Осимӣ кӣ буд?!

Фарҳанг ва адаб 10.07.2008 16:11

Ман аз чанд даҳа пеш бо номи доктор Осимӣ ошно будам ва баъзе навиштаҳояшро каму беш хонда будам, вале барои нахустин бор - агар иштибоҳ накунам - дар соли 1351 ( 1972) буд, ки тавфиқи дидораш дар шаҳри Душанбе насиби ман шуд. Дар он сол ба даъвати ЮНЕСКО дар нишасти марбут ба таърих ва ҷомеаи Осиёи Марказӣ дар қарни ҳаждаҳум, ки дар Ашқобод барпо шуда буд, ширкат доштам. Дар тули нишаст чанд бор яке аз тоҷикони саршинос, шодравон Бобоҷон Ғафуров, ки дар он замон раёсати Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Шуравиро бар ӯхда дошт, дар паи ошноии қаблиам бо ӯ дар сафар ба Маскав, ки ба даъвати Академияи улуми Шуравӣ анҷом шуда буд, бо ман дидор дошт.

Ӯ ду бор бо тане чанд аз шахсиятҳои илмии он сомон дар утоқи ман омад ва ба гап задан пардохтем. Дар бори дуюм, ду ҷилд китоберо, ки дар бораи таърихи Тоҷикистон навишта буд, бо ёддошти худаш ба хатти форсӣ ба ман ҳадя кард ва аз ман хост то аз Тоҷикистон дидан кунам. Ёдовар шудам, ки шурӯи соли таҳсилии донишгоҳ аст ва бояд ба Теҳрон баргардам. Вале ӯ исрор дошт, ки чанд рӯз мешавад корҳоро ба таъхир андохт. Саранҷом дар баробари исрору муҳаббати ӯ таслим шудам ва фардои рӯзи поёни анҷуман тартиби сафари ман ба Душанбе дода шуд. Бо вуруд ба фурудгоҳи Душанбе ва пиёда шудан аз ҳавопаймо чанд метре он тарафтар чанд танеро дидам, ки ба истиқбол омада буданд. Аз миёни онҳо доктор Осимиро шинохтам. Бо самимияту кушодарӯӣ ва бо лаҳҷаи ширину дилчаспи тоҷикӣ ба ман хушомадед гуфт ва дидабӯсӣ кардем ва ҳамроҳонро, ки раиси институти таъриху бостоншиносӣ ва тане чанд аз мардумшиносон ва бостоншиносони Тоҷикистон буданд, муаррафӣ кард ва сипас аз он ҷо ба дафтари кори ӯ дар Академияи Тоҷикистон, ки раёсати онро бар ӯҳда дошт, рафтем.

Шояд яке аз ҷолибтарин замонҳои зиндагиам соатҳое буд, ки дар ҷамъи азизони тоҷик будам. Лаҳҷаи ширини омехта бо сафои ботин ва бархӯрди гармашон бо ман ба унвони намояндаи сарзамине, ки онҳо то жарфои вуҷудашон нисбат ба он ишқ меварзиданд, шуру ҳоли хос ба ман мебахшид. Дар ҳеҷ сафаре ба хориҷ аз кишвар то ба ин ҳад эҳсоси нишот накарда будам. Баъд аз гап-заданҳои куллӣ ва анҷоми пазироӣ, сухан ба Академия, ташкилот ва ҳайати илмии он расид. Доктор Осимӣ бо шуру ҳоли хос огоҳиҳои лозимро дар ихтиёрам гузошт, ки ба нақли бархе аз онҳо мепардозам.
Осимӣ бо шӯри васфнопазир аз забони тоҷикӣ сухан мегуфт ва забону адаби форсиро аз тавонотарин забонҳо дар офариниши сутургтарин адабиёти ҷаҳон медонист.
Доктор Осимӣ дар гуфтугуҳои дунафарӣ ва пинҳон аз чашми хабарчинон бар ин нукта такя дошт, ки бояд пайванди адабиёти муосири Эрон ва Тоҷикистонро ба ҳар наҳве, ки шуда устувор нигаҳ дошт. Ӯ мӯътақид буд, ки Эрон аз ҳар василае, ки шуда бояд баҳра биҷӯяд то осори нависандагон ва пажуҳишгарони эронӣ ба дасти мардуми тоҷик бирасад ва аз ин ки китобҳо ва маҷаллаҳои форсӣ ба дасташон намерасид, нигарон буд. Аз пешниҳоди ман дар заминаи ин ки бояд ҷунги гунаҳое аз осори боарзиши адабиёти муосири форсӣ ва баррасиҳои бостоншинисӣ ва таърихӣ ба хатти "кирилӣ" чоп шавад, фаровон истиқбол кард ва гуфт ин корро Шумо бояд дар Эрон анҷом диҳед, зеро русҳо бо тамоми вуҷуд аз ин ки паёмҳои фарҳанги муосири Эрон ба тоҷикҳо бирасад, нигарон ҳастанд. Мегуфт: "Бояд аз ҳар роҳе шуда онҳоро водор сохт то ночор ба қабули иртибот шаванд, коре кунед, ки онҳо дар рударбоистӣ (ночорӣ) қарор бигиранд ва монеъи фиристодани интишороти форсӣ нашаванд".
Дар бозгашт аз он сафар ба мақомҳои вазорати улум ва омузиши олӣ, фарҳангу ҳунар ва Донишгоҳи Теҳрон пешниҳод кардам, ки нисбат ба интишори як маҷалла ба хатти "кирилӣ" иқдом кунанд ва коре кунанд то маҷаллаи мазбур дар ҷумҳуриҳои осиёии Шуравӣ тавзеъ шавад. Вале афсӯс, ки он рӯз низ чун имрӯз гӯши шунавое набуд то ба аҳамияти густариши равобити фарҳангии Эрон ва он сарзаминҳо таваҷҷӯҳ кунад. Доктор Осимӣ аз фишор бар ҷамъияти чандмиллионии тоҷик дар Узбакистон ва ин ки талоши зиёде мешавад то онҳо ҳувияти худро ба дасти фаромӯшӣ набиспоранд, ранҷи бисёре мебурд ва бо андӯҳ аз он сухан мегуфт.
Вақте дар наҳори хусусӣ дар хонааш назари ӯро дар бораи ситезҳои ҳамаҷонибаи русҳо бо забони форсӣ ва фарҳанги Эронӣ чӣ дар даврони тезорӣ ( подшоҳӣ) ва чӣ дар даврони ба қудрат расидани коммунистҳо пурсидам ва гуфтам, ки ба назари ман кучаку кучактар кардани маҳдудаи ҷуғрофиёи сиёсии ҷумҳурии Тоҷикистон чун Самарқанду Бухоро ва ғайри он дар ростои маҳдуд сохтани ҳавзаи фарҳанги Эронӣ анҷом гирифта аст, бо чашмони пурашк аз пушти миз бархост ва пушти сарам қарор гирифт ва даст рӯи шонаҳоям гузошт ва сарашро ба сарам такя доду гуфт: "рӯҳамро маёзор, ҷонамро масӯзон, нобудамон карданд, тоҷик хори чашмашон аст. Вале мо боз ҳам истода хоҳем буд".
Қатраи ашкаш бар пешониям лағзид. Бо ҳаяҷон фишоре бар шонаҳоям ворид сохт ва дар ҷояш нишаст.
Аз ин ки ӯро ошуфта сохта будам, нороҳат шудам ва бахшиш хостам. Дар ҳоле ки зарфи ҳиндувонаро (тарбуз) таоруфам мекард, гуфт: "Ин ашки шавқ аст, оромам кард, муддатҳо буд, ки бо ҳамаи вуҷудам бо касе инчунин гап назада будам, дилам гирифта буд, ба ҳамдилеву ҳамзабоне мӯҳтоҷ будам".
Доктор Осимӣ ҳамон ҷо аз ман хоҳиш кард то дар Эрон мазори Камоли Хуҷандиро биёбам ва аксу навиштае дар ин бора барояш бифиристам. Чанд рӯзе, ки дар Тоҷикистон будам, бо вуҷуди масъулият ва гирифториҳояш дар Академия ҳамеша бо кушодарӯӣ ҳамроҳиям мекард. Дар боздид аз банди бузург ва шукӯҳманди "Норак" , ки бар рӯи рудхонаи Вахш месохтанд, дар канорам буд ва нишонаҳои умеду нишотро дар ҷеҳрааш ба рӯшанӣ медидам. Масъули банд тавзеҳ дод, ки тули тоҷи банд 750 метр ва баландиаш 300 метр аст ва тули дарёчаи пушти он 70 километр хоҳад буд ва 10,5 миллиард метри мукааб об пушти банд ҷамъ хоҳад шуд. Мегуфт: "Аз назари баландӣ баландтарин банди ҷаҳон то он рӯз аст".

Дар ресторани шаҳраки канори банд, доктор Осимӣ байти зерро дар ишора ба номи "Вахш" аз Шокири Бухороӣ чунин хонд:
Ба гоме сипард аз Хито то Хутан,
Ба як так давид аз Бухоро ба Вахш.
Рӯзи дигар ба дидори озмоишгоҳи марамматҳои бостоншиносӣ рафтем, дар он ҷо бо шеваи мараммати осори чубӣ, гаҷӣ ва деворнигор (фреска) ошно шудем. Доктор Осимӣ бо ишораи яке аз бостоншиносон манро бо ҳаяҷон ба утоқи бузурге бурд, ки бар рӯи мизҳои чубии он дар ҳар куҷо қитъаҳои мухталифе аз осори ба дастомада дар ковишҳоро қарор дода ва се - чаҳор нафаре машғули кор буданд. Маро ба бахши вижае аз утоқ бурданд ва қитъаеро ба ман нишон доданд, ки броям арзиши фаровон дошт. Он қитъа як "хуршеди" марбут ба сардари қасри шоҳӣ дар "Бунҷекант" маркази вилояти "Уструшан" ё "Усрушана" дар Хуҷанд буд. Ин асари нафиси чубӣ, ки ба тозагӣ дар ковишҳо ба даст омада буд, шакли наъли аспро дошт. Шуои ( диамеори) он нимдоираи 1,5 метр буд. Ба рӯи саросари навор ҳилоли мазбур бо зарофати хосе кандакорӣ шуда буд. Ин асари арзишманд дар ҷараёни ҳамлаи вайронгари аъроб ва ба оташ кашидани шаҳр аз фарози сардар фуруд меафтад ва ба далели сӯхти ноқис ба сурати зуғолгуна дармеояд ва ҳамин амр далел мегардад, ки дар зери харобаҳо боқӣ бимонад. Устоҳои озмоишгоҳ тавониста буданд бо диққат ва зарофати хосе тамоми хоку хошокеро, ки тайи қарнҳо рӯи онро пӯшонида буд, пок бисозанд. Кандакориҳо саҳнаи достонеро нишон медод ва баёнгари рӯйдоди таърихӣ буд. Дар қисмати поёнӣ ва миёна тасвири марде бо ду мор бар рӯи шона маркази саҳнаро ташкил медод. Аз ду сӯ саворон бар ӯ ҳамла бурда ва аспи яке аз саворон сари яке аз морҳоро ба даҳон гирифта буд ва бо пояш ба паҳлуи он мард зарба зада буд, чунонки мард аз шиддати дард чеҳрааш дижам гашта ва ба сурати шайтонгуна даромада буд. Дар дохили доираҳои понздаҳгонае, ки бар рӯи лабаи паҳни хуршедӣ нақшандозӣ шуда бут, саҳнаҳое аз набарди сарбозоне бо сарбанди шабеҳи аммомаи мардуми Хуросон бо сарбозоне, ки сари девмонанд доштанд ба тасвир кашида шуда буд, дар боло ва бахши миёнӣ пайкаре аз ду фаришта нақш баста буд.
Бостоншиносон дар бораи ин асар назарамро хостанд, ки ба чӣ замоне марбуташ медонам ва саҳнаро чӣ гуна тафсир мекунам. Ногузир аз он шудам то дунболаи боздидро қатъ кунам ва ба баррасӣ бипардозам. Аз доктор Осимӣ хоҳиш кардам ба гирифториҳои зиёдаш бирасад, мутаваҷеҳ будам, ки ҳамкоронаш ба ӯ муроҷеа мекунанд ва аз ӯ дастуроте мегиранд. Ӯ барои муддате утоқро тарк кард ва ман бо ду тан аз бостоншиносон саргарми баррасӣ ва гуфтугӯ шудем. Шояд ҳудуди як соат гузашт, ки якбора бо садои гарми доктор Осимӣ ба худ омадам, ки гуфт: "Хуб доктор, чӣ шуд, назарат чист?"
Озмуни мушкиле буд, вале чора надоштам, бояд назарамро мегуфтам. Бо муқаддимаи кутоҳ ишора кардам, ки фурсати лозимро дар ихтиёр надоштам, бинобар ин ончи мегӯям ҳадс асту гумон ва на як изҳори назари қотеъ, ки ниёз ба замону баррасию муқоиса дорад. Дар бораи замони иҷро назарам ин буд, ки марбут ба ҳудуди поёни давраи Сосонӣ аст. Дар мавриди саҳна низ бо таваҷҷӯҳ ба шахсияти мордӯши миёни саҳна ва ҳамлаи сарбозон ба девчеҳрагони шабеҳ ба ӯ, тасаввурам он буд, ки бояд маҷмӯи ин кандакорӣ ба достони Фаридун марбут бошад. Вуҷуди ду фариштаро бояд нишонаи суруши эзадӣ донист. Дил ба дарё задам ва назарамро бо эҳтиёти бисёр гуфтам. Пеш аз ҳама яке аз бостоншиносон бо шодмонӣ дар оғӯшам гирифт ва бо ҳаяҷон гуфт: "Хеле хушҳолам, мо ҳам чунин назар доштем".
Чеҳраи самимии доктор Осимӣ ғарқ дар шодӣ буд ва дасташро ба сӯям дароз кард ва дастамро маҳкам фишурд ва бо дасти дигараш бар сари шонаам навохт.
Ҳамеша орзӯ доштам, ки ёддоштҳои сафари кӯтоҳ ба Тоҷикистон ва боздидҳоямро бо истифода аз дафтарчаи ёддоштҳоям танзим кунам, вале гирифториҳо фурсати онро фароҳам наёварда буд. Аҷаб аст, ки бояд солҳои сол бигзарад ва имрӯз ба муносибати ба шаҳодат расидани чеҳраи самимӣ ва тавоное чун доктор Осимӣ ба суроғи он дафтарча биравам ва нукоте аз онро бигирам ва дар сӯгномаи худ нақл кунам. Дареғу дард, ки натавонистам доктор Осимиро дар Тоҷикистони озодшуда бубинам...
Боре доктор Осимӣ дар даврони баъд аз раҳоии Осиёи Марказӣ аз султаи расмии Шуравии собиқ, бо жарфнигарии вижаи хеш кӯшид то ба унвони як сутуни азим ва устувор дар ҷомеаи пурихтилоф ва пурталотуми Тоҷикистон чеҳра бинамояд, бошад ки ба ёрии дигар фарҳехтагони Тоҷикистон битавонад заминаҳои ваҳдати миллиро дар он диёри ба ошуб кашидашуда фароҳам созад. Ӯ бар он буд то бо такя бар маниши озодандешонаи худ меҳваре бошад барои ваҳдат, аз ин рӯ бо ҳушмандӣ бар он буд то аз имконоти давлат дар ҷиҳати ҳадафҳои бунёдӣ баҳра биҷӯяд, вале худро василаи тасбити қудрати онҳо насозад. Доктор Осимӣ бо шури васфнопазир бар он буд то заминаҳои густариши забони форсӣ ва ҳавзаи фарҳанги Эрониро фароҳам оварад. Ӯ дар замони кӯтоҳи раҳоӣ аз султаи Шуравӣ, дар ошуфтатарин шароити сарзаминаш тавфиқ ёфт заминаи барпоийи чанд анҷуманро дар ростои нишон додани шукӯҳ ва аҳамияти забони форсӣ фароҳам кунад. Ҳамаи дустдорони озодӣ ва сарбаландии Тоҷикистон ва форсизабонони Осиёи Марказӣ чашми умед доштанд то дар анҷумани " Нахустин нишасти фарҳанги Орёӣ" дар Душанбе доктор Осимиро ба унвони маъруфтарин чеҳраи он анҷуман дар ифтитоҳи он бубинанд. Дареғ,ки муште кӯрдили василаи дасти душманони озодии мардуми Осиёи Марказӣ ва душманони савгадхурдаи ҳавзаи фарҳанги Эронӣ ва забону адаби форсӣ, чунин фурсатеро падидор насохтанд ва иҷоза надоданд фарзанди баруманди Тоҷикистон бо лаҳни гарму пуршур ва лаҳҷаи ширини тоҷикӣ ба ширкаткунандагон хушомадед гӯяд.
Шак накунем, ки ҳамгомон ва ёрону шогирдони доктор Осимӣ роҳи ӯро фурӯ нахоҳанд гузорд ва то охарин нафас хоҳанд кӯшид то ҷаҳон барпост ва то хуршеде медурахшад, суруди озодагӣ ва сарбаландии тоҷикон дар тамоми паҳнаи азими Осиёи Марказӣ аз ситеғи Ҳиндукуш то канораҳои баҳри Мозандарон танинафкан бигардад.
Ман дар ин навишта бар он набудам то ба ҷараёни дардноки кушторҳои пай дар пайи фарҳехтагони Тоҷикистон дар ин ду сол ахир ишора кунам ва ба решаҳои ин дадманишӣ ва натоиҷи фоҷеаомези он бипардозам. Вале худро ногузир аз он медонам,ки таваҷҷӯҳи ҳамагонро ба ин амр ҷалб кунам,ки як мафияи ҳимоятшуда аз сӯи ҷиноҳҳое аз Русия ва Узбакистон бар он аст то дар канори доман задан ба ҷанги хонагӣ ва куштори ҷавонони тоҷик ва ба табоҳӣ кашондани беш аз пеши иқтисоди ин сарзамин, еҳраҳои арзишманди фарҳангии онро як ба як аз пой дароваранд ва бо эҷоди фазои ваҳшат заминаҳои гурези бақияро ба сарзаминҳои дигар фароҳам оварда бошанд то ҷомеаи тоҷиконро аз нақшофаринии ҷеҳраҳои мӯътабаре, ки бар ҳувияти Эронии фарҳанги мардуми Тоҷикистон ва бахши умдае аз Осиёи марказӣ по мефишоранд ва бар онанд то забони форсиро бори дигар дар ин сарзамин пӯё бисозанд, бебаҳра созанд. Шак накунем, ки русҳо ва гурӯҳҳои бар қудрат нишастаи вобаста ба онҳо дар бархе ҳокимиятҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳое чун Туркия, Покистон ва Арабистон ҳама дар ин росто ваҳдати назар доранд, ки набояд иҷоза дод то ҳавзаи фарҳанги Эронӣ дар Осиёи Марказӣ баргардад ва даврони навзоиши худро оғоз кунад.

Ёдаш ва номаш гиромӣ бод!


Навиштаи доктор
Парвизи Варҷованд.


Таҳияи Абдулқаҳҳори Халил
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97