БУЗУРГДОШТИ ТОҲИРИ АБДУҶАББОР ДАР ДУШАНБЕ

Сиёсат 26.04.2009 22:15

Маросими бузургдошти Тоҳири Абдуҷаббор, пешвои ҳаракати истиқлолхоҳии Тоҷикистон ва Раиси ҷумбиши мардумии Растохез субҳи рӯзи 25 апрел дар шаҳри Душанбе бо ширкати ёру дӯстон, маҳфилҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва рӯҳонии кишвар ва инчунин рақибони собиқи ӯ баргузор гардид. Аммо зимни баргузории ин маросим, ҳамаи ҳозирин аз Тоҳири Абдуҷаббор ҳамчун шахсияти нотакрор, ориф, олим ва мутафаккир ёд карданд.

Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди саршиноси тоҷик бо ёдоварӣ аз хислатҳои ҳамидаи инсонии ин абармард, таъкид бар он кард, ки Тоҳири Абдуҷаббор мубориза- ҳои худро дар роҳи худшиносии миллӣ ва истиқлол аз мубориза барои поксозии забон ва мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ шурӯъ карда буд.

Муҳаммадҷон Шакурӣ афзуд, ба фарқ аз аксари пешвоёни замони истиқлолхоҳӣ ва муборизаҳои демократӣ Тоҳири Абдуҷаббор шахсияте буд, ки ҳаргиз ҳарфи бидуни мулоҳиза назада буд ва манофеи миллиро бештар аз дигарон ташхис дода ва дарк карда буд.

Муҳаммадҷон Шакурӣ таъкид кард, ки дар ба курсӣ нишондани забони тоҷикӣ дар охирҳои солҳои 80 уми асри гузашта, хидматҳои Тоҳири Абдуҷаббор бениҳоят будааст.

Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода, қозии собиқи мусулмонони Тоҷикистон, ки Тоҳири Абдуҷабборро яке аз ҳамсангарҳои содиқ дар муборизаҳои фарҳангӣ – сиёсии солҳои 90 қарни гузаштаи худ медонад, гуфт: - Тоҳири Абдуҷаббор барои ҳарчи зуд расидан ба сулҳ талош мекард ва агарчӣ узви ҳайъати комиссиюни оппозитсиюн набуд, аммо машваратҳои хубе барои сулҳи пойдор медод. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода гуфт, ки Тоҳири Абдуҷаббор ба унвони як зоҳид буд.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки низ дар маросими бузургдошти Тоҳири Абдуҷаббор ширкат дошт, бар минбар омад ва бо андӯҳи гарон марги ин соҳибдилро барои мардуми Тоҷикистон таслият гуфт. Шодӣ Шабдолов, афзуд, Тоҳири Абдуҷаббор як фарди истисноӣ буд, ки бо дониш, фаросат ва ҷасораташ дар миёни рӯшанфикрони тоҷик фарқ мекард. Раҳбари коммунистони Тоҷикистон афзуд, агарчӣ ӯ дар муборизаҳои сиёсӣ яке аз сарсахттарин рақибони мо маҳсуб меёфт, вале ман тӯли ин ҳама муборизаҳои шадид ҳеч кинае аз ӯ дар дил надорам, зеро ӯ аз фарҳанги рақобати солим хуб огоҳ буд ва дар масоили сиёсӣ бисёр муаддабона бархӯрд мекард. Шодӣ Шабдолов аз ҳодисаҳои баҳманмоҳи хунини соли 1990 ёдовар шуда, гуфт, Тоҳири Абдуҷаббор бо вуҷуди миллатдӯстӣ ва милатхоҳиаш, ҳеч гоҳе миллатчӣ набуд ва афзуд, ӯ аз ҷумлаи фарҳангиёни саршиносе буд, ки аз мардуми арманӣ аз барои ин тавтиъаи нангин узрхоҳӣ кард.

Масъуд Собиров, раиси ҲДТ ва устоди донишгоҳи иқтисоди Тоҷикистон низ гуфт, ки ҳар тоҷике чунин зиндагӣ ва маргеро бояд орзу кунад. Зиндагии пок, беолоиш ва ҳамчунин даргузаште бо сари буланд, бо саре, ки ҳаргиз пеши касе хам нашуд.

Ҳамин гуна хотираи абармарди озода, ориф ва ворастаи миллат бо ҷамъи афроди саршиноси миллат, вакилони маҷлис, сафирони кишварҳои Афғонистон ва Ирон, намояндагони аҳзоби сиёсӣ, мақомот ва шахсиятҳои саршиноси сиёсӣ, устодони донишгоҳҳои Душанбе, ҳамандешон ва рақибони сиёсии собиқи ӯ гиромӣ дошта шуд. Ӯ аз ҷумлаи ангуштшумор нафаронест, ки дар Тоҷикистон шахсияти ӯро ҳам ҳамандешон ва ҳам мухолифони андешааш эътироф кардаву барояш эҳтиром қоиланд.


«Миллат»
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97