ҚИЁМАТЕ, КИ ҚОЙИМ НАГАШТЁ қиссаи як шаби бедории Хуҷанд

Иҷтимоъ 21.01.2009 13:41

Борҳо номи асарҳоеро ки мансуб ба вақтанд шунидаам, ки онҳо ба монанди "Даҳ рӯзе ки ҷаҳонро ба ларза овард", "Чанги шашрӯза" ва амсоли инҳоянд, аммо ман дар ин ҷо дар бораи як шаби Хуҷанд ҳарф мезанам, ки он шаби оддӣ набуд, он шабе буд, ки мардум қиёматро интизорӣ кашиданд. Рақами телефони камина ҳамчун масъули бахши иттилоотии телевизиони Симои Мустақили якуми шаҳри Хуҷанд ба воситаи оинаи нилгун ҳар рӯз эълон мегардад.

Шоми санаи 9-ум бар 10-уми январ тибқи одати маъмул телефони худро шабона хомӯш накарда мондам, шояд ягон иттилоъе ва ё коре таъҷилӣ ба миён ояд. Он шаб фаҳмидам, ки воқеан кори қабулгоҳи хадамоти ёрии таъҷилӣ ва оташнишонӣ хеле душвор будааст. Он шаб иттилоърасон-журналист ва дар баробари ин тасаллидиҳандаи мардум шудам. Давоми як шаб ба 68 занги телефонӣ ҷавоб гардонидам.

Соати 1.30 дақиқаи шаби 10-уми январ. Занги телефонӣ маро аз хоб бедор кард.

-Ассалому алейкум, ман аз маҳаллаи ҳаштуми шаҳр ба Шумо занг зада истодаам. Ростӣ гапро руст накарда гӯед, имшаб замин меҷунбад? Чӣ кор кунем?

Баъди ин занги телефонӣ хоб аз дидаам парид. Гуфтам, ки чаро ин хел мегӯед, охир дар ягон кунҷи олам заминларза пешгӯӣ карда нашудааст. Рафта хоб кунед, хеҷ чиз намешавад. Гӯшаки телефонро хомӯш кардан замон занги навбатӣ садо дод.

- Мо ҳама сокинони маҳалла, ба берун баромадем, мардҳо дар рӯи ҳавлӣ ҷамъ шуда нишастаанд. Занҳо бо ҳамроҳи бачаҳояшон дар даруни мошинҳо нишастаанд, заминҷунбӣ мешудааст, ин гап рост-мӣ?

-Аз куҷо ин хел маълумотро гирифед?

- Телевизион қати эълон карданд, худи канали шумо эълон кард-ку!

- Мебахшед, мо ҳеҷ гуна эълон дар бораи зилзила надодаем. Дар Интернет ҳам ягон чизро нахондаам. О, ҳатто ҷопониҳо зилзиларо пешгӯӣ карда наметавонанду мо аз куҷо метавонистаем? Хеҷ гуна заминҷунбӣ намешавад. Оромона ба хонаҳоятон даромада хоб кунед. Ин занги дуюм низ аз ҳамон маҳаллаи шаҳр буд.

Дертар маълум гашт, ки бино бар паҳншавии овозаҳо сокинони биноҳои баландошёна аз тарси он ки мабодо заминларза рух надиҳад, ҳама ба берун баромадаанд. Дар ин бевақтии шаб қувваи барқ дар аксари биноҳо хомӯш карда шуда буд ва барои поён фуромадани мардуми ба воҳима афтода аз зинапояҳо шамъ ва нури аз шамол ларзони шӯълаи он мадад мекард. Аз ин овоза бештар онҳое ба таҳлука афтоданд, ки дорову сарватманд буданд. Мардон аз овозаи мабодо заминҷунбӣ нашавад тарсида, пулҳои ҷамъкардаашонро ҳамроҳ гирифта ба поён фуромаданд. Занон бошанд, дар гӯш гӯшвора, ангуштарину дастпона ва дигар ороишоташонро бощад бо худ гирифта буданд. Азбаски ҳаво хунук буд, дохили мошинҳоро паноҳгоҳ интихоб карданд. Ана, як манзараи аҷоиб нимашаб пайдо гардид. Автомобилҳои пеши бозор Тайотаҳо, Мерседесҳо, Тангему Опелҳо дар роҳи кушод қатор истоданд. Дар дохили он мошинҳо мардуми зиёд нишаста буд. Мошинҳо дар ҳолати корӣ ҳастанд ва тафдонҳояшон гармӣ медиҳанд.

Соати 2.00 боз занги телефонӣ.

-Алло, акоҷон ГЭС-и Қайроқум тинҷӣ-мӣ? Мо ҷудо хавотир. Заминҷунбӣ мешудаасту дамбаи ГЭС метаркидаст, бачаҳомон чӣ мекунанд? - овози гиряолуди зани ба таҳлука дучоршуда садо медод аз гӯшак.

-Ҳеҷ чиз намешавад. Ором шавед, хавотир нашавед, ҳеч кор намешавад. Бачаҳотонро гирифта ба хонаатон рафта хоб кунед.

Ин занги телефонӣ аз маҳаллаи сеюми шаҳр буд, ки он маҳаллаи канори шаҳри Хуҷанд асту ба истилоҳи сокинонаш Камчатка мебошад.

Баъди ин сӯҳбати телефонӣ маро шавқи касбӣ боло гирифт ва ба берун баромадам. Охир, ин хел шароити мусоид барои кор кардан ва навиштан дар таърихи умрам бори аввал рух медод. Иттилоъе, ки хеле ҷустуҷӯяш мекардам пайиҳам бо телефон меомад ва аҷоибаш он аст, ки аз ҳар гӯшаю канори шаҳр мардум иттилоъ медоданд. Қоғазу қалам ва шамъро гирифта паси мизи корӣ нишастам. Агар қувваи барқ мебуд, ҳамаи сӯҳбатҳои телефониро дар магнитофон сабт мекардам, вале барқ набуд ва бо қалам ишораҳо мекардам. Хайрият, ки шамъ дар наздам ҳаст.

- Қиёмат мешудааст, ҳамин гап рост аст? -пурсид шахси дигари зангзада, ки аз овозаш ҷавонписари 20-сола буд.

- Бародарҷон, магар қиёмат бо маслиҳати пешакӣ мешавад? Ин хел гапҳоро монед. Ҳеҷ воқеа намешавад. На замин меҷунбад ва на дигар чиз мешавад. Ором шавед, ба хонаатон даромада хоб равед, дар ин хунукӣ дар берун наистед,-тасаллӣ додам ман.

Ин занги телефонӣ аз шаҳри Чкаловск буд. Ҳамин тариқа то соати 6-и саҳар зангҳоро пайгирӣ кардам. Аҷоиб ҳолате буд: мардум дар изтироб, дар таҳлука, ҳиссиёти воҳима фарогири вуҷуди онҳост. Соати шаш як нафар аз маҳаллаи 34-уми шаҳр ва дертар як нафар аз маҳаллаи Бофанда занг зада хабар доданд, ки мардум аз воҳима дар рӯи ҳавлии бино намозхониро сар кардаанд. Ин иттилоъ барои ман аҷиб буд. Оё онҳо намози бомдодро мехонанд ва ё намози пеш аз қиёматро? Аз ин пештар дар бораи намози хусуфу кусуфи моҳу офтоб, дар бораи намози истисқо шунида будам. Ин намозҳоро дар вақти гирифтани моҳу офтоб ва ё хушк омадани сол мехонданд. Аммо намозе ки он мардум мехонанд, чӣ хел намоз буд?

Соати 6.00 баъди он ки тариқи телевизиони маҳаллӣ сатри давон дода эълон гардид, ки халқ ором шавад ва ба овоза бовар накунад, миқдори зангҳо ҳам камтар шуд. Радио ва телевизиони давлатии Суғд низ эълонҳоро бо ҳамин мазмун пахш карданд.

Замин наҷунбид. Гарчанд соли гов аст, гови зери замин, ки дар дарси ҷуғрофия дар бораи он дар мактабҳо мегуфтанд, шохашро наҷунбониду орому осуда шабона хоб кард.

Соати 7.20. Либосҳоро пӯшида барои омӯхтани вазъи ҳақиқӣ ба маҳаллаҳои шаҳр рафтам. Гарчанд ки эълонҳо дар ин вақт бисёр садо доданд, лекин дидам, ки мардум дар маҳаллаҳо то ҳол дар ҳавои кушод нишастаанд. Зане ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, изҳор дошт, ки тамоми шаб кӯдаки хурдашро бо гаҳвора дар берун нигаҳбонӣ кардааст. Гаҳвораи тифлаш бо чанд қабат кӯрпа ва болопӯшҳо печонида шуда буд.

Як нафар зани калонсол дар рӯи ҳавлии биное ланг-лангон бо зинапоя боло мебаромад. Маълум гашт, ки шабона вақти фаромадан аз бинои баландошёна пешпо хӯрда будааст. Ин гуна ҳолатҳо дар шаҳр хеле зиёд буд.

Дар ҳавлиҳо низ вазъият аз ин монданӣ надошт. Дар рӯи ҳавлиҳо мардум ҷойгаҳ партофта дар хунукӣ шабро рӯз карда буданд.

Оё дар Хуҷанд заминларза пешгӯӣ карда мешавад?

Дар кӯчаи ба номи Низомии шаҳри Хуҷанд маркази сейсмологӣ (зилзиласанҷӣ) то санаи якуми январи ҳамин сол фаъолият мекард. Аз оғози соли нав кормандони онро ҷавоб доданду расман фаъолияти ин бунгоҳи илмӣ дар Хуҷанд қатъ гардид. Бинои ин маркази илмиро аз тарози ин ё он муассисаи илмӣ гирифтанд, дастгоҳҳои муқтадири он қисман ба Истаравшан бурда шуданд ва як қисми хеле камро собиқ кормандони ин ҷо дар даст доранд. Замони Шӯравӣ ин муассисаи илмӣ ба Институти физикаи замин тааллуқ дошт. Пештар гуфта мешуд, ки дар ҳудуди боғи ботаникии шаҳр ба ин муассиса ҷой дода мешавад, аммо он ҳам иҷро нагашт. Собиқ корманди ин буноҳи илмӣ Бордашева Лариса Викторовна ба исрор мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ заминларзаро пешгӯӣ кардан номумкин аст. Ягона роҳи пешгӯии зилзила мушоҳида кардани рафтори ҷонварон аст. Аммо бо асосҳои илмӣ қувваи зилзиларо фаҳмидан мумкин мебошад. Соле пештар, замоне ки ин муассисаи илмӣ фаъолият дошт, он бо дигар мушкилиҳо рӯ ба рӯ гардида буд. Дар ин ҷо дастгоҳи соатмонанд мавҷуд буд, ки вақтро мутобиқи Гринвич ҳисоб мекард. Он дақиқтарин вақтро нишон медод. Лариса Бардашева барои муқоисаи вақт аз сигналҳои овозии радиои "Маяк" истифода мебурд. Зеро он замон сигнали овозии радиои Тоҷикистон дар вақти дақиқ ба эфир пахш намегардид ва шояд ин тавр то ҳол низ бошад. Заминҷунбиҳо ва лаппишҳои зеризаминиро дастгоҳҳо ҳар соат ба қайд мегирифтанд. Маълумоти ҷамъшуда ба Институти сейсмологии Тоҷикистон фиристода мешуд. Акнун баъди қатъи фаъолияти ин муассиса ин маълумотҳо ҳам сабт намегарданд. Лариса Бардашева, ки қариб тамоми умраш дар он фаъолият бурдааст, умедвор аст рӯзе меояд, ки боз соҳиби ҷойи кор мегардад.

КӢ ГУНАҲКОР АСТ?

Дар байни халқ паҳнкунандаи овозаҳоро дар симои тоифа ва гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа медонанд. Гурӯҳе мегӯянд, ки ин овозаҳоро кашишҳои дини насронӣ паҳн кардаанд. Гурӯҳи дигар бошанд, баракс мегӯянд, ки онро салафиҳо паҳн кардаанд. Як гурӯҳ бар он ақидаанд, ки фолбини зӯре чунин пешгӯӣ карда будааст. Аммо гумони мо он аст, ки сабаби паҳншавии овоза дар бораи заминҷунбӣ бефаҳмии худи мардум ва зудбоварии халқ аст. Ҳатто вақте аз телевизион эълон дода шуд, ки ба овозаҳо бовар накунанд, мардум мегуфтанд, ки бо телевизион эълон карданд, ки заминҷунбӣ мешудааст. Мана, чунин аст, фаҳмиши мардум, ки оқибати нохуш дорад.

ОҚИБАТИ ОВОЗАҲО

Манбаъҳои ғайрирасмии иттилоот хабар додаанд, ки бар асари воҳимаи шоми 10-уми январ ду нафар аз ҳаёт маҳрум гардидаанд. Дар беморхонаи амрози қалб шахсони муроҷиаткарда низ зиёд шудаанд. Танҳо рӯзи 10-уми январ ҳафт нафар ба ин беморхона дар ҳолати ногувор оварда шуданд, ки сабаби хуруҷи бемориашон воҳима аст. Дар рӯзи дигар бошад, шумораи ин қабил беморон ба 12 нафар расид. Шахсони як шаб дар берун истода шамол хурдаанд. Кӯдакон ҳам зуком гардидаанд. Ин аст, оқибати як овозаи беасос. То ду рӯзи дигар низ кӯдакон мабодо замин наҷунбад гӯён ҳарос доштанд.

Ин ҷо саволи дигаре ҳам пайдо гаштанаш мумкин аст. Агар воқеан, соати 3.00 замин меҷунбид, дар шароити набудани барқ дар баландошёнаҳо, ҳолат чӣ гуна мешуд? Ба ҳар ҳол мардум пешакӣ роҳи наҷотро омӯхт. Дар вақти заминҷунбӣ ба рӯи ҳавлӣ ба ҷои кушод баромадан лозим будааст. Агар ҳаво хунук бошад, мошинро дар миёнаи роҳ, дуртар аз зери дарахту бино гузошта дохили он гарм шуда нишастан мумкин будааст. Мегӯянд, ки моргазида аз банди ало метарсад. Шояд чанд рӯз пештар заминларзаҳои рухдода мардумро ба таҳлука андохта бошад? Илоҳо, замона тинҷ бошаду замин наҷунбад!


Ислом РАҲИМОВ,
Суғд
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97