КОРВОН БОЗ СӮХТ

Иҷтимоъ 14.08.2008 19:33

Тақрибан соатҳои 00:30 дақиқаи шаби 13-уми моҳи равон дар қисмати яклухтфурӯшии бозори Корвон сӯхтор ба амал омад. Ба ақидаи фурӯшандагони қисмати яклухтфурӯшии бозори Корвон сабаби рух додани сӯхтор бе аҳмиятӣ аз истеъмоли сигор мебошад.

Ба он хотир онҳо чунин ақида доранд, ки ин қисмати бозор бо барқу васоити истифодаи барқ ё дигар таҷҳизоти оташангез муҷаҳҳаз нашудааст. Дигар он ки аксари фурӯшандагони ин қисмтаи бозор шаб болои борҳои худ хоб мекунанд ва шояд касе аз онҳо хомӯш кардани сигор фаромӯш карда бошад.

Абдуқаҳҳор, як дукондори бозор мегӯяд, ки дар 4-ҳазор доллар бор дошт, ки асосан куртаву матоъҳои занона буданд. Чун субҳ ба бозор барои савдо омадам, ҳеч осоре аз амволамро наёфтам. Зери дуконам чанд туп матоъе низ буд, хокистари ҳамон тупҳо ҳам ба назар намерасад. Ҳатто овезаҳое дар тор овезон буданд, вуҷуд надоранд, шояд дуздидаанд… Борамро бима накарда будам, чанд пуле, ки доштам бор оварда будам. Натиҷааш ҳамин, ки дар як шаб ҳамаи сарватамро аз даст додам.

Тоҷири дигар Сулаймон иддаъо мекунад, борҳои ман дар анбор буд. Соати 3-и шаб ба ман занг заданд, ки дар бозор сӯхтор ба амал омадаст. Ба базор омадам, вале нагузоштанд, ки ворид шавам, гӯё ман дузд бошам. Агар ҳамон вақт ба назди борам меомадам, ҳеч не ягон гӯшаашро аз сӯхтан наҷот медодам.

Ҳамагӣ 4 растаи қисмати яклухтфурӯшии бозор сӯхта хокистар шудаст. Асосан дар ин растаҳо матоъ ва пойафзол мефурӯхтанд. Аз ҳарорати баланди оташ ба анборҳои оҳанин (контейнерҳо) ҳам оташ часпидааст. Тоҷирзане бо душворие ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда мегӯяд, ки барои хомӯш кардани оташ 2 мошини сӯхторхомӯшкунӣ омада буд.Чун перомуни ин масоил ба сарраёсати сӯхторхомушкунии шаҳри Душанбе муроҷиат кардем, сардори ин раёсат полквоники хидмати дохила Исмоилов Р.С. иттилоъ доданд, ки барои хомӯш кардани оташ аз 14-мошини сӯхторхомушкунӣ истифода карданд. Инчунин барои кӯмак 4-мошини обкаш ҷалб гардид. Перомуни масоили сабаби рух додани оташ Исмоилов Р. иброз карданд, ки танҳо пас аз ташхиси лабараторӣ сабаби рух додани ин ҳодисаро гуфта метавонад ва доир ба ин масъала чанд самт санҷида хоҳад шуд. Миқдори зарари дидаи соҳибони молро бояд муҳосибони бозор дар як ҷоягӣ бо бозоргонон муайян кунанд. Дар охир Исмоилов Р. қайд кард, доир ба ин масъала дар назди додситони ноҳияи Фирдавсӣ гурӯҳи корие аз ҳисоби кормандони қудратӣ ташкил карда шудааст, ки пас аз омӯзиши ташхиси ин ҳодиса хулосаи худро хоҳанд баровард. Он гоҳ гуфта метавонем, ки сабаби ин ҳодиса дар чист.


Ёқуби САИД, "Миллат"
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97