ТО БА КАЙ АЗ ОБИ ЛОЙ МОҲӢ МЕГИРЕМ

Иқтисод 25.08.2008 13:27

Сардаргумӣ пас аз пошхӯрии Шӯравӣ

Пас аз пошхӯрии давлати Шӯравӣ, Тоҷикистон бо сони ятимаке бесарпаноҳ монд. Мушкилтарин лаҳзаҳоро аз сар мегузаронид ва ба дастгириву кӯмак ниёз дошт. Дар тӯли 73 соли Давлати Шӯравӣ тамоми соҳоти иқтисодӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ аз тарафи Маскав ва садрнишинони Кремл нақшабандӣ ва идора мешуд. Мо ба ин одат карда будем, майнаҳоямон дигар қобилияти фикр кардан надоштанд. То муддатҳо умед доштем, ки СССР дубора барқарор мегардад.

Дар ин асно, собиқ ҷамоҳири шӯравӣ ҳиссаи худро аз СССР талаб мекарданд, комиссияҳои байнидавлатӣ таъсис медоданд, саҳми худро аз Маскав мехостанд. Ба ҷуз Тоҷикистону Молдова дигар ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ бо пешниҳод намудани асноду далоили шайъӣ тавонистанд ҳаққи худро соҳиб шаванд. Ҳатто маблағҳои муштараки пулие, ки дар бонки марказӣ доштанд, ҳисобу китоб шуд ва тибқи шартномаҳои тарафайн ин маблағҳо тавассути таҷҳизоту соири амволи зарурӣ аз тарафи Маскав ҷуброн гардид. Корхонаву иншооти азиме, ки аҳамияти стротегӣ доштанд ва моли муштараки ҳамаи ҷумҳуриҳо буданд, соҳибони худро пайдо карданд ба ҷуз Тоҷикистон.

Кишварҳои Ғарб ва Амрико кӯшиш менамуданд, то дар собиқ ҷамоҳири Шӯравӣ нуфузи ҳарчӣ бештаре дошта бошанд. Сармоядорони хориҷӣ шитоб доштанд то сармояҳои худро дар тағйир додани низоми пешини шӯравӣ масраф намоянд ва қабл аз ҳама идеологияи наве бояд ҷорӣ кунанд, то оянда битавонанд афкори умумро ба сиёсати нав мутобиқ намоянд. Ҳамин тавр нуфузи кишварҳои ғарбӣ сиёсати пешинро тағйир дод, ҷумҳуриҳои собиқ ба низоми тозаи ҷамъиятӣ ворид мешуданд ва роҳу равиши ояндаи худро муайян мекарданд.

Бо камоли таассуф, дар ин солҳои басо мушкил дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон таҳаввулоте рух надод. Раҳбарияти собиқи кишвар ҳанӯз дар гаҳвора хоб буд. Низоми ҷадид сиёсати ҷаҳониро тағйир дод, иқтисоди бозоргонӣ ҳукмрон гардид, бозорҳо ба фаъолият оғоз намуданд, аммо Тоҷикистон боз ҳам ба умеди кӯмаки "бародарон" интизорӣ мекашид. Масири сиёсати дохиливу хориҷии худро наметавонист муайян намоянд. Корхонаву фабрикаҳо ба дасти тороҷгарон гузашт, баъди як-ду сол аз онҳо ному нишоне намонд, таҷҳизот ва фулузоти онҳо бо нархи хеле арзон ба кишварҳои ҳамсоя рӯйрост фурӯхта мешуд, гурӯҳе сарватманд мешуданд, мардум қашоқу бенаво мегардид, теъдоди бекорон меафзуд, мутахассисони ҳирфаӣ ба Русия ва дигар мамолик мерафтанд. Тоҷикистон ба як ҳолати ногуворе рӯ ба рӯ шуда буд.

Ноогоҳӣ ва бемасъулиятии раҳбарияти вақт мардумро сарсону овора кард. Тоҷику тоҷикистониро дар ҳамаи шаҳрҳои Русия дидан мумкин буд, ки барои дарёфти ризқ ба пасттарин ва сангинтарин корҳо даст мезаданд. Иддаи зиёди мардуми бекор дар ватан боқӣ монданд. Оҳиста - оҳиста бозорҳои хариду фурӯш таъсис ёфт. Аз профессор то марди деҳқон ба хариду фурӯш машғул гардиданд. Зеро, бозор охирин сармояи умедашон буд.

Бозорнишинӣ мӯд шуд

Бо мурури замон бозорнишинӣ касб шуд ва имрӯз ба ҳукми анъана даромадааст. Агар солҳои пеш бозор ва бозорнишинӣ ба таври пароканда буд, имрӯз он ба як низоми мукаммал даромадааст. Сохторҳои бозор ва бозордорӣ тибқи қавоиду қонунҳои амалкунандаи кишвар фаъолият менамоянд ва як сарчашмаи мӯътамади мукаммал гардонидани хазинаи давлат шинохта шудааст. Ҳамин бозорҳост, ки молиёт ҷамъоварӣ мегардад ва маоши бознишастагону кормандони соҳоти давлатӣ марбут ба буҷа пардохта мешавад. Бозор имрӯз корхонаву муассисоти тавлидкунандаро иваз намудааст. Ин аст, ки сармоядорон кӯшиш менамоянд, бозорҳои замонавӣ бисозанд, мардумро ба ҷои кор таъмин намоянд. Таъсиси бозорҳо ва фароҳам овардани ҷои кор барои мардум аз як тараф хуб аст, аммо аз тарафи дигар, дар замоне ки инсонҳо кашфиётҳои тозаи кайҳонӣ доранд ва ҷадидтарину муосиртарин дастгоҳҳои техникиро кашфу тавлид мекунанд, наметавонад ояндаи босуботи ҷомеаро таъмин намояд. Ҷомеа ҳич гоҳ танҳо бо рушду тавсияи бозор пеш нахоҳад рафт. Бозор нишастан ин маҷбурияти зиндагист ва кори муваққат аст. Профессору доктору корманди илмӣ набояд бозорнишин бошад, онҳо ақлҳои миллатанд ва бояд ба илму маърифат машғул гарданд. Мутаассифона, маоши ночиз, камбуди молиявӣ ин гурӯҳро низ аз соҳаи худ дур кардааст. Имрӯз ҳамаи қишрҳои ҷомеа рӯ ба бозор овардаанд, дигар аз ҷое умед надоранд. Заҳмати доимӣ ва шабонарӯзии онҳост, ки мардум бо хӯрока, колоҳои мавриди ниёз таъмин мегарданд.

То ба кай дар бозор менишинем?

Суоли матраҳ ин аст, ки то кай мо бозорнишинӣ мекунем ва оё ин амр метавонад ояндаи хушбахти наслҳои моро таъмин намояд?

Роҳҳои зиёде вуҷуд дорад, ки метавонад кишварро аз буҳрони иқтисодӣ ва саргумиҳои иҷтимоӣ наҷот диҳад. Маблағҳое, ки тоҷирони мо ба хориҷ ҷиҳати харидории ашё мебаранд, барои сохтани садҳо корхонаҳои хурди тавлидотӣ басанда аст. Барои мисол, мо як ҳафтаи мусофирати соҳибкоронро, ки ба хориҷ мераванд, муҳосиба намудем. Ҳафтае ду маротиба ба Чину Ирон, як маротиба Туркиё, як маротиба ба Ҳиндустон ва Дубай ҳавопаймоҳои Тоҷикистон парвоз мекунанд, ки зиёда аз 900 нафар тоҷирони моро ба ин кишварҳо мебаранд. Аз рӯи ҳисобҳои коршиносон таи як ҳафта зиёда аз 60 миллион доллари амрикоӣ, ки дар як сол 720 миллион долларро ташкил медиҳад, ба хориҷ интиқол меёбад ва дар иваз амвол ва колоҳои мавриди ниёз ворид мегардад. Дар назари аввал ин кор хеле сода аст, вале агар амиқтар ба он таваҷҷуҳ намоем, паҳлӯҳои дигари ин масъала равшан мегардад. Бо ин маблағи калон корҳои азимеро метавон дар кишвар анҷом дод.

Ҳамсояи мо Узбакистон даҳ сол муқаддам ҳама гуна воридоти молро аз хориҷ ва содироташро аз дохили кишвараш манъ карда буд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба тавлиди молҳои дохилӣ нигаронида шуда буд. Ба ҳич кас иҷозат намедод, ки пули нақдро берун аз кишвар барад ва ашхосеро, ки аз қонун саркашӣ мекарданд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашиданд. Дар тӯли 10 сол тамоми корхонаҳои тавлидотӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ таҷдид гардид. Имрӯз корхонаву фабрикаҳояш бо сифати баланд, молҳоеро, ки ҷавобгӯи меъёрҳои стандарти ҷаҳонианд, тавлид менамояд. Колоҳои истеҳсоли Узбакистон дар бозорҳои мо хеле зиёд аст ва аз нигоҳи сифат аз молҳои истеҳсоли Чин бартарӣ дорад. Узбакистон дорои саноеъ ва корхонаҳои тавлидотӣ гардида, дар содироти амвол хеле муваффақ шудааст. Муҳимтар аз ҳама, ҷойҳои корӣ эҷод шудаанд.

Пойро ба андозаи кӯрпа бояд дароз кард

Таассуфовар аст, ки мо имрӯз дар сохтмони бозорҳову тарабхонаҳо, марказҳои фароғативу тиҷоратӣ, биллиарду бозии компутарӣ, лотову ким-чиҳои дигар, тамоми ниру ва ақлҳои худро машғул сохтаем. Гумон меравад, ки мо масъалаҳои умдаи иқтисодии худро кайҳо ҳал намудаем ва ҷуз дам гирифтану истироҳат дигар коре надорем.

Дар шароити рӯз Ҳукумат ҳарчи бештар бояд ба соҳибкорони дохилӣ такя намояд. Зеро, бо қувваи ҳамин гурӯҳи сармоядор метавон иншооти азими истеҳсоливу тавлидотиро бунёд кард. Агар истеҳсолу тавлидоти дохилӣ рушд наёбад, пояҳои иқтисодии кишвар бе субот боқӣ мемонад. Ҳоло мебинем, ки гурӯҳе пахтаро, ки сармояи асосии миллӣ маҳсуб меёбад, аз они худ кардаву бо нархи хеле арзон дар хориҷ мефурӯшанд. Дар ҳоле, ки пахта бояд, дар дохили кишвар коркард шавад ва наху матои аз он ҳосилшуда бо нархи муносиб фурӯхта шавад. Манбаи ашёи хом будани кишвар, маънии ғорат гардидани сарватҳои миллиро дорад.

Итолиё ва Туркиё, ки аз кишварҳои кӯчаки урупоиянд, имрӯз беҳтарин колоҳои мавриди ниёзро истеҳсол менамоянд. Возеҳ аст ки дар ин кишварҳо пахтакорӣ ривоҷ надорад. Онҳо бо аз худ кардани технологияи муассир тавонистанд ба яке аз пешрафтатарин кишвари содироти мол дар ҷаҳон шинохта шаванд.

Бо камоли таассуф, тоҷик ва тоҷикистониён дар сар як ақида доранд. "Обро лой куну моҳиро бигир". (Аз онҳое, ки ба ин гурӯҳ дохил нестанд, маъзарат мехоҳем!) Аксарият ғами фардои худу кишварро намехӯранд. Вазифаи ҷонии худро аз сарват ҷамъ кардану қасру кушкҳо сохтан иборат медонанд. Фикри сохтани корхонаҳои хурд ҳаргиз дар майнааашон ҷой надорад. Бубинед, имрӯз чиниҳо дар Тоҷикистон ба қавле "аз ҳаво пул ба даст меоранд". Ҳатто дар кунҷи ағбаи Ромит, ки як чашмаи шифобахш мавҷуд аст, корхонаи хурде сохтаанд ва оби ин чашмаро бо каме тасфия кардан ба худи ҳамин мардум даҳ баробар қимат мефурӯшанд. Мардуми бумӣ бо гирифтани 100 $ маош аз субҳ то шом зери дасти онҳо заҳмат мекашанд ва аз лутфу марҳамати корфармоён шукри беҳад мекунанд.

Нанговар аст, вақте сармоядори тоҷик наметавонад дар хонаи худаш кори хайреро анҷом диҳад. Баъзеҳо иддао пеш меоранд, ки агар кореро оғоз кардан хоҳем, садди искандарие эҷод мегардад. Агар чунин аст, набояд дилшикаста шуд. Ҳич коре бидуни талошу заҳмати зиёд ба даст намеояд. Танҳо мубориза ва пайгириҳои зиёд касро дар кор муваффақ мегардонад.

Дуруст аст, ки фасод, ришвахӯрӣ, ошнобозиву маҳалбозӣ дар тамоми соҳот нуфуз пайдо кардааст. Ин падидаи нанговар беху буни ақлҳои миллатро хушку бесамар гардонидааст. Имрӯз мушоҳида мегардад, ки аз бесалоҳиятии иддае аз раҳбарони кишвар, иқтисодиёт таназзул меёбад, сохторҳои давлатӣ заиф мегардад, сафи бекорону камбизоатон меафзояд. То ҳанӯз "стратег"-ҳои мо барномаи мушаххаси дурнамои рушди иқтисоди кишварро муайян накардаанд. Тоҷикистон дар бунбасте қарор дорад ва бо кадом роҳ пеш рафтанаш муайян нест.

Ҳамсоя аз ҳамсоя ранг мегирад…

Ҳамсояи мо Қирғизистон соли 1995 кишварашро минтақаи озоди иқтисодӣ эълон намуд. Тайи як сол аз Чину Туркиё ва Ирону мамолики Урупо садҳо сармоягузор ба ин кишвар омад ва сармояи худро барои рушди соҳаи тиҷорат, сохтани корхонаҳои хурди тавлидотӣ гузоштанд. Имрӯз Қирғизистон аз ин ҳисоб даромадҳои калон мегирад ва сатҳи зиндагии мардумаш хеле хуб гардидааст. Тоҷикистон метавонист ин корро ба роҳ монад. Мутаассифона ба ин масъала касе таваҷҷӯҳ зоҳир нанамуд. Баръакс мо ба тоҷирони чинӣ иҷозат додем, то моли худро вориди бозорҳои мо кунанд ва худ ба тиҷорат машғул шаванд. Дар ҳоле ки набояд ин тавр бошад. Дар ҳич кишваре иҷозат намедиҳанд, ки хориҷиён дар бозорҳо дастболо шаванд. Мардуми мо ризқу рӯзияшро аз ҳамин бозорҳо ба даст меорад, ҳаргиз намехоҳад, ки луқмаи даҳонашро каси дигаре соҳиб шавад. Хуб мебуд агар ба чиниҳо танҳо иҷозати ворид кардани молро медоданд. Агар онҳо корхонаҳои тавлидотии муштарак месохтанд, беҳтар мебуд.

Аз ин рӯ, зарурате пеш омадааст, ки таваҷҷӯҳи асосӣ ба пешрафти саноеъ ва иқтисод нигаронида шавад. Садҳо ҳазор гектар боғҳои меваҷот, пахта ва маъдану сангҳои нодир ба коркард зарурат доранд. Агар мо корхонаҳои хурди тавлидотӣ медоштем, ашёи хоми мо ройгон ба хориҷ намерафт, буҷаи давлат ва кисаи мардум холӣ намемонд. Даштҳои Данғара, ки то доманаҳои Фархор тӯл мекашад, на танҳо Тоҷикистон, балки аҳолии чанд ҷумҳурии ҳамсояро бо гандум таъмин менамояд. Дар ин амр Вазорати кишоварзӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, «Тоҷикматлубот» бояд муштаракан лоиҳае тартиб диҳанд ва аз имконоти мавҷуда ба таври муассир истифода намоянд. Хӯрондани ҳафт миллион аҳолӣ, ки талаботи солонааш 1 млн. 200 ҳазор тонна гандум аст, кори мушкиле нест. Худи мардум соле то 600-650 ҳазор тонна гандум истеҳсол менамоянд. Мо зарурат ба харидории гандум аз хориҷи кишварро надорем.


Ибодулло ОҚИЛПУР
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97