АДАБИЁТ ВА МАСОИЛИ МИЛЛӢ

Фарҳанг ва адаб 06.02.2009 14:09

Муҳимтарин бахши адабиёти ҳар миллат осоре ба шумор меояд, ки дар он дар баробари риъоят ва таъмини меъёрҳои пазируфтаи ҳунарии адабӣ ҳамчунин муҳимтарин масоили ҳаётӣ ва таърихиву фарҳангии миллат баррасӣ шуда, соҳибони ин осор барои ҳаллу фасли ин масоил ба воситаи қареҳа ва даҳои адабии худ кӯшиш ба харҷ дода бошанд.

ИСТИЛОҲИ "АДАБИЁТИ МИЛЛӢ"

Истилоҳи "адабиёти миллӣ" агар ба эътибори адабиёти иҷтимоии муассир дар зиндагии иҷтимоии як миллат бошад, пас решаҳои чунин адабиёт дар ҷомеаи тоҷикро метавон аз даврони ба истилоҳ "маорифпарварӣ" ҷӯё шуд. Агарчи адабиёти беш аз ҳазорсолаи форсӣ-тоҷикӣ бе нақши иҷтимоъӣ набуд ва ба ҷиддият масоили муҳими иҷтимоъӣ ва башариро матраҳ мекард, вале мухотаби он афрод (нухбагон) буд, на ҷомеа ва хитоб ба ин афрод ҳам сурати муназзам ва барномаӣ надошт, чунон ки масалан, нависанда аз қабл тасмим гирифта бошад, ки асари вай барои чи гурӯҳе аз мардум аст ва оё ин гурӯҳ, ки мухотаби вай қарор гирифтааст, амалан то чӣ ҳад метавонад аз мазомин ва матолиби асари вай баҳраёб гардад. Мухотаб куллӣ буд ва нависанда ба салоҳият ва имони вай умедвор буд ва дар хатми асараш аз вай дуои хайр мехост. Ин асл ҳатто дар бузургтарин ҳамосаи миллии ориётаборон, ки "Шоҳнома"-и безаволи Фирдавсӣ аст, мушоҳида мешавад. Фирдавсӣ пас аз он ки ба ифтихор хитоб мекунад, ки:

Басе ранҷ бурдам дар ин соли сӣ,

Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

Мегӯяд:

Ҳар он кас, ки дорад ҳушу рою дин,

Пас аз марг бар ман кунад офарин.

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.

Яъне агарчи ин ҳамосаи миллии ориётаборон аст, вале мухотаби Фирдавсӣ дар маҷмӯъ инсони мунсиф ва дорои завқи адабӣ ва басирати башарӣ аст, ки метавонад дар ҳар ҷое аз ҷаҳон маскун бошад. Аз сӯйи дигар Фирдавсӣ аз ибтидо қасд ҳам накардааст, ки ин асар василаи тарбият ва парвариши донишу завқи як қавм ё як гурӯҳи хос бошад. Ҳамчунин бар пояи ин асл ва ин нигариш аст, ки соҳибони чунин осори ҷомеъ ва комил, то он ки ба баёни афкор ва матолиби хоси худ бипардозанд, лозим донистаанд, ки пешзаминаи ин афкорро ба сурати таъбири вижае аз фалсафаи зуҳури олами ҳастӣ ва таҳаввули он тарсим намоянд. Аз ин ҷост, ки Фирдавсӣ пас аз таъкид бар асолати диниву имонии худ бар пояи ислом, аз пайдоиши ҷаҳон ва нахустин падидаҳои зиндагии иҷтимоъӣ сухан ба миён меорад ва нахустин мулук ҳам дар "Шоҳнома" дар маҷмӯъ нахустин касон аз афроди башар ҳастанд, ки расми мулукиятро бино ниҳодаанд, ва зерсохтҳои моддӣ ва фарҳангии зиндагии иҷтимоъиро дар миёни башар эҷод кардаанд.

ТАЪСИРИ ФИРДАВСӢ БА ПУШКИН

Дар як муқоисаи иҷмолии ҳамин манзумаи пурифтихори Фирдавсӣ бо шеъри "Кохи ёдгор"-и Александр Сергеевич Пушкин - бунёнгузори адабиёти класики Рус, ки дар офариниши он басароҳат таҳти таъсири каломи Фирдавсӣ қарор дорад, метавон ба тафовути боризи дидгоҳҳо аз назари маҳдудаи мухотабин ва интизори нависанда пай бурд. Мухотаби А.С. Пушкин миллати Русия аст ва ҳатто дар мақоми муболиға ҳам интизораш аз истиқболи ақвоми кӯчӣ ва бесаводи ҳамин Русия мебошад, на хориҷ аз он. Ва шоир умед дорад, ки "напӯшонад алаф роҳи мардумро бар ин маҳзар, ва шеъри ӯро ҳатто қалмиқи биёбондӯст, ки яке аз ашираҳои бесаводи паҳнаи имперотурии Русия ҳаст, рӯзе бихонад". Албатта метавон гуфт, ки беш аз ашъори Пушкин "Шоҳнома" ҳамосаи миллиии ростини ақвоми ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон шуд, аммо ин баҳси дигаре, ҷудо аз мавзеъ ва дидгоҳи иҷтимоии худи суханварон аст.

ЗАБОНИ ФОРСӢ УНСУРИ МИЛЛӢ

Бидуни тардид, суханварони ояндаи форсизабон, ин навъ таърифу таъбир аз ҷаҳони ҳастиро дар чаҳорчӯби нисбатан мушаххасе, ки онро метавон бо ҷаҳонбинии исломӣ айният дод, ба унвони бистари афкори мутаолии худ пардохтаанд ва дар ин миён унсури вижае, ки хосияти миллӣ ва қавмии осори онҳоро таъмин кардааст, зоҳиран забон будааст - забони форсӣ. Аммо аз назари дидгоҳ ва мавзеъи иҷтимоъӣ ҳамоно адиб дар миёни мардум, аҳли ҷоме¬ъа ва нухбагони он ба сурати восита ва шафеъ амал мекардааст, ва агар ба хотири хидмат ба ҷомеа ва инсонҳо нақшеро ба худ ихтисос медода ҳамин будааст, ки ҳаққи мардум, халқи худойро ба ёди нухбагон биёрад ва ононро ба адои ин дайни илоҳӣ фаро бихонад ва мардум дар ин миён монанди як қишри маъзур ва маъсум муаррифӣ мешавад, ки камтар мавриди хитоби мустақими адиб қарор гирифтааст. (Халқ ҳама яксара ниҳоли худоянд… Носири Хусрав). Ё тамсили машҳуру мукарраре, ки "султон шубон асту раият рама". Ин нукотро дар осори ҳамаи шуарои пешин ба хусус Носири Хусрав, Саъдӣ ва дигарон ба вузӯҳ метавон мушоҳида кард. Ҳатто дар қасоиди Рӯдакӣ он гоҳ, ки шоир дар силсилаи авсофи мамдӯҳи худ - амири сомонӣ аз дидгоҳи ислом назар мекунад, адли ӯ ба мардумро меъёр ва мелоки аслии исломияти мамдӯҳи худ қарор медиҳад:

Боз ба ҳангоми доду адл бари халқ

Нест ба гетӣ чун ӯ набилу мусулмон.

Шояд битавон гуфт, ки хитоби мустақим ба мардум ва аҳли ҷомеаи рӯзгор аз мавзеъи ҷаҳонбинии исломӣ дар асрҳои баъдӣ дар осори Мирзо Абдулқодири Бедил барҷастатар ба назар мерасад. Дар ин мухтасар имкони он нест, ки ба мизони огоҳиҳои мардуми рӯзгори Бедил ва ҷомеаи он даврон аз маорифи ростини исломӣ бипардозем, вале дар пораҳое аз осори ин шоири мутафаккир ба вузӯҳи тамом мушоҳида мешавад, ки шоир дигар танҳо як восита ва шафеъ миёни "халқи худой" ва нухбагону ҳукком нест, балки рӯйи сухани ӯ ба сӯйи мардум аст ва мустақиман ба мардуми оддӣ хитоб мекунад ва ононро ба худшиносӣ ва фаъолият ва ҳатто қиёму ситез дар баробари зулм фаро мехонад:

Ҳиммат ҳар ҷо беш кунад кореро,

Душворӣ нест ҳеч душвореро.

Якчанд фалоҳатӣ ба кӯшиш печад,

Холӣ созад зи санг кӯҳсореро.

ё:

Золим пӯшад либоси хунбофтаро,

То зер кунад хасми забунёфтаро.

Бо сангдилон шиори худ сахтӣ кун,

Бардор ба оҳан оҳани тофтаро!

ТАЪСИРИ БЕДИЛ БА ФАРҲАНГИЁНИ ҚАРНИ 19

Мавқеъе, ки ба баррасии заминаҳои афкори иҷтимоъӣ ва маорифпарварии саромади неҳзати маорифпарварии Бухоро Аҳмад Махдуми Дониш мепардозем, ногузир ба ин натиҷа мерасем, ки эшон беш аз ҳама аз осор ва афкори Мирзо Абдулқодири Бедил мутаассир будааст, на танҳо Аҳмад Махдуми Дониш, балки тамоми ҷомеаи фарҳангии Бухорои қарни 19 шадидан таҳти таъсири афкори Бедил қарор дошта ва осори ин суханвари тавоно, чи аз назари завқу салиқа ва сабки суханварӣ ва чи аз назари орову афкор фазои илмиву фарҳангии он давронро дар иҳотаи комили худ қарор додаст. Мутаассифона, то кунун ба ин падида танҳо аз буъди зоҳирӣ ё худ формализми маҳз назар шуда ва ҳатто гоҳо ин раванд чун як падидаи манфӣ ва формалистии маҳз муаррифӣ гардидааст. Ба назар мерасад, ки дар сурати баррасии муфассал ва илмии ин падида метавон саринахи аслии тасалсул ва таҳаввули андешаи адабии исломии Мовароунаҳрро ба хусус дар марҳалаи иҷтимоъӣ ва мардумгаро шудани он ба даст овард. Иҷмолан, қобили ёдоварист, ки нахустин рӯзномаи форсизабон дар Бухорои Шариф бо унвони "Шӯълаи инқилоб" дар сархати нахустин сафҳаи худ ин рӯбоии Бедилро мунташир карда буд:

Эй лафзи куҳан ту маънии тоза барор,

Эй ҳусни фасурда, андаке ғоза барор.

Бигсил раги мабҳаси ҳудусу қидамат

В-ин риштаи куҳнаро зи шероза барор.

ВОҚЕЪГАРОН

Ончи ин ҷо ба таври барҷаста зоҳир мегардад, ба ғайр аз падидаи иҷтимоъгароӣ ва мардумгароӣ боз як падидаи дигар - воқеиятгароӣ аст, ки муҳимтарин ваҷҳи муштарак миёни осору афкори Мирзо Абдулқодири Бедил ва маорифпарварони Бухоро, ба вижа Аҳмад Махдуми Дониш мебошад. Дониш ҳатто шефтаву мафтуни воқеънигарӣ ва воқеънигории Бедил аст. Ба ҷуз он ки дар сартосари осори Аҳмад Махдуми Дониш шеваи тафаккур ва сабку салиқаи Бедил (ба хусус қотеъона ва бо ҳарорат) сухан гуфтан мушоҳада мешавад ва Аҳмади Дониш зимни иқтибоси каломи манзум ва мансури Мирзо Абдулқодири Бедил аз эшон бо унвонҳои пурифтихор ва мӯҳтарамонаи Абулмаонӣ ва Халлоқулмаонӣ ёдоварӣ менамояд, ба ҷуз он ки ҳатто даст ба коре дар муҳити Бухорои қарни 19 истисноӣ зада, мусаввараи (портрети) Мирзо Бедилро наққошӣ кардааст, дар муҳимтарин асари худ "Наводир-ул-вақоеъ" фасли махсусеро ба тафсири абёти маънавии Бедил ихтисос дода, дар зимн бо афсӯс ёдоварӣ менамояд, ки; "…дар замони мо муошараву муколама, дарёфти маъонии абёти дақиқа билкулл барҳам хӯрда буд ва ҳимматҳо ҳама масруфи таҳсили обу нон шуда. Гоҳе ки мардуми маънирас ба ҳам бармехӯрданд, имтиҳонро аз ҳамдигар чизе аз маъонии байтҳо мепурсиданд, ба фикри он, ки бубинам то чи мегӯяд. Бисёр буда, ки ончи масъулун анҳу гуфта намефаҳмиданд, аммо ба нифоқ саре меҷунбонданд ва иқбол бар дурӯғ мекарданд…". Дониш пас аз ин муқаддимаи муҷмал ба тафсиру таъбири муфассали чанд байти пурмаънои Бедил мепардозад ва аз онҷо, ки муроди аслияш ба ҳар роҳе такон додан ва бедор кардани бехабарон ва ҳушёр кардани махмурони бодаи ғафлат ҳаст, дар поёни ин сӯҳбат байти баландеро аз Бедил иқтибос ва шарҳеро, ки комилан ҳамоҳанг бо бақияи баёноти худи ӯст, дарҷ мекунад: "Дигар, Булмаонӣ:

Ба пастӣ то намонад шавқ, ҷаҳде кун, ки хун гардӣ:

Чу об ойинадори ранг гардад, пар бурун орад.

Мурод аз пастӣ ҳолатест, ки тарафи нуқсу камоли он мусовӣ бошад. Шавқ - киноя аз ҳаракату талаби камол аст. Хун гаштан - мустаъид шудан аст барои иртиқои мадориҷи камол. Чунон ки ағзия дар вақте, ки аз замин мерӯяд, чизест, ки орист аз сифати нуқсу камол, балки ҷиҳати нуқс ғолибтар аст, ки аз аклаш (хурданаш) зарар мутаваққиъ бошад. Ба шавқу талаби нумувв қобилияти ғизоӣ ҳосил мекунад ва ба илтизоми ҳаҷми каср хун мегардад ва чун хун гашт салоҳияти он пайдо мекунад, ки дар аъзову ҷавориҳи ғозӣ сориву ҷорӣ шуда, боиси нашвунумӯъи қувои зоҳириву ботинӣ гардад, ки маърифати ҳақоиқи ашё вобаста бар он аст.

Пас, ту, ки гиёҳе заъиф дар мазраъи офариниш рустаӣ ва нуқсу камолат мусовӣ аст, балки нуқси ту аз ҷиҳати таркиб ғолибтар аст, аз шавқу талаб даст мадор ва ба муҷарради вуҷуд ҳамчу соири ҳайвонот қониъ мабош ва ҷаҳде кун, ки истеъдоди камолот ба ҳам расонӣ, ки дар сифати эҷод ҳама ҳайвонот то ҷамодот бо ту баробаранд. Намебинӣ дар об, ки ҷавҳаре басит асту суфлӣ бинобар сиқл ҳамеша моил ба пастӣ аст, вақте ки ойинадори ранг шавад ва ба шавқу талаби нумувв ва рутбаи ъолӣ ҳулул дар ҷисм кунад, пар бурун меорад ва аз либоси азҳору ашҷор сар ба ҳаво мекашад ва аз рутбаи суфлӣ мартабаи улвӣ меёбад…

Хулоса, ба ҳоле ки дорӣ, қаноъат макун ва ҷаҳд куну толиби камол бош ва ба пастиҳову музахрафоти данияи фония қонеъ мабош, ки дараҷотулаброру даракотулаҳрор…".

Ҳарҷо ки Дониш дар тафсир ва таъбири осори қудамо хома меронад, ҷаҳдаш бар он аст, ки мазомини ҳушдордиҳанда, ҳушёркунанда ва барангезонандаеро манзур созад. Дар таъбиру тафсири оёти Қуръони маҷид ва аҳодиси шариф ҳам манзури аслии Дониш ҳамин аст ва талош мекунад, то он ҳикматҳои қуръониро, ки инсонҳоро ба касби камол ва саъй дар умури солиҳи дунявӣ фаро мехонад ва аз ғафлат дар умур ва ҳикмати олами ҳастӣ ва ҳаводиси табиъӣ барҳазар медорад, гӯшзад намояд ва бад-ин тартиб афкори муслиҳонаи худро дар тамоми абъоди маънавии ҷомеаи худ ҷорӣ месозад.

(Идома дорад)


Рустами ВАҲҲОБ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97