Тирагиҳои баҳри тоҷик

Иҷтимоъ 10.07.2008 15:29

Дар қад-қади Баҳри Тоҷик даҳҳо мавзеъи истироҳатӣ ва муассисаҳои фароғатӣ мавҷуд аст, ки имрӯзҳо мизоҷон, сайёҳони зиёде ин ҷо меоянд. Расман, дар ҳавзаи Сирдарё шиноварӣ ва дар соҳилҳо истироҳат кардан аз 1-уми июни соли ҷорӣ иҷозат дода шудааст. Мавсими оббозӣ вобаста ба вазъи ҳаво то моҳи сентябр ва гоҳо то дертар идома мекунад.

Мавсими оббозӣ вобаста ба вазъи ҳаво то моҳи сентябр ва гоҳо то дертар идома мекунад. Мусаллам аст, ки мардум ин ҷо ба хотири истироҳат кардан, дам гирифтан ва ба қавле гарду ғубори дилро баровардан меоянд.
Аммо имрӯзҳо соҳилҳои ин мавзеъи хушҳаво- Баҳри Тоҷик ба партовгоҳ табдил ёфтааст. Чанде қабл намояндагон аз идораи ҳифзи табиати вилояти Суғду шаҳри Қайроққум, аз Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят ва намояндагони ташкилоти экологии Маркази Орхусси шаҳри Хуҷанд рейди махсус ҳам гузарониданд, диданду санҷиданду рафтанд. Умед кардем, ки норасоиҳо бартараф карда мешаванд.
Бо баробари гузаштан аз болои пули Нирӯгоҳи "Дӯстии халқҳо" муассисаи фароғатии "Сайёд" рӯ ба рӯи роҳгузар қарор мегирад. Дар назди ин муассиса соҳили шиноварии шаҳри Қайроқум воқеъ аст. Мардум дар соҳил оббозӣ доранд. Каме дуртар аз соҳил, катҳои болопӯшида гузошта шудааст, ки дар болои он мӯйсафедон ва ҳам занони миёнсол нишастаанд. Ба як нигоҳ ин манзара диққатҷалбкунанда аст, назари касро мебарад. Аммо чун ба пушти он катҳо менигаред, манзараи дигареро мебинед, ки зуд табъатонро хира месозад. Ин тӯдаи партовҳо, пасмондаву пучоқҳои тарбузу харбузаву себу бодиринг аст, ки бӯи туршии онҳо ба димоғ мезанад. Бар замми ин дар партовгоҳ ба миқдори зиёд зарфҳои холишудаи полиэтиленӣ ва шишаҳои холии нӯшокиҳо партофта шудааст. Роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Сайёд" Маъруф Ҳошимов мегӯяд, ки барои баровардани партовҳо чанд маротиба ба Хоҷагии манзилию рифоҳи шаҳри Қайроқум муроҷиат кардаасту лекин ҳеч не, ки онҳо омада партовҳоро бубаранд.
"Пеш аз оғози мавсим мо бо Хоҷагии манзилию рифоҳи шаҳр шартнома баста будем, пули хизматрасониашонро пешакӣ пардохт кардем, аммо аз оғози мавсим то ин дам танҳо ду маротиба партови моро бароварданду халос"- мегӯяд ӯ. Ҳамчунин ин шахси масъул арз кард, ки дар ҳудуди муассисаи ӯ соҳили шиноварии шаҳр мавҷуд асту кормандонаш ҳар рӯз онро тоза мекунанд. Аммо чун соҳилро аз назар гузаронидем, баракси ҳолро мушоҳида кардем. Дар як тараф халтаҳои салафанӣ ба алафҳои соҳил андармон шудаву ба байрақчаҳои ранга монанд шудааст. Пасмондаҳои харбузаву тарбуза ҳарҷо-ҳарҷо пашшағилмон аст, зарфҳои нӯшокиҳо рӯи реги соҳил парешон афтодаанд.
Яке аз истироҳаткунандагони ин мавзеъ, Мубин Азаматов, ки бо аҳли хонаводааш барои дамгирӣ ба соҳил омадааст, аз ифлос будани ин макон нороҳат гашт. Ӯ мегӯяд, ки барои партофтани партовҳо ҷои муайяне нест, қуттие гузошта нашудааст ва албатта ин моро нороҳат мекунад.
Умуман, дар як қисмати соҳили Баҳри Тоҷик беш аз 10 муассисаи истироҳатӣ ҷойгир гаштааст. Аммо дар ҳеч кадоме аз ин муассисаҳо ҷои махсуси партофтани пасрӯбаҳо мавҷуд нест.

Пулро оташ мезананд

Мавзеъи дигари фароғатӣ Ҳалқапечи осоиш (Бухта мирная) ном дорад. Бино бар гуфти намояндагони Маркази Орхусс имсол мутасаддиёни ин муассиса ҷои махсус барои партофтани пасрӯбаҳо ҷудо кардаанд. Аммо он дар ҷои шамолраҳа воқеъ асту пораҳои полиэтилен ва дигар ашёи сабукро бод ба сӯи ҳаво мебарад ва гоҳо дохили баҳр мепартояд. Замони пеш ба тозагии ин муассиса ҷавобгар як нафар буд. Имрӯзҳо ҳар гӯшаи ин макон ба соҳибкорон иҷора дода шудааст. Мағозаву марказҳои савдо, ки дар тарафи чап воқеъанд, партовҳояшонро ба як гӯшаи дигари ин мавзеъ мерезанд. Аз дур дидем, ки аз ҷои партовҳо дуд мебарояд. Наздиктар рафта дидем, партовҳоро оташ задаанд. Дуд ва бӯи ғализи «бакалашка»-ҳои сӯхта ба атроф паҳн мегардад. Ду марди миёнсол зарфҳои полиэтилениро месӯзонанд. Вақте аз онҳо пурсидем, ки чаро партовро оташ мезананд, гуфтанд, ки «баклашка»-ҳо сабуканду агар онҳоро ба трактор бор кунем, парида мераванд. Агар сӯзонем, бор карданаш ҳам осон мешавад. Албатта, инҳо дар бораи осонии кори худ фикр мекунанд. Аммо ин ҷо масъалаи дигаре ҳам ҳаст. Мутобиқи ҳисобҳои олимон барои ба хок ҳал шудани зарфи полиэтиленӣ, ки алҳол хеле бисёр истифода мегардад, 200 сол лозим аст. Агар ин гуна зарфҳоро дубора об кунанд, боз ҳам хатарноктар аст. Чунки дар вақти дуюмбора об кардани ин зарфҳо ба ҳаво моддаҳое хориҷ мешаванд, ки ба саломатии инсон ва тозагии муҳити зист хеле хатарнок аст.
Экологҳо тавсия медиҳанд, ки ин гуна зарфҳо бояд сӯзонда нашаванд. Тоҷикистон Конвенсияро дар бораи моддаҳои устувори органикӣ эътироф кардааст. Ин санади экологии байналмилалӣ ба он нигаронида шудааст, ки моддаҳои устувори органикӣ дар хоҷагии халқ истифода нагарданд. Дар маҷмӯъ дар ин конвенсия сухан дар бораи 13 намуди моддаҳои кимиёвии устувор меравад. Пестетсидҳо ки як навъи он гирбитсид аст дар соҳаи кишоварзӣ кор фармуда мешуд, як намуди моддаи устувори органикӣ аст. Яъне ин заҳрдору ба дохили растанӣ ворид мегардад, аз ҳосили растанӣ ба тани инсон мегузараду дар ниҳоди одамӣ мемонад. Онро бо ҳеч роҳ аз организм хориҷ карда намешавад. Дар бофтаҳо ҷойгир мешаваду оқибат ба бемориҳои хавфноки саратон ва ғайра оварда мерасонад. Дар мавриди сӯзонидани партовҳо ҳаминро гуфтан лозим аст, ки ҳангоми оташ гирифтани он моддаи заҳрноки органикии устувор ба атмосфера хориҷ мегардад ва бо роҳи нафас ба тани инсон ҷойгир мешавад. Намояндаи Идораи ҳифзи табиати вилояти Суғд Аскар Абдувалиев мегӯяд, ки дар манотиқи истироҳатӣ сӯзонидани партовҳо тамоман мумкин нест, оташ задани он хилофи қонун аст.
Дар ин қисмати партовгоҳи минтақаи истироҳатии Ҳалқапечи осоиш ба миқдори зиёд зарфҳои шишагинро ҳам партофтаанду оташ задаанд. Аз гармии оташ баъзе шишаҳо шикаста ва баъзеяшон сиёҳ шудаанд. Зарфҳои холишудаи оби ҷав (пиво) дар ин ҷо хеле зиёд аст. Ин амали кормандони муассисаи фароғатӣ ба оташ задани ҳамёни пул баробар аст. Корхонаи "Лаъл" дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мебарад, ки он зарфҳои шишагӣ истеҳсол мекунад. Чанде пеш ин корхона эълон дода буд, ки як тонн шишапораро ба ивази 200 сомонӣ мехарад. Фарз кардем, як зарфи шишагини пиво 200 грамм вазн дорад, зарфи арақ 300 грамм ва зарфи шампон 700 грам. Дар ин сурат ҳисоб кунед, ки рӯзе ҳар истироҳаткунанда камаш се шиша пиво менӯшад, ҷамъе омада чанд шиша арақ холӣ мекунанд. Ҷамъ кардану зарфҳоро ба коргоҳи "Лаъл" бурда супоридан магар мумкин нест? Тӯли як ҳафта дар ин мавзеъ аз як тонн зиёдтар зарфи шишагин ҷамъ мегардад, ки ба нуқтаҳои қабули зарфҳо онҳоро супоридан мумкин аст. Фарз кардем, барои роҳкирои нақлиёт аз Қайроққум то Хуҷанд 40 сомонӣ сарф шуд. Агар 1 тонна аз ин шишаҳоро ба коргоҳи шишабарорӣ супоред, ба ивази он 200 сомонӣ мегиред, магар ин бар зарар аст?! Магар бо ҳамин маблағ як кормандро маош додан мумкин нест? Аммо масъулон ба ин тарафи масъала аҳамият надодаанд. Дар мавриди зарфҳои алюминии оби ҷав низ ҳамин корро анҷом бидиҳанд, мешавад, аммо намекунанд.
Шояд масъулон аз супоридани шишаҳо ба нуқтаҳои қабули он ибо доранд, аммо ин ибои бемавриду бемантиқ аст. Партови ҷамъ шуда муҳиту ҳаворо ифлос мекунаду табъи истироҳаткунандаро хира. Аз ин шарм бояд кард, ки меҳмонону мизоҷони ин муассисаи фароғатӣ партови ҷамъшударо мебинанду озурдахотир мешаванд.
Дар кишварҳои урупоӣ корхонаҳои коркарди партов мавҷуданд, аммо мутаассифона дар кишвари мо ин гуна коргоҳ мавҷуд нест. Ҳастанд, сехҳое ки қисман қоғаз ва плассмассаро дубора коркард мекунанд, лекин корхонае ки ҳамаи партовҳои сахти маиширо коркард кунад, мавҷуд нест. Шояд як сабаби дар партовгоҳҳо ҷамъ шудану мағор кардани партовҳо ҳамин бошад?
Ҳангоми рейд ёвари сарвари муассисаи истироҳатии "Ҳалқапечи осоиш" Нурӣ Ҳасанова ваъда дод, ки баъди ду рӯз партовҳоро мегиранду атрофро рӯбучин мекунанд.

Гурба ҷои нишасташро мерӯбад

Одатан агар калонсолон тозагию озодагиро таълим додан хоҳанд, ишора мекунанд, ки аз гурба ёд гир. Вақте ин ҷонвар ба ягон ҷо нишастанӣ мешавад, заминро бо думаш мерӯбад. Аммо аксарияти нафароне, ки ба соҳил меоянд, пас аз худ партови зиёдеро гузошта мераванд. Дар соҳил ҳама гуна зарфу шишапора, қуттиҳои холишудаи яхмос, қоғази қанду пӯчоқи меваҳоро пайдо кардан мумкин аст. Аз "памперс"-ҳои партофташуда дарак меёбед, ки дар соҳил хонаводае бо кӯдаки хурдсолаш ба истироҳат омадааст.
Чаро мардуми истироҳаткунанда нисбат ба вазъи атроф ин қадар беаҳамиятанд? Чаро онҳо, ки худашон мехоҳанд аз табиати зебо баҳра бардоранд, ҷои нишасташонро нозебо ва ифлос мекунанд? Магар баъди онҳо каси дигар ҳуқуқ надорад, ки дар соҳил дам бигираду оббозӣ кунад? Ҳастанд нафароне, ки баъди истироҳат партовҳои ҳосилшударо ба халта гирифта мераванд, лекин ин тоифа мардум ниҳоят каманд.
Барои ба ҳар муассисаи истироҳатӣ ворид шудан сайёҳон ва истироҳаткунандагон музди муайяне медиҳанд. Аммо дар қад-қади соҳили чанд муассиса гаштугузор карда, мушоҳида намудем, ки дар ягон ҷои соҳил қуттии партов нест. Дар ин ҳолат бечораи истироҳаткунанда партови ҷамъшударо куҷо партояд?
Соҳибони муассисаҳои фароғатиро зарур аст, ки дар соҳил қуттиҳои махсус гузоранд, то ки мардум партовашонро рӯи реги соҳил нагузоранд. Агар ҳамин гуна қуттиҳо дар пеши назари истироҳаткунанда бошад, онҳо партовро ба ҳар куҷо, ки рост омад не, балки ба ҳамон қуттӣ мепартоянд.

Соҳилҳои хатарнок

Дар тамоми соҳилҳои шиноварӣ ва дар даруни об хати муайяни оббозӣ таъин нагаштааст. Чанд сол пештар дар рӯи об ҳамин хел чиз буд. Он рӯи об шино карда меистоду мардумро огоҳ мекард, ки аз ин хат дуртар шино кардан мумкин нест. Аммо аз чӣ бошад, ки ҳамин гуна чиз нест. Ин ҳам боиси хатар аст. Баъзе ҷавонони густох дуртар шиноварӣ мекунанд, ки хеле хатарнок аст. Бар замми ин дар рӯи об мототсиклҳои обгард, заврақҳои муҳаррикдор ва скутерҳо бо суръати тез шино мекунанд. Вазъият чунин гаштааст, ки ҳатто аз ҷои оббозии одамон бо суръати баланд заврақ меронанд. Агар хати сарҳади ҷои шиноварӣ мавҷуд мебуд, хатари зери заврақ мондани одамон аз байн мерафт. Ҷонишини сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд Худойбердӣ Қодирбердиев мегӯяд, ки пеш аз мавсими оббозӣ ба соҳибони муассисаҳои соҳил супориш шуда буд, ки дар рӯи об ҳудуди ба шиноварӣ иҷозатшударо муайян карда монанд, аммо ягон муассиса ин корро накард.
"Санаи 26-уми май гурӯҳи корӣ соҳилҳоро давр зада баромадем, масъулонро вазифадор кардем, ки рӯи об сарҳади ҷои шиновариро аниқ кунанд, ҷои ивази либос ва ҳоҷатхонаҳоро муқаррар намоянд, аммо то ҳол ягон кас ин корро накардааст. Ҳамон вақт ҳар кадомашон ваъда дода буданд, ки ҳатман супоришро иҷро мекунанд"- мегӯяд ӯ.
Дар ҳудуди соҳили шиноварии "Ҳалқапечи осоиш" теппае дар мобайн ғор дорад. Лойу хоки онро об шуста ба нақб монанд кардаасту аз ду тараф роҳи баромад дорад. Нақби хатарнок аст, ки ҳар лаҳза метавонад, ба сари одам фурӯ резад. Аз тарафи дигар як қисмати калони теппа тарқиши калоне дорад, ки ҳар вақт метавонад, чандин пуд хоку регаш ба сари истироҳаткунандагон резад. Дар ҳамон нақби ҳосилшуда ки ду дуюним метр бар дорад, одамон менишинанд. Бехабар аз он ки ҳар замон он метавонад, ба сарашон фалокати ногаҳонӣ орад. Дар ин гӯшаи соҳил дарахте нест, ки мардум ба сояаш нишинанд. Маҷбуранд, ки ба ҳамон нақб раванд.
Дар ҳамин ҷо агар ягон соҳибкор ва ё соҳибони муассисаҳои фароғатӣ чатрҳои калонро ба иҷора медоданд, мардум ҳатман онро мегирифтанду ба ҷои хатарнок рафта наменишастанд.

Натиҷагирӣ

Дар рейде, ки сурат гирифт чандин муассисаҳои фароғатии соҳили Баҳри тоҷик аз назар гузаштанд. Намояндагони шӯъбаи ҳифзи табиати шаҳри Қайроққум ба соҳибони муассисаҳо пешниҳодҳои худро дар шакли санад тартиб дода, супурданд.
Менеҷери Маркази Орхусси шаҳри Хуҷанд Дмитрий Прудских мегӯяд, ки ин рейди охирон нест ва минбаъд наврасони аъзои ҳаракати Нозирони сабз низ дар соҳилҳо ҳамин гуна чорабиниҳо мегузаронанд. Намояндаи идораи ҳифзи табиати вилоят Аскар Абдувалиев гуфт, ки минбаъд назорати ҳолати экологии истироҳатгоҳҳои соҳили баҳр таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода хоҳад шуд.
Ба тамоми масъулон, ба роҳбарони муассисаҳои назди соҳил супориш дода шуд, ки давоми 10 рӯз камбудиҳоро бартараф кунанд, соҳилро ба тартиб дароранд. Агар дар мӯҳлати муқарраргашта камбудиҳо ислоҳ нашаванд, чораи маъмурӣ дида хоҳад шуд.
Мунтазир мешавем, ки баъди 10 рӯз дар соҳили Баҳри Тоҷик чӣ тағйирот рӯй медиҳад.


Ислом Раҳимов
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97