Арзиши сари Латифи Пидром 200 ҳазор доллар

Гирдиҳамоии бозаргонон ва ҷавонони «Афғон миллат» Пактикои Афғонистон қарор кардаанд, ки ҳар касе шоир ва сиёсатмадори шинохта, раиси Ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон Латифи Пидромро кушта сарашро биёварад, 200 ҳазор доллари амрикоӣ мукофот мегирад. Ин Ҷиргаи шовинистӣ қарори хешро бо он асоснок намуда, ки шоир Латифи Пидром дар як суханрониаш шоҳи собиқи Афғонистон Амонуллоро гӯё таҳқир кардааст. Албатта дар кишваре, ки ҳар воливу ҳар вилоят ба сари худ ҳокиму фармонравост, аз ҷониби як гурӯҳ ҷавонони миллатгарои вилояти Пактиё судури чунин амри муҳлик ва мудҳиш дар қиболи ҳарфи гуфтаи як шоир ва марди сиёсӣ ҳеч ҷои ҳайрон шуданӣ нест. Ҷонибдорони раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон дар пуштибонӣ аз раҳбари хеш кумитаи дифоъ аз Латифи Пидромро созмон додаанд. Саволи матраҳ ин аст, ки чашми ҳукумати оғои Карзай ба куҷо менигарад, ки дар як вилояти қаламрави давлаташ шоири миллат ва сарвари ҳизбе аз ҷониби чанд тан ҷавонони тундраву савдогарони бозор ба куштан маҳкум мегардад ва ҳеч касе барои ин «девонагии сиёсӣ» муҷозот намешавад. Чун давлати Афғонистон ва хосса ҳомиди Карзай Амрико, Инглистон, Олмон ва Фаронса барин кишварҳои низоми демократӣ доштаро мутакко ва шарики хеш медонад ва маслиҳатгари ӯ ҳастанд, оё аз ҷониби гурӯҳе бигузор бузург ҳам дар як музофоти кишвар бо додани ҷойиза ба қатл маҳкум шудани як нафар шаҳрванд, ки аз озодии баён истифода кардааст, магар қобили қабул аст. Фикр мекунам давлати Афғонистон бояд аз ин гуна гирдиҳамоиӣои хушунатбарангез ва ҳукмҳои нораво ҷилавгирӣ намояд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97