Ё муовини вазиру сардори нозироти
алоқа манфиати киро ҳимоя мекунанд?
ЗЕРИ КОСА НИМКОСА НИҲОН АСТ
Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия бори дуввум аст, ки лоиҳаи қарорро оид ба таъсиси Маркази ягонаи коммуникатсионӣ ба ҳукумат пешниҳод карданист. Ҳарчанд тайи солҳои 2005-2006 ин баҳс идома дошт ва бо мудохилаи Раиси Ҷумҳур ба ин мавзӯъ нукта гузошта шуд ва таъсиси маркази ягонаи коммуникатсионӣ амри нодуруст арзёбӣ гардида буд.
Суоли матраҳ ин аст, ки чаро он замон ин масъала сарфи назар шуда буд ва акнун бо ташаббуси шахсони алоҳида дубора дар мавзӯъи ташкили Маркази коммуникатсионӣ ва дастрасӣ ба захираи иттилоотии ҷаҳонӣ сару садоҳо баланд мегардад? Ҷавоби соддалавҳонаи муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсия ҷаноби Бег Сабурович Зуҳуров ба ин масъала хандаовар ва хеле оҷизона аст. Ӯ мегӯяд: - Пеш аз ҳама шаффоф гардидани тарифҳое, ки аз ҷумҳурӣ ихроҷ ва ба ҷумҳурӣ ворид мегарданд, муайян мешавад. Тавассути таҷҳизоте, ки дар ин марказ насб мешаванд, имконият пайдо мешавад, то вақти гуфтугӯ таҳти назорат қарор гирад. Сабаби аслии зиёд шудани операторҳои мобилӣ ношаффофии профилӣ мебошад. Ҳамчунин ӯ изҳор медорад, ки "Тоҷиктелеком" ҳам ба ҳамин марказ чун як ширкати алоҳида шомил мешавад.
Хонандаи закӣ иддаои муовини вазир ҷаноби Бег Зуҳуровро хеле хуб дарк ва эҳсос мекунад, ки "зери коса нимкоса низ ниҳон аст". Агар ин тавр набуд, чаро муовини вазир наметавонад далоили шайъӣ ва қотеъ пеш биёрад ба ҷуз ду-се иддаои пуч ва одӣ аз далел. Пӯшида нест, ки иҷозати фаъолияти операторҳои мобилиро Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия медиҳад ва ин амр дар дасти худи Б. Зуҳуров аст. Агар фаъолияти ширкатҳо шаффоф намебуд, чаро иҷозатномаҳоро то имрӯз лағв накардааст ва ё пас нагирифтааст? Шояд дар ин масъала то ҳанӯз арқом ва ё далеле дар даст надорад. Агар ин кор равшан мебуд ва далоиле дар даст медошт, кори ширкатҳои хусусии мобилиро иллати сахтӣ буд. Назорат кардани зангҳои воридотӣ ва содиротӣ баҳонае беш нест. Тангназарӣ, аз бухл кор гирифтан, нисбати якдигар назари нек надоштан, боиси ҷанҷолҳои бедалел ва муноқишаҳои беасос гардидааст, ки ин метавонад дар андак муддате ба буҷаи кишвар хисороти азиме биёрад ва ҳазорҳо ҳазор шаҳрвандони кишварро аз машғулияти худ маҳрум намояд, обрӯи кишварро дар арсаи байналмилалӣ коста гардонад.
Коршиносон бар ин андешаанд, ки ҳадаф аз таъсиси Маркази ягонаи коммуникатсионӣ ва захираи иттилоотии ҷаҳонӣ қонеъ намудани манофеи шахсони алоҳида мебошад. Ба таври мисол агар ин марказ таъсис ёфт, оё имкон дорад, ки зангҳои воридотиву содиротӣ ба таври мукаммал сабт гардад ва тибқи он пардохтҳо сурат бигирад? Мегӯем, ҳаргиз не! Ба он хотир, ки идораи ҳамагуна таҷҳизоти компутарӣ дар дасти инсонҳост ва маҳз ҳамин инсони саршор аз нафс ба манфиати худ метавонад арқомро тағйир диҳад. Дар мавриди назорати зангҳо, то он ҷое, ки маълумот дорем, баъзе аз ширкатҳои хусусии мобилӣ трафики сигналии назоратро ба вазорат пешниҳод намуда буданд. Мутаассифона, ширкатҳо ҷавоби рад гирифтаанд.
ПАРВАНДАИ №1
Аз ин ки муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсия ҷаноби Бег Сабурович Зуҳуров дар ин масъала пофишориҳои зиёд дорад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки системаи коммуникатсионии кишварро тақвият бахшад ва "буҷаи давлат"-ро ғанӣ гардонад, корест хандахариш ва ғайри қобили эътимод. Ба ин хотир, ки ҳар гуна амале, ки ҷаноби муовин дар сатҳи вазорат анҷом медиҳад, он ҳам бар зарари вазорат ва буҷаи кишвар анҷом меёбад.
Барои он ки суханони мо пучу холӣ набошанд, парвандаеро, ки Саидислом Абдуҷабборзода - сардори раёсати иҷрои қонунҳо дар нақлиёт ва комуникатсияи Прокуратураи генералии ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор додааст ва аъмоли собиқ сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва итилоотонӣ Анорҷон Зокироваро баён доштааст, як бори дигар ба хонанда ёдовар мешавем. Дар парванда омадааст, ки Анорҷон Зокирова аз мансаби ишғолӣ сӯйистифода карда, аз корхонаи воҳиди давлатии "Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг" 656 000 ( шашсаду панҷоҳу шаш ҳазор) сомонӣ қарзи бефоиз гирифтааст, ки дар ин бора санади масрафии № 287 мавҷуд аст. Номбурда аризаро дар мавриди гирифтани қарзи бефоиз ба муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ, ҷаноби Зуҳуров Б.С. навиштааст. Ҷаноби муовин дастур додааст, ки қарзи бефоиз аз ҳисоби корхонаи зертобеъ мувофиқи боби 40, Қонун "Дар бораи хизматчии давлатӣ" ҶТ ҳал карда шавад. Таърих 05.03.2008.
Ногуфта намонад, ки Зокирова А.И.дар аризааш қарзи бефоизро ба хотири харидории манзили истиқоматӣ хостааст. Тавре ки Саидислом Абдуҷабборзода таҳқиқ намудааст, Зокирова А. И. ҳанӯз дар соли 2006 дар асоси қарори Шӯрои иттифоқи касаба аз корхона ба маблағи 132 800 (яксаду сиюду ҳазору ҳаштсад) сомонӣ манзили истиқоматии хидматӣ воқеъ дар кӯчаи А. Навоӣ бинои 27/3, утоқи 32 харидорӣ намудааст. Мувофиқи шартномаи басташуда байни корманд Зокирова А. ва директори генералии ҶСК "Тоҷиктелеком" таҳти рақами 8д-2601 аз 17 июни соли 2006 баъди сипарӣ шудани панҷ соли мӯҳлати шартнома ҶСК "Тоҷиктелеком" хонаро ба Зокирова А.И. ройгон медиҳад.
Аз инҷо равшан мегардад, ки Зокирова А.И. ҳарчанд хонаи истиқоматӣ доштааст ва ба гирифтани қарзи бефоиз эҳтиёҷе низ надоштааст, вале бо ин ҳама тавонистааст бо ризояти муовини вазир ҷаноби Зуҳуров Б.С. маблағи ҳангуфтеро аз ҳисоби корхона ба даст орад.
Суоле ба миён меояд, ки чаро Зокирова А.И. ба вазири нақлиёт ва комуникатсия нею ба муовини ӯ дар масъалаи гирифтани қарзи бефоиз муроҷиат кардааст? Тавре ки қонун пешбинӣ намудааст, ихтисоси чунин намуди қарзҳо аз салоҳиятҳои вазиру муовини ӯ нест. Аммо, коре ки бояд намешуд, амалӣ гардидааст ва ба буҷаи давлат зарарҳои калоне ворид шудааст. Ба таври нақдӣ гирифтани 656 000 (шашсаду панҷоҳу шаш ҳазор) сомониро С. Абдуҷабборзода ғайри қонунӣ хондааст. Бар иловаи ин барои харидани манзилҳои истиқоматӣ дар кӯчаи Ҳ. Аҳрорӣ 115 ба кормандон Ғаниев Р. П. ва Каримов О. ба маблағи 254 000 сомонӣ, ки ба корманд Усмонов А., Валиев К. Ш. ҷиҳати харидани хонаҳои истиқоматӣ мутаносибан 185 000 ва 193 000 сомонӣ қарзи бефоиз дода шудааст. Дар шароите ки дар тамоми даври 2007 ва 9-моҳи соли 2008 фонди манзилии корхона 347466 сомониро ташкил медиҳад.
Тавре ки аз мутолиаи парвандаи Зокирова А. И. бармеояд, номбурда бар хилофи талаботи қонуни мазкур, маблағҳои зикршударо масраф намуда, камбудиҳояшро бартараф намудааст, ки дар ин бора на ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва на роҳбарияти вазорат иттилоъ надодааст. Дар ин бора вазири нақлиёт ва комуникатсия Абдураҳим Ашӯр ба роҳбари дастгоҳи Иҷроияи Президент Миралиев А. ва Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ш. Салимзода бо мактубе таҳти рақами 1 (14) - 601 аз 08. 09. 2008 расман муроҷиат намудааст, ки дар он фаъолияти ғайриқонунии Зокирова А. И. пурра дарҷ гардидааст.
Мо метавонем чанд мисоли дигареро оид ба фаъолияти ғайриқонунии иддае аз мансабдорони вазорати нақлиёт ва коммуникатсия биорем, ки ин дар ахбороти мухтасари Ш. Салимзода, раиси Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо корупсия, ки ба Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст, биорем, вале инҷо иктифо кардем ва дар ин мавзӯъ бисёр гуфтанро ҷоиз надонистем, то тақозои навбатӣ ба ин масъала нукта гузоштем. Ҳамин кофист бигӯем, ки талошҳои муовини вазир, ҷаноби Бек Зуҳуров дар амри ташкили Маркази коммуникатсионӣ ва дастрасӣ ба захираҳои иттилоотии ҷаҳонӣ на ба хотири далоиле, ки дар боло овардааст, балки шояд аҳдофи дигареро дунболагир карда бошад. Тайи солҳои 2005-2006 чанд далоиле пеш оварда шуда буд, аммо нақшаҳо амалӣ нашуданд. Зеро ҳам сарвазири кишвар Оқил Оқилов ва ҳам мушовири давлатии президент Матлубхон Давлатов нақшаи мазкурро амали носолеҳ арзёбӣ карданд ва изҳор намуда буданд, ки амали мазкур ба ислоҳоти системаи идораи давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад ва сабабгори пайдоиши рақобати носолим дар соҳа гашта, ба зиддиятҳои манфиатҳо оварда мерасонад. Дар ҳолатҳои фавқулодда ва ё дар натиҷаи амалиётҳои террористӣ эҳтимоли аз байн рафтани Марказро ба вуҷуд меорад. Ва чанд авомили дигаре низ ироъа гардидааст, ки лоиҳаи мазкурро Президенти кишвар Э. Раҳмон рад намуда буд.
Тавре ки мутолиаҳо нишон медиҳад (оид ба фаъолияти вазорати нақлиёт ва коммуникатсия зиёда аз 20 санади мӯътамад дар ихтиёр дорем) далоили пешовардаи муовини вазир ҷаноби Бек Зуҳуров ба чормағзи пуче шабоҳат дорад ва дар инҷо ба ҷузъ манфиъати шахсӣ ё гурӯҳӣ чизи дигареро набояд интизор шуд. Барои кӯру кар ҳам мисли об равшан аст, ки таъсиси Маркази коммуникатсионӣ ба манфиати кист ва чи нақшаҳоеро дар бар мегирад. Дар ин бора метавон ба таври гуногун ҳадс зад ва матолиберо дар асоси асноди мавҷуда нашр намуд.
"ТОҶИКТЕЛЕКОМ"-РО КӢ ҚАРЗДОР КАРД?
Гуноҳи кист, ки "Тоҷиктелеком"- и таҳти назари вазорати нақлиёт ва коммуникатсия имрӯз беш аз 60 млн доллар қарздор шудааст ва боз аз ҳукумат хоҳиш мекунад, ки онро аз супоридани ҳама гуна андоз ва барои воридоти таҷҳизот аз пардохтҳои гумрукӣ озод намояд? Ин иддао ба фикри аксар коршиносон на аз рӯи садоқати иддае аз роҳбарияти вазорат нисбат ба давлат аст, балки заминаи фароҳам овардани асбоби айшу маишати шахсони алоҳидаро таъмин намудан аст. Дар ҳоле ки кормандони ин вазорат ва "Тоҷиктелеком" аксар вақт наметавонанд маоши худро сари вақт бигиранд ва ахиран масъалаи ихтисори кормандон ба далели қарздории корхона пеш омадааст.
Худоро сипоси бепоён мегӯем, ки барои миллати мо фарзандҳоеро офарид, бори сангини ин миллатро бикашанд. Президенти кишвар дар ҳама давру замон кӯшидааст, ки манфиатҳои миллиро болотар аз манофеи шахсӣ ва қавмиву гурӯҳӣ қарор бидиҳад. Ҳамеша тоҷирони ватаниро мавриди дастгирӣ қарор додааст ва амалан таъкид менамояд, ки ҳукумат ҳамеша бо онҳо дар фаъолият аст ва маҳдудият ҷиҳати фаъолияташон эҷод наменамояд.
Мутаассифона, имрӯз мебинем, ки иддае аз мансабдорони мо бар хилофи ҳидояти сарвари давлат амал намуда, манофеи шахсиро аз манфиатҳои миллӣ болотар медонанд. Агар ин тавр набошад, чаро то имрӯз вазорати нақлиёт ва коммуникатсия натавонистааст дар ворид намудани технологияи муосиртарини соҳа ба дастоварде ноил гардад? Ҳамин ширкатҳои мобилии хусусист, ки буҷаи давлатро ғанӣ мегардонанд ва мардумро бо ҷои кори доимӣ таъмин менамоянд. Имрӯз ҳар фарди худогоҳ медонад, ки бо шарофати ширкатҳои мобилӣ дар дурдастарин нуқоти кӯҳистони кишварамон алоқаи собит барқарор аст. То дирӯз вазорати нақлиёт ва коммуникатсия имкони таъмини алоқаи телефонии мардумро дар шаҳри Душанбе надошт ва соатҳо вақт лозим буд, то ба ҷое занг зада шавад. Ба шарофати технологияи ҷадиди чинӣ, ки ибтикор аз тарафи муқобил сурат гирифтааст, робитаи телефонӣ байни шаҳрвандон дар шаҳри Душанбе таъмин шудааст.
ЗӮРИ БЕҲУДА МИЁН ШИКАНАД
Бинобар ин талошҳои вазир ҷаноби Бег Сабурович дар масъалаи фавқ ақлонӣ ва муассир нест. Таъсиси чунин як марказ дар назди "Тоҷиктелеком" оқибатҳои нохушеро ба бор хоҳад овард. Дахолати беасос ба умури ширкатҳои мобилӣ ва мутеъ сохтани онҳо дар назди "Тоҷиктелеком" дар оянда метавонад боиси қатъи фаъолияти инвесторони хориҷӣ гардад. Ҳамзамон, бо амалӣ намудани ин кор манфиат танҳо ба иддае аз мансабдорону гурӯҳҳои ҷудогона хоҳад расид, на вазорату кишвар. Бе ин ҳам, фасод тамоми соҳоти фаъолияти иқтисоди кишварро фаро гирифтааст ва барои маҳву нобуд сохтани он солҳо мубориза бояд бурд. Сониян бо роҳи зӯрӣ мӯтеъ сохтани секторҳои хусусӣ корест шармандагӣ ва ҷаҳон чунин таҷрибаеро то ҳол надидааст. Зеро ин омили ношоиста дастовардҳоеро, ки дар натиҷаи фаъолиятҳои мудавом дар соҳаи технологияи иттилоотӣ ба даст омадааст, дар андак муддате метавонанд барҳам диҳад. Ба қавле "гур сӯзаду дег ҷӯшад" шиори гурӯҳе шудааст, ки ин амали аз ақл дури алоқаи собитро дар дохили кишвар метавонад билкул аз байн бубарад.
Гузашта аз ин як масъалаи дигаре мавҷуд аст, ки муовини вазири муҳтарам беҳтар аст ба ҳалли он машғул шаванд. Ва он воқеъан ба масъалаи амният бар мегардад. Он масъала насби фиристандаҳои телефонҳои мобилии Тоҷикистон дар ноҳияҳои марзӣ, хусусан дар марз бо Узбакистон аст. Дар аксари ноҳияҳои марзӣ аз ҷануб то шимоли кишвар ширкатҳои мобилии кишварҳои ҳамсоя фаъол ҳастанд. Ва фиристодани як SMS метавонад амниятро ба мухотира бинадозанд, ана ин аст мулоҳизаи амниятӣ. Аммо тааҷубовар аст, ки Нозироти алоқа сардораш Қадамҷон ва Бек Сабуров, муовини вазири муҳтарами роҳ ва мухобиротро ин масъала ба ташвиш намеорад, балки бо ҳар роҳ ба насби ин фиристандаҳои ширкатҳои тоҷикӣ монеъ мешаванд. Дар ҳоле ки дар ноҳияҳои марзӣ ба насби 60 адад чунин истгоҳҳо ниёз ҳаст ва ширкатҳо омодаанд ин истгоҳҳоро насб кунанд. Суоли матраҳ, барои муовини вазир ва сардори нозироти алоқа манфиати кадом кишвар муҳимтар аст: Тоҷикистон ё Узбакистон?
БА ҶОИ АНҶОМ
Дар охир ҳикоятеро аз боби Сиёсати вазорат ва сирати вазирон аз "Насиҳат-ул-мулк"-и Эмом Муҳаммад Ғазолӣ меорем, ки хеле пандомӯзу ибратбахш аст:
"Сулаймон пайғамбар (а) бар тахти мулк нишаста буд. Бояд ӯро бардошта ва андар ҳаво мебурд. Сулаймон ба уҷб андар мамлакати хеш нигоҳ кард аз он фармонбардории бод ва деву парӣ ва мурғони халоиқ ва бузургвориву ҳайбату сиёсат. Хост, ки тахташ нагунсор шавад. Гуфт: - Ё тахт рост бош! Тахт ба овоз омад ва гуфт:- Ту рост бош, то мо рост бошем, чунон ки Худои таъоло гуфт:
ИИНА-Л-ЛОҲА ЛО ЮҒАЙИРУ МО БИ ҚАВМИН ҲАТТО ЮҒАЙИРУ МО БИ АНФУСИҲИМ (ҳар оина Худованд тағйир намедиҳад, он чӣ дар мардумон аст, то ин ки эшон тағйир надиҳанд он чӣ дар худашон аст - сураи ар-Раъд, ояти 12)
Боқӣ Шумо донед!!!
И. ОҚИЛПУР