Забон падидаи иҷтимоист ва ҳама афроди ҷомеъа, сарфи назар аз пешаву маслак, дар корбурди он ҳақдоранд ва дар заминаи муроъоти низоми дастурии он масъул. Ин қазия бад - ин маънист, ки ҳич кас дар истифодаи аносири забон ҳуқуқи инҳироф надорад, ҳам аз як ҳунарманд то ходими арсаи сиёсат.>Чун сухан ба диду назари як хунёгари бас баруманду арҷманди ҷодаи санъати (таъбири тоҷикӣ) милливу мардумии мо иртибот дорад, мехоҳам, як пора аз гуфтори ҳунарманди маъруфи иронӣ Лайло Фуруҳарро, ки чанд сол қабл...
зимни мусофират ба Тоҷикистон дар кохи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ аз истиқболи гарму самимии ҳамзабонони хеш, иштирокдорони консерт, дар ҳоли ваҷд иброз дошт, ба арз бирасонам: "Масъалай (и) забон хеле масъалай (и) муҳимме…">
Воқеъан, ин масъала дархӯри аҳамият ҳаст ва хоҳад буд, чиро ки ба сарнавишти инсон пайванд мехӯрад ва бо эҳсоси худу худошиносӣ ва доштани ҳувияти миллӣ печида аст, яъне ҷо надорад, ки ин бори масъулият маҳз бар дӯши як устоди забон ё як адиб вогузор шавад ва дигарон "забончӣ" набуданро баҳона ихтиёр кунанд ва берабт ва бемавқеъ сухан гуфтанро ба худ иҷозат бидиҳанд.
Залилӣ ва забунии ин падидаи ҷамъиятӣ мутриби хушлаҳҷаву муғаннии нағмасанҷ устод Зафар Нозимро бетафовут нагузошт. Дар китоби "Ромишгари мумтоз", ки ба ифтихори ҷашни зодрӯзи ишон таҳия гардида (Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик, Душанбе, 2000), сатрҳои пур аз дареғу афсӯс дарҷ ёфтаанд: "Забони мо солҳои охир хор шуд. Осори бузургонро мутолиа намуда, тарзи гуфтори онҳоро бо гуфтори қаҳрамонони адабиёти муосирамон қиёс мекардам, тафовути азиме медидам ва мегуфтам: Худоё, мо куҷо равонаем, ба кадомин шева ҳарф мезанем?
Одамон аз тариқи радиову телевизон боҳарос сухан мекарданд, зеро забонро намедонистанд. Ҳатто кор ба дараҷае расид, ки дар давра ду калимаро ба тоҷикӣ мегуфтанду шаш калимаро ба забонҳои дигар…
Вазъи ногувори забон табақаи бананги ҷомеъаро дар айёми бозсозӣ, хусусан ахири соли ҳаштодум, ба шӯру қиём овард ва бо саъйи росихи онҳо ҳукумати вақт дар пайи тадбир шуд.
Чун марҳалаи ба тасвиб расидани Қонун дар бораи забон фаро расид, бисёриҳо дар амри татбиқи он камбуди маблағро далел меоварданд ва бо ин роҳ мехостанд, аз ҳалли мушкилот худро дар канор бигиранд. Аммо Зафар Нозим дар ин бобат ройи савобро пеш гирифт; азм кард, ки пиромуни ин мавзӯъ бо бархе аз чеҳраҳои мудаббиру шинохтаи кишвар сӯҳбат намояд. Ҳамин тавр ҳам кард. Ишон ба ин талошу ҷаҳди ӯ "лаббайк" гуфтанд.
Пасон ба унвони рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" дар мавриди таъсиси Хазинаи забони тоҷикӣ пешниҳод ирсол намуд. Ҳайъати таҳририя бетаъхир номаро ба табъ расонд. Нахуст, маоши думоҳаи худро ба ҳисоби он интиқол дод, баъдан, бо даъвати ин ҳунарманди мардумӣ аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ, ҷавону пир, ба қадри ҳиммати хеш ба ҳисоби Хазина пул гузаронданд.
Хазинаи забони тоҷикӣ феълан таҳти унвони Бунёди забони тоҷикии форсӣ арзи вуҷуд дорад ва аз замони зери сарварии шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ фаъолият оғоз кардан то ба имрӯз дар роҳи амалӣ сохтани аҳдофи, ба таъбири устод Мӯъмин Қаноат, ҳаводорони забони тоҷикӣ, хидмати шоистае анҷом дод ва медиҳад.
Аммо ҳоло бубинем, ки ҷуз эҳсоси масъулият, ки хоси як фарди хештаншинос аст, боз чӣ ангезаи мӯҷиб шуда, ки ин чеҳраи барозандаи майдони фарохи ҳунар бар рағми баъзе ҳампешаҳояш, ки дар поёни маҳфилҳои ҳунарӣ, сари дастархон, хешро аз наттоқон ва соқиёни базм кам намегирифтанд ва бо такаллуми чанд ҷумлаи бесарунӯг даъвои суханварии хешро зоҳир менамуданд, бо ҳама пурдонӣ ва озодандешӣ, шӯхиомез бигӯяд: - Ҳофиз ҳофизиша кунад!
Аммо дарёфтем, ки ҳамин гуна ҳам набудааст. Ниҳон - ниҳон аз оташи муҳаббати Модару лафзи модарӣ ҷисму ҷонаш месӯхтааст (Зимнан, лозим ба зикр аст, ки аз муғанниёни тоҷик Зафар Нозим аввалин касест, ки нимаи якуми соли шастум таронаи "Модар"- ро рӯйи саҳнаи консерт овард ва он ҳам суруди дар ситоиши Модар эҷодкардаи худро. Пасон "Модарнома" -и ӯ бо ашъори Суҳайли Табрезӣ ва Назри Яздон такмил ёфт).
Ва чун кор аз ҳад гузашт, таҳаммулро паси сар гузошт ва забон баркушод ва ба ҳаммиҳанони бофарҳанги хеш муроҷиъат кард…
Аслан фазои бекарону озоди андешаву забон маншаи эҷод ва бурузи истеъдоду ҳунари Зафар будааст. Дар оғӯши пур аз меҳри Модар ва зери парастории ӯ озода ва вораста қомат меафрохт. "Касе ҳад надошт, ки ӯро ройи кор бигирад".
То ҷое ки огаҳӣ дорам, дар он ҳангом, дар ибтидо ҳар чи ки худ раво дидааст, ҳамонро хондааст ва ё бо дуторакаш навохтааст. Солҳои навҷавонии ӯ дар қаламрави мо ба шумули устод Акашариф Ҷӯраев сарояндагони ибратомӯз ё сазовори тақлид буданд, вале иллати ба дили ӯ роҳ ёфтани суруде аз кинофилми ҳиндии "Оворагард" ("Авараюм") дар иҷрои Раҷ Капур низ ин қадар муъаммоомез нест, зеро дар забони ҳиндӣ ва дар ин суруд ва оҳанги он мо осори бегонагиро чандон эҳсос намекунем. Бостоншиносон ва ба вижа забоншиносон, хуб медонанд, ки дар аҳди қадим байни ақвоми ориёиву ҳиндӣ муштаракоти забонию фарҳангӣ вуҷуд доштааст ва ба мурури вақт инҳо аз ҳам фосила гирифтаанд. Аммо, ба иборати мардум, дар хуни мо ҳанӯз асари ҳамон меҳр ба ҳунару фарҳанги ниёкон боқӣ мондааст, ки то ҳанӯз дар нигоҳи мо он воқеъият рост метобад…
Тараннуми "Субҳи Кобул" (матн ва оҳанги шоири афғон Зиё Қоризода), "Нару, нару", "Ҳамдами хубонуме" (оҳангҳои мардумии афғонӣ), "Шӯълаи ҳазин" (оҳанги оқои Залонд) ва ғайра дар паҳлуи сурудҳои халқии тоҷикӣ дар оғози фаъолияти эҷодӣ заминаи рушди ҳунари Зафар Нозимро фароҳам сохтанд ва боиси маъруфияти ӯ дар ҳавзаи форсизабонон гардиданд.
Ҳини як сафари ҳунарӣ ба кишвари Афғонистон овозхони фақид оқои Сорбон қойилан ба маҳорати мутрибии Зафар Нозим иҷрои оҳанги машҳури "Эй сорбон…" - ро (бар матни ғазали Саъдии Шерозӣ), ки гӯё "моли" ҳунарпешаи варзидаи афғон оқои Залон буда бошад, ба ӯ тавсия кард. Ин ғазал ва ин оҳанг бо овози бисёр муассир ва сози дилнавози ӯ ҷилои нав ва умри дубора ё себора ёфт.
Бояд хотирнишон намоям, ки ба сурудҳои ба истилоҳ афғониву иронӣ устод Зафар Нозим лаҳни тоза ва зарби ҷолиб мебахшид, ки гоҳе дар фаръ нисбат бар асл тарҷеҳ эҳсос мешуд. Ба василаи ин пайванди ҳунарӣ суруди хеле гуворои устод Зафар бо номи "Нинойҷон" ба завқи бародарони ҳамзабон писанд уфтод ва вирди забони ромишгарони нозукмақоми онҳо гардид, яъне ки ишқи воқеъӣ ҳар гуна садду монеъа ва ҳатто марзҳоро убур мекунад ва ба ҷойи хостаи худ роҳ пеш мегирад…