Ҳоҷи Мирзо: Шогирдони ман салафӣ нашудаанд!

Мусоҳиба 24.07.2008 17:26
Мусоҳиба бо имомхатиби масҷиди маҳаллаи ба номи Ҳилоли Аҳмари шаҳри Кӯлоб

-Вақтҳои охир дар кишвар гурҳӯе баромадааст ба унвони салафия, ки тарзи хондани намоз ва риояи сунатҳои Расули Худо (с) дар баъзе масоил бар хилофи мазҳаби Абуҳанифа (р) мебошад, бигӯед баромади ин салафияҳо аз куҷост?


-Воқеан эшон бо хондани намоз аз пайравони мазҳаби Абу ҳанифа, Эмом Ҳанбал, Эмом Шофеъӣ, Эмом Молик фарқ менамоянд. Имрӯз ҳар ҷое ки менишинем сӯҳбат атрофии мавзӯи салафиҳо сурат мегирад. Ҷои пушида нест, ки пас аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии мо тоҷикписарон дар Яман, Арабистони Саудӣ, Покистон ва дигар мамолики исломӣ таълим мегиранд. Бубинед, ки эшон ҳар тарзе, ки он ҷо таълим мегиранд, ба Тоҷикистон меоянд ва кӯшиш мекунанд, ки ҳамон тарзи берун аз мазҳаби Абу ҳанифаро ин ҷо паҳн кунанд.

-Яъне шумо муътақидед, ки равияи салафияро дар Тоҷикистон онҳое паҳн мекунанд, ки дар хориҷ аз кишвар таълим гирифтаанд?

-Бале, ин сад дар сад дуруст аст. Онҳо дар хориҷ таълим мегиранд ва замоне вориди ҷумҳури мешаванд, таълимотеро, ки воқеан дар асоси баъзе ҳадисҳо ва суннатҳои Расули Акрам (с) ҳастанд, вале берун аз мазҳаби Абу ҳанифа тарғиб мекунанд.

- Тафовут байни салафияҳои имрӯза аз ваҳобияи охири солҳои 80 - уми қарни гузаштаи кишвар дар чист?

-Салафия аз ваҳобия фарқ дорад, вале чи ину ва чи он ҳамагӣ замоне бо онҳо дар сӯҳбат менишинӣ аз Қуръону аз суннат сӯҳбат мекунанд. Аслан эшон далелҳое пеш меоранд, ки мо низ онҳоро риоя мекунем. Вале ростӣ аз рӯи адолат бигӯем, ки салафия аз ваҳобия чи фарқият дорад, инро ман ҷудо карда наметавонам.

-Пешвоёни салафияи кишвар иддаъо доранд, ки онҳо пайрави мазҳаби Абу ҳанафианд, оё ин асос дорад? Ва Шумо ба унвони як донишманди ҳанаф оё ҳанафияти онҳоро қабул доред?

Мо замоне ҳанафияти онҳоро қабул дорем, ки ҳамин тарзи намозе, ки мо мехонем, яъне бе «рафъи ядайн» ва бе гузоштани дастҳо ва баланд гуфтани омин, гузоштани пойҳо ва хулоса ҳаминҳоро иҷро кунанд, мо сад дар сад ҳанафияти онҳоро қабул дорем. Охир он амалҳое, ки эшон ба ҷо меоранд, китобҳои фиқҳи ҳанафӣ қабул надоранд. Агарчи дар суннат будани онҳо тибқи баъзе ҳадисҳо мебошад, ки мо ягон зиддияти надорем, аммо баъзе амалҳое, ки онҳо мекунанд мазҳаби Абу ҳанифа онҳоро қабул надорад.

- Гуфта мешавад, ки аксари салафиҳо кӯлобиянд. Оё ин дуруст аст? Чаро онҳо имрӯз бештар кӯшиш ба ҷалби мардуми Кӯлоб, алалхусус ҷавонони ин минтақа ба ин равия доранд, оё мардуми Кӯлоб дар мазҳаби худ ноустуворанд ё ин дигар сабабҳо дорад?

-Инро дигарон мегӯянд, ки дар Кӯлоб пайравони салафия зиёд шуда истодааст. Фикр мекунам, ки ин барои бадном кардани мардуми Кӯлоб аст. Вақте мо тарфҳои Душанбе, Хуҷанд сафарҳо доштем, аксарияти мардум суолҳошон аз масъалаҳо буд ва мушоҳида мешуд, ки қисми зиёди онҳоро хоҳишашон ба ҷараёни салафия аст. Дар тарзи намозхонӣ низ дар он тарафҳо пайравони ин равия зиёд ба назар мерасид. Яъне, ин маънои онро надорад, ки ин ҷараён танҳо дар Кӯлоб вуҷуд дорад. Аммо он гунае, ки дар дигар манотиқи Тоҷикистон салафия рушд кардааст, мо инро дар Кӯлоб мушоҳида намекунем. Шукр масҷиди мо 4-ҳазор ҷои нишаст дорад. Дар миёни ин ҳама агар бошад, 4 ё 5 нафар салафӣ ҳаст. Онҳо ҳисобианд ва агар дар миёни 4 ҳазор 5-10 нафар «рафъи ядайн» мекунанд, ин тамоман ба чашм намерасад.

Бархе бар инанд, ки гуиё шумо аз пайравони салафия даъват кардаед, то аз паси шумо дар масҷид намоз нахонанд…?

-Ростӣ то имрӯз нагуфтаам, ки салафиҳо дар масҷиди мо намоз нахонанд. Аммо ба шакли омма даъват кардам, ки бародарони азиз агар шумо хизмати исломро кардан хоҳед, шарафи исломро хоҳед, ҷангу ҷадалро нахоҳед ягона роҳе, ки имрӯз моро муттаҳид мекунад, ин танҳо пайрав ба мазҳаби Абуҳанифа шудан аст. Ана, ҳаминро ман дар ҳар як намози ҷумъа бо таъкид ёдовар мешавам. Ҳайрон бар инам, ки баъзе ҷавонон мазҳаби Абуҳанифаро таҳқир мекунанд. Охир пайрав аз мазҳаб будан-пайрав аз Қуръону суннат аст. Мо то ин дам ягон хато дар ин мазҳаб надидаем.


-Оё пешгирии паҳншавии ин равия дер шудааст?

-Не, имкон ҳаст. Нахуст орзӯи ман ҳамин аст, ки дар минбарҳо одамони босавод суханронӣ кунанд. Дувум ватани худ миллати худро дӯст доранд, дили онҳо ба ватану миллат бисӯзад. Саввум эшон дар ҳар намои ҷумъа мардумро ба мазҳаби Абуҳанифа шинос кунанд, ки худи Абуҳанифа кӣ буд. Рӯшан кунанд, ки чаро мо ҳамин мазҳабро барои худ ихтиёр кардем? Чи фоидаҳо дорад, ин мазҳаб?

Чаҳорум ба мардум бояд домулоҳои мӯҳтарами омилҳои ҷанги таҳмилии солҳои навадумро бифаҳмонанд. Хатароти онро бигӯянд. Зеро аксаран ҷавононе, ки ба ин роҳ мераванд, намедонанд, оқиабти роҳашон ба чӣ менаҷомад. Онҳо даҳшати ҷангро намедонанд. Барои ҳамин агар эмомҳои мо инҳоро ба гӯши мардум бирасонанд, иншоолоҳ мардум аз ихтилофҳо халос мешаванд.

- Гуфта мешавад, бархе аз саркардаҳо ва фаъолони "салафия" дар Кӯлоб аз шогирдони Шумо буданд. Пас чаро онҳо салаф шуданд? Ва оё баъди салаф шудан бо Шумо рафту омад доранд? Шумо онҳоро чӣ гуна қабул мекунед?

-Ба ростӣ то ҳол ягон шогирди ман ба ҷараёни салафия дохил нашудааст. Оне, ки таълими маро гирифта мазҳаби моро тарк карда паи мазҳаби дигаре шуда бошад, бовар кунед, ин дар ҳақи мо тӯҳмате беш нест.


- Муҳтарам Ҳоҷӣ Мирзо, гуфта мешавад дар шаҳри Кӯлоб Шумо аввалин намояндаи машҳури дин ҳастед, ки мардумро аз зиёрату мадад хостан аз мазори маъруфи Ҳазрати Амирҷон манъ кардед. Ин рафтору фатвои Шумо бо назарияҳои салафиҳо хеле наздикӣ дорад. Шумо ҳам мисли онҳо бисёр дар бораи ширку бидъат сӯҳбат мекунед.Оё мешавад бигуем, ки аз назари фикр Шумо бо салафиҳо наздикӣ доред?

-Не, ин тамоман ҳақиқат надорад. Дар Қуръон худованд фармудааст, ки ҳама гуноҳи бандаро мебахшаму ширкро не. Пас, худованд агар ҳам гуноҳи бандаро бахшаду ширкро набахшад, ман дар атрофи ҳамин мавзуъ он чизҳое, ки ба ширкиёт марбут буданд, ба гӯши мардум расонидам. Мо зиёрати мазорро манъ накардем, балки дар мазҳаб аз мазор мадад талаб карданро мувофиқи фармудаҳои Қуръон раво надидем. Фикр мекунам, ки гуфтаҳои ман сирф фармудаҳои худованд аст ва ба ҳеҷ ҷараён марбут нест. Ва ҳамаи ҷараёнҳо низ бар ин иттифоқанд, ки аз мазор кӯмак талаб кардан зидди фармудаҳои Худованд аст. Мо аз мазор кӯмак талаб намекунем, балки меравем дар ҳақи онҳо барои омурзиш ва мағфират дар ҳақашон дуо мекунем.

-Дар аввали сӯҳбат зикр кардед, ки бештари тарғибгарони равияҳои гуногун дар Тоҷикистон хориҷ аз кишвар таълим мегиранд. Пас вақти он нарасидааст, ки дар шаҳрҳои кишвар марказҳои омӯзиши исломӣ таъсис диҳем, то ҷавонон мо дигар ниёз ба таълим дар хориҷа надошта бошанд?

-Бениҳоят ин зарур аст. Борҳо ман ин мавзуъро, ҳатто дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб низ пешниҳод кардам, ки шаҳри мо мадраса надорад. Барои баъзеҳо шояд номи мадраса ва мадраса сохтан мушкил бошад. Фоида, ки мадраса мерасонад, фикр мекунам, ягон масҷид ва даъватҳои телевизионӣ расонида натвонад. Барои он ки бачаҳои мо вақте имкони дар ҳамин ҷо таълим гирифтанро пайдо мекунанд, ҳеҷ гоҳ ба хориҷ намераванд. Метавон ҳамин ҷо ҳам дарсҳои хубро бо ёрии домулоҳои беҳтарин ташкил кард, ки дигар ҳоҷат ба хориҷ рафтан намемонад. Ба Худо, ин барои миллат хеле судманд аст. Мо ҷонибдорем, ки исломро ҷавонон дар Тоҷикистон таълим бигиранд. Агар дар ҳамин самт аз ҷониби ҳукумат ягон тасмим шавад, мо ба хотири оромии ҷомеа омодаем, дар анҷоми ин кор миён мебандем. Ба шарте иҷоза дода шавад.


Мусоҳиб:
Абдулмӯъмини Шерхон
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97