ШУКР, КИ ХОБГОҲ ДОРЕМ, ВАЛЕ…

Хобгоҳи наве, ки соли ҷорӣ дар Шаҳраки донишҷӯён ба истифода дода шуд, бе муҳобо мушкили чанд донишҷӯи бе хонаро ҳал кард. Баъд аз он ки ба ин хобгоҳ донишҷӯёнро ҷой карданд, маълум шуд, ки донишҷӯёни мӯҳтоҷ ба ҷойи хоб ва аз навоҳии дурдасти кишвар омада зиёд будаанд.

Суъоли мо ин аст, ки то ифтитоҳи хобгоҳ, тайи ин ду моҳи аз соли хониш сипарӣ шуда он донишҷӯёни беҷойи хоб буда дар куҷо шаби худро рӯз кардаанд, чӣ аҳвол доштанд?!

Донишҷӯёне, ки акнун бо хобгоҳ таъмин гаштаанд, аз ранҷу азобҳои дар ба дарӣ ва бехонагии хеш бо дарду алам қисса мекунанд. Баъзеи эшон дар хонаи хешу наздикон, баъзеи дигар дар манзилҳои иҷора ва иддае як шаб ин ҷову шаби дигар чойи дигар ба сар бурдаанд.

Бо хобгоҳ таъмин шудани донишҷӯёни аз навоҳии дурдаст ба таҳсил ва талаби илм омада, ҳарчанд дер амалӣ гашт, вале як кори бисёр хайр ва як амали қобили таҳсин буд. Вале хурсандии аҳли хобгоҳ- донишҷӯён дер давом накард…

Банда, ки худ дар ҳамин хобгоҳ манзил дорам, шоҳид ҳастам, ки камбудиҳои ин хобгоҳ бойиси малоли аксари донишҷӯён гаштааст. Масалан, як камбудии ҷиддие, ки нодида гирифтани он камоли беақлист, ин бо об таъмин набудани тамоми хобгоҳ аст.

Шабона донишҷӯёне, ки дар ошёнаҳои болоӣ иқомат доранд, пеш аз хоб кардан ё ба истироҳат пардохтан, аввал аз поён об мекашонанд, ва вақти зиёди хешро ба ин кор масраф месозанд.

Ҳоло аз набудани оби гарм ҳарф намезанем, ки ҳангоми кушодашавии хобгоҳ масъулин бо боварии том аз таъмин будани оби гарм ба ҷаноби Президент сухан гуфта буданд. Дохили ҳуҷраҳо…он ҷо нуқсу норасоиҳо зиёданд.

Сармову сардӣ имсол низ чун пор аз омад-омади худ дарак дода истодааст, вале ҳуҷраҳои мо ҳамоно сарданд. Масъулини хобгоҳ ҳарчанд ваъдаи бо гармӣ таъмин кардани хобгоҳро намедиҳанд, аммо намегузоранд, ки ҳатто аз ҳисоби худамон асбобҳои гармидиҳии барқиро харида истифода барем. Ин камбудиҳое, ки зикр кардем, фақат қиме аз мушкилоти мо донишҷӯён ҳастанд.

Аз хидмати китобхонаи хобгоҳ то ҳол мо истифода накардаем. (Ҳатто намедонем, ки хобгоҳи мо китобхона дорад ё на?) Бартараф кардани ин мушкилиҳо орзӯи ягонаи ҳамаи донишҷӯёни дар хобгоҳи рақами 6- и Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон истиқомат дошта мебошад. Акнун, ки роҳбарият нав шуд, шояд шароит ҳам беҳ шавад!!!


Хуршеди Шералӣ, донишҷӯ,
истиқоматкунандаи хобгоҳи № 6 ДДМТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97