АФСОНАҲОИ АЛЮМИНӢ

Сиёсат 04.03.2009 18:08

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Мӯҳтарам роҳбарияти корхонаи алюминийи тоҷик "Талко". Банда ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи саҳмгузорӣ дар ҳалли мушкилоти ҷиддии мардуми кишвар ва бо хоҳиши зиёди хабарнигорон назари худро дар бораи роҳи ҳалли мушкили бебарқӣ, ки шояд бузургтарин фоҷеаи миллӣ дар солҳои охир аст, баён кардам.

Дар ин мусоҳиба бо нигоҳи воқеъбинона масъалаи ба фурӯш гузоштани ширкати алюминийи тоҷик "Талко"-ро, ки имрӯз бе ягон шак ягон сомонӣ аз фоидаи софи худ ба буҷаи кишвар ворид намекунад, изҳор намудам. Вале ҷои тааҷҷуб аст, ки агар ин ҳарфи наве набошад ва пеш аз ман ҳам баъзе аз вакилони Маҷлиси намояндагон чунин пешниҳод карда бошанд, чаро фақат нисбат ба пешниҳоди ман ин ҳама сару садо ба роҳ андохта мешавад? Ё Шумо гумон мекунед, ки воқеан Ҷаноби Олӣ пешниҳоди маро қабул мекунаду Шумо аз вазифа ва манфиатҳои худ маҳрум мешавед? Чун посух ва мусоҳибаҳои Шумо бисёр нуктаҳои норавшан ва мардумфиребона дорад, зарур медонам, ки ба баъзе нуктаҳои он равшанӣ андозам.

ЧАРО ҶАВОБИ СИЁСӢ МЕДИҲЕД?

Шумо хеле беҳтар аз ман медонед, ки он чӣ дар мусоҳибаи банда омада буд, дуруст аст ва имрӯз корхонаи алюминий барои кишвар ва мардум аз фоидааш дида зарараш зиёд аст. Вале фақат барои он, ки ин ҳақиқатро пардапӯш намоед, ҷавоби худро ранги сиёсию давлатӣ дода, мутаассифона, аз гузориши касбӣ ва воқеии масъала гурехтед. Аз ин рӯ, дар оғоз мехостам дар масъалаҳои сиёсии ҷавоби Шумо посух гӯям:

а) Аввалан, Шумо дар ҷавобатон худро Ҳукумат ё давлати Тоҷикистон пиндошта, аз номи давлати Тоҷикистон сухан мегӯед. Оё Шумо ин салоҳиятро доред? Мусоҳибаи ман ба ҳайси пешниҳоди як шаҳрванд буд ва Шумо аз он дар ташвиш нашавед. Зеро сарнавишти "Талко"-ро Ҳукумати Тоҷикистон ҳал мекунад, на ман ё Шумо.

б) Шумо аз салоҳияти худ берун рафта, ин мусоҳибаро бо дар пеш будани маъракаи интихоботӣ марбут донистед, ки гӯё ман эҳтиёҷе ба худмуаррифӣ дар ин давра дошта бошам. Дар ин маврид ду нуктаро ба Шумо мерасонам:

Аввалан, ман борҳо эълон кардаам ва боз эълон мекунам, ки дар ҳеҷ гуна интихобот иштирок карданӣ нестам, на дар интихоботи президентӣ, на дар интихоботи парламентӣ. Ман ҳеҷ вақт худро рақиби ҷаноби Президент намеҳисобам ва баръакс, ман намояндаи он кас дар Маҷлиси Миллӣ ҳастам ва эътиқоди диниам ба ман иҷозат намедиҳад, ки ба Ҷаноби Олӣ кӯрнамакӣ бикунам. Дар ин мавзӯъ ман назари худро ҳамчун шаҳрванде, ки аз сардиву торикии рӯзгори мардум ва ояндаи бадшавии робитаи кишварамон бо Русия дар ташвиш ҳастам, изҳор намудам.

Дуввум, Шумо хуб медонед, ки ман ба ҳеҷ гуна муаррифӣ дар пешорӯи интихобот ниёз надорам. Барои исботи ин фақат ҳамин мисол кофӣ аст, ки рӯзномаҳо ҷавоби "Талко"-ро на бо сурати роҳбарони он, балки бо сурати банда чоп кардаанд, ки то мардум сурати маро дида, ҷавоби Шуморо бихонанд. Аз ин рӯ, ин тӯҳмат, ки ман бо ин мусоҳиба худро муаррифӣ карданӣ бошам, як гумони нодуруст аст.

в) Шумо боз ҳам ҷавоби худро сиёсӣ намуда, масъалаи ватандӯстию миллатдӯстиро дар миён гузоштаед. Ин низ аз салоҳияти Шумо берун аст, зеро Шумо маро аз наздик намешиносед ва бо мавқеъгирии ман шинос нестед, аз ин сабаб, ҳаққи маънавии онро надоред, ки ватандӯстиву миллатдӯстии маро зери савол гузоред. Дигар ин, ки аз кишварҳои мавриди баҳс, яъне Русия ва Узбакистон беш аз ҳама банда зарар дидаам ва падару писари ман маҳз аз бомбаҳои ҳавопаймоҳои ин кишварҳо дар дараи Ромит маҷрӯҳ ва маъюб шудаанд ва даҳҳо нафар хешовандони наздики ман дар қатори даҳҳо ҳазор ҳамдиёронам шаҳид шуданд. Шояд дар он вақт Шумо ҳамчун иттифоқчии Русия ва Узбакистон аз "ёриҳои бародарона"-и ин кишварҳо истифода карда, ҳаёти хуб доштед, вале мо зери тиру бомбаҳои ин кишварҳо будем ва шаҳди талхи муҳоҷиратро чашидем. Таҷрибаи талхи солҳои 90-ум моро водор мекунад, ки бо Русия робитаи хуб дошта бошем, то ки ин воқеаҳо дубора такрор нашавад.

То ҷое, ки ман медонам, солҳои 2004 худи Шумо, роҳбарияти корхонаи алюминий, ташвиқгари ба Тоҷикистон омадани "Русал" будед, на ман. Вале ман бо ин мусоҳибаам мехостам ҳамдиёронамон аз торикиву сардӣ, ки ҳашт-даҳ сол боз давом дорад, наҷот ёбанд ва ҳамчунин, пеши роҳи сардшавии робитаҳои Тоҷикистон ва Русия гирифта шавад. Ба назари ман, миллатдӯстӣ ҳамин аст ва ягон миллатдӯст иҷозат намедиҳад, ки худаш бо роҳат зиндагӣ кунаду миллаташ дар сардию торикию маҳрумият бошад.

ҲАДАФИ МУСОҲИБА ЧӢ БУД?

Аз ҷавоби Шумо маълум гашт, ки ё Шумо мақсади ин мусоҳибаро нафаҳмидед, ё фаҳмида бошед ҳам, онро ба манфиатҳои шахсии худатон мухолиф дониста, чунин посухи гумроҳкунандаро навиштед. Аз ин рӯ, бори дигар ҳадафҳои асосии мусоҳибаро баён мекунам, ки шояд ин дафъа фаҳмотар гардад. Пас ҳадаф ва моҳияти ин мусоҳиба чӣ буд?

Ҳадафи якуми мусоҳиба: Фавран таъмин намудани барқ барои тамоми мардуми Тоҷикистон.

Агар нақшае, ки ман пешниҳод намудам, беғаразона фаҳмида мешуд ва амалӣ мегашт, мардуми Тоҷикистон аз ин мушкили бузург ҳамин сол озод мешуд. Бори дигар таъкид мекунам, ки масъалаи нарасидани барқ як масъалаи техникӣ набуда, он муҳимтарин масъалаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва миллии мост. Аз ин рӯ, амалан аз барқ маҳрум будани 70% мардуми кишвар оқибатҳои ҷиддии иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва миллӣ низ хоҳад дошт. Имрӯз фақат барои ин, ки корхонаи алюминийи тоҷик кор кунад, як миллатро ба торикиву сардӣ маҳкум кардан магар аз рӯи инсоф аст? Имрӯз синфхонаҳои мактабҳо хунуканд, хонаҳои мардум хунуканд, коргоҳҳо сарданд, мактаббачаҳову муаллимон ларзида-ларзида дарс мегузаранд, ҳазорон мардум аз сардии хонаҳояшон ба бемориҳои мухталифи сармохӯрдагӣ гирифторанд, мардуми деҳот ҳатто ҳафтаҳо наметавонанд ҳаммом кунанд. Илова бар ин, вақте ки аз тирамоҳ то баҳор лимити барқ ҷорӣ мекунем, зиёиёни деҳот чӣ гуна китоб хонанд, талабаҳо чӣ гуна дарс тайёр кунанд, зеро дар рӯзҳои кӯтоҳи зимистон аз соати 5-и бегоҳ то 8-и саҳар торик аст. Аз ин сабаб, бебарқӣ яъне бесаводии умумӣ, ҷаҳли умумимиллӣ ва бемории умумимиллӣ дар оянда аст. Оё боре дар ин бора меандешем?

Аз сабаби бебарқӣ ҳазорон соҳибкори хурд ва косибон беш аз ними сол наметавонанд кор кунанд. Дар натиҷа онҳо наметавонанд зиндагии оилаашонро таъмин намоянд ва коргаронашонро маош диҳанд ва ҳамчунин, наметавонанд андозҳои давлатиро супоранд. Ҳатто осёбҳои хусусии барқии мардум, ки дар деҳот бисёр нуктаҳои муҳим мебошанд, аз кор мондаанд ва мардум гандумашон дар хона истода, аз бозор орди қиммат мехаранд. Ман фикр мекунам, ки миллатдӯст касест, ки миллаташро дар чунин фоҷеа намегузорад.

Ҳадафи дуюми мусоҳиба: Беҳтар кардани робитаҳо бо Русия.

Тавре ки гуфтам, ман аз Русия беш аз Шумо зарар дидаам ва ҳеҷ алоқамандие ба ин кишвар надорам. Вале ҳамчун шахси воқеъбин ман наметавонам инкор кунам, ки ҳамкорӣ бо Русия барои Тоҷикистон, барои мардуми кишвар ва, аз ҷумла, барои ҳукумати кишвар аҳаммияти сарнавиштсоз дорад. Чаро?

а) Масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ: Тавре ки маълум аст, зиёда аз як миллион нафар тоҷик дар Русия кор мекунад. Вале агар мо робитаҳоро бо Русия хароб кунем, чуноне ки баъзе матбуоти дурӯғмиллатчӣ пешниҳод мекунад, ва Худо накарда, Русия режими визаро ҷорӣ намояд, пайомадҳои он чӣ гуна хоҳад буд? Аввалан, агар ин як миллион муҳоҷир баргардад, оё онҳоро метавонем бо ҷои кор ва маоши муносиб таъмин намоем? Дигар ин, ки онҳо солона фақат аз тариқи бонкҳо беш аз 2 миллиард доллар пули нақд мефиристанд ва илова бар ин, ҳамин қадар пули дигар аз тариқи ғайрирасмӣ ва дар шакли мол ё ҳамроҳи худашон оварда мешавад. Аслан, бозори муомилоти Тоҷикистон имрӯз маҳз бо пули муҳоҷирон гардон аст, тиҷорати хурд аз пули онҳо мечархад ва андозе, ки аз тиҷорат ва соҳибкории хурд ба хазинаи давлат ворид мешавад, даҳҳо маротиба аз андози корхонаи алюминий зиёдтар аст.

Албатта, мо ризқро аз Худо медонем ва иншоаллоҳ, бе Русия ва бе дигарон низ миллати мо аз гуруснагӣ намемирад ва иншоаллоҳ, давлату кишварамон аз байн намеравад. Вале, боз мегӯям, ки Худое накарда, агар миёни Русия ва Тоҷикистон режими визоӣ ҷорӣ шавад ва муҳоҷирини корӣ баргарданд, на танҳо вазъияти иҷтимоӣ, балки вазъияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар низ бисёр бӯҳронӣ мешавад. Пас, имрӯз фақат касе, ки миллатдӯст нест ва фақат касе, ки манфиатҳои ин миллат ва ин давлатро намешиносад, бо Русия мехоҳад равобиташро бад ё қатъ намояд.

б) Масъалаи барқи корхонаи алюминий: Агар Ҳукумат ин корхонаро бо нархи хуб ба Русия бифурӯшад (на ба "Русал", чуноне, ки маро муттаҳам кардаанд), Русия метавонад ва имкони онро дорад, ки дар шаш моҳи камбарқии мо барқро барои ин корхона худаш аз кишварҳои минтақа таъмин намояд. Дар шаш моҳи фаровонии барқ бошад, барқро аз мо мехарад. Аммо, вақте Роғунро бисозем, он вақт корхонаи алюминий бояд тамоми сол барқро аз мо бихарад. Ин схемаи таъмини барқро метавон дар қарордоди фурӯши корхона шарт намуд. Ба ин тартиб, мо фавран, аз мушкили бебарқӣ озод мешавем. Дар ғайри ин сурат, мо агар Роғунро аз ҳисоби худ бисозем ҳам, ва иншоаллоҳ месозем, сохтмони он камаш 5-6 сол давом мекунад ва масъалаи бебарқӣ, яъне ин фоҷиаи миллӣ ҳамин муддат идома хоҳад ёфт, ки идомаи чунин вазъият аз назари сиёсӣ ва давлатдорӣ хатарнок аст. Ин ҷо низ мебинед, ки пешниҳоди ман маҳз ба нафъи давлат ва миллат аст.

Ҳадафи сеюми мусоҳиба: Раҳоӣ аз фишорҳои Узбакистон.

Нақшае, ки ман пешниҳод кардам, як навъ схемаи раҳоӣ аз фишорҳои Узбакистон ва безарар кардани мавқеи ин кишвар буд. Вале роҳбарияти корхонаи алюминий бо вуҷуди сиёсӣ кардани ҷавобаш, ин ҷанбаи муҳимми сиёсии ин пешниҳодро пай набурдааст. Мақсад ин буд:

1. Агар робитаи мо бо Русия ҳарчӣ хубтару наздиктар бошад, шояд фишори Узбакистон болои мо камтар мешавад.

2. Агар корхонаи алюминийро Русия бихарад, Узбакистон наметавонад барои русҳо дар транзити барқ монеа эҷод кунад. Зеро худи ин кишвар ҳам ба транзит аз тариқи Русия вобаста аст.

Албатта ба сабаби риояти манфиатҳои миллӣ дар ин масъала бештар гуфтан ҷоиз нест, вале умедворам ин нуктаҳоро дарк менамоед.

Ҳадафи чоруми мусоҳиба: Пурра миллӣ боқӣ мондани "Роғун":

Тавре ки дар мусоҳибаам зикр кардаам, ман ҷонибдори сад дарсад миллӣ боқӣ мондани "Роғун" будам ва ҳастам. "Роғун"-ро бояд Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби худ ва агар лозим шавад, бо ҳимояи миллат бисозад. Вақте мо корхонаи алюминийро мефурӯшем, ду ҳадафи асосӣ амалӣ мешавад: якум, имкони бо пули ҳукумати Тоҷикистон тибқи лоиҳа бо баландии қариб 350 метр (на 140 метре, ки Шумо маро тӯҳмат кардаед) сохтани "Роғун" ба вуҷуд меояд. Дуюм, фоҷеаи норасоии барқ баробари ба Русия фурӯхтани корхона ҳал мешавад. Масъалаи миллӣ мондани "Роғун" як масъалаи муҳимми сиёсӣ ва стратегӣ аст, зеро таҷрибаи НБО "Сангтуда-1" нишон дод, ки ба ихтиёри хориҷиён гузоштани ниругоҳҳо чӣ оқибат дорад. Тавре ки огоҳед, ҳафтаи гузашта соҳибони хориҷии НБО "Сангтуда-1" эълон доштанд, ки агар ширкати "Барқи тоҷик" 16 миллион қарзи худро напардозад, ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард.

Ана чунин қарзҳо сармоягузоронро аз омадан ба кишвари мо метарсонанд, на пешниҳоди фурӯхтани корхонаи алюминий. Ин даъвои судии онҳо ба имиҷи давлати Тоҷикистон ва фазои сармоягузорӣ дар кишвар чӣ зарба мезанад ва чӣ қадар сармоягузорони ояндаро метарсонад, ҷои тасаввур нест? Сармоягузори хори¬ҷӣ фикр мекунад, ки агар сармоягузорҳои давлатии русӣ дар Тоҷикистон фоидаи худро гирифта натавонанд, пас мо чӣ тавр метавонем? Шояд агар ширкати алюминий 97 млн. 600 ҳазор сомонӣ қарзашро ба "Барқи тоҷик" пардохт мекард, "Барқи тоҷик" имрӯз дар назди "Сангтуда-1" қарздор намемонд ва судбозӣ ҳам намешуд ва ин қадар беобрӯйӣ намешуд.

Афсонаҳои алюминӣ; ё оё корхонаи алюминий барои Тоҷикистон муҳим аст?

Дар қисми дигари ҷавоби худ Шумо корхонаи алюминийи тоҷикро ҳамчун як корхонаи бисёр муҳим ва ҳатто ифтихори миллӣ номидаед. Умуман, дар солҳои охир дар зеҳни ҷомеа ин фикр ҷой карда шудааст, ки корхонаи алюминийи тоҷик барои кишвар ва миллат бисёр муҳим аст ва алюминий барои мо ашёи стратегӣ аст ва саҳми ин корхона дар буҷаи кишвар калон аст ва ғайра. Тибқи маълумотҳое, ки ман дорам, ҳамаи ин як афсона аст ва ин корхона феълан барои кишвари мо як корхонаи сарнавиштсоз нест ва алюминий барои иқтисоди мо ашёи стратегӣ ҳам нест ва саҳми ин корхона дар буҷаи кишвар ҳам ниҳоят ночиз аст.

Афсонаи аввал дар ин масъала ин аст, ки гӯё корхона дорои таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ аст. Вале Шумо нағз медонед, ки ин корхона солҳои 70-уми асри гузашта сохта шудааст, яъне чил сол пеш, ва дар ин чил сол табиист, ки таҷҳизоти ин корхона ҳам аз назари физикӣ ва ҳам аз назари маънавӣ кӯҳна шудааст. Барои исботи ин фикр ба мисоли зерин таваҷҷуҳ намоед:

Корхонаи алюминийи Дубай "Дубал" дар соли 2007 бо ҳамагӣ 3 240 нафар корманд 900 ҳазор тонна алюминий истеҳсол намудааст (нигаред ба сайти "Дубал": www.dubal.ae) , аммо корхонаи алюминийи тоҷик бо 13 000 (!) нафар коргар ҳамагӣ 402 ҳазор тонна алюминийи хориҷиёнро коркард карда додааст. Ё мисоли дигар; агар корхонаи алюминийи тоҷик барои коркарди як тонна алюминий 17-18 ҳазор кВт барқ сарф кунад, корхонаҳои муосири алюминий барои як тонна алюминий камтар аз 13 ҳазор кВт барқ сарф мекунанд. Магар ин нишонаи замонавӣ будани корхонаи мост?

Илова бар ин, корхонаи алюминийи тоҷик солона ҳудуди 7 млрд/кВт барқи Тоҷикистонро истеъмол мекунад. Ин барқро бо нархи имтиёзнок, яъне фақат 5 дирамӣ мехарад. Барои мисол, агар мо ҳамин барқро ҳатто бо нархи дохилии кишвар барои корхонаҳои саноатӣ, яъне 17 дирамӣ, ба хориҷ фурӯшем, он ҳудуди 340 млн. долларро ташкил мекунад. Вале дар ҷавоби Шумо омадааст, ки тамоми пардохтҳои андозии корхонаи алюминий дар як сол 262 млн. сомонӣ, яъне камтар аз 70 млн. долларро ташкил мекунад. Пас, ҳатто агар фақат барқеро, ки корхонаи алюминий мегирад, ба хориҷи кишвар содир намоем, аз фурӯши он панҷ баробар фоидаи бештар мегирем. Ин арифметикаи содда аст.

Афсонаи дуюм ин аст, ки гӯё Тоҷикистон аз тариқи корхонаи алюминийи тоҷик солона зиёда аз 400 ҳазор тонна алюминий истеҳсол мекунад ва онро ҳудуди 3 ҳазор долларӣ фурӯхта, 1 млрд. 200 млн. доллар даромад мегирад. Мутаассифона, ҷомеа аз ноогоҳӣ ба ин афсона бовар дорад ва бадтар аз ин, коршиносону журналистони мо ҳам ба ин афсона бовар доранд. Биёед ошкоро бигӯем, ки Тоҷикистон соҳиби он 400 ҳазор тонна алюминий нест, фурӯши он низ дар ихтиёри Тоҷикистон нест. Корхонаи алюминийи тоҷик фақат хокаи алюминийи ширкатҳои хориҷиро коркард карда, ба ивази коркардаш ҳаққи хидмат мегирад. Агар ба мафҳуми халқӣ гӯем, мо соҳиби гандум ва соҳиби орд нестем, мо фақат осёб дорем ва аз соҳиби гандум барои коркардамон кавсанг ё ҳаққи корамонро мегирем. Яъне корхонаи алюминийи тоҷик, чуноне ки директори генералии он ҷаноби С. Шарипов низ дар мусоҳибааш зикр кардааст (ҳафтаномаи "Нигоҳ" аз 19 феврали 2009), аз рӯи усули ТОЛЛИНГ кор мекунад ва моҳияти усули толлинг ҳамин аст, яъне хокаи алюминийи дигаронро коркард карда медиҳем ва ҳаққи кор мегирем ва дар маҳсулоти истеҳсолшуда ҳаққе надорем. Аксарияти мардум ва ҳатто зиёиёну коршиносони бомаълумот ҳам фикр мекунанд, ки мо агар 400 000 тонна алюминий истеҳсол намоем, пас он бо нархи 3000 долларӣ ҳудуди 1 млрд. 200 млн. доллар мешавад, пас корхонаи алюминий бисёр даромаднок аст. Ин хел мебуд, бо даромади корхонаи алюминий "Роғун"-ро худамон месохтем. Вале мардум намедонанд, ки ин алюминийи моли Тоҷикистон нест ва мо фақат ҳаққи коркардро мегирем. Мо фақат осёббони ин осёби бузургем.

Афсонаи сеюм ин аст, ки гӯё нақши корхонаи алюминий дар буҷаи Тоҷикистон хеле муҳим мебошад. Ва, мутаассифона, бисёриҳо ба ин бовар доранд. Аз мусоҳибаҳое, ки дар матбуоти ҳафтаи гузашта хондем, маълум шуд, ки ҳатто баъзе аз зиёиён, "коршиносон" ва шахсиятҳои шинохтаи кишвар ҳам чунин фикр мекунанд. Вале, биёед ин ҷо низ ошкоро бигӯем, ки корхонаи алюминийи тоҷик дар буҷаи Тоҷикистон чӣ нақше дорад. Тибқи ҷавоби роҳбарияти корхона тамоми пардохтҳои он ба хазинаи давлат дар соли гузашта 262 млн. 175 ҳазор сомониро ташкил кардааст. Дар ҳоле ки қисми даромади буҷаи Тоҷикистон дар соли 2008-ум 4 млрд. 470 млн. сомониро ташкил дода буд, пас саҳми корхонаи алюминий дар он ҳамагӣ ҳудуди 6% мебошад. Агар ин маблағро бо буҷаи соли 2009 қиёс намоем, шояд он ҳамагӣ 3 %-ро ташкил диҳад. Ин аст саҳми воқеии корхонаи алюминийи тоҷик дар бучаи Тоҷикистон. Вале мардуми бечора ин торикию сардиро таҳаммул карда, фикр мекунанд, ки агар корхонаи алюминий набошад, буҷа аз куҷо пур мешавад ва муаллиму духтуру нафақахӯр аз куҷо маош мегирад? Масъулини корхонаи алюминий дар баёния ва мусоҳибаашон зикр намекунанд, ки ин корхона дар як сол чанд сомонӣ ҳамчун фоидаи соф ба буҷаи кишвар ворид мекунад. Фоидаовар будан ё набудани корхона аз миқдори фоидаи софаш маълум мешавад, на аз рӯи пардохтани андозҳои ҷорӣ. Вале чун ин корхона ягон сомонӣ фоидаи соф ба даст намеорад, дар ин бора чизе намегӯянд ва наменависанд.

Афсонаи чорум ин, ки гӯё корхонаи алюминий аз "Барқи тоҷик" қарздор нест. Вале ҳафтаи гузашта котиби матбуотии "Барқи Тоҷик" ҷаноби Н. Ёдгорӣ расман эълон доштааст, ки корхонаи алюминий аз ин ширкат 97 млн. 600 ҳазор сомонӣ қарздор аст (Ниг.: нашрияи "Азия плюс" аз 04.02. 2009, саҳ.2). Илова бар ин, аз сабаби пули барқро напардохтани корхонаи алюминий, ширкати "Барқи тоҷик" наметавонад 8,5 млн доллар пули гази истифодакардаашро ба корхонаи "Тоҷикгаз" супорад. Ин боис шудааст, ки "Тоҷикгаз" барои пардохти пули газ ба Узбакистон маблағ наёфта, қарздор шудааст. Узбакистон бошад, аз фурсат истифода намуда, интиқоли газро ба кишвар қариб қатъ намудааст. Ин аст, ки имрӯз дар хонаҳои мардум газ нест ва ҷое, ки бошад, ниҳоят маҳдуд аст ва ҳатто аксари заправкаҳои газӣ баста шудаанд. Хулоса, мардум дар вазъияти боз ҳам мушкилтар қарор гирифтаанд. Ин суханҳо низ сиёсат нест, ин ҳам мантиқ ва арифметикаи оддист.

Афсонаи панҷуме, ки Шумо дар посухи худ онро матраҳ намудаед, ин аст, ки гӯё "Талко" аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ имтиёзе надорад ва корхонаҳои алюминийи кишварҳои дигар низ дар масъалаи нархи барқ аз тарафи давлати худ имтиёзҳои зиёде гирифта бошанд. Ду мисоле, ки дар ин масъала Шумо овардаед, ҳар ду беасосанд. Ширкати алюминийи "Русал" аз давлати Русия бо имтиёз барқ намегирад, зеро ин ширкат ниругоҳи барқии хусусии худро дорад ва барқи худро аз он таъмин мекунад. Корхонаи алюминийи Озарбойҷон бошад, барқро нисбат ба корхонаҳои дигари саноатӣ фақат 30% арзонтар мегирад. Сабаби ин имтиёз дар он аст, ки ин корхона худ подстансияи бузурге сохтааст, ки дар баланси худаш аст ва ҳамчунин, ҳамчун харидори умда, барқро бо нархи яклухт мехарад. Вале корхонаи алюминийи тоҷик барқро бо нархи нисбат ба корхонаҳои дигари саноатӣ 300 % арзонтар мегирад, яъне 5 дирам ба ҷои 17 дираме, ки барои корхонаҳои саноатии Тоҷикистон муқаррар шудааст. Ин имтиёзи бесобиқа аст. Муҳимтар аз ин, дар Русия ва Озарбойҷон барои кори корхонаи алюминияшон мардумашон аз барқ маҳрум нестанд.

Афсонаи шашуми Шумо ин аст, ки гӯё фурӯхтани корхонаи алюминий фикри ватандӯстона набудааст. Ва чанд журналисти супоришии дигар ҳам ин масъаларо идома дода, навиштаанд, ки ватанфурӯшӣ ва миллатфурӯшӣ аз ҳамин сар мешавад. Ман аз Шумо даъват мекардам, ки пеш аз гуфтани чунин суханон андаке андеша мекардед. Барои чӣ қадар ғалат будани ин фикратон ба ду нукта таваҷҷӯҳ намоед ва бубинед, ки Шумо амалан чӣ гуфта истодаед:

Якум, оё масъулоне, ки комплекси нодиртарини "Окно", 75% саҳмияҳои НБО-и "Сангтуда-1", саҳмияҳои корхонаи тиллои "Зарафшон" ва даҳҳо корхонаи дигарро ба хориҷиён фурӯхтанд, миллатфурӯшу ватанфурӯшанд? Оё онҳое, ки базаи ҳарбии Русияро дар Тоҷикистон ҷой дода, дар чандин минтақаи кишвар ҳазорҳо гектар замин ва иншоотро дар ихтиёри ин базаи ҳарбии Русия гузоштанд, миллат ва ватанро дӯст намедоранд? Шумо чӣ гуфта истодаед?

Дуюм, дар аксари кишварҳои пешрафта ва мутамаддин бисёре аз корхонаҳои бузург дар моликияти хориҷиён ё саҳҳомони хориҷӣ ҳастанд. Масалан, дар Амрико саҳмияи корхонаҳои бузургтарин моли чиниҳо, арабҳо, ҳиндуҳо, мексикоиҳо ва ғайра аст. Дар кишвари Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бошад, беш аз 50% корхонаҳо, биноҳо ва иншоот дар моликияти хориҷиҳо аст. Ба назари Шумо, оё имрӯз ифтихори миллии Амрико ва ё Аморот аз Тоҷикистон камтар аст? Оё ифтихори миллии онҳо зарар дидааст?

Ва афсонаи охирини ҷавоби Шумо ин буд, ки гӯё ман изҳор карда бошам, ки мо бояд корхонаи алюминийро арзон фурӯшем. Чунин чизро ман ҳаргиз нагуфтаам. Барои ман ҳам маълум аст, ки қиммати ин корхона беш аз як миллиард доллар аст.

МАН БО КИЯМ?

Ва ниҳоят, мехостам ба он саволи аслие, ки Шумо гузоштаед, посух бидиҳам, ки ман бо кӣ ҳастам? Ба таври сареҳ мегӯям, ки ман бо манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва бо давлати он ҳастам. Ба фаҳмиши ман, дар ҳоле ки миллат дар хунукию торикӣ маҳкум бошаду мо дидаву дониста барои манфиати шахсии худ ва чанд нафар манфиатдор аз вазъияти мавҷуда ҳимоят намоем, ин ҳеҷ рабте ба миллатдӯстию ватандӯстӣ надорад. Ҳар пешниҳоде, ки дар мусоҳибаам кардам, ба эътиқоди ман маҳз ба нафъи ватан, миллат ва давлат буд. Касе, ки камтарин саводи сиёсӣ ва хиради давлатдорӣ дошта бошад, ба ин шакк надорад.

Хулоса, имрӯз корхонаи алюминий чӣ суду зиён дорад, бо чӣ усул кор мекунад, барои кӣ ва чӣ қадар фоида меорад, на танҳо ман, балки бисёри мутахассисон ва огоҳон медонанд. Биёед ҷавоббозӣ накарда, беҳтараш баҳсро дар ин бора давом надиҳем. Шояд бо ин дилпурӣ аз номи давлат ва аз номи Тоҷикистон гап задани роҳбарияти як корхонаи саноатӣ низ ба бисёр чизҳо ишора мекунад.

Бале, бисёр дӯстон ва бародарон ба ман тавсия доданд, ки дар бораи корхонаи алюминий аслан ҳеҷ чизе нагӯяму нанависам. Гӯё пушти он чунон қувваҳои бонуфуз ва "шербаччаҳо"-и зӯре ҳастанд, ки омодаанд барои манфиати худ мухолифонашонро нобуд кунанд ва ё бо баҳонаву тӯҳмате зиндонӣ намоянд. Ман ҳам инро дарк мекунам ва ин эҳтимолро дорам. Локин, пеш аз ҳама ба Худои Бузург такя дорам, зеро ҳар чӣ мегӯяму менависам, барои Худост ва барои фоидаи давлату миллатамон аст, на бо супориши касеву тарафе ва на ба манфиати шахсиям. Агар чанде дар мавзӯи корхонаи алюминий сухан гуфтан риск аст, аммо зиндагии сарду торики мардуми кишвар, ки инак солҳост идома дорад ва ҳамчунин, эҳтимоли бад шудани робитаҳои кишварамон бо Русия маро ба ташвиш овард, ки мабодо болои ватани азизамон ва миллати ранҷкашидаамон боз як фоҷеаи дигар ояд. Ва илло, банда ба шахси Шумо ва ба молу дунёи Шумо ва манфиатҳои Шумо коре надорам, фақат бо мушоҳидаи рӯзи сахти мардум, ҳамчун як шаҳрванди ин кишвар бисёр бародарона Шуморо ба инсоф даъват намудам. Боқӣ, паноҳатон ба Худо.

Р.S. Умедворам, дар сафаре, ки охири моҳи феврал анҷом меёбад, Президенти кишвар барои мушкилоте, ки байни Тоҷикистону Русия пеш омадааст, роҳи ҳалли муносибе пайдо мекунанд. Иншоаллоҳ.


Ҳоҷӣ Акбари
ТУРАҶОНЗОДА
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97