Алиасғари ШЕЪРДӮСТ: ИРОН ТАСЛИМ НАХОҲАД ШУД

Сиёсат 31.07.2008 22:25
Сӯҳбати ихтисосии "Миллат" бо Алиасғари Шеърдӯст, сафири Ҷумҳурии Исломии Ирон дар Тоҷикистон

Телевизиюн ба манфиати Ирон танҳо нест

-Ҷаноби оқои сафир бигӯед, ки то куҷо ин телевизиюни муштарак метавонад умедҳои мардумро бароварда бисозад ва оё ин телевизиюн як телевизиюни мардумӣ хоҳад буд, ё танҳо дастгоҳи таблиғотии давлатҳо?

-Бисмиллоҳи раҳмони раҳим. Аз як телевизиюн дар ҳади телевизиюн бояд интизор дошт. Ин ки агар бихоҳад як телевизиюн умедҳои як миллатеро бароварда бикунад, ин интизор набояд аз як телевизиюн бошад.

Аммо ин ки вижагиҳои ин телевизиюн чӣ ҳаст ва табоили он чӣ аст, мушкилоти он чӣ аст, ин як нуктаи бисёр муҳим аст.

Шумо медонед, ки пешниҳоди таъсиси ин телевизиюн аз сӯи доктор Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Ирон шояд дар як соли пеш аз ин дар як сафараш ба Душанбе, дар мулоқот бо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури мӯҳтарами Тоҷикистон матраҳ шуд, ки аз ҷониби ишон истиқбол шуд. Баъдан ҷаноби оқои Ҳомиди Карзай ҳам ба Душанбе омад ва се кишвар дар ин замина ба мувофиқа расиданд. Дар санаде, ки миёни се роҳбари се кишвар имзо шуд, ин мавзӯъ ба сурати кул омад. Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод доданд, ки маркази ин ТВ Душанбе бошад, ҷаноби Аҳмадинажод ҳам пазируфтанд ва ҷониби Афғонистон ҳам дар ин маврид мухолифат накард.

Мавзӯи телевизиюни муштарак аз меҳвари гуфтугӯи ҷаласаи вузарои хориҷаи се кишвари Ирон, Тоҷикистон ва Афғонистон дар Наврӯзи имсол дар Душанбе буд. Ва дар ин ҷаласа баҳсҳое дар мавриди чӣ гунагии ин телевизиюн ва саҳми кишварҳо ба миён омад, чун ин ҳар се кишвар муштаракоти зиёде бо ҳам доранд, мушкилоти ҷузъӣ зуд рафъ шуд. Масалан, масоиле аз қабили ин ки дар Афғонистон забонҳои дигаре ҳам вуҷуд дорад ва ҷониби Афғонистон мехост саҳме барои онон дар ин телевизион дода бишавад. Натиҷа чунин шуд, дар санаде, ки миёни се вазири хориҷаи кишварҳо имзо шуд, омадааст, ки ин ТВ бо забони муштарак ва забонҳои роиҷи он кишварҳо нашр шавад.

Дар ҷаласаи ахир намояндагони се кишвар, аз ҷониби Точикистон Саидмурод Фаттоев, мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури рушди иҷтимоъ вобаста шуда буд ва давлати Афғонистон ин масъулиятро бар души радио телевизиони давлатии Афғонистон вогузор кардааст ва дар Ирон ҳам чанд дастгоҳ ва ҳам Садо ва Симои ҶИИ дар ин маврид муваззаф шудаанд, ки оқои Аҳмадинажод бандаро намояндаашон таъин карданд. Дар ҷаласае, ки ахиран дар Душанбе ин ҳайъати комиссиюн барпо кард, мавриди оғози кори ин телевизиюн баррасӣ шуд. Мо баҳси сохтори телевизиюнро ба охир расонидем. Қарор шуд, ин як телевизиюни иттилоотии фарҳангӣ бошад. Дастгоҳҳои иҷроияи масъули роҳандозии ин телевизиюн мушаххас шуданд ва барои ҳар се кишар навъи корҳое, ки бояд иҷро шаванд, таъин шуданд. Тасмим гирифта шуд то ҷаласаи баъдӣ 7 август дар Душанбе баргузор шавад. Ва ҳамон гуна ки ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, раиси мӯҳтарами Тоҷикистон пешниҳод доданд то Иҷлоси сарони Паймони Шонхой дар Душанбе агар даст бидиҳад, ин телевизиюн ба таври озмоишӣ мавриди истифода қарор бигирад.

Мо дар ин ҷаласот ба чанд нуқтаи муштарак расидем, ки навъи масоили молиявӣ чӣ гуна бояд бошад, навъи мудирият чӣ гуна бояд бошад, навъи пахш ё истифода аз моҳвораҳое, ки бишавад ҳама ҷоро пушиш бидихад. Яъне танҳо пахш барои ин се кишвар набошад ва дар сойири кишварҳои ҷаҳон ҳамин телевизион дида бишавад ба тавофуқ расидем. Қарор шуд, ки ҳар як кишвар бахше аз корро ба ӯҳда бигирад ва ҷаласаи баъдии мо 7 август баргузор хоҳад шуд.

Дар мавриди ин ки ин чӣ гуна телевизиюн хоҳад буд. Бубинед, алъон ҳудуди 60-75 миллион нафар ҷамъият дар Ирон дорем, 7 миллион ҷамъият дар Тоҷикистон дорем, теъдоди қобили таваҷҷӯҳе дар Афғонистон вуҷуд дорад. Ва як теъдоди кассири аз афроде, ки бо ин забони муштарак таккалум мекунанд, хориҷ аз марзҳои ҷугрофиёӣ вуҷуд дорад; дар Аврупо, дар Амрико, дар Конодо, дар кишварҳои Арабӣ ва сойири нуқоти дунё. Яъне одамон дар марҳалаи аввал мухотабини ин телевизиюнанд.

Мардуми Ирон ба шиддат ниёзманд аст, то бидонанд Тоҷикистон куҷост. Бар хилофи ин ки мардуми Тоҷикистон дар қиболи Ирон иттилооти хуберо дар даст доранд, мардуми Ирон мумкин аст аз Тоҷикистон ин мизон иттилоъ надошта бошанд.

Чанд сериёле, ки дар Тоҷикистон тавлид шуд ва дар шабкаҳои телевизиюнии Ирон намоиш дода шуд, ирониён огаҳ шуданд, ки Тоҷикистон кишвари зебост, кишваре амн аст, рафту омад ба он ҳеч мушкиле надорад ва мешавад ба унвони турист омад.

Тоҷикистон потенсиалҳои бисёр зиёде аз назари табиат, ба мисли обҳои гарм, чашмаҳои саршор, кӯҳҳои зебо ва аз ин қабил дорад, ки яке аз аҳдоф бошандагон ва мардумони ин се кишваранд.

Як ҳадафи дигар он аст, ки мо аз як фараҳанги муштарак ба воситаи ин телевизиюн як маълумоте ба дунё бидиҳем, яъне вақте мо мегӯем фарҳанги муштарак, мо чӣ дар гузашта ва чӣ дар имрӯз як потенсиалҳоеро дорем. Масалан, Фирдавсиро дорем, ки ҳамчуноне дар Ирон азиз аст, ҳамон гуна дар Тоҷикистону Афғонистон ҳам азиз аст. Мо агар аз Саъдиву Ҳофизу Мавлавӣ, Аттору Бедилу Соибу инҳо сӯҳбат бикунем, дар заминаи чеҳраҳои қавӣ, дар заминаи потенсиалҳои имрӯзӣ, вақте аз мусиқии муштарак сӯҳбат мекунем, вақте аз меъмориҳои муштарк сӯҳбат мекунем, ин потенсиалҳоест, ки дар ҳар се кишварҳо вуҷуд дорад. Ин яке аз аҳдофи ин телевизиюн аст, ки инҳоро биёрем дар як маърази ҷаҳонӣ бо як шакли имрӯзӣ ба намоиш бигузорем, нишон диҳем.

Аммо ин ки чӣ сохторе ин ТВ бояд дошта бошад, чанд нукта то ҳоло мушаххас шуда, ин ҷаласаи корӣ ҳам, ки мо баргузор кардем, боз як заминаҳоеро рӯшан кард, албатта ҳанӯз ба ҷаласоти муқассар эҳтиёҷ аст, ба гуфтушунидҳо, ба тасмимоти ҷиддии дигаре эҳтиёҷ дорем.

-Мудирияти ин телевизиюн чӣ гуна хоҳад буд?

-Бубинед, як мудири калон ин маҷмӯъа хоҳад дошт, ки ин мудир иҷрокунандаи он чизест, ки ҳайъати мудирия таъин мекунад. Ҳайъати мудирия як гурӯҳест, ки яъне аз се кишвар дар он афроде шомил ҳастанд. Инҳо назар медиҳанд, ки чӣ пахш бишавад, чӣ сохта бишавад. Вале як мудир бояд ба ин маҷмаъа назорат бикунад, ки ин мудирро қарор шуд, чун марказ дар Тоҷикистон аст, аз Тоҷикистон бимонанд.

-Бубинед, вақте мо мегӯем, умедҳое мардум аз ин телевизиюн доранд ба ҳамин маънӣ аст, ки оё мардум метавонад дар ин телевизиюн симои воқеии худро бубинад ва ё ин як телевизиюни дастгоҳи давлатӣ хоҳад буд?

-Он чӣ дар ин телевизиюн сӯҳбат бишавад бояд бештар бо мисвокҳо бархӯрд бишавад. Дар ин санад, ки дар чанд рӯзи гузашта дар Душанбе мо имзо кардем. Ба ин инзом дорем, ки ханҷорҳо ва табоили ҳар се кишварро дар ин телевизиюн бояд муроот бикунем. Аммо ин телевизиюн барномасозии ҷиддӣ мехоҳад ва бояд он ҷаззоб бошад, ки ҳам мардуми се кишвар нигоҳ бикунанд ва ҳам мардумони хориҷ аз ин се кишвар. Бояд аз як стондортҳои имрӯзии ҷаҳонӣ табаъият бикунад барномасозӣ, ки бишавад мардум инро ба унвони як чизи пурҷозиба бихоҳад нигоҳ бикунад. Вагарна агар бихоҳад, ки як конол ба конолҳои ҳар се кишвар, ки чандин коноли телевизионӣ доранд, афзуда бишавад мисли ҳамон шабакаҳо, дигар ниёзманди ин ҳама сарфи вақту ҳазинаву инҳо ҳам нест.

-Бубинед дидгоҳҳои мутафовити се кишвар дар мавриди арзишҳои дунявӣ ба вижа он арзишҳое, ки Тоҷикистон бисёр мехоҳад онҳоро дар маъраз дошта бошад, то ҷое дар Афғонистон ҳам ин масъала чандон мувоҷеҳ ба мушкил нест, вале дар Ирон ин як масъала аст, шумо дар ин мавридҳо чӣ тадобир ҷӯстаед?

-Бубинед, мо як ҳадди ақалҳое барои ин телевизиюн лиҳоз мекунем, ки ин ханчорҳо ё ниёзҳои се кишвар нодида нахоҳад буд, аммо ин ТВ коноли Ҷумҳурии Исломии Ирон нест, коноли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам нест ва канали Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳам нест.

Яъне ҳадди ақалҳое муроот хоҳад шуд, ки дар ин ҳади ақалҳо он чизе ки муҳим аст, сохтор як сохтори фарҳангӣ-иҷтимоӣ хоҳад буд, ки навъе таблиғи доштаҳову вазъияти маишату тавоноиҳову потенсиалҳои ин се кишвар ҳам барои худашон ва ҳам барои дигар мардумони ҷаҳон бошад.

Дар ин ҷо хуб, табиатан баъзе маҳдудиятҳо вуҷуд дорад, вале мо саъй мекунем, аз муштаракот бештар баҳра бигирем, то нуқоти ифтироқ. Он чиз бадеҳист, ки мо албатта ба масоили сиёсӣ дар ин телевизиюн камтар хоҳем пардохт. Саъй хоҳем кард, ки саҳми масоили бадеӣ, масоили илмӣ, масоили зиндагӣ, омӯзишҳои рӯзомади наҳваи маишат ва ҷозибаҳои ин кишварҳоро дар ин телевизиюн бештар ба намоиш бигузорем.

Албатта, таҷрибаи бисёр сахтест, таҷрибаи бисёр мушкилест, ки се кишвар бихоҳанд як телевизиюнро мудирият бикунанд.

Дар як кишвар мудирияти як расона баъзан ба тафовутҳои биниш мувоҷеҳ аст. Ин ки як маҷмӯъаеро се кишвар бо се давлати муҷаззобу мустақиле аз ҳам бихоҳанд менеҷмент ё идора бикунанд, ин як кори бисёр сахту печидаест, вале мо умедворем, ки ин таҷриба таҷрибаи муваффақе хоҳад буд.

-Агарчӣ доштани як расонаи муштарак аз орзуҳои дерини мардуми кишвари мо ҳаст, вале қадами аввал барои амалӣ сохтани ин ормон аз сӯйи давлати Ирон гузошта шуд, ҶИИ аз ин ТВ чӣ суде хоҳад бурд?

- ҶИИ ба ин телевизиюн дар ҳақиқат хеле эҳтиёҷ надорад. Мо ғайр аз ҳудуди 10 коноле, ки барои мардумони дохили кишвар дорем, алъон 3 конол дорем ба номи шабакаи Ҷоми Ҷам, ки ба тариқи 24 соата аз тариқи моҳвора барнома пахш мекунад; Ҷоми Ҷами 1, 2 ва 3, барои Урупо, барои Амрико, барои кишварҳои Арабӣ, яъне аз ин тариқ ба ҳамаи дунё робита доранд, ҳар рӯз барномаҳои ҳам бадеӣ, ҳам мусиқӣ, ҳам хонавода ва ҳам барномаи иртиботӣ доранд, ки касоне менишинанд аз ҳама ҷойи дунё ва масоилеро баҳс мекунанд, назари худро иброз медоранд.

Ва ин ки мо таъсиси ҳамчунин телевизиюнро пешниҳод кардем ва худамон манфиатдор ҳастем на ин нест, ин ҷо як манфиати се то кишвар дида шудааст. Албатта аз ин ки се кишвари Ирону Тоҷикистон ва Афғонистон бо ҳам муттаҳид бишаванд, ҳам Ирон манфиат дорад ва ҳам Тоҷикистону Афғонистон ва ин яке аз гӯшаҳои ҳамкорист. Мо ҳамкориҳои густардае дар ин се кишвар алъон дорем. Мо алъон дар заминаи роҳ, роҳи оҳан, масоили энержӣ, масоили об ва масоиле аз ин қабил, ҳамкориҳои бисёр ҷиддӣ дорем, ки дар дунё ҳам асаргузор аст. Мо баъд аз иҷлоси руасои ҷумҳурии се кишвар, иҷлоси вазирони хориҷаро доштем, иҷлоси муовинини вузарои хориҷаро доштем дар Кобул, иҷлоси вузарои роҳу таробарии се кишварро доштем дар Теҳрон, дар Душанбе иҷлоси вузарои энержии се кишварро доштем. Яъне ҳамкориҳои густардае вуҷуд дорад, ки ин ба манфиъати ҳар се кишвар аст.

Албатта Ирон чун аз ин маҷмӯъаи кишварҳо бо ҷамъияти бештаре ҳаст, бо потенсиалҳои болотаре ҳаст, мумкин ки хеле аз назари моливу инҳо манфиатдор набошад. Аммо аз ин ибдоъот Ирон ҳам манфиатдор ҳаст, аз Иттиҳоди кишварҳои форсизабон, аз ин иқдомоти сеҷониба ва ҳар гуна ҳамкориҳои дигари ин кишварҳо.

Алъон масалан, баҳси роҳ ҳам ки матраҳ мешавад, барои Тоҷикистон як роҳест ҷудо аз роҳе, ки алъон вуҷуд дорад ва дар бисёре аз маворид дар шароити сахт Тоҷикистонро бо мушкил мувоҷеҳ мекунад. Ин як роҳест, ки Тоҷикистонро аз тариқи Афғонистон ба Ирон ва аз тариқи Ирон ба дарёҳои озод ва уқёнусҳо ва аз ин бар ба Аврупо мепайвандад ва аз ин роҳ ҳам чандсад километр наздиктар аст.

Ё аз назари энержӣ, як шабакаи интиқоли энержӣ боис мешавад, ки дар фаслҳои сол ё дар соъоти шабонарӯзе, ки Тоҷикистон барқи зиёде дорад метавонанд дар ин шабака қарор бидиҳад то кишварҳои дигаре истифода бикунанд ва дар соъоте, ки камбуд дорад ё дар моҳҳое аз сол, мисли зимистони сахту сарди имсол, ки камбуди энержии барқ дошт, метавонад аз барқи зиёдии ин кишварҳо истифода бикунад.

Ин як ҳамкории ҳамаҷонибаи байни се кишвар ҳаст. Албатта як бахши он ҳам бахши ҳамкориҳои расонаӣ аст, ки навъи печидааш телевизиюн аст, навъи як миқдор содатараш рӯзнома ва ё як нашрия аст, ки дар ин заминаҳо ҳам дорад фикр мешавад, зеро бахши дарвоқеъ иттилоърасонӣ муҳим аст. Ҳам барои мардумони се кишвар, ҳам барои 200 миллион нафаре, ки дар дунё бо ин забон такаллум мекунанд ва ё ин забонро мефаҳманд, барои ин ҷамъияти анбӯҳ ва ҳам барои дигар мардумони ҷаҳон, ки аз ин воҳиди ҷуғрофиёии махсусе, ки мо мӯътақидем ба ин, ки дар бинои тамаддуни ҷаҳонӣ нақши муҳимме доштааст.

Яъне агар бихоҳед, аз ҳамон сардари СММ ворид бишавед, ки он ҷо навишта шудааст; "Бани одам аъзои як пайкаранд, ки дар офариниш зи як гавҳаранд". Аз он ҷо шурӯъ бикунем то биравем дар дохил "Баёнияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар" ва намедонам масоиле аз ин қабил, саҳми мо дар бинои ин тамаддуни ҷаҳонӣ як саҳми бузург будааст.

Ва мо думболи ин ҳастем, ки бигӯем, мо ҳамон мардумон ҳастем, ки ин саҳмро доштем ва алъон ҳам дар мудирияти дунё бояд нақш дошта бошем.

-Асоси бунёди як телевизиюн дар баробари масоили молӣ ба масоили нируҳои зеҳнӣ ё ақлӣ низ такя мезанад. Барои роҳандозии ин телевизиюн аз кадом нируҳои зеҳнӣ кор гирифта мешавад? Магар ҷалби ин нируҳо кори сахту пурҳазина нест?

-Алъон даврони ин, ки одамҳо барои ин гуна корҳо бихоҳанд худашон мунтақил бишаванд, сар омадааст, бо ин иртиботҳои расонаӣ ва имкониятҳое, ки вуҷуд дорад. Албатта, яке аз корҳои ин телевизиюн таҷрибаомӯзӣ ҳаст. Мо қабл аз он роҳандозии ин телевизиюн дар ин замина корҳоеро шурӯъ кардем. Дар ҳоли ҳозир ҳайъатҳоеро аз маҷмӯъаҳо ва конолҳои телевизиюнии мавҷуд дар Тоҷикистон ба донишкадаи махсуси Садо ва Симои ҶИИ дорем эъзом мекунем, барои таҷрибаомӯзӣ, барои истифода аз терми рӯзомади дунё, ки дар ин донишгоҳ, ки махсуси радио ва телевизиюни Ирон ҳаст, тадрис мешавад ё барои бархе муворидот ин вуҷуд дорад.

Яке аз корҳои ин шабака дар ҳақиқат кадрсозист. Аммо барои биносозӣ лузуман кодрҳо лозим нест, ки ҳама биёянд дар Душанбе бинишинанд.

Мо алъон як шабакае бо номи "PRESS - TV" бо забони инглисӣ дар Ирон дорем, ки нафароне аз Ирон ва нафароне аз Аврупо бо ҳам менишинанд, мусоҳиба мекунанд, баҳс мекунанд, ҷадал мекунанд, дар як мавзӯъ; дар мавзӯъоти сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, низомӣ ва ҳоказо. Ва яке аз шабакаҳои бисёр пурмухотаб аст. Яъне лозим нест, ки ҳама дар як ҷо бошанд. Яке дар иёлати дурафтодаи Олёскои Амрико нишастааст, яке дар Ландан нишаста, яке дар Иморот нишаста ва мудирияти ин дар Теҳрон аст. Ин ба воситаи моҳвораҳое, ки алъон вуҷуд дорад, ба роҳатӣ қобили дастрасист.

Мактаби иронӣ дар Тоҷикистон

-Қарор буд, дар заминаи ҳамкориҳои омӯзишу парвариш дар Тоҷикистон макотиби муштарак таъсис бишавад ва дар ин масъала то куҷо даст ёфтед ва оё имсол толибилмони тоҷик метавонанд шомили ин макотиб бишаванд?

-Мо як мадраса (мактаб) барои фарзандони ирониёни муқими Тоҷикистон дар Душанбе доштем. Дар солҳои гузашта теъдоде аз фарзандони тоҷикон ва муҳоҷирони Афғонистон низ дар он таҳсил мекарданд. Замоне ки ман ба симати сафир омадам ба Тоҷикистон ва фикр кардам, ин мавзӯъ бояд қонунманд бишавад. Мо бо вазири мӯҳтарами маорифи Тоҷикистон дар ин маврид гуфтушуниде доштем ва пас аз боздиди вазири мӯҳтарами маорифи Тоҷикистон аз ин мадраса, муҷавизи фаъолияти ин мадраса ирсол шуд. Алъон дар ин мадраса теъдоде аз фарзандони тоҷикон ва муҳоҷирини афғон таҳсил мекунанд. Аммо ин аз назари мо хеле коромад ва наздик ба мақсуд набуд. Мо таҷрибаи эҷоди мадрасаи байналмилалиро дар чанд ҷои дунё ва дар Ирон дорем. Мо дар Ирон як мадрсаи байналмилалӣ дорем, ки забони тадрис ғайрифорсист, яъне дар он форсӣ ҳам тадрис мешавад, аммо на ба унвони забони асосӣ. Ва дар ин замина як мувофиқате бо вазири маорифи Тоҷикистон ба амал омад. Ман дар ҳамин ҷо аз Раиси ҷумҳури мӯҳтарами Тоҷикистон, Вазири маорифи Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳр ташаккур мекунам, ки як замини хуберо дар ихтиёри мо қарор доданд, ки мо дар он ҷо мадрасаи байналмилалӣ бисозем, аммо сохтмони ин мадраса мумкин аст, муддате тул бикашад. Барои ин ки аз соли таҳсиле, ки як ду моҳи пас дар пеш дорем, бишавад мадрасаи байналмилалӣ ҳам ҳамзамон бо мадрасае, ки дар Душанбе дорем, оғоз ба кор бикунад, мо чанд ҷоро дидем то як ҷоеро ба иҷора бигирем, ки дар он ҷо ин мадрасаи байналмилалӣ корро оғоз бикунад, замонро мо ҳадар надиҳем ва ҳамзамон дар он замине, ки давлати Тоҷикистон дар ихтиёр қарор додааст, мадрасаро бисозем. Ва дар соли баъд донишомӯзон аз ин муҳити иҷораӣ ба он мадраса, ки бо стондортҳои мӯътабари ҷаҳонӣ сохта бишавад, кӯчонида шаванд. Дарвоқеъ мо нақшаҳои типӣ дорем, ки дар он клосҳои дарсӣ ба сурати стондорт, муҳити варзишӣ, муҳитҳои озмоишгоҳ, муҳитҳои коргоҳӣ барои омӯзишҳои зиндагӣ, ки ин мадраса барои донишомӯзон лиҳоз мешавад ва дар Ирон мадорис дар асоси ин нақшаҳои тип сохта мешаванд, инро дар ин ҷо иншоолоҳ пиёда мекунем.

-Яъне шурӯъ аз соли нави таҳсил қабули донишомӯзон шурӯъ мешавад?

-Умедворем, бале.

Созмони Шонхой ва Ирон

-Дурнамои ҳамкории Ирон бо паймони Шонхойро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Созмони Ҳамкориҳои Шонхой як созмони минтақаӣ ҳаст, ки рӯз ба рӯз бар аҳамияти он афзуда мешавад. Ирон алъон узви нозир аст. Тақозо кардааст, ки ба узвияти доими ин созмон дарбиёд. Фурсати муқтанаме аст баргузории нишасти ин созмон дар Тоҷикистон ва раёсати Тоҷикистон дар он, ки бо истифода аз муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи байни ду кишвар ин ҳамкорӣ дар ҳақиқат ин гуна бошад, ки Тоҷикистон аз узвияти Ирон ҳимоят бикунад, ки ин ҳимоятро ба амал овардааст. Ва мо дар ин ҷо боз маросими ташаккур ва миннатдории худро арз мекунем. Аммо хуб, ҳам Ирон барои узвият руқабое дорад, ки ғайр аз Ирон се чор кишвари дигар ҳам, ки алъон ба унвони узви нозир ҳастанд, тақозои узвияти доим кардаанд. Аз узвияти Ирон дар Созмони Шонхой баъзе кишварҳо тарафдорӣ мекунанд, ин кор баъзе мухолифини ҷиддӣ ҳам дорад. Аммо мо мӯътақидем, ки Ирон аз назари геополитикӣ дар нуқтае аз ҷаҳон воқеъ шудааст, ки он нуқта амалан бо баъзе қонунҳои бӯҳрони минтақаӣ комилан дар ҳамсоягӣ ва муҷовират аст, бо Ироқ, бо Афғонистон, аз тарафе Ирон бо кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ҳамсоя аст. Яъне узвияти Ирон аҳамият ва корбурди ин созмонро ба як минтақаи бузурги ҷаҳон дарвоқеъ изофа мекунад. Яъне вақте Ирон бихоҳад, дар ин созмони ҳамкории минтақаӣ узв бишавад, доманаи ин созмон ба кишварҳои Ховари миёна, яъне кишварҳои Халиҷи Форс афзоиш пайдо мекунад ва амнияти корбурди ин созмонро зиёдтар мекунад. Зимни ин ба ҳар ҳол Ирон ҳам кишварест дорои мавқеъияти мумтоз дар минтақа ва дорои як мавқеияти тасбитшуда дар ҷаҳон ва аҳамияту эътибори ин созмонро ҳам мебарад боло. Ҳарчанд ки баъзе кишварҳо мухолиф ҳастанд, вале мо бар асоси ин истидлолҳо ҳаст, ки хостори узвияти доим шудем, то дар Душанбе дар моҳи август иттифоқ биуфтад.

Таҳримҳо Иронро аз пой дар намеоваранд

-Оё Ирон ин иқтидорро дорад, ки дар муқобили ин таҳримҳо ба по биистад?

-Яқинан метавонад, албатта ин таҳримҳо баъзе мушкилот барои Ирон ба вуҷуд меоваранд, ба сурати табиӣ, вале яқинан ин таҳримҳо чизҳое нестанд, ки битавонанд Иронро аз пой дарбиоваранд. Далоили рӯшане дорад ин ҳарф, мо дар шароити бисёр сахт 8 сол исман бо Ироқ, вале амалан бо ҳамаи дунё ҷанг кардем. Дар рӯзгоре, ки ҳам Ғарб, ҳам абарқудрати Шарқи он замон пушти сари Ироқ будааст. Ин ки хеле шароити печидатар аз таҳрим ҳаст. Мо хуб, он рӯзгоронро пушти сар гузоштем. Ирон ба сурати табиӣ потенсиалҳое дорад, Худованд дар ҷое Иронро офаридааст, ки мо ба дарё аз як тараф роҳ дорем, бо кишварҳои мутааддиде дар чор сӯи худамон ҳамсоя ҳастем ва аз назари захоири зеризаминӣ, нафту гози саршоре дорем. Аз назари муҳимтарин порометри ҷаҳони имрӯз, ки охири тавсиъаро тавсиъаи инсонӣ медонад, яъне муҳимтарин сармоя барои як кишвар одамҳои он кишваранд, мо инсонҳои бисёр ҳушманду таҳсилкарда, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар фаровон дорем.

Банда ҳамзамон масъулияти Дабирии Шӯрои олии ирониёни хориҷи кишварро ба ӯҳда дорам. Ин ҷо арз мекунам, ки мо беш аз 5- 6 миллион ирониёнро берун аз кишвар дорем, ки инҳо бисёр алоқаманд ба кишвари худашон ҳастанд, бо ҳар навъ фикре, бо ҳар навъ бинише, вале мудофеъи кишвари худашон ҳастанд, рушди кишвари худашонро мехоҳанд. Ҳатто мумкин аст, ки дар баъзе аз маворид инвоқ ҳис накунанд, аммо инҳо потенсиали бисёр бузурге ҳастанд, ки дар шароити бӯҳронӣ ба кишвари мо кӯмак мекунанд. Чун кишварро кишвари худашон медонад. Ин ки яке рафта дар фалон кишвари аврупоӣ зиндагӣ мекунад, вале хоҳараш, модараш ва бастагонаш ҳамааш дар Ирон ҳастанд. Ин боис мешавад, ки мо бисёре аз ин мушкилотро роҳаттар аз он чизе ки дунё тасаввур мекунад, пушти сар бигузорем. Албатта, таҳрим ҳамеша бо мушкил мувоҷеҳ мекунад, алъон ин таҳримҳои бонкӣ, ки ба вуҷуд овардааст, бисёре аз масоили интиқолҳои пулиро бо ҳамин Тоҷикистон ҳам мушкил кардааст. Алъон туҷҷори иронӣ меояд, ба мо мегӯяд, мо пулҳоямонро чӣ тур ба Ирон бифиристем ва дар бархе аз кишварҳои масоиле аз ин қабил ба вуҷуд меояд, албатта роҳҳои инҳо пайдо мешавад, вале як миқдор дуртар. Дар чанд рӯзи гузашта, баъзе туҷҷор омада буданд, бано шуд, ки масалан, пулҳое, ки Ирон барои бархе аз пружаҳо мехоҳад, барои Тоҷикистон биоварад, наёварад ва дар Теҳрон ба он одамон бидиҳад ва онҳое, ки пулҳояшонро аз ин ҷо мехоҳанд мунтақил бикунанд ба Ирон, дар ҳамин ҷо ба ин пружаҳо таҳвил бидиҳанд ва дар Ирон пулашонро бигиранд. Роҳҳояш пайдо мешаванд, аслан инсон дар сахтиҳо роҳҳояшро пайдо мекунад. Агар инро дар назар бигирем, солҳои баъд аз инқилоб, агар ин қадар сахтӣ бар мо таҳвил накарда буданд, бисёре аз он пешрафтҳоеро, ки мо ба даст овардем, ба даст наёварда будем. Вақте роҳҳоро бар мо бастанд, мо дар лонотехноложӣ пешрафт кардем, яке аз кишварҳои бисёр муҳим алъон дар дунё дар арсаи лонотехноложӣ ҳастем, дар арсаи пизишкӣ, дар арсаи низомӣ, дар арсаи сиёсӣ пешрафт кардем ва ҳамаи ин масоилро мо бештар дар сойири ҳамон сахтиҳову маҳдудиятҳову таҳримҳое, ки ба мо эъмол мешавад, ба даст овардем.

-Ирон дар шароити сахти таҳримҳо имкон дорад дар шохаҳои дигар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад?

-Ҳамкориҳои Ирон бо Тоҷикистон дар ду бахши давлатӣ ва хусусӣ ҳаст. Бахши давлатии Ирон бо асноде, ки байни масъулини ду кишвар имзо шуда, корҳоеро, ки шурӯъ кардаанд ва ин дар ҳоли рушди рӯзафзун аст. Мо алъон ғайр аз ҳамкориҳои гузашта дар арсаи сохти ниругоҳҳо, сохти корхонаҷоти ҷадид, саноеъ, петрошимӣ ва масоиле аз ин қабили ҳамкориҳоеро дорем оғоз мекунем. Муҳандисону мудирони саноеъи бахши давлатии Ирон омаданд дар Тоҷикистон заминаҳои ҳамкориро санҷиданд. Алъон дар комиссиюни муштараки ҳамкории байни ду кишвар, ки ду моҳи пеш аз ин дар Теҳрон баргузор шуд, як санаде дар 85 модда имзо шуд, ки ҳамаи ин ҳамкориҳо аз ниругоҳҳои садобии кӯчак шурӯъ шуда то коргоҳҳои парвариши мурғу, коргоҳҳои панбапоккунӣ ва тавлиди рӯған ва аз ин қабилро, ки дар бахши давлатӣ иттифоқ меуфтад, дар бар мегирад.

Як бахш, бахши ҳамкориҳои хусусии байни ду кишвар аст, ки ин ҳам ба навъи соҳибкорӣ аст, эҷоди ҷои кор барои ҷавонони Тоҷикистон аст. Ин мусаддими баъзан осон шудани муқаррарот аст ва тазмини сармояҳо.

Ман дар ин замина умедворам, ки давлати ҳушманди Тоҷикистон як иқдомҳои ҷиддӣ анҷом бидиҳад ва ҳам баъзе муқаррароте, мисли муқаррароти гумрукӣ, мисли қавонине марбут ба сармоягузории хориҷӣ ва назорат ба қавонинро. Зеро баъзан қавонини хубе ҳам вуҷуд дорад, аммо чун назорати ҷиддӣ намешавад, баъзе дастгоҳҳо бо салиқаҳои худашон таъбиру тафсир мекунанд.

Агар ин бахш фаъол бишавад, бисёр кори ҷиддист. Фаровон ҳастанд сармоядорони иронӣ, ки метавонанд дар бахши эҷоди корхонаҳои кӯчак, эҷоди машоғили асаргузор, ободонии Тоҷикистон, туризм дар Тоҷикистон, аз обдармониву эҷоди ҳутелҳову ресторану тарабхонаҳову, имконоти густардае, ки бар рӯзомад шудани Тоҷикистон кӯмак мекунад ва таҷрубиёте ҳастанд, ки соҳибкорони ирониро дар ин ҷо мунтақил мекунад, роҳҳои бисёре вуҷуд дорад, ки ҳанӯз мо ин роҳҳоро нарафтаем.

Умедворам ин ду то мушкил ҳал бишавад, яке муқаррарот як миқдор саҳлтар бишавад. Дар ин маврид ишораи ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури мӯҳтарами Тоҷикистон ҳам будааст, ки ҳам муқаррарот як миқдор роҳаттар бишавад ва муқаррароти назоратӣ бештар бишавад.

Муҳимтар аз ин ду матлаб амнияти сармояҳои касоне аст, ки меоянд, дар ин ҷо сармоягузорӣ мекунанд, пулҳояшонро ин ҷо меоваранд инҳо, тазмин бишавад, ки як дафъа ин боис мешавад, ки рушду шукуфоӣ дар сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бештар бишавад.

-Ташаккур.


Мусоҳиб
А. МИРЗО
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97