Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

43 БАР 43 ё назаре ба таърихи кафш ва партоби он

Сиёсат 04.01.2009 21:34

САФАРИ "АЛ- ВАДОЪӢ"-И БУШ ВА КОРНОМАИ ЗАЙДӢ

Соле, ки гузашт бо ҳама неку бадаш барои ҳамеша ҷойи хешро дар сафҳаи таърих гирифт. Ин сол накӯ буд ё бад 365 рӯз моро дар оғӯши худ дошт ва инак мо чун ёри бевафо домони ӯро раҳо кардем ва худро ба оғӯши ёре дигар бо номи Соли Нав задем. Ё ӯ аз макру фанди чархи гардун ба ҷон омаду тарки ҳама гуфт. Ҳарчӣ буд, имрӯз дигар "Мазо мо мазо", гузашт он чӣ гузашт.

Кормандони расонаҳои хабарӣ то ҷое имкону тавон доштанд тӯли ин соле, ки рафт дар самти огаҳии мардум ва боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеъа саҳмгузорӣ карданд.

Ҳодисаи аз ҳама хотирмони соли 2008 дар анҷоми сол рух дод, ки қаҳрамони он як журналисти ироқӣ ба исми Мунтазир Зайдӣ гардид. Чуноне хонандаи огаҳи мо хабар дорад, 14 декабр ҳангоме, ки президенти 43- юми Амрико ҷаноби Ҷорҷ Буш бо сафари "ал- вадоъӣ" дар пойтахти давлати Ироқ қарор дошт, ҳини нишасти матбуотиаш бо хабарнигорон аз ҷониби журналисти телевизиони "ал- Бағдодия" Мунтазир Зайдӣ кафшборон шуд.

КАФШИ ЗАЙДӢ-10 МЛН. ДОЛЛАР

Ҳамлаи ба истилоҳ кафшиаш Мунтазирро он чунон маъруфу ҳабиби олам сохт, ки ин гуна шӯҳрату маҳбубиятро камтаре аз сиёсатмадорон дар тӯли тамоми умрашон дарёфтаанд. Ҳамон рӯзе, ки Мунтазир ба қавли авом Бушро калушапак кард, қиммати кафши ӯ 100 ҳазор доллар нархгузорӣ шуд. Фардои он рӯз қиммати кафши Зайдӣ ба 1 миллион ва баъдан то 10 млн. доллар расид.

КАФШИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ВА КАФШХАРИИ ХИЛВАТШОҲ

Имрӯз журналисти тоҷик барои харидории кафш 7- 10 доллар маблағ сарф мекунад ва он кафши таърихӣ ва машҳургаштаи Зайдӣ ҳам дар сифату навӣ аз кафши журналисти ҳамкори мо Неъматуллоҳи Нуруллоҳ қариб фарқе надошт ва то вуқуъи ҳамон ҳодиса қиммати кафши Неъматуллоҳ болотар аз кафши Зайдӣ буд, вале бубинед як амали соҳибаш қиммати онро то ҷое боло бурд, ки имрӯз ҳеч тоҷике қудрати харидории онро надорад, ба ҷуз шайхҳои ҳамшаҳрии дар нафт ғӯтта хурдаи худи Мунтазир. Хилватшоҳи Маҳмуд, дӯсти рӯзноманигорам гуфт, ки агар пул медошт, ҳатман кафши Зайдиро мехарид. Ҷавобаш гуфтам, ки агар зӯрат ба харидории кафши Зайдӣ намерасад барои ману Неъматуллоҳ кафш мехаридӣ, қабул аст. Акнун дар дунё истилоҳи наве маъмул гашт бо номи "кафши Зайдӣ." Ин ҷо мехоҳам як назаре дӯхта бошем ба таърихи партоби кафш ё ба истилоҳ кафшшапак. Дар ҳеч куҷо нахондаам, ки дар замони мозӣ амире ё шоҳе аз ҷониби фуқаро ё мухолифинаш мавриди ҳамла бо кафш қарор гирифта бошад.

ДУЗДИ БАҒДОД ВА ШАЙХ САЪДӢ

Фақат Ҳазрати Шайх Саъдӣ дар "Гулистон"- и безаволаш аз дар Бағдод(!) гум шудани кафшаш ёд овардааст, ки онро дуздони ин шаҳр рабудаанд. Аҷаб дузде ва аҷаб дуздие, ҳатто бузургмарде чун Шайх Саъдиро хотир надидааст. Хуб, албатта дузд ин дузд аст, хоҳ дар Бағдод бошад, хоҳ дар Бухоро. Аҷобатро бубинед, дар ҳамон шаҳре, ки кафши донишманди камназирро дузди Бағдод рабуда буд, бо гузашти 800 сол як бағдодии дигар аз баҳри кафши хеш гузашт ва онро ҷасурона бар сари зӯртарин одами сайёра, "дузд"- и амну осоиш ва бахти мардуми Ироқ зад. Агар Ҳазрати Шайх заррае аз Бағдод ранҷиш дошт, боварам ҳаст, ки ин ҷасорати Мунтазири бағдодӣ рӯҳи ӯро бо тамом орому хушҳол сохт.

ХРУШОВ ВА КАФШКӮБИИ Ӯ

Дар сафҳаи ҷаҳони муосир як ҳодисаи нодири кафшзанӣ сабт аст, ки он бо номи сарвари давлати паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ Никита Хрушов марбут аст. Соли 1961 Никита Хрушов дар яке аз ҷаласаҳои Созмони Миллали Муттаҳид сухан гуфта, сиёсати президенти Амрико Ҷон Кеннедиро, дар мавриди бӯҳрони Кариб зери интиқоди шадид қарор дод. Хрушов, ки дар таърихи давлати Шӯравӣ бо иқдомоти ислоҳгароёнааш маъруф аст, ҳини он суханронӣ аз сари ғазаб кафши хешро аз пой бурун кард ва ба рӯи минбари Созмони Миллали Муттаҳид кӯфт. Ҷаҳони капиталистӣ аз ин ҷуръат ва кафшкӯбии Хрушов ба ларза омад ва қазияи бӯҳрони Кариб низ бе муноқишоти мусаллаҳона ҳал гардид. Дигар касе аз сарварони кишварҳои дунё то кунун, тайи ин 47 сол корномаи Хрушовро такрор накардааст. Аммо…

КОРНОМАИ САХИДОДИ ТОҶИК

Таърихи Тоҷикистони навин шоҳиди як кафшпартоиест, ки он дар баҳманмоҳи соли 1990 рух дода буд. Ба ҳангоми гирдиҳамоӣ дар назди Қасри ҳукумат тоҷике бо номи Сахидод замоне, ки сарвари вақти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов аз Қаср ба назди издиҳом омад, калӯши хешро аз пой кашида ба рӯи раҳбари давлат ҳаво дод. Баракси кафши Мунтазир, ки ба рӯи Буш барнахӯрд, калӯши Сахидод ба ҷоғи Маҳкамов нишаст. Мунтазир Зайдӣ агар эътирози хеш ва мардумашро дар қиболи сиёсатҳои барғалат ва истеъморгаронаи Буш бо партоби кафш зоҳир кард, Сахидод ҳам хоста буд аз Маҳкамов барои рехтани хуни 25 тан ҷавони тоҷик, ки дар баҳмани он сол дар назди Қасри ҳукумат кушта шуда буданд, қасос бигирад.

ОЁ ЗӮРИ ХРУШОВ БА КЕННЕДӣ НАРАСИД?

Аз ин се тане, ки бо кафшҳои хеш қаҳрамонӣ кардаанд, танҳо Никита Хрушов беҷазо монд. Киро он замон зӯру заҳраву ёрое буд, ки Никита Сергеевичро ба муҷозот бикашад. Ва ҳам Хрушов кафши худро на ба сари касе, балки ба сари минбари бечораву бегуноҳе кӯфта буд.Ӯ минбареро кӯфт, ки аз болои он садҳо раҳбарони мамолики хурду бузург ҳарф задаву аз росту ҳақ дида дурӯғу фиребу риёву макру ҳиласозӣ аз ин минбар бештар садо додаст. Ва дар сари ҳамин минбар тақдири миллионҳо мардуми сайёра ҳал шудаву миллионҳо одамон ба ҷангу хунрезӣ кашида шудаанд. Ту хонандаи азиз нагӯй, ки зӯри Хрушов ба тахтаи қоқи беҷон расиду ба Ҷон Кеннедӣ не. Хрушов дониста он тахтаро кӯфта буд!

ЗИНДОНИЕ, КИ 200 ҲОМӢ ДОРАД

Мунтазир Зайдӣ баъди "саг" гуфтану чун бӯсаи ироқӣ ва аз номи беваву ятимони Ироқ пайҳам бар сари Буш партоб кардани кафшҳояш аз ҷониби масъулони амниятӣ дастҳо баста ба пушт сӯйи боздоштгоҳ бурда шуд. Худи ҳамон рӯз беш аз 200 тан ҳуқуқдонон, аз ҷумла вакили мудофеъи Саддом Ҳусайн ҳам изҳор карданд, ки омодаанд дар мурофиаи додгоҳӣ ройгон Мунтазир Зайдиро ҳимоя бикунанд.

САХИДОДИ ЗИНДОНӢ ВА АЗ КАРДА ПУШАЙМОН

Сахидоди моро бошад барои густохӣ ва беодобиаш ба ҳабс гирифтанд ва ӯ тайи чанд муддат дар яке аз зиндонҳои шаҳри Ҷалолободи Қирғизистони он замон шӯравӣ ва сотсиалистӣ гуноҳи хешро шӯста баромад. Умар ном як дӯстам боре чун сӯҳбат аз ин мавзӯъ шуд бароям гуфт, ки замони нобасомониҳои миллӣ дар соли 1994 Сахидодро дар ноҳияи Ванҷ дида будааст. Ӯ аз корномаи хеш фахр карда ба шаҳри Толиқони Давлати Исломии Афғонистон рафта будааст ва ба гумонаш барои он калӯшшапиаш ҳамсафони собиқаш ӯро қадрдонӣ хоҳанд кард. Чун дар Толиқон бо як масъули Иттиҳоди мухолифини собиқ ин масъаларо ба миён гузоштааст, барояш гуфтаанд, ки: Хез гум шав, ки ҳамун кафшпартоии ту моро ба Афғонистон партоб кард. Сахидоди аз карда пушаймон аз Афғонистон ба Ванҷи он замон амон омад ва чанде он ҷо зисту аз тангии рӯзгор безор шуда ба ҳамон шаҳре, ки дар зиндонаш замоне барои кафшпартоиаш "роҳат" карда буд, назди ёру ошноҳои дар маҳбас ёфтааш ҳиҷрат кард. Дилмонда аз ёрони дар Афғонистон муҳоҷир гашта ва сад пушаймон аз он дар баҳмани сард пойи хешро урён кардану калӯш ба рӯи сарвари кишвараш задан, ки он амал бойиси беморӣ ва азобу азияти баъдии ӯ шуд, Сахидод дигар бедарак шуд ва корномаи ӯ ҳам, ки замоне вирди забонҳо буд, аз ёдҳо қариб фаромӯш гашт.

КАФШИ 43 ВА ПРЕЗИДЕНТИ 43-ЮМ

Акнун бозмегардем ба сари Зайдии қаҳрамон ва кафшҳои ӯ. "Миллат" дар яке аз шумораҳои хеш аз даҳ тан журналисти тоҷик хоста буд то назарашонро дар мавриди он ки ин амали журналисти ироқиро авбошӣ медонанд ё қаҳрамонӣ иброз дошта бошанд. Рӯзноманигорони тоҷик ҳамагӣ ғайричашмдошти мо аз "авбошӣ"- и Зайдӣ пуштибонӣ намуда, ӯро чун патриоти Ироқ, марди миллӣ, журналисти сол ва қаҳрамон донистанд. Кафшҳои ба сӯи 43- юм президенти Амрико партоб кардаи Мунтазир Зайдӣ андозаи 43 буданд. Кафши 43 ва 43- юм сарвари Амрико. Чӣ монандии аҷоибе дар рақами кафш ва шумораи президент!

БА ҶОЙИ ҲАЗЛИ СОЛИНАВӢ

Ба таваҷҷӯҳи сарони мамолики зӯргӯ ва чашмонашон ба сӯи молу хоки кишварҳои камқудрат дӯхта шуда мерасонем, ки аз ин баъд ҳангоми сафарҳояшон ба ин кишварҳо чун такрори корномаи Зайдӣ акнун истисно нест, ҳатман чӣ андоза доштани кафши журналистони бумии дар нишастҳои хабарӣ ширкат кунандаро қаблан бифаҳманд, зеро ҳар партоб арабӣ ва ҳама пой Зайдӣ нест. Аз Сахидоди мерган дар боло маҳз ба ҳамин хотир ёд кардем, ки агар як деҳқони ин миллат чунин нишонзан аст, пас аз журналисташ Худоё паноҳ!

КАФШҲОИ БАСИР РАСО ВА САЙЁДИ ҒАФФОР

Вақте барои донистани андозаи кафши ҳампешагонам кӯшиш кардам маълумам шуд, ки андозаи кафшҳои Аҳмади Иброҳим, Фахриддини Холбек, Хилватшоҳи Маҳмуд ва Сайёфи Мизроб- 43, аз Кароматуллои Аҳмад-44, аз Зиннатуллоҳи Исмоил-45, аз Маҳҷуби Кифтон ва Аслиддини Олиназар- 46 будааст. Шоир ва рӯзноманигори хушсалиқа Сайёди Ғаффор бошад кафши андозаи 47, шоир, сардабири маҷаллаи "Хорпуштак", устод Басир Расо кафши 51 мепӯшидаанд. Ҳушдори нимшӯхиву нимҷиддии "Нигоҳ" ба сарвари тозаинтихоби Қасри Сафед Борак Обама, ки дар муносибат бо Ирону Қафқоз эҳтиёт бикунанд, зеро дар ин қаламрав мардоне мезиянд, ки андозаи пояшон 47- 52 аст, аз ҳақиқат дур набудааст.

АЗ САНГСОР ХУДО НИГАҲ ДОРАД!

Журналист Бибихонум Дарвешзода дар ҷавоб ба суъоли "Миллат" гуфтааст,коре, ки Зайдӣ кард бояд барои сарони кишварҳои зӯру мутаккабир бояд дарс бошад ва дар муносибат бо кишварҳои заиф мулоим ва эҳтиёт бошанд, вагарна боз як ҷасуре чун Зайдӣ дар як гӯшаи дигари дунё ҳатман аз хеш дарак хоҳад дод. Ва Худо нигоҳ дорад, ки ба ҷои кафш аз санг кор нагирад.

МОРО ҶАСОРАТИ ЗАЙДӢ ҲАСТ, АММО ОН РОҲИ МО НЕСТ!

Ҳарчанд дар доираи ахлоқи одамӣ коре, ки Мунтазири ҳампешаи мо анҷом дод, шойистаи таҳсин ва сазовори офарин нест ва хоссатан агар он амал дар қиболи Буш сурат намегирифт. Чун шахсе мавриди партоби кафш қарор гирифт, ки ҳазорон тиру гулула бар сари хоки муқаддас ва мардуми шарафманди Ироқ партоб кардааст, пас дарди Зайдиро метавон эҳсос кард ва аз ӯ ҷонибдор буд.

Ман ҳам Мунтазир Зайдиро барои худ журналисти сол донистам, ҳарчанд роҳу усуле, ки ӯ барои изҳори эътирози хеш пеш гирифт бисёриҳоро хуш омад, вале он роҳи ман нест. Ва на ба он маънӣ, ки маро ҷасорати Зайдӣ нест, ло Валлоҳ!

ХУДО ЗАЙДИРО ҶАЗОИ ХАЙР ДИҲАД!

Дар қиболи ин аъмоли журналист Зайдӣ додгоҳ чӣ ҳукме содир хоҳад кард ва Мунтазирро чӣ ҷазо мунтазир аст, алъон мо намедонем. Фақат бо забони модариаш барояш дуъо мекунем, ки:

ҶАЗОКАЛЛОҲУ ХАЙРАН КАСИРАН!


Толибшоҳи САЙИДЗОДА
©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97