ЧӢ МЕХОНӢ, ПОРСОЛА…Оё Алимардонов метавонад Узбакистонро розӣ кунад?

Сиёсат 30.01.2009 13:55

Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, ки ба иллати камбуди шадиди мизони об дар обанбори Норак таъмини нируи барқ ба ҷуз аз шаҳрҳои бузург, дар соири манотиқи кишвар беш аз се маротиба коҳиш дода шудааст. Пӯлод Муҳиддинов, муовини аввали вазири энергетика ва саноат рӯзи 26 январ дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ҳар шабонарӯз мизони об дар бузургтарин обанбори Тоҷикистон - Норак...

...ба андозаи 36 сантиметр пойин меравад ва идомаи ин вазъ то 15 феврал метавонад мизони обро ба ҳадди ниҳоии хеш бирасонад. Мақомоти энержии Тоҷикистон мегӯянд, ин амр дар ниҳоят амнияти системи энержии кишварро бо хатароти ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳад кард ва имкон дорад, таъмини барқ дар шаҳри Душанбе, пойтахт, низ маҳдуд карда шавад.

Ҳоло тибқи мусаввабаи давлати Тоҷикистон ба ҷуз аз шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа ва Чкаловск интиқоли нируи барқ ба манзили сокинон дар навоҳии мухталифи кишвар дар шабонарӯз танҳо ба муддати се соат сурат мегирад.

Зимнан, тавлиди шабонарӯзии нируи барқ дар ниругоҳҳои Тоҷикистон 36 млн киловат соатро ташкил медиҳад. Масъулони вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯянд, танҳо дар сурати тавлиди беш аз 50 млн киловат соат нируи барқ дар ниругоҳҳои обӣ ниёзи сокинон ба барқ бароварда хоҳад шуд.

Мақомоти Тоҷикистон яке дигар аз сабабҳои бебарқии густарда дар кишварро мутаваққиф шудани интиқоли нируи барқи Туркманистон аз тариқи Узбакистон арзёбӣ мекунанд.

Интизор меравад, як гурӯҳи кории давлати Тоҷикистон бо сарварии Муродалӣ Алимардонов, муовини нахуствазир, барои ҳалли мушкилоти марбут ба тронзити нируи барқи Туркманистон ба Тошканд сафар кунад.

Қаблан музокироти мақомҳои ширкати "Барқи тоҷик" бо ҷониби Узбакистон дар ин замина натиҷае ба ҳамроҳ надошт.

Зимнан, мақомоти энержии Тоҷикистон мегӯянд, ки Узбакистон ҳамчунон бо тарҳи эҳдоси ниругоҳи обии Роғун мухолиф аст ва натоиҷи мутолеъоти коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди ин тарҳро намепазирад.

Ба гуфтаи Пӯлод Муҳиддинов, натоиҷи мутолеъоти ин коршиносон ба мақомоти Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон муъаррифӣ шуда ва онҳо таъйид кардаанд, аммо ҷониби Узбакистон "ба ҳар баҳона аз пазируфтани ин тарҳ худдорӣ мекунад."

Гуфта мешавад, Рустам Азимов, муовини нахуствазири Узбакистон, дар мулоқот бо ҳайъати мақомоти Тоҷикистон дар моҳи декабри соли гузашта дар Тошканд баён дошта буд, ки Ислом Каримов, раиси ҷумҳур аз эҳдоси ниругоҳи обии Роғун бо садди 347-метрӣ бидуни ҳамоҳангӣ бо он кишвар нигарон аст.

Бо ин ҳол, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд сохтмони ниругоҳи обии Роғун идома пайдо хоҳад кард ва интизор меравад тарҳи ниҳоии санади фаннӣ ва молии ин барнома дар соли ҷорӣ таҳия шавад.

Ба гуфтаи онҳо, бо вуҷуди таваҷҷуҳи зиёди ширкатҳои хориҷӣ барои мушорикат дар консорсиюми байналмилалӣ барои бунёди ниругоҳи обии Роғун, бахши аслии саҳмияҳои ин тарҳ дар ихтиёри давлат қарор хоҳад гирифт.

Вале то он маврид мо бояд сабр пеша кунем. Аммо оё сабурии мо масъулинро водор мекунад, ки дар ҷустуҷӯйи роҳи ҳал бештар эҳсоси масъулият кунанд ва дар ғафлат намонанд?!


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97