Зимни нишасти матбуотие, ки дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид, раиси кумита Ҳайбулло Латифов изҳор дошт, мо аз озмуни ҳафтаномаи "Миллат", ки хонандагони ин ҳафтанома моро камкор баҳо дода буданд, розӣ ҳастем. Вале камкории мо на аз он сабаб аст, ки фаъол нестем, балки вазъи кишвар дар ин давра хушбахтона мусоид будааст.
Аммо, раиси ин кумита қайд кард, ки айни ҳол кумита бо техникаи зарурӣ пурра муҷаҳҳаз нест. Масалан, ҳамагӣ 5-то ҳаввоз (водолаз) дорем, ки ин хеле кам аст. Ба наздикӣ ҳукумати ҷумҳурӣ 2 миллион сомонӣ ба кумитаи мо ҷудо кард. Аз ин ҳисоб 1 камаз, як "булдозер" ва дар боқимондаи маблағ "Газел" барои кумита харидорӣ хоҳем кард.
Дар мавриди ҳодисаи ғарқшавии одамон дар фасли тобистон масъулин ҳаминро қайд карданд, ки сабабҳои ғарқшавӣ гуногун аст. Аксаран шаҳрвандон дар ҷойҳое оббозӣ мекунанд, ки хатарнок аст ва оббозӣ манъ карда шудааст. Ғаввосҳо ҷавобгар нестанд, ки дар оби равон ба наҷотдиҳӣ бипардозанд. Тибқи иттилои мақомоти кумитаи ҳолатҳои фавқулодда,дар муддати шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави кишвар 75 ҳодисаи табии рух дод, ки бар асари он 16 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Ҳайбулло Латифов ҳамчунин қайд кард, ки дар пайи ба вуқуъ омадани офатҳои табии дар ин муддат зиёда аз 1800 хонавода зарар дидааст, аз ин ҳисоб 106 хона комилан хароб шудааст. Зимнан Латифов хисороти воридшударо зиёда аз 22 милион доллари амрикоӣ арзёбӣ кард. Ин дар ҳолест, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта маблғаи беш аз 32 милион сомонӣ ё ҳудуди 10 миллион доллари амрикоиро ташкил медодааст.