ДАРАХТОНИ МЕВАДИҲАНДА ДАР ҚАБРИСТОН

Фарҳанг ва адаб 20.02.2009 14:57

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар аксари қабристонҳо дарахтони мевадиҳанда вуҷуд доранд. Шахсан худи ман чандин маротиба шоҳиди он шудам, ки дар қабристони назди деҳа ҷавонон ва кӯдакони зиёде аз меваҳои дарахтони чормағзи дохили он истеъмол мекарданд. Кӯдакон бо мақсади чидани меваи чормағз дохили қабристон шуда аз болои қабрҳо мегузаштанд.

Дар қабристони деҳаи ҳамсоя, ки дарахти олу дорад чунин рафтори инсонҳо дар он ҷо ҳам ба назар мерасид. Баъди мушоҳидаи чунин манзараҳо ба худ меандешидам, ки оё истеъмоли меваи дарахтоне, ки дар қабристон мерӯянд, дуруст аст? Ё худ ба дохили оромгоҳ ба хотири меваҳо даромадан ва зери по намудани қабрҳо магар равост?

Барои кушодани ин муаммоҳо роҳи Маркази Исломии Тоҷикистонро пеш гирифтам. Мудири шӯъбаи фатвои ин марказ Қобилчон Боев чунин ақидаронӣ кард: "Ҳадиси Пайғамбар (с) ҳаст, ки буридани дарахтону растаниҳои сабзи қабристон макрӯҳ аст, чунки онҳо дар айёми сабзӣ дар зикри худованд ҳастанд. Зикри онҳо азоби соҳиби қабрро осон мекунад. Лекин дар мавриди истеъмоли меваҳои қабристон оят ё ҳадиси махсусе нест. Албатта макрӯҳ будани истеъмоли меваҳои қабристонро китобҳои фиқҳӣ баён мекунанд. Аслан оят ва ҳадисҳоро мо аз маънои зоҳириашон ҳама чизро фаҳмида наметавонем, чунки ҳар як ҳадису ояти Қуръон дар баробари як маънои зоҳирӣ доштан, боз ҳафт маънои ботинӣ низ доранд.

Ин маъноҳои ботиниашонро танҳо муҷтаҳидон метавонанд дарк кунанд. Масалан дар ҳадиси боло Пайғамбар Муҳаммад (с) истеъмоли растаниҳои сабзи қабристонро барои чорво манъ карданд. Муҷтаҳидон аз дохили ҳадис пайдо намуданд, ки истеъмоли меваҳои қабристон низ барои инсон манъ аст. Аз ин хотир ҳадиси боло ба ин маврид низ далолат мекунад. Аслан дар қабристон дарахти мевадор шинонидан дуруст нест. Агар шинонанд ҳам бигзор мардум донад, ки истифодаи меваҳои он манъ аст.

Дар мавриди он, ки мо дохили қабристон мешавем, бояд риоя кунем, ки қабрҳоро поймол месозем. Дар Мишкоти Шариф омадааст, ки дар болои қабр нишастан ва поймол кардани онҳо дуруст нест. Вақте ки аз болои боми мо касе мегузарад, нороҳат мешавем, пас ҳамон қабристон ҳам чунин аст, модоме ки дар болои қабр пой мениҳӣ соҳибони онро азият медиҳӣ. Дар ин маврид ҳадиси Пайғамбари Худо (с) ҳаст ки мефармояд:

"Ва ъан Амр ибни Ҳазмин қола: раони _н_ набию салалоҳу алайҳи ва саллам мутаакидан ъало қабрин фақола: "Ло туъзи соҳиба ҳозал қабри "Яъне саҳобӣ Амр ибни Ҳазмин мегӯяд ,ки Пайғамбар (с) дид маро, ки такякунандаи қабре будам. Пас Пайғамбар (с) гуфтанд: "Азият мадеҳ соҳиби қабрро"

Мақсад, ки ӯ азият мекашад, азоб мекашад. Аз ин хотир қабристонро ҳам инсон ва ҳам ҳайвон поймол карданаш нодуруст аст. Дар ин хусус шоир ҳам хуб мефармоянд:

Дунёст боғи кӯҳнаву инсон чу навгуланд,

Ҳар як шохи умр барканад боғбон ҷудо.

Ҳуш дор! пой бар сари озодагон манеҳ,

Танҳо ба гӯр хуфтан аз ҷамъашон ҷудо.

Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки ба мақсади истеъмоли меваҳо ба дохили қабристон даромадан ва қабрҳоро зери по кардан ҷоиз нест. Аз нигоҳи тиббӣ имрӯз ҳам, шояд ин чиз нодуруст бошад. Чуноне, ки мо медонем, мутахасисони соҳаи тиб истеъмоли растаниҳои дар қабристон рӯидаро барои ҳайвон зарарнок меҳисобанд. Аз ин бармеояд, ки пас меваҳои дар қабристон бударо низ барои истеъмоли инсон зарарнок меҳисобанд .

Чунки агар решаи растанӣ камтар ба замин ғӯтида бошад, пас решаи дарахтон чуқуртар аст. Ба востаи ҳамин реша ҳама он модаҳо ва микробҳои зарарноке, ки пас аз фавти инсон дар қабр ҷудо мешавад, ба дарахт таъсираш мерасад. Меваи он низ олудагӣ мегирад ва ин ба инсон бетаъсир намемонад. Бошад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон огоҳ бошанд ва аз истеъмоли меваҳои дар қабристон нашъу намо ёфта худдорӣ намоянд.


Ёров Хушбахт, донишҷӯи
факултаи журналистикаи ДМТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97