БАРГАРД, АЛО ҲАМШАҲРӢ!

Иҷтимоъ 28.06.2008 00:07

Ало ҳамшаҳрии кӯлвор дар пуштам, куҷоӣ ту?
Ало ҳамшаҳрии атфол дар муштам, куҷоӣ ту?
Ало ҳамшаҳрии гирёну саргардону бехешам,
Ғарибу нотавону гушнаву танҳову бехешам.
Ту аз тири мани ваҳшӣ гурезониву овора,
Ту аз тири мани ваҳшӣ парешониву бечора…
Туро бо мушт кӯбидам, ки нафрин бод бар муштам,
Туро куштам ба дасти худ, ки лаънат бод бар пуштам.
Туро аз хона чун тири фалохун тард бинмудам,
Дили гарми туро бо оташи худ сард бинмудам.
Дареғо ман намедонам чаро аз хонаат рондам,
Зи пуштат ҳамла кардам бозу тухми марг борондам.
Туро дар оби Ҷайҳун ғарқ кардам ноаён кардам,
Занону тифлаконатро хӯроки моҳиён кардам.
Намедонам чӣ кардам, бо кӣ кардам, ман чаро кардам,
Туро ҳамшаҳрӣ куштам, хонаат мотамсаро кардам.
Маро дастам, сарам, рӯям, ҳама ҷоям пур аз хун аст,
Дилам мотамсарову зору ҳайрон асту маҳзун аст.
Зи андӯҳи ту дигар луқмаам андар даҳон хок аст,
Зи ғамҳои ту дигар қалби ман маҷрӯҳу ғамнок аст.
Ало ҳамшаҳрӣ моро аз шумо бегона мекарданд,
Ба зидди ҳамдигар мисли саги девона мекарданд.
Ҳама аз бесаводӣ нолаву фарёд мекарданд,
Ҳама аз бесаводӣ фитнаву бедод мекарданд.
Ба ҷони ҳамдигар андохтанду мо нафаҳмидем,
Ба қатлу ғорати қавми бародар даст гандидем.
Кунун гар мо ба ҳам тозем душман ханда хоҳад кард,
Ватанро аз вуҷуди наҳси хеш оганда хоҳад кард.
Кунун гар мо ба ҳам тозем касро ғам нахоҳад буд,
Ба ҷуз мо ҳеч миллатро ғаму мотам нахоҳад буд.
Зи марги мо ҳамеша мурдашӯён шод мегарданд,
Зи нобудии мо хасмон ҳама обод мегарданд.
Ало ҳамшаҳрӣ баҳри мову ту ин дарс бас бошад,
Ҳамин миқдор бас бошад, агар куштан ҳавас бошад.
Агар рафтем мо аз байн мӯе хам нахоҳад шуд,
Ҷаҳон холӣ, рухе пурчин, диле пурғам нахоҳад шуд.
Агарчӣ шишаи бишкастаро пайванд натвон кард,
Агарчӣ қалбҳои пораро хурсанд натвон кард.
Агарчӣ синаи пурдардро бедард натвон кард,
Агарчӣ ваҳшиву номардҳоро мард натвон кард.
Вале баргард, ту ҳамшаҳрии дилхунам,
Ба поят сар ниҳам, дар хок молам рӯйи маҳзунам.
Бубахшам, тавба кардам, боз о, ҳамшаҳрии пирам,
Агар ҳамшаҳрӣ баргардӣ, ба хоки пот мемирам.
Ман акнун қадри ту донистам, меҳри ту бигзидам,
Ҳазорон тавба кардам, бисоти қаҳр барчидам.
Илоҳо кӯр гардам, гар ба рӯят бад нигаҳ кардам,
Чӣ бад кардам, пушаймонам, ғалат кардам, гунаҳ кардам,
Ту чун рафтӣ, ало ҳамшаҳрӣ, ман бедор гардидам,
Зи макру ҳиллаҳои душманон бедор гардидам.
Ба хоби ғафлати якасраам лаънат фиристодам,
Ба сӯги миллатам бар осмонҳо рафт фарёдам.
Аё тоҷики маҳбубам, ба ёди ту дилам танг аст,
Басе шармандаам, қалбам ба ҷони хеш дар ҷанг аст.
Биё, хоки поятро ба рӯи дида мемолам,
Наоӣ, дар фироқат то қиёмат зор менолам.
Ҳабиби ман барои лафзи ширинат дилам танг аст,
Табиби ман барои меҳри деринат дилам танг аст.
Дилам танг аст баҳри қомати зебою раъноят,
Дилам танг аст баҳри донишу чашмони доноят.
Дилам танг аст баҳри ҳар қадам, ки мегузорӣ ту,
Ба дастони ҳунармандат, ки дастам мефишорӣ ту.
Биё баргард ҳамшаҳрӣ, аз ин пас бо ту менозам,
Ту эй ҳамдостонам, ҳамнишину ҳамдами розам.
Биё, то сар ба зонуят гузорам, ашк афшонам,
Биё, то бингарӣ фарёди зору ашку афғонам.
Биё, ки баъд аз ин моро дигар душман нагардонанд,
Биё, ки баъд аз ин моро ҷудо кардан набитвонанд.
Наоӣ гар, сар аз хоки сияҳ боло нахоҳам кард,
Кӯҷо ҷӯям, ки дар дунё туро пайдо нахоҳам кард.
Агар шоҳӣ ба мулки ғайру дунёдор охир чӣ?
Агар моҳӣ ба мулки ғайру пуранвор охир чӣ?
Агар дунё ба коми худ бигардонам бе суд аст,
Ҳама парвозҳои бе Ватан як кори беҳудаст.
Ғариб уфтодаро дунё чӣ зуд аз ёд хоҳад бурд,
Ки хоки мурдаи гумномро кай бод хоҳад бурд?
Наоӣ гар ту ҳамшаҳрӣ, чӣ хоке бар сар афшонам,
Магар доғи туро бо оби дида шуст битвонам.
Биё ҳамшаҳрии ҷонам, маранҷон интизоратро,
Биё бигзор по дар чашми ман бӯсам гузоратро.
Биё бо ҳам равони мурдагонро ёд бинмоем,
Биё борони лаънат бар сари хасмони дун борем,
Биё бо ҳам ба ёди рафтагон аз дида хун борем.
Ало ҳамшаҳрии кулвор дар пуштам кӯҷоӣ ту?
Ало ҳамшаҳрии атфол дар муштам гадоӣ ту?
Ало ҳамшаҳрии гирёну саргардону дарвешам,
Ғарибу нотавону гушнаву танҳову бехешам… <>

Одили ИСЛОМӢ
моҳи марти соли 1993
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97