«ЭҲТИРОМИ НОН» Ҷавоб бар вокуниши хонанда

Фарҳанг ва адаб 11.02.2009 14:04

Баъди нашри мақолаи "Эҳтироми нон ва биҳишти косалесон" Миллат № 03 (176) 15 январи 2009 вокунишҳое дарёфт намудам, ки ҳам ба ҷонибдорӣ ва тақвияти натиҷае буд, ки дар мақола ба он расида будам ва ҳам мухолифату иродгирӣ аз баъзе ҷузъиёте, ки дар мақолаи мазкур ҷой дошт. Аз ҳамаи онҳое, ки фикри худро оид ба мақолаи мазкур иброз доштанд, самимона ташаккур мегӯям. Хосатан аз он дӯстоне, ки бо муҳаббату эҳтиром эродгирӣ намуданд.

Бо онҳое, ки дар тақвияту ҳамовозӣ, фикру андешаҳои худро иброз доштанд, гуфтание надорам ва эътирози дӯстони иродгирандаро дар нуктаҳои зерин хулоса менамоям:

1) Эътирози аз ҳама муҳим ин буд, ки чаро ҳадиси оид ба эҳтироми нонро заиф гуфтаед, дар ҳоле ки Абу Довуд онро ҳадиси ҳасан гуфтааст.

Бале, ҳадисеро, ки оид ба эҳтироми нон дар мақола оварда будам, на ҳамаи муҳаддисон ба заиф буданаш мувофиқанд. Бо ин, ки шахсан тамоюл ба муҳаддисоне, ки ин ҳадисро заиф гуфтаанд дорам, вале ба хотири ба ҷо овардани амонати илмӣ ба хонандаи азиз ин маълумотро мерасонам, ки ҳадиси эҳтироми нонро бо лафзи "акримил хубза" муҳаддиси бузургвор Абу Довуд ҳадиси "ҳасан" хондааст. Ҳадиси ҳасан дар илми "усули ҳадис" ва ё ҳадисшиносӣ аз ақсоми ҳадиси саҳеҳ мебошад.

Аммо саҳеҳ будани ҳадиси мазкур боз ҳам натиҷагирии моро дигаргун намекунад. Инҷо лафзи ҳадис бо услуби амр омадааст, вале ин амр на бар вуҷуб аст, балки амр бар истеҳбоб. Хулоса аз рӯйи одоб аст, ки нонро эҳтиром намоӣ. Аммо гап дар сари он аст, ки эҳтироми нон дар воқеияти рӯзгори мо на ҳамчун одоб, балки ҳамчун воҷиби шаръӣ ва амри илоҳӣ ба ҷо оварда мешавад, ва ин аст нуктае, ки мехоҳам ба он бирасам. Мумкин аст, волидайн ба хотири бенамозӣ фарзандашонро сарзаниш накунанд, вале барои беэҳтиромӣ ба нон ҳатман сарзаниш мекунанд, гӯё эҳтироми нон воҷиб асту хондани намоз мустаҳаб ва як одоби исломӣ.

2) Дигар эътироз ба ин буд, ки ча¬ро бо қоте¬ъият гуфтаам, ки дар Қуръону суннат далеле барои эҳтироми нон вуҷуд надорад.

Медонам ин услуби форам нест, вале вақте аз муътаризон хостам, ки ғайр аз ҳадиси "акримил хубза", далели дигаре биёранд, наоварданд.

3) Эътирози дигарӣ оид ба лафзи ҳадис буд, ки дар ҳамаи ҷо бо лафзи "акримил хубза" омадааст, дар ҳоле ки шумо "эҳтаримил хубза" гуфтед.

Бале, дуруст аст, вале ман иқтибоси ҳадис бо зикри манбаъу рақамаш накардам. Гарчанде бо арабӣ ҳам буд, вале зикри ҳадис бо маънояш буд ва пӯшида нест, ки "акрим" ба маънои "эҳтарим" омадааст. Ҳамонгуна, ки мақоми инсониро дар Қуръон худованд "каррамно бани одам" гуфтааст, ки онро дар шеъри Иқбол ин гуна мехонем:

Одамият эҳтироми одамӣ,

Бо хабар шав аз мақоми одамӣ.

Яъне мақоми одамӣ ин эҳтироми одамӣ ҳаст.

4) Дигар ин, ки нон дар фарҳанги мо ҷойгоҳи хос дорад ва чаро шеърро таҳриф кардед ва магар ин таҳқир ба касоне, ки дар табақ мехӯранд нест, мардуми кӯҳистонии мо дигар чӣ бихӯранд ва …

Ба ҳамаи азизон бо эҳтиром муроҷиа намуда мегӯям, ки гапи ман аввалан ва ахиран ин буд, ки мо системаи ғизохӯрии нодуруст дорем ва бояд онро ислоҳ намоем. Миллате, ки ғизоҳои нодуруст дар дастархонаш мениҳад ва ғалатхӯрӣ мекунад, андеша ва тафаккураш бе зиён намемонад. Дигар нукта ин буд, ки ба ғалатхӯрӣ ранги динӣ надиҳем. Баъзеҳо фикр карданд, ки ман даъват намудаам, ки ба нон беэҳтиромӣ намоед. На, қасди ман ин нест, ман намехоҳам мардуми мо мисли мусулмонҳои дигар кишварҳо нонро бо "швабр" бирӯбанду ба ҳар ҷое хостанд партоянд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки эҳтироме, ки мо дорем, муболиғаомез аст ва аз ҳадди эҳтиром гузаштан аст.

Бори дигар аз дӯстони азиз ва хонандаҳои саҳифаи "Миллат ва Ислом" барои заҳмати тамос ва дар миён гузоштани фикру андеша самимона ташаккур мегӯям.


Саъдӣ Юсуфӣ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97