Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

МУҲИМТАРИН ТАҲАВВУЛОТИ ФАЗОИ ДИНДОРӢ ДАР СОЛИ 2008

Фарҳанг ва адаб 06.01.2009 14:31

Чун саҳифаи "Миллат ва Ислом" ба масоили мазҳабӣ ва боло бардоштани сатҳи огоҳии динӣ бахшида шудааст, ба унвони ҷамъбасти сол масъулини саҳифаи мазкур тасмим гирифтанд, бо суоли "муҳимтарин таҳаввулоти фазои диндории Тоҷикистон дар соли 2008 кадом буд?" бо бархе аз чеҳраҳои мазҳабӣ ва коршиносони масоили динӣ дар тамос шавад. Хулосаи тамосро ба шумо хонандаи азиз пешниҳод менамоем ва умедворем шумо низ хонандаи азиз фикру мулоҳизоти худро ба мо ирсол медоред:

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ:

Аз нигоҳи банда муҳимтарин таҳаввулот дар самти дину диндории кишвар дар охири сол ба вуҷуд омад, яъне Президенти кишвар соли ояндаро соли Имоми Аъзам эълон карданд ва ҳамчунин дар суханронии идонаи худ назареро барои тарҳи консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муносибати давлат ва дин ироъа карданд.

Аз нигоҳи банда ин ду пешниҳод воқеан ҳам пешниҳодҳои хеле ҳам ҷиддӣ буданд. Албатта мо дар бораи амалӣ гаштани он ва чӣ гуна амалӣ шудани он чизе гуфтанӣ нестем, чун барвақт аст, вале худи ин ду пешниҳод хеле ҳам ҷолиб ва муассир буданд. Воқеан ҳам агар бо наҳваи дуруст амалӣ шаванд, метавонанд дар фазои динии кишвар, ба хусус дар масъалаи пешгирии низоъҳои мазҳабӣ саҳми муҳим гузоранд.

Ғаффор Мирзоев, корманди институти фалсафаи АУ Тоҷикистон:

Муҳимтарин таҳаввул ин таҳия ва мавриди муҳокима қарор додани қабули қонун дар масъалаи муносибати озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ мебошад, ки дар ин ҷо ҳам намояндагони аҳли рӯҳоният лоиҳаи ин қонунро пешниҳод намуданд ва ҳам намояндагони парлумон қонунро пешниҳод карданд.

Гарчанде баъзе пешниҳодҳо дар Парлумон қабул нашуда бошад ҳам, аммо то ҳол муҳокимаи ин қонун идома дорад ва ман фикр мекунам, ки таҳаввулоти асосӣ ҳамин аст.

Ва дигар дар соли ҷорӣ амалӣ шудани танзими расму оинҳо, ки ба як шохаи аслии фазои динӣ ва ба танзим даромадани расму ойинҳо дахл дорад. Ин ҳам яке аз таҳаввулотҳои соли ахир мебошад.

Дар соли 2008 салафия дар Тоҷикистон равнақ ёфт ва дар байни аҳли рӯҳоният ва аҳли зиё баҳсу мулоҳизаҳо ба миён омад.

Дигар баъзе тамоюлҳо аз тарафи давлат амалӣ шуданд, масалан, дар масъалаи ба ҳам наздик шудани арзишҳои миллӣ ва динӣ. Ба унвони мисол дар ҳамин соли гузашта гиромидошти баъзе аз шахсиятҳои динӣ ва миллӣ мисли гиромидошти Муҳаммад Ғаззолӣ баргузор шуд. Дигар эълом намудани соли оянда ҳамчун Соли бузургдошти Имоми Аъзам мебошад. Ин худ бозгӯяндаи он аст, ки давлат ва ҳукумати мо кӯшишҳое ба харҷ медиҳанд, ки байни арзишҳои динӣ ва арзишҳои миллӣ ба як тафоҳуме биёянд. Ман фикр мекунам ин падидаи хуб аст.

Абдуғаффори Камол, коршиноси масоили мазҳабӣ:

Албатта фазои динии кишвар мисли фазоҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар соли 2008 шоҳиди таҳаввулоте буд, вале агар бихоҳем онро раддабандӣ кунем, ба назари ман муҳимтарин таҳаввулот ин гардиш, гардиши мусбат ба самти андешаҳои динӣ буд, ки аз тарафи Президенти кишвар садо дод ва омодагӣ барои эълони соли 2009-ум ба унвони Соли бузургдошти Имоми Аъзам. Бисёр мехостем соли бузургдошт эълон намудани соли 2009 аз ҳадди шиъору лавҳаҳо фаротар рафта, дар шинохти воқеии Имоми Аъзам фалсафа ва ҳикмати ӯ ва амал кардан ба он табдил шавад. Ин чиз барои ҳама муҳим аст, ҳам барои онҳое, ки худро аз мазҳаб дур мегиранд, ҳам ҳатто барои онҳое, ки худро мазҳабӣ медонанд, вале мутаассифона он қадар дар таассубу хурофот ғӯтта хӯрдаанд, ки бегумон аз арзишҳои воқеӣ аз он роҳу равиши Имом Абуҳанифа бисёр дур мондаанд.

Барои ҳамин ман мехостам, ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи бештар шавад ҳамон тавре, ки шоиста аст. Ва агар дар бораи дигар таҳаввулот нигоҳ кунем, албатта авҷ гирифтани салафия ва мавқеъгирии ниҳодҳои давлатӣ бо салафия буд, чун дар гузашта чунин фаҳме вуҷуд дошт, ки салафия хатаре ба амният ва якпорчагии кишвар надорад, вале дар ин сол ниҳодҳои ҳукуматӣ як навъ, гарчанде расман ҳам набошад, вале ба сурати амалӣ муборизаеро бар зидди ин ҷараён авҷ доданд.

Вале мутаассифона инро бояд бигӯем, ки ҳанӯз роҳи муайян ва мақбули мантиқӣ барои гирифтани пеши роҳи ин ҷараён на аз сӯйи ниҳодҳои ҳукуматӣ, на аз суйи уламои мӯҳтарами исломӣ пешниҳод нашудааст ва то имрӯз як навъ саркӯбгарона бо он мубориза мебаранд, ки ин чиз натиҷае намедиҳад.

Ман бисёр мехостам, ки уламои мӯҳтарам, онҳое, ки нуфузу мартабае миёни мардум доранд бо далелҳои илмиву мантиқӣ ва бо баҳсҳои рӯ дар рӯ битавонанд ин ҷавонҳоро қонеъ кунанд. Шояд як ду нафар раҳбароне, ки аз ҷои дигар тамвил (маблағгузорӣ) мешаванд, ҳидоят мешаванд, онҳо ҳеч чизро гӯш надиҳанд, вале оммаи ҷавонон, гӯш фаро медиҳанд.

Медонед, табиати ҷавон ҳамеша навовариро мехоҳад. Ҳозир ҳамон гуна, ки мо мебинем, таъсири ҷараёни салафия дар миёни фарзандони баъзе мансабдорон ҳам ҷойгоҳи худро пайдо карда истодааст.

Барои қонеъ кардани ин гуна ҷавонон ва баргардондани онҳо аз ин роҳ бояд баҳсҳои мантиқӣ ва ҷиддие сурат бигиранд. Бори дигар такрор мекунам, шеваеро, ки уламои мӯҳтарами исломӣ дар пеш гирифтаанд, ба мисли берун рондани онҳо аз масҷид, ба онҳо роҳ надодан, саркӯб кардани салафиҳо дар минбару маъракаҳо натиҷаи баръакс хоҳад дод.

Аз дигар таҳаввулот метавон густариши равобити Тоҷикистонро бо ҷаҳони Ислом маънидод кард, ки ин ҳам метавонад як таҳаввуле дар фазои динии кишвар бошад. Албатта бо ҷаҳони Ислом аз қабл ҳам робитаи хуб ва рӯ ба рушде доштем. Хуб, дар соли 2008 бо Ҷаҳони Араб бо Қатар, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Яман чун дар гузашта таваҷҷӯҳе ба Ҷумҳурии Исломӣ набуд.

Дар гузашта тасаввур мешуд, ки ҷаҳони Ислом чизе надорад ба мо бидиҳад. Ахиран ин тафаккур тағйир ёфт. Мо ба ин натиҷа расидаем, ки дар ҳамин ҷаҳони Ислом ин қадар пешрафти илму технологияе ҳаст, ки фақат бо овардани шаммае аз он ба Тоҷикистон мо метавонем хеле аз мушкилиҳои худро дар заминаи энержӣ, коммуникатсия ва амсоли он ҳал намоем.

Абдулло Ҳаким Раҳнамо, коршинос:

Соли 2008 дар Тоҷикистон дар ҳақиқат соли таҳаввулоти динӣ буд. Ин сол дар фазои исломии кишвар ҳам ҳодисаҳои муҳимм рух доданд ва ҳам равандҳои амиқ ҷараён гирифтад.

Дар бахши муносибати дин ва давлат муҳимтарин таҳаввул ҷиддӣ шудани таваҷҷӯҳи низоми сиёсӣ ба омили дин буд. Акнун давлат ба дин ҳамчун ба яке аз омилҳои ваҳдату субот ва ҳамчун ба яке аз пояҳои маҳбубияту мақбулияти худ арзиш қоил гашт. Дар ин раванд ҳодисаҳои муҳимме чун давлатӣ шудани Донишкадаи исломии Тоҷикистон, таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ, эъломи соли бузургдошти Имоми Аъзам, таҳияи лоиҳаи нави қонуни ҶТ "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ", эълом гаштани зарурати таҳияи Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ва ғайра аз муносибати навини давлат ба дин дарак доданд.

Дар худи фазои динии кишвар муҳимтарин таҳаввули соли 2008 бо суръати боло матраҳ шудани фаъолияти ҷараёни салафия буд. Ин равия ба Тоҷикистон хеле пештар аз соли 2008 ворид гашта буд, вале маҳз дар ҳамин сол матбуотиву мавриди баҳси ҳамагонӣ гашт ва ба мавзӯи аввали расонаҳо табдил шуд. Дар як таҳлили куллӣ, метавон гуфт, ки масъалаи салафия ҳам камтахассусии ниҳодҳои расмии умури дин ва ҳам бесалоҳиятии Шӯрои уламои кишвар дар шинохту пешгириву ҳалли низоъҳои дарундиниро ба намоиш гузошт.

Раванди дигари бисёр муҳим дар фазои динӣ масъалаи Эшони Нуриддин буд, ки он аз сатҳи масъалаи як шахс бисёр фаротар буд. Болоравии нуфузи ин шахсияти динӣ ва хусусан, истодагии қотеъи ӯ ва бародаронаш дар баробари равияи салафия нишон дод, ки имрӯз низ маҳз рӯҳониёни анъанавии элитарӣ набзи муҳити диниро таъйин мекунанд. Вале ҷои тааҷҷуб буд, ки бо вуҷуди чунин нуфузи бузургаш ин рӯҳонии "шумораи як"-и кишвар ҳатто узви Шӯрои уламои ҶТ нест. Илова бар ин, бо вуҷуди чунин саҳми ҳалкунандааш дар муқобила бо гурӯҳҳои динии навзуҳӯр, ин рӯҳонии пурнуфузи ҳанафӣ дар остонаи соли Имом Абӯҳанифа мавриди даъвату бозпурсии баъзе мақомоти қудратии мо низ қарор гирифтааст. Ин нуктаҳо низ нишонгари ҳанӯз якнавохт нашудан ва ҳануз то марҳилаи ақлоният ташаккул наёфтани сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи дин буданд. Умед аст, ки дар соли 2009 бо қабули Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин чунин ноҳамвориҳои ин соҳа ҳалли дурусти худро меёбанд.

Ҳоҷӣ Амонуллоҳи Неъматуллоҳ,

раиси Шӯрои уламои дини Тоҷикистон:

Дар соли 2008 хеле навигарӣ дар соҳаи дини ҷумҳурӣ пайдо шуд.

Якум, ҳамагон медонанд, ки аввалаш бо фазли Худованд, дуюмаш сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ ва бо иқдоми неки эшон бо теъдоди 50 ҳазор китоби муқаддаси Қуръон бо тоҷикӣ, ба хатти кирилликӣ чоп шуд. Аз ин теъдод 20 ҳазораш дастраси тамоми масҷидҳову корхонаҳои давлатӣ гашт ва ҳамчунин дар дигар ҷойҳо тақсим шуд. Як ҳазор донаи дигар омода шудаст, ки он ба одамони мӯҳтоҷ расонида мешавад, одамоне, ки эҳтиёҷ ба мутолиа ва омӯзиш доранд, вале имконоти харидорӣ надоранд.

Дуввум, ҳамин, ки ба ҳамагон маълум аст, ки аз моҳи апрели соли 2000- ум чӣ қадар ҳизбҳову созмонҳои мазҳабӣ фазои ҷумҳуриро рахна карданд, масалан ҳизби Таҳрир ва баъдан аз соли 2005- ум ҷараёне ба номи салафия зуҳурин кард, ки ҷашнёлои Ҳизби Наҳзати Ислом ва Таҳририя ҳастанд. Чун ин ҷараёнҳои мамнӯъ ва ифротӣ зуҳур карданд Идораи дини кишвар бо ҳамроҳии Шӯрои Уламо ва аҳли хутабо бо онҳо хеле гуфтушунидҳо кардем, вале ба ягон ифоқа наомадем, яъне бо мо созиш накарданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки рӯзи 8 сентябр дар Кохи Борбад Ҷаноби Олӣ аз мазҳаб дифоъ карданду аз рушди мазҳаби Ҳанафӣ ҳарф заданд. Ин як навигарӣ дар Тоҷикистон барои Ислом аст, ки сарвари давлат аз рушду такомули мазҳаби анъанавии мо гуфтанд ва эълон карданд, ки соли 2009 ҷашни ҳазрати Имоми Аъзам мешавад. Ин як воқеъаи хурсандибахш аст, барои муслимини кишвар ва ҷаҳони Ислом. Дар кадом кишваре, ки як мазҳабӣ ва як ақидатӣ бошад он ҷомеаву он кишвар пешрафт мекунанд ва масалан, ки пешравияш дигар мешавад. Гуногунақидагии динӣ ва мазҳабӣ дар ҳар кишваре бошад, ҷомеъаи он ҷо қафомонда аст.

Дар ин сол масалан дар ноҳияи Исфара ду масҷидро ҳуҷчатгузорӣ кардем то дар он масҷидҳо ба толибилмон дарси исломӣ дода шавад. Дар шаҳри Панҷакент ҳам дар масҷиди ҷомеъаш додани таълимоти динӣ роиҷ аст.


Таҳияи С.Юсуфӣ
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97