НАСЛИ «СИЁҲБАХТ», МАКТАБҲОИ МАҲВИ БЕСАВОДӢ ВА АСРИ ТЕХНОЛОГИЯ

Иҷтимоъ 08.08.2008 15:44

Ба таваҷҷӯҳи Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф!

«…Пулис дар Алмаато як бачаи тоҷикро дошта бо як итиҳоме намедонам, ки ӯ инро карда ё на. Хулоса вақте, ки ӯро оварданд, ӯ наметавонист баёнот бинависад. Онро милиса барояш навишта буд, албатта ҳар чизе хост ва барояш хонд ва ӯ наметавонист, ки ба он имзо гузорад. Чӣ шуд? Ангуштро дар ранг пахш карданд ва дар зери он саҳифа зер карданд ба ҷои имзо.

Ин солҳои 30-юми қарни ХХ-ро ки ҳукумати шӯравӣ омада маҳви бесаводро эълон карда буд ба ёд меорад ва ин гуна маъракаи маҳви бесаводӣ бояд як бори дигар дар Тоҷикистон анҷом дода шавад. Ду нафар аз мо Насибҷон Амонӣ ва Шарифи Шариф рафтанд дар яке аз бозорҳои Алма- ато. Танҳо дар як растаи кафшфӯруши 46 нафарро рӯйхат карданд, ки на хонда метавонистанду на навиштан. Ин фоҷиа аст… Ин як шармандагии миллӣ аст барои мо, яъне давлат қабл аз он, ки муҳоҷир мефиристад, бифаҳмад, ки оё ӯ хондаю навишта метавонад, агар на бигузор ҳаминҷо монанд. Ҳоҷат нест, ки он ҷо бираваду боиси шармандагии як миллате шавад, ки аз Рӯдакию Фирдавсӣ, Буалию Берунӣ фахр мекунанд.»

Ин ёддошту маъсалагузории донишманди муосири тоҷик устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Қодири Рустамро ба он хотир дар сархати гуфторамон иқтибос намудем, ки адиб яке аз мушкилоти доғи рӯзро зикр кардааст. Зеро проблемаи муҳоҷират, ба ҳаллу фасл гирифтани дардҳои зиёди он, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи мардикорони дар ғурбат буда, сари онҳоеро ба дард меорад, ки ҳисси ифтихори миллӣ доранду дар роҳи дармони дарду доғи миллат нируи афкор ба харҷ медиҳанд.

Дар хусуси зиллати мардикорон аксарияти расонаҳо садои эътирозӣ баланд мекунанд ва баъзан бо эҳсосоти бисёр баланд онҳоеро, ки дар ин ситам даст доранд, хаққу ноҳақ ва бо тундгӯиҳои аз ҳадди дипломатия берун, ки мумкин аст, муносибатҳои сиёсии давлатҳоро халалпазир бисозад, маҳкум карданӣ мешаванд. Омӯзиши ҳангомапошиҳо равшан месозад, ки қасри зулмро барои муҳоҷирон на ҳама вақт сиёсати давлати корфармо созмон медиҳад.

Балки аждаҳои сархурро ҷаҳолати худи мардикорон бисёр вақт дар бағалашон парвариш мекунанд. Ба ёд овардани қиссаи "Арӯси 0-сола аз Маскав" ва аз ҳодисаҳои нав қатли тележурналисти Русия Шурпаев аз ҷониби ба ном "мардикорони" тоҷик ва садҳо корнамоиҳои ба ин монанди онҳо худ гувоҳи он аст, ки иддае аз шаҳрвандонамон дар диёри бегона машғули ҷинояткорианд ва ваъзи дохилии кишварҳои хориҷро ноором месозанд. Табиист, ки дар ҷавоби ин ҳама соҳибватанонро даҳ карата беш ғазаби ниқорталабӣ боло мегирад ва номуси миллӣ баъзан сиёсатмадоронро низ ба сангари ниқорталабони неофашистон мекашад. Ва инҷо боз ҳамон ҳикмати ҳазорсолаи халқӣ аз мост, ки бар мост рӯи кор меояд ва он ҷавоби қотеъонаест ба гилагузориҳои мо.

Дар ин мавзӯъ аксарияти рӯзномаҳо матлаб нашр намуда,камбуд ва барои сафар ба мамлакати бегона тайёр набудани мардикорони тоҷикро сарфи назар месозанд, ки аз он ҳамеша хулосаи яктарафа рӯи кор меояд. Зикр бояд кард, ки як сабаби асосии беқадрии мардикорони тоҷик дар мусофират камҳунарӣ ва дар бисёр ҳолатҳо аз беҳунарӣ ва саводи казоӣ надоштанашон манша мегирад. Агар чунин ҷаҳолат намебуд, фарзандони миллат дар Русия ба ҷои чун як мушт тифоқ шудан алайҳи ҳамшаҳриҳои хеш ғоратгарӣ, дар ниқоби миёнравӣ хиёнатҳои гӯшношинидро раво намедиданд. Барои оне, ки ин гуна домпартоиҳои олами ҷиноят дар паи мардикорон кам бигардад, лозим аст, ки дар ҳунаристонҳо ба мисли даврони шӯравӣ ва дараҷаи талаботи имрӯзаи фарҳанги меъморӣ ҷавонон ҳарчӣ бештар дар курсҳои кӯтоҳмуддат ҳунар омӯзонида шаванду сипас соҳиби рухсат барои мусофират гарданд. Зеро ҳикмати халқӣ "Беҳунар ҳар ҷое равад, рӯзаш сиёҳ аст" имрӯз ба воқеият табдил ёфтааст. Мутаассифона дар ин боб гап бисёр асту кори амалӣ кам. Омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ ба нима ғорат шуда, то ҳол рисолати хешро ба таври бояду шояд баҷо намеоранд. Корашон мақоли "Хоҷам боғ дорӣ, дорам"- ро мемонад. Аксарияти онҳо дар риштаи амалҳои сабук омӯзиши сарсарии ҳунари чеварӣ ва идора кардани компутарро меомӯзонанд, ки ингуна касбҳо барои мардикорон тамоман нолозиманд. Доир ба омӯзиши навъҳои гуногуни кори меъморӣ дар бисёри онҳо на пойгоҳи таълимӣ боқӣ мондаасту на устодони мумтози ҳунарвар. Ақаллан дар назди ҳунаристонҳо курсҳои кутоҳмудати доимамалкунандаи омӯзиши касбҳои бинокорӣ дар як ҷоягӣ бо таълими забони гуфтугӯии русӣ ба роҳ монда мешуд, ба ҳалли мушкилот наздиктар шудан мумкин буд. Сад афсӯс дар ин бахш то кунун барномаи ҷиддии давлатие, ки ба таври фавқулодда ба коргарҷавонон додани ҳунарҳои элитиро ва донистани забони русиро мақсади худ қарор дода бошад вуҷуд надорад. Ҳол он, ки 80- 90 фисади мушкилоти мардикор аз рӯи маънавиёти паст ва ҷаҳолат аст. Агар мардикор, бачаҳои мо низ соҳиби саводу касб ва забондон бошанд мисли муҳоҷирони турку чех, чинию поляк ва итолёӣ мартабаю мавқеъ ёфта, амсоли онҳо пули калон кор мекарданду ба азоб камтар рӯбарӯ мешуданд. 90 фисади мардикорони мо бошад ба беҳдошти касбӣ ниёз доранд. 80 фисадашон сирф беҳунаранд. Илова бар ин ҳар соле зиёда аз 100 ҳазор ҷавонони бекасбу ҳунар аз ҳисоби насли наврас ин шумораро афзоиш дода истодааст. Ҳарчанд дар Тоҷикистон маблағи аз ҳама калон дар соҳаи маориф сарф шавад ҳам, талаботи сохтори бозори ба инобат гирифта намешавад. Маблағҳои бузург баҳри бунёди мактабҳои олӣ ва афзоиш додани шумораи толибилмон дар онҳо ва сети макотиби миёна равона гардида, самари дилхоҳ надода истодааст. 60 - 70 фисади маҳсулоти мактаби олӣ бошад, корношоям аст. Талаботи бозор аз дипломдорҳою олимони бесавод дида, ба онҳое, ки ҳунари бинокорӣ, челонгарӣ, кафшерчӣ ва устои барқанд эҳтиёҷи ҳамарӯза дорад. Ин табақа дар пешбурди зиндагии худ ва судоварияшон барои ҷомеа даҳ карата бештар муваффақанд. Бо ин гуфтор зарурияти амалкарди мактабҳои олиро инкор кардани нестем. Вале дар ин бахш корро аз рӯи мақоли кам бошаду хуб бошад ташкил кардан натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Даврони шӯравӣ шӯъбаҳои омӯзиши забонҳои хориҷии мактабҳои олии мамлакатро соле ҳамагӣ 30 - 40 нафар хатм мекард. Ва сад фоиз онҳо коршоям буданд. Ҳоло бошад, ин гуна дипломдорҳо соле ба ҳазорҳото афзоиш меёбанд. Бадбахтӣ он аст, ки мутахассисони нав бисёрашон бо иллати бесаводӣ дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон мемонанд. Ин хиёнат ба миллат аст. Ана ҳамин тавр машғули худфиребием.

Вазорати маорифи ҷумҳурӣ айни замон ба ҷои он, ки оид ба ҳалли мушкилот, саводнок гардонидани аҳли ҷомеа табдирҳои корсозро амалӣ бигардонад, гоҳҳо иқдомеро пеша мекунад, ки идомаи он дар ҷомеа дурудароз роҳандозӣ гардонидани бесаводиро пойдор менамояд. Ин зуҳурот дар пешорӯи талаби равшанфикрон нисбати маҳви бесаводӣ сурат мегирад. Проблема шояд дар чашми бисёриҳо ва қисман мансабдорони давлатӣ ночиз ҷилва бикунад. Вале ҳар касе чунин меандешад, ғамшарику ҳамнафаси халқ будан намехоҳад. Зеро мушкилоти зиндагӣ дар солҳои ҷанги бародаркуш ҳазорон мактабиёнро аз таълим дур намуд ва он ҷавонон то ба имрӯз на саводи казоӣ ва на маълумоти ёздаҳсола доранд. Ҳамчунин бо касофатии ҷанг дар 15- 16 соли истиқлолият камбизоатӣ ҳамсафари ҷомеа гардида, қисмате аз фарзандони мардуми бенаво дар роҳи дарёфти қути лоямут мактабро тарк намуда, шумораи бесаводонро ба маротиб зиёд намуданд.

Тоҷикистон, ки имрӯз аз шарофати сулҳу салоҳ ва сиёсати ваҳдатсоз рӯ ба пешрависту торафт тамоми роҳҳо барои хушбахт гаштани ҷавонон навсозӣ мешаванд, оё аз рӯи адолат аст, ки насли сиёҳбахти даврони ҷангро дар ҳоли бесаводию чаласаводӣ ҳаволаи тақдир бисозем? Вале бо таассуф қайд кардан лозим меояд, ки ғами чунин ҷавононро то имрӯз касе намехӯрад. Балки худи онҳо баъди ақлашон басар омадан мехоҳанд, ки хатогии дар ҳаёташон рӯйдодаро ислоҳ бисозанд. Дар шаҳри Кӯлоб то соли 2007 ҳамагӣ як мактаби коргарҷавонон барои ҳалли ин проблема дар шакли ғоибона амал мекарду ба ҷавонони аз ҳаёт ақибмондаю пушаймон гардида саводу маълумот медод. Вале порсол он хонаи умеди насли сиёҳрӯзӣ дар асоси фармони вазири маориф баста шуд. Сабаби ин амр ба талабот ҷавоб надодани савияи дониши коргарҷавонон ва раванди таълим дар мактаби мазкур будааст. Баъди қулф задан ба мактаб фармон шудааст, ки толибилмони солашон барои таълими мактабҳои рӯзона мувофиқат мекардагӣ ба мактабҳои ҳамагонӣ ҷалб карда шаванду боқимондаҳо ҳавола ба тақдир… Ҳол он, ки синну соли онҳо кайҳо аз хониши мактаби рӯзона гузаштааст.

Шогирдони то ин дам ба ин мактаб бо умеди маълумот гирифтан омада, аз моҳи сентябр ба даҳҳо идораҳо сар халонда баҳри барқарор сохтани ҳуқуқи поймолгаштаашон ҷӯёи ҳақиқатанд. Онҳо бо суоли хеш ба мо хабарнигорон ба чӣ гуна посух додан ба ҷавонон душворӣ кашидем. Бо ҳар эҳтимол онҳоро дилбардорӣ намудем, ки ин масъала проблемаи бисёр калон ва ҷиддии имрӯза буда, он ҳатман ба манфиати онҳо бояд ҳалу фасл бигардад.

Дар ин иртибот, ба андешаи мо ва фикр мекунем тамоми равшанфикрони ҷумҳурӣ, ба Вазорати маориф зарур аст, ки натанҳо мактаби шаҳри Кӯлобро барқарору ҳуқуқи шогирдонашонро таъҷилан ҷуброн бисозад, балки дар тамоми миқёси кишвар пиёда намудани сиёсати маҳви бесаводиро ба нақша бигиранд. Бо роҳи фаъол сохтани мактабҳои ғоибонаи коргарҷавонон насли "сиёҳбахти" даврони ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз нури маърифат бе насиб мондаанд, саводнок бояд гардонида шаванд. Ҳалли мушкилот вазифаи муқаддаси вазорат ва мақомоти масъули давлатист. Мо ҳақ надорем, ки дар асри фатҳи коинот ва оламгир гаштани технологияи электронӣ фарзандони Рӯдакию Ибни Сино, Донишу Айниро дар банди ҷаҳолат нигоҳ бидорем.

Дар миёни ҷавонони аз маърифат дурмонда бештарашон ҷавонзанону духтаронанд, ки бо сабабҳои барои ҳама маълум беш аз 50- 60 фисадашон ҳаёти оилавӣ барпо карда натавонистанд ва ё аз садамаҳои замони нав киштии хонадорияшон шикастаасту акнун роҳи наҷотро дар хондану соҳиби касби дилхоҳ гардидан мебинанд, чӣ гуна орзуяшонро бояд амалӣ намоянд?

Раиси ҷумҳур доир ба баланд бардоштани ҳуқуқ, мавқеъ ва мартабаи зан - модар пайваста сиёсати афзалиятнокро пеш гузоштааст. Ҳеч кас ҳақ надорад, ки дар роҳи ба камолоти маънавӣ расонидани онҳо садди сунъӣ эҷод бикунад. Ҳол он, ки аз рӯи назарпурсӣ дар минтақаи Кӯлоб садҳо духтарону ҷавонзанон чӣ дар шаҳру деҳот имрӯз муштоқи хондану касб гирифтан мебошанд.

Проблемаҳои ба камсаводӣ марбутбудаи мардикорон ва ҳам талаби ҳамаи онҳое, ки бо таъсири ҷанги шаҳрвандӣ то ба имрӯз бе маълумот мондаанд, чун солҳои 30-юми қарни бисти шӯравӣ фаъол сохтани мактабҳои коргарҷавонон бештар дар шакли ғоибона ба мақсад мувофиқ аст.

Қазияи дар мактаби коргарҷавонон натиҷаи таълим дар сатҳи талабот несту бо ин иллат ба рӯи таълимгоҳи коргарҷавонон қуфл задан, ислоҳи вазъият шуда наметавонад. Ин гуноҳи мактабу маориф аст. Ба хотири кайк набояд пӯстинро оташ зад. Агар ин тадбир қобили қабул бошад, сараввал дари мактабҳои олии мамлакатро бо қуфлҳои англиссохт мебояд қуфл зад. Зеро дараҷаи дониши толибилмон ва қисми калони устодони ин даргоҳҳо, кордорию садақапурсияшон аз донишҷӯён натанҳо боиси мазаммат, балки шармсорист.


Ғ. ҲАЛИМОВ, рӯзноманигор
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97