Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

ДУСАД МАРДИ ҶАНГӢ, БЕҲ АЗ САД ҲАЗОР…

Сиёсат 04.03.2009 14:02

Артиши миллии Тоҷикистон ин дастоварди истиқлол мебошад. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷузъу томҳо бо лавозимоти ҳарбие, ки дар қаламрави ҷумҳуриҳо ҷойгир буданд, ҳамчун мерос ба онҳо аз давлати абарқудрат боқӣ монданд. Лекин Тоҷикистон дар миёни 15 ҷумҳурии шӯравӣ истисно буд. Роҳбарияти вақти ҷумҳурӣ бо сабаби даргириҳои дохилӣ ба доираи ҳуқуқ (юрисдикция), ё амволи худ шинохтани ҷузъу томҳои ҳарбӣ, техникаи низомӣ ва умуман қисмҳои низомие, ки дар қаламрави Тоҷикистон мавҷуд буданд.

Дар асоси муроҷиати вазири вақти Иттиҳоди Шӯравӣ генерал Шапошников даст кашид.

Ҳамин тариқ, онҳо дар хоки Тоҷикистон, дар тобеъияти Федератсия Русия боқӣ монданд. Роҳбарони мо дар ҳарос буданд, ки ин қувваи бузург ба дасти кӣ меафтад ва ба манофеи кадом тарафи даргир истифода мешавад.

Ҳамин буд, ки давлати тозаистиқлол бе яке аз рукнҳои асосӣ - артиш монд ва маҷбур шуд, ки дар сохти артишаш аз сифр оғоз кунад. Ба як тӯдае, ки ба тарафдории Фронти халқӣ муттаҳид шуда буд, номи Артиши миллӣ дода шуд.

Артиши миллии Тоҷикистон дар майдони муҳориба тавлид ёфта инкишоф меёбад. Дар вазъияти ҷангӣ гурӯҳҳое, ки баҳри ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон, барқарор намудани сохти конститутсионӣ мубориза мебурданд, асоси артиши миллӣ гаштаанд. Дар оянда бояд ҳамаи ин гурӯҳҳои парокандаро ба як тартибу низом ва ба тобеияти қонунҳои амалкунанда тобеъ мекард. Кадрҳои дорои тахассуси ҳарбӣ, лавозимоти ҷангӣ намерасид, дар ин гурӯҳҳо низоми қатъӣ ва талаботи қонун қариб, ки ҷой надошт ва ба ислоҳоти ҷиддӣ зарурат дошт ва роҳбари давлат ба ин кор даст зад.

Дар гузаронидани ислоҳот ва ба тартиб овардани сохту таркиби Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ хидмати гурӯҳи мушовирони низомии Федератсияи Русия, ки бо таклифи Раиси ҷумҳур ба Тоҷикистон ташриф оварданд, басо арзанда мебошад. Мутахассисони коршиносу пуртаҷриба дар таъсиси ҳуҷҷатҳои лозимӣ, ба талабот ҷавобгӯ намудани ҷузъу томҳои низомӣ, ҷорӣ кардани низому тартиб, амалӣ намудани омӯзиш баҳри баланд бардоштани маҳорати ҷангии аскарону афсарон кӯшиши зиёд ба харҷ дод.

Бояд гуфт, ки дар натиҷа хишти аввали сохти артиши миллӣ дуруст гузошта шуд, ки билохира он ба як қувваи тавоно табдил ёфт. Кори басо сангин ва хеле нозуку муҳим баъд аз барқарор кардани сулҳ дар кишвар ва шомил шудани гурӯҳҳои мусаллаҳи опозитсиюн ба Артиши миллӣ ҳал карда шуд, ки ин ба манфиати давлату миллат буд ва Артиши миллиро боз ҳам қавитар кард.

Агар имрӯз мегӯянд, ки Артиши Миллии Тоҷикистон дар Осиёи Миёна яке аз артишҳои тавонотарин ба ҳисоб меравад, ки метавонад бар зидди таҳдид ва ҳар гуна зуҳурот истодагарӣ кунад, ки ин асоси воқеӣ дорад. Чунки шароити ҷанг дар кӯҳистон талаботи хос дорад ва таҷрибаи пайдо кардаи артиши мо дар ин соҳа хеле ғанӣ мебошад. Назаре ба таърихандозед, бубинед як артиши зиёда аз 100 ҳазор нафараи Иттиҳоди Шӯравӣ бо тайёраю танку тупу мушакҳои худ дар дараи Панҷшери Афғонистон, ки ба муқобили Аҳмадшоҳи Масъуд меҷангид, ба ҳеч чизе ноил нагашт. Ё ин ки артиши тақрибан ҳамин миқдораи Амрико бо шариконаш муқобили толибон ва гурӯҳҳои Ал-қоида кореро анҷом дода наметавонанд. Сабаби асосӣ он аст, ки муҳорибаҳои ҷангӣ дар манотиқи кӯҳистон нозукиҳою талабҳои худро дорад, дар ҷое ки як нафар бо баталион метавонад биҷангад ва ғолиб барояд.

Мо имрӯз бо ифтихор метавонем бигӯем, ки аз ин китоб мо сабақҳои лозимиро гирифтаем ва ин суханони пурҳикмати Фирдавсии бузург: «Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор» - ба низомиёни мо низ тааллуқ дорад.

Аз камбудиҳои ислоҳшаванда дар масоили таъминоту лавозимот ва ғизоӣ нигоҳ накарда, Артиши миллии Тоҷикистон қудрат дорад, шаъну шарафи миллат, истиқлолияти давлати худро ҳифз намояд.

Дар ин роҳ ба аскарону афсарони артишамон бурдбориҳо хоҳонам.


Абдулло ҲАБИБОВ
генерал майори мустаъфӣ
©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97