Муҳаммадрозиқ НЕЪМАТОВ: МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ ТАНЗИМ ШАВАД, МУШКИЛ ОСОНТАР МЕШАВАД

Мусоҳиба 29.12.2008 14:05

Узбакистон гастарбайтерҳои худро аз Русия ба Дубай мефиристад ва мо набояд интизор бинишинем

Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Муҳаммадрозиқ Неъматов, раиси кулли ширкати "Orian International Real Estate LLC"

-Шумо, ки солҳо боз дар Аморати Муттаҳидаи Араб ба сар мебаред ва дар бозори ин кишвар ҳузур доред, оё имкони ҷалби нируи корӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс вуҷуд дорад?

-Бале, имкони ҷалби нируи корӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои Халиҷи Форс на танҳо вуҷуд дорад, балки дар ин самт бояд як барномаи афзалиятноки ҷалби нируи кориро давлат ва созмонҳои иҷтимоӣ дар кишвари азизамон рӯйи даст бигиранд. Мисле ки аллакай Узбакистон бо дарки мувоҷеҳ шудан аз сарозер шудани муҳоҷирони кориаш аз Русияи гирифтори бӯҳрон ин корро пеш гирифтааст. Ва имрӯз садҳо нируи кории Узбакистон ба кишварҳои Халиҷи Форс эъзом шудаанд, ки дар бахшҳои мухталиф кор мекунанд. Ин нируҳои кории Узбакистон дар бахшҳое мисли ҳутелдорӣ ва ресторандорӣ, аз ҷумла дар "Burj al-Arab" ва "Jumeira Beach" машғули кор ҳастанд.

Омодасозӣ ва фиристодани нируҳои корӣ ба кишварҳои ҳошияи халиҷ бояд яке аз самтҳои боафзалияти сиёсати муҳоҷиратии Тоҷикистон бошад. Раванди муҳоҷирати корӣ ба Русия тавре мушоҳида мешавад ба танзим ниёз дорад. Танзим дар ин росто ҳам ба суди муҳоҷири меҳнатӣ ва ҳам ба манфиати давлат аст.

-Сабаб ва нигаронӣ аз ҳузури муҳоҷирони кории тоҷик то ҳол дар бозори кори кишварҳои Халиҷ ва аз ҷумла дар АМА чист?

-Аввалан то ҳол нигарониҳое аз гаравиши ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ вуҷуд дошт. Дуввум, нигаронӣ аз сӯйистифодаи ҷинсии ҷавондухтарон мебошад, ки дар ин маврид сару садои расонаҳо ва созмонҳои ғайридавлатӣ фазои иттилоотиро пур кардааст. Аммо роҳҳои пешгирии ин тамоюл вуҷуд дорад. Яке ҳам ин сабти номи шаҳрвандони кишварамон дар консулгариҳои Халиҷи Форс, ки ахиран ифтитоҳ ёфтаанд ва фаъолият доранд. Ва дигар контрол ё назорати фаъолияти онҳо дар кишварҳои Халиҷи Форс аз сӯйи ниҳодҳои зиддахл аст. Саввум тайёр кардани кадрҳо ва бомаърифат сохтани ҷавонон ва маълумот додан ба онҳо дар мавриди вижагиҳои фарҳангӣ ва динии кишварҳои Халиҷи Форс дар марокизи махсус дар Тоҷикистон. Ҳамчунин баргузории маросимҳои фарҳангӣ-динӣ аз тарафи ниҳодҳои масъул метавонад садди роҳи ин аъмоли номатлуб бигардад.

-Магар мушкили забонӣ барои ҷалби нируҳои корӣ сад нест?

- Не, чаро. Ин аллакай таҷриба шудааст ва Узбакистон садҳо нафар муҳоҷирони кории худро ба шаҳри Дубайи АМА фиристодааст.

-Шаҳрвандони мо, ки дар АМА ҳастанд, умдатан машғули чӣ коре ҳастанд ва чӣ умуман теъдод ҳамватанонамон он ҷо тавонистаанд машғули кор шаванд?

-Тоҷиконе, ки дар Амороти Муттаҳидаи Араб зиндагӣ мекунанд, бештар ба фаъолияти тиҷории инфиродӣ машғул ҳастанд ва теъдоди каме аз онҳо дар ширкатҳои хусусӣ ба ҳайси фурӯшанда кор мекунанд. Ин дар ҳолест, ки потенсиали зеҳнии тоҷикон имкон медиҳад, то дар кишварҳои Халиҷи Форс кор пайдо кунанд. Тоҷикон метавонанд забонҳоро зуд аз худ кунанд, ки ин барои кор дар хориҷ бисёр короянд аст. Аз сӯйи дигар бештари муштариёни бозори Дубай ирониҳо ва аз кишварҳои шӯравии собиқ ҳастанд, ки ба забони форсӣ ва русӣ гуфтугӯ мекунанд, ки бо форсӣ ҷавонони мо мушкил надоранд ва русиро қариб дар баробари забони модарӣ медонанд.

Бояд гуфт ба фарқ аз кишварҳои дигар ва Русия муҳоҷирон кории мо дар кишварҳои ҳошияи Халиҷ аз вазъи ҳуқуқии хеле хубтаре бархурдор мебошанд. Агарчанд тавре гуфтем, муҳоҷират ба ин кившарҳо низ бояд барномарезишуда, бо омодагии қаблӣ сурат бигирад, на таври инфиродӣ.

-Барои амалӣ кардани ин иқдом, яъне ҷалби нируҳои корӣ чӣ корҳоро бояд сомон дод?

-Кор дар ин самт чандон мушкилӣ надорад. Танҳо лозим аст, ки ҳукумат ва созмонҳои иҷтимоии дохилӣ ва хориҷӣ барои ҷалби муҳоҷирони корӣ ба АМА мусоидат кунанд. Онҳо бояд барои омода кардани мутахассисоне, ки барои бозорҳои кишварҳои Халиҷи Форс зарур аст, кӯмаки молӣ ва маънавӣ расонанд. Бозори кишварҳои Халиҷи Форс хеле бузург, аммо рақобат ҳам дар ин бозор хеле ҷиддӣ ва сангин аст. Мо низ зимни мулоқоте, ки бо мақомоти давлат доштем, таъкид кардем, ки омода ҳастем, дар ин маврид кӯмаки худро дареғ надорем.

-Шумо, ки дар меҳвари ин корҳо қарор доред ва солҳост, ки таҷрибаи бозоромӯзии ин кишварҳоро ҳам доред, чӣ корҳоеро дар ин самт анҷом додаед ва ё мехоҳед анҷом бидиҳед?

- Ширкатҳои мо "Ориан Интернешнал Групп", дар Дубай ва ширкатҳои партнёри мо ба мисли "Рушди Миллат" дар Душанбе фаъол ҳастанд, ки як самти фаъолияти худ, машварат ва омодасозии кадрҳоро қарор додааст. Ва то кунун мо ҳудуди 70 нафарро барои кор дар АМА ҷалб кардаем, ки дар бахшҳои мухталиф машғули кор ҳастанд. Мо маркази омодасозии мутахассисонро таъсис кардем, ки ҳадаф омода кардани нируҳои корӣ дар бахшҳои мухталиф аст, ки бозори кори АМА ба он ниёз дорад. Хоҳишмандоне, ки мехоҳанд барои кор ба АМА бираванд, имкон доранд ба ширкати мо муроҷиъат кунанд.

-Фикр мекунед, омадани муҳоҷирони мардикор аз Русия барои Тоҷикистон бо чӣ қиммате тамом мешавад?

-Агар Тоҷикистон омодагии пазируфтани муҳоҷирони кориро дошта бошад ва муҳоҷиратро ба танзим биоварад ва битавонад дар кутоҳмуддат барномаи ҷиддии танзими муҳоҷирати меҳнатиро рӯйи даст бигирад, сарозер шудани муҳоҷирони меҳнатӣ барои давлат ҳеч дарди саре эҷод нахоҳад кард. Ҳеч масъала нест, ки теъдоде аз муҳоҷирон дар Русия ва теъдоди дигаре дар кишварҳои дигар машғули кор бошанд, зеро худи русҳо ҳам дар АМА машғули кор ҳастанд.

-Вазъи ҳуқуқии муҳоҷирон дар АМА чӣ гуна аст?

-Муҳоҷирон дар АМА он мушкилеро, ки дар Русия муҳоҷирони мо доранд, надоранд. Ҳамаи нируҳои кори мо, ки он ҷо машғул ҳастанд, иҷозаи расмии кор ва иқомат доранд ва аз ҳамаи ҳуқуқҳо бархурдор мебошанд. То кунун мушкили хосе дар ин замина пеш наомадааст. Тавре гуфтем, теъдоди бузурги муҳоҷирони кории Русия низ дар бозорҳои кори Дубай машғул ҳастанд. Ин худ баёнгари вазъи беҳтари бозори кор аз ҳар нигоҳ аст.

-Ташаккур, муваффақ бошед.

-Шумо низ бурдбору комгор бешед.



©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97