КГБ-и СССР, нируҳои демократӣ-миллӣ ё як амали худҷӯш?
БАҲМАНМОҲ - ФИТНАИ ИМПЕРИЯ БАРОИ НАҶОТ БУД
Баҳманмоҳи хунини соли 1990 дар Душанбе ёде аз охирин талошҳо - дақиқтараш аз охирин тохтутозҳои ошуббарангези империяи Шӯравӣ дар минтақаҳои зердасташ буд.
Далели аслии сар задани ин ошуби хунин таҳкими қудрати заволёбандаи империя буд, ки ҳомиёнаш заволи онро дар рӯ ба рӯи худ медиданд. Ва аммо василаи рӯи саҳна омадани воқеаи Баҳманмоҳ кори дасти органҳои низомӣ, пеш аз ҳама КГБ-и ИҶШС буд, ки дар ҷумҳурии хурди мо барои онҳо хеле муваффақона анҷом пазируфт. Бубинед, бо гузашти 17 сол аз ин воқеа собит нашудааст, ки кадом нируе мардумро ба хиёбон овардааст. Чаро ки мардумро худи онҳо ба саҳнаи гирудор оварда буданд ва ин аслро пинҳон медоштанд.
Рӯиҳамрафта, сабаби макони гирудор қарор додани шаҳри Душанбе ҳамон фаъол шудани нирӯҳои бедор ва ҳақталошии онҳо барои касби истиқлол ё озодии бештар ба миллатҳои зердаст буд. Гузашта аз ин, мардуми рӯшанфикри Тоҷикистон дар қиёс бо минтақаҳои дигар бештар фаъолу огоҳтар ба назар мерасид, ки ин ҳолат ҳам тавонист дар пешорӯи як интихоботи порлумонӣ барои макони саркӯби низом қарор гирифтани ин нируҳо хидмат кунад. Ба ёд биёред, дар он солҳо намояндагони ин нирӯҳо дар хеле аз ҳавзаҳои интихоботӣ номзад пешбарӣ карда буданд ва имкони пирӯзии онҳо хеле зиёд буд. Ба ҳамин далел, омилҳои КГБ аввал ба чопу пахши тӯҳматнома дар ҳаққи ин номзадҳо шурӯъ карда ва саранҷом корро ба гирудору хунрезӣ кашид.
Ба ҳамн тартиб, соли 1990 пеш аз интихоботи порлумони кишвар дар шаҳри Душанбе гирудори сиёсӣ ба роҳ андохта шуд, ки қурбон шудани чанд ҷавони бегуноҳи тоҷикро дар пай дошт ва аммо тохтутоз ба манфиати ҳомиёнаш анҷом ёфт.
Дар он рӯзҳо ва дертар садҳо далел ошкор ва нашр шуд, ки даст доштани омилони КГБ ва ҳукумати Шӯравиро дар ошуби Баҳманмоҳи соли 90-и Душанбе собит карданд. Шунидам, ки Михоил Горбачёв - раиси ҷумҳури вақти Шӯравӣ гуфтааст аз сар задании ин ҳодиса - яъне ошуби Баҳманмоҳи Душанбе хабар надорад, комилан дурӯғ мегӯяд. Раҳбари як давлат, он ҳам давлате, ки дар периферияааш гӯё ошуб бармехезад ва онро бо истифода аз нирӯҳои ҷарору таррор пахшу саркӯб мекунанд ва бо куштори одамон анҷом меёбад, магар бехабар мемонад?! Ин ҳодиса бо ризоияти ӯ ва иҷозати расмии ӯ сурат гирифта буд.
Аммо Қаҳҳор Маҳкамов - муншии аввали ҳизби ҳокими пешини Тоҷикистон, ки он рӯзҳо зимоми давлати кишварро ба даст дошт, соли гузашта дар мусоҳибае бо як рӯзномаи русзабони Тоҷикистон дақиқан, мисли ҳамон солҳои дар сари қудрат буданаш кушташудагони Баҳманмоҳи соли 90-ро "кучка террористов" номид. Маълум аст, ки барои ин одам манфиати мардуми кишвар ҳамеша дар баробари фармонҳои ҳокимони қудратмандаш беарзиш буд ва ӯ дигар то охири умр бо ҳамин андешаҳои бегонапарастиаш содиқ хоҳад монд. Бале, дар он ҳодисаи хунин чанд ҷавони тоҷик ҷон бохт, аммо ҳокимаш онҳоро авбош номид. Дар кишварҳои пешрафта дар ин ҳолат дар ҷойи кушташудаи қурбониён моҳҳои дароз ва сипас ҳар сол шамъ мегирёнанд ва хотираи онҳоро пос медоранд.
Дар асл кишвари мо, мардуми Тоҷикистон чунин одамони бегонапараст, шахсони пойбанд ба сиёсатҳои дигаронро хеле зиёд дорем. Мутаассифона, шумораи онҳо дар ҳукумати имрӯза ҳам кам нест. Онҳо худро ба сиёсати миллии ҳукумат содиқ ва дар назар ватандӯст вонамуд мекунанд, вале дар асл касони дигаранд. Чун онҳо ба мардуму кишвари мо назари бегона доранд, бо ормону арзиш ва муқаддасоти мо мухолифат мекунанд ва бо истифода аз фишангҳое, ки дар ҳукумат ба даст гирифтаанд, ба осонӣ арзишҳои мардум, ҳуқуқхои онҳоро поймол мекунанд. Вагарна санги ёдбуди фарзандони тоҷик - қурбониёни Баҳманмоҳи соли 90 мисли муҷассамаи Путовский ё Куйбишев ин қадар сабук аз дари чашми мардуми ин сарзамин ғайб намезад.
Аҳмадшоҳи КОМИЛ,
шоҳиди воқеа