Зодгоҳи Рӯдакӣ куҷост: Рӯдак ё Панҷрӯд?

Фарҳанг ва адаб 03.07.2008 23:05
Гоҳе тасодуфӣ бошад ё амри зарурат баъзе деҳаҳои хурду назарногир бо шарофати зодагони барӯмандаш шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо мекунанду барои ҳамагон азизу мӯътабар мегарданд. Деҳаҳои Панҷрӯд ва Рӯдаки диёрамонро низ ҳамин тақдир насиб карда будааст. Беш аз ҳазор сол мешавад, ки номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вирди забони мардум аст ва аксар муҳаққиқони адабиёт ақида доранд, ки поягузори назми оламгири форсӣ нисбаи тахаллуси худро аз номи зодгоҳаш гирифтааст.
Пас деҳаи Рӯдак куҷост? Як зумра пажӯҳишгарон Рӯдак гуфта деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакентро дар назар доранд, вале пажӯҳишҳои илмӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар асл ин тавр нест. Ин ду деҳа дар ду дараи хушманзара: - Киштут ва Шинги ноҳияи Панҷакент ҷойгиранд ва ҳар ду, бешубҳа, ба номи устод Рӯдакӣ сахт марбутанд. Роҷеъ ба ин қазия солиёни зиёд аст, баҳсҳо идома доранд ва мо мехоҳем гуфтаҳои олимонро як навъ ҷамъбаст созем ва бо чанд далели наву тоза ба ин масъала равшанӣ андозем.
Аслан баҳсу андеша перомуни зодгоҳи устод Рӯдакӣ мавзӯъи тоза нест. Баъди инқилоб, чи дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, чи дар илми шарқшиносии ҷаҳон асару мақолаҳои зиёде дар ин бобат таълиф гардида, ба табъ расидаанд. Зоҳиран ба ин қазияи илмӣ устод Айнӣ соли 1940 дар мақолааш "Қабри устод Рӯдакӣ ва деҳаи Рӯдак", (Шарқи Сурх", 1940, №5) нуқтаи таммат гузошт ва аксар донишмандони маъруфи ҷаҳон ҷустуҷӯ ва дастоварди ӯро чун кашфиёти илмӣ эътироф карданд. Баъди кушодан ва таҳқиқи қабри Рӯдакӣ аз ҷониби олими атропологи машҳури шӯравӣ, профессор М.М.Герасимов ва барқарор кардани симои ӯ, сохтани мақбараи зебову пурҳашамат дар Панҷрӯд ва таҷлили ба тантанаи 1100 солагии зодрӯзи поягузори адабиёти форсу тоҷик гӯё дар ин бобат сухани мегуфтагӣ намонд. Ҳама бо як овоз Панҷрӯдро чун Рӯдаки таърихӣ пазируфтанд, вале солҳои ҳаштодум ва навадуми қарни гузашта баҳс сари зодгоҳ ва ҷои қабри устод аз сари нав авҷ гирифт. Дар ин бора дар матбуоти ҷумҳурӣ мақолаҳои Адаш Истад, Бозор Тилавов, Бӯстон Шакурӣ, Аҳрор Мухторов ва дигарон ба табъ расиданд. Нависанда ва рӯзноманигор Қодири Рустам мақолаи ҷавобӣ навишта, ақидаҳои онҳоро зери тозиёнаи сахти танқид гирифт. Ногуфта намонад, ки баҳс сари ин мавзӯъ дар байни рӯшанфикрони тоҷик, бахусус адибону олимони ҳамдиёри Рӯдакӣ вокуниши манфӣ ба вуҷуд овард ва бархе аз онҳо, амсоли шоир Камол Насруллоҳ ин амалро бо лаҳни дурушт низ маҳкум карданд. Вале бояд хотирасон кард, ки илми рӯдакишиносӣ рӯз то рӯз пеш меравад, бозёфтҳои наву тоза пайдо мешаванд, фарзияҳо ва пешниҳодҳои ҷадиди илмӣ ба миён меоянд, бинобар ин, баҳс холисонаву беғарази илмӣ сари ин қазия набояд ба иззати нафси касе расад ва навиштаҳои зерини каминаро чун "гӯрковии навбатӣ" набояд ҳисобид. Зеро ба қавли Шайх Саъдӣ: "Се чиз бе се чиз пойдор намонад: илм бе баҳс, мол бе тиҷорат, давлат бе сиёсат".
Роҷеъ ба зодгоҳ ва ҷойи қабри Рӯдакӣ таърихшиносону адабиётшиносони маъруф, амсоли академикҳо В.В.Бартолд, Е.Э.Бертелс, И.С.Брагинский, Саъид Нафисӣ, Садриддин Айнӣ, Абдулғанӣ Мирзоев таҳқиқоти судманд анҷом додаанд. Вале аз ҳама бештар поягузори адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ саҳми муносиб гузоштааст.
Фаъолияти рӯдакишиносии Айнӣ баъди пирӯзии Инқилоби Бухоро оғоз ёфта, то охири умраш давом кардааст.Дар арафаи тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна пантуркистони иртоҷоӣ ва думравони онҳо, ки аксар хоинон ва ватанфурӯшони тоҷик буданд, мавҷудияти халқи тоҷикро инкор намуда, ба муқобили таъсис додани Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаи шадид мебурданд, устод Айнӣ дар ин давраи сарнавиштсози миллати тоҷик асари пурқимати худро бо номи "Намунаи адабиёти тоҷик" таълиф карда, бо дастгирии устод Лоҳутӣ, соли 1926 бо ҳуруфи форсӣ дар шаҳри Маскав ба табъ расонид. Дар бораи аҳамияти бузурги таърихӣ, адабӣ ва сиёсии ин китоб чизе намегӯем, зеро роҷеъ ба ин масъала бисёр гуфтаанду навиштаанд, танҳо ҳаминро қайд карданием, ки дарҷ кардани тарҷумаи ҳол ва намунаи осори Рӯдакӣ, хусусан шеъри "Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён" ба сари Айнӣ кулфатҳои маънавӣ ва моҷароҳои сиёсиро овард, қариб буд, ки ӯро ба гирдоби маргу нобудӣ кашад.
Соли 1926 дар шумораи дуюми маҷаллаи "Дониш ва омӯзгор" хабаре аз номи Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ҷашн гирифтани "Рӯзи Рӯдакӣ" ба табъ расид. Ба ин муносибат Айнӣ бо имзои мустаъори "Деҳқон" мақолае дар ин маҷалла чоп кард, ки асосан ба мақсади тарғиботи омӯхтани илму дониш ва бедориву ифтихору худшиносии миллӣ навишта шуда буд. Айнӣ солҳои сиюм ва чилуми қарни бистум ҷиддан ба ҷустуҷӯ ва дарёфти зодгоҳи устод Рӯдакӣ пардохт ва ба дастоварди бузурги илмӣ даст ёфт. Пеш аз он ки ба тафсили ин қазия пардозем, як чанд нуктаро роҷеъ ба зодгоҳ ва ҷойи қабри устод Рӯдакӣ тибқи маъхазҳои таърихӣ биоварем, ки барои равшан гаридани ин қазия ёрӣ мерасонад.
Дар бораи зодгоҳ ва ҷои қабри Рӯдакӣ дар байни тазкиранависон ва муаллифони дигар сарчашмаҳои таърихӣ ихтилофи назар мавҷуд буд. Як зумра устод Рӯдакиро бухороӣ, дигаре самарқандӣ, сеюмӣ кешӣ (шаҳрисабзӣ) меҳисобиданд. Вале дар сарчашмаҳои таърихӣ устод Рӯдакӣ чун Самарқандӣ шӯҳрати бештаре дорад ва имрӯз ҳам дар кишвари Эрон вайро ҳамин тавр ном мебаранд, ки хато ҳам нест, зеро Панҷакент аз қадимулаём то Инқилоби Бухоро ва табартақсими ҳудуди миллӣ яке аз навоҳии Самарқанд ба ҳисоб мерафт.
Дар байни муаллифони маъхазҳои таърихӣ ва адабӣ муаллифи "Китобу-л-ансоб" Самъонии Марвазӣ (1013-1067) мебошад, ки маҳали қабри Рӯдакиро зикр кардааст. Самъонӣ дар ду ҷои асараш дар ин бора маълумот медиҳад: якум дар ахбори "Қарияи Бануҷ" ва дуюм моддаи "Рӯдакӣ". Ӯ ба забони арабӣ чунин менависад: (тарҷума ба форсӣ): "Бануҷ бо фатҳа ва "бо"-и якнуқта ва замми нун ва дар охири он ҷим (яъне Бануҷ - Қ.С, нисбатест ба қарияе аз Рӯдак дар навоҳии Самарқанд, ки онро Бануҷи Рӯдак гӯянд ва он қутби Рӯдак аст ва аз он қария бувад шоири номӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва зикри ӯ дар ҳарфи "ро" хоҳад омад, зеро ки ба он маъруфтар аст, вале аз Бануҷ бувад. Абусайид Идрисии Ҳофиз гӯяд: "Қабри Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар он машҳур аст ва дар ақиби бӯстони Бануҷи Рӯдак аст ва онро зиёрат мекунанд ва ман зиёрат кардам". Мувофиқи сухани Идрисии Ҳофиз, ки Самъонӣ нақл мекунад, маълум мешавад, ки дар замони зиндагии ӯ қабри Рӯдакӣ дар ақиби боғи деҳаи Бануҷи Рӯдак (яъне деҳаи Панҷи Рӯдак) буда, одамон онро зиёрат мекарданд. Азбаски дар забони арабӣ ҳарфи "п" мавҷуд нест, таърихнависон онро дар шакли "Бануҷ" сабт кардаанд. Мутаассифона, аксари пажӯҳишгарон Бануҷи дар китоби Самъонӣ ишорашударо ба тарзи Банҷ ва Бунҷ хонда, дар осори таҳқиқотии худ мавриди истифода қарор додаанд. Ҳол он ки худи муаллифи китоб барои саҳеҳ хондани ин калима чунин маълумоти калидӣ додааст: "Бануҷ - бо фатҳа ва "бо"-и якнуқта ва замми нун ва дар охири он ҷим".
Пас бояд чанд маълумот роҷеъ ба Идрисии Ҳофиз бояд бидиҳем. Ин шахс аслан аз Астарободи Хуросон буда, ба Самарқанд меояд ва дар ин ҷо асаре доир ба таърихи ин шаҳр таълиф намуда, соли 405 ҳиҷрӣ (1015 милодӣ) дар ҳамин ҷо вафот мекунад. Ин шахс баъди 60-62 соли вафоти устод Рӯдакӣ аз дунё чашм пӯшидааст. Самъонӣ дар ҷойи дуввуми асари худ дар моддаи "Рӯдакӣ" дар бораи мақом ва манзалати устод Рӯдакӣ иттилоъ дода, аз қарияи Бануҷи (Панҷи) Рӯдак будани ӯро таъкид месозад ва илова мекунад, ки "ин деҳа дар масофаи ду фарсанг дуртар аз Самарқанд воқеъ гардидааст». (Ниг. Абдулғанӣ Мирзоев. Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ. Сталинобод, 1958, саҳ.136-137).
Ҷустуҷӯ ва пажӯҳиши Айнӣ хеле доманадор буд ва якчанд сол давом кард. Ӯ аввал атрофи Бухороро мавриди пажӯҳиш қарор медиҳад, вале аз деҳаи Рӯдак асаре намеёбад ва дар маҷмӯъаи "Устод Рӯдакӣ" (ҳамроҳи Деҳотӣ) соли 1940 менависад: "Устод рӯдакӣ Рӯдак ном қишлоқи Самарқанд аст ва қабри ӯ ҳам дар Панҷрӯдак ном ҷоест, ки аз тобеъҳои Рӯдак аст".(Ниг. С. Айнӣ. Қабри Рӯдакӣ ва деҳаи Рӯдак. Куллиёт, ҷ.2, с.154-155). Айнӣ дар ин маврид ба навиштаи Самъонӣ такя мекунад. Сипас вай атрофи Самарқандро мавриди пажӯҳиш қарор медиҳад, вале аз деҳаи Рӯдак нишоне пайдо намекунад. Баъзеҳо мегӯянд, шояд Панҷоб ном деҳаи наздики Самарқанд бошад, ки аз шаҳр чаҳор километр дуртар ҷойгир аст, вале Айнӣ ин фаразияро қабул намедорад, зеро ба гуфти ӯ Панҷоб ба шаҳри кӯҳнаи Самарқанд бисёр наздик аст ва дар ҳудуди шаҳри нав дохил мешавад. Ҳол он ки дар маълумоти Самъонӣ масофаи Рӯдак аз шаҳри Самарқанд ду фарсанг (16км) нишон дода шудааст. Аз тарафи дигар, дар наздикиҳои деҳаи Панҷоб Рӯдак ном ҷое нест. Ҳол он ки Бануҷ (яъне Панҷи Рӯдак) деҳае аз деҳаҳои Рӯдак шумурда шудааст.
Айнӣ баъдтар навоҳии кӯҳистони Самарқанд: Панҷакенту Фалғар ва Мастчоҳро мавриди пажӯҳиш қарор медиҳад. Ӯ ба ин мақсад усули бисёр сода, вале босамарро ба кор мебарад, яъне аз ҳар як тоҷики панҷакентӣ, фалғарӣ ва мастчоҳии ба Самарқанд ба мардикорӣ омада номи деҳаи Рӯдакро пурсуҷӯ мекунад. Оқибат заҳмат ва пажӯҳиши устод Айнӣ барҳадар нарафт ва дар илми адабиётшиносӣ кашфиёти нодир ба миён омад. Дар ин бора худи Айнӣ чунин менависад:
"Дар моҳи августи соли 1940 ман ҳавлии худро ремонт (таъмир) кардам. Дар ремонт аз бозор як мардикор овардам, ки вай як тоҷики фаробӣ буда, номаш Диёр буд.
Ман бо вай сӯҳбат карда номи қишлоқи худаш ва қишлоқҳоеро, ки ба қишлоқаш наздиканд, пурсидам.Чун ба ин суолҳо ҷавобҳо муроди ман ҳосил нашуд, аз Диёр:
-Рӯдак ном қишлоқе ҳаст ё не?
-Ҳаст,- гуфт ӯ дар ҷавоб, лекин аз мо дур аст, якрӯза роҳ аст.
-Ту дидаӣ?
-Не ман надидаам, аммо як бобо дорам, мулло Юсуф ном дорад ва ба 83 даромадааст, ӯ дидааст ва мегӯяд, ки Рӯдак дар болои кӯҳ аст.
-Бисёр хуб, дар он ҷойҳо Банҷ ё Банҷрӯдак ё ин ки Панҷрӯдак қишлоқе ҳаст ё не?
-Ҳаст,- гуфт ӯ,-як қишлоқ ҳаст ки онро Пазруд мегӯянд ва як қишлоқи дигаре ҳаст, ки вайро Панҷрӯд мегӯянд.
Акнун муроди ман тамоман ҳосил шуда буд, аммо як масъалаи дигарро ҳал кардан лозим буд. Дар текст (матн) номи қишлоқе, ки қабри Рӯдакӣ дар вай нишон дода шудааст (таваҷҷӯҳ кунед, устод Айнӣ Панҷрӯдро зодгоҳи Рӯдакӣ намешуморад ва танҳо ҷойи қабри вай медонад- Қ.С) дар шакли Банҷ ё Банҷи Рӯдак навишта шудагӣ аст ва номи қишлоқе ман ёфтам, Панҷрӯд буд. Ана ин ду ихтилофро ба ҳам созиш додан лозим буд. Ман ба зудӣ ин масъаларо ҳал кардам. Азбаски текст (матн) ба забони арабӣ буд ва дар забони арабӣ ҳарф "п" нест, маълум буд, ки "Панҷ" ва "Панҷи Рӯдак" ба шакли "Банҷ" ва "Банҷи Рӯдак" навишта шудааст. Сабаби шакли "Панҷрӯд" пайдо кардани "Панҷи Рӯдак" ҳам ба осонӣ ёфт шуд: "мувофиқи қоидаи тоҷикӣ мардум аввал "Панҷи Рӯдак"-ро бо қатъи изофа "Панҷрӯдак" гуфтанд ва баъд аз он ин калимаро кӯтоҳ карда, "Панҷрӯд" оварданд, вагарна аз рӯйи қавли Диёр дар он ҷойҳо Панҷ адад рӯд - наҳр набудааст, то одам гумон кунад, ки ин калима "Панҷрӯд" буда аз ҳамон рӯдҳо гирифта шудааст". (Ниг.С.Айнӣ.Куллиёт,ҷ.2, саҳ. 156-157).
Ҳамин тавр, Айнӣ бовар ҳосил мекунад, ки чунин деҳаҳо дар ноҳияи Панҷакент мавҷуданд ва ба Муншии аввали Ҳизби Коммунисти ноҳияи Панҷакент Шароф Муҳаммадиев мактуб менависад ва тасдиқ ё инкори ин қазияро хоҳиш мекунад. Ӯ баъди чанд рӯз шахсан ба Самарқанд, ба манзили устод Айнӣ омада, маълумоти мардикори фаробиро тасдиқ мекунад ва мегӯяд:
"-Ман пурсуков кардам, Рӯдак ном қишлоқ будааст (Рӯдаки Шингро дар назар дорад - Қ.С.), Панҷрӯд бошад, дар Кулолӣ (дараи Киштуд- Қ.С.) аст, ки аз Панҷакент шаст километр меояд. Дар миёни Рӯдак ва Панҷрӯд як кӯҳ аст, агар кас аз болои вай гузарад, ба ду соат ба Рӯдак мерасад, аммо душворгузар аст. Роҳи рости мошинрави Рӯдак ҳам аз Панҷакент меравад. Ин роҳ аз роҳи Панҷрӯд қадаре дуртар аст". (Ниг. С.Айнӣ. Куллиёт,ҷ.2, с.157).
Акнун масъалаи Рӯдак ҳал шуда буд, вале ба ин кашфиёти илмӣ шакли расмӣ додан лозим буд. Бинобар ин, Айнӣ ба Душанбе, ба унвони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Базаи тоҷикистонии Академияи улуми СССР мактуб навишта, ташкили экспедитсияи илмиро тақозо мекунад. Ба зудӣ экспедитсия бо сарварии Айнӣ ва дар ҳайати А. Гарритский ва Л. Бузургзода таъсис ёфт. Гарритский ва Бузургзода 22 сентябри соли 1940 ба шаҳри Самарқанд, ба назди Айнӣ меоянд. Устод Айнӣ ба онҳо маълумоти заруриро дода, худаш бо сабаби беморӣ ба Панҷакент рафта наметавонад. Ҳайати экспедитсияи илмӣ 23 сентябри соли 1940 ба Панҷакент омада, аввал ба деҳаи Панҷрӯд рафтанд ва ба қавли Айнӣ: "қабри Рӯдакиро ёфта, кофта диданд ва маълумотро тамоман таъкид карданд. Рафиқ Гарритский ба ҳамин қаноат карда, ба Душанбе баргашт. Аммо Бузургзода ба Рӯдак (Рӯдаки Шингро дар назар дорад - Қ.С.) рафта, он ҷоро ҳам ба чашми худ дид ва тафтиш намуда, ҳамаи маълумотро тасдиқ ва таъкид карда омад".
Бояд гуфт, ки дар бобати дарёфти зодгоҳ ва маҳалли қабри Рӯдакӣ хизмати донишманди тоҷик Лутфуллоҳ Бузургзода хеле назаррас аст. Ӯ ба Рӯдаки дараи Шинг рафта, қариб як моҳ дар он ҷо пажӯҳиш анҷом медиҳад ва аз забони мардуми ҳамдиёри Рӯдакӣ маводи фолклорӣ ҷамъоварӣ мекунад ва ҳамаи онҳо алҳол дар бойгонии Айнӣ маҳфузанд. Мутаасссифона, хидмати бузурги ин марди фидоии фарҳанги тоҷик дар пажӯҳиш ва дарёфти зодгоҳи Рӯдакӣ аз назари муҳаққиқон дур мондааст.
Як нуктаро бояд таъкид кард, ки худи устод Айнӣ на дар он солҳо ва дар солҳои минбаъда, ки чанд бор ба Панҷакент сафар кард ва ҳатто очерки "Канали Марғедар"-ро навишт, дидани рустоҳои Рӯдак ва Панҷрӯд бо сабабҳои номаълум муяссараш нагардида будааст.
Айнӣ натиҷаи ҷустуҷӯҳои илмии худро бо номи "Қабри устод Рӯдакӣ ва деҳаи Рӯдак" аввал дар маҷаллаи "Шарқи Сурх", (1940, №15, саҳ. 25-27), баъд дар маҷмӯъаи "Устод Рӯдакӣ" (соли 1940) ба чоп расонд. Ин мақола барои ҳафриёти қабри устод Рӯдакӣ аз ҷониби профессор М.М.Герасимов дар соли 1958 ба сифати дастурамали муҳим ва асосӣ хидмат кард.
Инак, чанд андеша перомуни деҳаи Рӯдак ва Панҷрӯд. Чуноне ки дар боло ишора кардем, нахустин муалллифе, ки дар бораи маҳали зодгоҳ ва қабри Рӯдакӣ маълумот додааст, Самъонӣ мебошад. Аз рӯйи навиштаи вай "Бануҷ (Панҷ)" ё "Бануҷи Рӯдак" яке аз деҳаҳои Рӯдак буда, маркази (қутби) он ба шумор меравад. Яъне аз рӯи маълумоти Самъонӣ Рӯдак номи ҷамоъа ё амлокдорӣ ё ба ибораи имрӯза деҳшӯро буда, Панҷ маркази маъмурии он будааст. Дар ин бора шодравон, профессор Аълохон Афзаҳзод чунин нуқтаи назар дорад:
"Соли 858 дар яке аз деҳаҳои зебоманзари водии Зарафшон - Панҷрӯд, ки маркази ҷамоъати Рӯдак буд, модари хушбахте писаре зоид, ки номи ӯро Ҷаъфар ниҳоданд… Рӯдакӣ тахаллуси шоирии устод аст, ки аз номи деҳаи зебои дурдасти худ - Рӯдак гирифтааст. Ноҳияи Рӯдакӣ (шакли саҳеҳаш Рӯдак - Қ.С) дар асри даҳ ҷамоъатҳои Ворӯ, Рӯдакӣ ва Колхозчиёни имрӯзаро фаро гирифта, дар маркази худ қалъаи мирнишин, чанд мактаб ва мадрсачае дошт" (Ниг. А. Афсаҳзод. Адабиёти тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 8, Душанбе, 2001, саҳ. 42).
Дар навиштаи боло Рӯдак ҳам деҳаи дурдаст, ки Рӯдакӣ тахаллуси худро аз он гирифтааст ва боз Рӯдак ҷамоъат ва билохира, ноҳия номида шудааст. Вале сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат намедиҳанд, ки дар давраи Сомониён дар дараи Киштути Панҷакенти вилояти Самарқанд деҳа, ҷамоъат ва ноҳияе бо номи Рӯдак мавҷуд бошад. Аз тарафи дигар, ба мавзеъҳои ҷойгиршавии деҳаҳои Рӯдак ва Панҷрӯд назар кунем, Рӯдак дар дараи Шинг ва Панҷрӯд дар дараи Киштут воқеъ гардидаанд ва аз ҳамдигар дар масофаи хеле дур ҷойгир шудаанд. Бинобар ин, агар билфарз дараи Шингро дар замони Рӯдакӣ ҷамоъа ё ноҳияи Рӯдак ҳисобем, Панҷрӯд маркази маъмурии он буда наметавонист. Агар фаразан мо Рӯдаки Шингро зодгоҳи Рӯдакӣ ҳисобем, дар ин маврид ҳам каме ноқисӣ ба назар мерасад, зеро дар маълумоти Самъонӣ Рӯдак чун номи воҳиди маъмурӣ, ба мисли ноҳия, ҷамоъа, амлокдорӣ ё ба ибораи имрӯза деҳшӯро ишора шудааст, на ҳамчун деҳа. Ҳол он ки Рӯдак дар дараи Шинг номи деҳаи матруку беодам аст. Дар ягон маъхазҳои таърихии қабл аз инқилоб қайд нагардидааст, шояд зикр шуда бошаду то ҳол дастраси мо нест, ки дараи Шинг ҷамоъа ё амлокдории Рӯдак номида мешудааст. Агар билфарз мо гӯем, ки дар давраи Сомониён дараи Шинг бо номи ҷамоъа, амлокдорӣ ва ё ноҳияи Рӯдак ёд мешуд, пас бояд марказ, яъне маркази он - Панҷ (яъне Бануҷ) -ро пайдо кунем, чуноне ки Самъонӣ ишора кардааст. Дар наздикии деҳаи Рӯдак алҳол деҳае бо номи Падрӯд мавҷуд аст, ки мардикори форобӣ - Диёр соли 1940 ба устод Айнӣ дар Самарқанд онро дар шакли Пазрӯд муаррифӣ кардааст. Шояд Бануҷи (яъне Панҷи Рӯдак)-и ишоранамудаи Самъонӣ кӯтоҳ гардида, аввал ба шакли Пазрӯд, сипас чун Падрӯд табдил ёфта бошад. Табдилёбии овози "з" ба овози "д" дар забонҳои гурӯҳи эронӣ маъмул аст. Вале ин гуфтаҳо фарзия ва тахмине беш нестанд, зеро асоси таърихӣ ва илмӣ надоранд.
Бояд ёдовар шуд, ки устод Айнӣ деҳаи Панҷрӯди дараи Киштутро ҷойи турбати Рӯдакӣ эътироф карда бошад ҳам, дар ҳамаи асарҳои таҳқиқотии худ деҳаи Рӯдак - зодгоҳи устод Рӯдакиро низ аз мадди назар дур накард ва дар байни деҳаҳои Панҷрӯд ва Рӯдак ҳамеша қаробат ва пайвастагӣ мебинад. Масалан, ӯ дар очерки "Канали Марғедар" (29 ноябри соли 1940) худ таассуроти сафараш ба ноҳияи Панҷакент аст, Панҷрӯдро ҷои қабри устод Рӯдакӣ ва деҳаи Рӯдаки Шингро зодгоҳи қофиласори адабиёти форсу тоҷик медонад. Ба ин пораи очерки устод Айнӣ таваҷҷӯҳ фармоед:
"-Шумо аз кадом қишлоқи Кулолӣ - пурсидам ман аз як одами тахминан шастсола, ки як харсанги яккубометриро бо мисрон ба танҳоӣ меғелонд.
-Ман аз Панҷрӯд!
- Аз қишлоқе, ки қабри устод Рӯдакӣ аз он ҷо ёфт шуд?
-Ҳо, аз худи ҳамон ҷо - гуфт он кас, - мо мазори Рӯдакиро "Мазори Уфорӣ" (Уфарӣ) мегӯем. Чунки он кас машшоқ буданд ва "Уфар"-ро нағз менавохтанд.
-Ман аз худи Рӯдак, - гӯён садо дод як каналчӣ, ки аз ҷои истодагии мо дар дуртар кор карда истода буд.
-Ман аз шунидани ин садо ба садодиҳанда наздик шудам. Ин одам тахминан панҷоҳсола буд. Лекин ин ҳам мисли як ҷавони пурзӯр бо ғайрат кор мекард.
- Шумо аз қишлоқи Рӯдак мебошед?-гуфта ман аз он одам пурсидам.
-Мо ҳамагӣ аз Шингдарё мебошем, Рӯдак ҳам аз мост,- гуфт он одам ва эзоҳ дод:
-Қалъаи Рӯдак дар болои кӯҳ аст, ки ҳозир дар он ҷо касе нест. Лекин нишонаҳои ҷӯйҳои об ҳаст, ки вайро Сойи Рӯдак меноманд. Мо якчанд хонавор то соли гузашта дар ҳамон сой зиндагӣ мекардем. Замини он ҷо ба мулки колхоз даромад, мо ҳам ба қишлоқе, ки дар он ҷо колхозчиён зиндагӣ мекарданд, - ба Шингдарё кӯчида омадем.
-Аз Рӯдак, аз ин ҳазор сол пеш Рӯдакӣ ном як шоири калон баромадааст!- шунидаед?
-Мо чорсад шутур доштани он касро ва машшоқ будашро аз бобоҳои худ шунида будем, ба наздикӣ шоири калон будани он касро шунидем.
-Мо ҳама авлоди он кас мебошем,- гуфт як колхозчии дигар бо оҳанги фахркунона.
-Вақте ки мо мо аз пеши онҳо дур мешудем, як каналчӣ овоз дод:
-Рӯдакиро нависед, лекин Шингдарёро ҳам аз ёд набароред. Ҳозир ҳамаи рӯдакиҳо дар Шингдарё мебошанд.

Ин тасодуф барои мо ман завқовар ва дилчасп буд... Ман имрӯз бо фарзандони устоди бузурги адабиёти классикии тоҷик, ки рӯйи дунё устодии ӯро тасдиқ кардааст, мусоҳиба карда истода будам. Ин ҳолат барои ман хеле завқовар ва ҳаловатбахш буд...". (Ниг. С. Айнӣ. Куллиёт, ҷилди 9, саҳ. 271-272).
Чуноне аз пораи очерки мазкур бармеояд, Айнӣ деҳаи Рӯдаки Шингро чун зодгоҳи Рӯдакӣ ҳисобида, таъкид кардааст. Дар робита ба ин ин гуфтан ҷоиз аст, ки тирамоҳи соли 1957 Кумитаи тадорукоти ҷашни 1100 солагии Рӯдакӣ ходимони Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, академикҳои оянда: Раҷаб Амонов ва Муҳаммадҷон Шукуровро барои ҷамъ кардани эҷодиёти шифоҳии мардум ба ноҳияи Панҷакент фиристод. Онҳо нақлу ривоятҳои гуногунро дар бораи Рӯдакӣ аз даҳони мардум ҷамъ оварда, соли 1958 дар қатори дигар маводи фолклорӣ ба номи "Намунаи фолклори диёри Рӯдакӣ" ба табъ расониданд. Мураттибони ин китоб дар муқаддимаи он аз ҷумла чунин навиштаанд:
"Деҳаи Панҷрӯд, Кулолӣ, Шинг ва Рашнаи поён ба номи Рӯдакӣ сахт вобастагӣ доранд. Дар байни Шингу Рашнаи поён Рӯдак ном деҳае ҳаст. Ҳоло мардуми Рӯдак ба деҳаҳои ҳамсоя: - Шинг ва Рашнаи поён кӯчида фаромадаанд, вале осори деҳаи Рӯдак ҳанӯз ҳам барҳам нахӯрдааст. Дар он ҷо боғу ҳавлиҳои нимвайрона, ҷӯйборҳо, дӯконҳои челонгарӣ, осиёҳо, қалъаи ҳокимнишин то ҳол боқист. Аҳли деҳи Рӯдак худро авлоди Абулҳасани Рӯдакӣ ҳисоб мекунанд ва дар бораи шоир чанде ривояту афсона низ дар хотир доранд, ки баъзе онҳоро мо дар ин маҷмӯъа дохил кардем. Дар байни аҳолии Рӯдак чунин ақидае ҳаст, ки Рӯдакӣ дар Рӯдак таваллуд ёфта, вале дар деҳаи Панҷрӯд вафот кардааст". (Ниг. Намунаи фолклори диёри Рӯдакӣ. Сталинобод, 1958, саҳ. 4).
Шодравон академик Аҳрор Мухторов низ чунин нуқтаи назарро ҷонибдорӣ намуда, қайд кардааст: «Дар илми ҳозира ба туфайли асарҳои Саъид Нафисӣ ва Абдулғанӣ Мирзоев исбот шудааст, ки нисбати Рӯдакӣ гирифтани шоир ба номи зодгоҳи вай алоқаманд аст. Бинобар ин, агар шоир Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд таваллуд ёфта, зодгоҳашро тахаллус интихоб карда бошад, мебоист худро Панҷрӯдӣ номад, на Рӯдакӣ.
Ба назар чунин мерасад, ки Рӯдакӣ дар деҳаи Рӯдаки водии Шинги райони Панҷакент, ки ба Самарқанд ба воситаи ағбаи Санги Ҷунбон нисбат ба Панҷрӯд наздиктар аст, таваллуд ёфта, дар деҳаи Панҷрӯди ҳамин район аз дунё чашм пӯшидааст. Яъне баъди дарбори Сомониёнро тарк кардан, Рӯдакӣ ба зодгоҳаш - деҳаи Рӯдакӣ барнагашта, бо сабабҳои ҳанӯз номаълум ба деҳаи Панҷрӯд омада, дар ҳамин ҷой аз олам гузаштааст. Ахбори Абусаъид Идрисии Ҳофиз, ки қабри Рӯдакиро дар ақиби бӯстони Панҷрӯдак воқеъ гуфтааст, ба ҳақиқат наздик аст» (Ниг. А. Мухторов. Ду мулоҳиза доир ба шарҳи ҳоли устод Рӯдакӣ. Дурдонаҳои маданияти Тоҷикистон дар ганҷинаҳои Ҳиндустон, Душанбе, Ирфон, 1984, саҳ 197-108).
Пас маълум мешавад, ки қазияи дар деҳаи Рӯдак зода шудани Рӯдакӣ ва дар Панҷрӯд дафн шудани вай аз мадди назари ин донишмандони мӯътабари тоҷик дур намонда будааст, вале афсӯс касе ба навиштаҳои онҳо таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир накард ва Рӯдак - зодгоҳи аслии Рӯдакӣ дар ҳолати гумномӣ ва фаромӯшӣ монд ва ин вазъ то ба имрӯз идома дорад.
Дар ин ҷо диққати хонандаҳои нуктасанҷро ба ин пораи нақли сокини деҳаи Панҷрӯд Усмон Бозоров ҷалб мекунем, ки дар китоби "Намунаи фолклори диёри Рӯдакӣ" дарҷ ёфтааст: "Моро авлоди "Муллоҳои ҳавоӣ" мегӯянд. Ҳафт пӯшти мо дар охири умр оҷиз шудаанд. Як хеши мо мулло Сайид қариб шастсола буданд, ки амъо (кӯр) шуданд, як хеши дигарамон - Соқибой ҳам ба 72-73 даромада, охир кӯр шуданд. Ин оҷизӣ аз аввали аҷдоди мо - аз мулло Абдулҳасан сар шудааст. Мулло Абдулҳасан бо як бародарашон омада будаанд. Бародарашон дар қишлоқи Яккахона, дар наздикии қишлоқи Артуч хок шудаанд. Худи мулло Абдулҳасан дар ҳамин Панҷрӯд дафн гардидаанд. Қабрашон дар пушти Майдони Малик, дар поёни ҷӯйи Раҳи Таг аст".
Сокини ҳамин деҳа Раҳим Бобо низ дар ин бора нақл карда, аз ҷумла чунин ёдовар шудааст: "Муллоҳои ҳавоӣ аз қишлоқи Уфор буданд. Уфор дар баландии болои қабр воқеъ будааст, хеле обод будааст, тарҳи хонаҳояш ҳоло ҳам намуда меистад. Бисёр уфориҳо машшоқу дуторӣ, хушзеҳн, хушовоз будаанд". Мураттибони китоб дар бораи деҳаи Уфор дар поварақ чунин маълумот додаанд: "Вайронаҳои ин деҳа тахминан панҷоҳ метр болотар аз Панҷрӯд воқеъ аст".(Ниг. Намунаи фолклори диёри Рӯдакӣ, Сталинобод, 195 саҳ. 16-17).
Аз нақли ин шахсон бармеояд ва худи онҳо тасдиқ мекунанд, ки авлоди "муллоҳои ҳавоӣ" ё "уфори"-и деҳаи Панҷрӯд, ки Абулҳасани Рӯдакиро бобову ҷадди худ меҳисобанд, таҳҷоӣ набудаанд. Ба гуфти онҳо мулло Абдулҳасан (ба қавли муҳаққиқон Абулҳасани Рӯдакиро дар назар доранд - Қ.С.), бо бародараш аз дигар ҷо омада, аввал деҳаи Яккахонаи Артуч, баъд деҳаи Уфори назди Панҷрӯдро макони сукунати хеш қарор додаанд. Сипас бо мурури замон авлоди онҳо деҳаи Уфорро тарк намуда, муқими деҳаи Панҷрӯд мешаванд. Аммо, мутаассифона, ин ду нафар аз кадом деҳа ба ин ҷо омадани сараҷдоди худ - Мулло Абулҳасанро зикр накардаанд. Ба андешаи мо шояд авлоди Мулло Абулҳасани Уфорӣ, яъне устод Рӯдакӣ аз деҳаи Шинг Рӯдаки Шинг ба ин ҷойҳо омада бошанд. Ногуфта намонад, ки аз рӯйи нақлу ривоятҳои мардумӣ аҷдоди сокинони деҳаи Зебон, Бедак, Хирсхона, Ҷонбулоқ, Новичомоқ, Оққутал, Ғезани поён, Шингак ва чандин гузарҳои шаҳри Панҷакент низ аз дараи Шинг дар замонҳои мухталиф кӯчида омадаанд. Шояд Рӯдакӣ ҳам дар аёми пирӣ баъди ронда шуданаш аз дарбори Сомониён дигар ба зодгоҳаш - Рӯдаки Шинг нарафта, сокини деҳаи Уфори Панҷрӯд шуда, дар пушти Майдони Малики ин ҷо дафн гардида бошад.

Дар китоби "Намунаи фолклори диёри Рӯдакӣ" аз забони сокини деҳаи Амондара Норқул Салоҳов чунин нақли аҷоиб оварда шудааст: "Моҳи июли соли ҷорӣ ба мақсади тамошо ба қишлоқи Шинг рафта будам... Холов Шарифмурод ном марди солхӯрда ҳикоя кард, ки амири Сомонӣ Рӯдакиро ба ҳузури худ даъват карда пурсидааст: -"Ту аз куҷо ҳастӣ?" Рӯдакӣ хандида ҷавоб додааст, ки "аз Рӯдаки рӯдагардан, Турои турнагардан, Шарраку Қазноқи қазнагардан". Туро - кӯҳест, ки дар наздикии қишлоқи Рӯдак воқеъ шуда, Шарраку Қаноқ ҷойҳои овулнишине буданд, ки дар болои ҳамон қишлоқ воқеъ шудаанд". Ногуфта намонад, ки дар мавзеъи Сойи Рӯдак Ҷӯйи Абулҳасан, Осиёби Абулҳасан, Ҷувозхонаи Абулҳасан мавҷуд аст. Шояд ин ҷӯй, осиё, ҷувозхона бо ташаббуси устод Абулҳасани Рӯдакӣ бунёд ёфта бошанд. Пайдоиши ин номҳо хеле аҷиб аст ва дар оянда таҳқиқоти ҷиддиро тақозо дорад.
Ривояти дигаре, ки диққати рӯдакишиносонро ба худ аз ҳама бештар мекашад, он аст, ки девони Рӯдакӣ то ба имрӯз дар дасти сокинони деҳаи Шинг маҳфуз аст. Зодаи дешаи Шинг, шахси донишманд Бобораҷаб Ёрови навадсола зимни сӯҳбат ба муаллифи ин сатрҳо нақл кард, ки гӯё девони Рӯдакӣ дар дасти амакаш мулло Абдусамад будааст ва баъди вафоти он кас китоби мазкур чун мерос ба писараш Муҳаммад мерасад. Сокини ҳамин деҳа, яъне Шинг мулло Яҳё девони Рӯдакиро барои мутолиъа мегираду барнамегардонад. Соҳиби китоб ва чандин ашхоси мӯътабар аз он кас хоҳиш мекунанд, ки китобро ақаллан як бор нишон диҳад, то ки нусхабардорӣ кунанд, аммо, мутаассифона, ӯ бо баҳонае, ки гӯё шахсе аз деҳаи Фароб онро гирифта барнагардонидааст, хоҳиши онҳоро рад мекунад. Камина, нависандаи ин сатрҳо, соли 1998 бо писари мулло Яҳё - мулло Масеҳо чанд бор мулоқот карда, аз ӯ хоҳиш кардам, ки дар бораи қазияи девони Рӯдакӣ мулоҳизоти худро қатъӣ баён намояд, вале мутаассифона, ӯ ин ривоятро на тасдиқ ва на инкор намуд. Бинобар ин, гуфтан мумкин аст, ки шояд ин ривоят асос дошта бошад ва дар оянда девони Рӯдакӣ ёфт шавад.
Дар ин бора ривоятҳо хеле зиёданд. Аз ҷумла номзади улуми таърих Усмон Эшонқулов зимни сӯҳбат ёдовар шуд, ки модаркалонаш Райҳонгул нақл мекардаанд, ки шоири мардумии охири қарни нӯздаҳ ва аввали қарни бист Муҳаммади Кӯҳӣ аз деҳаи Ворӯйи Панҷакент девони Рӯдакиро дар даст дошта, ба ҳамдиёронаш ашъори ӯро хонда медодааст. Мувофиқи нақли ӯ гӯё Рӯдакӣ аз лаби дарё тахтасанги сафедеро оварда, ба мардуми ҳамдиёраш гуфта будааст, ки баъди фавташ қабрашро бо он пӯшонанд.
Тобистони соли 1999 камина, муаллифи ин сатрҳо, ба дараи Шинги Панҷакент сафар карда, деҳаи Рӯдакро дидан намудам, ки ҳоло дар он ҷо касе зиндагӣ ба сар намебарад, зеро сокинони онро солҳои сиюми қарни гузашта ба деҳаи Раҳмакони Шинг кӯчонидаанд. Дар деҳаи Рӯдак мавзеъеро бо номи мазори Рӯдакӣ ба ман нишон доданд. Роҳбалади ман Раҳматуллоҳи Карим ёдовар шуд, ки бибиаш Гулмалик Хоҷаева, ки соли 1978 дар синни навадсолагӣ вафот кард, борҳо нақл кардааст, ки гӯё пеш аз Инқилоби Бухоро дар ин мазор тахтасанги на он қадар калоне будааст, ки дар рӯйи он ба хати зебои форсӣ чунин байт сабт ёфта будааст:
Рӯдакӣ, аз шеъри рӯҳафзои ту,
Бе такаллуф бӯйи ҷон ояд ҳаме.

Солҳои бистум ё сиюми қарни бист ба қавли ӯ гӯё он тахтасанги катибадор зери хоку лойи сел мондааст. Ба қавли вай ин байт гӯё мақтаъи қасидаи "Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён"-и Рӯдакӣ будааст. Мо алҳол гуфта наметавонем то кадом дараҷа ин ривоят ҳақиқат дорад ва байти мазкур аз лиҳози шеърият, сабк ва ё истифодаи санъатҳои бадеъӣ ба устод Рӯдакӣ мутааллиқ аст ё шояд шоири дигаре ин байтро гуфта бошад? Ҳангоми пажӯҳиш дар як ғазали Ҷалолиддин Румӣ, ки чун назира ва татаббӯъ ба қасидаи "Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён" гуфта шудаасту Мавлоно баъзе таъбироти Рӯдакиро, амсоли "ёри меҳрубон", "то миён", "парниён" истифода бурдааст, ибораи "бӯйи ҷон"-ро дучор омадам:
Бӯйи боғу гулистон ояд ҳаме,
Бӯйи ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Аз нисори гавҳари ёрам маро,
Оби дарё то миён ояд ҳаме.
Бо хаёли гулситонаш хорзор,
Нармтар аз парниён ояд ҳаме.
Аз дару деворҳои кӯйи дӯст,
Ошиқонро бӯйи ҷон ояд ҳаме…

Аз ин рӯ, тахмин кардан мумкин аст, ки шояд ин байт аз они Рӯдакӣ бошад. Ба ин нукта пажӯҳишгарон ва муҳаққиқон бояд ба таври илмӣ равшанӣ андозанд. Вале як нукта мусаллам аст, ки ин мавзеъ, яъне Рӯдаки дараи Шинг бо номи устоди бузурги адабиёти форсӣ Рӯдакӣ пайванди мустаҳкам дорад ва гирдоварии ривоят ва қиссаву афсонаҳои мардумӣ дар бораи шоир ва омӯзишу таҳқиқи онҳо аз аҳамият холӣ нест. Тасаввур кунед, ки ҷустуҷӯҳои минбаъда самараи нек диҳанду яке девони Рӯдакӣ ёфт шавад, дар доираи илми шарқшиносии ҷаҳон чун бозёфти Кӯҳи Мӯғ ҳангомае бармехезад.
Дар ин ҷо як нуктаро бояд таъкид кард, ки дар деҳаҳои Шинг, Рашнаи поён, Падрӯд, Кулоливу Панҷрӯди Панҷакент ва ғайра кунияти Рӯдакиро Абулҳасан ном мебаранд. Бисёр тазкиранависон, аз ҷумла Давлатшоҳри Самарқандӣ кунияти шоиро Абулҳасан гуфтаанд. Академик А. Мирзоев менависад:
"Саъид Нафисӣ дар осори худ хеле ахбори дар ин бора баёнкардаи сарчашмаҳоро нақл карда, бинобар кӯҳнатар будани ахбори Самъонӣ сухани ӯро дурустар мешуморад. Ба ин фикр асосан мумкин аст ҳамроҳ шуд. Вале дар сурате, ки тақрибан дар мудати 470 сол кунияи шоир бо унвони Абулҳасан низ давом карда омадааст, мо ҳоло бидуни далели қатъӣ онро тамоман партофта наметавонем. Муаллифоне, ки ин куниятро қабул кардаанд, шояд ҳуҷҷатҳое дошта бошанд". Устод Садриддин Айнӣ низ дар ҳамин ақида аст ва Рӯдакиро дар асарҳои таҳқиқотии худ борҳо Рӯдакиро бо кунияти Абулҳасан ном бурдааст.
Ҳамин тариқ, устод Айнӣ дар натиҷаи саъю кӯшиш ва такопӯву ҷустуҷӯ баъди гузашти беш аз ҳазор сол қабри устод Рӯдакиро пайдо кард, ки ин кашфиёт аз ҷониби кулли донишмандони ҷаҳон эътироф гардид ва ба ҳукми тақдир имрӯз ба гуфти ҳамдиёри ӯ Камол Насруллоҳ марқади устоди шаҳир, қофиласолори адабиёти бузурги форсӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар як гӯшаи зебоманзари диёри тоҷикон чун рамзи рӯҳи волои миллат қомат афрохтааст:
Рӯҳи ӯ бо ҳукми қисмат ин замон,
Ҷой дорад дар мазори Панҷрӯд.
Дар бари домони кӯҳи Булбулон,
Дар канори лолазори Панҷрӯд…
Рӯдак. Дар ин ном маъниҳои хеле амиқе нуҳуфтааст. Мо бояд ин деҳаи таърихиро аз хотир набарорем. Охир дар ин "сарзамини камзамин" шоири бузург Абуабдуллоҳ (Абулҳасан) Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ чашм ба олам кушода, нахустин хиштҳои адабиёти порсии дариро дар замони салтанати миллии тоҷикон - Сомониён гузоштааст. Хеле хуб мешуд, ки сокинони аслии Рӯдакро, ки солҳои сиюми қарни гузашта ба деҳаи Раҳмакони Шинг муҳоҷир карда шуда буданд ва ҳар сол аз офати сел сахт зарар мебинанд, ба зодгоҳи аслиашон баргардонему ин мавзеъи бостониро аз нав ободу зебо созем.
Ҳангоме ки кас дар фасли баҳорон ба деҳаи Рӯдак меояд, манзараҳои зебову нотакроро мебинад. Табиъат бо ҳазорон рангубӯ назаррабоӣ мекунанд. Булбулакон чаҳ-чаҳ мезананд. Кӯҳҳои салласафед чун мӯӯсафедони нурониву бовиқори тоҷик ёде аз бобои Рӯдакӣ мекунанд. Ҷӯйи Абулҳасани Рӯдакӣ аз миёни Сойи Рӯдак нуқрасон аз байни гулу гиёҳҳои хушбӯй ҷорист. Вақте аз он як каф оби лаззизу гуворро меошомӣ, пораи шеъри ҷонпарвари Пири шоирони Аҷам устод Рӯдакӣ ба ёдат мерасад:
Зи оби ҷӯй ҳар соъат ҳаме бӯйи гулоб ояд,
Дар он шӯстаст пиндорӣ нигори ман рухи гулгун.
Бисёр мехостам ба муносибати 1100 солагии давлати Сомониён (соли 1999) дар деҳаи Рӯдаки Шинг лавҳаи ёдгоре гузошта мешуд. Зеро Рӯдакӣ рамзи бузургии тамаддуни аҳди Сомониён аст. Ибни Ямин барҳақ фармудааст:
Зи шоир зинда мемонад ба гетӣ ном шоҳонро,
Фурӯғ аз Рӯдакӣ дорадчароғи дудаи Сомон.
Вале афсӯс, ки ин корро накардем. Инак, 1150 - умин солгарди зодрӯзи устод Рӯдакиро таҷлил мекунем ва бисёр мехостам, ки ин дафъа ҳам зодгоҳи аслии ӯ - деҳаи Рӯдакро аз хотир набарорем, адолати таърихиро барқарор созем ва ба ин муносибат санги ёдгоре дар он ҷо бигузорем. Ба андешаи инҷониб ҳамин кори хайрро мо - тоҷикон чун дигар миллатҳои мутамаддин ба ҷо биёрем. Ҳофизаи таърихӣ барои мардуми ранҷкашидаи мо аз ҳарвақта дида алҳол заруртар аст, то худро бишиносем ва дар саҳнаи таърих чун манқуртони бе ному насаб сарсону саргардон намонем. Гузоштани лавҳаи хотира дар деҳаи Рӯдак чун зодгоҳи устод Рӯдакӣ ба ҳеҷ ваҷҳ обрӯву эътибор ва маҳбубияти деҳаи Панҷрӯдро кам нахоҳад кард. Зеро устод Рӯдакӣ дар деҳаи Рӯдаки Шинг зода шуда, дар деҳаи Панҷрӯди Киштути Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хок шудааст ва турбаташ он ҷост. Ин ду мавзеъ чун ду гавҳараки чашм барои мардуми тоҷик ва форсизабони олам муқаддас мемонад.
Бисёр мехоҳам деҳаи Рӯдакро ободу маъмур ва дар харитаи сайёҳии водии Зарафшон бубинам, то ки ҷаҳонгардони ватаниву хориҷӣ на танҳо дар дараи Шинг мӯъҷизаи зебои Худованд - Ҳафткӯли нозанинро тамошо кунанд, балки лаҳзае Рӯдаки бостониро низ дидан кунанд. Дар ин ҷо ҳар санг, ҳар гиёҳ, ҳар дарахт, ҳар чашма бо забони безабонӣ аз рӯзгор ва корномаи Одамушшуъаро Рӯдакии соҳибқирон қисса мекунад. Ба қавли Гулрухсор:
Атри Ҷӯйи Мӯлиёну накҳаташ,
Мо зи шеъри Рӯдакӣ бӯйидаем.
Мо ҳама аз оби Рӯдак хӯрдаем,
Мо зи дарди Рӯдакӣ рӯйидаем.


Қиёмиддин САТТОРӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97