ОРОМГОҲ ИН ЧАРОГОҲ НЕСТ!ё манъи чаронидани чорпо дар қабристон чӣ ҳикмате дорад?

Рӯзе аз назди қабристони деҳа мегузаштам. Чашмам ба он афтод. Шахсе дар дохили гӯристон аз пайи бузғолае медавид. Он шахс ниҳоят бузғоларо дастгир карда аз болои шиғи оромгоҳ онро башаст ба беруни қабристон ҳаво дод. Аз зарбаи сахт пои бузғола шикаст. Ба бузғола раҳмам омаду гуфтам: -Эй бародар, чаро ин корро кардед? Гуфт: -Ин оромгоҳи гузаштагон аст, бародар, чарондани чорпо дар ин ҷо дуруст нест.

Ҳарчанд шеваи рафтораш бо бузғоларо нодуруст медонистам, вале чун ҷавобашро то андозае мантиқӣ ёфтам, дигар чизе нагуфтам. Баъдтар фаҳмидам ин шахс имоми масҷиди деҳа будааст.

Вале чанд рӯз баъд дар ҳамон оромгоҳ, ки гирдаш бо шиғ маҳкам буд, чанд сар гову молро дида ҳайрон шудам, ки чӣ гуна онҳо ба он ҷо роҳ ёфтаанд. Дар пайи кушодани ин муаммо шудам. Гуфтанд, ки инҳо чорпои ҳамон имоми масҷиди деҳа аст. Аз ин посух ҳайрон шудам. Охир, чанд рӯз пеш ҳамин шахс пойи бузғолаеро барои дохили қабристон шуданаш шикаста буд. Имрӯз чаро худ ҳайвонҳоро вориди қабристон кардааст? Мулло- имомро наёфтам, ки бо ӯ дар атрофи ин мавзӯъ сӯҳбат кунам. Гуфтанд, ки чандрӯза ба куҷое сафар кардааст. Ба шаҳр омадаму рост ба Маркази Исломии Тоҷикистон рафтам. Ҷавоби ин суолро аз ин даргоҳ пурсиданӣ шудам. Қобилҷон Боев мудири шӯъбаи фатвои Маркази Исломӣ дар посух ӯ ин ҳадиси Расули акрам (с)-ро, ки мегӯяд "Зуррул қубурра фа иннаҳо тузаккирул охира", яъне "Зиёрат кунед қабристонро, ки он ба хотир меорад охирати шуморо". Дар шарҳи ин ҳадиси саҳеҳ ин ходими Маркази Исломӣ гуфт, ки дар дини мубини Ислом чарондани чорпо дар оромгоҳ ва буридани ниҳолу дарахтони дохили он на танҳо иҷозат нест, балки ин амалҳоро ҳаром эълон кардааст. Ривояте ҳаст, ки Пайғамбари гиромӣ (с) аз назди қабристоне мегузаштанд. Ногоҳ чашмашон ба ду қабри нав афтод. Фармуд то ду ниҳоли дарахти хурморо биёранд. Оварданд ва ин ниҳолҳоро дар сари ин ду қабр шинонд. Ёронаш аз Муҳаммад (с) пурсон шуданд:

Ё Пайғамбари Худо, ин кори шумо чӣ ҳикмате дорад?

Дар ҷавоб Муҳаммад (с) гуфтанд:

-Вақте, ки ин дарахтон месабзанд, баргҳои сабзи онҳо пайваста дар зикр ҳастанд ва ин зикри онҳо азоби қабри майитро осон мегардонад.

Пас гуфтан мумкин аст, ки он сабзаву растаниҳое, ки дар оромгоҳ месабзанд, онҳо низ дар зикри Худованди бузурганд ва онҳоро низ ҷоиз нест, ки дар ҳини нашъунамо аз байн бубарем. Дар ҳолати аз сармо ва ё аз беобӣ хушк шудани растаниҳо ва ё дарахтони оромгоҳ мумкин аст, ки онҳоро ба хотири тоза нигоҳ доштани ин макони муқаддас ҷамъварӣ кард ва дар масҷид ва ё ягон ҷойи ҷамъиятии дигар истифода бурд-, мегӯяд Қобилҷон Боев. Ҳар кореро, ки дар ислом манъ мекунанд ва ё иҷозат медиҳанд, дар баробари маънии динӣ доштан боз як ҳикмати дунявӣ низ дорад. Масалан, манъи чарондани чорпо дар қабристонро духтури шаҳраки тибии пойтахти кишвар Шералӣ Умаров аз лиҳози беҳдоштӣ ин тавр шарҳ медиҳад:

-Инсонҳо маъмулан аз касалиҳои мухталиф аз дунё мегузаранд. Дар байни ашхоси фавтида нафарҳое ҳастанд, ки мубталои бемориҳои хавфноки гузаранда будаанд. Ҷасади онҳо то дергоҳ дар худ микробҳои заҳрнокро нигоҳ дошта метавонанд. Имкон дорад, ки дар ҳамон маҳдуда хоку замин низ олудаи ин микробҳои заҳрнок шавад. Дар сурати дар он ҷо рӯйидани растаниву онҳоро истеъмол кардани чорво ин микробҳо метавонад ба бадани ҳайвонҳо низ гузарад. Аз эҳтимол дур нест, ки аз истеъмоли маҳсулоти ин чорво одам низ мубталои ин беморӣ шавад. Аз ин рӯ аз лиҳози беҳдоштӣ -тиббӣ низ чарондани чорпо дар қабристон бар зарари инсонҳост.

Ростӣ гап, мо метавонистем, ки номи деҳа ва исми мулло- имоми масҷиди ҳамон деҳаро дар ин навиштаи хеш тазаккур бидиҳем. Вале тибқи фармудаи дини мубини Ислом "Изои мӯъмин ҳаром аст" амал карда аз ин кор худдорӣ намудем. Шояд дар ин кор ӯ танҳо набошад. Шояд дар дигар макони ҷумҳуриамон низ чунин беҳурматиро нисбати оромгоҳҳо раво медонанд. Худо кунад, ки ин навишта барои ислоҳи кор дар дигар манотиқ низ таъсири мусбате дошта бошад.


Хушбахт ЁРОВ, донишҷӯйи
факултаи журналистикаи ДМТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97