Ҳимояти фарҳангиёни Кӯлоб аз Латифи Пидром

Иҷтимоъ 23.08.2008 18:49

Мо бо шунидани хабари мудҳише, ки аз барбарияти Ҷиргаи ҷавонони афғони минтақаи Пактиёи Афғонистон (дар мавриди ба куштан ҳукм кардани шахсияти шинохтаи минтақа, Латифи Пидром) гувоҳӣ медиҳад, хеле ошуфтаву озурда шудем.

Аз ин тасмими аъзои ҷиргаи номбурда бармеояд, ки эшон ё шомили ҳаракати иртиҷоии толибон мебошанд ва ё гунаи дигари иртиҷои сиёҳанд, ки даҳсолаҳо ба ин тараф намегузоранд, то сарзамини донишу хирадзои Хуросони бостонӣ ба ҷаҳон бузургони дигарро эҳдо кунад.

Мо аз раёсати ҳафтавори «Миллат» таманно дорем ин хоҳиши чанд тан аз фарҳангиёни Кулоби бостониро ба оқои Ҳамид Карзай-раиси Ҷумҳури Афғонистон, ки ба ҷаласаи сарони кишварҳо ШОС қадам ранаҷа мефармоянд, бирасонанд;

«Тасмими ҷиргаи ҷавонони Пактиё барои кишваре, ки мехоҳад ҷомеаи салими инсонӣ матраҳ кунад, кароҳатбору нангбор аст. Латифи Пидром метавонад осуда дар кишвари мо ба эҷоду эъҷоз идома диҳад, вале куҷо хоҳанд шуд ҳикмати Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхиву Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар бузургони Хуросон, ки ба ояндагон пос доштани донишу хирад ва кирдори некро васият карда буданд. Умед аст ки муҳтарам Президент Ҳамид Карзай бо амри худ ин ҷиргаро лағв ва раҳбаронашро маҳкум намуда, амнияти Латифи Пидромро таъмин хоҳад кард.

Зафар Мирзоён

Суҳробшоҳи Фаррухшо

Ҷумъахон Алимӣ

Орзу Ҳамид

Абдулмӯъмин Шерхон

Шаҳнози Саид

Ш. Кӯлоб


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97