Парвиз Мушарраф ба ИСТЕЪФО рафт

Сиёсат 18.08.2008 19:41
Парвиз Мушарраф раиси ҷумҳури Покистон имрӯз, 18 август зимни як муроҷиати телевизиони ба мардуми кишвараш аз тасмимаш ҷиҳати ба истеъфо рафтан хабар додааст. Раис ҷумҳури Покистон зимни ин муроҷаати телевизионӣ ба мардуми кишвараш гуфт, ки қарор кардааст аз мақоми хеш истеъфо бидиҳад. Мушарраф баъди машварат бо ҳуқуқдонон ва ҷонибдорони наздикаш чунин тасмим гирифта ва ҳам гуфтааст, ки тақдири минбаъдаи худро ҳавола ба мардумаш месозад.
Дар наздиктарин фурсат дархости Президент Мушарраф дар бораи истеъфо аз тариқи ҷаласаи Порлумони Покистон мавриди баррасӣ қарор мегирад. Бо даст кашидан аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ Мушарраф хост, ки аз импичменти ба ӯ эълон намудаи Ҳизби халқии Беназир Бутта ва Ҳизби Лигаи мусалмонон, ки роҳбараш сарвазири собиқ Навоз Шариф мебошад, канор биравад. Қарор буд, ки Порлумони Покистон масъалаи нобоварӣ ба Президент Мушаррафро рӯзи 18 август дар ҷаласаи хеш баррасӣ намояд.
Овозаҳо дар бораи муҳокимаи порлумониро интизор нашудан ва дар бадали кафолати амнияти хешро гирифта ба истеъфо рафтани Мушарраф аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ ҳанӯз як ҳафта қабл дар расонаҳои хабарии Покистон ба нашр расида буд, вале доираҳои наздик ба Президент ҳамеша он овозаҳоро такзиб мекарданд.

Т.Сайидзода
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97