Коху номи деҳаест дар 14 километрии маркази дараи Ромит. Ин деҳа таърихи қадимӣ дорад. Ҳисорё, қалъае болои он ҷойгир аст, бо номи "Қалъаи Ҳисорак". Зимни таҳқиқоте, ки 5-сол пеш археологҳо анҷом дода буданд ва аз ин қалъа чанд ёдгорӣ низ ёфтанд, таърихи ин ҳисоракро ба зиёда аз 2 - ҳазорсола нисбат доданд. Гӯё ин қалъа амирнишин не, балки лашкарнишин будааст ва барои амнияти аҳолии дараи Ромит бунёд шуда. Мӯйсафедони деҳаи Коху ривоят мекунанд, ки қалъаро бо қувваи бозуи аҳолӣ сохта буданд. Хурду бузурги чанд деҳаро сипоҳиёни амир ҷамъ оварда, дар бунёди қалъа кор мефармуданд. Хишти ҳисоракро гӯё аз чандин километр, мардум қатор истода аз даст ба даст то қалъа мерасониданд. Ҳамчунин ривоят мекунанд, ки ин ҳисорро Искандари Мақдунӣ хароб кардааст…
Дар ду соли ахир дар ин деҳаи таърихан қадимӣ якчанд навигарӣ ба чашм мехурад. Ду сол қабл мардуми деҳаи Коху барои худ ниругоҳи хурди барқи обӣ сохтанд, мутаассифона насибашон набудааст, ки тайи ду моҳ аст "ГЭС"-ашон ба пуррагӣ хароб шудаасту дигар ҳоҷати таъмир намонда. Ҳоло аз ҳамон чароғҳои керосинӣ дар чаҳор фасли сол истифода мебаранд. Аз ҷиҳати тараққиёти техникӣ ҳаёти ин деҳа аввалҳои асри ХХ-ро ба ёд меорад. Вақте ки Попов радиоро ихтироъ кард, то чанд сол ҳамагонӣ набуд, баъзе хонаводаҳо доштанду халос. Имрӯз дар Коху низ ҳамчунин ҳаёт аст. Ҳарчанд ки қариб ҳамаи хонаводаҳо телевизору "DVD" доранд, вале ба чи кор меояд вақте барқу мавҷи телевизион дастрас набошад? Ҳатто алоқаи мобилӣ бо вуҷуде, ки Коху аз пойтахт анқариб дар 80- километрии дур ҷойгир аст, мавҷуд нест.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда мардуми Коху бо дасту дили гарм меҳнат мекунанду пайи ободии диёри аҷдодии худ мекӯшанд. Дар дили санг ҳам бошанд чароғи ҳастиро фурӯзон медоранд. Соли таҳсили 2007-2008 мактаббачаҳои деҳа ҳар субҳ 5-километр роҳро тай карда, сабақомӯзӣ мерафтанд ва нисфирӯзӣ боз 5-километри дигар то хона баргаштан лозим буд. Имсол соҳиби мактаб гаштанд. Яъне дар деҳаи худ мактаб бунёд карданд, ки то барномаи таълимии синфи 9-ро мактаббачаҳо аз худ карда метавонанд.
Бузургтарин навгонӣ ва навидашон ҳамин аст, ки мардуми Коху имрӯзҳо ҷашн доранд зеро пули нав мавриди истифода қарор мегирад. Дар баробари кохуиён ҳамаи наздикону пайвандони онҳо, ки солҳои 50-уми асри гузашта ба таҳдаштҳо кӯчонида шуда буданд, аз ин мужда ниҳоят шоду масруранд. Бобои Зубайд, як нафар аз дастандаркорони сохтмони ин пул нақл мекунад, ки «охирҳои моҳи ноябри соли гузашта сохтмони пулро сар кардем ва дар аввалҳои моҳи марти соли ҷорӣ ба охир расонидем. Дар сохтмони пул хурду бузурги деҳа ҳам бо маблағ ва ҳам бо қувваи бозу саҳми худро расониданд. Дар ин сохтмон 50-тон семент, 3-тон сӯзишвории дизелӣ, 2-тон арматур ва 350- килограм электрод сарф шудааст. Маблағи сарфшудаи ниҳоияшро касе ҳисоб накардааст. Ин пул барои кохуиён ҳам арзону ҳам гарон ба даст омадааст. Як қисм оҳанҳои лозима аз пуле, ки чанд сол қабл, дар замони побарҷойии шӯравӣ сохта будем, вале сел вайронаш кард, аз ҳамон баромад. Дигар ҳамаи қисмҳояшро бо маблағи нақд харидем. Ҳамаи ин маблағ аз ҳисоби аҳолӣ ҷамъоварӣ шуд».
Ҳамчунин бобои Зубайд таъкид мекунад, ки то сохтмони пул аҳолии деҳа дар азоб буданд. Болои дарё як пули ларзонак насб шуда, ки ҳоло ҳам мавҷуд аст, аз "техника" фақат хар метавонист аз рӯи он гузарад. Ҳамаи вазифаҳоро ҳамин чорпо иҷро мекард, ҳам мошини сабукрав, ҳам боркаш, ҳам… Шукрона ки бунёди пул кори мардумро сабук кард, ҳарчанд ки ҳоло мошин наметавонад дар кӯчаҳои Коху бе мамониат ҳаракат кунад.
Бешак ин мужда қобили таҳсину офарин аст, ки мардуми Коху ба умеди ҳеч кас нашуда пайи ободии диёри худ мекӯшанд.
Дигар пирони рӯзгордидаи деҳа мегӯянд, ду орзуи ниҳоӣ дорем, ки агар ҷомаи амал пӯшад аз ин дунё бе армон меравем: 1. Аз нав сохтани НБО (ГЭС). 2. Бунёди як масҷиди барҳавову замонавӣ.
Худо кунад, ки ин нияти онҳо амалӣ шавад.
P.S. Дар дараи Ромит Коху ягона деҳа нест, ки чунин шароити сахту вазнин дошта бошад. Аз Коху боло, лаб-лаби дарёи Кофарниҳон деҳаҳои зиёде ҳаст, ки насими "Асри техника" дар онҳо ҳанӯз нарасидааст. Мегӯянд, ҳатто бархе аз мардумони ин рустоҳо радио ва телевизиор ҳам надоранд.
Аммо умедворем, ҳамсоя аз ҳамсоя ранг мегирад ва мардуми ҳамсоядеҳоти Коху мисли кохуиён ба умеди дигарон нашуда, худ миён маҳкам мебанданд ва диёрро обод месозанд.
То боздид аз як деҳи гулистони диёр.
Ёқуби САИД, "Миллат"