ЭҲТИРОМИ НОН ВА БИҲИШТИ КОСАЛЕСОН

Фарҳанг ва адаб 22.01.2009 14:31

"Агар соати 4-и шав тоҷика ай хов бхезунӣ бгуиш чӣ дорӣ? Мега; "иштиҳо". Кӯдакдор, ки ҳаст доим иштиҳош қатишай….." Ин порае аз шӯхиҳои ҳаҷвнигори машҳур марҳум Амиршоҳ ҳаст, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ба қатл расид, вале садо ва шӯхиҳояш ҳанӯз боқист. Дар ин шӯхӣ ҷиддияте ниҳон аст ва он ҷиддият ин аст, ки дар маҷмӯъ мардуми тоҷик иштиҳои хуб доранд ва бисёр мехӯранд. Шояд иллаташ ин бошад, ки аксаран мардуми мо дар деҳот мезиянд ва ба кору бори деҳқонӣ ва кишоварзӣ машғуланд.

Албатта боду ҳавои тоза ҳам метавонад таъсири худро дошта бошад.

Агар мо ба ғизо ва таомҳои худ бингарем, мебинем ғизоҳои мо асосан ғизои деҳқониянд. Палаву қурутобу шӯрбо ва мантуву плимени серравған ғизоҳои серкалорияе ҳастанд, ки бо тановули он беҳтар аст одам ба кори физикӣ ва деҳқонӣ машғул шавад то корҳои фикрӣ, аммо ин ба ғизои асосӣ табдил ёфтааст ва ҳатто дар шаҳрҳоямон ҳам одамоне, ки ба корҳои фикрӣ ва идорӣ машғуланд аз ҳамин ғизо истифода мебаранд.

Бисёре аз мо субҳона нону маска ва чой ё коферо бо мураббо мехӯрем, ки чизе ҷуз ширинӣ ва чарбӣ дар худ надорад ва гарчанде шикамро сер мекунад, вале барои саломатӣ ғизои хубе нест. Мо эҳсос намекунем, аммо сар аз субҳона то чошту хӯроки шом миқдори бисёр зиёди нонро истифода мебарем.

Ҳатто палави серравғани бо гӯшти гӯсфандро ҳам бо нон мехӯрем. Тарафи марбут ба тиббу тандурустияшро табибону пизишкон беҳтар медонанд ва онҳоанд, ки дар ин бора метавонанд, маълумоти дақиқи илмӣ ва ҳирфаӣ бидиҳанд.

Аламовар набуд, агар ин фақат як масъалаи пурхурӣ бо сабабҳои ҷуғрофӣ ва шуғли кишоварзӣ мебуд. Аммо мутаассифона пурхӯрӣ ва ғалатхӯрӣ дар кишвари мо ҷанбаи динӣ ҳам гирифтааст ва ин тарафаш ҳаст, ки ташвиш ва норозигии маро ба амал овардааст ва мехостам роҷеъ ба он гуфтаниҳои худро дар ин мақола пешниҳоди хонанда намоям.

НОН БОШАД СУРУД ҲАМ МЕШАВАД?

Аз хурдӣ тавре тарбия шудаем, ки бояд нонро эҳтиром намоем. Фақат барои як пора нонро дар дастархон чаппа гузоштан аз модарам сарзаниш мешунидам. Чун нонро дар дастархон мегузорем аз шиддати эҳтироми нон дастархон ҳам чизи муҳтараме шудааст. Модарам, ки даврони кӯдакияш бо замони ҷанги ҷаҳонии дуввум рост меояд, аз сахтиҳо ва фақру нодориҳои он замона ба мо нақл мекард ва дар зеҳнамон тарсеро беихтиёр эҷод мекард, ки мумкин аст бе эҳтиромии нон боз сабаби баргаштани ҳамон рӯзгори номуборак шавад.

Мо сахт аз нон вобастаем ва чун ҳама ғизоҳоямонро бо нон мехӯрем, болоравии нархи нон хабари шумтарин барои мост. Аммо ин як ҳақиқат аст, ки нон ғизои солим нест.

Нон фарбеҳӣ меорад ва чарбуро зиёд мекунад. Зиёдии чарбуву фарбеҳӣ, яъне ба сахтӣ гардиш намудани хун ва ба сахтӣ гардиш намудани хун, яъне бемории дил ва бемории дил, яъне марг. Дар андаки ӯ манфиате вуҷуд дорад, вале ба ин шакле, ки мардуми мо истеъмолаш мекунанд, ҳаргиз манфиатовар нест, пас чаро ин ҳама эҳтирому пас чаро ин ҳама қадрдонӣ, ва чаро ин ҳама нонхӯриву эътимод ба нон?

Фикр мекунам, ин менталитети бузургдошти нону истеъмолу эҳтироми беандозаи он реша дар давру замони шӯравӣ дорад. Маҳз эҷоди ҳамин менталитет ба нонхӯриву эҳтироми шадиди нон оварда расонид.

Роҳбари шӯравӣ Брежнев ҳанӯз даҳаҳо пеш гуфта буд: "Нон бошад, суруд ҳам мешавад". Ин гуфта ба аҳамияти нон таъкид мекунад ва ҳама шодиву сурурро дар будани ин неъмат медонад.

Гӯё ба даст овардани нон кофист то суру шодӣ баргузор шавад. Оре, нон шикамро сер мекунад ва мешавад бо шиками сер табли шодӣ зад, вале боз ҳам нон ғизои солим нест.

Дар лаббайкгӯӣ бо ин фармуда Брежнев ва дар саровозӣ бо ин роҳбари шӯравӣ шоирону нависандагони тоҷик мисраъҳое эҷод намуданд. Дар адабиёти мактабии Тоҷикистон талабаҳои тоҷик бо достоне, ки дар маънои эҳтироми нон эҷод шудааст, тарбия мешуданд.

Мухтасари достон ин аст, ки марде савори асп нон хӯрда роҳ мерафт ва ногоҳ пораи хӯрде аз нон ба замин меафтад. Саворӣ аз асп фаромада, он нонрезаро ҷустуҷӯ менамояду намеёбад ва бо ин иктифо нанамуда санг ҷамъ менамояду атрофи он нонрезаи гумшударо девор менамояд ва бо ин тариқ гӯё кори бузурге анҷом медиҳад ба таъбири дигар барои як нонреза мазор месозад.

Талабаи тоҷик дар солҳои баъдӣ ба ин шеъру оҳангҳо ху мегирифт, ки:

Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм,

Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм.

Ва ё:

Нон бувад чун ҷони одам,

Қуввату дармони одам.

Мепарастам нони гандум,

Хушаҳои дони гандум.

Ҳатто дар динситезтарин давраҳои шӯравӣ мардум ба нон сахт эҳтирому эътиқод менамуданд ва бисёре аз нонпарастиҳои имрӯзӣ бо номи дин низ аз мероси ҳамон давру замонаҳост.

ОЁ ЭҲТИРОМИ НОН САВОБ АСТ?

То имрӯз мардуми тоҷик муътақанд, ки эҳтироми нон кори савоб аст ва бе эҳтиромӣ ба нон убол (шакли вайроншудаи калимаи арабии вубол-ҷазо) мебошад.

Албатта ҳич далели шаръие аз Қуръону ҳадис моро амр ба эҳтироми нону гиромӣ доштани он нанмудааст ва ҳич далели диние барои убол будани бе эҳтиромӣ нисбат ба нон ва он ҳам беэҳтиромӣ дар пиндошти мо мисли чаппа гузоштани нон дар дастархон вуҷуд надорад.

Агар аз боби неъмати худо будани нон эҳтромашро савоб пиндорем, пас бояд донист, ки неъмати худо барои истифода бурдан ҳаст, на барои эҳтирому парастиш.

Масалан себ ҳам неъмати худост, вале бисёре аз мо онро газида ба як сӯ ҳаво медиҳем ва ҳаргиз ҳам себи нимхӯрдаи сари роҳро ба баландие ба хотири эҳтиром намегузорем, дар ҳоле ки себ ба маротиб ғизои солим ва муфидтар ба ҷисму ҷони одамист. Инро ҳар як табиб тасдиқ менамояд.

Агар мо ба фарзандонамон "нон бувад чун ҷони одам биёмӯзем" инглисҳо ба фарзандонашон ин масали машҳури инглисиро меомӯзанд, ки "An apple a day keeps doctor away - ҳар рӯз як себӣ тановул намудан, худро аз табиб наҷот додан аст".

Таваҷҷуҳ бояд кард, ки дар мақолаҳое, ки дар ҳақки нон ва эҳтироми он дар забони имрӯзии мо вуҷуд дорад. рабти он ба саломатӣ мушоҳида намешавад. Аммо бубинед, ки дар зарбулмасали инглисӣ ҳам сӯҳбат аз хӯрдани себ меравад ва ҳам аз фоидаи он ба саломатӣ яъне ғизои солим.

Пайғамбари Худо саллалоҳу алайҳи ва саллам ба масъалаи хӯрдан сахт аҳамият медод. Ҳамеша кам, вале ҳисобшуда мехӯрд. Дар бисёре аз ривоятҳо омадааст, ки ҳазрати Муҳаммад (с) хурморо бо шир мехӯрд. Медонем, ки хурмо (хурди сиёҳ, на хурмои себшакли маъруф дар Тоҷикистон) ба гурӯҳи меваҳо дохил мешавад ва дар муфид будани шир ҳам касе шубҳа надорад.

Ҳамаи мо медонем, ки русҳо ҳам мисли инглисҳо ба фарзандонашон хӯрдани ин неъмати хуби илоҳӣ - ширро бо рабти он ба саломатӣ таблиғ мекунанду менӯшонанд: "Дети пейте молоко будьте здоровым- бачаҳо шир бинӯшед то солим бошед".

Аммо мо боз ҳам ба фарзандонамон мегӯем, ки "нон бувад чун ҷони одам" ва намегӯем, ки "саломатӣ дар андак хӯрдани нон аст".

Дар ривояте омадааст, ки гӯё ҳазрати Расули Акрам алайҳиссалоту ва саллам фармуда бошанд, ки "иҳтаримил хубза - нонро эҳтиром кунед", вале огоҳони илми ҳадисшиносӣ ва ё худ усули ҳадис медонанд, ки ин ривоят сиҳат надорад.

НОНУ ИМОН

Даҳшатзада шудам, вақте боре яке аз муйсафедони деҳаам аз ман пурсид, ки чаро аз қадим мегӯянд: "нону имон"? Ба ростӣ ман ҳаргиз ин ҳарфро нашунида будам ва сахт тааҷуб кардам, ки чунин ҳарфе дар байни мардуми мо ҳаст. Қабл аз он, ки чизе бигӯям, он мӯйсафед худаш идома дод, ки нонро ҳамроҳ бояд дошт ва агар касе масалан, дар бешае ё пуштае аз дунё бигузарад ва бо ӯ қадре нон ёфт шавад, ӯ имон бурдааст.

Чун тағйири андешаи як мӯйсафед амри номумкин аст, фақат баъди каме андешидан ба ӯ гуфтам, ки шояд мурод аз ин гуфтаи зебо он бошад, ки нону хӯрок додан ба фақиру бенавоён аломати бо имонии як одам аст. Чанд мӯйсафеди дигаре дастгирӣ намуданду қиссаҳои ҳотамони тойи деҳаро оғоз намуданд.

Дар фарҳанги мо ба хӯрдану эҳтироми нон ба қадре ранги динӣ додаанд, ки дар дуъо низ онро ҷой додаанд. Ин дуъо фаровон ба гӯш мерасад, ки: ... Арзонии нон, бақои имон, саломатии сари фарзандон ...

БИҲИШТИ КОСАЛЕСОН

Мо натанҳо нони бисёр мехӯрем, балки бисёр хӯрдани нонро боз мутаассифона ранги динӣ ҳам медиҳем ва ин ҷост, ки дуди афсӯс ба фалак мепечад. Нони бисёр хӯрдану эҳтироми он ба ҷое расидааст, ки аз хурдӣ дар зеҳни кӯдакон ҷояш мекунем, барояш шеъру тарона мехонем, ҳаргиз аз зарару зиёнаш ба кӯдакон намегӯем ва на танҳо ин, балки дар табақи бузург нони зиёдеро реза мекунем ва аз болояш оби авқот (шакли вайрон шудаи ақвоти арабӣ - ҷамъи қут - хӯриш) ва то охирин луқма ва гоҳҳо чанд бор боз нон реза кардаву оби авқот мерезему мехӯрем ва дар охир ин шеърро ҳам мехонем, ки:

Аз он рӯзе, ки дунёро бино кард,

Биҳишти косалесонро ҷудо кард.

Дар яке аз нишастҳои саримизӣ бо хабарнигорон дар паҳлӯи хонуми хабарнигоре нишаста будам, ки охирин бозмондаи ғизои пиззашаклро аз косааш бардошту ин шеъри биҳишти косалесонро хонд. Чун медонам бо хабарнигорон роҳат мешавад изҳори назар кард, ба он хонум гуфтам, ин шеър аслан ин гуна ҳаст, ки:

Аз он рӯзе, ки дунёро бино кард,

Дӯзахи косалесонро ҷудо кард.

Дар шигифт афтоду гуфт, чӣ магар косалесӣ савоб нест? Ба ӯ гуфтам, ман ҳам мисли ту аз ин шеъру гапҳои дигар гӯшҳоям пур аст, вале як бор биё маънои ин шеърро фикр кунем. Косалесӣ, яъне то охир хӯрдан, то охир хӯрдан, яъне пурхӯрӣ пурхӯрӣ, яъне танбаливу хоб ва магар биҳишт ҷойи пурхӯрҳову танбалҳову хоболудаҳост? Магар беҳтар нест, кам бихӯрему ин шеъри Саъдиро дар забон биёрем, ки:

Андарун аз таъом холӣ дор,

То дар ӯ нури маърифат бинӣ.

Оре, ин мутаассифона ва боз ҳам мутаассифона ҷузъи фарҳанги мо шудааст, ки эҳтироми меҳмонро бо тавшиқ ба пурхӯрдани ӯ ба ҷо меёрем ва ҳар лаҳза ба ӯ мегӯем, ки: "Гиред! Гиред! Ҳиччӣ нагирифтед ку!!!".

СУХАНИ ВОПАСИН

Рӯзе бо яке аз пизишкони рус аз тариқи интернет сӯҳбат менамудам ва гап дар бораи таъсири хӯрдан ба саломатӣ ва ба нашоти фикрӣ рафт. Он руспизишк инро тасдиқ намуд, ки хӯрдани ширинии бисёр метавонад ба зеҳни одамӣ таъсири манфӣ расонад.

Оре бо эҳтиёт, ҳисобшуда ва аз рӯйи реъҷа хӯрдан амрест, бағоят муҳим ва ин аст он чӣ шариати Ислом қабл аз ҳар табибе ва Пайғамбари худо пеш аз Ибни Сино таъкид намудаанд. Ба ростӣ ҳам ғизо на танҳо ба саломатӣ, балки ба қобилияти фикрронӣ ва нашоти мағзӣ ҳам таъсир дорад.

Пас бояд ба ғизову хурдани худ таваҷҷуҳ намоем ва ислоҳоти заруриро дарорем ва аз ҳама муҳимаш ба нонхӯрии беҳудаву пурхӯрӣ ранги динӣ надиҳем. Бояд фарҳанги ғазохӯриамонро тағйир диҳем ва ин таблиғҳои нораворо аз он дур созем.


С. ЮСУФӢ
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97