Ман ҳамчун хонандаи доимии ҳафтаномаи "Миллат" ба натиҷа расидам, ки ин нашрия баҳри рушду нумӯи миллат саҳми арзандаи худро дорад. Дар чанд шумораи ҳафтанома, ки аз ихлосмандони назми устод Бозор Собир хотира ва соядасти ӯро навиштаанд, мутолиа намудам. Ман ҳамчун ихлосманди ашъори устод мехоҳам хотиротеро, ки аз устод дорам, рӯи коғаз оварам. Моҳи майи соли 1989 дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" эълоне чоп шуд: "Ба донишкадаи кинои шаҳри Маскав ҷавондухтарону ҷавононро аз сини 17 сола то 22 сола ба тариқи конкурс қабул менамоянд".
Он солҳо В.Г.И.К. - и шаҳри Маскав обрӯи хосае дошт. Аз Маскав актёри кино Михаил Глузский ва ду бонуи руси дигар омада буданд. Озмун дар Хонаи кино мегузашт, қариб 300 нафар довталаб аз макотиби ҳамагонӣ ва олии кишвар ҷамъ омада буданд. Писарам Хуршедро, ки ҳамон сол мактаби миёнаро хатм карда буд, барои иштирок дар озмун ба Душанбе оварда будам. Довталабонро падару модарон роҳнамоӣ мекарданд. Дар байни онҳо чашмам ба устод Бозор афтод, ки дар болои хараке нишаста буд. Дидан замон ба истиқболашон рафта, бағал кушода саломи тоҷикона кардем.
Устод гуфтанд:
- Бача аз куҷо мешавӣ?
- Аз ноҳияи Восеъи қаҳрамон - ҷавоб додам.
- Киро овардаӣ? - гуфтанд устод.
- Ана ин писарамро - Хуршедро нишон дода гуфтам ман.
- Чӣ медонад? - суол карданд устод.
- Шеъри "Забони тоҷикӣ" - и шуморо.
- Ку қироат бикун бачам- гуфтанд устод.
Хуршед бо як маҳорати хосе шеърро қироат кард. Дар вақти қироати шеър Михаил Глузский ҳозир шуд, одами зиёде дар гирдамон ҷамъ омада буданд. "Ана ҳамин писарро ман Маскав мебарам" - гуфтанд Глузский.
Шеъри "Забони тоҷикӣ" - и устод Бозор Собир сабаб шуду Хуршед аз озмун гузашт.
Аз ҳамон сол хонаводаи мо бо хонаводаи устод паймони дӯстӣ дорад.
Писари сеюми устод Меҳрон низ дар гурӯҳи 16 нафара ҳамроҳи Хуршед барои таҳсил ба Маскав рафт.
Тобистони соли 1990 дар вақти таътил писари устод Меҳрон ҳамроҳи Хуршедҷон ба хонаи мо омада, чанд рӯз меҳмон шуданд. Хушбахтона, дар хонаводаи мо писар таваллуд шуд. Писари устод, ки дар хонаи мо буд, аз рӯи муҳаббату ихлос номи писарамро Меҳрон гузоштам. Ҳоло писарам Меҳрон ҷавони қадрас шудааст.
Чанд сол пеш дар сари роҳи калони деҳа чанд дарахте сабзонидам, дар ҳамон мавзеъ ҳавзи сохтаи сементӣ буд, онро сафед карда, байтеро аз китоби "Симхор" навиштам:
Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд,
Мо ҳамватани ӯем, ӯ ҳамватани мо буд.
Баъди ин навишта, қариб аз хурд то калони маҳалла ҳамин байти устодро аз ёд медонанд.
Бояд арз кунам, ки китоби "Симхор"-и устод Бозор Собир бо соядасти устод: "Барои падари Хуршед аз Бозор Собир" бо дасти писари устод Меҳрон ба дасти ман расидааст.
Писарам Хуршед сокини шаҳри Маскав буда, ҳар боре устод аз Амрико ба ватан биёянд, устодро пешвоз мегирад. Ва сабти навори ӯро дар тарабхонаи "Тоҷикистон"дар Маскав бароям армуғон овардааст, ки устод чанд шеъри дар ғурбат эҷод кардаашро қироат мекунад. Ҳар гоҳ дар хонаи банда фарде бохабар аз шеъру фарҳанг меҳмон мешавад, ман он наворро дар баробари меҳмондорӣ мегузорам.
Ҳар китоби нави устод чоп шавад, он албатта ба дасти ман мерасад ва аз даст ба даст мешавад. Агар китобро ба мухлисонаш надиҳам, гоҳо онро медузданд. Зеро ҳама хурду калон ташнаи ашъори устоданд, ки ин на ба ҳама эҷодкор муяссар мегардад:
Гарчӣ таъби Рӯдакӣ шеъри закӣ эҷод кард,
Офарин ба таъби Айнӣ Рӯдакӣ эҷод кард.
Гар ба дунё рафт Сино чун табиби иллате,
Кард ӯро ҳиммати Айнӣ табиби миллате.
Хулоса, устод Бозор Собир шоири нодир ва бебаҳои миллат аст ва фикр мекунам фард-фарди ин миллат мехоҳад устод дар канори ватан бояд бошад ва ҳамроҳи миллаташ аз баҳори зиндагӣ нафас бикашад. Зиҳӣ, шоири миллат!