БАҲСИ ҲОМИЛАСОЗӢ ДАР ПАРЛУМОН
Азизмат Имомов, муовини вазири адлияи Тоҷикистон дар иҷлосияи рӯзи 23 декабри парлумон тарҳи ислоҳот ба қонуни сабти ҳолати шаҳрвандиро, ки аз ҷумла ҳомиласозии занонро ба роҳи сунъӣ пешбинӣ мекунад, пешниҳод кард, ки пас аз баҳсу гуфтугӯҳои шадид пешниҳоди муовини вазири адлия аз сӯйи вакилони мардумӣ пазируфта нашуд.
Аммо Азизмат Имомов пофишорӣ дошт, ки дар сурати тасвиби ин санад, шароити ҳуқуқӣ барои анҷоми амалиёти пизишкии ҳомиладории сохта фароҳам мешавад.
Имомов розӣ, Кабирӣ норозӣ
Ба ақидаи Азизмат Имомов, дар ин санад пешбинӣ шудааст, ки ҳомиладории сунъӣ танҳо бо ризоияти хатии зану шавҳар сурат мегирад ва тифли ба дунё омада дар ниҳодҳои сабти асноди шаҳрвандӣ ҳамчун фарзанди зану шавҳари бо роҳи сунъӣ бордоршуда сабт мешавад.
Аммо Муҳиддин Кабирӣ, узви парлумон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон пешниҳоди тарҳи ҳомиласозии маснӯъиро мавриди интиқоди шадид қарор дод. Кабири гуфт, танҳо дар сурати истифода аз нутфаи шавҳар ҳамли маснуъиро метавон иҷоза дод. Вале дар ғайри ин сурат, ин амр бояд мамнӯъ бошад. Мафҳуми ҳамли маснуъӣ он ҳам бо истифода аз нутфаи марди бегона, барои тафаккури мардуми тоҷик, ки аксарият мусалмон ҳастанд, бегона аст ва дар сурати надоштани кӯдак, бисёре аз хонаводаҳои тоҷик одатан кӯдакони ятимро ба фарзандӣ қабул мекунанд.
ҚОНУНЕ, КИ ТЕША БА РЕШАИ АХЛОҚ МЕЗАНАД
Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки воқеан дуруст аст, ки қавонини кишвар бояд бозгӯи мавозини байналмилалӣ бошад, вале ҳамзамон набояд урфу одат ва суннатҳои ахлоқи миллӣ сарфи назар шавад.
Сайдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод дод, ки ин тарҳи тағйирот дар бораи ҳомиласозӣ бо роҳи сунъӣ барои аз нав омӯхтан ва баррасӣ ба кумитаҳо ва комисияҳои парлумон пешниҳод шавад.
МАРДУМ ЧӢ МЕГӮЯД?!
Мутаассифона қонунҳое, ки барои ҷомеаи тоҷик ба тасвиб мерасанд, барои баррасӣ дар ихтиёри мардум вогузор намешаванд. Танҳо гоҳ-гоҳе гурӯҳҳои манфиатдор тавассути афроде мақомдор қонунҳои барои суннат ва анъанаҳои мардум бегонаро ба таври ногаҳонӣ пешниҳод мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ҷомеаи тоҷик садҳо мушкилоти дигари пешипоуфтода, вале ба эътибороти қонун нодаромада дорад, ки аксарияти мардум аз он азият мекашад. Дар аксари маврид ин қонунҳо аз сӯйи парлумон бидуни баҳсу баррасӣ қабул мегардад, ки дар оянда барои татбиқи амалии он ҷомеа ба мушкил мувоҷеҳ мешавад. Аммо ин навбат парлумони Тоҷикистон тасвиби санади ҳомиласозии бонувони тоҷикро, ки мухолифи анъаноти ҷомеаи суннатӣ аст, хушбахтона рад кардааст.
НОМУСИ МИЛЛӢ ВА ТИФЛОНИ ХИЁБОНӢ
Ба гуфтаи бархе аз соҳибназарон, мо садҳо кӯдакони беҳуқуқро дар ҷомеа дорем, ки дар аксари маврид барои ҷомеа дарди сар эҷод мекунанд, вале кам иттифоқ мефтад, ки мансабдор ё қонунсозеро он ба ташвиш биоварад. Ҳанӯз дар даҳ соли муқаддам Почобегим Ҳафизова (рӯҳаш шод бод!), раиси Хазинаи кӯдакони Тоҷикистон зимни як мусоҳиба бо дард ба мо иброз дошт, ки созмоне хориҷӣ дар ихтиёрашон тарҳи молиеро дар мавриди барномаи кӯдакони кӯчабозорӣ пешниҳод додааст ва ӯ онро қатъиян рад карда бонг задааст: Тоҷик тифли дар кӯча партов надорад, мо миллати ба ору номус ҳастем ва намегузорем ятиме хору зор хиёбонгардӣ кунад!...
Ҳанӯз ҳам ашке, ки дар косаи чашмони ин модари мушфиқ барои сарнавишти бачаҳои тоҷик ҳалқа зада буд, моро аз пеши назар нарафтааст. Ва ҳар гоҳе ҳам, ки бонувони чеҳрахандонеро дар "кофе брейк"-ҳои ин "тарроҳон" мебинем, ки лаҳзае чанд бо ибрози мушкили бонувону бачаҳои беҳуқуқ қалби сармоягузорони ин барномаҳоро ба дард меоварданд, ҳамин лаҳзаи ор кардани бонуи шодравон Почобегим Ҳафизова аз ин тарҳҳо аз нав ба ёд меояд.
БАЧАҲОИ ХИЁБОНӢ АЗ КУҶО ПАЙДО ШУДАНД?!
Аммо бо гузашти солҳо ва бештар роҳ ёфтани тарроҳон ва сармоягузорони барномаҳои ҳимоятгари ҳуқуқи кӯдак ба Тоҷикистон тоҷик ҳам соҳиби бачаҳои кӯчапартов шуд. Дигар бачаҳои кӯчагӣ ё хиёбонӣ мавриди ори мо нестанд, балки манбаи манфиатҷӯйии мо шудаанд. Агар чунин нест, пас чаро танҳо баъди роҳ ёфтани ин тарҳҳои "ҳуқуқӣ" сафи бачаҳои хиёбонӣ афзун мешавад, ки кам не.
Шояд як омили ин бастагӣ ба вазъи иҷтимоӣ ва ҷанги таҳмилӣ дорад, аммо боиси нигаронӣ аст, ки бо пушти сар шудани мушкилот ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ сафи бачаҳои хиёбонӣ афзун мешавад. Аммо ҳеч вазиру муовине аз чӣ аст, ки пешниҳоди қонунеро дар бораи ҳуқуқи ин кӯдакони беҳуқуқ ба парлумон ироа намекунад.
МО БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ МЕРАСЕМ, АГАР...
Воқеан дар шароити табдил шудани дунё ба як деҳкадаи бузург дуруст аст, ки ҷомеаи тоҷик низ наметавонад аз он ҷудо бошад. Аммо мағзҳои ин ҷомеа ва масъулини давлати Тоҷикистон, ҳатто ҳар мақоми мансабдори кишвар вазифадор аст, ба сарнавишти миллат андеша кунад, ва дар шароити ҷаҳонӣ шудан бо мутобиқ сохтани қонунҳои байналмилалӣ ба афкори ҷомеа ва дар баробари ин ҳифзи ахлоқи ҷомеа, ки сармояи миллат аст талош биварзанд. Ин вазифаи ҳар фарди ватанхоҳ аст. Не?! Аммо ҷолиб ин аст, ки мардум бидонанд, пешниҳоди мазкурро муаллифаш кист?
А.МИРЗО