Шикасти Тоҷикистон аз Ҳинд

Варзиш 14.08.2008 14:35

Тими мунтахаби Ҳинд бо пирӯзӣ бар футболбозони тоҷик ба бозиҳои Ҷоми футболи Осиё, ки соли 2011 дар Қатар баргузор мешавад, роҳ ёфт. Рӯзи чоршанбе, 13 август дар бозии ниҳойи дар чаҳорчӯби Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 1 бар 4 аз тими мунтахаби Ҳинд шикаст хӯрд.

Қарор буд ин бозӣ се рӯз қабл, яъне дар якшанбеи гузашта дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳинд баргузор шавад. Аммо боронҳои шадиди охири ҳафтаи гузашта ва ду бозии нимниҳоӣ дар варзишгоҳи “Гаҷибовлӣ”-и Ҳайдаробод имкон надод то бозии тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳинд низ дар варзишгоҳи ин шаҳр доир гардад.

Ба ин далел, бар асоси тасмими Конфедератсияи футболи Осиё бозии ниҳоӣ барои ба даст овардани Ҷоми ин конфедератсия дар варзишгоҳи ”Амбедкор”-и Деҳлии Нав сурат гирифт. Ин рақобатро Валентин Коваленко аз Узбакистон доварӣ кард.

Қисми аввали бозӣ ба ҳисоби 3 бар 1 ба нафъи тими мунтахаби Ҳинд анҷом ёфт. Тӯбҳоро Сунил Чхетрӣ (дақиқаҳои 9 ва 23) ва Бхутиа Байчунг (дақиқаи 19) ва аз тими мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқаи 44 Фатҳулло Фатҳуллоев заданд.

Дар дақиқаи ҳафтоду панҷуми қисмати дуввуми бозӣ Сунил Чхетрӣ тӯби чаҳорумро вориди дарвозаи Алишер Тӯйчиев сохта ва бо задани се гол дар ин бозӣ хеттрик-hattrick кард.

Дар рақобат барои касби зинаи сеюм дар бозиҳои Ҷоми Осиё тими мунтахаби Курёи Шимолӣ бо ҳисоби 4 бар ҳеч тими мунтахаби Бирмаро шикаст дод.

Тоҷикистон дар сурати пирӯзӣ бар Ҳинд аз ҳоло метавонист ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат бигирад.

То ҳол танҳо Қатар ба унвони мизбони рақобатҳои Ҷоми Осиё -2011 ҳаққи ширкат дар ин мусобиқотро ба даст оварда буд. Ва акнун Ҳинд дуввумин кишваре ҳаст, ки тими мунтахаби футболи он дар рақобатҳои Ҷоми футболи Осиё дар се соли баъд ширкат хоҳад кард.

Пирӯзӣ бар Ҳинд дар бозии имрӯз танҳо шонси Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба бозиҳои навбатии Ҷоми Осиё буд, зеро тими мунтахаби ин кишвар бар асоси натоиҷи бозиҳои муқаддамоти дар гурӯҳи худ, аз ҳаққи идомаи рақобатҳо маҳрум шудааст.

Лозим ба ёдоварист, тими мунтахабаи футболи Тоҷикистон нахустин барандаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё аст, ки ду сол қабл (2006) ин ҷомро ба даст оварда буд.


©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97