БА РУСТОИИ ТОРИКИ СУҒД НУРИ ИМОМИ АЪЗАМ РАСИД Ё вақте зулма ҳукмфармост суғдиҳо нур меҷӯянд

Иҷтимоъ 25.02.2009 12:57

Дар назди масҷиди ҷомеъи деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ниругоҳи хурди обӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки он ба ифтихори пешвои мазҳаб ва ситораи тобони илми илоҳӣ Имоми Аъзам номгузорӣ гашт. Манбаъи гардиши ин ниругоҳи обӣ чашмаи Кeкталӣ-бобо аст. Одатан оби ин чашма дар фасли зимистон барои обёрии заминҳо истифода намегардад ва он ба воситаи наҳри битонӣ ба Сирдарё мерезад.

Соҳибкори маҳаллӣ Алимурод Тирабоев барои бунёди ин ниругоҳ аз ҳисоби маблағи шахсияш 4,5 ҳазор доллари амрикоӣ сарф кардааст. Чархаи калони он ба чархофалаки обӣ монандӣ дорад, ки онро ҷараёни оби наҳр ба гардиш медарорад. Иқтидори ниругоҳи Имоми Аъзам 25 киловатт-соат аст.

Аз нируи тавлидкардаи он масҷиди деҳа, муассисаҳои савдои назди он, чойхонаи деҳа истифода мебарад. Инчунин бино бар гуфти соҳибкор Алимурод Тирабоев, 10 киловатт-соати барқи ҳосилшударо барои иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ интиқол додаанд. Дар шароити бӯҳрони шадиди барқ, дар ҳоле ки ба ноҳияҳои вилояти Суғд чандин рӯз аст, ки тамоман барқ дода намешавад, бунёди ниругоҳи хурд бисёр тадбири ба маврид аст. Пирон дуо мекунанд, ки ба шарофати номи Имоми Аъзам аз нури барқ баҳраманд шудаанд.

Яке аз занони деҳа, Иқлимой Юлдошева, ки шавҳараш иштирокчии ҷанг буда, имрӯз дар бистари беморӣ аст, хеле хурсанд мебошад. Холаи Иқлимой баъди оне ки ба хонааш қувваи барқро аз ниругоҳи хурд интиқол доданд, хеле хушҳол гардид ва акнун дар сари дастурхону сари ҷойнамоз дуои бунёдкори ниругоҳро мекунад. Охир, нигоҳубини шавҳарии бемор ва куҳансолаш осон гашту шабу нимашаб шамъро фурӯзон намекунад.

Дар поёнтари наҳр боз як ниругоҳи хурди дигаре бунёд гаштааст, ки онро низ соҳибкори маҳаллӣ бунёд кардааст. Иқтидори он баробари 75 киловатт-соат аст. Тарзи кори он аз ниругоҳи хурди Имоми Аъзам фарқ мекунад. Чархи он дар дохили қубур мустаҳкам карда шудааст ва об бо фишор аз қубур гузашта барои тавлиди нируи барқ сабаб мегардад. Ба гуфти ихтироъкораш Ҳоҷизуҳур Раҳимов дар он системаи трубо-генераторӣ истифода шудааст. Қувваи барқи дар ин ниругоҳ ҳосилшуда ба мактаби деҳа дода мешавад. Хонандагони мактаби рақами 14-и ноҳияи Ҷаббор Расулов минбаъд мисли дигар ҳамсолони худ, ки дар ноҳияҳои ҳамсоя зиндагӣ мекунанд, аз бебарқӣ азоб намекашанд. Инчунин чанд нафар сокинони деҳа дар хонаашон равшанӣ доранду аз дуди "чароғи лампа" ва шамъҳои чинӣ озод шудаанд. Ниругоҳи трубо-генераторӣ бо сарфи 350 ҳазор сомонӣ бунёд шудаст.

Дар саргаҳи ин наҳр метавон боз чанд ниругоҳи хурд сохт, лекин барои ин маблағ зарур аст. Сокинони куҳансол аз ҷумла соҳибкорон мегӯянд, ки аз неъмати худодод истифода бурдан мумкин аст.

Баробари расидани мавсими киштукор оби ин канал муқарраран кам мешавад. Аммо дар се моҳи фасли зимистон аз оби он истифода мебаранд, ки он ҳам метавонад, мушкилии мардумро осон ва хонаҳои торикро равшан кунад. Чуноне ки халқ мегӯяд, "то омадани табар кунда меосояд".

Ин танҳо як мисол аз деҳаи Деҳмой аст, ки дар он ҷо шароит барои бунёди ниругоҳ мавҷуд асту саховатмандону соҳибкорон даст ба офаридани манбаъи нируи барқ задаанд. Аммо дар шаҳри Хуҷанд вазъият тамоман дигаргун аст. Аз санаи 14-уми феврал дар шаҳр маҳдудкунии шадиди барқ ҷорӣ гардид. Баъди намози шом кӯчаҳо тамоман торик мешаванд. Садои тар-тару дур-дури "движокҳо"-и чинӣ ба гӯш мерасанд. Садои ҳамон "движокҳо"-е, ки генераторҳои онро на оби ҷӯйбор, балки пули шаҳрвандон ба гардиш медарорад, зеро барои пайдо кардани маводи сӯхтӣ барои истеҳсоли қувваи барқ маблағи зиёд лозим аст ва он мисли об аз ҷӯйҳо ҷорӣ нест.


Ислом Раҳимзода
Суғд
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97