ЗИМИСТОН, НАБИЁ (Тақлиде ба бузургон)

Фарҳанг ва адаб 21.08.2008 22:35

Зимистон! Боз омадӣ? Чида омадӣ? Гумон кардӣ, ки ман дӯсти туям? Хато кардӣ, братишка. Сахт хато кардӣ. Ман ҳаргиз дӯсти ту набудам. Ман душмани якумрии ту будам, ҳастам ва мемонам. Ана ин тарафаша худат фаҳм. Ҳаминро фикр кун, ки баробари ба ин диёр омадани ту дар ақли одамонаш нуқсон меафтад. Мантиқ гум мешавад. Ман то ҳол намефаҳмам, ки ин мантиқи бечора таги барф мемонад ё пояш лағжида аз ягон ҷар парида меравад.

Масалан ман ҳозир фикр карда истодаам, ки аз ҳамин қадар барфи сапеди борида чӣ фоида? Охир аввал як 8 - 10 вагон кумури сиёҳ намеборӣ, ки мо ҳам як бор ин миёнҳои шахшудаю майнаҳои карахтамонро гарм кардаю ба кор андохта гирем. Худат нағз медонӣ, ки ҷангалзорҳо, ҳатто дарахтони мевадиҳандаро мо ҳанӯз дар омад - омадҳои гузаштаат тоза лесида ба коми печкаю сандалиҳоямон андохта будем. Ҳоло ин печкаҳои носерам ба апилкахӯрӣ даромадаанд. Акнун нархи опилка, яъне тахтареза, аз худи тахта қимматтар шудааст. Ана рафиқ зимистон, мантиқа ёбу гир.

Тобистон мо боигариамонро нишон додани шуда, фарши майдонҳои назди идораҳои маъмуриро бо хиштҳои рангаи бетонӣ оро додем. Акнун дар зимистон мардум аз назди ин идораҳо чорпоя мегузаранд, чунки ин хиштҳои бетонии зормонда ягон намуди попӯширо назарашон намегирад ва эшон (яъне хиштҳо) рӯирост ба мо одамон тамасхур мекунанд, ки: "то фикр карда ёфтани резини намепартофтагии таги попӯшӣ, мо ҳоло хеле дасту по мешиканем."

Як занак дар байни майдони назди театр чун дорбозон бо дастонаш мувозинатро нигоҳ дошта рақси аҷоиберо оғоз кард.

- Ҳа, хоҳар, дар байни майдон ба кадом намуди рақс машғулӣ? - пурсид аз ӯ роҳгузаре.

- Ин рақс не. Ман ба театр даромаданиям, лекин то назди касса рафтан метарсам.

- Чаро? Билеташ қимат?

- Не. Роҳаш лағжонак.

Ҳоло ин ҳам ҳеч гап не. Ин барфи ту зимистонбек симҳои барқро канда мепартояд. Аз ҳамон барқи дусоата ҳам Худо мегирад.

Воқеан, ёдат ҳаст, мо дар бораи мантиқ гап зада будем? Ана мантиқи корхонаи барқ пеш аз ҳама зери барф мемонад.

Фарз кардем, агар шумо аз онҳо пурсед, ки; "чаро шумо дар тобистон барқро хомӯш намекунеду дар зимистон фақат ду соат медиҳед?"

Онҳо дарҳол қиёфаашонро ба одами боақл монанд карда мегӯянд, ки: "Чунки дар тобистон мардум барқро кам истифода мебаранд (яъне кам мехаранд), дар зимистон бошад зиёд истифода мебаранд (яъне бисёр мехаранд)». Воқеан ҳар кадоми мо медонем, ки барқ бепул нест.

Агар аз ягон мардаки ҷопонӣ пурсӣ, ки чаро дар бозори шумо фалон мошин камчин аст? Вай дарҳол ҷавоб мегӯяд:

-Чунки мардум аз ин намуди мошин кам истифода мекунанд. (Яъне кам мехаранд.)

Э, ҷопонӣ чи,- агар аз бозоршини қатории худамон пурсӣ, ки: "Чаро дар бозор чоруқу хомак нест" вай ҳам гапи ҳамон мардакчаи ҷопониро мегӯяд: "Чунки эҳтиёҷ ва талабот нест".

- Агар талабот бошад чӣ?

- Агар талабот бошад, рӯзи дигар тамоми пештахтаҳои бозорро аз чоруқу хомак пур мекунем. Аз чоруқи чарми аълосифати барзагави дубайӣ, ки аз охури амири он ҷо ҷаву мавиз хӯрдааст то хомаки аз коғазсохтаи чинӣ. Китайский. Одноразовий.

Агар ба амрикоӣ бигӯӣ, ки мо моламонро барои он ба савдо намебарорем, ки онро мардум мехаранд, вай албатта гов мегардад. Вай инро намефаҳмад… Чаро вақте, ки моли мо ба мардум лозим аст (дар айни ҳол қувваи барқ) мо онро намефурӯшему вақте ки он мол ба касе лозим нест, мо онро қариб ба таги дараш бурда дод мезанем, ки: "Ширда биё, бача?!"

Вай, амрикоӣ, инро ҳеч гоҳ фаҳмида наметавонаду аз гиребони ту, зимистоналӣ дошта, хуб барфатро меафшонад ва баъд бо таҳдид аз ту талаб менамояд, ки: "Ё мантиқамро ёфта медиҳӣ ё ман барфатро ба воситаи яроқи ядроӣ оташ мезанам."

Ана мантиқро ёфта надеҳу рӯзатро бин!

Бинобарин, зимистонхӯҷа, ту пеш аз омаданат «Аввал бубин ҷои худ, баъд бирез барфи… умуман,.. баъд бимон пои худ».

Хуш бош… ва агар тавонӣ… набиё!


Нурулло АБДУЛЛО
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97