ТАКАЛЛУМ БА ЗАБОНИ РУСӢ БЕЭҲТИРОМИ НИСБАТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ НЕСТ!

Иҷтимоъ 14.02.2009 14:44

(Посух ба мақолаи Т. Сайидзода "Мамадшо Илолов: Ещё есть вопросы",

Миллат, № 03 (177) 22 январи соли 2009)

Мӯҳтарам Толибшоҳи Сайидзода!

Ташаккур ба "эҳтиром"-е, ки нисбати камина доштед ва маводро нашр кардед. Ман ҳам мехоҳам то ин матлабро ба эҳтироми хонандаи гиромӣ чоп кунед.

Чун "эҳтиром"-и Шумо аз интиқоди маълумотномаи мухтасаре, ки барои нишасти матбуотии Академияи илмҳои Тоҷикистон, бо гузоштани саволҳои барои худатон ҳам номаълум оғоз гардид, мо низ ин иқдомро пайгирӣ мекунем.

Саволҳое, ки Шумо дар паси ибораҳои ин маълумотнома гузоштед, танҳо кашфи шахсии Шумо нест, дар хусуси он ки чӣ тавр метавон онҳоро барои хонандагони Ҳисобот ва аҳли пажӯҳиш андар забони тоҷикӣ пешкаш намуд, мутасаддиёни кор дар такопӯи ҳамешагӣ ҳастанд. Ман узр мехоҳам, вале рӯзноманигороне ҳамсоли Шумо, ки хешро ҳомии забони модарӣ эълом доштанд, заррае фикр намекунанд, ки чаҳор калимаву ҷумларо аз матбуоти Эрону Афғонистон иқтибос карда мақола навиштан ниҳоят осон аст, нисбат ба он, ки як асари илми имрӯз ва ё як кашфиёти илми кунунӣ ба забоне, ки нав аз зери таъсири як система берун омада дар кашф ва эҳёи қолаби аслии худ аст, тарҷума ё инъикос гардад. Ба қавли тоҷикона, дур наравему исботи ин гуфтаро аз худи мақолаи Шумо ҷӯем ва метавонем мисоли фаровонро дарёбем. Чунончи, барои камина, ҳамчун як хонандаи одӣ, калимаҳои "фомил", "гиромидошт", "ироъа", "такаллум" ва боз чандтои дигар нофаҳмоянд, аниқтараш калимаҳои сонӣ то андозае фаҳмо, вале "фомил" чӣ маънӣ дорад? Мӯҳтарам рӯзноманигор, ман медонам, ки ин калима шакли талаффузи форсии калимаи "family"-и забони англисист ва Шумо онро ба мазмуни "хонаводагӣ", "оилавӣ" истифода намудед, зеро ин калима, агарчи ягон асоси форсӣ надорад, дар забон ва матбуоти ҳамзамонони мо зиёд истифода мешавад. Акнун боз як ҷасорат карда мазмуни ҳамин калимаро аз 10 нафар сокини шаҳри Душанбе (на мардуми деҳот, ки асоси аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад) пурсон шавед, оё онҳо мазмунашро медонанд? Ман мутмаинам, ки на, намедонанд ва биёед иқрор шавем, калимаҳои дар боло овардашуда дар навиштаҳои даҳ сол пеши Шумо низ мавҷуд набуданд. Мехоҳед, ки ман ҳам дар навиштаҷоти Шумо саволҳо гузорам? Агар ҳақиқатан дили Шумо сӯзад, омодагии худро барои тарҷумаи асарҳои илмӣ ба забони ноби тоҷикӣ, лоақал ба он ибораҳое, ки дар маълумотнома бо забони илмӣ омадаанд, нишон диҳед. Боварӣ дорам, ки ин кори сангинро танҳо аҳли пажӯҳиш метавонад ба ӯҳда гирад. Ба ӯҳда мегирад ва гирифтааст, на бо пайроҳаи аз дигарон онро дидаву дониста "дуздидан", балки дар асоси истилоҳҳои осори илмии гузаштагони худамон. Дар ин масъала осемасарӣ набояд ҷой дошта бошад. Ман, ки қариб чил соли умрамро дар илм ва бо илм гузаронидам, медонам, ин масъала боз даҳҳо соли дигарро талаб дорад, то осори илмии ба забони тоҷикӣ пурра ҷавобгӯи меъёрҳои илмӣ бошанд. Ин масъаларо бояд якҷоя бо тарбияи атфол, муҳассилини макотиб ва донишҷӯёни донишгоҳҳову донишкадаҳо ба роҳ монд. Шумо аз Академия мехоҳед, ки инқилоби дурӯзаро дар нашри осори илмӣ ба забони модарӣ кунад? Не, мӯҳтарам рӯзноманигор. Ба инқилобе, ки боиси дучанд гардидани заҳмати ояндагон мегардад, зарурат нест.

Масъалаи дигаре, ки Шумо матраҳ сохтед, истифодаи забони русӣ ҳангоми нишасти матбуотӣ буд. Ташаккур, ки Шумо Академияро махзани донишу фарҳанг ном бурдед ва ин бебаҳс асту бояд бошад. Пас, ин махзани донишу фарҳанг наметавонад баҳси худро бо забоне, ки ҳамчун забони дуюми муошират пазируфта шудааст, баргузор кунад? Ғайр аз ин, тамоми он олимони шинохтае, ки Шумо ном бурдед, дастпарварони замон ва забони русӣ буданд, корҳои илмиашон ба ин забон эҷод ва паҳн гардиданд, вале онҳо ифтихори Тоҷикистонанд. Магар адиби тоҷики русзабон Тимур Зулфиқоровро барои он ки ба русӣ иншо мекунад, айбдор месозем? Ӯ тоҷикону Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Агар Шумо бо шахсият ва исми Илолов қонеъ набошед, ин кори шахсии Шумост, вале ба иззати нафси аҳли илм, хоса олимони дар мақолаатон омадагӣ нарасед, эшон хизмати беандоза натанҳо барои илми тоҷик, балки илми ҷаҳонӣ карданд. Паст задани эҳтироми онҳо паст задани Академия, паст задани илми миллат аст. Инҳо онҳоеанд, ки аламбардори илми тоҷик дар олам ҳастанд. Оне, ки Шумо аз суханони ба забони русӣ иброздоштаи мӯҳтарам Зарулло Раҳмонов чизеро нафаҳмидед, афсӯс, афсӯс, ки як рӯзноманигори боном, муҳаррири як рӯзномаи маъруф, ки бояд лоақал се забони асосии илму оламро донад, аз ин ҳунар бархурдор нест. Шумо бояд донед, ки забони русӣ имрӯзҳо ҳам барои рушди илму олимони тоҷик хизмати калон дорад. Оё шумо медонед, ки дипломҳои номзадӣ ва доктории илмро барои олимони тоҷик то ба ҳол Комиссияи Олии Аттестатсионии Русия пешниҳод мекунад? Албатта, ҳар кас метавонад эрод гираду саволи "Чаро мо худ чунин коммисияро надорем?"-ро осонакак дар матбуот чоп кунад, вале талабот ва заҳмати ташкили онро намедонад. Назари ман ба дурнамои рушди Академияи илмҳои Тоҷикистон ин аст, ки он бояд бо ҳадди ақал панҷ забони дунё ба роҳ монда шавад. Ман ин тавсияро барои илм ва ҳунари журналистика низ медиҳам, дар ҳолати акс мо ғайр аз хеш чизеро пештар ва бештар нахоҳем диду дарк кард.

Оид ба таҳкими забони модарӣ дар Академияи илмҳо мехоҳам ду масъаларо аз назари эътибор дур нагузорем; аввалан эҷод ва омодасозии осори илмӣ ба забони модарӣ ва дуюм, анҷоми маъракаҳову маросимҳо, вохӯриҳову нишастҳо ба забони модарӣ. Кори аввалӣ сода нест ва аз чанд омил вобастагӣ дорад. Якум, дар баробари иқдоми солҳои истиқлол, на ҳамаи осори илмии гузаштагони мо таҳия ва дастрас гардида, аз ҷиҳати илмӣ омӯхта шудаанд. Ин масъала пайваста дар мадди назари олимон қарор дорад, вале чунон ки зикр шуд, масъалаи яксолаву дусола нест, балки даҳсолаҳоро талаб мекунад. Бо вуҷуди ин, пажӯҳишгоҳҳо ва шӯъбаҳои мухталифи илмиву тадқиқотии ба ин масъала сару кордошта ба бисёр дастовардҳо муваффақ шудаанд. Дуюм, олимони пешрави улуми табииву дақиқ ҳамоно дастпарварони ҳавзаҳои илмии Русия ҳастанд ва тафаккури таҳлиливу тадқиқии онҳо маҳз бо ҳамон васила шакл мегирад. Мо бояд ба ин масъала аз рӯи инсоф назар андозем, талаби қатъии ба забони модарӣ эҷод кардани онҳо маънои рахнаи эҷоди онҳоро дорад. Биёед аз ин хулоса китоб, достон ва мақолаҳои ҳаргуна насозем, вале ҳақиқат чунин аст. На ба хотири мақола, балки танҳо ба хотири инсофу виҷдон бо насли миёнаву калонсоли ин гурӯҳ ҳамсӯҳбат шаведу фаҳмида гиред, ки оё ин гуфтаи ман рост аст ё не? Дар ин замина мехоҳам қайд кунам, ки ҳар як гуфтаи Ҷаноби Олиро низ оид ба ин ё он масъала таҳриф накунед. Ин хизмат хизмати одилона нисбат ба андешаҳои Сарвари Давлат нахоҳад буд. Шумо иқтибоси суханони Президенти кишварро оид ба масъалаи ҳангомаи заминларза, ки 15 январи соли ҷорӣ дар ҷаласаи Ҳукумат гуфта шудаанд, иқтибос овардед, вале на ба тариқи пурра. Хулосаи сухани Ҷаноби Олӣ дар ин замина танҳо забони тоҷикӣ не, балки ба кадом забоне, ки набошад содагиву ҳадафрасиро талаб дошт. Чаро Шумо танҳо ҳамон қисми баромадро иқтибос кардед, ки ибораи "забони тоҷикӣ" дорад? Ба хотири изҳори ташвиши хеш ва хоби ғафлати Академия оиди ин масъала? Маъзур, заҳмати як мақолаи илмӣ аз таълифи як мақолаи чизе ё касеро сиёҳ сохтан дар рӯзнома зиёд аст, ки зиёд. Дар мавриди эҳтиром ба забони миллат дар Академия шумо набояд хӯрдагириву камбинӣ кунед. Биёеду ба чопи осори мухталифи илмӣ, илмӣ-оммавӣ нигоҳ кунед ва хоҳед дид, ки Академия чи гуна пешравӣ дар нашри осор ба забони модарӣ дорад. Забони миллӣ меҳвари оғозу анҷоми тамоми маъракаҳо ва маросимҳои илмиву адабӣ аст. Ҳамаи инро бо як мусоҳибаи озоди олимон бо рӯзноманигорон, ки бо ду забон - тоҷикиву русӣ сурат гирифт, хатти батлон накашед.

Мӯҳтарам рӯзноманигор! Барои Шумо, Сафват Бурҳонов ва дигароне, ки талаб, хоҳиш ва пофишорӣ барои дигар кардани ному насаб (Фомил не, Насаб!)-и каминаро доранд. Ин исмро барои қиблагоҳи ман падараш додааст ва барои ман падари ман ва исми ман дуруст бошад ё нодуруст нахустунсури худшиносии ман аст. Мӯҳри хомӯшӣ бар даҳон мондани ман маънои малӯливу аломати ризои маро надорад, балки фикр кардам бо инсонҳое, ки аз олами кайҳон хабар доранду аз олами исму забон на, чи ҷои баҳс. Инак боз Шумо ин масъаларо бардоштед ва дар навбати дигар ман қатъиян масъалаи мазкурро ҳамчун паст задани шаъни инсонӣ ва худшиносии хеш дар сари мизи судӣ бо касе, ки набошад, ҳаллу фасл мекунам. Барои шумо - ду рӯзноманигор тавсия медиҳам, ки ба "Шоҳнома" муроҷиат кунед, садҳо калимаро меёбед, ки аз шакли талаффузи имрӯзаашон бо истиснои овози "ҳ" дар миёни аҳли эҷод истифода мешуданд. Ба илми лаҳҷашиносӣ муроҷиат кунед, то ин масъаларо боз ҳам хубтар дониста бошед. Оё фикр накардед, ки бо чунин талаби шумо, барои нисфи зиёди мардуми кишварамон зарурияти дигар кардани ном пеш меояд, зеро номҳое бо калимаҳои "Маҳмад"-у "Шоҳ" қариб дар тамоми манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон бидуни ҳарфи "ҳ" истеъмол мешаванд.

Ва дар фарҷом ба саволи Шумо мехоҳам посух диҳам: Ба ҳар ҷое, ки набошад, ба ҳар маъракае, ки баргузор нагардад, хабарнигори дилсӯзатонро фиристонед. Аз мақолаи Шумо бӯи дилсӯзӣ ба забони тоҷикӣ ва фаъолияти Академия не, бӯи ҳангома меояд. Барои бо олимон сӯҳбат кардан, лоақал аз кори онҳо бохабар будан лозим, меҳнати онҳоро қадр кардан даркор. Дар бисоти Шумо чист, ки онро метавон бо заҳмати бист, сӣ, чил ва панҷоҳсолаи олимоне, ки номбар кардед, ба қиёс гузорем?

Бо эҳтиром, Мамадшо Илолов, Президенти Академияи

илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

P.S. Номаи мӯҳтарам Мамадшо Илолов, раиси Академияи улуми Тоҷикистон ба даргоҳи "Миллат" вақте расид, ки шумораи навбатии нашрия барои чоп омода гардида буд, вале ҷиҳати эҳтироми доштаамон ба илму олиму фарҳанг ва Академияи улум нашри чанд маводеро барои шумораи баъдӣ мавқуф гузошта ин номаро дар саҳифа ҷой додем. Ва ҳам хостем назари хешро дар мавриди баъзе аз эродҳои ҷаноби Илолов, ки эшон "бо инсонҳое, ки аз олами кайҳон хабар доранду аз олами исму забон на" вориди баҳс гаштаанд, бигӯем. Ва қарори мо ин шуд, ки бо шахсе, ки қариб чил соли умрашро "дар илм ва бо илм гузаронидааст" бо ҳама бехабариву ноогаҳиамон аз забону адабу фарҳанги миллат сари баҳс бинишинем ва хоҳиши онро доштем, ки як ҳайати шинохта аз ҳисоби донишмандони варзидаи соҳаи забону адаб, бигузор аз олимони Академия бошанд, баҳси моро мунсифона доварӣ бикунанд. Чун фурсати навиштани посухи васеъ ба ҳама гуфтаҳои раиси Академия ин соат надорем ва ҳам шумораи нашрия омодаи чоп аст, фикр мекунам дар яке аз шумораҳои "Миллат" мо ҳатман дилсӯзона ва бе ҳангомабарангезӣ дар асоси сӯҳбат бо олимон чуноне ки Илолов ин ҳамаро барои мо тавсия додаанд, аз фаъолияти Академия ва кору бор ва ҳоли кормандони он хоҳем гуфт. Интизор бошед!


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97