ТАҚРИЗИ ШУБҲААНГЕЗ ДАР КИТОБИ «ЧЕҲРАИ ВОҚЕЪИИ ВАҲҲОБИЯТ (САЛАФИЙЯ)

Фарҳанг ва адаб 02.03.2009 13:49

Оё касе гуфта метавонад, ки асри гузашта гурӯҳе бо номи ваҳҳобият ёд мешуд? Оё метавон гуфт, ки асри гузашта гурӯҳе дар масҷидҳо мардумро ба ваҳҳобият даъват мекард? Оё касе вуҷуд дошт, ки мухолифати худро нисбати мазоҳиби чоргона иброз намояд? Оё эътироф нанамудани имом Абу Ҳанифа (р) аз ҷониби касе мушоҳида мешуд? Оё касе бар баланд гуфтани омин дар намози фарзӣ ва бастани дастҳо ишколотеро ворид мекард?

Мехостам посухи ин саволҳоро аз ашхосе, ки собиткунандаи ваҳҳобият дар асри гузаштаанд бишунавам. Баъзе аз воъизону қаламбадастон ва ҳатто донишмандон имрӯзҳо гурӯҳи навпайдои салафиҳоро ба асри гузашта нисбат медиҳанд. Гӯё ин гурӯҳ, яъне салафиҳо дар асри гузашта пайдо шуда буданду баъд аз зоҳир гаштани роҳу равишашон, яъне ақидаашон байни мардум, беобрӯ шуда, аз даъваташон даст кашидаанд, ки он замон бо номи "Ваҳҳобият" ёд мешуданд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки асри гузашта мо чунин роҳу равишеро ёд надорем. Инчунин метавон гуфт, ки асри гузашта чеҳраҳое чун салафиҳои имрӯз вуҷуд надоштанд.

Асри гузашта касе бо ин тӯҳматҳо беобрӯ нашудаву байни мардум даъвати салафиҳои имрӯзаро муносиб надонистааст. Агар чунин будааст, пас онҳо киҳо буданд, чӣ даъво доштанд, чеҳраҳои шинохтаи онҳо киҳо буданд?

ТАҚРИЗИ ШУБҲААНГЕЗ

Чанд рӯз пеш рисолаи "Чеҳраи воқеъии ваҳҳобият (салафия)"-ро хондам. Чизе, ки маро дар баробари саволҳои дар боло зикр шуда ва дар рӯбарӯи шубҳаҳо қарор дод, тақризи навиштаи Наботов З, номзади илми фалсафа, дотсент, устоди донишкадаи Исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Тирмизӣ мебошад.

Тақризи ӯ маҷбурам кард, ки қалам ба даст гираму саволеро пешкаши тақризнависи ин рисола намоям. Наботов З. дар тақризи навиштааш мегӯяд, ки: "Мазкурҳо, яъне салафиҳо асосан хатмкунандагони мадориси Саъудия ва Покистон ҳастанд, ки муддати 4-5 сол дар он ҷо таҳсили илм карда баргаштаанд ва даъво доранд, ки фақат тарзи намозгузории онҳо дуруст аст. Ин салафиҳо ҳамон "ваҳҳобиҳо"-и асри гузаштаанд, ки баъди фошу беобрӯ шудан тағйири ном кардаанд".

СУОЛҲО АЗ ТАҚРИЗНАВИС

Устоди мӯҳтарам, агар ваҳҳобиҳои имрӯза, яъне салафиҳо, ин илму ақидаро аз давлатҳои Саъудӣ ва Покистон оварда бошанд, ваҳҳобиҳои асри гузашта аз куҷо ин идеяро овардаанд? Устоди гиромӣ, метавонед баён доред, ки асри гузашта киҳо бо ин роҳу равиш беобрӯ гаштаву байни мардум фош шудаанд?

Асри гузашта мардуми тоҷик, ягона роҳу равише, ки бо он амал мекарданд мутобиқ бар мазҳаби Имоми Аъзам(р) буд.

ТОРИХЧАИ "ВАҲҲОБИҲОИ

АСРИ ГУЗАШТА"

Албатта баъзе аз воқеаву нофаҳмиҳои зиёде, ки асри гузашта бар сари мардуми тоҷик омада буд, бо илтифоте аз худованд ва ҳушёриву зиракии мардуми бофарҳангаш паси сар шуд. Умед дорем, ки дигар чунин нофаҳмиҳоро мардуми мо сабаби вайрониву харобии миллату давлаташ нагардонад.

Аммо аз он иттиҳомоте, ки нисбати асри гузашта мегӯянд кас дар ҳайрат мемонад.Салафиҳо, ки имрӯз бо ақидае байни ҷомеаи мо машҳур гаштаву баъзе аз ҷавонони моро сабаби ихтилоф қарор додаанд, дар асри гузаштаи мо будани ин гурӯҳро ва ин гуна даъваташонро касе исбот карда наметавонист. Асри гузашта фақат чанде аз ихтилофот пайдо шуда буд, ки дар он пешвоёни мо ба ду гурӯҳ ҷудо шуда буданд.

ГУРӮҲИ АВВАЛ

Гурӯҳе бар он буданд, ки хатму маросимҳои дафн бардошта шаванд, зеро ин амалҳо бидъат ҳастанд ё баъд аз хатми қуръон дар маросимҳо маблағ гирифта нашавад ё умуман аз байн бардошта шаванд, зеро ин аъмоле ғайри динӣ ҳаст, яъне дар Ислом ингуна хароҷот вуҷуд надорад.

ГУРӮҲИ ДУВВУМ

Аммо гурӯҳи дигар бар муқобили гурӯҳи якум баромада онҳоро ҳукми "Ваҳҳобият" доданд, ки имрӯз дар ҳама гушаву канори Тоҷикистони азизамон аз ҷумла дар моддаҳои сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қавли гурӯҳи якумро қабул намудаанд, ки бо номи "Танзими расму оинҳо" ёд мешаванд. Яъне ин амали гурӯҳи якум қобили таҳсин гуфтани ҳамагон гаштааст.

Ихтилофи дигар ин буд, ки гурӯҳи якум ба яке аз суннатҳои Паёмбар (с), ки "ишораи сабоба" мебошад, амал мекард, яъне дар вақти хондани ташаҳҳуд бо ишораи сабоба, яъне ҳам бо забон ва ҳам бо бардоштани ангушти даст, ягонагии Худовандро баён мекарданд.Гурӯҳи дуюм намедонам чаро бошад инро қабул надоштанд.

ИХТИЛОФОТИ АСРИ ГУЗАШТА

ДИГАР БУД

Умуман дар асри гузашта чунин як ихтилофот чун ихтилофи имрӯзаи салафиҳо дида намешуд. Фақат як беҳтарии асри гузашта ҳамин буд, ки гурӯҳи якум бештар барои рафъи бидъатҳо аз байни мардум мекушид, ки ин то ҷое мардумро ба роҳи рост оварда расонд. Аммо гурӯҳи дуюм, ки тарафдори ингуна маросиму анъанаҳо буданд ва баъзеи онҳо ризқу рӯзии худро аз ингуна маъракаҳо ба даст меоварданд, намехостанд, ки нолаи кафи дасташонро аз даст диҳанд.

Эй кош 30 сол пеш, чун гурӯҳи якум ҳама ба дур кардани ин хароҷоту бидъатҳо кӯшиш мекарданд. Агар чунин мешуд Исломи имрӯзаи мо барои гузаронидани ин хароҷоти навпайдо мардуми азизи моро ба мардикориву қарзгирӣ водор намекард. Назари некбинонаи Президенти Ҷумҳурӣ нисбати мардум, ки қавли гурӯҳи якумро тақвият медиҳад хело бамаврид аст. Имрӯз маърака ва маросимҳои дафн ва ғайри он, як равиши хоссаеро ба худ лозим донистааст, ки ин бар нафъи мардум аст.

"ВАҲҲОБИҲОИ

АСРИ ГУЗАШТА" КИҲОЯНД?

Хулоса гурӯҳи якум, ки "Ваҳҳобият" ном гирифта буд, тавонистааст, ки имрӯз дар ҷомеа мавқеи худро доро бошад. Яъне касе ин гурӯҳро ба ваҳҳобият иттиҳом намезанад. Аммо ин салафиҳо нав пайдо шудаанду асри гузашта онҳоро ёд надоранд. Пас ваҳҳобияҳои асри гузашта киҳоянд?

Чаро бе ягон далелу бурҳоне мехоҳем касеро азият диҳем? Барои ҳамин мехостам, ки ашхосе чун Наботов З., ки асри гузаштаро давраи пайдоиш ва густариши ваҳҳобиҳо медонанд, баён кунанд то ҳамаро ба кӣ будани ваҳҳобиҳои асри гузашта маълумоте пайдо гардад. Мо мунтазири посухи шумоем устоди мӯҳтарам!

Абдуллозодаи ҚОДИР

хонандаи "Чеҳраи воқеии ваҳҳобият"


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97