МУСАЛМОНОН ДАР АМРИКО

Фарҳанг ва адаб 27.02.2009 13:56

Дар солҳои охир Ислом дар низоми байналмилалӣ ба як нуқтаи қудрати бузург мубаддал шудааст. Тақрибан аз нимаи дувуми садаи 20 нуфузи мусулмонон аз ҷанбаи сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва минтақавӣ афзудан гирифт. Дар се даҳсолаи ахир дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷойгоҳи Ислом ва мусулмонҳо дар корҳои байналмилалӣ таҳлилу баррасӣ ёфта, боиси нигаронии баъзе афроду гурӯҳҳои алоҳида дар ин кишварҳои демократӣ гардидааст.

Новобаста ба ин Борак Обама писари Ҳусайни кениягӣ, ки мусулмон будаву ба Амрико рафтааст, феълан раисҷумҳури ИМА интихоб гардид. Бо умеди онки ҷаноби Обама ба мусулмонҳо ва умуман олами Ислом нигоҳи тоза хоҳад дошт, дар ин мақола мухтасар дар бораи мусулмонони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико менависем.

НАЗДИКИ ДАҲ МИЛЛИОН МУСУЛМОН ДАР АМРИКО

Тибқи сабтномаҳои омори давлати ИМА дар солҳои 1820 то 1965 аз кишварҳои мусулмоннишин ба Амрико беш аз 517 ҳазор нафар муҳоҷират кардаанд. Аксарияти мусулмонҳои муҳоҷир аз кишварҳои атрофи Балкан, Туркия ва Ҳиндустон (бо шумули Покистону Бангладеши имрӯза) буданд. Аз соли 1966 то 1980 ин теъдод ба беш аз 865 000 афзоиш ёфта, тибқи омори давлати Амрико дар ҳудуди 3 миллиону 300 ҳазор нафар аз кишварҳои мусулмоннишин ба сарзамини ИМА муҳоҷират кардаанд. Аз рӯйи тартиб мусулмонони амрикоӣ аз кишварҳои арабӣ, Ирон, Покистон, Ҳинд, Бангладеш, Тунис, Африқои шимолӣ, Албания, Босния ва Ҳерзеговин мебошанд. Албатта аз дигар кишварҳои мусулмонӣ, минҷумла аз Осиёи марказӣ, муҳоҷирон ҳастанд, аммо теъдоди онҳо зиёд нест. Дар соли 1997 теъдоди афғонҳои муқими ИМА наздик ба 14000 будааст. Ҷамъияти мусулмонон дар ИМА беш аз 6 миллион ва на кам аз 9 миллион тахмин зада мешавад.

КАШФИ АМРИКО ВА САҲМИ

ДАРЁНАВАРДОНИ МУСУЛМОН

Соли 1492-и милодӣ Христофор Колумб (Christophor Columbus) дар ҷустуҷӯи Ҳиндустон ба Амрико расид ва ин қитъаи дунё "кашф" гардид. Дар сарчашмаҳои гуногун омадааст, ки дар ин сафари дарёӣ дарёнавардони мусулмон ба Колумб ёрӣ кардаанд. Аз сафаҳоти иаърихи Испониё мехонем, ки ҳамагӣ як муддати кӯтоҳ пеш аз кашф шудани Амрико дар сарзамини Испониё ва атрофии он тамаддуни исломӣ (дар Андалус) ба авҷи гулгулшукуфӣ расида буд ва мусулмонон дар риштаҳои ҷуғрофиё, таърих, нуҷум, риёзиёт, баҳрнавардӣ, нақшабардорӣ ва илмҳои дигар маҳорату шӯҳрати беандоза доштанд.

Дар китоби "Мусулмонон дар кишварҳои ғайриисломӣ", ки иборат аз маҷмӯи мақолоти донишмандони мусулмон мебошад, оварда шудааст: "Фарзияи муътабаре, ки аз тариқи бархе аз таърихнависону донишмандон ироа шудааст, ҳокӣ аз он аст, ки ҳадди ақал ду қарн пеш аз кашфи қораи Амрико тавассути Колумбус мусулмонони шибҳиҷазираи Испониё ва қораи африқо муваффақ шуданд ба қораи Амрико даст ёфта, ва ҳатто ба аҳолии бумии онҷо омезиш дошта бошанд".

Мусулмонон дар Испониё пас аз ҳафт қарни давлатдорӣ дар ин кишвар, соли 1492-и милодӣ, замоне ки пароканда ва чанд даста шуданд, охирин шаҳри худ - Ғарнота (Гренада)-ро аз даст доданд ва зану шавҳар: Изабелла ва Фердинанд бо ёрии дигар шоҳони аврупоӣ Испониёро таҳти тасарруфи худ оварданд. Аз он замон мусулмонон аз Испониё ва Пуртағол (Португалия) ронда шуданд ва ба нақши мусулмонон дар иктишофи қораи Амрико дар адабиёти Аврупо дигар таваҷҷуҳ нашуд.

ҲОҶӢ АЛИИ ШУТУРПАРВАР ВА ОҒОЗИ

МУҲОҶИРАТИ МУСУЛМОНОН БА АМРИКО

Муҳоҷирати мусулмонон ба қораи Амрико дар якчанд марҳала анҷом гирифтааст. Соли 1856 лашкари савораи Амрикои Шимолӣ (Иёлоти Муттаҳида) шахси мусулмоне бо номи Ҳоҷӣ Алиро барои парвариши уштур дар иёлатҳои Аризона ва Калифорния истихдом карда, ба Амрико оварданд ва дар ниҳоят ӯ муқими Калифорния гашт. Вале аввалин гурӯҳи муҳоҷирон аз кишварҳои исломӣ ба Амрико байни солҳои 1875 ва 1912, пас аз ҷанги дохилии Амрико рафтанд. Аксари ин муҳоҷирон аз Сурия, Урдун, Фаластин ва Лубнон буданд ва бешубҳа аксари онҳо арабҳои масеҳӣ ва таҳсилдидагони мадориси миссионерҳои насронӣ будаанд. Марҳалаи дигар пас аз ҷанги авали ҷаҳонӣ ва суқути империяи Усмониҳо рух дод. Дар ин давра ба иллати саҳмиябандии миллиятҳои мухталиф дар қонуни муҳоҷирати ИМА теъдоди муҳоҷирони мусулмон кам мебошад. Давраи саввуми муҳоҷирати мусулмонон ба Амрико солҳои сиюми садаи бист оғоз гардид. Дар ин давра қонуни муҳоҷирати ИМА ба мусулмонони муқими ин кишвар иҷоза дод, ки аъзои хонаводаи худро ба Амрико даъват кунанд. Марҳалаи чаҳоруми муҳоҷирату иқомати мусулмонон аз замони хотимаи ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ то солҳои шастуми садаи мазкур гуфта мешавад. Аксарияти мусулмононе, ки дар ин давра ба Амрико рафтанд ва муқим шуданд, тоҷирону донишҷӯён буданд ва ангезаи аслии онҳо иқтисодӣ, фарҳангӣ, омӯзишӣ ва иҷтимоӣ буд. Соли 1965 дар қонуни муҳоҷирати ИМА тағйироти ҷиддӣ ба амал омад ва мутобиқи он саҳмбандии муҳоҷират ба Амрико ба асоси миллият ва қавмият лағв шуда, бар мабнои касбу кор ва иқтисод тарҳ мегардад. Ин иқдом фурсати муносибро барои муҳоҷирати мусулмонон ба ИМА фароҳам месозад.

Марҳалаи охирони муҳоҷирати мусулмонон ба ИМА аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта то имрӯз дониста мешавад. Дар ин давра аз кишварҳои мусулмоннишине ба монанди Покистон, Бангладеш, Афғонистон, Ирон, Индонезия, Малайзия, Ҳинд, кишварҳои арабӣ, Туркия ва кишвархои Африқо сурат мегирад.

ҶАНГҲО ДАР КИШВАРҲОИ ИСЛОМӢ ВА

ИДОМАИ МУҲОҶИРАТИ МУСУЛМОНОН БА АМРИКО

Ҷангҳои Исроилу кишварҳои араб дар солҳои 1967 ва 1973, ҷангҳои дохилии Лубнон дар даҳаи 1970, ишғоли Афгонистон аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ дар муҳоҷирати мусулмонон ба Амрико таъсири фавқулодае дошт. Ҳамлаҳои Исроил ба Лубнону Фаластин ва ишғоли заминҳо дар ин ду кишвар, ду ҷанги охирони Ироқ пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, инқилоби исломии Ирон, истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Шӯравӣ, таҳаввулоти сиёсӣ дар қораи Африқо ва ба таври куллӣ раванду ҷараёни иқтисоди ҷаҳонӣ бо густариши равобит ҳама даст ба дасти ҳам дода, алорағми маҳдудиятҳои рӯйдода аз ҳодисаҳои 11-и сентябри 2001, теъдоди муҳоҷирон ва мусулмонони Амрикоро афзоиш додааст.

АФЗОИШИ МУСУЛМОНҲО ВА МАСҶИДҲО ДАР АМРИКО

Пас аз он, ки Борак Ҳусайн Обамаи сиёҳпӯст дар Амрико раиси ҷумҳурӣ интихоб гардид, боварии аксарияти мардум ба демократияи дохилии ин кишвари бузург бештар гашт. Дуруст аст, ки ба шаҳрвандон ва муҳоҷирони мусулмони муқими ИМА пас аз ҳодисоти 11-и сентябри 2001 фишорҳо сурат гирифт, вале ин амал дар фаъолияти сиёсӣ ва ғурури иҷтимоии мусулмонони муқими ин кишвар дар солҳои охир тараққии фавқулодае доштааст. Дар як гузориши муфассали "Wa¬shin¬¬gton Post" аз 1-уми августи соли 2005 фаъолияти масҷидҳо ва марокизи исломӣ дар Вирҷиния ва Мариланд - иёлатҳои ҳамсояи пойтахти ИМА баррасӣ гардида буд. Дар ин навишта аз афзоиши шумораи масҷидҳои бузург ёдоварӣ шуда, ки ҳар кадом дар ҳудуди 2 то 3 миллион долар ҳазина доштаанд. Бино ба иттилои ин сарчашма беш аз 300 000 (сесад ҳазор) мусулмони амрикоӣ дар ҳавмаи Вашингтон зиндагӣ мекунанд ва дар ҳар масҷиди тозабунёди ин минтақа дар як замон беш аз яку ним ҳазор намозгузор ҷой мегирад.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ монанди Аврупо на танҳо ҷамъияти мусулмонон рӯ ба фузунӣ мебошад, балки гароиш ба дини Ислом низ аз динҳои дигари ҷаҳон бештар аст. Ба навиштаи рӯзномаи "Financial times" аз 15-уми июни 2005, ҷамъияти мусулмонон дар бист соли оянда дар Аврупо ду баробар шуда ба чиҳил миллион нафар хоҳад расид.

Таҳаввулоти сиёсии байналмилалӣ, дигаргуниҳои иртиботӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишварҳои мусулмоннишин сабаби дар меҳвари як чаҳорчӯби таърихӣ қарор гирифтани мусулмонони Иёлоти Муттаҳида шудааст. Афзоиш ёфтани теъдоди мусулмонон дар Иёлоти Муттаҳида фурсатест муносиб ва умедворкунанда барои дарку шинохти чолишҳои дунёи муосир ва нақши мусулмонон дар даруни бузургтарин абарқудрати низомӣ ва иқтисодии ҷаҳон - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.


Зоҳири ДАВЛАТ
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97