Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас…

Таърих 05.08.2008 14:34

Набояд рӯзи аввал аҳд бастан,

Пас аз бастан намебояд шикастан!

Намехоҳам дар парда сухан бигӯям, ва ҳам қабл аз оғози матлаби хеш фармудаеро аз орифи шаҳир Абдуллоҳи Муборак(р), ки ҳамин дирӯз аз бародари донишмандам, журналист Беҳрӯзи Забеҳулло шунида будам, мехоҳам ин ҷо чун ҳусни матлаъ оварда бошам. Аз ин орифи бузург пурсидаанд, ки:

- Кадом хислат дар одамӣ нофеътар аст?

Гуфт: Ақле вофир

Гуфтанд: Агар он набошад?

Гуфт: Ҳусни адаб

Гуфтанд: Агар ин ҳам набуд?

Гуфт: Бародаре, ки бо ӯ машварат кунад

Гуфтанд: Агар набуд?

Гуфт: Хомӯшии доим.

Меоем ба сари асли гап, ки сабаби иншои ин мақола гардид. Дар шумораи гузаштаи ҳафтаномаи "Фараж"(№30(84), аз 24.07- 2008с.)навиштае ба табъ расидааст, зери унвони "ҷашнВОРа", ки нигорандаи он як бародаре бо исми Шӯҳрати Ҳазратшоҳ буд. Аслан он навишта кирои ҳатто мутолиаро намедошт, чӣ расад ба посух гуфтан агар забони навишти он дағал ва олудаи таҳқир намебуд. Чанде пеш сардабири мӯҳтарами ин нашрия Хуршеди Атовулло бо матлабе зери унвони БОЙКОТ буд ё Моратория, ки аз хотирам унвонаш зудуда шуда, вале мӯҳтавояш он буд, ки эшон ҳадди ақал барои сад рӯз аз рӯзноманигорон хоста буд, то аз таҳқиру таҳвин ва бадгӯии ҳам даст кашида бошанд. "Миллат", ки аслан ба бад гуфтану таҳқир кардан ва аҳдофу ғаразҳои нопоки фардеву гурӯҳеро рӯи сафҳаи хеш ҷой додан ҳеч гоҳ талош накардааст, аз ин амали гуманистии сардабири "Фараж" истиқбол кард. Вале аз чӣ буд, ки садаш ҳатто нагузашта "Фараж" аҳд шикаст ва муҳаррири он даст ба таҳқири ба қавли худаш "ҳамкасбони гироми"- аш зад. Намедонам дар қиболи ин қавлшикании сардабири "Фараж" чи сухане бигӯям, ки эшонро таҳқир накарда бошам, чун ҳеч гоҳ ин пастиву зиллатро барои шахси хеш иҷоза надодаам. Ва ҳам аз ойини ҷавонмардӣ намеҳисобам, як нафаре пардапӯшона ва тарсуёна бинависад:

"Соли Рӯдакиву ҷашни Рӯдакӣ гӯён муҳаққиқоне пайдо шудаанд, ки фарзияи Айнӣ барин олими забардаст ва хулосаи Герасимов барин антропологи маъруфро зери шубҳа бурданӣ мешаванд. Инҳо дар ин мавзӯъ рисолаҳо омода намудаанд ва ҳамкасбони гиромии мо онро бе ҳеҷ ибо дар матбуот ба нашр расониданд. Як мушт ба даҳони ину торсакие ба ҷои мулоими дуюмӣ бояд зад, то минбаъд ба ҳамон ҷои дардёфтаашон фикр накунанд".

Ва ҷавобаш нагуфта бошам.

Агар касе аз аҳли "Фараж" бигӯяд, ки ин ҷо мурод аз он муҳаққиқи дар Соли ҷашни Рӯдакӣ рисола навишта Қиёмиддини Сатторӣ ва аз он ҳамкасбони чун гиромӣ ёд шуда мо, яъне масъулини "Миллат" манзур нест, пас яқин бидонед, ки дурӯғ гуфтаанд. Бале, чунин низ гуфтанашон аз имкон дур нест.

Барои хонандаи азизи хеш изҳор доштаниам, ки ҳамон рӯзе дӯсти қадимам, бостоншинос Қиёмиддин Сатторӣ таҳқиқоти навиштаи хешро зери унвони "Мо ҳама аз оби Рӯдак хурдаем" ба идораи "Миллат" пешниҳод намуданд, сардабири нашрия Адолати Мирзо дар рухсатии корӣ буданд ва ин масъулияти гарон бар дӯши банда бор буд, яъне ҳамон "ҳамкасби гироми"-и Шуҳрат, ки "бе ҳеҷ ибо" он рисолаи Сатториро барои чоп иҷоза додаст, ин фақир ҳастанд. Ва ҳар касе "муште бар даҳони ину торсакие ба ҷои мулоими дуюмӣ" заданро дар дил мепарварад аввалан бояд ин орзуи ширинашро дар умқи дилаш барои ҳамеша гӯр кунад ва баъдан як бор вазну ин гуна ҷуръат доштани хешро аввал дар яке аз наздиконаш бисанҷад, то Худое нахоста яке дар даҳонаш муште ва дар ҷои мулоимаш шалоқе назананд.

Акнун як ду сухан дар мавриди зодгоҳ ва макони қабри Одамушшуъаро аз гуфтаҳое, ки қаблан изҳор шудаанд, гуфтаниам, вале сухан ба дарозо кашад ҳам аз як баҳсе, ки 18 сол пеш дар ҷараён буд мехоҳам ёд оварам, ки фикр мекунам барои баъзе "ҳамкасбони гиромии мо" аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Соли 1990 дар миёни рӯшанфикрони тоҷик дар мавриди зодгоҳи хунёгари бузурги Шарқ Борбади Марвазӣ, ки ҳамон сол 1400 солагиаш таҷлил мешуд, баҳсе рӯ зад. Хулосаи он баҳс ин шуд, ки Борбад дар қарияи Нусайи Дарвоз ба дунё омадааст. Чун деҳи Нусай дар қаламрави вулусволии Дарвози Афғонистон рӯ ба рӯи деҳи Мадрасаи Дарвози Тоҷикистон мавқеъ дошт, тасмими кумитаи тадорукоти ҷашни зодрӯзи Борбад он шуд, ки таҷлили расмии ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомат ва бо гузоштани муҷассамаи ин муғаннии бузург дар деҳи Мадраса сурат бигирад. Ва ҳамин тавр аҳли зиёи ҷумҳурӣ якҷо бо сарварони он вақтаи кишвар ва мардуми Дарвоз ва бо ширкати овозхони шаҳири Эрон устод Муҳаммадризои Шаҷариён ҷашни Борбади "фишоғурси фишоғурсони олам"(ибораи устод Бозор Собир)- ро хотирмон таҷлил намуданд. Дар маъхазҳои таърихӣ омада, ки зодгоҳи Борбад деҳест бо номи Нусай, ки макони обҳои поку ширин ва анору анҷири фаровон аст. Вале ҳамон вақт диққати муаллифи ин сатрҳоро чизи дигаре ба худ кашид, ки чаро Борбадро Марвазӣ гӯянд, на Нусайӣ. Мисле, ки имрӯз метавонем бигӯем, агар зодгоҳи Рӯдакӣ Панҷрӯд бошад, пас чаро ӯ Абуабдуллоҳи Панҷрӯдӣ нест ва ба чӣ хотир эшон Рӯдакӣ тахаллус гирифтаанд. Бояд қайд кунам, ки 5 км болотар аз деҳи Нусай дар рӯ ба рӯи деҳи Сангевни Дарвоз, дар он сӯи рӯди Панҷ деҳаест обшору анҷирзору анорзор ва басе дилфиреб бо номи Марваз, ки то имрӯз мардуми ин деҳа бо лаҳни булбулӣ ва нағмаҳои борбадосояшон маъруфанд. Ва ҳам нигорандаи ин сатрҳоро боре шарафи дидани ин деҳи муҷалло ва сӯҳбат бо сокинони нағмапардози он насиб гашта буд. Ва гумони ғолиб он аст, ки агар воқеъан ҳам Борбад аз Дарвоз бошад маҳз ана ҳамин Марвази зебо зодгоҳи ӯст, на Нусай. Ва то кунун барои банда низ рӯшан нест, ки чаро он замон донишмандони мо ва масъулини ҷашни Борбад ин нуктаи ҷолибро нодида гирифтаанд. Ва чун Нусай он замон ҳам чун имрӯз деҳи кушоду фарох ва соҳиби мактабу мадраса ва ҳокимнишин буд, шояд Борбад замони бачагиаш аз Марваз он ҷо рафта таҳсили илм карда бошад.

Пас ин ҷо чӣ ҷои нороҳат шудану ғазаб кардану ғаразгирист агар бигӯем, ки Борбад аз Марваз аст, на аз Нусай, ё Мулло Абулҳасани маъруф ба Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз Рӯдак аст, на аз Панҷрӯд?!

Агар устод Айнӣ дар ҷое ҳам зодгоҳи Рӯдакиро Панҷрӯд гуфта бошад, пас ин як фарзия аст, ки муаллифи "ҷашнВОРа" ҳам ба ин қойил аст. Пас бояд донем ва огоҳ бошем, ки фарзия ҳанӯз далели қотеъву комилан ба исбот расида нест. Ва он исбот мехоҳад!

Таваҷҷӯҳ фармоед ба гуфтугӯи худи устод Айнӣ бо сохтмончиёни канал, ки аз бошандагони деҳоти Панҷакент будаанд ва Қиёмиддини Сатторӣ дар "Мо ҳама аз оби Рӯдак хурдаем" онро чунин ёдоварӣ кардааст:

Айнӣ: Шумо аз кадом қишлоқи Кулолӣ?

- Ман аз Панҷрӯд!

Айнӣ: Аз қишлоқе, ки қабри устод Рӯдакӣ аз онҷо ёфт шуд?

- Ҳа, аз худи ҳамон ҷо.

- Ман аз худи Рӯдак,- гӯён садо дод як каналчӣ

Айнӣ: Шумо аз қишлоқи Рӯдак мебошед?

- Мо ҳамагӣ аз Шингдарё мебошем. Рӯдак ҳам аз мост.

Айнӣ: Аз Рӯдак аз ин ҳазор сол пеш Рӯдакӣ ном шоири калон баромадааст, шунидаед?

- Рӯдакиро нависед, лекин Шингдарёро аз ёд набароред. Ҳозир ҳамаи рӯдакиҳо дар Шингдарё мебошанд.

Айнӣ: Ин тасодуф барои ман завқовар ва дилчасп буд. Ман бо фарзандони устоди бузурги адабиёти классикии тоҷик, ки рӯи дунё устодии ӯро тасдиқ кардааст, мусоҳиба кардам. Ин ҳолат барои ман хеле завқовар ва ҳаловатбахш буд. (Айнӣ. Куллиёт, ҷилди 9, саҳ. 271)

Ба ин далели қотеъи таърихӣ, яъне Рӯдакро зодгоҳи Одамушшуъаро донистани "Айнӣ барин олими забардаст"(ибораи муаллифи "ҷашнВОРа" Т. С.) чӣ далел доред? Ё онро "зери шубҳа бурданиед."

Ростӣ, ин ҷо чӣ муаммоест ман намефаҳмам, агар бигӯем, ки Абуабдуллоҳ Ҷаъфари Рудакӣ дар деҳи Рӯдак зода шудаву дар Панҷрӯд манзили охират ёфта. Ин ҷо чи фоҷиаест, агар соҳиби "Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён" аз Рӯдак бошад? Ҳофиз дар Шерозу Мавлавӣ дар Куния, Носири Хусрав дар Юмгондараву Иқбол дар хоки Лоҳур хуфтаанд, вале гумонам, ки ин бузургворон дар хамбии хоки Душанбе манзил доранд. Устод Рӯдакиро дар қалбҳо бояд зинда дошт ва замоне аз банду кайди маҳал бояд берун биҷаҳем ва сӯи як тан пажуҳандае, ки аслан барои Рӯдакиву зодбуми ӯ бегона ҳам нест ва ҳамсараш аз навосагони ин Устоди шеъри порсист, ҳуҷум накунем, бо садграмм ҷуссаи хеш хаёли ширини муште бар даҳони касе заданро набояд дошта бошем. Муҳим он аст, ки Рӯдакӣ аз мост, ӯ як шоири бузурги тоҷик, саромади назми оламгири форсист. Ифтихоре, ки ин ҷониб бо ному ашъори Одамушшуъаро дорад, валлоҳ бештар аз фахру шодмонии он дар Шингу Киштут нишастаҳоест, ки то ҳамин дирӯз ин фарзонамарди ҳамаи давру замонҳоро "муллои ҳавоӣ", "пири уфарӣ" ва "ҳафт пушташ дар охири умр кӯр шуда" медонистанд. Фарзияи дар дарбори Сомониён кӯр карда шудан ё ба чашмони Рӯдакӣ мил кашидан ҳам як чизи бофта ва тӯҳматест дар ҳаққи Оли Сомон, ки манбаъи ин хабари носаҳеҳ "Китоб- ул ансоб"- и Самъонӣ будааст. Ва ҳақ буд рӯҳонии донишвар Ҳоҷӣ Исмоил, ки дар як сӯҳбати телевизиониаш дишаб маънии мил кашиданро хеле огоҳона тафсир карданд, ки аз он маънии кӯр карданро фаҳмидан хатост. Аз ин рӯ он чи ки ноогоҳона муаллифи "ҷашнВОРа" мегӯяд " ба Нӯҳ бинни Аҳмад аз рӯйи кӯрии Рӯдакӣ баҳо медиҳем" натиҷаи ҳамон бардошту фаҳмиши ғалати аз мутолиаи Самъонӣ ҳосилшуда аст, ки ӯ худ нахондаву аз дигарон шунида.

Ва хулосаи посухи мо ба муаллифи "ҷашнВОРа" ва сардабири мӯҳтарами "Фараж" ҳамин аст, калиди бунёди неругоҳи барқи обии Артуч ин муроҷиат ба муҳаққиқону фарҳангиёни тоҷик нест.(Дар дидор бо Президенти кишвар ҳоли зору талбандагии эшонро худ шоҳид будед). Дар рӯ ба рӯи муҷасаммаи донишманди дигари асри Сомониён Ҳаким Буалӣ Сино бинои бузургу боҳашаматест, ки онро "Барқи тоҷик" ном ва марде ба ростӣ пуркор, вале гапшунав бо исми Шарифхон Самиев раиси он аст. Он ҷо равед ва даъво кунед.Агар Қиёмиддин молу пул медошт, Артуч кирои гап нест,бовар кунед Роғунро сари танҳо месохт.

Ва агар бардошту тавонатон аз "БОЙКОТ"-у «Моратория»-и худ изҳор дошта ҳамин миқдор буд, ҳеч ҳоҷати эълони он ҳам набуд. Ин аҳди шумо мисли шартномаи Рибентроп- Молотов, ки дар соли 1940 буд, шуд. Ба имзои он шартномаи дӯстӣ ҷониби Олмон дар шахси вазири умури хориҷаи вақти ин кишвар ҷаноби Рибентроп худро ҳавасмандтар ва ҳаристар вонамуд мекард, вале таърих гувоҳ аст, ки фашистон "бойкот" ва ё «моратория»-и имзо гузоштаи хешро ноҷавонмардона шикастанд ва дар 22 июни соли 1941 чи ҳодиса шуд, ҳама медонанд. Оре, агар нияту мақсадҳо поку самимӣ набошад, ба зери сад шартнома имзо гузорему ҳазор рӯз бойкот эълон кунем ҳам, чизе дигар нахоҳад шуд.

Тариқе хуштар аз аҳду вафо нест,

Вале афсӯс дар баъзе аз мо нест.

Ман аз рӯҳи Ҳилолии бузург барои ин гуна тағйир додани як мисраъ шеъраш, ки онро ҳам ба хотири шарифи ҳамкорони гиромиам кардам, пӯзиш мехоҳам.

Тавфиқ рафиқ бод!


Толибшоҳи САЙИДЗОД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97