"Миллат" ба чанд тан афроди шинохтаи кишвар дар мавриди танишҳои ба вуҷуд омада дар муносиботи миёни Тоҷикистон, Русия ва Узбакистон бо ин суол муроҷиат намуд: Сардиҳои муносибати байни кишвари мо ва давлати ҳамсоя, ҳамчунин шарики стратегии мо Русия то куҷо хоҳад расид?
Дӯстмуҳаммади Дӯст, шарқшинос:
-Яке аз бахшҳои қарордоде, ки байни Русия ва Узбакистон ба имзо расид, чунин аст, ки масъалаи сохтани ниругоҳҳои барқӣ бояд бо розигии кишварҳои ҳамсоя анҷом дода шавад, яъне, ки агар мо ниругоҳи барқи обии Роғун, ниругоҳои дигар барқи обӣ сохтанӣ шавем, танҳо бояд онро бо розигии кишвари Узбакистонро амалӣ намоем. Вале ман намефаҳмам, ки Русия бо мо чӣ гуна шарики стратегӣ аст, ки бо ҳузури ӯ барои мо монеаҳо бештар эҷод шуда истодаанд.
Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, рӯҳонӣ:
-Агар мо муносиботи хешро бо Русия хуб накунем, ҳеч гоҳ робитаҳоямон бо давлати Узбакистон хуб нахоҳад буд. Албатта сардиҳои дар муносибатҳои миёни ду кишвар ҷой доштаро чанд омиле ҳаст, ки ман аз онҳо ном намебарам, ки яке ҳамон бархурди таърихиву қадимаи турку тоҷик мебошад, вале ба хотири рифоҳи мардум ва пешрафти кишвар ва ҳалли мушкилоти имрӯз дар рӯ ба рӯи мо қарор дошта, давлати моро зарур аст, ки оҷилан роҳи ҳалли берун шудан аз ин бунбаст, аз ин бӯҳронро пайдо бикунад. Медведев ҳангоми сафараш ба Тошканд он чиро гуфт, ки Каримов мехост. Агар мо битавонем бо Русия муносибатҳоямонро беҳтар бикунем, ҳам зарари Узбакистонро аз худ дур мекунем, ҳам то ҷое ба ҳалли мушкилоти бебарқӣ бо кӯмаки русҳо муваффақ мешавем. Ҳарчӣ мо худро бо мамолики Ғарб наздик кунем, ҳамон қадар Русия аз мо дар ғазаб мешавад ва димоғи давлатмардони рус аз мо месӯзад. Ҳарчанд мо кишвари мустақил ҳастем ва худамон бояд муайян бикунем, ки бо кадом кишварҳо доду ситад ва муносибот дошта бошем, вале Русия, ки дар Осиёи марказӣ таъсир ва нуфузи беш 150 сола дорад ба ин зудӣ ва осон моро аз оғӯши хеш раҳо нахоҳад кард ва мутаассифона обод ҳам нахоҳад кард. Аз ин бармеояд, ки мо хоҳем нахоҳем бояд бо Русия муносибатҳоямонро муфид ва манфиатбахш роҳандозӣ созем.
Ҳоҷӣ Азизи Хошок, коршинос:
-Мегӯянд, ки ҳаққи ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст. Агар ҳамсояе, ки дар ҳаққи ҳамсояи дигар хиёнат кунад, Худо ҳам дӯсташ намедорад, албатта ҷазояш ҳам медиҳад. Дар замони Шӯравӣ Тоҷикистон дар мавсими тобистон бо қиммати1 тин ба Узбакистон барқ мефурӯхт, вале Узбакистон дар фасли сардӣ барои мо бо қиммати 4 тин барқ медод. Бубинед, ҳанӯз ҳамон солҳо Узбакистон аз ҳисоби ҳар киловатт барқи тоҷик 3 тин фойида мебурд. Маскав барои Узбакистон ҳамон солҳо аз ҳисоби оби рӯдхонаҳои Тоҷикистон, ки ройгон заминҳояшонро шодоб ва мардумашро сероб месохт, обанборҳои бузург бунёд намуда буд. Нақшаи як умр тобеъву дастнигар будани тоҷикон пеши ҳамсоягони хеш аз хеле солҳои қабл тарҳрезӣ шуда буд.
Имрӯз обрӯ ва мартабаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси ҷаҳонӣ камтар аз Медведеву Каримов нест. Сарвари давлати тоҷикон имрӯзҳо хеле обрӯ ва манзалати бузург дорад, ин ҳама албатта, рашки бадхоҳони моро овардааст. Муносибати Тоҷикистон ва Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон дар ҳамин солҳои ахир як навъ ба сардӣ гароид. Вале муносибатҳои Русия ва Узбакистон мутаассифона баракс хеле рушд ёфтанд ва русу узбак ба зинаҳои наву болотари ҳамкориҳои мутақобила даст ёфтанд. Мебояд, ки муносибатҳои мо бо Узбакистон ва Русия дар сатҳи хуб қарор дошта бошанд, вале мутаассифона алъон мо акси онро дида истодаем. Пас, имрӯз дипломатияи тоҷикро мебояд, ки роҳҳои ҳалли мушкилоту печидагиҳои миёни давлати мо ва Узбакистон ҷой доштаро бартараф сохта, ба ҳамвор сохтани роҳ, яъне рушди ҳамкориҳои мутақобиларо таъмин намояд.
Раҳматулло Валиев, сиёсатмадор:
-Муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Узбакистон баъди ба даст овардани истиқлолият он қадар хуб нест. Ин муносибатҳо сол то сол сард шуда истодааст. Бо расидани пайи қадами "муборак"- и Медведев ба Тошканд ва сӯҳбати ӯ бо ҳамтои узбакаш Ислом Каримов ин муносибатҳо боз ҳам сардтар гардиданд. Ин сардиҳо ба он оварда расондааст, ки аз бебарории дипломатияи роҳбарон тамоми мардум азият мекашанд. Барқ дар Тоҷикистон намерасад. Бояд ин масъала, ки мушкили рақами як аст, бо чӣ қиммате бошад ҳал шавад. Ин кори мардуми одии кишвар нест, ки Узбакистон ба мо барқ додан намехоҳад, балки кори Хукумат аст. Мардум мехоҳад, ки барқ дошта бошад.
Иллат чист, ки мо имрӯз аз истифодаи барқ маҳрумем ва азобу азият мекашем?
1. Бемасъулиятӣ ва ноӯҳдабароиҳои масъулини соҳаи барқу энержӣ,
2. Дуруст ба роҳ монда натавонистани муносибот бо кишвари ҳамсоя
Ба ҳамин хотир бояд ҳукумати кишвар ҳамаи имкониятҳои худро истифода кунад, то бо ҳамсояҳои худ муносибати то ҷое нек таъмин гардад. Тоҷикистон нисбати он ки бо Русия, Белорусия ,Украина ва давлатҳои назди Балтика муносибати хуб доштан бояд қабл аз ҳама бо ҳамсояҳои худ муносибатҳои хуби дӯстӣ барқарор кунад. Ин аз ирода ва дипломатияи баланди Ҳукумати ҶТ вобаста аст.
Қосимшо Бекмуҳаммад, рӯзноманигор:
-Воқеан, замоне ки Маскав ба унвони шарики стратегии шумораи аввали мо ва Тошканд чун наздиктарин ҳамсояи Тоҷикистон, ки раиси ҷумҳураш иддаои якмардум будани тоҷикону узбакҳоро дорад, ингуна рафтор мекунанд, ҷойи нигаронии ҷиддист.
Ва агар дар масоили сохтмони ниругоҳҳо, ки асоси рушди иқтисоди мо марбути он хоҳад буд, "дӯстонамон" ин қадар фишор меоранд ва Узбакистон дар заминаи транзити барқ, маводу коло ва даҳҳо мавриди дигар мушкил эҷод мекунанд, дигар фурсати он расидааст то аз он натанҳо рӯзноманигор ва коршиносон сӯҳбат кунанд, балки мақомоти расмӣ низ мавқеъи худро мушаххас намоянд.
Зеро ҳама имрӯз аз иқдомоти мақомоти кишварамон дар ин замина ҳимоят хоҳанд кард ва дигарбора таъид хоҳанд кард, ки "сиёсати дарҳои боз" роҳбурди (стратегия) дуруст ҷиҳати мунзавӣ намудани Тоҷикистон ва вобастаи 2-3 кишвари хос нагардидани вай мебошад.
Таҳияи
Заринаи Мухторзода