Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

ГУРЕЗИ БУШ АЗ ПОПӮШ

Сиёсат 19.12.2008 14:59

Пойафзолпартоии журналисти ироқиро ба сӯйи Ҷорҷ Буш дар нишасти матбуотиаш дар Бағдод ба ҳеҷ ваҷҳ амали қаҳрамонӣ арзёбӣ намекунам. Ва ин нуқтаи назар на танҳо ба он хотир аст, ки ин амал хилофи одоби журналистӣ ва қавонини байналмилалӣ мебошад. Бале, ҳамлаи ИМА болои Ироқ ба ҷуз таҷовуз чизи дигаре буда наметавонад.

Сарбозони як кишвар дар кишвари дигар агар мекушанд ва худ кушта мешаванд, пас ин албатта таҷовуз аст. Ва маҳз маъмурияти ҳамин Буше, ки ҳадафи партоби попӯши рӯзноманигори ироқӣ қарор гирифт, масъулияти таҷовуз ба Ироқро ба дӯш дорад. Ва журналист ба таври худ гӯё қасоси ҳамватанони шаҳиду ҷабрдидаашро гирифт.

Агарчи журналистро ҳамон лаҳза даст паси пушт баста пойлуч ба маҳбас бурда бошанд ҳам, ҳамагӣ чанд лаҳза баъд кӯчаву хиёбонҳои Бағдодро садҳо пойафзолбадастҳо пур карданд. Дар ҷанги Ироқ марҳилаи нав- эътирози пойафзолбадастҳо, интифозаи "пойафзол" оғоз шуд. Худо кунад, ки чун интифозаи фаластиниҳо дуру дарозу бенатиҷа набошад.

Чаро журналисти ироқӣ ба чунин иқдом даст зад? Ӯ шояд дигар бовар надорад, ки бо суханаш, бо қаламаш барои кишвараш коре карда метавонад. Шояд фикр дорад, ки дигар дер шуд, умеди раҳоӣ ёфтан аз ин ҷангу аз ин ишғолгар дигар намондааст? Бале, албатта, кор аз кор гузаштааст. Илоҷи воқеаро агар пеш аз вуқӯъ мекарданд ҳазор бор беҳтару осонтар мебуд. Ба ҳар ҳол имрӯз ҳам илоҷе ҳаст. Чӣ гуна?

Журналисте, ки мехоҳад кишвараш мавриди таҷовузи бегонагон қарор нагирад, дар баробари нишон додан, интиқод намудан ва мусоидат кардан ба ислоҳи камбудиҳои мавҷуда дар сиёсатҳои дохиливу хориҷии он бояд, ки пайваста аз таҳкими иттиҳод ва ваҳдати миллӣ, якпорчагии он низ ҳарф бизанад, шукронаи истиқлолу озодӣ ва сулҳу суботро низ бикунад. Кореро, ки журналистон ва сиёсатмадорони Ироқ замони қабл аз таҷовузи ИМА, мутаассифона, накарданд ва ё хеле кам мекарданд. Амрикоиҳо он замон хуб омӯхта буданд, ки ҳамла ба Ироқ мардуми кишварро ба гурӯҳҳои мухолиф тақсим хоҳад кард ва онҳо ин ихтилофро ба манфиати худ истифода хоҳанд кард. Ва дидем, ки чунин ҳам шуд. Баъзе гурӯҳҳо дар Ироқ низомиёни амрикоиро бо хушӣ истиқбол гирифтанд, ҳатто кӯмакашон карданд. Гумон карданд, ки Ироқ дар як мижа задан давлати демократӣ хоҳад шуд. Ва онҳо дар биҳишт зиндагонӣ хоҳанд кард. Вале онҳое, ки чунин хаёле доштанд ва худи таҷовузгарон ҳам сахт хато карданд. Ироқ баъди ҳамлаи низомиёни ИМА ба ҷаҳаннаме дар рӯйи замин табдил ёфт. Дар ин ҷаҳаннам имрӯз ҳам журналист месӯзаду ҳам сиёсатмадору ҳам мардуми оддии бегуноҳ ва ҳам худи таҷовузгар.

Замоне агар журналистону сиёсатмадорони ироқӣ коре мекарданд, ки мардум дар муқобили таҷовузи эҳтимолии хориҷиён омодаи аз як гиребон сар баровардан мебуданд, шояд амрикоиҳо он гунае, ки аз ҳамла ба Ирон худдорӣ карданд, ҳамон гуна аз ҳамла ба Ироқ даст мекашиданд. Зеро медонистанд, ки кишвареро, ки мардумаш дар қиболи хатари берунӣ аз ҳукуматаш чун як тан тарафдорӣ мекунад, ба ҳеҷ ваҷҳ мутеъ ва тобеъ карда наметавонанд. Мутеъ кардан он тараф истад, ҳатто дороияшро ба ғорат бурда наметавонанд. Ва аз ҳамла ба Ироқ худдорӣ мекарданд. Вале сиёсатмадорону журналистон кореро, ки бояд мекарданд, чуноне ки боистӣ накарданд. Акнун имрӯз самараи бефаъолиятии худ, аниқтараш кӯтаҳназарии хешро чашида истодаанд. Ҳузури ишғолгар натанҳо сиёсатмадорону журналистон, балки мардуми оддиро низ аз ҳузуру осудагӣ маҳрум кардааст. Ҳатто он иддаъ ироқиҳоеро, ки бо ин таҷовуз умедҳое дар дил мепарвариданд. Онҳо низ имрӯз ҳамагӣ ҳосили киштаи хешро медараванд. Ва ин ҳосил сахт талх ҳаст.

Пас роҳи наҷот куҷост? Роҳи наҷот боз ҳамон роҳи дар назар осону вале татбиқаш дар амал мушкил, роҳи даъват ба иттиҳоду ваҳдати миллӣ мебошад. Дар ин раҳ саҳми ҳукуматдорон бояд бештар бошад. Онҳоянд, ки дар ин раҳ имкониятҳои гузоштани қадамҳои амалиро доранд. Даъват ба иттиҳоду ваҳдати миллӣ дар баробари ишғолгарони амрикоӣ нурест, ки аз шоми торики бардагӣ роҳро ба сӯйи субҳи озодагӣ барои ироқиҳо ҳамвор месозад. Ба фикрам рисолати журналисти ироқӣ имрӯз ин аст, ки мардумро барои ҳарчи тезтар устуворона рафтан дар ин раҳ мусоидат бикунад, на ин ки дар баробари сарбозони сар то по мусаллаҳи амрикоӣ пойи луч ва дасти холӣ сари эҳсосот ба кӯча барорад.

Зеро ба иттиҳод ва ваҳдати миллӣ ироқиҳо баъди хурӯҷи эҳтимолии амрикоиҳо аз кишварашон дар соли 2011 боз бештар эҳтиёҷ пайдо хоҳанд кард. Сабақи Афғонистон ҳанӯз аз ёдҳо фаромӯш нашудааст. Воқеан, ба иттиҳод ва ваҳдати миллӣ дар ин давраи пурошӯбу нотинҷ мардум ва ҳукуматдорони ҳамаи кишварҳои олам ҳамчун ба обу ҳаво зарурат доранд. Ҳамаи кишварҳо, бе истисно.


Султони Ҳамад
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97