Зимни як нишасти хабарӣ дар таърихи 14 декабри соли равон, ки бо ҳузури президенти кунунии Амрико- Ҷорҷ Буш баргузор мегардид, хабарнигори телевизиони "Ал-Бағдодия" Мунтазир Зайдӣ, яке пайи дигар, ҳарду кафшашро ба сӯи Буш ҳаво дод ва ба забони арабӣ гуфт: "Ин бӯсаи видоъии ироқӣ аст, саг!"
Вале аз ин амали ғайри мунтазираи Мунтазир Ҷорҷ Буш гӯё малол нагардид ва кафшро аз замин бардошта гуфт: "Андозаи ин пойафзол ба пои ман мувофиқ набудааст". Ҳарчанд пойафзоли Зайдӣ ба Буш барнахурд, аммо кормандони амниятии Ироқ ва муҳофизони президент Буш Зайдиро бо дасти баста аз толор бароварданд. Нишаст идома ёфт.
"Миллат" бо ин суъол ба ҳампешагони тоҷикистонии Мунтазир Зайдӣ муроҷиат кард, то сари ин масъала назари эшонро дониста бошад:
Соҳибаи Ҳикмат,
журналист, СМТ
Ман вақте аз тариқи телевизион дидам, ки ҳампешаи ироқии мо ба сӯи Ҷорҷ Буш пойафзори хешро партофт, хурсанд шудам, аммо афсӯс хӯрдам, ки он хато рафт ва ба сари президенти Амрико нарасид. Ин қадар ҷабру зулме, ки Буш болои мардуми осоиштаи Ироқ овард, ҳеч бахшиданӣ нест ва бояд чунин ҳам мешуд. Аз партоби як пойафзор агар Буш худро таҳқир дида шуморад ва журналистро ба муҷозот бикашад, пас ҳазорон тиру гулулаи болои хоки муқаддас ва мардуми шарафманди Ироқ партобкардаи худро низ бояд ҷавоб бигӯяд.
Тиллои Некқадам,
журналист, «Садои мардум»
Кирдори журналисти ироқӣ як амали воқеъан ҷасурона буд. Ӯ патриоти Ватани хеш буданашро нишон дод. Зайдиро бояд журналисти сол эълон кард. Ӯ аллакай машҳур шуд ва бубинед кафши ӯ имрӯз 1 миллион доллар қиммат пайдо кардааст.
Хилватшоҳи Маҳмуд,
журналист, СМТ
Ҳодисаи дар Бағдод ба сари президент Ҷорҷ Буш омадаро метавон воқеъаи нодири соли 2008 унвон кард. Партоби пойафзор ба сари касе дар ҷомеъаи арабӣ навъи пасттарини таҳқир ҳисоб мешавад. Ба ҳар вуҷуд ин амали журналисти ироқӣ на ба ахлоқи журналистӣ ва на ба одоби инсонӣ мутобиқат намекунад, аммо рӯзноманигоре, ки дигар тоқати дидани он ҳама заҷру зулми болои миллаташ овардаро надорад, дигар чӣ кор ҳам бояд мекард? Шояд ҳар қаламбадасте, ки дарди миллат дорад, ҳамин гуна рафтор мекард.
Азизи Нақибзод,
рӯзноманигор, «Озодагон»
Рафтори Мунтазир Зайдиро мо чӣ тарзе тафсир накунем, номи ӯ чун рамзи озодихоҳӣ ва ворастагии мардуми Ироқ ва умуман миллати араб боқӣ мемонад, дар зимн эътироз нисбат ба беадолатӣ ва сиёсатҳои барғалат нишони озодагист!
Искандар Маҳмадалиев,
хабарнигор, «Халқ овозӣ»
Ин амали Зайдӣ нишони эътирози мардуми мазлуми Ироқ бар алайҳи сиёсати мустамликахоҳии Амрико мебошад, ки онро аз номи мардумаш як журналист изҳор кард.
Мунаввари Сафар, рӯзноманигор,
раиси Анҷумани фарҳангии тоҷику араб
Он чӣ, ки журналисти ироқӣ кард, пеши он ҳама қатлу ғорати анҷомдодаи маъмурияти Буш дар Ироқ ҳеч аст. Буш миллионҳо сокинони Ироқро ба зону нишонд, осорҳои таърихи инсоният ва Исломро аз байн бурд. Хабарнигори ироқӣ дар муқобили бадбахтиҳои ба сари кишвараш омада, ки дар он гуноҳи Буш кам нест, эътироз кардааст.
Бибихонум Дарвешзода,
рӯзноманигор, «Минбари халқ»
Вақте як нафар бигузор он сарвари давлати бузург ҳам бошад тақдири дигар миллату кишварҳоро бо ин шеваи дағал ҳал карданӣ мешавад, подошаш ҳамин аст, ки дар сараш бо кафш мезананд. Бисёриҳо орзу доранд, ки бар сари Буш бо санг бизананд. Ҷаноби Зайдӣ Бушро қабл аз рафтанаш аз мақоми президентӣ ҳадяи хуб дод. Бояд сарони дигар кишварҳои абарқудрат дар хотир бигиранд, ки ҳангоми муносибат бо давлатҳои заифтар аз хеш эҳтиёт бошанд, то кафше ба сару рӯяшон нарасад.
Холиқназар Ҷумъаев,
рӯзноманигор, «Фараж»
Агарчанде рафтори ин рӯзноманигори ироқӣ қобили қабул нест, вале ҳамчун як шакли эътироз аз номи халқи Ироқ ва қурбониёни бегуноҳи он қабул кардан амри воқеъӣ мебуд. Аз ҷиҳати дигар барои хидматҳои "шойистааш" ба мардуми Ироқ аз ин зиёд қадрониро худи Буш низ шояд интизор набуд. Ба ҳамин хотир рафтори журналистро ман дастгирӣ мекунам ва онро ҳамчун як эътирозе аз номи мардуми Ироқ қабул мекунам.
Абдуқодири Раҳим,
рӯзноманигор, «ҷумҳурият»
Ман ба амалкарди ҷаноби Зайдӣ бо забони Мавлонои Рум ҷавоб мегӯям, ки гуфта: Нек кард, аммо неки баднамо.
Шояд журналист дигар ҳама роҳи эътирозро барои худ баста дид ва кафши хешро бар сари Буш зад. Агар ин амал аз ҷониби як журналисти иронӣ сар мезад, ӯро қаҳрамони миллӣ мехонданд. Буш бояд барои худ ҳамин интизорро дошта бошад, ки имрӯз ӯро бо кафш заданд, оянда таърих ӯро сахттар хоҳад зад.
Абдулмӯъмин Шерхонов,
рӯзноманигор, «Пажвок»
То ба ҳол дақиқ нест, ки чаро рӯзноманигор ба ин амал даст задааст. Аммо аз дидгоҳҳои мухталиф метавон ба ин ҳодиса баҳо дод:
-Рӯзноманигор бо ин восита мехост худ ва телевизионе, ки дар он фаъолият дошт реклом кунад ва воқеан чунин ҳам шуд. (Телевизион барои раҳо намудани хабарнигораш изҳорот пахш кард).
-Як амали тарҳрезишуда ба хотири дар ёдҳо нақш бастани охирин сафари Буш ба Ироқ ва намоиш додани он ки Ҷорҷ Буш дар ҳақиқат аз демократия кор мегирад. (Бубинед, ки худи Буш низ ин амалро дар доираи қавонини демократия арзёбӣ кард)
Ба ҳар ҳол ин ҳама тахмин аст, вале аз эҳтимол дур нест, ки ин амал барои дигар рӯзноманигорон ҳангоми нишастҳои хабарӣ бо сарони давлатҳо мушкил эҷод накунад. Ҳарчанд аз тарафи журналистон сар задани чунин ҳодиса нахустин бор нест. (Мисле, ки терористон дар либоси журналист Аҳмадшоҳи Масъудро ба қатл расониданд). Аммо эҳтимол аз ин ба баъд қабл аз чунин нишастҳо рӯзноманигоронро аз ташхиси рӯҳӣ гузаронида, сипас имкони иштирок диҳанд.
P.S. Кафшпартоии журналист Мунтазир Зайдӣ бар сари Ҷорҷ Буш, сару садои мухталиф ба бор овард.
Расонаҳои хабарӣ иттилоъ додаанд, рӯзи нахусти вуқуъи ин ҳодиса кафши Зайдӣ 100 ҳазор доллар арзиш нархгузорӣ шуда буд ва фардои он рӯз қиммати кафши журналисти гурдадори ироқӣ 1 миллион доллар қиммат пайдо кард. Гуфта мешавад, дар Лубнон Зайдиро барои ин амали ҷасурона ва ватанхоҳонааш бо нишони "Ҷасорат" қадрдонӣ намуданд.
Беш аз 200 тан ҳуқуқдонон, аз ҷумла адвокати Саддом ҳам эълон кардаанд, ки омодаанд аз Зайдӣ дар мурофиаи додгоҳӣ ройгон дифоъ бикунанд. Дар кишварҳои гуногун тазоҳуроти мардум ба ҷонибдории рӯзноманигори шӯрбарангехтаи ироқӣ идома дорад.