Мухолифат аҷаб печ дар печ сурат гирифт. Президент, ҳукумати кишвар, қонун дар он сӯйи сангар ва ташхисгари муҳити зист дар ин бари сангар, яъне Кумитаи ҳифзи муҳити зист. Аҷиб аст, ки тадқиқоти ягона ду сол боз, наметавонад ҳақиқатро рӯйи об оварад. Гап дар сари он аст, ки яке аз ҳазорон растании пурарзиш, ки дар ҳудуди кишварамон мерӯяд, "моликияти давлатӣ" ҳисоб мешавад, ё не?
Маълумот: Ров аз ҷумлаи растании бисёрсолаи оилаи растаниҳои соябоншакл маҳсуб мешавад. Дар Осиёи Марказӣ зиёда аз 130 намуди он паҳн гардидааст. Ровро ҳамчун растании мумию шилмак, эфирдор, дорувор, ғизоӣ, тундбӯй истифода бурдан метавон. Аз он маҳлуле бо номи "шираи камол" ҳосил мешавад.
Додситонии минтақавии Кӯлоб охири моҳи август (дубора) ба боздошти раиси ООО "Кова"-и ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Қурбоналӣ Гулмуродов ризоият дод, ки номбурда ба ҷамъоварии ғайриқонунии рови бӯйдор машғул буд. Номбурда ҳамчунин аз рӯйи дигар қонунвайронкуниҳо - бо амалҳои ҷинояткорона, ки бо моддаҳои 234 (хилофи қонун буридани дарахтону буттаҳо) моддаҳои 245 (азхудкунии маблағҳо ва сарфи он), моддаи 259 (соҳибкории ғайриқонунӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор карда мешавад.
Пеш аз ин (31 майи сли 2007) додгоҳи ноҳияи Шӯрообод, мутобиқи моддаи 259, қисми 2 К. Ҷ. ҶТ Қ. Гулмуродовро шартан ба мӯҳлати 3 сол бо нигоҳдошт дар калонияи режими умумӣ маҳкум ва барои аз ҷониби маҳкумшуда зиён расонидан ба маблағи 5 миллион сомонӣ даъво пешниҳод карда бошад ҳам, тамоман қонеъ нагардонид. Ба ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шӯрообод, фавран тариқи кассатсионӣ эътироз карда шуд, ки онро додгоҳи вилояти Хатлон дида, ҳукмро бетағйир гузошт.
Баъд аз ин бо эътирози Додситонии кул дар Додгоҳи олии ҶТ қазия қисман қаноатбахш карда шуда, парванда барои бозсанҷӣ баргардонида шуд. Танҳо баъди ин ба ҳабси дубораи Гулмуродов иҷозат дода шуд. Аммо ин муҳокима боз ҳам вобаста бо мавқеи ташхисгари муҳити зист ба дарозо кашида мешавад.
Бо мақсади дарёфти ҳақиқати ҳол банда бо муовини додситони вилояти Хатлон дар ҳавзаи Кӯлоб, Алфаттоҳ Розиқов муроҷиат кардам, он сӯҳбатро пешкаши хонандаи азиз месозем:
-Ин чӣ ҳангомаест, ки дар атрофи кадом як растанӣ бархостааст?
- Ҳеч гуна ҳангома нест. Тибқи нақшаи корӣ иҷрои ҳуҷҷатҳои ҳукуматӣ ҷараён дорад. Бояд гуфт, ки нофаҳмӣ аз тарафи ташхисгари соҳа боиси сардаргумӣ шудааст.
- Ҳарфи шумо рӯйи кадом ҳуҷчатҳо аст? Ва чаро қазияи ров ё шираи камол бояд маҳз дар сатҳи давлатӣ ҳал шавад?
- Қарори Ҳукумати ҶТ (№170 аз 10.05.2005) "Дар бораи тасдиқи барномаи давлатӣ дар бораи коштану ҷамъоварӣ ва коркарди рустаниҳои давоӣ бо мақсади тайёр намудани доруворӣ" ҳаст, ки ҳамчунин Фармони Президенти ҶТ (№ 545 аз 19.09.2008) "Дар бораи манъ кардани ҷамъоварӣ ва интиқоли шираи камол" содир шуд.
-Пас чаро қазияи шираи камолро дар Додситонӣ, Кумитаи амнияти давлатӣ, инчунин Кумитаи ҳифзи табиат аз ёд бурданд?
- Ба ҷойи Кумита намехоҳам посух бидиҳам. Дар мавриди Додситонӣ мехоҳам бигӯям, ки дар қисми 3-и қарори мазкур риояи ҳатмии қонун ҳангоми ташкили чунин маъракаҳо ва андешидани тадобири қатъӣ нисбат ба вайронкунандагони қонун талаб карда мешавад. Ба қадри имкон ҳамроҳ бо Кумитаи амнияти давлатӣ, додситонии минтақаи Кӯлоб кушиш дорад, ки манфиатҳои мардуми муқимӣ ва талаботи қонунро таъмин ва ҳифз намояд.
-Ин даст медиҳад?
-Дар марҳилаи аввал ошкор намудани қонунвайронкунӣ мушкил нест. Мушкил ин аст, ки қазия ба додгоҳ мерасад ва ранги дигар мегирад. Бархе аз кормандони масъули ташхиси давлатии ҳифзи табиати Кумитаи ҳифзи табиати назди Ҳукумати ҶТ агар каме мулоимтар бигӯем, бо хулосаҳои беасоси худ фаъолияти моро дар боби мушаххас кардани қонуншиканиҳо дар ин бахш, барқарор кардани зарари расонидашуда аз амалҳои номатлуб душвор мегардонад. Тазод ба миён меояд; Президент, ҳукумат ҷойи онҳое, ки ҳифзи шабонарӯзии табиат вазифаи аслиашон бояд бошад, аз вазъияти шираи камол бо сар задани чунин несткунии рустании номбурда дар ташвишу бонги хатар мезананду онҳо баръакс ба ин муқобилият нишон медиҳанд. Набояд фаромӯш кард, ки гап дар бораи зерташкилоти ҳамин Кумитаи ҳифзи табиати ҳукумат меравад.
-То кадом андоза ин масъалаи матраҳкардаи шумо ташвишовар аст?
- Барои рӯшантар шудани қазия ба далелҳои беинсофона рӯ меоварем. Дар тӯли соли 2007 ва 9 моҳи соли 2008 аз ҷониби ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон зиёда аз 100 шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳангоми ҷамъоварии шираи камол боздошт гардиданд. (Агар огаҳ бошед, ҳукумат бо ҳадафи дар ҳолати зарурӣ ба ин кор ҷалб кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ташаббускорона як барномаи давлатӣ рӯйи даст гирифта буд.) Дар ин муддат 8 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бинобар худсарона машғул шуданашон ба ҷамъоварии шираи камол ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Дар ҷараёни ин кор нисбат ба 3 нафар шаҳрванд парвандаи ҷиноӣ боз гардид. 3100 килограм шираи камоли ғайриқонунӣ ҷамъоварда тасарруф гардид. Ҳангоми татбиқи адолати судӣ инҷо воқеаҳои тааҷҷубовар рух медод. Муҳофизони бевоситаи муҳити зист дар кирдори онҳое, ки ғайриқонунӣ ба ҷамъоварии шираи камол машғул буданд, ҳеч гуна таҷовузкорӣ, тахрибкориро намедиданд, ин ҳам дар ҳоле ки ба ҷойи шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони кишвари дигарро ба ин кор ҷалб карданд. Нозири ташхисгари экологии давлатӣ Б. Абдураҳимов ба суоли мо ба чунин мазмун посух дод, ки иҷозатнома барои ҷамъоварии он намуд рустаниҳои шифобахше, ки ба Китоби Сурх дохил нашудаанд, талаб карда намешавад. Ҳамчунин Б. Абдураҳимов ров ё шираи камолро моликияти давлатӣ ҳисоб накарда, гунаҳкор кардани ҳеч ташкилоту муассиса ва одамони ҷудогонаро ба ин ҷурм зарур намешуморад.
Дар ниҳоят, Б. Абдураҳимов ба додгоҳ кашида шуда, ҳамчунин зарари моддии ба табиат расонидашударо низ инкор карда, қарори ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудани шаҳрвандони алоҳидаро асоснок наҳисобида, ҳамкасбонашро фикри муқобили гуфтаҳои худи ӯ доштанд аз ҷумлаи тӯҳматчиёну айбдоркунандагони роҳбарияти бевоситаи Кумитаи ҳифзи табиат мешуморад.
-Ва додгоҳ ин фарзияро маъқул шуморид?
-Ин хулосаҳо дар мурофиаи додгоҳӣ сари ду парвандаро хӯрданд. Яке дар нисбат ба шаҳрванд Б. Боронов, ки ғайриқонунӣ 550 килограм шираи камол ғундошта, дигаре дар нисбат ба парвандаи ҷиноии нисбат ба Қурбоналӣ Гулмуродов (аз рӯйи аломатҳои ҷиноии бо дастрасии қисми 2 моддаи 259, қисми 4 моддаи 245, қисми 2 моддаи 235 КҶ ҶТ) кушода шуда, ки ба фоидаи айбдоршаванда ҳал гардида, ӯро аз золи суд озод карданд. Аҷибаш он аст, ки бо қарори суд 2300 килограм шираи камол ҳамчун далели моддии гирифташуда, ба номбурда баргардонида шуд.
-Намешавад, ки додгоҳ ин бор ба як қарори одилонатар биёяд?
-Мебинем, ки чӣ гуна Қурбоналӣ Гулмуродов моҳи беайб аст? Дафтари аъмоли ӯро аз парвандаи ҷиноиаш варақ мезанем. Ҳангоми дар шаҳри Душанбе иқомат доштан, пештар дар содир кардани ҷиноят айбдор карда шуда буд, ки бо дастрасии моддаи 204 КҶ ҶТ (қабули с.1961) ба қарори суди ноҳияи Ховалинг аз 11.06.1991 ба мӯҳлати 2 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. Номбурда муддати зиёд ғайриқонунӣ ба буридани буттаву дарахтон, ҷамъоварии рустаниҳои шифобахш бидуни иҷозатнома машғул гардида, дар ҳаҷми бениҳоят калон ба давлат зарари калони моддӣ расонид.
Ба боварии роҳбарони фирмаҳои гуногун даромада, аз соли 1991 ба ҷамъоварии рустаниҳо машғул буд. Чунончӣ бо фармони №1 фирмаи шахсии "Кова" аз 1 марти соли 1991 директори филиали фирма дар ноҳияи Ховалинг таъин гардид. 5 феврали соли 2004 азнавсозии фирмаи "Кова" шурӯъ шуду Қурбоналӣ Гулмуродов боз директори он таъин гардид. Ба ҳайси мудир, бо Кумитаи ҳифзи табиат, ҳамчунин маъмурияти хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор шартномаи дарозмуддат баста (3 апрели соли 2006) мутобиқи он ҳуқуқи дар майдони Дар асоси шартномаи дутарафаи байни ҷамъияти шакли кушодаи "Кова" ва муассисаи "Сино"-и назди Кумитаи "Тоҷикфармпром"-и Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ (аз 1.06.2006, №1), Қ. Гулмуродов вазифадор буд, ки маҳсулоти ҷамъкардаашро ба муассисаи "Сино" бурда супорад, он чи ки ӯ накард.
-Алҳол, агар доғи сиёҳи гузаштаи 15 соларо истисно кунем, ин тарафи кор хуб, муташаккилона ҷараён дорад?
-Ҳоло бале! Қазоват кунед; бе раводид дар масъалаи истифодаи қувваи кории шаҳрвандони хориҷӣ 20 шаҳрванди хориҷиро ба кор ҷалб мекунад. Аз Ибтидои моҳи августи соли 2006 баъди ҷамъоварии 1071 килограм шираи камол аз ҳудуди хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор бо ёрии шаҳрвандони Афғонистон Почомир Шаҳнавоз ва Ғулом Нақшбанд валади Ғулом Дарвеш борро ба шаҳри Душанбе мерасонад. Аммо иштибоҳ мекунед, агар шумо бар он андеша бошед, ки бори мазкур бо ду дасти адаб ба ҷойи таъиншудаи қонунӣ-муассисаи "Сино" расонида шудааст. Борро аз тарафи шаҳрванди Афғонистон кадом як генерал Абдулло Юсуф, ки муайян кардани шахсияташ даст надод, аз роҳ мезанад. Фоида аз додугирифтро пурра Қ. Гулмуродов аз худ менамояд.
Бо дидани чораҳои иловагӣ миқдори Метавон мисоли дигаре овард: Қ. Гулмуродов баднафсӣ карда, бо маслиҳати даҳонӣ аз 30.05.2006 сол бо сокини деҳаи Қизил -суи ҷамоати "Ғалаба" - и ноҳияи Фархор Сафаралӣ Алимардонов, номбурда ҳамсари вай Холмома Шукурова, писари ноболиғаш Бадриддинро ба ҳайси нонпазу ошпаз ба кор мегирад. Мувофиқи қарордод мебоист ҳар рӯз ба онҳо дар ҳаҷми 30 сомонӣ ба ҳар кадом музд медод. Оилаи бечораи мазкур аз 1.06.2006 то 31.10.2006 содиқона заҳмат кашида, аз маблағҳои пасандози шахсиашон дар ҳаҷми 2540 сомонӣ барои хариди маҳсулоти ғизоӣ барои коргарони фирмаи "Кова" пул хароҷот мекунанду дар ивазаш на маблағи худро мегиранду на ҳақи меҳнаташонро дар ҳаҷми 13 ҳазору 770 сомонӣ.
Боз ҳам Қ. Гулмуродов ба симати ошпаз аҳли оилаи сокини ҳамин деҳаву ҷамоат Дустмурод Ҷӯрахоновро ба кор гирифта, ба ҳар се нафари онҳо ҳам музди кори ҳаррӯзаашонро бо маблағи 15 сомонӣ сари ҳар нафаре дар ҳаҷми умумии 6885 сомонӣ пардохт накард.
-Чӣ ҳоҷат аст ба чунин таҳлилҳои беохир, вақте қонунвайронкуниҳо чун рӯз равшананд, дар ҳоле ки боз Раиси ҷумҳур Фармон ҳам баровардааст?
-Дар ин мавзӯъ дурудароз ҳарф задан мумкин аст. Такрор ҳам шавад гуфтаниам, ки ташхисҳои асроромези коршинос (эксперт) Б. Абдураҳимов имкон намедиҳад, ки адолати судӣ тантана намояд. Фол диданӣ нестам, вале бешубҳа хулосаи коршинос аз кадом як ҳолатҳое сахт вобастагӣ дорад. Ҳамин қадар мусаллам аст, ки чунин хулосаҳои ташхисии ҷиддию калон набояд аз тарафи мутахассиси ҷудогона, балки бо иштироки гурӯҳи мутахассисини варзида бароварда шавад.
Ҳар як ҷиноят ҳатман ногузирии ҷазоро бояд дошта бошад. Ана ҳамин аст моҳияти кор. Ҳоло ки ин маҳак нест, қонун маҷбур аст ба ҳар касе ки хоҳад гузашт намояд.
Барои мисол, 11 сентябри соли 2008 21 нафар шаҳрванди Афғонистон аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти давлатӣ дар минтақаи Кӯлоб ҳангоми ҷамъоварии шираи камол дар қаламрави ноҳияҳои Темурмалику Данғараи вилояти Хатлон дастгир шуда буданд. Дар нисбат ба дастгиршудагон ҳабси маъмурӣ амалӣ шуд, аммо бо "фатво"-и эксперт Б. Абдураҳимов, ки гӯё шираи камол ҳеч гуна арзише надораду растании шифобахш маҳсуб намешавад, онҳо озод гардиданд.
-Оё дар ҳақиқат шираи камол гаронбаҳост?
-Як -ду сухан оид ба гаронбаҳоии шираи камол мегӯям ва бигузор ҷаноби Б.Абдураҳимов аз ман наранҷад. Дар Барномаи ҳукуматии дар боло зикршуда гуфта шудааст, ки аз 500 растании худрӯйи ров бо гирифтани шираи камол тайёр кардани …Ана ҳамин гуна шираи камол ба даст меояд, то он замоне ки эксперт Б. Абдураҳимов ҳисобу китоби дақиқи баҳои шираи камолро ёд нагирад, Қурбоналӣ Гулмуродов бошад, дар маҳбаси пешакӣ дам гирифта мешинад.
Ногуфта намонад, ки Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Қ. Гулмуродов, ки бо моддаҳои 234, қ.2, 247, қ.4, 259, қ.2, 245 қ. 4 ва моддаи 153 КҶ ҶТ айбдор мешавад, анҷом ёфта барои баррасӣ ба суди минтақаии Кӯлоби вилояти Хатлон ирсол гардидааст.
P.S.Шурӯъ аз декабри соли 2008 дар Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ, худсарона ҷамъоварӣ, коркард, интиқоли шираи камол ҷазои маъмурӣ ва дар ҳолатҳои ҷудогона ҷавобгарии ҷиноӣ муқаррар гардидааст.
Тағйиротҳои лозимӣ ба Кодекси ҶТ дар бораи қонунвайронкуниҳои маъмурӣ ва Кодекси ҷиноии ҶТ дар раванди Маҷлиси навбатии сессияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қабул гардиданд. Тавре аъзои Кумитаи палата оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунбарорӣ ва ҳуқуқи инсон Хадича Ҳакимова зикр кард, ки аз тарафи ширкату шаҳрвандони гуногун аз ҷумла хориҷӣ дар масоҳати 282, Дар ин миён, аъзои ҳамин кумита Маҳмадалӣ Ватанов дар мусоҳибааш бо хабарнигорон гуфт, ки ҷаримабандӣ барои ҷамъоварӣ, коркард ва интиқоли ғайриқонунии шираи камол то ба дараҷаи 700 ҳади аққали музди меҳнат дида мешавад. Ҳамчунин ин гуна фаъолият манъ карда шуда, дар ҳолатҳои ҷудогона ба мӯҳлати 2 сол маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ гардидааст.
P.P.S. Вале ин ба ҷиноятҳои то моҳи декабри соли 2008 содиршуда дахл дорад. Бинобарин эксперт - эколог Президентро мегузарад ё не, равшан буда, ба инсофи ҳакамони додгоҳ вогузор мегардад.
Турко ДИКАЕВ