Ғуломов Роғунро таслим кард?!

Сиёсат 24.07.2008 23:17
Рӯзномаи «Коммерсант», як нашрияи наздик ба ҳукумати Русия хабареро интишор додааст, ки гуфта мешавад, номае бо имзои Асаддулло Ғуломов, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон ба Вазорати энержии Русия ҷиҳати таслими 75 дар сади саҳмияҳои НБО Роғун расидааст. Ба навиштаи ин рӯзнома, дар ҳоли ҳозир ин номаи Ғуломов дар вазорати энержии Русия дар ҳоли баррасист, вале ҳанӯз ҷониби Русия дар ин маврид тасмиме нагирифтааст. Зимнан, давлати Тоҷикистон дар чанд моҳи қабл эълом кард, ки бунёди НБО Роғунро бо тавон ва зарфиятҳои дохилӣ анҷом хоҳад дод. Ҳадс зада мешуд, ки бо даст кашидани Русия аз ин луқмаи лазиз, мумкин аст, раванди бунёди ин ниругоҳ ба як масъалаи умумимиллӣ табдил бишавад ва ваҳдатеро дар миёни ҷомеаи тоҷик шакл бидиҳад. Аммо акнун мардум интизор хоҳанд буд, ки номаи оқои Ғуломов аз сӯйи «бародари бузург» бо чӣ ранге ишора хоҳад шуд. Сурх ё Сабз?! Вақт довари ҳақгӯст!

А. Мирзо
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97