СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ…ё чӣ тавр имсол ҳамсояи наздик аз пешрафти мо зиқ ва ҳамсояҳои дур дар пайи пешрафти мо буданд

Сиёсат 05.01.2009 14:23

ИМСОЛ СОЛИ НУР БУД

Соле, ки сипарӣ мешавад,барои мардуми мо соли фаромушношуданӣ буд. Соле буд, ки барои мо хушбахтиву комёбиҳо овард ва гоми устуворе дар рушду таҳкими ватани тозаистиқлоламон гузошт. Беш аз ҳарсола дида, комёбиҳои назаррасе дар соли 2008 моро ҳамроҳӣ дошт ва кишвари азизамон мавқеи ҷаҳониашро дар ақсои олам устувортар намуд ва собит сохт, ки истиқлолияти ба даст овардааш амри тасодуфӣ набуда, аҳдофи бузургеро дар амри шугуфоии кишвар доро мебошад.

ТОҶИКИСТОН ДАР АҚСОИ ОЛАМ

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо кишварҳои азиме ба мисли Чин, Русия, Ирон, Қазоқистон ва соири кишварҳои хурду миёна муносибати ҳамкорӣ дошта, дар воридоту содироти тарафайни амвол дар соҳоти мухталифи иқтисодиву кишоварзӣ нақши барҷастаеро адо менамояд. Кишварҳои муқтадир бо Тоҷикистон муносибати нек дошта, онро ҳамчун шарики стратегии худ медонанд. Зеро, кишвари мо дар минтақа аз нигоҳи мавқеият даричаест ба сӯи Осиё Хурд ва дорои мавқеи хосе мебошад, ки "Роҳи Абрешим" маҳз аз ҳамин минтақа убур мекунад. Асрҳо кишварҳои осиёӣ тавассути роҳҳои Тоҷикистон бо ҳам додуситад доштанд ва имрӯз ин савдову тиҷорат аз нав эҳё мешавад.

ЧИНИ БУЗУРГ БО МОСТ

Ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон бо кишвари Чин агар дар соли 2007 524 млн. доллари амрикоиро ташкил дода бошад, пас дар нимсолаи аввали соли 2008 ин арқом 282 млн долларро дар бар мегирад. Ба хотири рушди сариъи иқтисодиёти кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2008 тасмим гирифт, ки ду минтақаи тиҷоратии озодро барои 25 сол таъсис намояд. Аз ҷумла ҷалби сармояи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати ҳамкориҳои дуҷониба барои Тоҷикистон хеле мусамар буд. Дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Чин ҷиҳати сохтмони хатҳои барқи (ЛЭП - 500) "Ҷануб - Шимол" ва (ЛЭП -220) дар вилояти Хатлон, сохтмони нақби ағбаи Шар-шар дар шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб ба маблағи 600 млн. доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ба даст овард, ки ин аз ҳамкориҳои мутақобила ва ҳасанаи ин ду кишвар шаҳодат медиҳад. Гардиши мол байни ин ду кишвар дар соли 2007 684 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба солҳои пешин ду баробар зиёд мебошад. Ҳаҷми маҳсулоте, ки аз Тоҷикистон ба Чин ворид гаштааст, дар соли гузашта 101 млн. долларро ташкил кард.

ИРОН ШАРИКИ СТРОТЕЖИИ ТОҶИКИСТОН

Муносибати дӯстона ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар ҳама соҳот бо Ҷумҳурии Исломии Ирон низ қобили арзиш буда, метавон ин кишварро шарики боэътимоди стротегии Тоҷикистон хонд. Яке аз лоиҳаҳои бузурги сармоягузории Ирон дар Тоҷикистон бунёди НБО- и "Сангтӯда-2", бо иқтидори 220 мвт мебошад, ки сохтмони он соли 2011 бо масрафи 180 млн. доллари амрикоӣ ба анҷом мерасад. Пас аз анҷоми сохтмон ва мавриди истифода қарор додани ниругоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" он дар муддати беш аз 12 сол моликияти Ирон маҳсуб ёфта, пас аз ин дар ихтиёри Тоҷикистон қарор мегирад. Гардиши мол байни Ирону Тоҷикистон дар соли 2008 194 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта ду баробар зиёд аст. Қобили зикр аст, ки Ирон бо Тоҷикистон на танҳо дар соҳаи иқтисодиёт ҳамкорӣ дорад, балки дар тайёр намудани мутахассисин низ саҳми босазоеро дорост. Зиёда аз панҷ сол аст, ки китобҳои таълимӣ ба забони форсиро барои макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ нашр намуда, дар ихтиёри хонандаҳои тоҷик мегузорад. Робитаҳои фарҳангӣ миёни ин ду кишвари ҳамзабон рӯз ба рӯз густариш ва инкишоф меёбад.

КОРИ РУСИЯ БОЙИСИ ҚАДР АСТ

Муносибати иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Русия дар соли 2008 назаррас буд. Имрӯз бо ширкати сармояи Русия дар Тоҷикистон 183 ширкатҳои русӣ фаъолият доранд, ки танҳо дар соли гузашта 160 млн доллари амрикоиро дар иқтисоди кишвар гузоштанд. Дар маҷмӯъ гардиши мол байни Тоҷикистону Русия 857 млн. долларро ташкил медиҳад. Дар сохтмони НБО "Сангтӯда-1" низ тавофуқоте ба даст омада, ки сохтмон ва ба истифода додани агрегатҳо сари вақт дар мӯҳлатӣ муайянгардида анҷом меёбад. Боиси хушбахтӣ буд, ки дар остонаи рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон агрегати сеюми НБО "Сангтӯда-1" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бояд зикр намуд, ки бунёди НБО "Сангтӯда-1" дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бузургтарин лоиҳаи инвеститсионӣ мебошад. Тибқи оморҳо аз 20 январи соли ҷорӣ то имрӯз дар ниругоҳ қариб 750 миллион киловатт соат қувваи барқ истеҳсол шуд ва камбуди барқ то ҷое ҳалли худро ёфт. Мувофиқи лоиҳаи пешбинӣ шуда иқтидори истеҳсолии НБО "Сангтӯда-1" ба 670 мегаватт баробар аст. Баъди ба истифода додани агрегати чорум, ки дар охири соли ҷорӣ пешбинӣ гардидааст, истеҳсоли солонаи барқ дар ҳамин ниругоҳ ба 2 миллиарду 700 миллион киловатт соат расонида хоҳад шуд.

Тибқи маълумотҳои мутахассисон торафт коҳиш ёфтани захираҳои ҷаҳонии нафту газ ва пешгӯии коршиносони ҷаҳон, ки то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дучори камобӣ мегардад, Тоҷикистон дар асоси амалӣ сохтани лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика метавонад давлатҳои ҳамсояро бо нируи барқи нисбатан арзон ва бехатар таъмин намояд. Аз ҷониби дигар истифодаи бонизому самарабахши захираҳои обиро ба манфиати онҳо низ ба роҳ монад.

ҲАМСОЯ, БЕТАШВИШ БОШЕД!

Баъзе аз кишварҳо иддао доранд, ки сохтмони НБО боиси кам гардидани об, харобшавии муҳит, хушк гардидани дарёҳо мегардад. Мутаассифона ин нигарониҳо асоси воқеӣ надоранд ва чунин як "ғамхориҳо"-ро тангназарӣ ва бахилии иддае аз ҳамсоягон метавон гуфт. Зеро, истиқлолияти комили энержӣ ба даст овардани Тоҷикистон ва ба манбаи нируи барқи арзон табдил ёфтани он ҳамсоякишварҳоро дар ҳарос мондааст. Далели ин гуфтаҳо ин аст, ки ниругоҳҳои барқи обӣ обро аз маҷрои асосӣ намегиранд. Оби захирашуда дубора дар маҷрои худ ҷорӣ мегардад ва аз ин ҳисоб иқлим зарар намебинад. Аммо, ин мудаиён, ки 80-85 фисади обҳоро дар роҳи обёрикунии заминҳояшон истифода мебаранд, боре ҳам дар ин масъала лаб во намекунанд.

Мутахассисини воқеъбин бар ин ақидаанд, ки бо таъсиси обанборҳои азим ва бунёди иншоотҳои обию энергетикӣ болои дарёҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама ба таъмини тавозун байни масъалаҳои обӣ ва энергетикӣ равона шуда, дар ояндаи наздик ба ягона роҳи паст кардани зарар ва камобу обхезиҳои эҳтимолӣ дар ҷараёни миёна ва поёноби Амударё ба вуқӯъоянда табдил хоҳад ёфт. Чунин иншоот имкон медиҳад, ки обёрии заминҳои нав таъмин карда шавад.

АЗМИ ҲУКУМАТИ МО ҚАВИСТ

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ буда, иқтидори захираҳои он зиёда аз 527 миллиард киловатт -соат мебошад, ки ба 70 дарсади нируи оби Осиёи Миёна баробар аст. Мутаассифона, имрӯз 3-4 дарсади имконоти мавҷуда мавриди истифода қарор мегираду халос. Бинобар ин, Ҳукумати Тоҷикистон бо як иродате оҳанин дар паи амалӣ намудани ин нақшаи азим буда, дар амалӣ сохтани лоиҳаи мазкур аз тамоми имконоташ истифода менамояд ва дар ин замина дар ҷалби сармояи хориҷӣ азму талош дорад. Ширкати сармоядорони ватаниву хориҷӣ дар амри сохтмони ин лоиҳаҳо нақши ҳалкунанда ва калидиро ифо менамоянд.

ИДДАЪОИ УЗБАКИСТОН БЕАСОС АСТ

Пофишориҳои ахири Узбакистон, ки ҳамсояи наздиктарини мост, асоси воқеӣ надошта, ин аъмол ба ҷуз як бахилӣ ва тангназарӣ чизи дигаре хонда намешавад. Бо ин ҳама, ҳукумати Тоҷикистон бо далоили шайъӣ ба кишварҳои поёнобӣ собит сохтааст, ки сохтмони НБО ҷуз кори хайр чизи дигаре нест. Аз нируи барқе, ки тавлид мегардад, дар оянда ҳамин ҳамсоякишварҳо зиёдтар истифода хоҳанд кард. Дарёҳои фаромарзӣ аслан истифода намегардад ва иддаои Узбакистон оид ба тағйир ёфтани иқлим низ асосе надорад.

Тавре ки равшан аст, 93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва ҳамагӣ 7 фисади он заминҳои кишт аст. Бо ин миқдор замин, таъмин намудани аҳолӣ бо маводи озуқа, ниёзмандиҳои ҳаррӯза ва соири талабот корест басо мушкил. Ягона сарчашмаи умеди Тоҷикистон рӯду дарёҳояш аст, ки бо истифода аз онҳо ва сохтани ниругоҳҳои барқи обӣ, метавонад зиндагии босаодатеро барои мардум таъмин намояд. Захираҳои беканори обӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон бо тавлид намудани нируи барқи арзон, яке аз содиркунандагони нируи барқ дар минтақа гардад.

УМЕД БА ҲАМСОЯҲОИ ДУР

Ҳамин имконоти доштаи моро ҳамсоякишварҳои мо чашми дидан надоранд. Дар конфронсу ҷаласаҳои байналмилалӣ пофишорӣ менамоянд, то пеши роҳи ниругоҳсозии моро бигиранд. Аммо, ин кӯшишу пофишориҳои онҳо фоидае надорад. Ҳукумати Тоҷикистон бо як иродаи матин дар паи амалӣ намудани нақшаҳояш мебошад ва дар ин замина аз кишварҳое ба мисли Чин, Покистон, Афғонистон, Қирғизистон, Ирон ва Русия пуштибонӣ меёбад. Зеро, ин кишварҳо низ хоҳони онанд, ки аз нируи барқи арзон, ки дар Тоҷикистон тавлид мегардад, истифода намоянд.


Ибодуллоҳи Оқилпур
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97