мунтазир Зайдӣ, яке пайи дигар, ҳарду кафшашро ба сӯи Буш ҳаво дод ва ба забони арабӣ гуфт: "Ин бӯсаи видоъии ироқӣ аст, саг!"
ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР БА ЛОНА БАРМЕГАРДАНДВа онҳоро дар хона чӣ интизор аст? 17.12.2008 14:01
Коҳиши 50 дар сади муҳоҷирати корӣ дар Русия чӣ дарди саре барои кишвари мо эҷод хоҳад кард? Бозгашти сели муҳоҷирин ба кишвар агар як омили бӯҳронзост, пас он чӣ пайомаде хоҳад дошт ва тадбир чист? Хабарнигори "Миллат" сари ин мавзӯъ бо чанд тан донандагони ин масоил пурсишеро анҷом дод, ....
Медали биринҷии Толеъ Холназаров 11.12.2008 19:08
Толеъ Холназаров, вазнабардори маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи пауэрлифтинг дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барандаи медали биринҷӣ гардид.
Расул Боқиев боз соҳибҷоиза шуд 11.12.2008 19:07
Дуввумин мусобиқаи байналмилалии дзюдо миёни пурқувватрарин варзишгарони ҷаҳон дар вазни то 81 киллограм дар шаҳри Нижневартовскии Русия баргузор шуд. Дар ин мусобиқот 16 варзишгар аз 10 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.
Зоирони тоҷик боз овора шуданд ё Ҳаҷи тоҷикӣ идома дорад 11.12.2008 15:36
Беш аз 80 нафар аз зоирони тоҷик ба баҳонаи сохта будани визаҳояшон ба хоки Арабистони Саъудӣ роҳ дода нашуданд. Рӯзи 9 декабр 82 нафар аз зоирони тоҷик, ки ҳаҷи имсол дар Макка маҳрум шуда буданд, тариқи Туркия ба Душанбе баргаштаанд.
Тоҷикон барои ҳаққи худ талош карданд 11.12.2008 15:35
Масъулони созмонҳои фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Екатеринбурги Русия аз натоиҷи муваффақи тазоҳуроти муҳоҷирони корӣ дар ин шаҳр, ки ҳудуди ду ҳафта қабл оғоз шуд, хабар додаанд.
Ширкати нави ҳавонавардӣ таъсис ёфт 11.12.2008 15:35
Дар Тоҷикистон як ширкати ҷадиди ҳавопаймоӣ бо номи "Тоҷ Эйрлайнз" ба фаъолият оғоз кардааст. Ин чаҳорумин ширкати ҳавопаймоӣ дар ин кишвар аст, ки ба ҳамлу нақли мусофирон машғул хоҳад шуд.
Кӯдакони тоҷик қочоқ мешавад 11.12.2008 15:34
Масъулони ЮНИСЕФ ё Сандуқи Кӯдакони СММ ва Маркази тадқиқоти стратегии Дастгоҳи президенти Тоҷикистон аз густариши мавридҳои қочоқи кӯдакон дар дохил ва хориҷи кишвар башиддат изҳори нигаронӣ карда ва хостори иқдомоти ҷиддӣ барои ҷилавгирӣ аз он шудаанд.
Ҷазо барои қочоқи шираи камол 11.12.2008 15:33
Парлумони Тоҷикистон ислоҳотеро дар қонуни ҷинойӣ ва қонуни расидагӣ ба тахаллуфоти идории ин кишвар ворид кардааст.
Ворастагии бархе сокинон аз вобастагии Узбакистон 09.12.2008 19:39
Мутахассисони ширкати амрикоии «Тетис Петролиум Тоҷикистон» дар мавзеи Лучоби шаҳри Душанбе кони газ кушоданд.
Раиси Яман ба Тоҷикистон меояд 04.12.2008 14:08
Дар ҷараёни дидори Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, аз Яман дар мавриди ифтитоҳи Консулгарии ифтихории Тоҷикистон дар шаҳри Санъо тавофуқ ҳосил шудааст.
Додоҷони Атоулло таъқиб намешавад 04.12.2008 14:08
Додситонии Русия мегӯяд Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори мухолифи давлати Тоҷикистон ва раҳбари ҷунбиши мавсум ба "Ватандор"-ро, ки тайи чанд соли ахир дар Маскав ба сар мебарад, мавриди таъқиби ҷиноӣ қарор надодааст.
Русия дар боздошти Искандаров даст дорад? 04.12.2008 14:07
Маҳмадрӯзӣ Искандаров қабл аз маҳкумият ба 23 соли зиндон, дар миёнаи моҳи апрели соли 2005 дар Маскав нопадид шуд ва пас аз чанд рӯз дар яке аз боздоштгоҳҳои Тоҷикистон пайдо шуд.
Чаро пизишкон ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд? 04.12.2008 14:07
Тибқи иттилоъи Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, ҳоло дар ин кишвар 44 кӯдаки мубтало ба вируси Эйч-ой-вӣ (ВИЧ, СПИД) сабт шудааст.
Бонки Осиёии Рушд қарз нaмедиҳад 04.12.2008 14:06
Бонки Осиёии Рушд тасмим гирифтааст аз ироаи қарз ва эътибороти молӣ ба Тоҷикистон дар чаҳор соли оянда худдорӣ кунад. Масъулони ин бонк мегӯянд, ки дар ин муддат ин ниҳоди молии байналмилалӣ ба Тоҷикистон танҳо кӯмакҳои билоъиваз ироа хоҳад кард.
Кӯҳансолтарин инсон даргузашт 28.11.2008 21:59
Эдна Поркар, ки дар рӯйхати рекордҳои Гиннес ҳамчун кӯҳансолтарин инсон дар курраи замин омадааст, дар сини 115 – солагӣ даргузаштааст.
Масъуди сипаҳсолор дар Тоҷикистон 27.11.2008 15:28
Баъд аз таъхири чандсола ахиран романи «Масъуди сипаҳсолор»-и нависанда Сайид Раҳмон ба табъ расид. Гуфта мешавад, ин китоб аз рӯзгори муҷоҳиддини дарраи Панҷшер ва муборизаи қаҳрамононаи мардуми афғон бо сарварии машҳӯртарин лашкаркаши охири асри 20 Аҳмадшоҳи Масъуд нақл мекунад.
Донишгоҳи тибб боз шуд 27.11.2008 13:41
25 ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи бинои тармимшудаи Донишгоҳи давлатии тибби ба номи Абуалӣ ибни Сино аз пизишкон ва кормандони беҳдоштӣ хостааст, ки фаъолияти худро "софдилона ва бидуни ғараз" анҷом бидиҳанд.
Жуспен дар Душанбе 27.11.2008 13:41
Иттиҳодияи Урупо аз пешрафтҳои чашмгире дар беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ибрози ризоят кардааст.
"Талко" рад мекунад 27.11.2008 13:40
Ширкати олюминиюм "Талко" бо пахши баёнияе, иттилои носаҳеҳро дар бораи мизони супурдани молиёт такзиб кардааст. Дар ин баёния гуфта мешавад, ки Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва вакили парлумони кишвар дар як мусоҳибааш дар ҳафтаи гузашта, бо овардани далелҳои носаҳеҳ фаъолияти ин корхонаро зери суол бурдааст.
Дар Душанбе гурӯҳи муташаккили нашъаҷалобон боздошт гардид 27.11.2008 13:40
21 ноябр кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кӯшиши навбатии фурӯши ғайриқонунии миқдори бағоят калони маводи мухаддир ҷилавгирӣ ба амал оварданд.
Тағйирот дар «ТоҷикЭйр» 27.11.2008 13:39
Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар раиси ширкати давлатии "Тоҷикэйр" Ҳокимшо Тиллоев аз мақомаш барканор ва Алимурод Маҳмадалиев, муъовини раиси Агентии назорати молӣ ва мубориза бо фасод ба ин симмат мансуб шудааст.
Ваъдаи оби тоза 27.11.2008 13:39
Масъулони Корхонаи обу корези шаҳри Душанбе барои ду рӯз тавзеъи оби ошомиданӣ ба манзилҳои ҳудуди сеяки сокинони шаҳрро ба сабаби иҷрои корҳои фаннӣ дар маркази обсофкунӣ ба тавақуф гузоштаанд. Аммо ба гуфтаи онҳо, аз аввали январи соли 2009 ба баъд тавзеъи оби ошомиданӣ ба хонаҳои сокинони шаҳри Душанбе бо кайфияти ....
Дар Кӯлоб шир мусоидра шуд 27.11.2008 13:38
Нозирони маркази беҳдошт ва вогиршиносӣ дар шаҳри Кӯлоб дар ҷараёни бозрасии фаъолияти чанде аз муассисоти кудакони шаҳр, дар ин муассисот миқдори 700 кг шири хушки тавлиди Чинро кафш ва мусодира кардаанд.
Ҷашни устод баргузор нашуд! 20.11.2008 22:26
Таҷлил аз 70 солагии зодрӯзи Бозор Собир ба таъхир афтод. Маросими ҷашни 70 солагии зодрӯзи Бозор Собир, ки қарор буд, шоми имрӯз дар театри Лоҳутии шаҳри Душанбе, бо ибтикори Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон баргузор шавад, ба таъвиқ афтод. Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба хабарнигори «Миллат» гуфт, ки таҷлил аз ....
«Миллат» дар 15-умин ҷашнвора ва намоишгоҳи матбуот дар Теҳрон 20.11.2008 13:54
Дар Теҳрон - пойтахти Ҷумҳурии исломии Ирон 15-умин ҷашнвора ва намоишгоҳи байналмилалии матбуоту хабаргузориҳо идома дорад. Дар ин намоишгоҳ, ки аз 16 ноябр оғоз ёфтааст ва даҳ рӯз идома меёбад, матбуоти Тоҷикистонро рӯзноманигорони ҳафтаномаҳои "Миллат", "Чархи гардун" ва "Боргоҳи сухан" муаррифӣ мекунанд.
Сафари ҳаҷ оғоз шуд 20.11.2008 13:54
Аз 17 ноябри соли равон сафари зойирони тоҷик барои анҷоми Ҳаҷ ба Арабистони Саъудӣ оғоз гардид. Имсол танҳо ба 5 ҳазору 120 шаҳрванди кишвар барои анҷоми ин рукни Ислом имконпазир шудааст.
Вориди маҳсулоти ширӣ аз Чин манъ шуд 20.11.2008 13:53
Вазорати тандурустии кишвар воридоти маводи ғизоиро, ки дар таркибашон маҳсулоти ширии истеҳсоли Чин дорад, манъ кардааст.
Раисони пойтахтҳои кишварҳои Осиё Теҳрон мераванд 20.11.2008 13:53
Аз 19 - ум то 21 - уми ноябри соли ҷорӣ бори нахуст Форуми шаҳрдорони пойтахтҳои кишварҳои Осиё баргузор мешавад.
Корхонаи «Тоҷикхориҷакор» ба кор даъват мекунад 20.11.2008 13:52
Мутобиқи иттилоъи корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикхориҷакор" - и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар то имрӯз аз 70 корхонаву муассисаҳои хориҷӣ дархост барои коргару мутахассисон ирсол намуданд.
СБМ ба кӯмаки молӣ ниёз дорад 20.11.2008 13:51
Раиси Сандуқи байналмилалии молӣ Думеник Истроус Кон аснои сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки бо сабаби афзоиши иқдори кишварҳое, ки ба кӯмаки молӣ ниёз доранд, созмони ӯ бештар ба сармоя бештаре ниёз дорад.
Ҷашни солгарди асосгузори назми шуғнонӣ 20.11.2008 13:51
Дар Иттифоқи нависандагони кишвар бахшида ба 100-умин солгарди зодрӯзи шоири маъруф ва адабиётшиноси тоҷик Нодир Шанбезода конфронси илмӣ баргузор шуд.
Бӯҳрони иқтисодӣ ба Тоҷикистон таъсир мекунад 20.11.2008 13:50
Тавре дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар иттилоъ доданд, аз лиҳози афзудани бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва кам шудани талабот ба қувваи корӣ, теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфт.
Бародари Ғаффор Мирзоев боздошт гардид 13.11.2008 15:24
Ба гуфти манбаъи Прокуратураи генералии кишвар бародари собиқ фармондеҳи Горди миллӣ Ғаффор Мирзоев Абдурасул Мирзоев, ки дар Аморати Муттаҳидаи Араб ба бозаргонӣ машғул буд, аз ҷониби ниҳодҳои қудратии ин кишвар дастгир ба Тоҷикистон фиристода шудааст.Вале ин манбаъ аз шарҳи ҷузъиёти он худдорӣ намудааст.
Барқ афзун мешавад 13.11.2008 15:15
Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба кор даромадани турбини сеюми ниругоҳи "Сангуда-1"-ро гоми дигаре дар даст ёфтани кишвар ба истиқлоли энержӣ арзёбӣ карда ва гуфтааст, ки ин амр дар рафъи мушкили камбуди нируи барқ дар фасли зимистон кӯмак хоҳад кард.
Бонки Ҷаҳонӣ ба ҳукумат тавсия медиҳад 13.11.2008 15:14
Бонки Ҷаҳонӣ, ки яке аз қарздиҳандагони асоси кишвар аст, барои пешгирӣ аз таъсири шадиди бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар иқтисоди Тоҷикистон тавсияҳое ба мақомоти кишвар ирсол кардааст.
Қиммати ғизо дар намойишгоҳу бозор якест 13.11.2008 15:14
Дар кохи "Борбад" чанд рӯз ин ҷониб намоиши байналмилалии ғизо "Агрофуд", ки бо ибтикори ширкати иронии"Grow int. Co." ифтитоҳ шудааст, идома дорад.
Қурби рубл паст мешавад? 13.11.2008 15:13
Раиси Бонки марказии Русия Сергей Игнатов дар нишасти матбуотӣ эҳтимоли коҳиши арзиши рублро рад накардааст. Пас аз суханронии Сергей Игантов арзиши доллари амрикоӣ дар муқобили рубли русӣ афзудааст, ки акнун як доллар аз 27 рубл зиёдтар гардидааст. Ба гуфти коршиносон аксари сокинони Русия нигарони аз даст додани пасандозҳои худанд.
Ҷузҷониҳои нашъаҷалоб 13.11.2008 15:13
Се тан аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки гуфта мешавад муддати дароз дар пойтахти кишвар ба харидуфурӯши маводи мухаддир машғул будаанд, аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд.
Диққат! Спид густариш меёбад 13.11.2008 15:12
Аснои муаррифии тарҳи ҷадиди Барномаи тавсеъаи СММ ва ҳукумати кишвар дар бораи "Шомил кардани масоили сироятшавӣ ба ВИЧ СПИД дар стратегияи коҳиши фақр дар кишвар" хонум Мирсабурова иброз кардааст, ки мизони расмии сироятшавии занони қобили ҳамл ба ин вирус аз ҳадди як дарсад меафзояд.
Ҳамойиш дар Душанбе 13.11.2008 15:12
Дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи "Осиёи Марказӣ ва Афғонистон: чолишҳо, имконот ва дурнамоҳо" бо иштироки коршиносон ва намояндагони давлатӣ аз 30 кишвари ҷаҳон кори худро шурӯъ намуд.
Шветсария Хатлонро ёрӣ мекунад 13.11.2008 15:11
Оҷонси тавсеъа ва ҳамкории Шветсария барои рушди бахши чорводорӣ дар вилояти Хатлон дар пайи сармои шадиди зимистони қаблӣ, ки ба хисороти вазнине мувоҷеҳ гашта буд, як миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст.
Сарошпази чойхонаи «Роҳат» худкушӣ кард? 07.11.2008 22:03
Аз дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба хабарнигори «Миллат» хабар доданд, ки тақрибан соати 13. 00 дақиқаи зуҳри 7 ноябр, Мансуров Турсун Ҳамроевич, соли таваллудаш 1956, истиқоматкунандаи кӯчаи Нодира, хонаи 39 ҳучраи 4, сарошпази чойхонаи «Роҳат» дар манзилаш аз таппончаи тамғаи «Макаров» аз тарафи рости сараш худро парронда дар ....
Бародари Ғаффор «седой»-ро ба Душанбе меоранд 07.11.2008 20:55
Бино ба иттилои хабаргузориҳои ғайридавлатии Тоҷикистон додситонии кулли кишвар хабари овардани Абдурасул Мирзоевро таъйид кардаанд.
Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико 06.11.2008 17:30
Дар интихобот барои ишғоли мақоми раиси ҷумҳури Илиёти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 4 ноябри соли ҷорӣ ба анҷом расида, намояндаи ҳизби демократии ин кишвар Барак Обама пирӯзӣ ба даст овард. Ӯ чилучорумин раиси ҷумҳури ин кишвар ва якумин сиёҳпӯсте мебошад, ки ба ин мартаба расидааст.
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Оғохони IV 06.11.2008 17:29
Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони IV, ки вориди Душанбе шуд, бо раиси ҷумҳур Эмомаолӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии кишвар вохӯрӣ кард.
Таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ 06.11.2008 17:29
Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Амонулло Ашӯров гуфтааст, ки сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ имкони рушди тиҷорат бо Осиёи Ҷанубиро фароҳам овардааст.
Вакилон ордро арзон мекунанд, вазир не мегӯяд 06.11.2008 17:28
Дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси намояндагони порлумон ва бархе аз вазоратҳои кишвар тарҳи буҷаи соли 2009 - уми кишвар баррасӣ гардидааст.
Амрико мехоҳад мо тандуруст бошем? 06.11.2008 17:28
Дар бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе маросими тавзеъи кӯмакҳои пизишкии Амрико ба муассисоти тандурустии кишвар сурат гирифт.
Нақби «Истиқлол» муваққатан боз шуд 06.11.2008 17:27
Вазорати нақлиёт ва комуникатсияи кишвар эълом кард, ки ҳаракати нақлиёт тавассути нақби "Истиқлол" боз шуд.
Қаноатмандии СБП аз вазъи молии Тоҷикистон 06.11.2008 17:26
Аксел Шимелпфенниг пас аз вохӯрӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон гуфтааст, ки ин ҳайъати Сандуқи Байналмилалии Пул ба манзури арзёбии раванди иҷрои барномаи бозрасии системаи молӣ ва бонкии Тоҷикистон қарор дошт.
Ҳамоиши парлумони Русия ва Тоҷикистон 30.10.2008 14:25
24 октябр Эмомали Раҳмон, раиси ҷумҳур дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши сеюми намояндагони порлумони Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе чунин матлабро иброз намудааст: Вуҷуди пойгоҳи низомии Русия зомини эътимоди сармоягузорони он кишвар мебошад.
Боз Шоҳзода Эндрю меҳмонӣ омад 30.10.2008 14:25
Шоҳзода Эндрю, писари дуюми Элизабети дуюм, маликаи Бритониё,бори дуюми ба Душанбе ташриф овард. Сафари аввали ду сол қабл аснои кушодани бинои нави Сафорати Бритониёи Кабир ба амал омада буд.
Бинои ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ сӯхт 30.10.2008 14:24
28 октябри соли ҷорӣ бар асари оташгирӣ бинои Ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сӯхт. Мутобиқи иттилоъи хадамоти сӯхторхомӯшкунии ноҳияи Шоҳмансур, ки ҳамшафати бинои Ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ мебошад, бонги оташгирӣ ба қисми наватадории ин хадамот соати 8.37 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ворид гардидааст.
Ҳасан Асадуллозода дар додгоҳи Ландан шоҳид аст 30.10.2008 14:24
BBC: Оғози мурофиаи «Талко» ва шариконаш 27 октябри соли ҷори дар Бритониё мурофиа мутобиқи тақозои ширкати «Талко»-и кишвар нисбат ба ширкати «Ансол», ки гурӯҳе аз муъомилагарони алюмин шомили онанд, оғоз гардид. Ин қазия дар матбуоти Бритониё бузургтарин парвандаи фасод дар солҳои охир арзёбӣ мешавад. Ширкати Талко ба намояндагӣ аз ҳукумати ....
Барқи Туркманистон меояд 30.10.2008 14:23
Соли гузашата кишвар бо воситаи хатҳои интиқоли барқи Узбакистон танҳо ба андозаи 944 миллион киловатт соат барқ аз Туркманистон харидорӣ намуда буд.
Кӯмак ба осебдидагони сармои шадид 30.10.2008 14:23
Аз ноҳияи Ҳисор ба вилояти Хатлон корвони мошинҳо бо гандуми тухмӣ барои 70 ҳазор хонаводаи осебдида аз сармои шадиди зимистони гузашта раҳсипор гардид. Ба ҳар хонаводаи камбизоати вилояти Хатлон 17, 5 кг гандуми тухмӣ ва 30 кг нуриҳои маданӣ тавзеъ карда мешавад.
Сармояи мустақими хориҷӣ меафзояд 30.10.2008 14:22
Фаррухҷон Ҳамралиев, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар дар нишасти матбуотӣ гуфтааст, ки соли ҷорӣ мизони сармояи мустақими хориҷӣ дар кишвар як миллиарду 760 миллион сомонӣ ё баробар ба 500 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳоло он, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта як миллиарду 100 ....
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ шаш тан аз сил фавтиданд 30.10.2008 14:22
Тибқи иттилоъи мақомоти ҳукумати ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон дар давоми се моҳи ахир шаш сокини деҳаи Қарағочи ин ноҳия бар асари бемории сил фавтидаанд. Чи тавре раиси ҳукумати ноҳия Хуҷамурод Фазлиддинов иброз кард, ки ин деҳа 525 нафар сокин дошта ва мутобиқи ташхиси пизишкӣ бисёре аз онҳо мубталои бемории силанд.
«Қалъаи Кофарниҳон»-ро кашф карданд 30.10.2008 14:21
Бостоншиносони тоҷик ва ҷопонӣ перомуни кашфи қалъае қадимӣ хабар додаанд. Ба гуфтаи академик Раҳим Масов, раиси пажӯҳишгоҳи таърих ва бостоншиносии Академияи Илмҳои Тоҷикистон ёдгории таърихӣ ва қадимии мавсум ба "Қалъаи Кофарниҳон" дар як фаъолияти муштараки бостоншиносони тоҷик ва ҷопонӣ кашф шудааст.
Баррасии даъвои «Талко» дар додгоҳи Ландан 27.10.2008 13:33
Имрӯз дар додгоҳи Ландан мурофиаи додгоҳии миёни «Талко»-ро ширкати алюминсозии тоҷик ва А.Эрматов роҳбари собиқи ин ширкат ва А.Назаров раиси ширкати «Ансол» доир мешавад.
Тавофуқи «Талко» ва «Ҳидро Алюминиюм» 25.10.2008 18:11
Корхонаи алюминиюми "Талко" ва ширкати "Ҳидро Алюминиюм" дар мавриди таҳияи барномаи асосноккунии фанниву иқтисодии ниругоҳи Шӯроб ба мувофақа расидаанд.
Конфронси байналмилалӣ перомуни масоили маводи мухаддир 23.10.2008 21:28
Дар конфронси байналмилалии дар шаҳри Душанбе зери унвони "Идораи марзҳо ва назорат бар маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ" баргузор гардид, роҳҳои муборизаи муштарак алайҳи маводи мухаддир ва мустаҳкамкунии марзҳои кишварҳои ин минтақа арзёбӣ гардидааст.
Русия ба Тоҷикистон мадад мерасонад 23.10.2008 21:28
Ҳукумати Русия иброз кардааст, ки дар сурати бавуҷудоии бӯҳрони энержӣ дар фасли сармои оянда ба кишварамон ба миқдори зарурӣ маводи сӯхт интиқол хоҳад кард.
Ифтитоҳи сохтмони бинои САҲА 23.10.2008 21:27
Харберт Залбер, раиси Маркази пешггирӣ аз ихтилофот дар САҲА дар маросими ифтитоҳи сохтмони ҷадиди бинои ин созмон дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки миёни ин созмон ва ҳукумати Тоҷикистон дигар мавзуоти баҳсие боқӣ намондааст.
Баҳамои дар масоили обу барқ 23.10.2008 21:27
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи танзими манобеъи об ва барқ дар фасли зимистон ва баҳори оянда ба тавофуқ расидаанд.
Эҳтимоли хуруҷии домана 23.10.2008 21:26
Мақомоти ҳифзи саломатӣ дар вилояти Хатлон аз эҳтимоли хуруҷи бемориҳои сироятии домана ва зардпарварин дар миёни бархе аз сокинони ин вилоят иттилоъ додаанд.
Ниругоҳи Норакро тармим мекунанд 23.10.2008 21:26
Бонки Осиёии Тавсеъа тасмим гирифтааст, ки барои бозсозии бахши танзими ниругохи обии Норак ба Тоҷикистон 55 миллион доллар кӯмаки ихтисос диҳад.
Таъсироти бӯҳрон дар вазъи кишоварзӣ 23.10.2008 21:25
Ба гуфти масъулони вазорати кишоварии кишвар, ба сабаби бӯҳрони молӣ арзиши пахта дар бозори ҷаҳон ба пойин рафта ва ин вазъ дар бахши пахтапарварии кишвар хисороти ҷиддие ворид кардааст.
Аз ҳаводиси табиӣ хисорот афзудааст 23.10.2008 21:25
Тибқи иттилои мақомоти кумитаи ҳолатҳои фақулоддаи кишвар дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 107 ҳаводиси табиӣ рух додааст, ки бар асари он 18 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Пешгирии қочоқи осори фарҳангӣ 23.10.2008 21:24
Кормандони гумруки кишвар дар ҳамкорӣ бо мутахассисони вазорати фарҳанг дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ чанд ҳолати қочоқи осори фарҳангиро пешгирӣ кардаанд.
Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон оғоз ёфт 23.10.2008 21:24
Мақомоти вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Қазоқистон зимни нишасте дар шаҳри Душанбе аз оғози рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар кишвар хабар доданд.
Салафия қонунӣ набудааст 23.10.2008 15:51
Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар нишасте матбуоти фаъолияти фирқаи салафӣ дар кишварро ғайриқонунӣ эълом намуда ва гуфтааст, ки вазорат чунин равияеро намепазирад.
Куштори як милитсионер 23.10.2008 15:50
Вазорати корҳои дохилаи кишвар аз кушта шудани як корманди худ дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
ҲДТ боз ба додгоҳ шикоят мебарад 23.10.2008 15:50
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Масъуд Собиров гуфтааст, ки масъулони ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаровро ба додгоҳ хоҳад кашид.
Мирзохӯҷа Аҳмадовро авф карданд 23.10.2008 15:49
Вазири корҳои дохилаи кишвар дар як нишасти матбуоти гуфтааст, ки Мирзохуҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони собиқи нируҳои мухолиф ва собиқ сардори бахши мубориза бар зиди ҷиноятҳои муташаккил дар водии Рашт, дигар мавриди пайгирии қонун қарор надорад.
Тарҳҳои ҷадиди Роҳи Оҳан 16.10.2008 14:40
Ширкати давлатии Роҳи Оҳани кишвар мегӯяд, ки дар моҳи сентябри соли оянда эҳдоси роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон шурӯъ шуда ва манотиқи ҷануби кишвар аз тариқи ин роҳ бо маркази кишвар муттасил хоҳад шуд.
Музокира барои тронзити барқ 16.10.2008 14:39
Масъулони ширкати "Барки тоҷик" мегӯянд, ки дар ҳафтаи ҷорӣ бо ҳамтоёни узбаки худ дидор ва масоили марбут ба интиқоли нируи барқи Туркманистон ба кишвар аз тариқи Узбакистонро баррасӣ хоҳанд кард.
Шарофиддин Имомов сафир шуд 16.10.2008 14:39
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур бо судури фармоне профессор Шарофиддин Имомов, донишманди ховаршиносро сафири ҷадиди кишвар дар Афғонистон таъйин кардааст.
Додоҷони Атовулло ба Аврупо рафтааст 16.10.2008 14:38
Додситони кулл Бобоҷон Бобохонов дар нишасти хабариаш хабар дод, ки Додоҷони Атовулло, хабарнигори мухолиф ва раҳбари ҷунбиши мавсум ба "Ватандор" ҳамчунон мавриди пайгарди қонунӣ қарор дорад.
Парвандаи Захарченко ба таъхир афтод 16.10.2008 14:38
Додситони кулли кишвар мегӯяд, таҳқиқи парвандаи ҷинойии марбут ба қатли Олег Захарченко, қумандони нируи таъиноти махсуси милитсия ба таъвиқ афтодааст.
Коррупсия монеъаест дар роҳи рушди кишвар 16.10.2008 14:37
Дафтари Барномаи тавсеъаи Созмони Милали Муттаҳид дар кишвар иҷрои тарҳеро оғоз кардааст, ки ҳадафи он мусоидат ба мубориза алайҳи фасод ва тахаллуф ва ҷилавгирӣ аз нақзи ҳуқуқи инсон унвон шудааст.
Бонки Ҷаҳон ҳушдор медиҳад 16.10.2008 14:37
Бонки Ҷаҳонӣ хушдор додааст, ки паёмадҳои бӯҳрони молӣ дар ҷаҳон барои кишварҳои Осиёи Миёна сангин хоҳад буд. Ба гуфтаи Шигео Катсу, муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ, кишварҳои Осиёи Миёна дар ин замина бештар осебпазиранд.
Ҳизби демократ ба СММ шикоят мебарад 16.10.2008 14:36
Ҳизби демократи кишвар ба раҳбарии Маҳмадрӯзи Искандаров, ки давлат онро ба расмият намешиносад, аз ҳукумати кишвар ба Комиссияи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид шикоят бурдааст.
Таҳқиқи фирқаи салафия 16.10.2008 14:36
Додситони кулли кишвар дар нишасти хабарӣ эълом кардааст, ки мақомҳои интизомӣ ҳамчунин омилҳоии гаройиши густарда ба фирқаи салафия дар ҷомеъаи кишварро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.
Тарҳи ҷилавгирӣ аз маризӣ 16.10.2008 14:35
Барномаи назорат ба ЭЙДЗ дар Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо як созмони башардӯстонаи голландӣ мавсум ба "ЭЙДЗ Фонд Восток-Запад" дар минтақаи Кӯлоб ба иҷрои тарҳе барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси Эйч-ой-ви ва бемории ЭЙДЗ шурӯъ кардааст.
Заминларза дар Рашт 16.10.2008 14:35
Шаби гузашта ду мавриди заминларзаи шадид дар соати 22:16 дақиқа ва 22:35 дақиқа, ба вақти маҳаллӣ, дар минтақаи Рашт сабт шудааст.
Нигарониҳои Фотимабибӣ 16.10.2008 14:34
Зани тоҷике, ки дар охири моҳи гузашта аз нахуствазири Покистон хостори мадад ба бозёбии духтари рабудашуда тавассути шавҳараш карда буд, аз вазъи амниятии худ ибрози нигаронӣ карда ва хостори таъмини амнияти хеш шудааст.
Ҳиммати навбатии соҳибкори тоҷик 14.10.2008 16:18
Рӯзи 13 октябри соли равон бо соҳибкори тоҷик Муҳаммадрозиқ Неъматов, ки дар шаҳри Дубай ба тиҷорат машғул аст, нишасти матбуоти баргузор гардид.
Пирӯзии қориёни тоҷик дар Қоҳира 09.10.2008 13:39
Аз 16 то 27 сентябри соли равон дар шаҳри Қоҳира, пойтахти Ҷумҳурии Мисри Араб озмуни қориёни Қуръони маҷид баргузор гардид, ки намояндаи кишвари мо қорӣ Ҳисомуддини 9 сола, хурдсолтарин иштирокчӣ дар ин озмуни байналмиллалӣ дар миёни 126 хонандаи Каломи Худо, ки 74 давлати ҷаҳонро муаррафӣ мекарданд, ба дарёфти мақоми дуввум ....
«Вавилон-Мобайл» 900 000 муштарӣ дорад 09.10.2008 13:36
4 октябри соли ҷорӣ маросими қадрдонии муштарии 900 ҳазоруми ширкати "Вавилон - Мобайл" баргузор гардид. Раиси кулли ҶСП "Вавилон - Мобайл" Беҳзод Файзуллоев ба муштарии хушбахт Ҳотамов Ҳабибҷон калиди автомобили ВАЗ 2110 ва корти дорои 900000 сония вақти гуфтугӯйро тақдим намуд.
Русия «Сангтӯда-1»-ро мефурӯшад 09.10.2008 13:35
Ширкати мавсум ба Шабакаи Федеролии Русия эълом кардааст, ки саҳмияҳои худ дар тарҳи ниругоҳи Сангтуда-1- ро ба фурӯш хоҳад гузошт.
Ёрии Президент ба Бадахшон расид 09.10.2008 13:35
Таи ҳафтаи охир ба вилоят боз 14 автобус ва 15 мошини ёрии таъҷилӣ ворид гардиданд.
Сатҳи таваррум боло рафтааст 09.10.2008 13:34
Тибқи иттилои Кумитаи омори Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ, дар ҳашт моҳи аввали соли ҷорӣ мизони баландтарини таваррум дар миёни ин кишварҳо дар Тоҷикистон мушоҳида шудааст.
Мазут бошад, гармӣ мешавад 09.10.2008 13:33
Барномаи Тавсеъаи Созмони Милали Муттаҳид ба таъмини маводи сӯхт барои Маркази гармӣ ва тавлиди нируи барқи шаҳри Душанбе оғоз кардааст.
Боҷи гумрукӣ аз воридоти доруворӣ бардошта шуд 09.10.2008 13:33
Дар чаҳорумин намоишгоҳи беҳдоштӣ, ки дар шаҳри Душанбе оғоз шуд, яксаду панҷ ширкат аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон таҷҳизоти тиббӣ ва доруҳои ҷадидро дар маърази диди пизишкон ва муттахасисони тоҷик гузоштаанд.
Коррупсия ба амнияти кишвар таҳдид мекунад 09.10.2008 13:32
Тибқи як назарсанҷӣ, ки Маркази тадқиқоти стротегии Тоҷикистон анҷом додааст, бештари пурсидашудагон сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои интизомию судиро аз фасодзадатарин мақомоти кишвар арзёбӣ кардаанд.
Дар Ховалинг кор пешрав аст 09.10.2008 13:32
Дар хоҷагии ба номи Абдулхайр Усмонови ноҳияи Ховалинг бунгоҳи тиббии муосир таъсис дода шуд.
Пули об ба киса, раис ба маҳбас? 09.10.2008 13:31
Оҷонсии мубориза алайҳи фасоди вилояти Хатлон нисбат ба раиси Иттиҳодияи истифодабарандагони оби "Сарҳад"-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Холмурод Хӯҷамқулов парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Имсол дар Хоруғ 11 кас ҳалок шудааст 09.10.2008 13:30
Дар роҳҳои Бадахшон аз аввали сол 26 садамаи нақлиётӣ ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар натиҷаи онҳо 11 нафар ба ҳалокат расидааст.
Дар Вахш аспи тоҷикӣ мепарваранд 09.10.2008 13:30
Дар раёсати кишоварзии ин ноҳия гуфтаанд, ки феълан дар Вахш зиёда аз 2030 адад асп парвариш меёбад, ки аз он миён 589-тоаш аспи хушзоти тоҷикӣ мебошад.
Дар Хатлон ба қадри шоир мерасанд 09.10.2008 13:29
Мақомоти вилояти Хатлон тасмим гирифтааст, бар ивази 7 ҳазор доллари амрикоӣ силсилаи китобҳои адибони маҳаллиро ба нашр расонад. Дар ин робита, ахиран шӯъбаи хатлонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои таҳияи китобҳои тозаэҷод фармоиш гирифтааст.
Омӯзгорони беҳтарин муайян шуданд 09.10.2008 13:29
Дар раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд, дар натиҷаи ҷамъбасти озмуни "Муаллими сол" омӯзгорон Маҳбуба Толибова аз шаҳри Қӯрғонтеппа, Нуралӣ Гурезов аз ноҳияи Вахш ва Меҳриннисо Сангова аз шаҳри Кӯлоб аз беҳтаринҳо шинохта шуданд.
Суханронии сардори давлат дар СММ 02.10.2008 16:24
Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар зимни суханронӣ дар иҷлосияи 63-уми Маҷмаъи Умумии СММ бӯҳрони ғизоиро дар канори терроризм хатаре ҷиддӣ барои ҷомеъаи ҷаҳонӣ хондаааст.
Эшони Нуриддинҷон ба пахтачинӣ даъват кард 02.10.2008 16:23
Имом- хатиби масҷиди Муҳаммадии шаҳри Ваҳдат, рӯҳонии саршиноси Тоҷикистон Эшони Нуриддинҷони Тӯраҷонзода рӯзи 26- уми сентябр, қабл аз адои намози ҷумъа аз беш аз даҳ ҳазор намозгузорони ширкатдошта даъват ба амал овард, ки давлат ва хоҷагиҳои пахтакорро дар ҷамъоварии ҳосили бо ранҷ парваришкардаи марди деҳқон кӯмак бикунанд.
Амрико аз силу СПИД ҷилавгирӣ мекунад 02.10.2008 16:23
Оҷонси ҳамкориҳои байналмилалии Амрико барои беҳбуди арсаи беҳдошти Тоҷикистон беш аз панҷ миллион доллар ихтисос додааст. Дар ин замина миёни ин оҷонс ва вазорати тандурустии кишвар санаде имзо шудааст.
Муҳокимаи гумонбар дар қатли Олимпур 02.10.2008 16:22
Дар Додгоҳи олӣ муҳокимаи як муттаҳам ба қатли Муҳиддини Олимпур, хабарнигори бахши форсии Би-би-си дар декабри 1995, идома дорад.
Сарвазири Покистон ба доди зани тоҷик мерасад 02.10.2008 16:21
Нахуствазири Покистон хостори кӯмаки сареъ ба зане шудааст, ки худро шаҳрванди Тоҷикистон хонда, аз мақомоти покистонӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар дархости мадад ба пайдо кардани духтари рабудашудааш карда буд.
Сиву панҷ миллион доллар ба Тоҷикистон 02.10.2008 16:20
Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои мададкунандаи ҷаҳон дархост кардааст, ки маблағи 35 миллион доллар ба кишвари мо, ки аз кишварҳои фақири Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, мадад кунанд.
Гузаргоҳи Кулма баста шуд 02.10.2008 16:20
Тибқи иттилои Идораи гумрук фаъолияти посгоҳи "Кулма", воқеъ дар марзи Тоҷикистон бо Чин, барои як ҳафта мутаваққиф шудааст. Посгоҳи "Кулма" танҳо гузаргоҳ дар марзи беш аз 500 км миёни Тоҷикистон ва Чин, ду кишвари ҳамсоя аст, ки моҳи майи соли 2004 расман ифтитоҳ шуд.
Чаро чархбол суқут кардааст? 02.10.2008 16:19
Гурӯҳе аз бозрасон, ки ба таҳқиқи омилҳои суқути як чархбол дар баҳори соли ҷорӣ дар Бадахшон машғул буданд, мушаххасотеро дар мавриди ин ҳодиса ироа кардаанд.
Моҳихӯр бисёру моҳӣ кам 02.10.2008 16:19
Масрафи моҳӣ дар кишвар ба маротиб камтар аз меъёрҳои физиологӣ барои як инсон аст. Ин матлаб дар як нишасти хабарӣ дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълом шудааст.
Ҳаҷбаракҳо зиндонӣ шуданд 02.10.2008 16:18
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ масъулони як ширкати ҷаҳонгардиро, ки қасди ташкили сафари Ҳаҷ доштааст, барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардааст.
«Вавилон мобайл» ва кумитаи олимпӣ олимпичиёнро қадрдонӣ намуданд 27.09.2008 15:26
Имрӯз дар Кумитаи Олимпии кишвар ҷаласа перомуни сарфарозгардонии ҷоизадорони XXIX Бозиҳои Олимпии дар кишвари Чин баргузоршуда доир гардид.
Таваҷҷӯҳи Раиси ҷумҳур ба водии Рашт 25.09.2008 15:00
Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури кишвар дар остонаи иди Рамазон аз Сандуқи хайрияи президент ба табақаҳои ниёзманд ва камбизоати водии Рашт 430 тонн маводи ғизоӣ фиристода шуд.
Пахта, пахта ҷон пахта… 25.09.2008 14:59
Раиси вилояти Хатлон Ғайбуллои Афзал эълом кард, ки донишҷӯёни донишгоҳҳои ин минтақа барои ёрӣ дар ҷамъоварии пахта ба бархе аз навоҳии пахтакори вилоят ҷалб хоҳанд шуд.
Шираи камолро қочоқ накунед! 25.09.2008 14:59
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур бо фармони худ ҷамъоварӣ ва содироти шираи камол, гиёҳи доруиро ба кишварҳои хориҷӣ манъ кардааст.
Қосимов пахтакориро солим мекунад 25.09.2008 14:58
Дар мулоқоти вазири кишоварзии кишвар Қосим Қосимов бо роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдиду тавсеъа Мате Блане эълом шуд, ки Тоҷикистон ба унвони нахустин кишвар дар Осиёи Марказӣ шомили Барномаи ҳимоят аз пахтакории солим хоҳад гардид.
«Домодедовские авиалинии» парвоз намекунад 25.09.2008 14:58
Садҳо нафар аз мусофирони тоҷик, ки билетҳои ширкати ҳавопаймоии "Домодедовские авиалинии"-ро харидорӣ карда буданд, аз рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта инҷониб наметавонанд ба Маскав парвоз кунанд.
Боздошти се марзбон ва як хориҷии қочоқчӣ 25.09.2008 14:57
Вазорати корҳои дохилаи кишвар перомуни боздошти як гурӯҳи сенафарии марзбонон, ки дар қочоқи зиёдтар аз 25 кг маводи мухаддир дар минтақаи марзии кишвар бо Афғонистон даст доштанд, иттилоъ додааст.
Ҷинояткор пас аз панҷ сол дастгир шуд 25.09.2008 14:57
Мақомоти қудратӣ дар шаҳри Кӯлоб Сӯҳроб Қурбонов, як тан аз ҷинояткорон ба аъмоли ҷиноиро пас аз панҷ соли ҷустуҷӯйи байналмилалӣ боздошт кардаанд.
Аъзои Ҳизбуттаҳрир боздошт шуд 25.09.2008 14:56
Аснои амалиёти вижаи кормандони мақомоти қудратӣ дар шаҳри Хуҷанд Мурод Рустамов боздошт шуд, ки ба узвият дар ҳизби ифротии Ҳизбуттаҳрир гунаҳкор дониста мешавад.
Дуздии ошкорои ёқут 25.09.2008 14:56
Бар асоси иттилои манобеъи Раёсати корҳои дохилаи вилояти Бадахшон, ахиран онҳо нуҳ нафар аз сокинони ноҳияи Мурғобро барои дуздии санги ёқут аз кони "Снежний" боздошт кардаанд.
Парванда аллайҳи сардабири «Чароғи рӯз» 23.09.2008 22:57
Додситонии кулли кишвар алайҳи Додоҷони Атовулло, муассис ва сардабири нахустин нашрияи хусусӣ дар Тоҷикистон ва сарвари созмони «Ватандор», ки дар ҳоли ҳозир дар хориҷ аз кишвар умр ба сар мебарад, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Раиси ҷумҳур ба Амрико рафт 22.09.2008 17:55
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамон барои ширкат дар ҷаласаи 63-юми Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк, ба Амрико рафт.
«Регар – ТадАЗ» ғолиби Ҷоми президенти КФО 22.09.2008 14:38
Тими футболи «Регар- ТадАЗ» бори дуюм Ҷоми президенти Конфедератсия Футболи Осиёро ба даст овард.
Аммо дар Бадахшон омӯзгор намерасад 19.09.2008 20:26
Макотиби Бадахшон ба 409 омӯгор эҳтиёҷ дорад. Бино ба иттилои мутахассиси пешбари идораи маорифи ин вилоят Тоҷиддин Орумбеков, бинобар нарасидани омӯзгорон дар макотиб баъзе дарсҳо намегузаранд.
Макотиби Бадахшон низ кам толиб шудааст 19.09.2008 20:25
Дар соли нави таҳсил шумораи талабагон дар макотиби Бадахшон коҳиш ёфтааст.
Теъдоди донишҷӯён дар Донишгоҳи Хорӯғ коҳиш ёфтааст 19.09.2008 20:25
Бино ба иттилои хабаргузории «Помир Медиа» имсол дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ танҳо 714 донишҷӯ қабул кард.
Дар Восеъ ду кӯдак кушта шуд 19.09.2008 19:12
Бар асари инфиҷори норинҷаки дастӣ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон, ду кӯдак кушта шуда ва се нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ҳизби ҳоким шикояти мардумро гӯш мекунад 18.09.2008 15:27
Раёсати ҳизби ҳокими Халқӣ-демократии Тоҷикистон ислоҳот дар фаъолияти ин ҳизбро оғоз кардааст.
Гардоусӣ 13 сол зиндонӣ шуд 18.09.2008 15:26
Се шаҳрванди Африқои Ҷанубӣ, Филиппин ва Афғонистон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.
Модари фарзандфурӯш боздошт шуд 18.09.2008 15:26
Маъмурони интизомӣ як сокини шаҳри Кӯлобро ба гумони фурӯши кӯдаки навзодаш боздошт кардаанд.
Кушта шудани сарбозони тоҷик дар марз 18.09.2008 15:25
Бар асоси иттилоъи манобеъи Идораи марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар ба минтақаи Шӯрообод, воқеъ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, нируҳои тақвиятӣ фиристода шудааст.
Ҳамлагар дастгир нашудааст 18.09.2008 15:25
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи кишвар хабари баъзе расонаҳоро дар мавриди дастгир шудани фарде гумонбар дар ҳамла ба милитсияи шаҳри Исфараро тақзиб кардааст.
Нишасти серӯза дар Бишкек 18.09.2008 15:24
Бар асосии иттилоъи кумитаи ҳолатҳои фавқулодда кишвар дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фақулоддаи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ шаш масъалаи аслии марбут ба ҳамкориҳои ниҳодҳои ҳолатҳои фақулоддаи ин кишварҳо баррасӣ шудааст.
Мақомдорон ба фасод мутаҳҳам шуданд 18.09.2008 15:23
Додситонии вилояти Хатлон ду мақомдори давлатиро дар ноҳияи Бохтар дар фасодкорӣ аз тариқи сӯйистифода аз мансаб ва таҳияи асноди қалбакӣ мутаҳҳам кардаанд.
Кӯдакмурӣ камтар шудааст 18.09.2008 15:23
Мизони маргу мири кӯдакон дар кишварамон ҳамчунон нигаронкунанда боқӣ мондааст.
«Фокус» хатарҳоро пешгирӣ мекунад 18.09.2008 15:23
Бар асоси қарордоди ҳамкорӣ миёни Комиссияи аврупоӣ ва Сандуқи Оғохон созмони байналмилалии "Фокус" қарор додааст аст, тарҳи марбут ба омодагии ҷамоъатҳои рустоӣ дар қиболи хатароти ҳаводиси табииро дар Тоҷикистон ба мавриди иҷро гузорад.
Самиев бо Тошканд забон наёфт 18.09.2008 15:22
Сафари масъулони соҳаи энержии Тоҷикистон ба Узбакистон барои транзити нируи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон бенатиҷа анҷом ёфтааст.
Реҷабандии барқ шадид шуд 12.09.2008 21:10
Ширкати «Барқи Тоҷик» эълом кардааст, ки маҳдудият дар интиқоли нируи барқ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон аз рӯзи 11 сентябр, шадидтар шудааст.
Роҳи Душанбе-Турсунзода бозсозӣ мешавад 11.09.2008 16:34
Коршиносони Бонки Осиёии Тавсеъа ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар чорчӯби тарҳе муштарак ба мутолеъаи имконоти фаннии пружаи бозсозии роҳи Душанбе-Турсунзода машғуланд.
Сайти нав фақирони тоҷикро муаррифӣ мекунад 11.09.2008 16:33
Сомонаи ҷадиди интернетӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет ба фаъолият оғоз кардааст, ки дар бораи мизони фақр ва равандҳои рушди ҷомеъаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Пирӯзӣ аз иттиҳод хезад… 11.09.2008 16:31
Рӯзи 8-сентябр дар Иттиҳодияи журналистон ба муносибати «Рӯзи ҷаҳонии ҳамбастагии хабарнигорон» ҳамойише баргузор шуд.
Соли 2009 соли Имоми Аъзам 11.09.2008 15:31
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамон зимни суханронӣ ба муносибати таҷлил аз ҳабдаҳумин солгарди истиқлоли кишвар, соли 2009-ро соли бузургдошти Имом Абуҳанифа, мулаққаб ба «Имоми Аъзам», аз чеҳраҳои саршиноси ҷаҳони ислом ва бунёдгузори мактаби фиқҳи ҳанафӣ эълом кард.
Ҳамойиши занони вакили порлумон дар Душанбе 11.09.2008 15:30
Дар як нишасти ду рӯза дар шаҳри Душанбе саҳми бонувони вакили порлумон дар рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин ҳамойиш рӯйи ин нукта таъкид шуд, ки дар кишварҳои осиёӣ барои ҳалли масоили ҷомеъа ҳанӯз аз нируи занон ба таври зарурӣ истифода намешавад.
Истиқболи Истиқлол 11.09.2008 15:30
Рӯзи 9 сентябр ба хотири таҷлил аз 17- умин солгарди истиқлолияти кишвар маросимҳои ҷашнӣ дар Хуҷанду Истаравшан баргузор гардид.
Як милитсияро дар шаҳри Турсунзода куштанд 11.09.2008 15:28
Бино ба иттилои вазорати корҳои дохилаи кишвар, рӯзи 3-сентябр ҷасади Фарҳод Мӯъминов, як корманди милитсияи шаҳри Турсунзода, дар наздики хонааш кашф шудааст. Марҳум Мӯъминов бар асари зарбаҳои бешумори корд кушта шудааст.
Ё наузанбиллоҳ… 11.09.2008 15:27
Рӯзи 10 сентябр озмоишгоҳи бузуре ба фаъолият шурӯъ кард, ки фарзияи олимон доир ба пайдоиши кайҳонро таҷруба мекунад.
Бонуи африқоиро дар Тоҷикистон зиндон карданд 11.09.2008 15:27
Барои нахустин бор як шаҳрванди Югондо дар Тоҷикистон барои 19 сол маҳкум ба зиндон шудааст.
Чин корхона месозад 11.09.2008 15:25
Ду ширкати чинии «Сан Бао» ва «Шинҷон Ресурсиз» барои бунёди корхонаи тавлиди семент дар Тоҷикистон иқдом кардаанд. Зарфияти ин корхона як миллион тон арзёбӣ шудааст.
Тиҷорат дар Тоҷикистон душвор мешавад 11.09.2008 15:24
Дар гузориши солонаи Бонки Ҷаҳонӣ ва Созмони Байналмилалии молӣ дар бораи шароити тиҷорат дар 181 кишвари ҷаҳон дар ин маврид оварда шудааст, ки он рӯзи 10 сентябр муаррифӣ шуд.
Тоҷикистон буҷаи низомиашро афзун кард 11.09.2008 15:24
Бар асоси натоиҷи як пажӯҳиши байналмилалӣ Тоҷикистон аз лиҳози афзоиши буҷаи низомии давлатӣ дар миёни 10 кишвари ҷаҳон қарор дорад, ки дар таносуб бо тавлидоти нохолиси миллӣ маблағҳои ҳангуфтеро дар ин арса масраф мекунанд.
Русия дар Тоҷикистон се ниругоҳ месозад 05.09.2008 18:49
Русия дар рӯдхонаҳои дохили Тоҷикистон се нирӯгоҳи мутавассит бунёд хоҳад кард.
Дар Тоҷикистон боз ҷашн мешавад 05.09.2008 18:49
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон эълом кардааст, ки барои баргузории озмуни телевизионии "Пять звезд. Интервидение-2009", ки дар Тоҷикистон доир хоҳад шуд, омодагӣ мегирад.
Қиммати сафари Ҳаҷ се ҳазор доллар 05.09.2008 18:48
Ба гуфтаи Абдусалом Раҷабов, раиси бахши ташкили роҳхатҳои сафари Ҳаҷ дар вазорати фарҳанги кишвар, дар соли ҷорӣ қимати сафар ба Арабистони Саъудӣ барои ҳар як зойир 3 ҳазор доллар боло рафтааст.
Унвон муборак! 05.09.2008 18:48
Рӯзи 2 сентябр Президенти Тоҷикистон ба як зумра шахсиятҳои шинохтаи илму фарҳанг ва истеҳсолоти ҷумҳурӣ унвонҳои ифтихорӣ ва ордену нишонҳои давлатӣ тақдим намуд.
Таъқиби хабарнигор барои матлаби интиқодӣ 05.09.2008 18:47
Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳоди рӯзноманигорон зимни интишори як баёния, ҳодисаи таъқиби хабарнигор барои чопи матлаби интиқодиро шадидан маҳкум кардаанд.
Юсуф ва Расул ордени «Шараф» гирифтанд 05.09.2008 18:47
Президенти Тоҷикистон дар остонаи ҷашни истиқлол ва ба муносибати 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, қофиласолори шеъру адаби тоҷик, бархе аз шахсиятҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии кишварро бо нишонҳои давлатӣ қадрдонӣ намуд.
Кӯдакони бесарпарасти Суғдро ваксина мекунанд 05.09.2008 18:46
Мӯъмин Бобоҷонов, раиси маркази таъмини амнияти масъунияти вилояти Суғд гуфтааст, ки дар ин вилоят аз 5- уми сентябри соли равон ваксин кардани кӯдакон барои ҷилавгирӣ аз бемории шушок оғоз мегардад.
Камшавии интиқоли гази Узбакистон 05.09.2008 18:16
Мутобиқи иттилоъи ширкати «Тоҷикгаз» интиқоли газ дар моҳи сентябр ё моҳи шарифи Рамазон аз тарафи Узбакистон панҷоҳ дар сад кам гардидааст.
Дар Ирон ҷигари сунъӣ сохтанд 02.09.2008 15:35
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Ирон, аз сохти ҷигари сунъӣ бо талоши донишпажӯҳони пизишкии донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ хабар додааст.
БАРҚ РЕҶАБАНДӢ ШУД 02.09.2008 14:55
Ба гуфтаи Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барқи тоҷик» шурӯъ аз 1 - уми сентябр лимит ё реҷаи интиқоли барқ дар кишвар оғоз шудааст.
СЕ СОЛИ БОБАРАКАТ 29.08.2008 23:08
Тайи се соли фаъолияти хеш рӯзномаи "Миллат" тавонист барои худ на танҳо ҷойгоҳи вижа ва назаррас, балки феълан муассирро дар байни расонаҳои хабарии ҷумҳурӣ, гузашта аз он, дар тамоми ҷомеъаи тоҷик касб кунад. Ва сабаби ин муваффақият додашавии комил ба қазияи миллӣ мебошад.
Амрико низомиёни тоҷикро ёрдам кард 28.08.2008 20:16
Давлати Амрико ба тақвияти вазъи амниятии Тоҷикистон алоқаманд аст. Ин матлаб аз сӯйи Трейси Ҷейкобсон, сафири Амрико дар шаҳри Душанбе эълом шуд.
Узвияти Иронро дар СҲШ кӣ намехоҳад? 28.08.2008 20:15
Қарор аст аз 27 то 29 августи соли ҷорӣ Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Ирон ба манзури ширкат дар ҷаласоти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба Тоҷикистон сафар кунад.
Амрико дар Яғноб ниругоҳ месозад 28.08.2008 20:14
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон хабар дод, ки Агентии тиҷорат ва рушди Амрико тасмим гирифтааст, ки таҳияи асноди молӣ ва фаннии истихроҷи ангиштро дар кони Фон-Яғноб ва шароити эҳдос (бунёд)- и ниругоҳи барқӣ дар ин маҳалро ба маблағи беш аз 850 ҳазор доллар сармоягузорӣ кунад.
Ҳалокати даҳ нафар дар садама 28.08.2008 20:13
Бар асари як садамаи автомобилӣ дар роҳи Душанбе - Кӯлоб даҳ нафар кушта ва ду нафар захмӣ шудаанд.
Бародарон Неъматзодаҳо ба аҳди хеш вафо карданд 28.08.2008 20:01
27 август дар шаҳри Душанбе маросими супурдани тӯҳфаҳо ба варзишгарони тоҷик- ғолибони Бозиҳои 29- уми Олимпӣ, ки аз 8 то 23 августи соли равон дар пойтахти давлати Чин, шаҳри Пекин ҷараён дошт, баргузор гардид. Бародарон Абдухолиқ ва Муҳаммадрозиқ Неъматовҳо ба қавли додаи хеш ҷавонмардона вафо карданд.
ХУ, РАФИҚИ ХУБИ МО, ХУШ ОМАД 27.08.2008 19:08
Омадани сарони кишварҳои дӯсту ҳамҷавор барои мо тоҷикон воқеъан бойиси хушиву сарфарозист. Инак як моҳ мешавад Тоҷикистони офтобӣ ва меҳмоннавоз барои дар сатҳи олӣ истиқбол намудани меҳмонони боиззат омодагӣ дорад. Гарму самимӣ пешвоз гирифтани меҳмон аз суннати аҷдоди ман аст.
ПИСАРИ ТОҶИДДИН МУҲИДДИН ҲОФИЗ АСТ… 26.08.2008 14:51
Ин падидаи нав дар ҷаҳон нест, ки сарояндаҳо ба ногоҳ ба даргоҳи Парвардигор тавба мекунанду роҳи худро дигар мекунанд ва саҳнаи ҳунару санъатро барои ҳамеша тарк мегӯянд. Ҷунайд Ҷамшед овозхони маъруфи покистонӣ, ки оҳанги "ҷон-ҷон Покистон, дил-дил Покистон" -ашро БиБиСи дуввумин сершунавандатарин оҳанг дар ҷаҳон эълон кард ба нохост ....
МЕГӮЕМ, ВАЛЕ ВАЗЪ ҲАМОН АСТУ… 26.08.2008 14:47
Ба таваҷҷӯҳи масъулини «Тоҷикстандарт» ва Идораи бозорҳои шаҳри Душанбе
Аҳмадинажод иқдом кард 26.08.2008 13:14
Президенти Ҷумҳурии Исломии Ирон оқои Маҳмуди Аҳмадинажод ягона раисҷумҳурест аз миёни сарони давлатҳои дар иҷлоси қарибулвуқуъи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ширкаткунанда, ки хоҳиши оростани як нишасти хабариро барои намояндагони васоити ахбор кардааст.
Русия истиқлолияти Абхазия ва Осетияи Ҷанубиро пазируфт 25.08.2008 20:46
25 январи соли ҷорӣ Шӯрои Федератсия ва Думаи Давлатии Русия истиқлолияти Ҷамоҳири мухтори ҷудоиталаби Абхазия ва Осетияи Ҷанубиро эътироф намуд.
Ҳимояти фарҳангиёни тоҷик аз Латифи Пидром 25.08.2008 15:03
Ҷамъе аз фарҳангиёни саршиноси Тоҷикистон аз зумраи шоир Мӯъминшоҳ Қаноат, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, адибон Меҳмон Бахтӣ, Равшани Ёрмуҳаммад, Ҳикмат Раҳмат, олим Ҷӯрабеки Назрӣ, рӯзноманигорон Абдуғаффори Камол, Султон Ҳамад, Нуралӣ Давлат, Меҳрӣ Маҳмадова ва дигарон аз даъвати нангин ва хушунатомези Ҷиргаи ҷавонони ҳизби «Афғон- миллат», ки дар вилоёти Пактико ва Пактиёи ....
Суқути як ҳавопаймои мусофирбар дар Бишкек 25.08.2008 15:03
Бар асари садамаи як ҳавопаймои мусофирбари «Боинг -737» дар рӯзи якшанбе, 24 август дар наздикии фурӯдгоҳи Манаси Қирғизистон 68 нафар мусофирони он кушта шудаанд.
ТО БА КАЙ АЗ ОБИ ЛОЙ МОҲӢ МЕГИРЕМ 25.08.2008 13:27
Сардаргумӣ пас аз пошхӯрии Шӯравӣ Пас аз пошхӯрии давлати Шӯравӣ, Тоҷикистон бо сони ятимаке бесарпаноҳ монд. Мушкилтарин лаҳзаҳоро аз сар мегузаронид ва ба дастгириву кӯмак ниёз дошт. Дар тӯли 73 соли Давлати Шӯравӣ тамоми соҳоти иқтисодӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ аз тарафи Маскав ва садрнишинони Кремл нақшабандӣ ва идора мешуд. Мо ....
ЯРМАРКАҲОИ КОРВОН, ГАНҶИНА, ШОҲМАНСУР АЗ ҲАМДИГАР ЧӢ ТАФОВУТ ДОРАНД? 25.08.2008 13:16
Бо ба забон овардани калимаи ярмарка дар ин айём пеши назар ярмаркаҳои сабзавоту меваҷот меояд. Вале ярмаркаҳои Корвону Ганҷина… ярмаркаҳои хоҷагии деҳқонӣ набуда, балки ярмаркаҳои мактабианд. Дар ин ярмаркаҳо ба ҷои картошкаву пиёзу бодирингу помидор пойафзолу куртаву шиму костюм ва ҷо-ҷо мисли маҳсулоти камёфти кишоварзӣ асбоби хониш- дафтару қаламу ....
Ҳимояти фарҳангиёни Кӯлоб аз Латифи Пидром 23.08.2008 18:49
Мо бо шунидани хабари мудҳише, ки аз барбарияти Ҷиргаи ҷавонони афғони минтақаи Пактиёи Афғонистон (дар мавриди ба куштан ҳукм кардани шахсияти шинохтаи минтақа, Латифи Пидром) гувоҳӣ медиҳад, хеле ошуфтаву озурда шудем.
МУРОҶИАТНОМА 22.08.2008 22:42
Иқдоми Ҷиргаи ҷавонони ҳизби миллигарои «Афғон миллат» ва гурӯҳҳои тундрави дигар дар содир кардани ҳукми қатл барои шоир ва донишманди тавонои Афғонистон ва раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон, Латифи Пидром, ки 15 сол боз узви раёсати ҷамъияти байналмилалии «Пайванд» низ ҳаст, иқдоме бар зидди як шахс нест, балки иқдомест ....
Се сол баъд гази Туркманистон ба Тоҷикистон меояд 22.08.2008 17:27
Дар муддати се соли дигар аз Туркманистон ба Тоҷикистон аз тариқи қаламрави Афғонистон лӯлаи гази табиӣ кашида мешавад.
Сохтмони гузаргоҳи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон анҷом шуд 22.08.2008 17:26
Гурӯҳи муҳандисони низомии Амрико баъд аз анҷоми корҳои сохтмонӣ, таъсисоти гузаргоҳи Панҷи Поёнро дар ихтиёри ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон қарор доданд.
МЕДВЕДЕВ ТОҶИКИСТОНРО БО ЧАШМОНИ ПУТИН МЕБИНАД Ё АЗ ПУШТИ АЙНАК? 22.08.2008 17:06
Тавре аз гуфтаҳои масъулини тоҷик бармеояд, дар охирҳои ҳамин моҳ сарвари нави давлати Русия Анатолий Медведев ба хотири ба амал баровардани нахустин дидори расмии хеш аз Тоҷикистон ба Душанбе меояд. Ба куллӣ возеҳ аст, ки дар Тоҷикистон бар он манфиатдоранд, ки рӯйдоду равандҳои сиёсӣ дар Русия дар аҳди раиси ....
ДАВРОНИ КАДОМЕ ТИЛЛОӢ БУД? 22.08.2008 16:51
аз Амонулло, Ҳабибуллои Калаконӣ, Зоҳиршоҳ, Наҷиб, Раббонӣ ё Карзай бахшида ба 18-уми август, 89-умин солгарди истиқлолияти Афғонистон Афғонистон бо таърихи 5 000 сола дар ҷуғрофиёи Осиёи Ҷанубӣ вуҷуд дошта, ки ибтидо дар таърих ба номи Ориёно ёд шудааст. Ва китоби таърихии Авасто, ки ҳикояткунандаи фарҳанг, мазҳаб ва забони он марзу бум ....
«Миллат» - минбари аҳли миллат се сола мешавад 21.08.2008 23:44
1cентябри соли 2008 ба рӯзи таъсиси нашрияи "Миллат" се сол пур мешавад. Хонандаи гиромӣ, тӯли ин се сол мо бо ҳам як ҷо дар роҳи пешрафт ва шукуфоии миллату давлатамон қадам задем. Талху шурӣ ва қанду фанди ҳаводиси рӯзгорро бо ҳам чашидем.
ОБИ ДАРИ ХОНА ё сиёсати қадршиносӣ дар амал 21.08.2008 22:58
Хирадманде гуфтааст, ки агар худро дӯст дорӣ, табибонро эҳтиром намо. Бале, хосса агар табиб фозилу донишманд бошад. Ҳоло мутаассифона мо дар марҳилае зиндагӣ мекунем, ки калимаҳои табиб ва донишманд на ҳама вақт муродифанд. Вале дар ҳар сурат олами тиб аз фарзандони фарзона орӣ нест ва чанд сол пеш вақте ....
НОН ВА МИЛЛАТ нонро хор накунед, ки пушаймон мешавед 21.08.2008 22:52
Нон. Дар назари аввал як чизи барои зиндагӣ на он қадар муҳим ва кирои диққат наменамояд, лекин дар ниҳоди ин калимаи хурди иборат аз се ҳарф чӣ қадар маънову асрор, чӣ қадар рамзу ривоят, чӣ қадар ҳиммату нируи инсонӣ нуҳуфтааст,ки дарки ин ҳама на ба ҳар кас муяссар мегардад.
ЗИМИСТОН, НАБИЁ (Тақлиде ба бузургон) 21.08.2008 22:35
Зимистон! Боз омадӣ? Чида омадӣ? Гумон кардӣ, ки ман дӯсти туям? Хато кардӣ, братишка. Сахт хато кардӣ. Ман ҳаргиз дӯсти ту набудам. Ман душмани якумрии ту будам, ҳастам ва мемонам. Ана ин тарафаша худат фаҳм. Ҳаминро фикр кун, ки баробари ба ин диёр омадани ту дар ақли одамонаш нуқсон ....
Медали нуқраи Юсуф Абдусаломов 21.08.2008 20:11
Варзишгари тоҷик Юсуф Абдусаломов дар гуштини тарзи озод,дар вазни 84 килограмм дар даври ниҳои аз рақиби гурҷии худ Реваз Миндорашвили мағлуб гардид. Новобаста ба ин Юсуф Абдусаломов соҳиби медали нуқраи Бозиҳои Олимпии Пекин шуд, ки ин дуюмин медали варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ мебошад.
Арзиши сари Латифи Пидром 200 ҳазор доллар 21.08.2008 16:39
Гирдиҳамоии бозаргонон ва ҷавонони «Афғон миллат» Пактикои Афғонистон қарор кардаанд, ки ҳар касе шоир ва сиёсатмадори шинохта, раиси Ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон Латифи Пидромро кушта сарашро биёварад, 200 ҳазор доллари амрикоӣ мукофот мегирад.
ИСТЕЪФО Истеъфои президент дар Покистон 21.08.2008 16:31
Истеъфои ғайри маъмул Дар бисёре аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва ё ҷаҳони саввумӣ истеъфо калимаи луғатномавӣ буда камтар дар ҳаёти амалии сиёсӣ дида мешавад. Шояд аз ҳамин лиҳоз бошад, ки истеъфои генерал Мушарраф аз мақоми райёсатиҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи бисёреро ба худ ҷалб намуд ва ба хабари дараҷаи яки расонаҳои хабарии ....
Юсуф Абдусаломов: Як қадам то тилло 21.08.2008 16:00
Барои гуштири тоҷик дар тарзи озод дар вазни 84 килограмм Юсуф Абдусаломов барои дарёфти нахустин медали тиллои Бозиҳои Олимпӣ қадаме мондааст.
УСТОД БИЁ, БО МО ҲАМНАФАС БОШ! 20.08.2008 22:24
Ман ҳамчун хонандаи доимии ҳафтаномаи "Миллат" ба натиҷа расидам, ки ин нашрия баҳри рушду нумӯи миллат саҳми арзандаи худро дорад. Дар чанд шумораи ҳафтанома, ки аз ихлосмандони назми устод Бозор Собир хотира ва соядасти ӯро навиштаанд, мутолиа намудам. Ман ҳамчун ихлосманди ашъори устод мехоҳам хотиротеро, ки аз устод дорам, ....
Сари Латифи Пидром 200 ҳазор доллар 20.08.2008 22:12
Ҷирга (маҷлис)- и ҷавонони афғони минтақаи Пактикои Афғонистон қарор кардаанд, ки ҳар касе шоир ва сиёсатмадори шинохта, раиси Ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон Латифи Пидромро кушта сарашро биёварад, 200 ҳазор доллари амрикоӣ мукофот мегирад.
Сурия ба мушакҳои низомии Русия пойгоҳ дод 20.08.2008 21:59
Башир Асад, раиси ҷумҳури Сурия зимни мулоқот бо Дмитрий Медведев раиси ҷумҳури Русия изҳор намуд, ки кишвараш омода аст, мушакҳои русӣ аз навъи Искандарро дар хоки худ пойгоҳ бидиҳад.
Пиряхҳои Помир об мешаванд 18.08.2008 21:42
Бино ба иттилои хабаргузории «Помир Медиа дар кӯҳҳои Помир бар асари гармо обшавии ғайримуқаррарии пиряхҳо мушоҳида мешавад.
Барандагони ҷоизаи Рӯдакӣ 18.08.2008 20:25
Мутобиқи иттилои дафтари матбуоти раиси ҷумҳур аз 1 августи соли равон бо қарори раиси Ҳукумати кишвар як зумра аҳли қалами кишвар сазовори ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ гардиданд.
ИСТЕЪФО Мактаби истеъфо бояд баргардад 18.08.2008 20:22
Гирдиҳамоӣ ва ё митинги эътирозӣ воқеаи маъмул буда, он дар ҳеҷ сурат наметавонад тавлидгари моҷаро гардад. Яъне митинг созишро тавлид мекунад, ки ин усули аввали хотима додан ба эътироз мебошад ва маданияти гузаронидани митинги эътирозӣ ҳам ҳамин аст. Аз тарафи дигар, агар пешниҳоди мардум гирди ҳам омада иборат аз ....
Парвиз Мушарраф ба ИСТЕЪФО рафт 18.08.2008 19:41
Парвиз Мушарраф раиси ҷумҳури Покистон имрӯз, 18 август зимни як муроҷиати телевизиони ба мардуми кишвараш аз тасмимаш ҷиҳати ба истеъфо рафтан хабар додааст.
Боз як пирӯзии Анвар Юнусов 18.08.2008 18:00
Боксчии тоҷик Анвар Юнусов дар вазни 52 килограмм ба сӯи дарёфти медали Олимпӣ қадаме ба пеш гузошт.
Бохти гурзпартоёни тоҷик 18.08.2008 17:59
Гурзпартоёни тоҷик Дилшод Назаров ва Галина Митяева бозиро дар Олимпиадаи Пекин бохтанд.
Тӯраҷонзода муқобили салафия ё донишгоҳҳои исломӣ?! 18.08.2008 17:51
"Шумо кадом донишгоҳи Покистонро хатм кардаед?" рӯзи панҷшанбеи гузашта яке аз ҳамкоронам аз ман суол намуд ва ман дар ҷавоб гуфтам, ки Донишгоҳи Байналмилалии Исломии Исломободро. Ӯ ба ман нигоҳи мармузе карда гуфт: "значит ту салафӣ ҳастӣ?" ман ба вай фаҳмондам, ки ҳеч рабте байни салафият ва Донишгоҳи Байналмилалии ....
БАРАҲНАГӢ ФАРҲАНГИ ФАҲШЗОСТ 18.08.2008 17:47
Порки "Дӯстии халқҳо" имрӯз нахуст ҷои истироҳатиест, ки мардум пас аз кор ва рӯзҳои рухсатӣ метавонанд ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳ бо аҳли хонаводаашон гирифториҳои ҷисмӣ, озору азиятҳои ботинӣ ва равонии худро, ки таи як ҳафта ҳосил шудааст, аз худ дур кунанд. Зеро, инсон аз ҳар чӣ бештар ба ....
Тоҷикистон сермеҳмон мешавад 18.08.2008 16:54
аз ин рӯ масъулини вазорати хориҷа ба журналистони тоҷик маслиҳат доданд
Аҳмадинажод ба Душанбе меояд 18.08.2008 15:50
Алиасғари Шеърдӯст, Сафири Ҷумҳурии Исломии Ирон дар Тоҷикистон ба Равобити умумии ин сафорат гуфтааст: «Раиси Ҷумҳурии Исломии Ирон бино ба даъвати расмии раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар иҷлоси сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай озими Душанбе хоҳад шуд.
РАВШАНГАРӢ ИДЕОЛОГИЯИ РАСТАГОРИИ МИЛЛАТ АСТ 18.08.2008 13:37
Мусоҳиба бо Муҳаммадҷон Шакурӣ (Идома) - Тамоми бузургони мо гузаштаро хуб медонистанд ва дар бораи имрӯзу фардо сухан мегуфтанд ва Аҳмади Дониш ҳам ҳамингуна буд. Аҳмади Дониш дар бораи таърих китоб, як рисолаи мустақил навиштааст. Дар бораи таърих аз тарафи маорифпарварони тоҷик чандин асарҳо ба вуҷуд омаданд. Садри Зиё чандин асар ....
ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ХУБ АСТ, АММО… 18.08.2008 13:24
(Посухе чанд ба мақолаи Варқаи Зайниддин "Ҳушёр бошем, душмани тоҷик дар камин аст" (Миллат, 19 июни 2008). (Идома аз шумораҳои гузашта) Дар бораи иллатҳои шаклгирии забони форсии нав ва аз байн рафтани забони паҳлавӣ ва гӯйишҳои он - суғдӣ, хоразмӣ ва дигар лаҳҷаҳо низ таърихнигорону донишмандон андешаҳои мухолиф бо иддиъоҳои Варқаи ....
«ШВИДОБИСА» мавқеъи ҷамъиятҳои гурҷиҳо ва осетинҳои Тоҷикистон 15.08.2008 19:38
Ҷанги дар Осетияи ҷанубӣ рух дода, ки инак як ҳафта боз хомӯш нагаштааст ва вазъи сиёсӣ дар ин минтақаи Қафқоз кӯргиреҳ хурдааст, аз мавзӯъотест, ки имрӯзҳо аз хурд то бузурги Тоҷикистон сари он сӯҳбат мекунанд ва он то як андоза Бозиҳои Олимпии Пекинро ба кӯи фаромӯшӣ партофт. Ин қазия ....
Муҳокимаи се нафар бо ҷурми қаллобӣ 15.08.2008 14:45
14 август муҳокимаи се масъули як ширкати ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфтааст. Ин афрод бо гуноҳи тақаллубкорӣ ва ситонидани пул аз афроде, ки қасди зиёрати Ҳаҷро доштаанд, дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳокима мешаванд.
Боз як пирӯзии Ҷаҳон Қурбонов 14.08.2008 23:28
Варзишгари тоҷик Ҷахон Қурбонов дар даври навбатии мусобиқаи боксчиён дар вазни 81 кг бо ҳисоби 7 – 1 ба рақиби хорватии худ Сиволия Елитсу Мариё пирӯзӣ ба даст овард.
ТЕҒИ АЛМОС АСТ МОРО, МУРДАНИ ФАРЗАНДИ ҶОН… 14.08.2008 22:41
Оҳангсоз ва овозхони ҷавону умедбахши тоҷик Соҳибқирони Нозим аз олам даргузашт. Ба сари хонадони Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, устод Зафар Нозим рӯзи сиёҳ омад. Дирӯз фарзанди ҷигарбанд ва ҳунарманди устод Зафар Соҳибқирони Нозим дар 34- умин соли ҳаёташ дунёи рӯшанро тарк гуфт.
«ПАРОНЧАКҲО» 14.08.2008 22:09
ё камбағал аз номи донишҷӯ ҳам маҳрум мешавад Шурӯъ аз аввали моҳи августи соли равон дар макотиби олии кишвар имтиҳони қабули Довталаб-2008 оғоз гардид. Боз теъдоде чанд домони гарму нозпарварди модар вогузошта, ба қавле паррончак шуданд.Боз шуморе чанд ба пойтахт омаданд. Сирф бо мақсаде, ки донишҷӯ шаванд, касб омӯзанд. Ба ....
ШАЪБОН МУҚАДДИМАИ РАМАЗОН 14.08.2008 21:57
Шаъбон моҳи ҳаштуми солшумории ҳиҷрии қамарӣ мебошад ва 29 рӯз дорад. Номгузории ин моҳ монанди моҳҳои дигари солшумории қамарӣ пеш аз Ислом сурат гирифтааст. Ин моҳро ба хотире шаъбон ном гузоштаанд, ки дар рӯзҳои он қабоили араб пас аз оромиҳо дар моҳи раҷаб, ки дар он ҷанг кардан ҳаром ....
Бунёди сандуқ ба номи Расул Боқиев 14.08.2008 19:56
Муллоёр Ёров, раиси дафтари бонки «Тоҷиксодиротбонк» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба хотири варзишгари тоҷик Расул Боқиев, ки нахустин медали Бозиҳои Олимпиадаро дар тӯли истиқлоли Тоҷикистон ба даст овардааст, сандуқе бунёд кардааст.
Тақвияти тадбирҳои амниятӣ дар Тоҷикистон 14.08.2008 19:54
Дар чорчӯби баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки охирҳои моҳи ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, тадбирҳои амниятӣ тақвият ёфтааст.
КОРВОН БОЗ СӮХТ 14.08.2008 19:33
Тақрибан соатҳои 00:30 дақиқаи шаби 13-уми моҳи равон дар қисмати яклухтфурӯшии бозори Корвон сӯхтор ба амал омад. Ба ақидаи фурӯшандагони қисмати яклухтфурӯшии бозори Корвон сабаби рух додани сӯхтор бе аҳмиятӣ аз истеъмоли сигор мебошад.
Шикасти Тоҷикистон аз Ҳинд 14.08.2008 14:35
Тими мунтахаби Ҳинд бо пирӯзӣ бар футболбозони тоҷик ба бозиҳои Ҷоми футболи Осиё, ки соли 2011 дар Қатар баргузор мешавад, роҳ ёфт. Рӯзи чоршанбе, 13 август дар бозии ниҳойи дар чаҳорчӯби Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 1 бар 4 аз тими мунтахаби Ҳинд шикаст ....
Бохти гуштигири тоҷик 12.08.2008 16:44
Бохти гуштигири тоҷик Шералӣ Бозоров дар нахуст даври мусобиқоти Олимпӣ дар вазни 81 кг боиси таассуфи мухлисон гарид.
Ёддошти тафоҳум миёни расонаҳои хабарӣ ва марказҳои матбуотӣ 12.08.2008 16:22
Дар Душанбе як тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни кормандони хадамоти иттилоотии сохторҳои давлатӣ ва расонаҳои хабарии кишвар ба имзо расид.
Саратон дар Бадахшон афзоиш меёбад 12.08.2008 15:56
Бино ба иттилои мақомоти ҳифзи саломатии вилояти Бадахшон гирифторони саратон дар ин минтақа афзоиш ёфтааст.
Бародари қотил 12.08.2008 15:55
Додситонии минтақаи Кӯлоб Тоҷиддин Сафарови 25 сола, сокини шӯрои деҳаи Деҳбаланди ноҳияи Мӯъминободро дар қатли хоҳарзодааш мутаҳам карда ва парвандаи ҷиноии ӯро барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол кард.
Нахустин медали Олимпии Тоҷикистон 11.08.2008 23:01
Расул Боқиев варзишгари тоҷик дар вазни то 73 килограмм соҳиби медали биринҷии Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ дар Пекин шудааст. Расул Боқиев имрӯз, 11-уми август дар сабқати гуштии дзю-до нахуст бар гуштигири Конго Эрик Кибанза пирӯз шуд. Баъдан варзишгари Укроин Геннадий Билодид ва намояндаи Чин Си Риҷигаваро мағлуб сохт.
Футболбозони тоҷик ҷарима шуданд 11.08.2008 22:59
Бозиҳои ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми президенти КФО ба сабаби ҷавобгӯ набудани майдонҳои футболи шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон ба 13 августи соли ҷорӣ мавқуф гузошта шуд. Дар ин мусобиқот тими яккачини Тоҷикистон, ки бори дуюм иштирок мекунад, баъд аз пирӯзӣ ба тими Кореяи Шимолӣ ба бозиҳои ниҳоӣ роҳ ёфт.
Пирӯзии Расул Боқиев дар дзю-до 11.08.2008 18:58
Дар барномаи Бозиҳои олимпӣ аз рӯи гуштигирии тарзи дзю - до вохӯриҳои интихобӣ то вазни 73 кг оғоз гардид.
Нахустин пирӯзии Ҷаҳон Қурбонов 11.08.2008 16:35
Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 81 кг дар нахустин бозӣ бо варзишгари Узбакистон Аббос Атоев аз рӯи холҳо 11:3 пирӯз омад ва ба даври дигар роҳ ёфт.
МО МЕТАВОНЕМ ҲАТТО ҲАВОПАЙМО БИСОЗЕМ, АГАР… 11.08.2008 16:06
Чоруқдарон, доҳӣ ва парчами Ҳинду Австрия Шаҳраки Чоруқдарон имрӯз ҳолати даҳ-дувоздаҳ сол пешинаро надорад. Панҷараҳои қади роҳ ранг карда шудааст, дарвозаи даромади шаҳракро навиштаҷоти зебо оро медиҳад, рамзи шаҳр, ки ба рақами панҷи римӣ монанд асту ифодагари фулузи ванадий аст, дар пештоқи даромадгоҳи шаҳрак ва биноҳои коргоҳи азими ин маконро ....
«МЕЪРОҶИ ПАЙҒАМБАР» (С) АЗ ДИДГОҲИ МАВЛОНО 11.08.2008 15:53
Мулоқоти аввалин бо фариштаи илоҳӣ Ҳар қадар Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ба синни чиҳилсолагӣ наздиктар мешуд, ҳамонқадар хилватдӯст мешуд ва аз мардум гоҳ-гоҳ канора мегирифт ва бо худои худ дар гушаи хилват- дар ғори Ҳиро ба розу ниёз менишаст ва риёзати маънавӣ мекашид. Маҳз баъди чиҳил сола шудан малоикаи ваҳй дар ....
Чеҳранамоии бонувон дар матбуоти тоҷик 09.08.2008 21:20
Дар як нишасти якрӯза дар шаҳри Душанбе «Беҳтарсозии инъикоси масоили занон дар расонаҳои хабарӣ» бо ширкати хабарнигорон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Покситон Роғунро месозад, вале Русия чӣ мегуфта бошад?! 08.08.2008 23:00
Холид Усмон Қайсар, сафири Покистон дар Тоҷикистон, имкони ширкати Покистонро дар консорсиуми байналмилалии бунёди ниругоҳи «Роғун» ба натиҷаи тасмими Русия дар ин замина марбут медонад.
Русия ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ҷустуҷӯ дорад 08.08.2008 22:59
Ҳудуди 2 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди пайгарди қонунӣ дар хориҷ қарор доранд.
Густариши хамкориҳо бо Ирон 08.08.2008 22:29
Муовини устондори устони Мозандарон бо муовини вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон дидор карданд.
Пирӯзии таърихӣ 08.08.2008 17:42
Тоҷикистон бар яке аз мунтахабҳои нирӯманд ва муддаии роҳхат ба Африқои Ҷанубӣ пирӯз омад. Қабл аз бозӣ Қабл аз он ки Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ ба майдон дароянд, борони тропикӣ майдонро ба ҷуйбор табдил дод ва бозигарони Ҳиндустону Мянмар, ки бозияшон ҳамагӣ ду соат қабл аз бозии Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ анҷом ....
НАСЛИ «СИЁҲБАХТ», МАКТАБҲОИ МАҲВИ БЕСАВОДӢ ВА АСРИ ТЕХНОЛОГИЯ 08.08.2008 15:44
Ба таваҷҷӯҳи Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф! «…Пулис дар Алмаато як бачаи тоҷикро дошта бо як итиҳоме намедонам, ки ӯ инро карда ё на. Хулоса вақте, ки ӯро оварданд, ӯ наметавонист баёнот бинависад. Онро милиса барояш навишта буд, албатта ҳар чизе хост ва барояш хонд ва ӯ наметавонист, ки ба он ....
КОХУ СОҲИБИ ПУЛ ШУД 08.08.2008 15:30
Коху номи деҳаест дар 14 километрии маркази дараи Ромит. Ин деҳа таърихи қадимӣ дорад. Ҳисорё, қалъае болои он ҷойгир аст, бо номи "Қалъаи Ҳисорак". Зимни таҳқиқоте, ки 5-сол пеш археологҳо анҷом дода буданд ва аз ин қалъа чанд ёдгорӣ низ ёфтанд, таърихи ин ҳисоракро ба зиёда аз 2 - ....
РАВШАНГАРӢ ИДЕОЛОГИЯИ РАСТАГОРИИ МИЛЛАТ АСТ 08.08.2008 15:23
Мусоҳиба бо Муҳаммадҷон Шакурӣ -Зимни ташаккур аз Шумо, ки ҳозир шудед ин мусоҳибаро бо мо анҷом диҳед нахуст аз ҳама мехоҳем пурсем, ки маъорифпарварӣ чист ва чӣ рабте бо маънои истилоҳии худ дорад?
Зардушт тоҷик набуд, тоҷикон будоӣ буданд 08.08.2008 14:41
(Посухе чанд ба мақолаи Варқаи Зайниддин "Ҳушёр бошем, душмани тоҷик дар камин аст" (Миллат, 19 июни 2008).
Генерал Абдулматини Фарҳанг: «Мо тоҷикем, на афғон» 07.08.2008 15:42
Чанд рӯз қабл генерал Абдулматин Қозизодаи Фарҳанг, меҳмони Идораи нашрияи "Миллат" буданд. Хабарнигори мо аз ин фурсати муносиб истифода карда бо ин ҷавонмарди худшиносу огоҳ ва хеле ҳам хушгуфтор сӯҳбатеро анҷом дода, ки фишурдаи онро дар зер пешкаши хонандаи ҳафтанома месозем.
Ҷӯрабеки Назрӣ Роғунро сохтанист 07.08.2008 14:41
Масъалаи бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун тайи чанд сол аст, ки дар маҳофили сатҳи баланди давлатӣ ва саҳифаҳои матбуоти дохиливу хориҷӣ мавриди ҳар навъ таҳлил, баррасӣ, баҳсу гуфтугузор қарор дорад. Дар чанд моҳи қабл Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки Роғунро бо нирӯ ва маблағҳои худӣ, ҳарчанд бунёди чунин нирӯгоҳи ....
Чаҳордаҳ кушта ва шаш захмӣ бар асари садама 06.08.2008 23:30
Дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бар асари як садамаи автомобилӣ 14 нафар кушта ва 6 нафар захмӣ шудааст.
Додгоҳ: Ҳаҳ ба ҷониби Ҷалолиддин аст 06.08.2008 22:27
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъвои Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи пешини вазорати умури дохилаи Тоҷикистонро қонеъ кардааст.
Даҳшат дар як хонаводаи суғдӣ 06.08.2008 00:37
Бино ба хабарҳои расида аз вилояти Суғд, дар як хона дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷасади чаҳор узви як хонаводаро пайдо кардаанд, ки ба дор зада шудаанд.
Тоҷикистон се марзшикани узбакро таслим кард 05.08.2008 14:49
Се шаҳрванди Узбакистон, ки дар убури ғайриқонунӣ аз марз ва даст доштани ба дигар ҷиноятҳо муттаҳам дониста мешуданд, аз сӯйи мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар гузаргоҳи марзии «Бародарӣ», воқеъ дар шаҳри Турсунзода, ба мақомоти узбак супурда шуданд.
Пешниҳоди тарҳи нави қонуни раъйпурсӣ 05.08.2008 14:44
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамон, тарҳи ислоҳот дар қонун дар бораи баргузории ҳамапурсиро ба порлумони кишвар пешниҳод кардааст.
Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас… 05.08.2008 14:34
Набояд рӯзи аввал аҳд бастан, Пас аз бастан намебояд шикастан! Намехоҳам дар парда сухан бигӯям, ва ҳам қабл аз оғози матлаби хеш фармудаеро аз орифи шаҳир Абдуллоҳи Муборак(р), ки ҳамин дирӯз аз бародари донишмандам, журналист Беҳрӯзи Забеҳулло шунида будам, мехоҳам ин ҷо чун ҳусни матлаъ оварда бошам. Аз ин орифи бузург ....
Эҳ газид… 04.08.2008 17:04
Аз моҳи май то ҳоли ҳозир ба шӯъбаи заҳролудшавии бемористони марказии шаҳри Хуҷанд 123 нафар аз газидани каждум шикоят кардаанд. Ба гуфтаи пизишкони ин бемористон теъдоди ин афрод нисбат ба солҳои пешин зиёд аст. Дар ҳамин давраи соли гузашта танҳо 105 нафар муроҷиат карда буданд.
Солженитсин вафот кард 04.08.2008 16:32
Нависандаи рус, барандаи ҷоизаи Нобел Александр Солженитсин шаби гузашта дар шаҳри Маскав ҷон ба ҷонофарин супурд. Бино ба иттилои хабаргузориҳои Русия марги нависанда бар асари сактаи мағзӣ даррасидааст.
Ҳамовозии соҳибкорони тоҷики муқими Русия ба иқдоми бародарон Неъматовҳо 01.08.2008 21:30
Як қатор ҷамъиятҳои тоҷикии Русия ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия муроҷиат намуда, изҳори ақида карданд, ки онҳо тайёранд, то ба варзишгарони тоҷике, ки ҷоизадори мусобиқоти Олимпӣ дар Чин мегарданд, мукофотҳо диҳанд.мукофотҳо диҳанд.
НИМҶАЗИРАИ УМЕД Тавакал, Тасодуф ва Хандаи Бахт 01.08.2008 15:26
"Кампютер зӯрай-ку" Д… як хатмкунандаи мактаби миёна мехоҳад ба факултаи механикаю риёзиёти Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон дохил шавад. Ӯро дар назди Комиссияи қабул дар Ҷазира -Шаҳраки донишҷӯён, воқеъ дар маҳаллаи Буниҳисораки пойтахт вохӯрдам. Маълум аст, ки ӯ саводи кофӣ надорад, агарчӣ ба факултаи механикаю риёзиёт мехоҳад дохил бишавад, аз фанни ....
ХИЁБОНИ ЗАНИ ТАНҲО 01.08.2008 15:18
Зиндагии ғамбори як зани танҳо: Ӯ рӯзгоре ҳамсари номзади Раёсати Ҷумҳурии Амрико буд. Ӯ як зани танҳо ва таркшуда аст. Зане ки солҳост муҳри сукут бар лаб духтааст. Ин зани танҳо, номаш Карл Маккейн аст. 70 сол дорад. Дар наздикиҳои Вашингтон пойтахти Амрико Вержиния зиндагӣ мекунад. Зане ки рӯзгоре касе ....
ИНФИҶОРҲОИ СИЛСИЛАӢ ҲИНДУСТОНРО БА КУҶО МЕБАРАД? 01.08.2008 14:51
Ҳафтаи гузашта силсила-инфиҷорҳои муҳибе шаҳри Аҳмадободи Ҳиндро такон дод, ки бар асари он наздики 50 нафар кушта ва беш аз 200 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Бар хилофи инфиҷор ва таркишҳои собиқ мақомоти Деҳлии нав дар иттиҳоми гурӯҳҳои ифтрогарои исломӣ ва даст доштани дастгоҳи амниятии Покистон саросема нашуданд. Дар воқеъ ....
Алиасғари ШЕЪРДӮСТ: ИРОН ТАСЛИМ НАХОҲАД ШУД 31.07.2008 22:25
Сӯҳбати ихтисосии "Миллат" бо Алиасғари Шеърдӯст, сафири Ҷумҳурии Исломии Ирон дар Тоҷикистон
ТАНҲО СЕ ТАН ТОҶИКИ БОНАНГУ ОР? 31.07.2008 22:12
29 июл Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони тоҷик- ширкаткунандагони Бозиҳои Олимпии Пекин мулоқот кард. Сарвари Тоҷикистон қаноатмандии хешро аз ширкати 14 тан варзишгари тоҷик дар Бозиҳои Олимпӣ изҳор дошта барояшон бардамӣ ва пирӯзӣ таманно намуд. Эмомалӣ Раҳмон парчами Тоҷикистонро, ки дар расми кушодашавии Бозиҳои 29- уми Олимпии Пекин ....
БА МУШУ ГУРБАБОЗӢ ДАР РОҒУН ХОТИМА БОЯД ДОД ё суди мо бар зиёни мо нест! 31.07.2008 14:50
Нирӯгоҳи барқи обии Роғун дар таърихи сохтмонсозии кишвар тӯлонитарин пружаест, ки назирашро кас надидааст. Сиву ду сол муқаддам, соли 1976 сохтмони ин НБО оғоз гардид ва то ҳанӯз идома дорад. Дар тӯли ин муддат натоиҷи мусбате ба даст наомада, бо ҳамкорони хориҷӣ тавофуқи комиле ҳосил нагардидааст. Мебоист, соли 1990 ....
Чин бузургии хешро дар Душанбе ҷилва медиҳад 31.07.2008 02:00
Беш аз 70 ширкати чинӣ тавлидот ва хадамоти худро дар нахустин намоишгоҳи миллии Чин дар шаҳри Душанбе ба маърази тамошо гузоштаанд.
Нигоҳи Русия ба фурӯдгоҳи Айнӣ 31.07.2008 01:43
Анатолий Сердюков, вазири дифоъи Русия имрӯз, 30 июл, баъд аз анҷоми дидор ва гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамон дар Душанбе аз алоқамандии кишвараш барои истифода аз фурӯдгоҳи низомии Айнӣ хабар дод.
Бо 4 миллион доллар Душанбе аз партовҳо халос мешавад? 31.07.2008 01:34
Бонки Урупоии Бозсозӣ ва Тавсеъа барои ҳалли мушкили партовҳо дар шаҳри Душанбе чаҳор миллион доллар кумаки билоъиваз кардааст.
Ҷавонони тоҷик 2 миллион доллар ҳадя гирифтанд 31.07.2008 01:25
Бонки Ҷаҳонӣ барои иҷрои тарҳе дар заминаи рафъи мушкилоти аслии ҷавонони тоҷик ду миллион доллар кӯмаки билоъиваз кардааст.
Ду нафар бо гуноҳи қатли Шурпоев маҳкум шуданд 31.07.2008 00:56
Додгоҳи Олии Тоҷикистон Масрур Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддиновро, ки ба қатли Илёс Шурпоев, хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия айбдор шинохта шудаанд, ба мӯҳлати 21 сол маҳкум ба зиндон кардааст.
БЕҲРӮЗИ ЗАБЕҲУЛЛО ВА «ҲИКМАТИ АВЛИЁ» 30.07.2008 18:14
Ахиран аз тариқи нашриёти «Авасто» китоби арзишманде бо унвони «Ҳикмати авлиё» ба чоп расид. Чуноне дар муқаддимаи китоб мураттиби он донишманди тоҷик Беҳрӯзи Забеҳулло нигоштааст: Ҳикмати авлиё» мағзи «Тазкират- ул- авлиё»- и Шайх Аттори Нишопурӣ аст. Ҳадаф аз тадвин ва гирдоварии ҳикмати авлиё муаррифии ҷаҳонбинӣ, эътиқод ва андешаҳои бикри авлиё, ....
«Афғон миллат» зидди Латифи Пидром 30.07.2008 02:03
Бино ба иттилои сомонаи ВВС ба даъвати ҳизби «Афғон миллат» як гурӯҳе аз мардум алайҳи суханони мансуб ба Латифи Пидром дар Ҳирот даст ба тазоҳурот задаанд.
Занон дар Фархор худкушӣ мекунанд 29.07.2008 17:51
Дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, чаҳор мавриди сӯйиқасд ба ҷони худ аз сӯйи занон сабт шудааст.
1 миллиарду 252 миллион қарздорем 29.07.2008 17:50
Қарзи хориҷии кишвар ба як миллиарду 252 миллион доллар расидааст.
Вазири хориҷаи кишвар ба Ирон рафт 29.07.2008 17:18
Имрӯз 29 июл Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷа, бо як боздиди расмӣ вориди Теҳрон шуд.
Варзишгари ғолиб соҳиби ҳадя мегардад 29.07.2008 17:12
Кумитаи Миллии Олимпии кишвар ахиран эълом кардааст, ба варзишгарони ғолиб дар Бозиҳои олимпии Пекин ҷоизаҳои пулӣ тақдим хоҳад шуд.
Тоҷикистон Роғунро таслим накардааст! 28.07.2008 17:10
Ҳукумати Тоҷикистон иттилои расонаҳои Русияро дар мавриди ба ихтиёри Русия гузоштани 75 дар сади саҳмияҳои НБО Роғун рад кард.
Ҳукумат дар Соли забон 28.07.2008 15:34
*Дар Наврӯзи соли 2007 Раиси ҷумҳури Тоҷикистон исмашро ба номгузории миллӣ мутобиқ намуд - Эмомалӣ Раҳмон.
Э.Раҳмон: «То ду сол соҳибкоронро тафтиш накунед» 26.07.2008 15:45
Бино бар амри Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар аз 25 июл, тафтиши ҳамагуна соҳибкории хурду миёна то муддати 2 сол мамнӯъ эълом шудааст.
Тоҷикидонии Сафири Олмон ва кӯмакҳои сарозер 26.07.2008 15:21
Давлати Олмон барои рушди бахшҳои мухталифи Тоҷикистон маблағи беш аз 53 миллион евро ихтисос хоҳад дод, ки аз ин маблағ 12,5 миллион евроро кумакҳои билоиваз ташкил медиҳад.
Паёми Худо ба дӯстдорони форсӣ 25.07.2008 23:20
Шоми чоршанбе 23 июл баъди соъати 7 дар осмони шаҳри Душанбе манзараи аҷибе шабиҳи навиштаҳои форсӣ мушоҳида шуд. Хонум Машҳура як сокини шаҳри Душанбе мегуяд; «ман он манзараро ба хубӣ дидам. Он бегоҳ осмони Душанбе ранги аҷибе ба худ гирифта буд. Ҳар кас дар он лаҳза ба осмон менигарист ....
Куштори ваҳшиёна дар Хуҷанд 25.07.2008 18:02
Шаби гузашта, дар шаҳри Хуҷанд, духтари 28 солае ба таври ваҳшиёна кушта шудааст.
«ЧАРОҒИ САБЗ»-и КРЕМЛ роҳро барои ТОҶИКӢ кушод 25.07.2008 16:00
Яке аз роҳҳои асосии расидан ба коммунизм ва ё ояндаи дурахшонро бунёдгузорони коммунизми ҷаҳонӣ дар мавҷудияти забони ягонаи универсалӣ медиданд. Энгелс дар як мактуби худ ба Маркс ҳатто гуфта буд, ки дар миёни забонҳои зиндаи ҷаҳон ин нақшро метавонад забони форсӣ иҷро кунад. Аммо забонеро, ки бунёдгузорони коммунизм дар ....
ҚОНУНИ ЗАБОН БО ЗАБОНИ ҚОНУН 25.07.2008 15:50
Ташаббусҳо ва талошҳои мо дар ростои иҷрои Қонуни забон ва расмияти воқеӣ бахшидан ба забони тоҷикӣ чун ҳамеша бештар дар сатҳи эҳсосу отифа анҷом мепазирад. Яъне бештари сӯҳбатҳо, мубодилаи афкор, мақолаҳо ва тадобиру маросиме, ки ба ин мавзӯъ, ба хусус дар соли бузургдошти забони тоҷикӣ, ба назар мерасад, бештар ....
Хатари марги забони тоҷикӣ 25.07.2008 15:10
ё империализми забонҳои кишварҳои муқтадир забони бемори тоҷикиро дар мекашанд Нахуст мехостам таъкид кунам ба хонандаи ин мақола, ҳаргиз гумон наравад, ки инҷониб мухолифи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад. Инсон имрӯз барои дастёбӣ ба ҳунару технологияи оламгири Ғарб, бидуни донистани забонҳои русӣ ва англисӣ комёб ....
Ғуломов Роғунро таслим кард?! 24.07.2008 23:17
Рӯзномаи «Коммерсант», як нашрияи наздик ба ҳукумати Русия хабареро интишор додааст, ки гуфта мешавад, номае бо имзои Асаддулло Ғуломов, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон ба Вазорати энержии Русия ҷиҳати таслими 75 дар сади саҳмияҳои НБО Роғун расидааст.
Нишасти вузарои хориҷаи Созмони Шонгҳой дар Душанбе 24.07.2008 22:01
Нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар маҳалаи Пуғуз оғоз ба кор кард.
Амрико: Рӯ ба омӯзиши форсӣ 24.07.2008 21:26
Дар коллеҷи Ню Черсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бахши забони форсӣ – тоҷикӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.
ИНҚИЛОБИ ЗАБОН 24.07.2008 20:17
Лутфи Офаридгор буд, ки тоҷикон истиқлоли миллии хешро ройгон соҳиб шуданд. Равшан аст, ки барои ба даст овардани ин неъмати бузург муборизаҳои шадид ва тӯлоние лозим аст, ки дар ин набардҳо хуни садҳо тан рехта мешавад, бадбахтиҳои гӯшношуниде ба сари миллат сарозер мегардад. Афғонистону Ҳиндустон садсолаҳо мубориза бурданд, то таҷовузгарони ....
УФҲО 24.07.2008 19:40
Уф-ф, мана, наконес,- тфу,- оқибат гуфтани будам,- мо ҳам ба қатори одам даромадем. Акнун моро ҳам УФ мегӯянд. Росташро гӯям, гап дар ҳамин дарунҳо будаасту мани гаранг роҳи Русияро охурча карда гаштаам. Қариб номамро фаромӯш карда будам. Дар Тоҷикистон - русиян, дар Русия - бомж, дар роҳи оҳани байни ....
Барқро аз моҳи сентябр қатъ мекунанд 24.07.2008 19:29
Дар як нишасти матбуоти, ки дар вазорати энергетика ва саноат баргузор гардид, Гул Шералӣ, вазири Энергетика ва саноати ҶТ гуфт: «Дар ошхонаву тарабхонаҳои пойтахт аз моҳи сентябр «лимит» муқаррар карда мешавад. Аллакай ангишти кофӣ, махсусан барои тарабхонаву ошхонаҳои пойахт дар деҳаи Шарораи ноҳияи Ҳисор захира шудааст, ки ишон метавонанд ....
Ҳайбулло Латифов: «МО КАМКОР НЕСТЕМ!» 24.07.2008 19:23
Зимни нишасти матбуотие, ки дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид, раиси кумита Ҳайбулло Латифов изҳор дошт, мо аз озмуни ҳафтаномаи "Миллат", ки хонандагони ин ҳафтанома моро камкор баҳо дода буданд, розӣ ҳастем. Вале камкории мо на аз он сабаб аст, ки фаъол нестем, балки вазъи кишвар дар ин давра ....
Интизор бошед, об соф хоҳад шуд 24.07.2008 19:21
Корхонаи давлатии обу корези шаҳри Душанбе, ахиран эълом кардааст, ки то аввалҳои моҳи декабри соли ҷорӣ мушкили таъмини оби софи ошомиданӣ барои сокинони пойтахтро ҳал хоҳад кард.
«ҚАТОРКӮҲҲОИ ТУРКИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН?...» 24.07.2008 19:13
Бо қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ЧТ аз 5.06.2008, №509 номи 88 деҳа, 2 шаҳрак ва 6 ҷамоати ноҳияи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тағӣир дода шуда ба онхо номҳои таърихии тоҷикӣ гузошта шуданд. Аз ҷумла номҳои деҳаи Қаробулоқ ба деҳаи Намозгоҳ, деҳаи Олиӣ Совет ба деҳаи Оли Сомон, деҳаи Бошбулоқ ба ....
Овозхоне, ки моро ба Бухоро мехонад кист?! 24.07.2008 19:00
Майлу хостаҳои зиёди зистан, ҷӯстан ва ковишҳои пайвастаи инсон дар ин олам аз кашиши ҷаҳоние, ки дар вуҷуди ҳар инсон ҷойгир аст, бармехезад. Ин кашиш монанди оҳанрабоест, ки ҳамеша инсонро ба андӯхтан ва афрӯхтан муроғиб месозад. Дақиқтараш ин кашиши дарунии мо аст, ки ба исми Ишқ ёд мешавад ва ....
Парҳез аз он асал, ки бо заҳр омехт 24.07.2008 18:37
Дар шумораи № 18 ҳафтавори "Пажвок" аз таърихи 18/06/2008 мақолаеро бо унвони "Лаънат ба касе, ки фармудаҳои Қуръонро намешунавад", ки ба қалами Садбарг Ғуломова таалуқ дошт, мутолиъа намудам. Мақолаи мазкур дар нигоҳи аввал хеле ҷолибу ҷаззоб ба назар расид. Дар саҳифаи аввали рӯзнома зери ном ва болои акси як ....
Рӯдакиро зодгоҳ низ ПАНҶРӮД аст! 24.07.2008 18:32
Хулосаи навиштаи муҳаққиқ Қиёмиддин Сатторӣ "Мо ҳама аз оби Рӯдак хӯрдаем" ("Миллат" № 27, 3 июли соли 2008), ки нуҳ сол пеш дар маҷаллаи "Гули мурод" низ ба табъ расида буд, ҳарфи тоза нест ва ин навишта кашфиёт низ надорад. Сатторӣ ҳам мисли А. Истад, Б. Тилавов, Б. Шакурӣ ....
«Агроинвестбонк» ва деҳқони сарсони Суғд 24.07.2008 17:53
Ҳангоми ҷашни Наврӯз зиёд мегӯянд: Соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост. Аммо баҳори имсола барои кишоварзони вилояти Суғд нобоб омад. Гарчанде ки дар чандин кӯчаю маҳаллаҳо суманак пухтанду онро бо умеди он, ки сол сербориш ояд, кафча заданд, лек аз осмон қатраҳои ҳаётбахш кам ба замин рехт. Имсол нафароне, ....
Ҳоҷи Мирзо: Шогирдони ман салафӣ нашудаанд! 24.07.2008 17:26
Мусоҳиба бо имомхатиби масҷиди маҳаллаи ба номи Ҳилоли Аҳмари шаҳри Кӯлоб -Вақтҳои охир дар кишвар гурҳӯе баромадааст ба унвони салафия, ки тарзи хондани намоз ва риояи сунатҳои Расули Худо (с) дар баъзе масоил бар хилофи мазҳаби Абуҳанифа (р) мебошад, бигӯед баромади ин салафияҳо аз куҷост?
Бонки миллӣ қарз меканад 23.07.2008 19:20
Масъулини Бонки миллӣ мегӯянд, бахше аз маблағи қарзҳои Сандуқи Байналмилалии Пулро пардохт кардаанд.
Ҷанҷоли роҳсозони чинӣ бо ҷавонони суғдӣ 23.07.2008 19:19
Мақомоти интизомӣ дар вилояти Суғд хабар додаанд, ки миёни теъдоде аз ҷавонони маҳалли бо сохтмоничиёни роҳсози чинӣ муноқиша рух додааст. Тибқи иттилои ҳамин манобеъ, ин ҳодиса дар назди майкадаи «Баҳори Аҷам», дар маҳаллаи 19 шаҳри Хуҷанд, иттифоқ афтодааст.
«РАСТОХЕЗ» ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ 22.07.2008 17:53
Имрӯзҳо дар кишвари мо 19-мин солгарди ба тасвиб расидани "Қонуни забон" (Қонун дар бораи мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ")-ро ҷашн мегиранд. Ин боиси хушҳолии мардуми бомаърифату ватанпараст, ба вижа равшанфикрони мо, ки забону фарҳанги миллии худро гиромӣ медоранд, аз он ҳимоят мекунанд ва барои тозагию рушди он заҳмати ....
Раиси ҷумҳур дар Боми Ҷаҳон 19.07.2008 22:52
Хабаргузории «Помир Медиа» хабар медиҳад, рӯзи дуввуми сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамон дар Бадахшон бо боздид аз навоҳии Ишкошим ва Роштқалъа оғоз шудааст.
49 ҳазор бекор дар Тоҷикистон 19.07.2008 20:34
Теъдоди бекороне, ки ҳоло расман дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд, беш аз 49 ҳазорро ташкил медиҳад.
Савганд барои журналистон қабул нашуд 19.07.2008 19:00
Баррасии тарҳи пешниҳодшудаи савганди рӯзноманигорон дар як мизи гирд дар шаҳри Душанбе бе натиҷа поён ёфт.
Фарогирии сил дар рустоҳои дурдаст 18.07.2008 22:48
Бино ба иттилои хабаргузории «Хатлон-ПРЕСС», як рустои хурде бо номи Қарағоч дар ноҳияи Ҳамадонӣ, ки бештар аз 500-нафар аҳолӣ дорад, дар асорати бемории сил қарор гирифтааст.
Як нафарро канаи ҳайвон ба ҳалокат расонд 18.07.2008 22:36
Оҷонси иттилоотии «Хатлон-ПРЕСС», хабар медиҳад, як сокини рустои Шибанайи ноҳияи Темурмалик аз бемории табларзаи геморологӣ фавтидааст.
Раиси ҷумҳур Бадахшон рафт 18.07.2008 15:59
Субҳи имрӯз, 18 июл Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамон барои анҷоми як сафари серӯза ба Бадахшон рафт.
Ҳеҷ будагон ҳеч кас шуданд ё ангуштони Қорӣ Ишкамбаро буриданд 18.07.2008 00:53
Кор анҷом меёфт, садои занги телефони идора баланд шуду гӯширо гирифтам, садои боэҳсоси ҷавонмарде шунида шуд: Ман як сокини шаҳри Душанбе ҳастам. Бисёр маврид нобасомониҳои рафтору гуфтор дар пойтахт моро нороҳат мекунад. Масалан, имрӯз пас аз фориғ шудан аз кор ба хона меомадам, ҳангоми аз назди муҷассамаи устод Айнӣ ....
Нахустин ҷароҳии бехун дар Бадахшон 18.07.2008 00:20
Дар Бадахшон барои нахустин бор ҷароҳии бехун гузаронида шуд.
«Биби Фотимаи Заҳро» беморонро шифо мебахшад 17.07.2008 23:44
Истироҳатгоҳи шифобахши Биби Фотимаи Заҳрои ноҳияи Ишкошим 300-нафар истироҳаткунандаро барои табобату истироҳати ройгон қабул мекунад.
Фавти бештари тоҷикон дар Русия 17.07.2008 23:36
Додситонии нақлиёти Тоҷикистон аз афзоиши фавти муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар соли ҷорӣ иттилоъ додааст.
Назархоҳии «Зеркало» дар Бадахшон 17.07.2008 23:30
Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» дар вилояти Бадахшон роҷеъ ба таъсири расонаҳои хабарӣ ба афкори умум як назарсанҷӣ анҷом додааст.
Баррасии барқи хуршедӣ ва бодӣ дар Бадахшон 17.07.2008 23:18
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ муаррифии як барномаи нав таҳти унвони истифодбари аз барқи хуршедӣ ва бодӣ баргузор гардид.
САРМОЯИ БУЗУРГ 17.07.2008 21:05
Инак 17 сол аст, ки забони тоҷикӣ забони расмии коргузорӣ ва муошират маҳсуб меёбад. Аҳли зиё ва донишмандон дар ин амри муҳим аз худ сарсупурдагиҳо ва ҷоннисориҳо нишон доданд, то бузургтарин сармояи худро дубора эҳё намоянд. Равшанфикр ба василаи муборизоти шадиди худ пардаҳои ғафлатро шикофта ва худро ба марзи худогоҳӣ ....
Ӯ, МО РОССИЯ СОХТАГӢ! 17.07.2008 20:42
Бобо, бачаи ҳамсоя мегӯяд, ки қалъаи Ҳисора бобояш сохтааст. Паат фахр мекунад. Шумо чӣ сохтагӣ? Э ҷони бобо! Ту напурс ҷони бобо, ту напурсу ман нагӯям! Ту глобуса дидагийӣ? Харитая-чӣ? Ино ҳамаш ерунда, бачам! Кадом давра шунидӣ, ки дар ватани мо аққалан ҷӯгӣ мардикор шуда бошад?
Аҳмад Валӣ Масъуд: Аз афғонҳо хидматгор намебарояд 17.07.2008 15:27
Соли 2009 мӯҳлати президентии раиси кунуни Афғонистон Ҳомид Карзай ба итмом мерасад ва ин кишварро интихоботи президентӣ дар пеш аст. Афғонистон чандин сол ин ҷониб мабдаъи нооромиҳост. Доир ба масоили ин кишварро чӣ интизор аст, бо "Толибон" чӣ бояд кард ва харобиҳои ҷанги тӯлониро чӣ тавр бартараф намуд(?), Аҳмад ....
Салмони Форсӣ; аз оташпарастӣ то Ислом 17.07.2008 15:09
"Агар илм дар Сурайё бошад ҳароина мардоне аз инҳо онро ба даст оваранд". Ин ҳадиси паёмбари Ислом Муҳаммади Мустафо (с) ҳаст ва онро дар ҳоле гуфт, ки дасташ болои шонаи САЛМОНИ ФОРСӢ буд.
ТУРКТОЗИҲО БА ХАТ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ё дар ҷуcтуҷӯйи мероси падарони Иброҳим Усмонов 17.07.2008 14:31
Иброҳим Усмонов аз ҷумлаи охирин касоне боқӣ мондааст, ки ҳамчунон талош мекунанд, хастагинопазирии худро дар мавриди баҳси забон ва алифбо намоиш диҳанд. Бисёре дигар аз кирилипарастон ё ҷонибдорони ба истилоҳ ин ақида, ки тоҷикӣ ҷудо аз форсист ё ҳақиқатро дарёфтанд ва ё хаста шуданд ва ё ҳам ин ки ....
Аз Олимпиада то Олимпиада 17.07.2008 14:07
Олимпиада. XXIX Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ. Варзишгарони тоҷик бори 4 - ум пас аз истиқлол, зери парчами кишвар дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, шарафи варзиши тоҷикро ҳимоя хоҳанд кард. Ин дафъа теъдоди варзишгарони тоҷик дар бонуфузтарин мусобиқаи байналмилалӣ доир ба варзиш назар ба мусобиқоти қаблӣ афзудааст. 13 варзишгари тоҷик ....
Зафар Нозим забони тоҷикиро ба курсӣ нишонд 17.07.2008 13:42
Забон падидаи иҷтимоист ва ҳама афроди ҷомеъа, сарфи назар аз пешаву маслак, дар корбурди он ҳақдоранд ва дар заминаи муроъоти низоми дастурии он масъул. Ин қазия бад - ин маънист, ки ҳич кас дар истифодаи аносири забон ҳуқуқи инҳироф надорад, ҳам аз як ҳунарманд то ходими арсаи сиёсат.
Шеърдӯст: Мушкиле дар роҳандозии телевизиони форсӣ вуҷуд надорад 17.07.2008 01:27
Алиасғари Шеърдӯст, сафири ҷумҳурии Исломии Ирон дар Душанбе ба хабарнигори «Миллат» гуфт, ҳеч мавонеъе ҷиддӣ дар роҳандозии телевизиони муштараки форсӣ вуҷуд надорад.
ОЗОДӢ Ҳафтаи эътирозҳо ва радия 17.07.2008 00:52
Нигарониҳо аз қазияи Сайёфи Мизроб Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) рӯзи 11 июли соли равон бо пахши баёнияе аз вазъи пешомада дар бахши тоҷикиии радиои Озодӣ изҳори нигаронӣ кардаанд. Ин баёния дар пайи бо нишони эътироз аз кор рафтани Сайёфи Мизроб, як хабарнигори собиқадори бахши ....
Марзбони тоҷикро қочоқбарон куштанд 17.07.2008 00:49
Бино ба иттилои Кумитаи амнияти миллии қишварамон дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон як марзбони тоҷик ба ҳангоми даргирии мусаллаҳонаи марзбонон бо қочоқчиён кушта шудааст.
Инфиҷор кори дасти Узбакистон 16.07.2008 20:00
Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии кишвар рӯзи 16 июл дар як нишасти матбуотӣ таркишеро, ки соли гузашта дар назди бинои Додгоҳи олӣ рух дода буд, амали дасти хадамоти ҷосусии Узбакистон унвон кард.
Тоҷикистон дигар аз Русия қарздор нест? 15.07.2008 17:00
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ҷумҳурии Русия, Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия қонун дар бораи ба тасвиб расонидани созишнома дар мавриди қарзи Тоҷикистон аз Русияро имзо кардааст.
Вазири корҳои дохила боз ба Бадахшон рафт 15.07.2008 15:29
Маҳмадназар Солеҳов, вазири корҳои дохилаи кишвар субҳи имрӯз ҳамроҳ бо ҳайъати махсуси кормандони мақомоти интизомӣ озими шаҳри Хоруғ шуд.
Саъудӣ муҳоҷирони кории тоҷикро ба кор мехонад 15.07.2008 00:39
Дар мулоқоти масъулини муҳоҷирати кории Тоҷикистон ва Арабистони Саъудӣ дар шаҳри Душанбе эълом шуд, ки Арабистони Саъудӣ барои пазироии муҳоҷирони кории тоҷик изҳори омодагӣ кардааст.
Даъвати фиристодаи Иттиҳодияи Урупо аз Эмомалӣ Раҳмон 15.07.2008 00:33
Пер Морел, фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Урупо, имрӯз, 14 июл дар шаҳри Душанбе, бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи кишварамон мулоқот кард.
Сахтиҳои мусофират дар қаламрави Узбакистон 15.07.2008 00:14
Владимир Собкалов, ҷойнишини аввали сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки тайи 15 соли ахир ҳодисаҳои таҳқиру озори мусофирони тоҷик дар қаламрави Узбакистон зиёд рух додаст.
«Талон»-ҳои ғайриқонунӣ дар «Роҳи оҳани» тоҷик 14.07.2008 21:39
Владимир Собкалов, ҷонишини аввали сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» имрӯз, 14 июл дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ҳеч як хазинадор ӯҳдадор нашудааст то бидуни хоҳиши мусофир ҳамроҳ бо билет фурӯхтани «талон» (барои аз ҳисоби ширкати Роҳи оҳан таъмин намудани мусофирон бо хӯрок)-ро роҳандозӣ кунад.
Беш аз 200 нафар дар хориҷа соҳиби кор шуданд 14.07.2008 21:21
Дар нимсолаи аввали соли 2008-ум оҷонсии давлатии «Бадахшонхориҷакор» зиёда аз 200 нафар шаҳрвандонро барои кор ба хориҷи кишвар фиристодааст.
Корманди ҳукумати Ишкошим ғайб задааст 14.07.2008 21:12
Хабаргузории «Помир Медиа» хабар медиҳад, ки сардори шӯъбаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ишкошим бедарак шудааст.
Панарабизмро аз Ислом фарқ кунед! 14.07.2008 20:20
Дар шумораи (№26 аз 26.06.08)- и ҳафтаномаи "Миллат" мақолае бо номи "Ифтихоре олуда бо таъну таҳқир" аз ҷониби шахсе бо номи Райҳони Раҳматзода чоп шудааст, ки он кас аз мақолаи банда, бо номи "Ҳушёр бошем, душмани тоҷик дар камин аст" ( "Миллат" (№25 аз 19.06.08) сахт гиламанд гашта, бо ашки ....
Зиндагӣ дар Пушён марги тадриҷӣ аст! 14.07.2008 20:02
Дар Чини қадим воситаҳои ғароиби ҷазоро истифода мекарданд. Ҳокимони давр ончунон симои инсонӣ, раҳм, шафқатро аз даст дода буданд, ки нисбати зиндониён шаклҳои ғайриинсонии ҷазоро татбиқ карда, аз шиканҷакашии онон лаззат мебурданд. Ба равзанаки сари зиндонӣ чакра- чакра аз баландӣ об мечакониданд. Бандӣ девона шуда ҷонро бо як азоби ....
Шоирони ориф ва орифони шоир 14.07.2008 19:47
(анҷом) ...Аллома Иқбол ба тасаввуфи исломӣ таконе дод ва ҳамон Худоеро, ки орифони бузург мешинохтанд Иқбол ҳам мешинохт. Худоро орифона мешинохту дӯст медошт ва даъвии нимпайғамбарӣ ҳам мекард. Иқбол одами одӣ набуд, яъне як мақоми баланди тасаввуфӣ дошт.
Душанбе: «қишлоқи тиллоӣ» 12.07.2008 18:03
Баъд аз фуромадани тафси офтоб занони хобгоҳ яке тағораи пур аз ҷомаҳо барои шустан, дигаре зарфҳои пластикии 4-литраи холишудаи равғанҳои эронӣ, ки акнун вазифаи обкашониро иҷро мекунанд, дар даст аз даҳлез берун мешуданд. Аллакай гирди ҷумаки оби ягонаи хобгоҳ пур аз зарфҳои пластикиву сатилҳо навбат мепоиданд ва торбандҳои гирду ....
Дурнамои тавсиъа ва пазириши аъзои нав дар Созмони Шанхай 11.07.2008 21:19
Дар як нишасти ду рӯза, дар Маркази таҳқиқоти стротегии назди Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои тавсиъа ва пазириши аъзои нав дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва мушкилоти фарорӯи он баррасӣ шуд.
Нигарониҳо аз қазияи Сайёфи Мизроб 11.07.2008 20:54
Имрӯз Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) бо пахши баёнияе аз вазъи пешомада дар бахши тоҷикиии радиои Озодӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.Ин баёния дар пайи бо нишони эътироз аз кор рафтани Сайёфи Мизроб, як хабарнигори собиқадори бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» дар як рӯзи пеш, пахш шудааст. ....
Виҷдони раҳгум 11.07.2008 20:02
Виҷдон, бегоҳӣ, вақти говгум, бо гардани дарункашидаю сари хам аз кор ба хона бармегашт, ки ногоҳ… 50 дирам ёфт. Дар рӯи роҳ. Асъори миллии худамон. Нав. Заб-зарди сурхчатоб. Тилло барин. Виҷдон хам шуда хост онро бардорад, вале… аз фикраш гузашт: " Худаш чӣ гап, аз ин мебарояд, ки ман пули ....
Афзоиши худкӯшии занони тоҷик 11.07.2008 16:52
Масъулони кумитаи кор бо занон аз афзоиши худкӯшӣ дар миёни занон нигаронӣ изҳор кардаанд. Тибқи иттилоъи расмӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 310 ҳодисаи худкӯшӣ ба қайд гирифта шуда аст, ки шаст дар сади он занон мебошанд.
Вазири маориф фориғуттаҳсилинро ба додгоҳ мекашад 11.07.2008 01:12
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, алайҳи хатмкунандагони донишгоҳҳои омӯзгории кишвар, ки аз фаъолият дар мактабҳо сарпечӣ кардаанд, ба додгоҳ шикоят бурдааст.
Талко: Фоидаоварии иқтисодӣ 10.07.2008 20:43
Фаъол шудани муносиботи тиҷорӣ -иқтисодии хориҷии Талко боис шудааст, ки ҳаҷми гардиши тиҷорати он афзоиш пайдо кунад. Дар нимсолаи аввали соли 2008 ин нишондод 829, 7 миллион долларро ташкил дода, ки 45, 2 миллион доллар назар ба ҳамин давраи соли 2007 бештар аст.
Талко ба шакли муосири тавлидот мегузарад 10.07.2008 20:34
Талко – Ширкати алюминиюми Тоҷикистон ба марҳилаи нави тавсиъаи худ ворид шудааст. Афзоиши воридот ё даромад ва афзоиши суръати муҷаҳҳазсозии тавлидот зарфи се соли охир аз чунин пешрафт шаҳодат медиҳад.
Нигаронӣ аз мавзеъгирии нодурусти расонаҳои Русия 10.07.2008 20:02
Имрӯз, 10 июл, генерал –майор Вайсиддин Азаматов, муовини раиси Оҷонсии назорат бар маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ ҳама гуна ахбореро, ки дар расонаҳои хабарии Русия дар мавриди интиқол ёфтани маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Русия пахш мешавад, беасос ва ғайримантиқӣ хонд.
Раиси Маркази исломшиносӣ таъин шуд 10.07.2008 18:33
Бо фармони Президенти кишвар Муродулло Давлатов Раиси Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ» таъин шуд. Бо қарори Ҳукумати кишвар мавсуф аз вазифаи муовинии вазири фарҳанг озод карда шуд.
Президенти «Шаҳри Хуршед» 10.07.2008 17:32
Мехостам, ки дар унвони ин матлаб вожаи "Шаҳриёр"-ро ба ҷои истилоҳи "Президент" нависам, аммо андеша кардам, ки на ҳар хонандаи имрӯз маънои вожаи мазкурро мефаҳмад. Ба монанди он солҳое, ки ба хотири як нафар шахси расмии русзабон ҷаласаҳо бо забони русӣ доир мешуданд, ин матлаб ҳам ба хотири фаҳмидани ....
Оё Ҳазрати Хизр зинда аст? 10.07.2008 17:10
Дар адабиёти форсу тоҷик дар бораи Хизр (а) байтҳои сарае суруда шудаанд, ки аз ривоҷ доштани ақидаи ҷовидонӣ будани Хизр (а) дар замони классикони мо дарак медиҳад. Аз ҷумла Шайх Саъдӣ мегӯяд: Ай Хизр ҳалолат накунам чашмаи ҳайвон, Донӣ, ки Сикандар ба чӣ меҳнат талабидаст. Ё Соиб мегӯяд: Ба ман доданд ҳамчун Хизр ....
Осимӣ кӣ буд?! 10.07.2008 16:11
Ман аз чанд даҳа пеш бо номи доктор Осимӣ ошно будам ва баъзе навиштаҳояшро каму беш хонда будам, вале барои нахустин бор - агар иштибоҳ накунам - дар соли 1351 ( 1972) буд, ки тавфиқи дидораш дар шаҳри Душанбе насиби ман шуд. Дар он сол ба даъвати ЮНЕСКО дар ....
Тирагиҳои баҳри тоҷик 10.07.2008 15:29
Дар қад-қади Баҳри Тоҷик даҳҳо мавзеъи истироҳатӣ ва муассисаҳои фароғатӣ мавҷуд аст, ки имрӯзҳо мизоҷон, сайёҳони зиёде ин ҷо меоянд. Расман, дар ҳавзаи Сирдарё шиноварӣ ва дар соҳилҳо истироҳат кардан аз 1-уми июни соли ҷорӣ иҷозат дода шудааст. Мавсими оббозӣ вобаста ба вазъи ҳаво то моҳи сентябр ва гоҳо ....
Додгоҳ ба суди Масъуд Собиров ҳал шуд 10.07.2008 03:05
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур зери раисии додрас Абдулло Раҳматов ҳалномаи мурофиаи додгоҳии Ҳизби демократро аз рӯи шикояти Масъуд Собиров, раиси ҲДТ, соати 15- и имрӯз, 9 июл эълом доштааст. Тибқи ин ҳалнома Сайидҷаъфар Исмонов, як муддаъии дигари курсии Раёсати ин ҳизб ба маблағи 100 сомонӣ ҷарима шуда, ҳушдор гирифтааст, ки аз ....
Модели нави сабти номи маризон 10.07.2008 03:04
Рӯзи чоршанбе дар шаҳри Душанбе вазорати беҳдошти Тоҷикистон аз роҳандозии мудели ҷадиди сабти номи маризон барои ироаи хадамоти пизишкӣ дар Тоҷикистон хабар дод. Ҳамакнун беморон метавонанд барои сиррӣ нигоҳ доштани ҳувияти худ ба ҳангоми муроҷиат ба муассисоти тиббӣ бо истифода аз код ё шумораи рамзӣ сабтӣ ном шаванд. Ин системаи ....
Ҳамкории вазоратҳои Афғонистон ва Тоҷикистон 10.07.2008 03:03
Имрӯз Зарораҳмади Муқбил, вазири умури дохилии Афғонистон ва Маҳмадназар Солеҳов, вазири корҳои дохилаи кишварамон ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои ин ду ниҳодро ба хусус дар заминаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, мубориза бо тероризм ва гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ ба имзо расонданд. Вузарои Тоҷикистону Афғонистону ба дунболи имзои ин санад бо хабарнигорон нишасти ....
Парвандаи 33 нафар ба додгоҳ ирсол шуд 09.07.2008 02:13
Оҷонси назорати молӣ ва мубориза алайҳи фасоди кишвар таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Низом Ҷӯраев, вакили собиқи маҷлиси вилояти Суғд, ки ҳамзамон раёсати корхонаи машрубот ва кимиёи шаҳри Исфараро бар ӯҳда дошт, анҷом дода ва барои баррасӣ ба Додгоҳи олии кишвар ирсол кардааст.
Вазири дохилаи Афғонистон дар меҳмонии мо 09.07.2008 00:48
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вазири умури дохилаи Афғонистон имрӯз, 8 июл барои анҷоми дидори расмии се рӯза, вориди Душанбе шудааст.
Девлох 08.07.2008 23:41
Чархаи чӯбин синаи обро шӯр медоду дӯғи даруни хум рӯған ҷудо мекард, аз хаймаи ҳамсоя шиғ-шиғи дӯғкашӣ ба гӯш мерасад. Ба хайма наздик мешаваму дар садои шиғ-шиғи дӯғкашӣ дӯғ кашиданҳои модаркалонам ёдам меояду ба ёдаш дилам гум мезанад. Дӯғкаш ба мисли модаркалонам намегӯяд, ки; «Ма, бигир хафкашаки дӯғро дам ....
Анҷоми тарҳи ислоҳоти Қонуни интихобот 08.07.2008 23:25
Гурӯҳи кории аҳзоби сиёсӣ ва Комисиюни интихоботӣ тарҳи ислоҳоти Қонун дар бораи интихобот ба порлумони кишварро барои пешниҳод омода карданд.
Зиндонии фирорӣ дар Хуҷанд дастгир шуд 08.07.2008 17:29
Додситонии Суғд хабар додааст, Бахтиёр Баротов, як зиндонии фирорӣ, ки аз маҳбаси Хуҷанд гурехта буд, дар як манзил дар маркази вилоят дирӯз аз сӯи мақомоти интизомӣ дастгир шудааст. Ин зиндонии фирорӣ як ҳафта боз таҳти пайгарди милиса қарор дошт.
Пуркортарин ва камкортарин вазиру раис кист? 07.07.2008 22:24
Нашрияи "Миллат" дар моҳи май пурсишномаеро бо унвони "Пуркортарин ва камкортарин вазиру раиси Тоҷикистон кист?" ба хонандаи хеш пешниҳод намуда буд ва ҳам итиллоъ дода будем, ки натиҷаи ин пурсиш дар авоили моҳи июл аз рӯи раъйи додаи хонандаи мӯҳтарами нашрия ҷамъбаст хоҳад шуд. Дар ин муддат мо аз номи ....
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия нокофӣ арзёбӣ шуд 07.07.2008 20:57
Ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба миёни Тоҷикистону Туркия дар мулоқоти ахири руасои ҷумҳури ин ду кишвар нокофӣ арзёбӣ шудааст.
Ғарқ шудани ду корманди бунёди Оғохон дар рӯдхонаи Панҷ 07.07.2008 19:53
Ҷустуҷӯи ҷасади ду тан ғарқшуда дар дарёи Панҷ дар маҳалли Хумроғи ноҳияи Ванҷ идома дорад. Ду нафари ғарқшуда, яке шаҳрванди Афғонистон ва дигаре шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Охирин санади роҳандозии телевизиони форсизабонон имзо шуд 07.07.2008 16:36
Дар нахустин нишасти гурӯҳи кори се кишвари форсизабон санади иҷроӣ роҳандозии телевизиони форсизабонон байни намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Ирон ва Афғонистон дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба имзо расид.
Салафия; ҳам мумкин ва ҳам мамнӯъ 07.07.2008 15:42
Бино ба иттилои бахши форсии сомонаи ВВС, рӯзи 3 июл зимни баррасии фаъолияти шашмоҳаи додситонии вилояти Суғд, Хайрулло Саидов, додситони ин вилоят аз кормандони додситонӣ тақозо кардааст, то бо тарафдорони фирқаи салафия дар ин минтақа муборизаи шадид баранд.
Шумораи толибилмон дар ду сол 9 ҳазор кам шудааст 05.07.2008 21:34
Бино ба иттилои хабаргузории «Помир Медиа», дар Бадахшон тобистони имсол 4083 нафар шаҳодатномаи хатми мактаб ё номаи камол гирифтаанд.
Хорӯғ барои пешвози раиси ҷумҳур омодагӣ мегирад 05.07.2008 20:25
Ифтитоҳи майдони навсохтаи варзишии шаҳри Хоруғ 19 уми июл бо баргузории намоиши теотрӣ дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамон сурат хоҳад гирифт.
Равшангарии Айнӣ: аз исломӣ то тоҷикӣ 05.07.2008 18:01
«Олами ислом ҳар шараф ва манзалате, ки дид, ба воситаи сайфу қалам дид, ба ҳар хориву мазаллате ки афтод, ба сабаби аз даст додани ин ду афтод. Оре, олами ислом дар қарнҳои охирӣ ин ду қувватро тамоман аз даст дод, бинобар ин иззат, шараф, номус, ватан, ва билҷумла ҳарчи, ки дошт, ....
Нигаронии вазири маориф аз сармоягузорӣ дар соҳаи маориф 05.07.2008 16:37
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф дирӯз дар нишасти мақомоти вазорати маорифи кишвар ва намояндагони созмонҳои байналмилалии марбут ба сармоягузории бахши омӯзиш ва парвариш аз камбуди макотиби миёна дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард.
Акнун порлумон бисёрҳизбӣ ва демократӣ мешавад 05.07.2008 00:40
Дар нишасти ахири гурӯҳи кории ислоҳи қонуни интихоботи Маҷдиси олӣ миёни Комисиюни марказии интихобот ва аҳзоби сиёсӣ бар сари афзудани теъдоди вакилони порлумони кишвар тавофуқ ҳосил шудааст.
Қазоқистон дар бунёди Роғун ҳамроҳ шуд 05.07.2008 00:06
Абутолиб Аҳмадов, сафири нави Қазоқистон дар Тоҷикистон имрӯз, 4 июл дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе эълом дошт, ки кишвараш дар садад аст, дар консорсиуми байналмилалӣ барои эҳдоси ниругоҳи обии Роғун дар Тоҷикистон ширкат кунад.
«Талко»-ро намефурӯшанд 04.07.2008 23:37
Зимни пахши як иттилоия дафтари матбуотии «Талко» овардааст, ки ҳеч гуна музокира бо ширкати «Налко»-и Ҳинд сурат нагирифтааст. Гуфта мешавад, ширкати «Талко» ширкати давлатӣ аст, на саҳҳомӣ ва имкони фурӯши саҳмияҳои он вуҷуд надорад ва аз ин рӯ «Талко» ба ҳеч ваҷҳ ба ягон ширкати хориҷӣ ва ё кишвари дигар ....
ШОИРОНИ ОРИФ ВА ОРИФОНИ ШОИР 04.07.2008 22:34
Хонандаи арҷманд! Дар шумораи гузаштаи "Миллат" мусоҳибаи хабарнигорамон Саъдӣ Юсуфӣ бо суханвари шаҳири тоҷик, устод Мӯъминшоҳ Қаноат дар мавзӯъи робитаи ирфони исломӣ ва адабиёти клосикии форсу тоҷик пешкаш гардида буд. Ва инак давоми он мусоҳиба бо камоли майл пешниҳоди шумо мегардад. (Идома)
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи масъули адлия дар Суғд 04.07.2008 21:29
Тибқи иттилои додситонии вилояти Суғд таҳқиқи аввалияи парвандаи ҷиноӣ алайҳи сарҳанг Мухтор ҶавҳаровӮ раиси собиқи бахши вазорати адлия дар вилояти Суғд анҷом ҳфтаӮ барои муҳокима ба додгоҳи вилоят ирсол мешавадӯ
КАЙ АЗ ҚУРҒОНТЕППА ДАСТ МЕКАШЕМ? Ё пешвози Соли забон бо Чапаев, ТЕСТ, НИКИ, ТРЗ 04.07.2008 20:02
Дар остонаи рӯзи Ваҳдати Миллӣ, ки маъракаи асосии таҷлили он дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа сурат гирифт, сару садоҳо аз нав оид ба тағйири ном кардани шаҳри Қӯрғонтеппа авҷ гирифт. Аз рӯи маълумоти аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят расида ҳеч гуфтугузор ва тасмимоте сари ин масъала нест. ....
САЛАФИЯРО ДАР КӮЛОБ ОШКОР КАРДАНД 04.07.2008 00:09
Кормандони умури дини шаҳрдории Кӯлоби вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон зимни як амалиёт теъдоде аз адабиёти мазҳабиеро, ки ба гуфтаи онҳо иғвоангез маҳсуб мешаванд, ошкор ва забт кардаанд.
Кӯмаки СММ ба осебдидагон аз мина 04.07.2008 00:01
Барномаи тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид ба панҷоҳ хонавода дар ноҳияҳои Тавилдара ва Дарвоз, ки бар асари таркиши мина осеб дидаанд, қуттиҳои занбӯри асал ва таҷҳизоти зарурии асалпарварӣ ҳадя кардааст.
Имзои ёддошти тафоҳум дар Бадахшон 03.07.2008 23:45
2 - юми июли соли 2008 дар шаҳри Хоруғ дар ҳузури Қодири Қосим - раиси вилояти Бадахшон, мақомоти шаҳрдорӣ ва масъулини бархе аз созмонҳои ҷамъиятӣ миёни комисияи ҳукуматӣ бо роҳбарии Маҳмадназар Солеҳов-вазири корҳои дохилӣ ва чаҳор тан аз собиқ фармондеҳони нируҳои мухолифин дар минтақа- Имомназар Имомназаров, Толиббек Айёмбеков, Ёдгоршо ....
Зодгоҳи Рӯдакӣ куҷост: Рӯдак ё Панҷрӯд? 03.07.2008 23:05
Гоҳе тасодуфӣ бошад ё амри зарурат баъзе деҳаҳои хурду назарногир бо шарофати зодагони барӯмандаш шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо мекунанду барои ҳамагон азизу мӯътабар мегарданд. Деҳаҳои Панҷрӯд ва Рӯдаки диёрамонро низ ҳамин тақдир насиб карда будааст. Беш аз ҳазор сол мешавад, ки номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вирди забони мардум аст ва аксар муҳаққиқони ....
Имзои ёддошти тафоҳум барои тартибот дар Бадахшон 02.07.2008 20:29
Имрӯз, 2 - юми июли соли 2008 дар шаҳри Хоруғ дар ҳузури Қодири Қосим - раиси вилояти Бадахшон, мақомоти шаҳрдорӣ ва масъулини бархе аз созмонҳои ҷамъиятӣ миёни комисияи ҳукуматӣ бо роҳбарии Маҳмадназар Солеҳов-вазири корҳои дохилӣ ва чаҳор тан аз собиқ фармондеҳони нируҳои мухолифин дар минтақа- Имомназар Имомназаров, Толиббек Айёмбеков, Ёдгоршо ....
Ёдгориҳои меъмории кишвар дар феҳристи UNESCO 02.07.2008 00:15
Феҳристи ахири Ҷоизаи UNESCO бо шумули 8 ёдгории меъмории Тоҷикистон нашр шудааст.
Боздошти як шаҳрванди Афғонистон 01.07.2008 23:45
Бино ба иттилои хабаргузории «Помир Медиа», кормандони раёсати оҷонси назорати маводи мухаддир дар вилояти Бадахшон, як шаҳрванди Афғонистонро боздошт ва аз ӯ 49 кг маводи мухаддири банг мусодира кардаанд.
Хуҷанд: Маҳбуси фирорӣ то ҳол пайдо нест 01.07.2008 21:05
Дишаб ба ҳангоми фирор аз зиндони ислоҳоти меҳнатии низомаш шадиди шаҳри Хуҷанд дар вилояти Суғд, як нафар аз маҳбусони фирорӣ кушта шудааст.
МАСЪУД ВА «СИЁСАТҲОИ АНТИТОҶИКИИ ИСТЕЪМОРИ СИЁҲ» 01.07.2008 18:59
Оё Покистон Ҳомид Карзайро аз байн бурданист? Ҳафтаи гузашта натиҷаи таҳқиқоти сӯйиқасд ба ҷони Ҳомид Карзай эълон шуд, ки дар он дастгоҳи истихборотии Покистон мавсум ба ISI муттаҳам дониста шуд. Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Давлати Исломии Афғонистон дар санаи 27 апрели соли ҷорӣ ҳангоми ҳузур дар 16-умин солгарди пирӯзии муҷоҳиддин ....
Чархаи дуввуми «Сангтӯда-1» фаъол шуд 01.07.2008 01:29
Масъулони ширкати «Сангтӯда-1» аз тавлиди нирӯи барқ дар дуввумин чархаи ин нирӯгоҳ хабар додаанд.
Об дар Тоҷикистон беҳуда масраф мешавад 01.07.2008 01:24
Кори Удовички, ёвари муовини Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи 30 июн пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамон дар сӯҳбат бо ҷамъи хабарнигорон, наҳваи истифодаи манобеъи обӣ дар Тоҷикистонро ғайримуассир хонд.
Соли нобарори созмонҳои ғайриҳукуматӣ 30.06.2008 23:45
Дар як мизи мудавар дар шаҳри Душанбе гуфта шуд, ки соли гузашта барои созмонҳои ғайриҳукуматӣ соли нобарор буд.
Вива, Испания!!! 30.06.2008 22:43
Олмон-Испания-0:1 гол: Фернандо Торрес 33’ Испания бо як голи ягонаи Фернандо Торрес дар қисмати аввали вохӯрӣ барои бори дуввум ва пас 44 сол унвони қаҳарамонӣ дар мусобиқоти футболи Аврупоро соҳиб шуд.
БАРГАРД, АЛО ҲАМШАҲРӢ! 28.06.2008 00:07
Ало ҳамшаҳрии кӯлвор дар пуштам, куҷоӣ ту? Ало ҳамшаҳрии атфол дар муштам, куҷоӣ ту? Ало ҳамшаҳрии гирёну саргардону бехешам, Ғарибу нотавону гушнаву танҳову бехешам. Ту аз тири мани ваҳшӣ гурезониву овора, Ту аз тири мани ваҳшӣ парешониву бечора…
ИФТИХОРЕ ОЛУДА БО ТАЪНУ ТАҲҚИР 27.06.2008 22:32
«Миллат»- ро аз рӯзи зуҳураш то кунун ҳамвора мехонам. Нашрияест ҷолиб ва ҳам дорои матолиби хубу хонданӣ. Зуҳураш фикр мекунам зарур ва саривақтӣ буд. Дар бедории миллӣ, шинохти хеш ва фарҳанги исломиву тоҷикии мо нақши бузурги носутудание дорад. Баҳсҳое, ки миёни хонандагони диду назариёти мухталиф дошта нашр мешаванд, вуҷуди ....
АЗ ДУ МАХСУМ КАДОМЕ ҚАҲРАМОН АСТ, НУСРАТУЛЛО Ё ФУЗАЙЛ? 26.06.2008 16:11
Мавзӯъи ҳаракати босмачигарӣ ё чӣ тавре дар баъзе манобеъ ба номи ҷунбиши муқовимат ёд мешавад, тайи чанд соли ахир дар ВАО ва сӯҳбатҳои мардум мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст.Иддае бар он андешаанд, ки иштирокдорони ҳаракати босмачигарӣ аз зумраи мардони огоҳ, муборизони роҳи ҳимояи Ватани хеш буданд. Ва ҳатто пешниҳодҳое ....
Эшони Қиёмуддини Ғозӣ: 19.06.2008 01:02
Насли аз 30 сола болои тоҷик ном ва чеҳраи Эшони Қиёмуддини Ғозиро бояд хуб дар ёд дошта бошад. Солҳои 1990-1992 дар оғози муборизаҳои миллӣ ва истиқлолиятхоҳӣ, ки осафо он ҳама талошҳо ба муқовимати мусаллаҳонаи байни гуруҳӣ табдил шуд, номи Эшони Қиёмуддин дар ....
Боз ор, Бозори моро, боз ор! Соядасте барои ворисони осори Бозор Собир 18.06.2008 20:02
Силсилаи мақолаҳоро шурӯъ аз мақолаи "Бозор Собир дар мо намеғунҷад" то мавзӯъи соядастҳои устод Бозор Собир ва атрофи фаъолияти адабӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳаёташ мутолиа кардам. Ростӣ чунин ба назар мерасад, ки гӯё бузургони адабу фарҳанг ва ашхоси болаёқатро ҳамеша тақдир дар озмоишҳо ....
Русия аз Роғун даст кашид 13.06.2008 23:20
«Свято место пусто не бывает» (барои онҳое, ки ба тарҷумон ниёз доранд!) Бори дигар баҳси Роғун доғ шуд. Ин навбат ба дунболи номаи Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон ба унвони раиси ҳукумати Русия, ки аз он кишвар даъват кардааст, ба Роғун "бозгардад". Ман чунин хостгории ....
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97