Аҳмад Валӣ Масъуд: Аз афғонҳо хидматгор намебарояд

Соли 2009 мӯҳлати президентии раиси кунуни Афғонистон Ҳомид Карзай ба итмом мерасад ва ин кишварро интихоботи президентӣ дар пеш аст. Афғонистон чандин сол ин ҷониб мабдаъи нооромиҳост. Доир ба масоили ин кишварро чӣ интизор аст, бо "Толибон" чӣ бояд кард ва харобиҳои ҷанги тӯлониро чӣ тавр бартараф намуд(?), Аҳмад Валӣ Масъуд - бародари пешвои беназари ҷабҳаи Шимол Аҳмадшоҳи Масъуд ва роҳбари бунёди фонди ба номи ӯ ба "Росбалт" ибрози ақида намуд.

- Ҷаноби Масъуд, бӯҳрони Афғонистон яке аз мушкилоти муҳими сиёсати байналмилалӣ мебошад. Натиҷаи амалиёти зиддитеррории ИМА боиси фаъолшавии террористон, афзудани чандкаратаи истеҳсоли маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайрирасмӣ ва савдои яроқ гардид. Ба ақидаи Шумо, ҳукумати кунунӣ аз ӯҳдаи рафъи ин мушкилот мебарояд?

- Дарки вазъи ногувори Афғонистонро осон аст. Вақте ки "Толибон" - ро сарнагун карданд, мо бояд комёбиро бештар, амниятро таъмин мекардем, истеҳсоли маводи мухаддиро кам менамудем, терроризмро мағлуб ва идораи хубро таъмин мекардем. Афсӯс, ки терроризм меафзояд, истеҳсоли маводи мухаддир зиёд мешавад ва ҳукумат фосид аст. Ин аст сабаби он, ки чаро ситезаҷӯӣ ва таҳдид танҳо меафзояд. Ба андешаи ман, ҳукумати кунунӣ бояд истеъфо диҳад, зеро ба ин ситезаҷӯӣ рақобат карда наметавонад.

- Бисёриҳо аввалҳо иброз мекарданд, ки президенти кишвар Ҳомид Карзай шӯҳрат надорад ва аз ӯҳдаи рафъи ин вазъ баромада наметавонад. Чаро он вақт ӯро ИМА дастгирӣ намуд, инчунин қабилаҳои афғон?

- Ҷабҳаи шимолии Афғонистон ба он хотир ризоят ба президенти кишвар интихоб шудани Ҳомид Карзай доданд, ки ба ин шарт ба кишвари мо кӯмаки байналмилалӣ расонида мешуд. Пурсидан ба маврид аст, ки Ҳомид Карзай то интихоб шудан ба маснади президентии кишвар шӯҳрат дошт? Дорои сифатҳои пешвоӣ буд? Ё ӯ ҳамчун нобиға машҳур буд? Мо ба номзадии ӯ танҳо ба он хотир ризоят додем, ки кӯмаки байналмилалӣ ба қабули ӯ ҳамчун пешво расонида мешуд. Он ҷо доир ба масъалаи иттифоқи назари ом ва ҳамдилӣ оид ба пешвои кишвар ёфт гардид. Вале вақте Карзай танҳо ба қабули қарорҳо пардохт, тавофуқи умумӣ ва ҳамдилӣ вайрон гардид ва худи президент бовариро аз даст дод. Ғайр аз ин, гуфта метавонам, ки қонунияти ҳукумати ӯ зери суол мондааст.

- Оё метавон гуфт, ки иваз шудани ӯ имконпазир аст, агар ИМА ба раванди интихобот дахолат накунад ва боз шарт оид ба номзади алоҳида нагузорад?

- Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳамаи он чизе ки имрӯз дар Афғонистон рух медиҳад, ин натиҷаи муборизаи 30 сола мебошад. Назди Ҳомид Карзай се масъала меистод: мағлубсозии терроризм, барҳам додани истеҳсолу интиқоли маводи мухаддир ва барқарор кардани сохтори давлатдорӣ. Бо назардошти он, ки истеҳсолу интиқоли маводи мухаддир, терроризм меафзояд ва суръати фасод ба ягонагии давлат таҳдид мекунад, ӯ аз ӯҳдаи ҳеч кадоми он набаромад. Муҳим на як нафарро иваз кардан аст, сохтори идораро бояд тағйир дод, ки фасодро тавлид мекунад. Як нафар наметавонад тамоми кишварро зери назорат гирад. Аз ин лиҳоз бояд аз сохти идораи президентӣ ба сохти идораи порлумонӣ гузашт. Он ба мо ҳам президент, сарвазир, девони вузаро, порлумони дақиқ амалкунанда ва мувозинат байни сохторҳои ҳукуматро медиҳад. Ҳукумат бояд тавре тақсим гардад, ки ҳар як гурӯҳи қавмӣ ё этникӣ дар он намоянда дошта бошад. Мушкилоти асоси имрӯзаи Афғонистон набудани боварӣ ба фардо аст. Бояд раванди устувор кардани бовариро оғоз намоем. Вале бо ҳукумати кунунӣ, вақте он дар дасти гурӯҳи ками нафарон аст, инро амалӣ намудан номумкин мебошад. Амалӣ гардонидани лоиҳаҳои миллӣ низ ғайриимкон аст.

- Шумо пешниҳод мекунед, ки тамоми қабилаҳо дар идораи давлат бояд ширкат кунанд. Пас ҷалби толибон ба маврид аст? Зеро ними кишвар таҳти тасарруфи онҳо қарор дорад.

- Агар мо сохторро тағйир диҳем, он гоҳ президент ва сарвазир намояндаи ҳар қавм шуда метавонанд. Муҳим ин аст, ки бояд мувозинатро риоя кард, то ба гузаштани тамоми ҳукумат ба дасти як нафар имконият пайдо нашавад. Тавре маълум аст, ҳукумат бадахлоқӣ мекунад. Ва ҳукумати мутлақ бештар мутлақо бадахлоқӣ мекунад. Ҳукумати мутлақ президенти мо ва ҳукумати моро бадахлоқ кардааст. Таъмини идораи дастҷамъии кишвар муҳим мебошад. Агар танҳо сардори давлатро иваз кунему сохторро не, он гоҳ чизе тағйир намеёбад. Дуюм, ки хело муҳим аст, дар музофот ба одамон имконияти интихоби раисони худро диҳем. Перомуни масоили толибон, бояд хотиррасон кард, ки вақте онҳо ба сари қудрат омаданд, қабилаҳои шимолии Афғонистонро касе на шунидан мехосту на фаҳмидан, ки толибон - ин на танҳо мушкилоти афғонҳост, балки мушкилоти тамоми олам аст. Доир ба ин масоил дар тамоми сатҳҳои Лондон борҳо иброз кардам. Вале гуфтаҳои маро касе нашунид. Вале ҳамаи ин баъди 11 сентябр тағйир ёфт. Имрӯз дар Афғонистон толибони нав ҳам ҳаст.

- Кистанд толибони нав? Чунин намешавад, ки толибони навро ба гуфтушунид ҷалб карда, ба ҳолати пештара бар мегардем?

- Вақте доири толибҳои нав сухан мекунам, ман насли нави толибонро дар назар дорам. Толибони нав ҳам ҳамон муносибатро ба атрофиёни воқеъӣ, ҳамон андешарониеро доранд, ки толибони кӯҳна доранд. Мақсадҳояшон ҳамон аст. Ягона фарқият дар он аст, ки толибҳои нав технологияҳои навро истифода мебаранд. Мумкин аст, ки омодагии толибони нав беҳтар бошад. Илова ба технологияи нав онҳо таълимоти нав гирифтаанд, яъне муносибатҳои нави сиёсӣ. Вале андешаронии толибони нав ва кӯҳна як хел мебошад. Робитаҳои кӯҳна боқӣ мондаанд. Насли нави толибҳо супоришро аз ҳамон "Ал -Қоида" мегиранд. Аммо имрӯз шумо дигар номи муллоҳо Додулло, Бурҷон, Раззоқро намешунавед. Инҳо толибони гузаштаанд.

- Мақоми СҲШ - ро дар гуфтушунидани байни афғонҳо чӣ гуна мебинед?

- Ба андешаи ман, кишварҳои СҲШ иқтидори бой доранд. Созмон метавонад бисёр корҳоро ба сомон расонад; дар иқтисод, дар соҳаи бехатарӣ, дар сохтани гузаргоҳҳои энержӣ, ки бо воситаи онҳо метавон барқро аз Ҳиндустон, Ирон ба Русия, Чин, Афғонистон интиқол кард. СҲШ метавонад манотиқи иқтисодӣ дар минтақа бисозад. Масалан, кишвар - мушоҳидачӣ Ҳиндустон дар қисмати ҷанубу ғарбии Афғонистон қариб ки сохтмони роҳи автомобилгардро ба анҷом расонидааст. Ин роҳ хело мӯҳим аст, зеро бо воситаи он борҳо аз Тоҷикистон ба Ирон, Ҳиндустон ва дигар ҷойҳо интиқол меёбад. Он вобастагии Афғонистонро аз Покистон камтар мекунад. СҲШ бештар имконияти барҳамдиҳии терроризм, маводи мухаддир ва миллатгароиро дар Афғонистон дорад. Масалан, агар СҲШ ба сабаби ҷанг ба ҷануб рафта наметавонад, бигзор ба қисми ғарбӣ, марказӣ, шимолу шарқии Афғонистон равад. Дар Афғонистон бисёр манотиқ аст. Чӣ қадаре онҳо рушд кунанд, ҳам он андоза барои кишварҳои иштирокчӣ беҳтар мебошад. Ин барои Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Русия, барои ҳамаи кишварҳо хуб мешавад. "Ал-Қоида", толибҳо ё дигар гурӯҳҳои ҷангҷӯ метавонанд чизи беҳтаре пешниҳод кунад. Дар натиҷа одамон ба онҳо наздик мешаванд. Барои ҳамин кишварҳои СҲШ агар хоҳанд, бисёр корро анҷом диҳанд. Ман ба ин боварӣ дорам. СҲШ бояд фаъол шавад, бояд аз сухан ба амал гузарад.

- Истифоди хоки Афғонистон ҳамчун пойгоҳ барои ҳуҷум ба Ирон мумкин аст? Метавон чунин тарҳро истифода кард, агар ИМА ва кишварҳои узви НАТО ба ҳукумати кишвар фишор диҳанд?

- Ин номумкин аст. Не. Ҳукумат инро намехоҳад. Агар ҳукумат хоҳад ҳам, онро амалӣ карда наметавонад, зеро мардум намехоҳад. Мо, оммаи оддӣ инро намегузорем. Ирон - ин ҳамсоя мост. Мо ба ҳам зист мекунем, дар минтақа, дар як қисми олам. Агар бо онҳо чизе рух диҳад, фардо он бо мо рух медиҳад. Мо наметавонем тамоми муносибатҳои ҳамсоягиро вайрон кунем. Не- не, мо дар ин гуна бозиҳо иштирок намекунем. Метавонед бовар кунед, ки афғонҳо ин корро ҳеч гоҳ намекунанд. Афғонҳо хидматгорӣ баданд. Масалан, агар шумо мехоҳед, ки афғон хидматгорӣ шумо бошад, ӯ хело хидматгори баде мешавад ва кам кор хоҳад кард. Вале агар шумо мехоҳед, ки дӯсти шумо бошад, онгоҳ ӯ хело дӯсти хуб мешавад. Вақте ки коммунистҳо дар даврони СССР ба Афғонистон омаданд, хостанд, ки афғонҳо хидмадгор бошанд. Аз ин чизе набаромад. Агар дигар кас бо афғонҳо ин амалро раво медид, натоиҷаш хеле бад мешуд. Вале агар шумо мехоҳед дӯст бошед, биёед дӯст шавем.


Мусоҳиб Александр Евграфов
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97