ХИЁНАТИ ИЛМӢ ДАР КИТОБИ«ЧЕҲРАИ ВОҚЕИИ ВАҲҲОБИЯТ (САЛАФИЯ)»

Фарҳанг ва адаб 17.01.2009 15:12

Соли бузургдошти Имоми Аъзам (р.ҳ) эълон гардидани соли 2009 аз ҷониби сарвари давлат боиси хурсандии мардуми тоҷик гардид. Онҳо барномаҳои густардаи фарҳангӣ, ислоҳоти иҷтимоъӣ ва тарҳҳои азими рушди маънавӣ ва иқтисодии кишварро аз ҷониби сарвари давлат бо шӯру шавқ истиқбол намуда, эълони соли бузургдошти Имоми Аъзам (р.ҳ) ба онҳо такони наве дар бозгашт ба ҳувияти миллӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳангӣ бахшид.

Ин иқдоми сарвари давлат, агар аз як тараф, барои рушди арзишҳои фарҳангӣ, эҳёи ҳувияти миллӣ ва бедор намудани ҳисси худшиносӣ дар мардум мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, ҷавоби муҳкаме бар тундравиҳои мазҳабии ҷавононе бо номи салафиҳо буд. Ин ҷавонон аз рӯи ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифати динӣ ва хуб нашинохтани тариқаи татбиқи аҳкоми шариъат дар баъзе масоил ба хушунат ва тундравиҳое роҳ доданд ва ҳамин тавр, афкори мардумро мушавваш сохтанд, дар ҳоле ки дар аксари ин масоил ҳарду равиши амалӣ, яъне ҳам равиши пайравони мазҳаби ҳанафӣ ва ҳам гуфтаҳои ин ҷавонон, аз Расули Худо (с) ривоят шудааст.

Аксари гуфтаҳои онҳо бо далелҳои шаръӣ асоснок мебошанд ва хилофи шариъат чизе нагуфтаанд, вале мушкили кори эшон дар он аст, ки далелҳои ҷониби дигарро комилан қабул надоранд ва дар мавқеъи худ ба таври ифротомезе пофишорӣ менамоянд. Гузашта аз ин, аъмол ва ҳаракоти онҳо баъзан характери супоришӣ ва иғвобарангезона доранд ва онҳо бо ин равиши тундашон амалан бар хилофи суннати Расули Худо (с) ва равиши ҳикматомези ӯ ҳаракат кардаанд.

Шояд онҳо аз рӯи эҳсосоти неки динӣ, сатҳи пасти таҷрибаҳои даъват ва шинохтҳои нокофии шаръиашон хуб дарк накарда бошанд, ки набояд бо номи эҳёи суннат коре кард, ки бузургтарин фарзҳои Ислом аз байн бираванд. Аз ҷумла, яке аз бузургтарин фаризаи иҷтимоъии Ислом ҳифзи ваҳдату якпорчагии мусалмонон ва гирифтани пеши роҳи парокандагӣ ва тафриқа мебошад, ки ҳатто бар асоси мазҳаби салафӣ низ яке аз усули дин ба шумор меравад, чи тавре дар китоби "Кашфи шубуҳот" зикр гардидааст. Вале онҳо бо чунин равиши тунди худ ин асли диниро дар зери хатари ҷиддӣ қарор дода, ҳамин тавр роҳи даъватро бар рӯи худ бастаанд.

Вале бояд ба ин воқеъият эътироф кард, ки онҳо низ ҷузъе аз ҷомеъаи шаҳрвандии моро ташкил медиҳанд ва бародарони мусалмони мо ҳастанд ва мо бояд муносибатҳои худро ба таври мусбат бо онҳо ба роҳ монем ва саъй намоем, ки аз ҳолати эҳсосотӣ берун оянд ва аз равиши андешаи солим кор гиранд. Худи онҳо низ бояд ин воқеъиятро дарк карда бошанд ва хуб бидонанд, ки уммати Ислом ба як барномаи дурусти фарҳангӣ, равиши ҳакимонаи даъват ва ҳамчунин ҳифзи ваҳдату якпорчагӣ ниёз дорад.

Вале мутаассифона, имрӯзҳо дар матбуоти мо ба таври беравияе таҳлилҳои муғризона ва тасвирҳои нодурусте дар бораи онҳо ба чоп расида истодааст. Баъзе доираҳои манфиъатдор ва шахсиятҳои муғриз саъй доранд, аз онҳо чеҳраи шум ва нафратоваре нишон диҳанд ва гӯё онҳо аслан узви комилулҳуқуқи ҷомеъаи шаҳрвандии мо нестанд. Ин доираҳои манфиъатдор бо истифода аз нуфуз ва сармояи худ муборизаи беамонеро ба муқобили онҳо дар пеш гирифтаанд ва мехоҳанд чеҳраи воқеъӣ ва ҳадафҳои ниҳони худро дар ин пардаи сунъӣ пинҳон намоянд.

Воқеъияти дигаре, ки аз ин ҳам дардовартар аст, он аст, ки баъзе рӯзноманигорон ва аҳли қаламе, ки аз арзишҳои динӣ огоҳии кофие надоранд, забони арабиро намефаҳманд ва ҳатто Қуръони каримро дуруст хонда наметавонанд, балки қисматҳое аз таълимоти Исломро танҳо аз рӯи тарҷума ва баргардони баъзе рисолаҳо ба ҳарфҳои кириллӣ омӯхтаанд, ки он воқеъан ҳам, барои таҳқиқотҳои илмӣ басанда нест, ба баррасӣ ва назардиҳӣ дар ин масъала пардохтаанд ва дар чунин масоили муҳим изҳори назар менамоянд. Балки баъзе аз онҳо аз афкори динӣ ва андешаҳои мазҳаби шиъа мутаассир гардидаанд ва бо номи кашфи воқеъияти салафия ба нашри афкори мазҳаби шиъа пардохтаанд.

Яке аз равишҳои кори шиъаён истифода намудан аз чунин фурсатҳои печида мебошад. Онҳо бо эҷоди шубҳаву муғолатаҳое мардуми ноогоҳро нисбат ба гузаштаи дурахшони тамаддуни исломӣ ва саҳобагони киром бадбин намуда, бо ин роҳ бар асли ваҳдати миллӣ ва якпорчагии мусалмонон зарба мезананд. Барои расидан ба ин ҳадаф хиёнати илмиро ба кор бурда, он ҳама нафрату бадбинӣ аз тамаддуни исломӣ ва таъну носазои худро нисбат ба саҳобагони Расули Худо (с) бардурӯғ аз номи акобири донишмандони аҳли суннат ва китобҳои мӯътабари онҳо мегӯянд.

Рашид Тоҳир ва Абдуҷаббори Аминзода аз ҷумлаи қаламбадастон ва рӯзноманигороне мебошанд, ки дар навиштаҳои худ андешаҳои мазҳаби шиъаро тарвиҷ менамоянд ва онҳо бо ин кори худ комилан бар зидди манофеъи стратегии кишвар, барномаҳои фарҳангии сарвари давлат ва бар зидди мазҳаби Имоми Аъзам (р.ҳ) амал мекунанд.

Абдуҷаббори Аминзода узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар китоби "Чеҳраи воқеии Ваҳҳобият (Салафия)"-и худ, ки ба наздикӣ дар нашриёти "Шарқи озод" ба чоп расидааст, дар зери пардаи кашфи чеҳраи Салафият ба нашри афкори мазҳаби шиъа пардохтааст, ки аз таъну носазогӯии саҳобагони Расули Худо (с) ва доғдор намудани чеҳраи дурахшони тамаддуни исломӣ иборат мебошанд.

Вай андешаҳои нодуруст ва муғризонаи шиъаёнро дар нисбати саҳобагони киром бе ҳеҷ каму кост дар рисолаи мазкур дарҷ намудааст ва бо номи ҳимоя ва дӯстдории аҳли байти Паёмбар (с) ба саҳобагон ва дастпарвардагони он Ҳазрат (с), аз ҷумла ҳазрати Муъовия (р) ҳама гуна таҳқир ва носазоро раво доштааст ва навиштааст: "Ҳангоме, ки мо мегӯем аҳли суннат ҳастем, пас бояд аҳли суннати воқеъӣ бошем. Бояд андеша кард, ки манбаъи суннат ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам аст. Модоме, ки чунин бошад мо бояд аҳли суннати воқеъӣ бошем, аз падару модару зану фарзанду молу амволу ҳамаи чизи дунё баъди Худо, Муҳаммад (с)-ро дӯст дошта бошем. Ҳар касе, ки набошад ҳанафию шофеъӣ, моликию ҳанбалӣ ҳама дар ҳолати гузоридани намоз Аллоҳумма салли ъало Муҳаммад ва оли Муҳаммад мегӯем, дар ҳар намоз, инсоне, ки хуни мӯъминӣ дорад баъди Муҳаммад (с) Оли Муҳаммад гуфтан чун ойина ин таърихи нангини Оли Муҳамад пеши рӯ меояд". (Чеҳраи воқеии Ваҳҳобият (Салафийя), с. 13).

Бубинед, ба ақидаи Аминзода ҳанӯз пайравони чаҳор мазҳаби аҳли суннат аҳли суннати воқеъӣ нестанд ва вақте саҳобагони Паёмбар (с), аз ҷумла Ҳазрати Муъовия (р)-ро, бад бинанд ва ба онҳо носазо гӯянд, он гоҳ аҳли суннати воқеъӣ мешаванд. Илова бар ин, ин ибора мардумро ба таври ошкор ба фанатизми динӣ ва тундгароии мазҳабӣ даъват менамояд.

Дар ҳоле, ки тамоми мазҳабҳои аҳли суннат пайравони худро ба миёнаравӣ ва эътидол даъват менамоянд ва мавқеъи онҳо дар бораи тамоми саҳобагон ин аст, ки мо ҳамаи онҳоро дӯст медорем ва касе аз онҳоро ба бадӣ ёд намекунем. Он ҳамдигарнофаҳмӣ ва ихтилофҳое, ки дар миёни онҳо дар таърихи садри Ислом сар задааст, ихтилофоти сиёсӣ буданд, ки аз иҷтиҳоди эшон сарчашма гирифтааст. Онҳо худро дар ин кор маъзур медонистанд ва якдигарро ба куфр, фисқ ва хурӯҷ аз Ислом нисбат намедоданд ва ба якдигар носазо намегуфтанд. Нависандаи китобчаи "Чеҳраи воқеии Ваҳҳобият (Салафия)" метавонист дар ин бора ба китоби "Фиқҳи акбар"-и Имоми Аъзам (р.ҳ) ва дигар китобҳои мӯътабари аҳли суннат муроҷиат намояд ва мардумро дар ин бора ба шубҳа наафканад, вале вай дар ин маврид супоришеро аз ҷониби доираҳои манфиъатдори дохилӣ ва хориҷӣ анҷом додааст.

Аминзода дар аввали дебочаи китобаш миллати тоҷикро ба ёди мусибат ва ваҳшатҳои ҷанги шаҳрвандӣ фаро хонда, мардумро аз муқобилият ва рӯёрӯиҳои нав барҳазар доштааст, вале дар сар то сари китобаш афкор ва ақидаҳоеро ба мардум пешниҳод кардааст, ки заминаи муқобилият ва рӯёрӯии навро ба вуҷуд меоваранд.

Номбурда дар саҳифаи 17-и китоби худ навиштааст: "Ваҳҳобиҳо (Салафиҳо) иддаъо доранд, ки Муовия котиби ваҳй буд. Муовия соли даҳуми ҳиҷрат ислом оварда, ки аз даврони ваҳй чизе боқӣ намонда буд. Балки котиби муросалот буд…". Бубинед, андешаи шиъаҳоро дар ин ҷо чи тавр баён кардааст: Муовия на котиби ваҳй, балки котиби муросалот ва мактубҳои он Ҳазрат (с) ба қабилаҳои араб будааст ва вақте вай имон овардааст, дигар аз ваҳйи илоҳӣ чизе боқӣ намонда буд, то вай онро барои Расули Худо (с) китобат намояд.

Аввал он ки Муъовия (р) дар соли фатҳи Макка, яъне дар соли ҳаштуми ҳиҷрӣ имон овард, ки ҳанӯз нузули ваҳйи илоҳӣ идома дошт. Дуввум, он ки вақте Паёмбар (с) ба навиштани асрори давлатдорӣ ва номаҳои худ ба вай эътимод ва бовар намуда бошад, чӣ гуна дар навиштани ваҳй ба вай бовар намекард? Сеюм, ин ки Муъовия (р) на танҳо аз назари салафиён, балки аз назари тамоми аҳли суннат котиби ваҳй мебошад ва ин танҳо назари салафиён нест. Чорум, вай барои таъйиди даъвои дурӯғи худ ҳадисеро дар ин бора аз "Саҳеҳ"-и Муслим нақл намудааст, ки дар ҳеҷ ҷои он вуҷуд надорад.

Хулоса, Аминзода дар ин китобчаи худ аз доираи инсоф берун рафта, кудурату бадбинӣ ва афкори зидду нақизеро, ки баъзе шиъаён нисбат ба аҳли суннат доранд, дар он дарҷ намудааст ва онҳоро бар асоси хиёнати илмие, ки дар миёни шиъаён мутадовил аст, ба акобир ва бузургони аҳли суннат нисбат додааст.

Аз ҳама аламовар он аст, ки рӯҳониён ва уламои шинохтаи Ҷумҳурӣ раиси Маркази Исломии ҶТ шайх Амонуллоҳи Неъматзода, номзади илми фалсафа, дотсент ва устоди донишкадаи Исломии Тоҷикистон ба номи Имом Тирмизӣ, Наботов З. ва муовини раиси Маркази Исломии ҶТ Мулло Маъруф Раҳимов барои он тақриз ва таҳсиннома навиштаанд ва мардумро ба мутолиъаи он тавсия кардаанд.

Маълум аст, ки Шайх Амонуллоҳи Неъматзода ва Наботов З. дар риштаи диншиносӣ пояи баланди илмие надоранд, вале Мулло Маъруф Раҳимов худро забардасттарин диншиноси Тоҷикистон ва дар зоҳир ҳомии аҳли суннат ва ҷамоъат медонад. Номбурда дар тақризи худ ёдовар шудааст, ки: "Аз як тараф агар салафиҳо ҳуҷуми сахте ба фарҳангу асолати мазҳабии мо дошта бошанд, аз ҷониби дигар нависандагони тоҷик ба сабаби адами иттилоъ аз шеваҳои истидлоли мазҳабӣ, китобҳои мухолифони онҳоро, аз ҷумла аҳли ташайюъро ба алифбои сириллӣ баргардон ва нашр мекунанд. Бо ҳамин фаҳми дурусти матолиби динӣ ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардида, дуруст дарк намудани фикру андешаи динӣ миёни он гум мешавад". Илова бар ин, худи ҷаноби Мулло Маъруф Раҳимов ба нашри андешаҳои равияи Аҳбош пардохта, фаҳми дурусти матолиби диниро барои мардум ба мушкил рӯ ба рӯ сохтааст. Пас бубинед, ки: Тафовути роҳ аз куҷост то ба куҷо!

Ин тақризи вай ба китобчаи "Чеҳраи воқеии Ваҳҳобият (Салафия)"-и Абдуҷаббори Аминзода таъйиди ошкоре аз афкори муғолатаомези шиъаҳо ва андешаҳои хатарноки онҳо ба шумор меравад ва комилан бар хилофи андешаҳои Имоми Аъзам (р.ҳ), аз ҷумла насиҳати ӯ ба шогирдаш Абӯюсуф мебошад, он ҷо, ки мефармояд: "Агар барои касе нишасти илмӣ дар заминаи илми фиқҳ баргузор кардӣ, худат шахсан дар он ширкат намо ва он чиро аз вай дар он замина медонӣ ва ё аз баррасиҳои илмиаш ташхис медиҳӣ, ҳамаро ба таври дақиқ барои мардум бозгӯ намо ва ҳамчунин агар дар бахши фатво салоҳияте дошта бошад, онро низ бозгӯ намо, то мардум бо ҳузури ту дар канори вай фирефта нагарданд ва гумон накунанд, ки вай дорои сифати илмӣ ва шахсияти бузурге мебошад, дар ҳоле, ки ӯ аз он сифат холӣ аст.

Вале агар дидӣ, ки он шахс аслан донишманд ва фақеҳ нест, чунин нишасте барпо накун ва агар барпо шуд, дар он ширкат накун, то дар ҳузури ту ба тадрис напардозад, балки шахси мӯътамадеро аз ёрони худ ба вай ҳамроҳ бисоз, то туро аз чигунагии сухан ва муставои илмаш огоҳ намояд". (Васиятҳои Имом Абуҳанифа (р.ҳ), 98, с. 29, 30).

Чи тавре мебинем, Имом Абӯҳанифа (р.ҳ) шогирдаш Абӯюсуфро аз таъйиди одамоне, ки бардурӯғ мехоҳанд худро аҳли илм нишон диҳанд, манъ намудааст ва аз вай хостааст, то савобу хато ва пояи илмии чунин одамонро бозгӯ намояд, то мардум ба фиреби андешаҳои каҷи онҳо наафтанд, вале Мулло Маъруф Раҳимов мардумро ба сӯи андешаҳои каҷи Аминзода тела додааст.

Оре, ҷаноби Мулло Маъруф Раҳимовро чизе ҷуз тамаъҳои зудгузари дунё ва таъассуби кӯри мазҳабӣ ба ин мавқеъгириҳои дурӯя ва думашрабӣ вонадоштааст. Паёмбари Худо (с) мардумро дар тамоми корҳо ба миёнаравӣ ва риояи эътидол амр менамояд, он ҷо, ки мефармояд: "Аз ғулув ва ифротгароӣ дар дин дурӣ гузинед, зеро гузаштагони пеш аз шуморо ҳамин ифротгароӣ ва ғулуви дар дин ҳалок сохт". (Сунани Насоӣ, ҷ. 5, с. 268. Сунани Ибни Моҷа, 3029. Муснади Имом Аҳмад, 1854, 3238, ҷ. 1, с. 355, 572).

Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чӣ тавр рӯзноманигоре, ки ҳанӯз дини худро дуруст нашинохтааст, ҷуръат менамояд ва гузаштаи дурахшони тамаддуни исломӣ, дастпарвардагони бевоситаи Расули акрам (с) -ро зери суол қарор медиҳад? Чаро як шахси ношинохта мардумро нисбат ба парчамдорони дине, ки сарвари давлат аз минбарҳои байналмилалӣ борҳо дини сулҳу сафо ва тамаддунофарин будани онро эълон намуд, бадбин ва дудила месозад?

Яке аз омилҳои асосии густариши ин раванди муносибати бебокона нисбат ба муқаддасот ва арзишҳои волои дини Ислом он аст, ки диндорони тамаъҷӯ ва ботаъассубе, ба монанди Муло Маъруф Раҳимов, бо таъйиди иқдомоти хатарноки чунин одамон заминаро барои бетафовутиҳои бештари онҳо нисбат ба муқаддасоти дини мубини Ислом омодатар месозанд.

Ҳамчунин, уламо ва диндорони дигаре, ки иҳонат ва носазо гуфтанро нисбат ба саҳобагони Расули акрам (с) аз болои минбар барои худ раво доштаанд, дар густариши ин муносибати таҳқиромези чунин рӯзноманигорон ба арзишҳои Ислом саҳми калоне гузоштаанд. Вақте мулло ва ҳомии дин аз болои минбар ба саҳобагони Паёмбари акрам (с) ва дигар бузургони дин тавҳин ва носазо мегӯяд ва барои нашри андешаҳои хатарноки мазҳаби шиъа ҳамасола ошурои ҳусайнӣ барпо менамояд, пас рӯзноманигоре, ба монанди Абдуҷаббори Аминзода барои навиштани ин андешаҳо аз худ ҷасорати бештаре нишон медиҳад ва рӯзноманигорони ғайри мусулмон бошанд, ба таҳқир ва карикатура кардани Паёмбар (с) даст мезананд.

Хулоса, мӯҳтавои китобчаи "Чеҳраи воқеии Ваҳҳобият (Салафия)"-и Абдуҷаббор Аминзода ва тақризи Мулло Маъруф Раҳимов ба банди дуюми моддаи 30-юми Сарқонуни ҶТ мухолифат дорад. Дар ин банди қонун омадааст: Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.


Исмоили КАРИМӢ хонандаи китоби
«Чеҳраи воқеии Ваҳҳобият (Салафия)»
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97