Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

ГАРАТ АЙБҶӮӢ БУВАД ДАР СИРИШТ…ё тундгароии дунявӣ аз тундгароии динӣ хатарноктар аст

Фарҳанг ва адаб 05.01.2009 14:15

ҲУҶУМ БА ДОЪИЁНИ ИСЛОМ

Чандест афкори мардуми кишвари моро мақолаҳои аҷибу ғариби мухталиф ба худ ҷалб кардааст. Чи гунае ки ҳамагон медонанд, вақте дар фазои иттилоотии кишвар холигие эҳсос шавад, гурӯҳҳо ва афроди фурсатталаб бо ҳар роҳу восита он холигиро пур мекунанд. Гоҳе ҳадафҳои ин гурӯҳҳо ва афрод холисона, огоҳона ва хайрхоҳона мебошанд. Аммо баъзан ба хотири манофеъи шахсӣ ва ё гурӯҳи хоссе ин фазоҳо пур мешаванд.

Аз ҷумла пайдо шудани шахсе ба исми Абдуллоҳи Муҳаққиқ бо ин мақолаҳо ва инчунин пайдо шудани анбӯҳи мақолаҳо дар муқобили пешвоён ва донишмандони динӣ дар як вақти муайян ҷои тааммул ва тафаккур дорад. Тибқи равишҳои номашрӯъ ва ҳадафманд, то имрӯз таблиғот ва таҳоҷумоти мухталифе ба доъиёни динӣ дар ҷомеъаи мо сурат гирифтааст. Шояд баъзе аз ин даъватгарон дар равишҳои даъваташон дучори камбуд ё мушкиле шуда бошанд, аммо набояд касеро ба хотири хато ё иштибоҳаш аз доираи Ислом хориҷ бидонем.

ҲАМЛАИ МАНҒИТ ВА МУШКИЛОТИ БЕБАРҚӢ

Аммо чизи дигаре, ки аз ҳама бештар мояи нигаронӣ ва ташвиши мардуми мост ин аст, ки чаро маҳз дар як вақти хос ин ҳама ҳамалоти барномарезишуда болои доъиёни мусалмон сурат мегирад?

Агар ба ин мақолот дуруст нигоҳ кунем, бӯи таъаффуни фитна ва дуди ғализи ташаннуҷро аз варои ин мақолот истишмом ва эҳсос хоҳем кард. Биёед фикр кунем, ки дар кишвари мо имрӯз бебарқӣ ҳаст, беобӣ ҳаст, фақр ҳаст, бесаводӣ ҳаст ва даҳҳо мушкилоти дигар ҳаст. Бо вуҷуди ин сояи шуми манғите ба исми Маҳмуди Худойбердӣ ҳанӯз аз сари мардуми мо дур нашудааст ва чандин мушкилоти дигар низ дар камин ҳастанд то буруз кунанд, вале як гурӯҳ дониста ё надониста мехоҳанд бар болои ин мушкилот мушкили дигареро изофа кунанд.

АЛЛОМАИ ДАҲР ВА ШОГИРД

Абдуллоҳи Муҳаққиқ бо чунон дилпурӣ ва аз мавқеъияте дар бораи мавъизаҳои Ҳоҷӣ Мирзо сухан меронад, ки гӯиё алломаи даҳре дар бораи шогирди худ маълумот медиҳад. Дар ҳоле ки аз навиштаҳои эшон пайдост, ки дар бораи Ислом чӣ қадар иттилоъ доранд.

Агар хонандаи нуктасанҷ дуруст фикр кунад хоҳад фаҳмид ки бо суханони берабту парокандаи худ ҷаноби Муҳаққиқ дар ҳафтаҳои гузашта танҳо ба айбҷӯӣ пардохтааст, ки мо чандто аз онҳоро баён мекунем.

ҚАРЗОВӢ КУҶОВУ МУҲАҚҚИҚ КУҶО?

1.Дар муқобили доктор Қарзовӣ, яке аз уламои шинохтаи аҳли суннат мақолае навишта, ба истилоҳ хостааст худнамоӣ кунад, ки эшон низ қудрати ҷавобгӯӣ ба уламоро доранд. Дар ҳоле ки дар бораи Қарзовӣ ва фатвоҳои эшон ё иттилоъе надоранд ё ин ки хеле кам шунидаанд. Вагарна дар муқобили як муҷтаҳиди аср чунин ҷавоби густохона додани як рӯзноманигор худ нишондиҳандаи кӣ будани шахсияти ҷаноби Муҳаққиқ аст.

ИШТИБОҲИ САЛАФИҲО ДАР РАВИШИ ДАЪВАТ АСТ

2.Дар бораи салафиҳо матолиберо нашр кардааст ки дурӯғи маҳз ҳастанд. Ҷаноби Муҳаққиқ бояд бидонанд ки салафиҳо бо вуҷуди тамоми хатоҳо ва иштибоҳоташон дар равиши даъваташон ва бо вуҷуди доштани ихтилофоти фиқҳӣ бо мазҳаби имом Абӯҳанифа ҳамчун дигар мусалмонони аҳли суннат ва ҷамоат ҳастанд. Ҷаноби Муҳаққиқ менависад: "…салафиҳо бениёзии Аллоҳро намепазиранд…. Шаби меъроҷи набии акрамро инкор мекунанд…". ("Уштур куланги бедум", ҳафтаномаи "Фараж" №41, аз 19-10-08)

ЧУ ГУФТӢ, ДАЛЕЛ БИЁР!

Ҷаноби Муҳаққиқ бояд дар ин гуфтаҳояшон бештар таҳқиқ намоянд, зеро

а) сухани бедалел аз тарафи як рӯзноманигор ё муҳаққиқ зарбаи бузурге ба як қишри огоҳ, рӯшанфикр ва дилсӯзи ҷомеа мезанад ва эътимоди мардумро нисбат ба ин гурӯҳ аз байн мебарад.

Эшон барои ин гуфтаҳояшон ҳеҷ далеле наовардаанд ва аслан барои ин гуфтаҳо ҳеҷ далеле дар ягон китоби салафиҳо пайдо нахоҳед кард.

б) салафиҳо мисли тамоми мусалмонони дигар инкори меъроҷи расули акрамро куфр медонанд. Пас ин кори шумо ҷаноби Муҳаққиқ худ навъе тӯҳмат ҳисоб мешавад!

ИМОМ МОЛИК ОИД БА АРШ ВА ИСТИВО

в) ҳеҷ салафие Худоро ҷисм намегӯяд ва дар бораи "истиво алал арш" онҳо ба ин сухани Имом Молик истидлол мекунанд ки "Худованд дар болои арш ҳаст, вале чигунагии он номаълум аст ва суол кардан дар ин бора (чигунагии истиво!) бидъат аст". Ҳоло агар шумо мисли баъзе фирқаҳо ба фалсафабофӣ дар бораи аршу истиво бипардозед, ин ҷои худро дорад. Зеро фалсафа ва калом дар муқобили насси Қуръон маҳкуманд.

г) шумо мегӯед салафиҳо мегӯянд "Худо дорои даст ва пойҳои бузург аст", аммо ҳеҷ далеле барои ин гуфтаатон наовардаед. Мантиқи Қуръон ин аст,ки "ҳоту бурҳонакум ин кунтум содиқин" (агар рост мегӯед далелатонро биёваред). Инчунин далеле биёваред, ки дар куҷо салафиҳо Худоро ниёзманд гуфтаанд. Ба ҷои фатво содир кардан дар муқобили доктор Қарзовӣ ва эшонро ба инсоф даъват кардан, ҷаноби Муҳаққиқ инсоф он буд, ки худатон дар ин мавзӯъ таҳқиқи бештар мекардед. Агар шумо дар бораи равиши даъвати салафиҳо менавиштед, шояд маҷбур намешудед чунин дурӯғҳоро бибофед, зеро онҳо дар равиши даъваташон дучори мушкил ҳастанд ва шояд дар баъзе масоили дигар низ хатоҳое дошта бошанд, вале ончи шумо гуфтед, ҳама тӯҳмати маҳз аст.

МУЛЛО СИРОҶИДДИН ЧАРО ДАР КАНОРИ ҲОҶӢ МИРЗО?

3.Дар шумораҳои охири ҳафтаномаи "Миллат" (№46, аз 13-11-08) ҷаноби Муҳаққиқ ба ҷамъоварӣ ва шумориши хатоҳои Ҳоҷӣ Мирзо пардохтааст. Эшон аввал дар бораи домулло Сироҷиддин ва лаънатгӯиҳои эшон навиштааст, ки ҳама онро медонанд ва касе онҳоро қабул ҳам надорад. Аммо Ҳоҷӣ Мирзоро дар канори ӯ овардан чӣ маъно дорад, намедонам.

БО ШАРОФАТИ МУЛЛОҲО ДАР КӮЛОБ АВБОШ НЕСТ

Ҷаноби Муҳаққиқ бо таъкид менависад: "Ҳоҷӣ Мирзо вориси ягона ва воқеии Ислом дар Кӯлоб нест". Охир эшон ҳам дар ҳеҷ ҷо ин даъворо накардаанд ки танҳо вориси Ислом дар Кӯлоб ҳастанд! Махсусан дӯстиву муҳаббату бародарие ки дар миёни домуллоҳо ва доъиёни Кӯлобшаҳр вуҷуд дорад, қобили таҳсин ва сутуданист. Шумо ҷаноби Муҳаққиқ агар зодаи Кӯлоб бошед, бояд замонеро ки дар бозорҳову кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб дуздону кисабурон он қадар зиёд буданд, ки гаштугузор барои инсонҳо мушкил шуда буд, ёд дошта бошед ё шунида бошед. Аммо бо баракати мавъизаҳои ин доъиёни Ислом, яъне Ҳоҷӣ Мирзо, домулло Муҳаммадулло, домулло Холмурод, домулло Ҳайдар ва дигарон аст, ки имрӯз нишоне аз он авбошони кӯчаҳо намондааст.

ҲОҶӢ МИРЗО СТУДИЯ ДОРАД?

Борҳо шунидаем ки Ҳоҷӣ Мирзо ва домулло Муҳаммадулло дар бораи ватандӯстиву хидмат ба халқу миллат мавъизаҳои зиёде кардаанд, аммо ҷаноби Муҳаққиқ бо заррабин хатоҳои онҳоро кофтуков кардааст. Барои мисол дар ҳафтаномаи "Фараж" менависад: "Сабти мавъизаҳои Ҳоҷӣ Мирзо дар ҳар куҷо бо навои мусиқии "савременний" ба гӯш мерасад. Оё расулуллоҳ (с) ҳангоми Қуръон хондан ва амри ба маъруф ва наҳӣ аз мункар кардани саҳобагон ғижжаку най менавохтанд?!"

Гуӣ Ҳоҷӣ Мирзо дар студияи худаш ин корро анҷом додаст, ки шумо ин қадар нороҳат мешавед. Охир агар ҳар касе ки бихоҳад мисли шумо суханони Ҳоҷӣ Мирзоро мантаж карда, бар зидди ӯ ё ба нафъи худ истифода мебарад, гуноҳи эшон чист? Ё ин ки касе бихоҳад бо суханон ва мавъизаҳои эшон бизнеси худро равнақ диҳад, айби Ҳоҷӣ Мирзо чист?

"АКАИ АЗИЗУ ГИРОМӢ" ГУФТАН АЗ ФАРҲАНГИ МОСТ

Сипас дар ҳафтаномаи "Миллат" ба шумориши ба истилоҳ хатогиҳои Ҳоҷӣ Мирзо пардохта менависад: аммо Ҳоҷӣ Мирзо бештари вақт худро бо номҳои зайл "Акаи Ҳоҷӣ Мирзо", "Домуллои бениҳоят азизу гиромӣ", " Ҳоҷии аз ҷон азиз", "Ҳоҷии ширинсухан", "Фахри Кӯлоб", "Пайрави дини мубини Ислом" ва дигар номҳои ифтихорӣ муаррифӣ мекунад."

Нуктаи аввал ин аст ҷаноби Муҳаққиқ, ки мардуми мусулмони Кӯлоб ба хотири эҳтиром ва дӯстдориашон ин унвонҳои фахриро барои эшон менависанд. Ҳоҷӣ Мирзо номаи дигаронро аз минбар мехонад, на ин ки худашро муаррифӣ мекунад.

Дуввум, ин ки магар ака, фалонии азизу гиромӣ, фалонии ширинсухан, фалонии азиз ва ғайра гуфтани як нафар аз рӯи эҳтиром дар забону фарҳанги мо тоҷикон пазируфта нашудааст? Ин унвонҳоро барои эҳтиром хеле инсонҳо истифода мебаранд. Дар инҷо ҳам мардум ба эшон чунин номаҳоеро менависанд ва эшон барои худ унвон накардаанд.

ҲОҶӢ МИРЗО, МУҲАҚҚИҚ ВА ШАЙХИ ДАР СУКУТ

Баъдан ҷаноби Муҳаққиқ таҳти унвони "иштибоҳот ва лағжиши аввали Ҳоҷӣ Мирзо" менависад: "…номбурда «иддаъо дорад, балки фатво медиҳад, ки як олиме ки баҳси масъала мекунад аз ҳазор шайхе ки дар сукут аст беҳтар аст." баъд мепардозад ба таърифи шайху мӯйсафед."

Охир Ҳоҷӣ Мирзо ҳадиси паёмбар (с)-ро баён кардааст, чи гунае, ки худи шумо онро овардаед!

"Ҳар оина мақоми олим беҳтар аз ҳазор обид аст", худатон ҳам қабул доред ки манзури Ҳоҷӣ Мирзо ин ҳадис аст. Пас мушкили шумо дар чист? Ҳоло эшон ба ҷои обид шайх гуфтааст, хатоҳои лафзӣ дар суханронии ҳар як шахс рух медиҳад.

Дониста бошед ки шайх Аттор, Боязиди Бастомӣ, шайх Саъдӣ ва Муҳаммад Иқболро Ҳоҷӣ Мирзо хеле хуб медонанд ва агар айнаки бадбинӣ ва самъаки каҷшунавиро аз худ дур мекардед, медидед ва мешунидед, ки Ҳоҷӣ Мирзо аз ин бузургон пандҳои зиёде ба мардум медиҳад. Баъдан, ҷомеаеро ки Ҳоҷӣ Мирзо хитоб қарор додааст дар он куҷоянд Аттору Боязиду Саъдиву Муҳаммад Иқболаш. Агар шумо чунин иддаои орифиро дошта бошед, ки ба иззати нафсатон ин қадар сахт расидааст, ба ҷои бадгӯӣ ва айбҷӯӣ ақаллан як ҳикматеро барои ин ҷомеъаи ташнаи илму ахлоқ баён кунед.

КАСЕ ПАЁМБАРРО ДАШНОМ ДОД, ДАШНОМАШ ДИҲЕД

Дар ҷои дигар менависад: дар сабти фиттаи рақами 8-ум омадааст, ки як суолкунанда аз Ҳоҷӣ Мирзо мепурсад "як одам илми дунё дорад паёмбарро дашном медиҳад".

Ҳар куҷое як Муҳаммад ҳаст, як Абулаҳаб (ҳам) ҳаст… одами мутакаббир ки муллои шуморо дашном медиҳад шумо низ дашном диҳед… мо ҳақ дорем, ки ҳар киро дашном бидиҳем.

Сухан аз паёмбар (с) сар мешавад, вале шумо ҷаноби Муҳаққиқ чаро ҷавоби эшонро дар бораи дашномдиҳандаи паёмбар комил ё хулосае ҳам наовардед, вале ҳаминашро гирифтед ки: " мо ҳақ дорем ҳар киро дашном бидиҳем" ва аз нуқтаҳои гузоштаатон маълум аст, ки қабл аз ин сухан суханони дигаре низ вуҷуд дорад. Вақте ба ҳар мусулмоне бигӯед, ки як нафар паёмбарро дашном медиҳад, нороҳат, асабӣ ва эҳсосӣ мешавад ва шояд дар ҳолати эҳсосот чизе бигӯяд, ки худаш ҳам баъдан пушаймон шавад, вале дар ин иқтибоси шумо ман бо яқини комил метавонам бигӯям, ки таҳриф шудааст.

МУЛЛОҲОРО КӢ АДАБ ОМӮХТАНИСТ?

Ҳатто агар чунин гуфтае аз эшон дар ҳолати хоссе сар зада бошад ҳам, бо шинохте ки мо аз ӯ дорем ҳатман қабул мекунанд ва ҳозиранд хатои худро ислоҳ кунанд. Аммо тааҷҷуби мо аз он аст ки дар чанд моҳи охир дар матбуоти кишвар як гурӯҳ фақат ба доъиёни дин ҳамлавар шуда, мехоҳанд онҳоро "адаб" намуда, "Ислом" биомӯзанд.

Ба назар мерасад, ки кибру худписандии онҳо то ба ҷое расидааст ки мехоҳанд, доъиёни кишвар низ он чизҳоеро бигӯянд ки инҳо мехоҳанд. Бояд фаромӯш накунем, ки шояд як нафар рӯзноманигор ё нависандаи хубе бошад, аммо аз Ислом огоҳии чандоне надошта бошад. Бо хондани чанд китоби шоирону нависандагони классик ва китобҳои мусташриқин шояд шумо исломшинос унвон бигиред, ба кишварҳои исломӣ сафар намуда, барои гуфтаҳои худ мадрак ҷамъ кунед, шояд фикр кунед ки исломро шинохтаед, вале ба ёд дошта бошед, ки Исломро бояд аз манобеъи аслиаш омӯхт на аз гуфтаи мусташриқину муаррихини ғарбӣ.

ҲАДАФ ЧӢ БУД: ИСЛОҲИ ҲОҶӢ Ё АЙБҶӮӢ?

Агар ҳадафи онҳо воқеан ислоҳи ин доъиён ва холисона бошад, пас чаро ба онҳо нома навишта, хатоҳояшонро ба онҳо гӯшзад намекунанд, вале фақат ба бадгӯӣ мепардозанд?

Махсусан агар ҷаноби Муҳақ¬қиқ ба худи Ҳоҷӣ Мирзо муроҷиат мекард, бовар дорам ки ҷавоби худро пайдо мекард. Ҳоло ҳам агар "Муҳаққиқ"-и воқеъӣ шудан хоҳед дер нест. Метавонед бо сӯҳбатҳои ҳузурӣ ё телефонӣ ва ё аз тариқи нома ҷавоби суолҳоятонро пайдо кунед.

Агар ҳадафи шумо айбҷӯӣ бошад, шумо бо он заррабини айбҷӯии бузурге ки дар даст гирифтаед, метавонед танҳо пойҳои зишти товусро бинеду бас!

Гарат айбҷӯӣ бувад дар сиришт,

Набинӣ зи товус ҷуз пои зишт.

ДОМУЛЛОҲО, ЭҲТИЁТ БОШЕД!

Аммо аз доъиёни бузургвори кишвар низ тақозои онро дорам, ки дар мавъизаҳои худ эҳтиётро риоят кунанд ва коре накунанд ки баҳона ба дасти фурсатталабон дода шавад. Домуллоҳо то имрӯз дар ҷомеъа хидматҳои фаровоне кардаанд ва дар оянда низ хоҳанд кард, ба шарти онки огоҳона амал кунанд. Инкор намудани нақши ин доъиён дар субот ва оромиши кишвар аз доираи инсоф берун аст. Пас биёед худамон бо дасти худамон доъиён ва рӯҳониёни кишварро дар муқобили давлат ва низом тела надиҳем.

ТУНДГАРОЙИ ДУНЯВӢ БЕШТАР ХАТАР ДОРАД

Дар ҷомеаи мо ҳамеша аз тундгароии динӣ сухан мегӯянд, вале чаро боре аз тундгароии дунявӣ чизе намегӯянд. Ҳамон андозае ки тундгароии динӣ хатарнок аст, тундгароии дунявӣ бештар аз он хатар дорад. Ин доъиён дар ҷомеъаи мо тундгароии диниро хеле кам кардаанд, аммо тундгароии дунявӣ, ки имрӯз дар ҷомеаи мо пайдо шудааст, метавонад боиси ба вуҷуд омадани тундгароии динӣ шавад. Пас биёед ба ҷои ифтихор карданҳои ноогоҳона ва ифротии худ бо гузаштагону классиконамон, суханони онҳоро дар зиндагии худ пиёда кунем ё дастикам шиори худ созем. Махсусан ин сухани Фирдавсии бузургворро ки мефармояд:

Чунон дину давлат ба ҳам андаранд,

Ту гӯӣ ду дурре зи як гавҳаранд.

На бе тахти шоҳӣ бувад дин ба пой,

На бе дин бувад шаҳриёрӣ ба ҷой!

ХИДМАТИ МУЛЛОРО БОЯД ГУФТ, НАБОЯД АЙБИ ӮРО ҶУСТ

Ҷаноби Муҳаққиқ метавонистанд ба ҷои айбҷӯӣ дар бораи хидматҳои доъиёни мо сухан бигӯянд ва дар ин миён ба он иштибоҳоти воқеъӣ, ки дар муқобили хизматҳояшон қатрае аз баҳр аст, низ ишора кунанд. Бо ин роҳ дар ростои субот ва оромиши ҷомеа қадам мегузоштанд. Беҳтар аст аз истилоҳоти гумроҳкунандае чун "ман ба ӯ эҳтиром қоилам, ман эшонро эҳтиром мекунам" ва ғайра истифода накарда, амалан эҳтироми худро исбот кунед. Мо низ Ҳоҷӣ Мирзоро намепарастем ва ӯро маъсуму бехато намедонем, аммо инсофро дар ҳама ҷо бояд риоят кард.

Доъиёни ҷомеъаи мо бояд ҷониби эҳтиётро риоят кунанд. Бо ҳар сухани бепоя ва таҳриккунандаи фурсатталабон, ба эҳсосот дода нашаванд. Зеро дар рӯзҳои ахир мақолот ва навиштаҳое ба чоп мерасад, ки маҳз ба хотири сӯзан задан ба асаби доъиён ва дар муқобили ҳам қарор додани онҳо мебошанд.

Замоне ки ин мақоларо менавиштам, дар ҳафтаномаи "Миллат" ҷавоби хирадмандона ва зебои Шарафи Абубакрро хондам ва аз чопи ин мақола мунсариф шудам, аммо бо хондани ҷавоби ҷаноби Муҳаққиқ дубора тасмим гирифтам, ки онро ба чоп диҳам.

ОЛИМОН ВОРИСОНИ ПАЁМБАРАНД

Хулоса, ҷаноби Муҳаққиқ ин хаёли хом аст, ки фикр кунед уламо ва доъиёни кишвар исломро аз даричаи фикри шумо биандешанд. Агар шумо мизони шариатро Қуръон ва суннат бидонед, боз ҳам уламои кишвар ва ворисони Паёмбари акрам (с) ҳастанд, ки метавонанд ин мизонро истифода кунанд.

Боз ҳам такроран мехоҳам бигӯям, ки бо хондани чанд китоби фалсафа ва мантиқ ё таърих инсон шояд исломшинос шавад, вале олими исломӣ намешавад!

Ба ҳамин хотир вақте ин мизон аз тарафи айбҷуён истифода шавад, танҳо дар он айбҳо ва хатоҳоро вазн мекунанд. Аммо олимони исломӣ аз ин мизон барои ваҳдати миллӣ ва пешрафти илму ахлоқ истифода мекунанд.


Саидмӯъмини ҚАЮМЗОД
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97